Главная страница
Навигация по странице:

  • Дар њаёти иљтимоию иќтисдї

  • § 2. Саноаткунонї дар шароити Тољикистон Зарурияти саноаткунонї дар давраи нав.

  • Заводњои пахтатозакунї.

  • Саноати дўзандагї ва пойафзолдўзї

  • Саноати масолењи сохтмон

  • Саноати сўзишворї

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница38 из 57
    1   ...   34   35   36   37   38   39   40   41   ...   57
    §1. Маќсад ва вазифаи асосии дигаргунсозињо дар марњилаи нав
    Чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, соли 1929 Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тољикистон ба Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон табдил ёфт ва он бевосита ба њайати Иттињоди Љумњурињои Шўравии сотсиалистї (ИЉШС- СССР) дохил шуд. Кумитаи вилояти Тољикистонии њизби комунистии Ўзбекистон ба њизби коммунистии Тољикистон табдил ёфт ва он њам бевосита ќисми таркибии њизби комунистии (болшевикии) Умумииттифоќї ба њисоб мерафт. Мисли пештара њизби коммунистї дар доираи Иттињоди Шуравї яккањукумрон буд. Бинобар њамин њам њар њукме, ки њизби комунистии (болшевекии) Умумииттифоќї мебаровард, он ба воситаи њизби комунистии Тољикистон дар њудуди ЉШС Тољикистон низ амалї мегардид. Албатта њизби комунистии Тољикистон њуќуќ надошт, ки иљроиши њукми њизби коммунистии умумииттифоќиро ба таъхир гузорад, ё худ аз иљроиши он саркашї намояд. Дар доираи Иттифоќ маќсад ва вазифањои њамаи њизбњои комунистии љумњурињои он ягона буд ва онњоро мањз њизби комунистии (болшевикии) Умумииттифоќї муайян мекард.

    Самтњо ва вазифањои асосии сохтмони љамъияти сотсиалистї низ аллакай муайян шуда буд ва дар нимаи дуюми солњои 20-уми асри ХХ, чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, дар ин роњ баъзе корњо ба сомон расонида шуданд. Вале љињатњои фарќкунандаи давраи солњои 1929-1941, нисбат ба солњои пешин дар он аст, ки: 1) Баъди он ки Љумњурии Тољикистон ба љумњурии иттифоќї табдил ёфт, минбаъд вазифањои сохтмони љамъияти сотсиалистї ба ўњдааш бе восита аз тарафи ташкилотњои болоии њизбї ва њукуматии Иттифоќ гузошта мешуд. Яъне, на ин ки мисли замони мухторият (солњои 1924-1929), њамаи вазифањо барои љумњурии Тољикистон ба воситаи љумњурии иттифоќииЎзбекистон сурат мегирифт. Акнун љумњурии иттифоќии Тољикистон, дар доираи њудуди худ, вазифањои сохтмони љамъияти сотсиалистиро бевосита ба ўњдааш гирифта, оиди иљроиши онњо чорањо меандешид ва љавобгар буд; 2) То солњои хољагидори 1928-1929 дар Иттињоди Шўравї њама гуна супоришњо ба воситаи ќарорњои гуногун, ё худ супоришњои бевосита дастрас мешуд. Аз ин солњои хољагидорї дар Иттињоди Шўравї пурра ба хољагидории наќшавї (планї) гузаштанд ва дар мамлакат наќшаи 5-солаи якум барои солњои 1928/1929-1932/1933 ќабул гардид. Ин наќша наќшаи Иттифоќї-давлатї буда, он вазифањои чї Иттифоќ ва чї љумњурињои иттифоќї, аз љумла ЉШС Тољикистонро њам дар муддати 5-соли муайяншуда, дар бар мегирифт. Минбаъд низ њама гуна вазифањо, аз љумла, дар аввал вазифањои асосии сохтмони љамъияти сотсиалистї: саноатикунии мамлакат, коллективонидани кишоварзон ва инќилоби фарњангї дар њамин наќшаи 5-солањои аввал акси худро ёфта буданд. Бинобар ин дар давраи нав, яъне солњои 1929-1941 фаъолияти тамоми ташкилотњои њизбї ва шўравии Љумњурии Тољикистон њам барои иљроиши њамин вазифањо ва инкишофи минъбадаи онњо нигаронида шудаанд.

    Вобаста ба маќсад ва вазифањои гузошташуда, дар натиљаи дигаргунсозињои давраи нав, яъне солњои 1929-1941 бояд ба чунин натиљањо муяссар мегардиданд:

    1) Дар њаёти сиёсї. Тамоми нишонањои њукуматдории замони кўњнаро барњам дода, ба мустањкам шудани њукуматдории синфи коргар ва иттифоќчии он дењќонон мушарраф мешуданд. Ин њамаро мустањкамшавии диктатураи пролетариат ва минъбада инкишофи он меномиданд. Баробари расидан ба ин маќсад диктатураи пролетариат бояд ба давлати умумихалќї табдил меёфт;

    2) Дар њаёти иљтимоию иќтисдї. Амалан барњам додани истисмори одам аз тарафи одам ва бунёди асосњои љамъияти сотсиалистї дар назар дошта мешуд. Барои ин дар мамлакат бомуваффаќият гузарониданї маъракаи саноаткунонї ва колективонии кишоварзон, инчунин инкишофи минбаъдаи ин соњањо дар назар дошта шуда буд:

    3) Дар њаёти фарњангї. Вазифаи асосї куллан таѓйир додани тафаккури одамон ва ба талаботи љамъияти сотсиалистї мутобиќ намудани шуури онњо ба њисоб мерафт.

    Хулоса, солњои 1929-1941 фаъолияти тамоми ташкилотњои њизбию давлатї ва љамъиятї барои иљроиши вазифањои дар боло ишорагардида нигаронида шуда буд. Бояд ба инобат гирифт, ки дар он солњо бо сабаби хеле ќафомонда будани Тољикистон, барои амалї гардонидани он вазифањо аз 70 то 80%-и маблаѓгузорї аз њисоби буљаи Иттињоди Шўравї буд.
    § 2. Саноаткунонї дар шароити Тољикистон
    Зарурияти саноаткунонї дар давраи нав. Дар давраи нави дигаргунсозињо, яъне солњои 1929-1914, масъалаи саноатикунонї яке аз масъалањои њаётан муњими на танњо Тољикистон, балки тамоми Иттињоди Шўравї ба њисоб мерафт. Зеро, аз њалли дурусти ин масъала таќдири худи сохти Шўравї сахт вобастагї дошт. Мањз њаминро раќобати бошиддати иќтисодии байни Иттињоди Шўравї, ки дар асл, дар миќёси љањон давлати ягонаи сотсиалистї буд, бо мамлакатњои бузурги капиталистї, ки хеле пешрафта буданд, талаб мекард.

    Чуноне маълум аст, сараввал давлатњои бузурги капиталистї бо роњи зўрї – љанг давлати љавони Шўравиро барњам додан мехостанд, ки натавонистанд. Акнун онњо ният доштанд бо роњи осоишта, дар раќобати иќтисодї Иттињоди Шўравиро маѓлуб намоянд. Њамин гуна маќсади сарварони мамлакатњои капиталистиро роњбарони Иттињоди Шўравї эњсос мекарданд. Ба ѓайр аз ин дар давлатњои Италия (соли 1922) ва Олимон (соли 1933) фашистон ба сари њокимият омада буданд, ки онњо даъвои таќсимоти нави љањонро доштанд. Ин њама аз хусуси љанги нави љањонї дарак медод. Бинобар њамин њам роњбарони Иттињод ба тамоми душворињои мављуда нигоњ накарда, бо љалби тамоми захирањои дохилї, дар давраи нави дигаргунсозињо њам саноатикунонии мамлакатро, ки дар миёнаи солњои 20-ум оѓоз карда буданд, идома доданд. Дар натиљаи иљрои ин вазифа Давлати Шўравї дар њаќиќат дар давраи хело кўтоњи таърихї аз давлати ќафомондаи аграрї ба мамлакати пешрафтаи саноатї табдил ёфт.

    Саноатикунонии давраи нави дигаргунсозињо, чун давраи аввала тамоми сарзамини Иттињоди Шўравї, аз љумла Тољикистонро низ фаро гирифта буд. Вале аз њамон ваќт маќсад гузошта буданд, ки дар њудуди Тољикистон, бо сабаби њанўз омўхта нашудани иќтидори саноатии он, аз љумла иќтидори энергетикиаш, мањз њамон соњањои саноат бунёд гардид ва инкишоф ёбад, ки онњо минъбад манбаи ашёи хом ва хўроквории Иттињоди Шўравиро васеъ намоянд. Яъне, Тољикистон бояд яке аз маконњои асосии ашёи хоми саноатии Иттињод мегардид. Њамин њолат дар наќшаи панљсолаи якўм (солњои 1928/29 – 1932/33), дуюм (солњои 1933 1938) ва сеюми (солњои 1938-1942) рушди хољагии халќи Иттињоди Шўравї акси худро ёфтааст.

    Заводњои пахтатозакунї. Дар замони саноаткунонии мамлакат барои Тољикистон бунёд ва рушди заводњои пахтатозакунї маќоми асосиро ишѓол мекунад. Зеро, фаъолияти он заводњо ба ашёи хоми мањаллї-пахта, ки барои Иттифоќ хело зарур буд, асос меёфт. Инчунин истењсоли пахта њам сол аз сол инкишоф меёфт ва коркарди он бунёди заводњои навро талаб мекард.

    Бо сабабњои дар боло ишорашуда дар давраи нав њам, дар њудуди љумњурї суръати сохтмони заводњои пахтатозакунї тезонида шуд. Дар натиља чунин заводњо соли 1930 дар Кўлоб, соли 1932 дар Сарой Камар (Панљ) сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар муддати солњои 1930-1932 заводњои амалкунандаи пахтатозакунии Сталинобод, Хуљанд, Фархор, Љилликўл, Ќўрѓонтеппа ва ѓайрањо ќисман аз нав таљњизонида, васеъ карда шуданд. Чунин чорабинии бо техникаи нав таљњизонидан ва васеъ намудани заводњои пахтатозакунї минбаъд њам идома дода шуд. Соли 1938 дар њудуди љумњурї боз ду адад заводњои нави пахтатозакунї сохта ба истифода дода шуданд, ки яке аз онњо дар Мелниково (Конибодом) ва дигаре дар Регар (Турсунзода) љойгир шуда буданд.

    Умуман охири солњои 30-уми асри ХХ дар њудуди Тољикистон 11 адад заводњои пахтатозакунї фаъолият мекарданд. Аз ин миќдор танхо солњои 30-ўм 4 адад чунин заводњои нав ба кор шурўъ намудаанд.

    Саноати бофандагї. Сарзамини Тољикистон, дар баробари истењсоли пахта, барои инкишофи кирмакпарварї њам ќулай буд. Пилла низ барои Иттифоќ њамчун ашёи хом зарур њисобида мешуд. Бо њамин сабабњо дар ин гўшаи Иттињод, пеш аз саноати бофандагии пахта, бунёд ва никишофи саноати абрешимро зарур шумориданд. Дар натиља, дар Тољикистон аввали солњои 30-ўми асри ХХ саноати бофандагиро аз саноати абрешим оѓоз намуданд. Њамон солњо округи Хуљанд њамчун маркази анъанавии истењсоли пилла њисоб мешуд. Зеро, 65,6%-и пиллаи љумњурї мањз дар њамин округ истењсол мегардид. Бо њамин сабаб, феврали соли 1930 дар шањри Хучанд, фабрикаи абрешими «Бофандаи сурх» бунёд гардид. Инчунин вазифа гузошта шуд, ки дар шањрњои Хуљанд ва Сталинобод саноати замонавии ин соња сохта шаванд. Дар натиља соли 1930 дар Хуљанд сохтмони чунин фабрикаи замонвї оѓоз гардид ва 1 майи соли 1932 навбати аввали он ба фаъолият шурўъ кард, ки њамон лањза он асосан калобаи абрешимї мебаровард. Минъбад ин корхона васеъ гардид ва 1 майи соли 1934 аввалин бор матои абрешимї - атлас (500-метр) истењсол кард. Дар натиља фабрикаи абрешими Хуљанд ба комбинати шоњибофї табдил ёфт ва яке аз корхонањои бузурги иттифоќии соњаи абрешим ба њисоб мерафт.

    Ноябри соли 1932 фабрикаи пиллакашии Сталинобод низ ба кор даромад, ки хело дертар (соли 1949) он њам ба комбинати шоњибофї табдил дода шуд. Дар давраи аввал масолењи ин фабрика, њамчун ашёи хом, ба шањрњои Москва, Оренбург, Рига, Киев ва ѓайра фиристода мешуд.

    То миёнаи солњои 30-юми асри ХХ њарчанд дар Тољикистон истењсоли пахта меафзуд, вале њамаи онњо њамчун ашёи хом ба марказњои саноати бофандагии Иттињод фиристода мешуд. Инак, соли 1936 дар Сталинобод ба сохтмони комбинати бофандагї шурўъ карданд ва 14 марти соли 1942 навбати аввали он ба кор даромад. Њарчанд ин корхона њамон ваќт асосан калоба ва матои дурушт истењсол мекард вале он ибтидои коркади пахта дар љумњурї буд.

    Саноати хўрокворї. Талаботи рўзафзуни мардум нисбат ба мањсулоти мевагї ва дар љумњурї фаровонии меваю ангурро ба инобат гирифта, соњањои гуногуни саноати хўроквориро ба вуљуд оварда, инкишоф доданд. Аз љумла, соли 1931 заводи шаробкашии Конибодом, ки њанўз соли 1928 сохта шуда буд, ба заводи консервабарорї табдил дода, бо навтарин таљњизотњо таљњизонида шуд. Соли 1932 заводи консервабарории Хуљанд ба истифода дода шуд, ки баъдтар он ба комбинати консервабарорї табдил ёфт. Дар миёнаи солњои 30-юм заводњои консервабарорї дар Чикаловск (Ќистакўз) ва Исфара ба кор даромаданд. Баъзе мањсулоти ин заводњо аллакай њамон солњо берун аз доираи Иттињоди Шуравї шўњрат пайдо карданд. Аз љумла, соли 1937 дар Париж, дар намоишгоњи умумиљањонї, мураббои (консерваи) зардолугии комбинати консервабарории Ленинобод (шањри Хуљанд аз соли 1936 сол то соли 1991 чунин номро гирифта буд) дипломи дараљаи аввалро соњиб шуд.

    Инкишофи ангурпарварї сабабгори афзудани заводњои шаробпазї гардид. Чунончї, соли 1930 дар Уротеппа (Истаравшан), соли 1931 дар Панљакент ва Хуљанд, соли 1932 дар Исписор чунин заводњо ба истифода дода шуданд.

    Соли 1932 дар Ќўрѓонтеппа ва соли 1933 дар Кўлоб заводњои равѓанбарорї ба фаъолият шурўъ карданд. Дар солњои 30-юм комбинати ордбарорї дар Янги Бозор (Вањдат) ва Ќўрѓонтеппа сохта ба истифода дода шуданд. Танњо дар шањри Сталинобод соли 1938 заводи нави механиконидашудаи нонпазї, соли 1940 комбинати гўшт, бо сехњои њасиб (колбаса) ва консервабарорї ба фаъолият шурўъ карданд.

    Саноати полиграфї. Дар љумњурї аввалин нашриёт њанўз соли1924, дар Душанбе ба вуљуд омада буд. Соли 1934 дар ин љо комбинати полиграфї ба фаъолият шурўъ кард. Минъбад, бо сабаби зиёд гардидани нашри рўзномањои вилоятию ноњиявї, адади нашриётњо њам афзуданд. Дар маркази вилоятњо ва аксари ноњияњо низ нашриётњо ба вуљуд омаданд. Дар натиља, соли 1937 шумораи умумии нашриётњо дар љумњурї ба зиёда аз 40 адад расид.

    Саноати дўзандагї ва пойафзолдўзї. Аввалин корхонаи дўзандагї дар њудуди љумњурї ин фабрикаи дўзандагии Сталинобод ба њисоб меравад, ки он ноябри соли 1933 ба фаъолият шурўъ кард. Дуюмин корхонаи калони дўзандагї дар љумњурї фабрикаи дўзандагї - трикотажии Ленинобод ба њисоб меравад, ки он соли 1939 ба фаъолият оѓоз намудааст. Инчунин дар њамин давр корхонањои зиёди нисбатан хурди трикотажї ба вуљуд омада, ба фаъолият оѓоз карданд.

    Дар љумњурї барои инкишофи саноати пойафзолдўзї њам шароити ќулай вуљуд дошт. Соли 1933 ба сохтмони заводи чармбарории Сталинобод шурўъ карданд ва соли 1936 сохтмони он ба итмом расид. Соли 1937 дар Сталинобод аввалин дар љумњурї фабрикаи пойафзолдўзї ба кор шурўъ кард. Соли 1936 дар шањри Ленинобод њам ба сохтмони заводи пойафзолдўзї сар карданд.

    Саноати масолењи сохтмон. Инкишофи сохтмони корхонањои саноатї ва шањрсозї зарурияти саноати масолењи сохтмонро ба миён гузошт. Аввалин корхонаи саноатии ин соња заводи ѓиштпазии Сталинобод ба њисоб меравад, ки соли 1929 ба сохтмонаш оѓоз намуда, соли 1930 онро аллакай ба истифода доданд. Дар ин сол заводи ѓиштпазии Драгомиров (њоло ноњияи Љаббор Расулов) низ ба кор даромад. Заводњои хиштпазї инчунин соли 1932 дар Шањринав, соли 1936 дар Ленинобод, Исфара, Панљакент, Кўктош (Сомониён) ва Шањритус сохта шуданд. Соли 1938 дар Сталинобод ба сохтмони заводи сментбарорї шурўъ карда, онро соли 1942 ба истифода доданд. То соли 1940 дар Конибодом заводи битумбарорї, дар Сталинобод заводњои алебастрбарорї ва истењсоли сафолакњои бомпўш ба кор даромаданд. Соли 1940 дар Помири Шарќї заводи оњак ба фаъолият шурўъ кард.

    Электроэнергетика. Дар солњои 30-юм дар соњаи истењсоли барќ њам дар љумњурї аввалин ќадамњо гузошта шуданд. Аз љумла соли 1931 ба сохтмони нерўгоњи барќии обии Варзоб (иќтидораш 7500 квт/соат) шурўъ карданд. Декабри соли 1937 сохтмони он ба итмом расид ва ин нерўгоњ ба пойтахти љумњурї барќ дод. 12 сентябри соли 1933 истгоњи дизелии барќии Сталинобод низ ба кор шурўъ кард.

    Дар Кўњистони Бадахшон дар солњои 5-солаи 2-юм дар дарёи Ѓунт сохтмони нерўгоњи барќии обї оѓоз ёфт ва дар солњои 5 солаи 3-юм он ба кор даромад. Соли 1934 маркази гармидињии барќии Шўроб ба истифода дода шуд, ки он нерўгоњ Исфараро низ ќисман бо барќ таъмин мекард.

    Умуман, соли 1940 дар љумњурї шумораи истгоњњо ва зеристгоњњои барќї ба 40 адад расида буд. Дар ин сол дар љумњурї ба миќдори умумї 62,1 млн квт/соат ќувваи барќ истењсол карда шуд.

    Саноати сўзишворї. Ба вуљуд омадан ва инкишоф ёфтани корхонањои саноатї ва наќлиёт талаботро нисбат ба маводњои сўзишворї, махсусан ангишт ва нефт зиёд кард. Чунин њолатро ба назар гирифта, соли 1931 дар кони ангишти Шўроб ба коркарди механиконидани ангишт шурўъ карда, онро соли 1939 пурра ба истфода доданд. Дар натиља истењсоли ангишти танњо Шўроб аз 13 њазор тоннаи соли 1928, дар соли 1940 то ба 200 њазор тонна зиёд шуд. Дар ин муддат, соли 1933 роњи оњани 52 километраи байни Мелниково (Конибодом) ва Шўроб њам сохта ба истифода дода шуд. Дар њамин давр азхудкунии конњои Тошќўрѓон, Киштут-Заврон низ оѓоз гардид.

    Истењсоли нефт њам афзуд. Сараввал кони нефткашии «КИМ» ќисман аз нав таљњизонида шуд. Ба ѓайр аз ин соли 1935 кони Нефтобод (наздикии Конибодом) низ ба кор даромад. Дар натиља, агар соли 1932 дар љумњурї 18,9 тонна нефт истењсол карда бошанд, пас соли 1940 он ба 29,8 тонна расид.

    Саноати кўњї. Натиљаи тадќиќотњои олимон ва солњои 30-юм пайдо намудани кони маъдани Ќаромазор сабабгори дар љумњурї ба вучуд омадани соњаи нави саноат - саноати кўњї гардид. Ин кони маъдан њатто диќќати вазири саноати вазнини њамонваќтаи Иттињод С. Орљоникидзеро ба худ љалб карда буд. Зеро, њамон ваќт комиссияи махсуси Умумииттифоќї хулоса бароварда буд, ки захираи маъданњои рангаи танњо ноњияи Ќарамазор 30%-и мис, 30%-и сурб ва 15%-и руњи захирањои Иттифоќро ташкил мекунад. Бинобар ин истењсоли маъдан дар ин кон сол аз сол афзуд. Масалан, соли 1937 истењсоли он нисбатан ба соли 1933-88 баробар зиёд гардид. Солњои 1936-1938 азхудкунии кони Тагоб, барои истењсоли шпати гудохташаванда оѓоз шуд. Соли 1940 дар асоси кони бисмути (висмути) Адрасмон комбинати полиметаллии (яъне, дорои якчанд маъдан) Адрасмон бунёд гардид.

    Умуман Тољикистон то соли 1941 аз љињати истењсоли маъданњои ранга дар байни љумњурињои Осиёи Миёна љойи аввалро ишѓол мекард.

    Саноати коркарди маъдан. Ба вуљуд омадан ва рушди саноат, зиёд гардидани адади мошину тракторњо ва ѓайра зарурияти корхонањои таъмиргариро ба миён гузошт, ки ин њама барои ба вуљуд омадани соњаи дигари нави саноат – саноати коркарди маъдан сабаб шуд. Аввалин чунин корхона – заводи таъмирї – механикаи Сталинобод ба номи С. Орљоникидзе буд, ки ба сохтмонаш соли 1931 шурўъ карда, соли 1933 онро ба кор дароварданд. Минъбад дар ин корхона тракторњо, њар гуна мошинњо ва ѓайраро таъмир мекарданд. Соли 1934 дар Сталинобод боз заводи таъмири автомошинњо ба фаъолият шурўъ кард. Дар охири солњои 30-юм дар Ќўрѓонтеппа заводи таъмири автомошину тракторњо, дар Нов заводи таъмири маторњо ба кор даромад. Соли 1938 дар Конибодом заводи таъмири автомошинњо ба кор дароварда шуд. Њамин тавр дар муддати хеле кўтоњ, њамагї 15 сол, дар Љумњурии Тољикистон зиёда аз 20 намуди соњањои гуногуни саноат бунёд гардид. Миќдори умумии корхонањои бузурги саноатї дар љумњурї ба 273 адад расид. Албатта ќариб њамаи онњо корхонањои соњаи саноати сабук буданд. Зеро, дар он солњо дар љумњурї њанўз барои инкишофи саноати вазнин шароит набуд. Аниќтараш, њанўз канданињои фоиданоки зеризаминї ва иќтидори дарёњои Тољикистон омўхта нашуда буд. Ба ин амал эъзомияи комплекси Тољикистон, ки соли 1932 аз тарафи Академияи илмњои ИЉШС (СССР) ва Эъзомияи Тољикистону Помир, ки солњои 1933-1934 ташкил карда шуданд, мавќеи бузург бозиданд. Мањз натиљаи омўзиши онњо имконият дод, ки минбаъд солњои 50-60-ум њукумати Иттифоќ барои инкишофи соњањои гуногуни саноати вазнин дар Тољикистон, махсусан саноати энергетика диќќати махсус дињад. Ба њамаи ин нигоњ накарда њанўз солњои 30-ўм дар соњаи саноати вазнин низ дар љумњурї аввалин ќадамњо гузошта шуд. Чунончї, агар дар аввали 5- соли якум дар љумњурї танњо як соњаи саноати вазнин – сўзишварї (ангишт ва нефт) мављуд бошад, пас дар охири солњои 30-ўм дар љумњурї чунин соњањои нави саноати вазнин, ба монанди коркарди фузулот (металл), ки дар соњаи таъмири техникаи мављуда, корњои обёрї ва сохтмони роњњо зарур буд; металлургияи ранга, дар мисоли коркарди маъдани кони Консой; электроэнергетика ва саноати маводњои сохтмонї дида мешуд.

    Хулоса, дар охирњои солњои 30-юм Љумњурии Тољикистон аз ќафомондагї то андозае роњо ёфта, ба љумњурии аграрию саноатї табдил ёфта буд.

    Омода намудани кадрњо. Ба вуљуд омада инкишоф ёфтани корхонањои саноатї дар назди њукумати љумњурї масъалаи омода намудани кадрњоро гузошт. Албатта дар давраи аввал сафи коргарон ќисман аз љумлаи дењќонони камзамину безамин, косибону њунармандони харобгардида пур мешуд. Вале дар давраи аввал мутахассисон ва њатто як њиссаи коргарон аз Федератсияи Русия ва Украина сафарбар карда шудаанд. Чунончї, солњои 1929/30 дар љумњурї сафи коргарон њамагї 2 њазор нафар буд. Аммо соли 1930 аз љумњурињои номбурда зиёда аз 13,5 њазор ва соли 1931 зиёда аз 4,3 њазор нафар коргар даъват шудаанд.

    Барои аз љумлаи љавонони љумњурї тарбия намудани коргарони касбї, омўзишгоњњои фабрикаю заводї (ФЗУ) ташкил карда шуданд. Аввалин чунин омўзишгоњ дар њудуди Тољикистон, њанўз соли 1924 дар кони нефтистењсолкунии КИМ (аввала САНТО) ташкил карда шуда буд. Соли 1929 чунин омўзишгоњ дар комбинати абрешими Хуљанд ташкил ёфт. Соли 1932 бошад миќдори чунин омўзишгоњњо ба 9 адад расид. Бунёди омўзишгоњњо минъбад њам идома ёфт. Аз љумла соли 1935, дар назди комбинати полиграфии Сталинобод (як сола), соли 1936 дар назди фабрикаи дўзандагии Сталинобод, дар назди матбааи Ленинобод омўзишгоњњо ташкил карда шуданд. Танњо соли 1940 дар омўзишгоњњои љумњурї 1185 нафар мутахассисони касбї тарбия гирифтаанд.

    Аммо омўзишгоњњо талаботи рўзафзунро нисбати мутахассис ќонеъ гардонида натавонистанд. Зеро, онњо аз тарафи вазоратњо ва корхонањои људогона ташкил карда мешуданду талаботи умум чандон ба инобат гирифта намешуд. Бинобар ин аз соли 1940, чун дар Иттињод, дар љумњурии мо њам омўзишгоњњои дусолаи њунармандї, аз љумла барои роњи оњанчиён ва мактаби шашмоњаи омўзиши фабрикаю заводї (ФЗО) бунёд карда шуданд. Илова ба њама ин дар корхонањо устоњои моњир вазифадор карда шуда буданд, ки шогирд тайёр намоянд.

    Њамаи ин чорабинињо имконият доданд, ки минбад аз њисоби мардуми мањаллї њар чї бештар мутахассис омода карда шавад.
    1   ...   34   35   36   37   38   39   40   41   ...   57


    написать администратору сайта