апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 6. Ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро ва вазъи љамъиятию сиёсии он Ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро ва органњои он. Аввали сентябри соли 1920 баробари сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) Кумитаи Инќилобии Умумибухорої манифест бароварда Бухороро Љумњурии Халќии Шўравї (ЉХШБ) эълон кард. Дар тамоми мањалњои аз дасти њукуматдорони амирї кашида гирифташуда (аз мањалњо то марказ) њокимият ба ихтиёри кумитањои инќилобї (ревкомњо) гузашт. Кумитаи Инќилобии Умумибухорої њамчун органи олии давлатї ба њисоб мерафт. Бо сабаби аз вазифа озод намудани А. Абдусаидов, раиси Шўрои Нозирони Халќї Ф. Хољаев то 9 сентябри соли 1920 вазифаи раиси Кумитаи Инќилобии Умумибухороиро низ иљро кард. 9 сентябр Олимљон Оќчурини тотор, бо тавсияи ХК Бухоро раиси Кумитаи Инќилобии Умумибухорої таъин гардид. Нињоят, 14 сентябр раиси Кумитаи Инќилобии Умумибухорої Абдуќодир Муњиддинов тасдиќ гардид. 22 сентябри соли 1920 Кумитаи Инќилобии Умумибухорої низомномаро оиди кумитањои инќилобии мањаллї тасдиќ намуд. Мувофиќи он чунин кумитањо бояд аз 5 нафар аъзои аз тарафи Кумитаи Инќилобии Умумибухорої таъин гардида, ташкил меёфт. Ба он њайат як нафарї намояндаи нозири њарбї низ буд. 6-8 октябри соли 1920 дар Ситораи Моњи Хоса анљумани (ќурултойи) якуми муассисони Умумибухороии намояндагони халќ шуда гузашт. Дар он 1950 нафар намоянда иштирок доштанд, ки онњоро дар љамъомадњо, майдони бозорњо бо нишондоди ЊК Бухоро “интихоб” намудаанд. Амалдорони собиќ, заминдорони калон аз њуќуќи ба намояндагї интихоб шудан мањрум буданд. Дар анљуман љонишини намояндаи фавќулоддаи Федератсияи Русия дар Бухоро Карим Њакимов баромад карда, аз тарафи Љумњурии Русия эътироф гардидани мустаќилияти љумњурии Бухороро эълон кард. Ў инчунин эълон намуд, ки Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, Тирмиз ва Каркї, ки аслан сарзамини бухорост, ба љумњурии Бухоро баргардонида мешаванд. 8 октябр анљуман оиди ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро (ЉХШБ) ќарори таърихї ќабул кард. Анљуман њисоботи Кумитаи Инќилобии Умумибухорої ва Шўрои Нозирони Халќиро шунида, фаъолияти онњоро ба ќонуният даровард. 18-23 сентябри соли 1921 дар шањри Бухорои Кўњна анљумани дуюми Умумибухороии намояндагони халќ шуда гузашт. Дар он аввалин Конститутсияи (Ќонуни асосии) ЉХШБухоро ќабул карда шуд. Мувофиќи ин њуљљати асосї барњамхўрии тартиботи амирї ва ба дасти мењнаткашон (коргарон ва дењќонон) гузаштани њокимият, ташкилёбї ва мустаќил будани ЉХШБухоро ба ќонуният дароварда шуд. Конститутсия ба ѓайр аз авлодони амир, собиќ амалдорони олимартаба, заминдорони калон, шахсони аз тарафи суди халќї мањкумшуда, ба дигар њамаи шањрвандони љумњурї, ки синнашон ба 20 расидааст, новобаста аз љинс, миллат ва нажод њуќуќи интихоботиро медод. Он инчунин њуќуќи озодињои демократї-озодии сухан, озодии матбуот, озодии љамъомад ва ѓайраро бояд таъмин менамуд. Дар асоси ин њуљљат органи олии ќонунгузор анљумани (ќурултойи) Умумибухорої ба њисоб мерафт, ки минбаъд анљумани Шўроњои намояндагии халќ номида мешуд ва он соле як маротиба даъват мегардид. Дар байни анљуманњо органи олии ќонунгузор ва назоратї Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) Умумибухорої (маълум бо номи БухЦИК) ба њисоб мерафт, ки он ба љои собиќ Кумитаи Инќилобии Умумибухорої ташкил ёфта буд. Баъди анљуман дар кентњо, туманњо ва вилоятњое, ки то андозае оромї њукмфармо буд, кумитањои инќилобї ба кумитањои иљроияи Шўроњои намояндагии халќї табдил дода шуданд. Агар дар чунин мулк аз сари нав њаракати зиддишўравї оѓоз гардад, он гоњ кумитаи иљроия фавран боз ба кумитаи инќилобї табдил дода мешуд. Барои љумњурии љавони Бухоро, яке аз вазифањои мураккабтарин - ин масъалаи кадрњо буд. Зеро, барои ташкилотњои нави давлатию њукуматї кадрњои ќобилиятноки мањаллї намерасиданд. Бинобар ин, мувофиќи ќарори Кумитаи Инќилобии Умумибухорої ва Шўрои Нозирони Халќї аз 5 сентябри соли 1920 амалдорони собиќи амирї, ки тартиботи навро эътироф намудаанд ва аз тањти дил ба он хизмат карданианд, бояд истифода мегардиданд. Вале, амалан амалдорони собиќе, ки ба хизмати тартиботи нав гузаштаанд, хеле камшумор буданд. Аз њамин сабаб ба вазифањои маъсул бештар шахсоне таъин мегардиданд, ки то ин ваќт ягон хел таљрибаи роњбарикуниро надоштанд. Бинобар њамин њам он солњо ба вазифањои масъули кентњо, туманњо, вилоятњо ва аппарати њокимияти марказии Бухоро аз љумлаи собиќ асирони њарбии Туркия, ки аз замони љанги якуми љањонї то њамон лањза дар ноњияњои дурдасти хунуки Сибир хизмати маљбуриро адо мекарданд, таъин менамуданд. Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро аз љињати маъмурї ба 4 округ, округњои: Зарафшон, Бухорои Шарќї, Ќашќадарё ва Амударё таќсим мешуд. Округњо дар навбати худ аз вилоятњо иборат буданд. Аз љумла округи Зарафшон ба вилоятњои Бухоро, Кармина ва Нурато; округи Бухорои Шарќї ба вилоятњои Душанбе, Бойсун, Кўлоб, Сариосиё, Шеробод, Ќўрѓонтеппа ва Ѓарм таќсим мешуданд. Вилоятњо аз туманњо, туманњо аз кентњо, кентњо аз дењањои гуногун иборат буданд. Чунончї, ба њайати вилояти Душанбе туманњои Ёвон, Янгибозор ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари дења, ки мувофиќи анъана арбоб, амин ё худ оќсаќол мегуфтанд (дар замони амирї вазифаашон гуногун буд) ва он акнун интихобї буда, ба кумитаи инќилобии кентї итоат мекард. Њизби коммунистии Бухоро (ЊК Бухоро) дар доираи љумњурии Бухоро њизби ягонаи њукмрон ба њисоб мерафт. Зеро, 11 сентябри соли 1920, дар асоси шартномаи пешакии байни ХК Бухоро ва њизби љавонбухороиёни инќилобчї (аз моњи августи соли 1920), њизби охирин худро пароканда эълон намуд ва бештарини аъзоёни он ба њайати ЊК Бухоро аз сари нав дохил гардиданд. Бо њамин дар Бухоро ба дуњизбї хотима гузошта шуд. Оњиста-оњиста тамоми риштањои њаёти сиёсї, иќтисодї ва мадании љумњурї ба ихтиёри њизби коммунистї гузашт. Љо ба љо гузоштани кадрњо, муайян намудани сиёсат аз љумлаи вазифањои асосии њамин њизб гардиданд. Судњои халќии ќозигї. Масъалаи муносибат нисбат ба судњои ќозигї дар шароити љумњурии Бухоро аз љумлаи чорабинињои душвортарин буд. Зеро, чуноне дар боло таъкид намудем, ба таљрибаи љумњурии Туркистон такя намуда, Кумитаи Инќилобии Умумибухорої дар асоси манифести аввалааш судњои ќозигиро барњам дода, ба љои онњо судњои халќиро бунёд намуд. Вале мардум чунин таѓйиротро эътироф накард. Бинобар ин бо ташаббуси кумитањои инќилобї ба љои судњои халќї, судњои халќии ќозигї ташкил карда шуданд ва харољоти онњо бошад ба њисоби буљети давлатї гузашт. Августи соли 1923 миќдори чунин судњои халќии ќозигии туманию вилоятї дар љумњурии Бухоро то ба 65 адад расид, ки аз онњо 17 ададашон дар Бухорои Шарќї амал мекарданд. Ќозињои халќї аз тарафи нозири адлия, ба мўњлати як сол, аз љумлаи донандагони дину шариати ислом таъин мегардиданд. Бинобар ин онњо минбаъд њам дар итоати нозири адлия буданд. Дар назди нозири адлия, њамчун органи олии судї-Шўрои ќозињои халќї вуљуд дошт. Мављудияти судњои халќии ќозигї, ки бештар дар асоси ќонунњои нав амал мекарданд, њамчун давраи гузариш аз судњои динї-шариатї ба судњои дунявї, яъне ѓайридинї ба њисоб меравад. Муносибати ЉХШ Бухоро бо Федератсияи Русия. Љумњурияти Бухоро агарчанде мустаќил њисоб мешуд ва чуноне аллакай ќайд кардем, љумњурии Русия мустаќилияти онро шинохт, вале амалан он дар аввал ба доираи сиёсати Русияи Шўравї ва баъд ба Иттињоди Шўравї кашида шуд. Чунончї, 3 ноябри соли 1920 дар байни Федератсияи Русия ва Љумњурии Бухоро шартномаи (муоњидаи) муваќќатии њарбию сиёсї имзо гардид, ки мувофиќи он Русияи Шўравї ба ЉХШБухоро барои муњофизати тартиботи нав ва бунёди ќисмњои сурхи њарбиаш кўмаки амалї мерасонид. 4 марти соли 1921 дар байни ЉХШБухоро ва Русияи Шўравї шартномаи нави иттифоќї, шартнома оиди собиќ мањаллањои руснишини Бухоро ва шартномаи иќтисодї имзо гардид. Феврали соли 1922 ЉХШБухоро дар ќатори 8 љумњурињо ба протоколе имзо гузошт, ки мувофиќи он њамаи онњо дар гуфтушунидњои байналхалќї ба вакили Федератсияи Русия њуќуќи њимояи манфиати худро медоданд. 3 августи соли 1922 дар Москва байни Русияи Шўравї ва ЉХШБухоро шартномаи нави иќитисодї имзо гардид, ки дар асоси он дар байни ин ду давлат монегињои гумрукї бардошта шуд. Дар худи њамон сол Федератсияи Русия вазъи душвори љумњурии Бухороро ба инобат гирифта, ба ихтиёри њукумати он 200 њазор пуд ѓалла фиристод. Бо ташаббуси КМ ЊК(б) Русия моњи марти соли 1923 дар Тошкент конфронси иќтисодии љумњурињои Осиёимиёнагї: Туркистон, Бухоро ва Хоразм љамъ омад. Мувофиќи ќарори он фаъолияти иќтисодї ва хољагии ин љумњурињо муттањид карда шуданд. Инчунин бо маќсади инкишофи пахтакорї заминњои пахта бояд аз андоз озод мегардиданд. §7. Њаракати зиддишўравї дар Бухорои Шарќї Сабабњои ба амал омадани њаракати зиддишўравї. Чуноне дар боби пештара ишора рафт, њангоми сарнагун намудани тартиботи амирї ва бунёди тартиботи нав, чї дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) ва чї Бухорои Шарќї мардум аз як тараф ба чунин таѓйиротњои љиддї њанўз омода набуд, аз тарафи дигар, њангоми амалиётњои љангии ќисмњои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиќоди динии мардуми мањаллї ба эътибор гирифта нашуд. Ин њама баръакс халќро аз тартиботи нав ба канор мекашид. Илова ба њамаи ин аз вазъият истифода бурда гурўњњои гуногун, аз љумла баъзе ќисмњои аскарони сурх бо ѓорати молу мулки мардум машѓул мешуданд. Њукумати нав кўшиш мекард, ки њар чї зудтар ба камбудињои љойдошта хотима гузошта, оромии мардумро ба даст дарорад. Чорабинињои њукумати нав, агарчанде зарур буданд, вале чандон натиљаи дилхоњ намедоданд. Дар мањалњо њокимияти нав њанўз пурра барпо нагардида, он ба муќобилияти сахт дучор мешуд. Гўё дар тамоми мулкњои љумњурї ќуввањои зидди тартиботи нав сабзида мерасиданд. Њукумати нав, ки Њукумати Шўравї номида мешуд, бинобар ин њаракати сабзидаистода ба худ характери зиддишўравиро дошт. Он оњиста-оњиста доираи васъеи мардуми мањаллиро дар бар гирифт. Дар њудуди љумњурии Бухоро дар давраи аввали њаракати зиддишўравї (солњои 1920-1923) љанг асосан дар байни ќисмњои аскарони сурх ва гурўњњои зиддишўравии мањаллї мегузашт. Зеро, дар ин давр мардум дар симои аскарони сурх бештар забткорон ва поймолкунандагони дин ва урфу одати худро дида, бањри озодии мулк-ватани худ, мудофиаи дин ва урфу одати худ ба мубориза бархеста буданд. Аз ин рў ин љанг љанги шањрвандї набуда, балки бештар ба љанги милию озодихоњї шабоњат дошт. Собиќ амалдору саркардањои амирї, норозигии мардумро нисбати тартиботи нав ба фоидаи худ истифода бурда, сарварии ин њаракатро ба дасти худ гирифта буданд. Дар ќисми Бухорои Марказї (Ѓарбї) бо сабабњои зиёда мављуд будани гурўњњои аскарони сурх ва техникаи њарбї ќуввањои зиддишўравї чандон фаъолона амал карда натавонистанд. Онњо дар ин мулкњо чун дастањои хурд-хурд амал мекарданд. Аз љумла: дар ноњияи Ѓиждувон-бо сарварии мулло Ќањњор, дар ноњияи Шофирком бо сарварии Остон ќараулбегї, дар ноњияи Зандане (Пешкў) бо сарварии Мурод машкоби ќучоќї (дар замони амирї дар бозор ва тўйњо машкобї, яъне обкашї мекард), дар Лаќлаќа (Ромитан)-Љўра амин, дар Вобкент- кўри Ато, дар Галаосиё-Аъзамхўља ва дигарон фаъолият доштанд. Дар байни онњо танњо даста, аниќтараш ќувваи мулло Ќањњор ва баъд Аъзамхўља, ки нисбатан сершумор ва бењтар мусаллањ буданд, ба тартиботи нав хавф доштанд. Бухорои Шарќї бошад ба макони њаќиќии ќуввањои зиддишўравї табдил ёфта буд. Зеро, шароити кўњии ин мулкњо аз як тараф њаракати ќисмњои аскарони сурх, махсусан техникаи љангии онњоро душвор гардонида, аз тарафи дигар он ба ќуввањои зиддишўравї имконияти њар лањза ба муќобили тартиботи нав мубориза бурдан ва дар ваќти зарурї паноњшуданро медод. Баъд аз он ки шўриши зиддишўравии ноњияњои Шерободу Шўрчї (декабри соли 1920) аз тарафи ќисмњои аскарони сурх берањмона пахш карда шуд, душманони сохти нав боз њам шарќтари љумњурї-дар водии Њисору Кўлоб, Вахшу Ќаротегин љамъ омаданд. Илова ба њамаи ин дар водињои номбурда дастањои боќимондаи амирї њам кам набуданд. Њангоми ба хоки Афѓонистон гурехтани амир Олимхон ўро тахминан 300 нафар сарбозони содиќаш њамраї карданд. Њамон лањза, аз таъќиби аскарони сурх, инчунин аз дигар гузаргоњњои дарёи Панљ ба хоки Афѓонистон мардуми бисёр, мувофиќи хотирањои худи амир “тахминан як лак” (яъне сад њазор) нафар гузаштаанд. Амир аз љумлаи онњо тахминан 500 нафар ашрофони бухороиро њамроњи худ гирифта ба сўи Кобул рафтаасту халос. Гурезагони боќимонда, ки аксар аз љумлаи бечорагон, наврасон ва зану мўйсафедон буданд, дар ноњияњои сарњадии хоки Афѓонистон њарљо-њарљо маскан гирифтаанд. Ќисми зиёди сарбозони амирї, ки дар хоки љумњурии Бухоро мондаанд, низ ба гурўњњо таќсим шуда, дар ноњияњои гуногуни сарњадї бо Афѓонистон пинњон шуда буданд. Онњо дар аввал аз муќобилияти рўйрост бо ќисмњои аскарони сурх худдорї намуда, барои баромади умумї мавќеи ќулайро интизорї мекарданд. Мавќеи мардуми мањаллї низ нисбат ба амалиёти аскарони сурх чандон хайрхоњона набуд. Зеро, онњо то ин лањза аз моњияти љамъияти коммунистї, яъне шўравї огоњї надоштанд. Бинобар ин мардуми ин диёр љамъияти навро танњо аз рўи рафтори аскарони сурхи отряд тасаввур мекарданд. Аммо рафтори ќисмњои аскарони сурх чандон хайрхоњона набуд. Мардум дар рафтори онњо на ин ки бахшандагони озодї, балки тањќиркунандагони дин ва урфу одатњои миллї, торољгарони навбатиро медиданд. Њукумати шўравии Бухоро, бо сабаби мураккабии вазъи иќтисодии љумњурї, иќрор шуд, ки аз ўњдаи ваъдаи худ, яъне бо хўрокворї таъмин намудани отряд баромада наметавонад. Аз ин рў њукумати нави Бухоро ба аскарони сурхи отряд иљозат дод, ки њангоми амалиёт, аз номи њукумат амал карда, аз мањалњо барои худ хўрокворї ва дигар лавозимоти заруриро пайдо кунанд. Дар натиља, ќисмњои аскарони сурхи отряд, баъди ба даст даровардани ин ё он мањали ањолинишин, рўйрост ба торољи он медаромаданд. Ин њама мардуми мањаллии Бухори Шарќиро дар њолати ногувор гузошта буд. Зеро, то омадани аскарони сурх онњоро аллакай сарбозони амир ѓорат кардаанд. Инак, акнун аскарони сурх њам торољ менамуданд. Бинобар ин мардуми сарсахт роњи ягонаи халосиро дар гурехтан дида, дар њамон фасли зимистони ќањратун, дар кўњњо паноњї мељустанд. Бо њамин сабаб бисёре аз дењањое, ки аскарони сурх ба даст медароварданд, асосан холї - беодам буданд. Чуноне таъкид намудем, амалиёти љангии отряд дар фасли зимистони кўњистон ва аввали бањори серборишу сард (аз моњи декабри соли 1920 то моњи апрели 1921) мегузашт. Дар ин гуна њолат, барои аскарон на танњо либоси гарм ва хўрока, балки паногоњ чї барои худашон ва чї барои аспњояшон зарур буд. Албатта дар ќад-ќади роњи тайкардаи отряд, ки миќдораш дар даврањои гуногун аз 1,5 то 5 њазор нафар аскарони савора мерасиду ба ќисмњо таќсим шуда њаракат мекарданд, ягон хел казарма вуљуд надошт. Аз ин рў аскарони сурх гарчанде бештар ваќти истироњати худро дар палаткањо гузаронанд, баъзан бинои масљидњо, њавлињои мардумро низ истифода мебурданд. Њатто баъзан масљидњоро, ки барои мардуми мањаллї љои муќаддас ба њисоб меравад, муваќќатан ба аспхонаи худ табдил додаанд. Ё худ аскарони сурх аксаран (эњтимол ќариб њама) тамоку мекашиданд. Онњо то андозае захираи тамоку (махорка) доштанд. Вале дар шароити кўњистон, барои печонидани тамоку дарёб намудани ќоѓаз хеле мушкил буд. Бинобар ин, њар боре, ки аскарони сурх ба њавлињои мардум ё худ ба масљидњо медаромаданд, китобњои он љо мављударо, аз љумла Ќуръони Шариф ва ё худ дигар намуд китобњои зарурии дини исломро барои ќонеъ намудани эњтиёљоти худ истифода мебурданд. Мувофиќи маълумотњо, баъзе аз аскарони сурх, баъди ѓалаба дар мањаллањои ба дастовардаашон, дар баробари ѓоратгарї, инчунин ба таљовузкорї њам машѓул шудаанд. Ин њама фољеањо дар пеши назари мардум ба амал меомаданд. Дар натиља мардуми мањаллї, ки чуноне аллакай ќайд намудем, аксаран оиди љамъияти нав тасаввуроте надоштанд, бо мушоњидаи чунин њодисањои нангин танњо тањќири дин ва урфу одати худро дида, ба гуруснагию барањнагї нигоњ накарда, мањз барои њимояи дин ва урфу одати худ ба муќобили аскарони сурх ва тартиботи барпо намудаи онњо, ба мубориза бархестанд. Яъне, бунёдкунандагони љамъияти нав њангоми амалиёти худ чунин нозукињоро ба эътибор нагирифтаанд. Амирпарастон бошанд ин гуна њолатро ба фоидаи худ истифода карданд. Дузду ѓоратгарон вазъиятро истифода бурда мардумро берањмона торољ мекарданд. Дар натиља дар сарзамини Бухорои Шарќї љамъияти нав њанўз пойдор нагардида, онро њаракати нав-зиддишўравї фаро гирифта буд. Оѓози њаракати зиддишўравї. Сабабњои дар боло ифодашуда, бо якљоягии душворињои зиндагї ва ташвиќотњои зиддишўравї охири апрел ва аввали моњи майи соли 1921 мардуми зиёди Кўлобу Балљувонро ба муборизаи муќобили тартиботи нав бархезонид. Дар натиља њаракати зиддишўравї бо зудї дар худи ин моњњо ќариб тамоми сарзамини ин мулкњоро фаро гирифт. Ба ин ќуввањо яке аз собиќ амалдор ва саркардаи номии амирї Иброњимбек сарварї мекард. Мувофиќи баъзе маълумотњо, њамон лањза дар атрофи Иброњимбек аллакай таќрибан 10 њазор нафар мардум љамъ омадаанд. Ин ќувваи бузург ба Иброњимбек имконият дод, ки дар бисёре аз мањалњои (мулкњои) номбурда њокимияти шўравиро барњам дода, тартиботи кўњнаи амириро аз нав барќарор намояд. Инак, дар нимаи дуюми бањори он сол ќуввањои дар атрофи Иброњимбек љамъ гардида, аллакай барои мављудияти Њокимити Шўравї хавфноктарин ќувва на танњо дар мулкњои Кўлоб, балки ќариб барои тамоми Бухорои Шарќї ба њисоб мерафт. Барои пахш намудани њаракати зиддишўравии ин мулкњо ќисмњои асосии аскарони сурхи дар тамоми мулкњои Бухорои Шарќї буда, аз он љумла дар водии Ќаротегин маскангирифта, сафарбар карда шуданд. Вале њамин, ки аскарони сурх дар самти Кўлобу Балљувон (нимаи дуюми моњи май) амалиёти љангиро сар карда, баъзе гурўњњои Иброњимбекро шикаст доданд, ќисмњои људогонаи он ба водии Ќаротегин ва Њисор гузаштанд. Дар натиља охири моњи май ва аввали июни њамон сол водии Ќаротегинро низ њаракати зиддишўравї фаро гирифт, ки ба он Фузайл Махсум, Эшони Султон ва дигарон сарварї мекарданд. Охири моњи май ва аввали июни соли 1921 дар водии Ќаротегин, Вахон ва Дарвоз тартиботи шўравї барњам дода шуд ва тартиботи амириро аз сари нав барќарор намуданд. Иброњимбек, баъди шикастхўрї дар самти Кўлобу Балљувон, дастањои худро асосан аз њисоби лаќайњо зиёд намуда, барои ба по хезонидани боќимонда мардуми лаќай ва мардуми водии Њисор кўшид. Дар ноњияњои Кўлобу Балљувон бошад ќуввањои зиддишўравї минбаъд бештар дар атрофи Давлатманбий љамъ омаданд. Нахустин кўшиши љиддї оиди мусолињаи миллї ва оќибатњои истифода нашудани он. Аввали моњи августи соли 1921 бо ташаббуси намояндаи фавќулоддаи ЉХШБухоро дар Бухорои Шарќї Ато Хољаев (Атохоља Пўлодхољаев) нахустин кўшиши љиддї оиди мусолињаи миллї карда шуд. Ў бо баъзе сарварони њаракати зиддишўравї гуфтушунид намуда, онњоро розї намуд, ки ба манфиати тартиботи нав кор кунанд. 12 августи соли 1921 Ато Хољаев аз љумла бо Давлатманбий шартнома имзо кард, ки мувофиќи он: Ато Хољаев барои аз хоки Бухорои Шарќї баровардани ќисмњои аскарони сурх ва барњам додани шўъбањои махсуси дар назди он ќисмњо буда розигї дод; Давлатманбий бошад, дар сурати иљро гардидани шарти боло, ваъда дод, ки тамоми гурўњаш аслињаи худро ба намояндагони њокимияти нав месупоранд. Ато Хољаев бо чунин мазмун шартномаро бо Эшони Султон њам имзо карда буд. Аз сарварони асосии ќуввањои зиддишўравї танњо Иброњимбек, Фузайл Махсум ва дигарон аз њар гуна музокира бо намояндагони тартиботи нав даст кашиданд. Бо тавсияи Ато Хољаев Давлатманбий сарвари кумитаи инќилобии Балљувон, Эшони Султон сарвари Кумитаи инќилобии Ѓарм таъин гардиданд. Инчунин бо розигии Ато Хољаев, 12 нафар фаъолони мањаллиро, ки ба аскарони сурх хизмат расонидаанд, ба ихтиёри ќуввањои зиддишўравї супориданд. Зеро, ин талаби дигари тарафи муќобил буд. Зиддишўравичиён 6 нафари он фаъолонро дар ваќти идомаи гуфтушуниди тарафайн ќатл карданд. Вале натиљаи кори Ато Хољаев дар роњи мусолињаи миллї ба баъзе сарварони онваќтаи љумњурии Бухоро ва махсусан ба намояндаи Федератсияи Русия дар Бухоро В.В. Куйбишев маъќул нашуд. Бинобар ин Ато Хољаевро фавран аз Бухорои Шарќї даъват намуданд ва њуљљатњои имзонамудаи ўро ба эътибор нагирифтанд. Аз ин рў Давлатманбий ва Эшони Султон мисли пештара ба ќуввањои људогонаи зиддишўравї сарварї намуда, дар ќатори Иброњимбек, Фузайл Махсум ва дигарон муборизаро ба муќобили тартиботи нав давом доданд. Бо њамин яке аз аввалин имкониятњои ќулайи пешгирї намудани ављи њаракати зидишўравї дар Бухорои Шарќї аз байн рафт. Дар натиља ин њаракат аз сари нав ќувват гирифт. Иѓвои Анварпошо. Њолати вазнини љумњурии Бухоро ва ноиттифоќии њайати њукумати он; вазъи ноороми Бухорои Шарќї; дар байни мардум њанўз эътибори зиёд надоштани тартиботи нав; баръакс пурќувват шуда истодани дастањои гуногуни зиддишўравї; њамсарњадї бо давлати Афѓонистон, ки маркази асосии гурезагони бухороии аз тартиботи нав норозї гардида буд; дастгирии ќуввањои берунаи зиддишўравї, бо сарварии амири гуреза-Олимхон ва њукуматдорони англис ва ѓайрањо барои ба вуљуд омадани иѓвои Анварпошо чун сабабњои асосї ба њисоб мераванд. Њанўз моњи ноябри соли 1921 бо ташаббуси собиќ полковники турк, нозири њарбии вилояти Шеробод Њасан-афандї дар маркази Ќубодиён гирдињамоие барпо гардид. Ў ба њозирон эълон намуд, ки њамроњи ў Анварпошо њузур дорад. Ин мењмони нохонда гўё бо маќсади “озод кардани Бухоро аз дасти болшевикон” омадааст.Анварпошо мехост сарварии умумии ќуввањои зиддишўравии Бухорои Шарќиро ба дасти худ гирад. Бо њамин маќсад Анварпошо аз Ќубодиён ба Љилликўл ва охирњои он моњ ба ќароргоњи Иброњимбек Кўктош (њозира шањраки Сомониён) омад. Иброњимбек дар аввал ба садоќати Анварпошо нисбат ба ќуввањои зиддишўравї бовар накарда, ўро бо отрядаш њатто беяроќ кард ва ба њабс гирифт. Баъди аз амир Олимхон омада расидани хабари садоќатмандии Анварпошо нисбат ба ў, Иброњимбек одамони Анварпошоро аз њабс озод намуда, яроќашонро баргардонид. Вале минбаъд њам Иброњимбек ба Анварпошо сари таъзим фуруд наовард. Амир Олимхон Анварпошоро сарфармондењи “лашкари ислом” таъин намуд. Сўиќасди У. Пўлодхољаев. Моњи сентябри соли 1921 ќариб тамоми ноњияњои Бухорои Шарќиро њаракати зиддишўравї фаро гирифта буд. Дар худи ин моњ дар Кўктош љамъомади сарварони дастањои (ќўрбошињои) зиддишўравї барпо шуд ва дар он ба Иброњимбек унвони “сардори лашкари ислом”-ро доданд. Вазъи Бухорои Шарќї роњбарони љумњурии Бухороро осуда намегузошт. 27 сентябри соли 1921 бо маќсади мустањкам намудани органњои њокимияти мањаллї ва корњои мудофиавї, дуруст ба роњ мондани муносибатњои байни ќисмњои асарони сурх ва муассисањои мањаллї ва ѓайра ба ни мулк раиси Кумитаи Иљроияи Марказии Шўроњои ЉХШБухоро Усмонхоља Пўлодхољаев фиристода шуд. Бо њамроњии ў отряди 400 нафараи милитсионерон бо сарварии Алї Ризо буданд. Дар роњ ба онњо отряди 200 нафараи нозири њарбии Бойсун Дониёрбек (Дониёр афандї) њамроњ гардиданд. У. Пўлодхољаев миёнаи ноябри соли 1921 ба Душанбе омада расид. Аввали моњи декабри соли 1921 дар Кўктош, дар ќароргоњи Иброњимбек, бо иштироки худи ў, бо ташаббуси Анварпошо љамъомади сарварони дастањои зиддишўравї барпо гардид. Дар он намояндагони Усмонхоља Пўлодхољаев - Алї Ризо ва Дониёр њам, ки гўё барои “ѓун кардани” озуќаворї ва ему хошок омада буданд, ширкат доштанд. Дар њамин љамъомад наќшаи забти Душанбе кашида шуд. 9 декабри соли 1921, соати 19, дар Душанбе, бо ташаббуси У. Пўлодхољаев, гўё ба шарафи комиссари њарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва гусели консули генералии Русия дар Бухорои Шарќї Нагорный “зиёфате” барпо гардид. Дар он муовини комиссари њарбї Мухин низ иштирок дошт. Соњибони зиёфат У. Пўлодхољаев, Алї Ризо, Дониёр ва дигарон нимишабї “мењмонони” худ Марозенко, Мухин ва Нагорныйро беяроќ ва њабс намуданд, инчунин ба беяроќкунии баталёни сеюми полки њафтум сар карданд. Баталёни дуюм аз ин хиёнаткорињо воќиф гардида, муќобилият нишон дод. Дар натиља, 10 декабр дар Душанбе љанги сахт ба амал омад. Баталёни дуюм дар баробари бартараф намудани њуљуми 800 нафараи саворагони сўиќасдчї, инчунин њабсшудагонро озод намуда, яроќњои баталёни сеюмро баргардонид. Миќдори аскарони сурхи гарнизон таќрибан 600-700 нафар буд. Бо ташаббуси Анварпошо барои забти Душанбе ќувваи иловагї фиристода шуд. Љанг се шабонарўз давом кард. Нињоят ќуввањои зиддишўравї аз забти Душанбе умедашонро канда, ба ќафо гаштанд. Баъди ин воќеа У. Пўлодхољаев, Алї Ризо ва Дониёр ба кўњњои Боботоѓ пинњон шуданд. Онњо дар натиљаи бархўрдан бо дигар гурўњњои зиддишўравї боигарии худро талаф дода, пароканда гардиданд. У. Пўлодхољаев ва Алї Ризо ба Афѓонистон гурехтанд. Дониёр бошад 70 нафар милитсионерони содиќашро гирифта, худро бек эълон карда, ба сўи Санггардак њаракат кард ва минбаъд муборизаро ба муќобили тартиботи нав давом дод. Ташкил намудани Комиссияи фавќуллодаи диктаторї (Диккомиссия). Баъди барбод рафтани сўиќасди У. Пўлодхољаев њам вазъи Душанбе бењтар нагардид. Баръакс дар атрофи он аз њар сў гурўњњои зиёди зиддишўравї љамъ омаданд, ки миќдори умумии онњо то ба 10 њазор нафар расид. Дар натиља Душанбе аз тарафи ин ќуввањо ба муњосира гирифтор шуд ва он ду моњ давом кард. Комиссари њарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва консули генералии Русия Нагорный вазъиятро ба инобат гирифта, бо Иброњимбек роњи музокираро пеш гирифтанд, ки он соли 1921 дар нимаи дуюми моњи декабр 12 рўз давом кард. 26 декабр худи Нагорный њам ба Кўктош рафта бо Иброњимбек во хўрд. Талаби ягонаи Иброњимбек – “аз Бухорои Шарќї тамоман баровардани ќисмњои аскарони сурх буд.” Вале ин њама гуфтушунидњо натиља надоданд. 1 январи соли 1922 Иброњимбек ба муќобили Њукумати Шўравї љанг эълон кард. 2 январи соли 1922 дар маљлиси якљояи КМ ЊК Бухоро, Кумитаи Иљроияи Марказї (КИМ) ва Шўрои Нозирони љумњурии Бухоро бо сабаби душвор гардидани вазъияти њарбию сиёсї дар Бухорои Шарќї, махсус барои ин гўшаи дурдасти љумњурї, Комиссияи фавќулоддаи диктатории КИМ ЉХШБухоро (Диккомиссия), бо сарварии Носир Њакимов ташкил карда шуд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки аз 10 январ дер намонда ба Душанбе равад. 8 январ раёсати КИМ ЉХШБухоро тартиби кори ин комиссияро тасдиќ намуд. Фаъолияти диккомиссия сарзамини вилоятњои Шеробод, Њисор, Ѓарм ва Кўлобро дар бар мегирифт. Дар њудуди ин вилоятњо тамоми њокимияти сиёсї, њарбї ва судї ба ихтиёри диккомиссия гузашт. Диккомиссия фаъолияти худро муваќќатан дар њудуди вилоятњои Ќаршї, Шањрисабз ва Каркї низ пањн карда буд. Вале дар ин вилоятњо диккомиссия дар доираи Конститутсияи ЉХШБухоро амал карда, мебоист њар чї зудтар тартиботи давлатиро барќарор мекарданд. Дар назди комиссияи диктаторї шўрои иќтисодї (ё худ машварати иќтисодї), шўбањои назорати давлатї, адлия, замину об, сохтмон, ташкилотњои табобатї, маорифи халќ, трибунали њарбии инќилобї, маъмурияти муњофизат, маъмурияти наќлиёт, комиссариати фавќулоддаи молиявї ва комиссияи андоз вуљуд дошт. Худи диккомиссия ба муддати нисбатан муайяни кўтоњ, то 31 марти соли 1922 ташкил карда шуда буд. Он бо маќсади: аз як тараф мубориза бурдан ба муќобили ќуввањои зиддишўравї ва аз тарафи дигар ба низом даровардани вазъи иќтисодию сиёсии Бухорои Шарќї бунёд гардид. Вале бо сабаби дар њудуди Бухорои Шарќ тўл кашидани њаракати зиддишўравї комиссияи номбурда ба “Комиссияи диктаторї оид ба корњои Бухорои Шарќї” табдил ёфт ва фаъолияти худро то тобистони соли 1924 давом дод. Чунин комиссия дар дигар нуќтањои љумњурии Бухоро, аз љумла дар ќисми марказии (ѓарбии) он њам, бо маќсади мубориза ба муќобили ќуввањои зиддишўравї ташкил карда шуд. 5 июни соли 1922 дар тамоми вилоятњои Бухорои Шарќї Шўрои њарбии инќилобї (Реввоенсовет) ташкил карда шуд, ки он мебоист тамоми сарварони њарбї ва шањрвандиро муттањид намуда, органњои њокимияти мањаллиро мустањкам менамуд. Ин шўроњо дар як ваќт бо диккомиссия амал мекарданд. Бо ташаббуси Комиссияи диктаторї оид ба корњои Бухорои Шарќї дар он мањалњое, ки аз дасти ќуввањои зиддишўравї гирифта мешуд, кумитањои инќилобї аз сари нав барќарор мегардид. Дар натиља дар вилоятњо, туманњо ва кентњо чунин кумитањо бори дигар ташкил меёфтанд. Њайати кумитањои инќилобї аз се нафар иборат буд. Аз ин њисоб, бо маќсади љалби таваљљуњи мардум, дар кумитаи инќилобии вилоятї як нафар ва дар кумитаи инќилобии туманию кентї дунафарї аз тарафи худи халќ интихоб карда мешуд, боќимонда таъин мегардиданд. Комиссияи диктаторї дар роњи мубориза ба муќобили ќуввањои зиддишўравї ва бунёду мустањкамии љамъияти нав, дар баробари корњои мусбат ба ташкилоти љазодињї табдил ёфта буд. Зеро, аз тарафи ин ташкилот мардуми зиёд, аксар бегуноњ, ќурбони беадолатињои замон гардиданд. Боз њам ќувват гирифтани њаракати зиддишўравї дар ЉХШ Бухоро. Аввали соли 1922 њаракати зиддишўравї ќариб тамоми њудуди Бухорои Шарќиро фаро гирифта буд. Масъулони ќисмњои аскарони сурх чунин вазъиятро тањлил намуда, онро њамчун шўриши халќї њисобида, 14 феврал ќисмњои худро аз Душанбе бароварданд. 22 феврал ин ќисмњо дар Бойсун бо дигар ќисмњои аскарони сурх муттањид гардиданд. Душанбе бошад ба ихтиёри дастањои Иброњимбек гузашт. Хабари аз Душанбе бароварда шудани ќисмњои аскарони сурх бо зудї дар тамоми њудуди ЉХШБухоро пањн гардид ва боиси боз њам пурзўр шудани њаракати зиддишўравї дар ноњияю вилоятњои дигар шуд. Аз љумла Мулло Абдуќањњор ва Аъзамхоља, ки дар атрофи худ зиёда аз 4 њазор нафар муборизони зиддишўравии ноњияњои Ѓиждувону Вобкент, Галаосиёю атрофи шањри Бухорои Кўњнаро љамъ намудаанд, аввали моњи марти соли 1922 маркази худи љумњурї-шањри Бухорои Кўњнаро тањдид мекарданд. 8 марти соли 1922 барои шањри Бухорои Кўњна рўзи вазнинтаре буд. Шањрро ќисмњои Аъзамхоља ва Мулло Абдуќањњор пурра ба муњосира гирифтанд. Дар чунин лањзаи душвор сарвари дивизияи савораи аскарони сурхи Бухоро, собиќ афсари турк Иброњим афандї њам рўйрост ба тарафи муќобил гузашт. Нозири њарбии ЉХШБухоро А. Орифов, ки он ваќт дар Кармина буд ва љонишини ў, афсари турк - Талъатзода низ ба ќуввањои аксулинќилобї њамроњ гардиданд. Чунин хиёнаткорињоро ба инобат гирифта њукумати љумњурии Бухоро дар худи Бухорои Кўњна 25 нафар афсаронро, ки аксар баромадашон турк буд, бо кўмаки ќисмњои аскарони сурх ба њабс гирифт. Њукумати љумњурї вазъиятро ба инобат гирифта дар 17 туманњои Бухоро њам комиссияи диктаторї ташкил намуд. Мањви Анварпошо. Сарварони Русияи Шўравї ба хубї пай бурда буданд, ки тањдиди Анварпошо, бо ќўшунњои тахминан 20 њазор нафарааш, ки дар Бухорои Шарќї аллакай љамъ карда буд, на танњо барои мављудияти тартиботи шўравї дар Бухоро, балки барои тамоми сарзамини Осиёи Миёна хатари љиддї дорад. Анварпошо низ маќсади худро пинњон намедошт. 19 майи соли 1922 вай аз Њукумати Шўравии Русия бо тањдид талаб кард, ки дар њудуди љумњурињои Бухоро, Туркистон ва Хоразм давлати монархиявии исломии ташкилкардаистодаи ўро ба расмият шиносад ва дар мўњлати 15 рўз ќисмњои аскарони сурхро аз ин сарзамин барорад. Ин талабњо дар таърих бо номи “тањдидномаи Анварпошо” маълум аст. Барои Њукумати Шўравии Русия маѓлуб кардани Анварпошо аз вазифањои муњимтарин гардид. Ба муќобили Анварпошо ќисмњои зиёди аскарони сурх сафарбар гардиданд. Роњбарии умумии мубориза ба муќобили ў ба ўњдаи сарфармондењи ќуввањои њарбии Русия С.С. Каменев гузошта шуд. Ќисмњои аскарони сурхро, ки бевосита ба ин амалиёт сафарбар гардиданд “гурўњи аскарони Бухоро” ё худ “фронти Бухоро” номиданд ва фармондењии он ба ўњдаи Н.Е. Какурин афтод. 15 июни соли 1922 њуљуми васеи ќисмњои аскарони сурх ба муќобили Анварпошо сар шуд. Онњо ба ќанотњо таќсим гардида-ќаноти чап бо сардории А.Я.Мелкумов аз Бойсун ба сўи Дењнав, Њисор, Душанбе, Кофарнињон, Файзобод ва ќаноти рост, бо сардории Богданов, аз секунљаи Шеробод-Кокайти-Тирмиз ба сўи Ќубодиён, Ќўрѓантеппа, Кўлоб, Балљувон њаракат карданд. Дар худи њамон рўз дар мањали Бойсун-Работ бо ќисмњои Анварпошо љанги сахт ба амал омад. Дар ин љанг Анварпошо на танњо талафоти зиёд дод, њатто посбонони шахсии вай ба ќисмњои аскарони сурх асир афтоданд. Ќисмњои боќимондаи Анварпошо роњи гурезро пеш гирифтанд. Ќисмњои аскарони сурх аз ќафои аскарони гурезаи Анварпошо думболагир шуданд. Онњо дар натиљаи љангњои шадид 18 июн Дењнав ва Юрчї, 30 июн - Регар, 1 июл - Ќаратоѓ, 2 июл - Њисор, 14 июл-Душанберо аз сари нав ба даст дароварданд. Баъди шикастхўрї дар љанги шадиди назди Душанбе, дастањои Анварпошо ба њар сў пароканда гардиданд. Аз љумла дастаи Мастчоњ бо сардории Рањмондодхоњ ба ќаторкўњњои Њисор, дастаи Ќаротегину Дарвоз бо сардории Фузайл Махсум ва Эшони Султон ба сўи Янгибозор (Вањдат), ќисмњои ба худи Анварпошо содиќ ба воситаи Кўктош ба водии Лаќай гурехтанд. Дар ин лањза, ќисмњои дигари аскарони сурх (ќаноти рост) 3 июл - Љилликўл, 4 июл - Ќўрѓантеппа ва 17 июл - Кўлобро гирифта, гузаргоњи дарёи Панљро аз Чубек то Бањорак ишѓол намуданд. Дар натиља пеши роњи Анварпошо, барои ба Афѓонистон гурехтан, баста шуд. Анварпошо аз ин воќеа огоњ гардида, аз Ќўрѓантеппа ба сўи Сангтўда њаракат кард. Бо њамроњии ў дастаи Балљувон, бо сарварии Давлатманбий низ буд. Дар назди дењаи Сангтўда љанги сахтарине ба амал омад. Анварпошо шикаст хўрда ба сўи Балљувон гурехт. 17-20 июли соли 1922 дар Балљувон љанги шадиде рўй дод. Анварпошо, таќрибан бо 500 нафар аскарони содиќаш ба сўи дењаи Обдара аќиб гашт. 4 август дар наздикии ин дења бо Анварпошо љанги шадиди охирин ба амал омад. Дар њамин љанг вай 5 маротиба захмин гардида, њалок шуд. Инчунин дар ин муњориба Дониёрбек ва Давлатманбий њам сахт ярадор гардиданд. Бо њамин љанг “иѓвои Анварпошо” барояш ба тарзи фољеавї анљом ёфт. Пастшавии њаракати зиддишўравї. Барбод рафтани иѓвои Салимпошо ва шикасти Фузайл Махсум. Давраи иѓвои Анварпошо (ноябри соли 1921-августи соли 1922) нуќтаи баландтарини њаракати зиддишўравї дар сарзамини љумњурии Бухоро, махсусан Бухорои Шарќї ба њисоб меравад. Баъди мањви Анварпошо, албатта ин њаракат анљом наёфт, вале рў ба пастравї нињод. Рўз аз рўз сарварони он дастањо эътибори худро дар байни мардуми оддї аз даст медоданд. Баръакс, тартиботи нав, дар натиљаи чорабинињои гуногун, аз љумла авфи умумї, муддате ќатъ гардидани ситонидани андозњо, таќсим кардани замин, ба дењќонон додани ќарзи њасана, тухмї ва ѓайра соњиби эътибор мегардид. Баъзе арбобони шўравї хатогињои нисбат ба дин ва урфу одати мардум содиркардаи аскарони сурхро ислоњ карданї шуданд. Аз љумла раиси нави Комиссияи диктаторї Њољї Мирбобо Мирмуњсинов бо фармони худ аз 10 августи соли 1922 кумитањои инќилобии Бухорои Шарќиро вазифадор намуд, ки масљидњоро аз њисоби маблаѓи давлатї таъмир ва обод кунанд. Вале дастањои зиддишўравї дар сарзамини Бухорои Шарќї њанўз пурра мањв нашуда, балки аксарашон пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922, бо маќсади муттањид нигоњ доштани ќуввањои Анварпошо, амир Олимхон дар шањри Кобул машварате гузаронида, иѓвогари дигар, афсари дигари турк Њољї Салимбойро, ки бо номи “Салимбек” њам маълум аст, вориси Анварпошо эълон намуда, ба сўи Бухоро фиристод. Дар ин лањза низ ќувваи нисбатан хавфноки зиддишўравї, гурўњњои Иброњимбек ба њисоб мерафт, ки дар Лаќай љойгир буданд. Тирамоњи соли 1922 Салимпошо аз дарёи Панљ гузашта бе муќобилият ба Ќалъаи Хумб дохил шуд. Ў аз он љо бо кўмаки Эшони Султон ба Ѓарм, ба назди Фузайл Махсум омад. Дар ин љо вай аз муборизаи байни Эшони Султон ва Фузайл Махсум барои њокимият воќиф гардида, онро ба фоидаи худ истифода бурд. Фузайл Махсум бо дастгирии Салимпошо Эшони Султонро шикаст дода, ўро бо њамроњии бародараш Эшони Сулаймон ба дор кашонд, Кўри Шерматро низ, ки он љо буд, шикаст дод. Вале Кўри Шермат аз чанголи Фузайл Махсум халос хўрда, ба водии Олой гурехт. Баъд аз ин Фузайл Махсум тамоми ќуввањои зиддишўравии Дарвозу Ќаротегинро ба итоаташ дароварда, худро амир эълон кард. Вай Салимпошоро ба ивази дастгирї ва кўмакаш њамчун вориси Анварпошо эътироф кард. Салимпошо моњи декабри соли 1922 бо њамроњии бародари Фузайл Махсум ва отряди 500-600 нафара ба Кўлоб омада, баъди муњорибаи шадид шањрро ба даст даровард. Вале ќисмњои аскарони сурх бо зудї Кўлобро аз Салимпошо баргардонида гирифтанд. Баъди чунин нобарорї Салимпошо ба водии Њисор рафт. Феврали соли 1923 вай ба соњили рости дарёи Вахш гузашта, дењаи Шўрёнбошро маркази худ ќарор дод. Дар он љо бо сарварони отрядњои гуногуни зиддишўравї вохўрда, ба онњо супориш дода, худ бо ќўшунњои тахминан 4 њазорнафара ба сўи Ѓузору Ќаршї њаракат кард. Иброњимбек, ки нисбат ба Салимпошо њам чандон содиќ набуд, бо ќўшунњои 2 њазор нафарааш дар Бухорои Шарќї монд. Иѓвогари нав - Салимпошо ният дошт, ки бо њаракат ба сўи Ѓузору Ќаршї на танњо ќуввањои зиддишўравии Бухорои Маразї (Ѓарбї), балки мардуми тамоми љумњурии Туркистонро низ ба муќобили тартиботи нав бархезонад. Вале дар наздикии Ќаршї, дар дењаи Тошлик дастањои Турдитўќсабо, ки барои њамроњшавї бо отряди Салимпошо мешитофтанд, торумор карда шуданд. 13 марти соли 1923 ќисмњои асосии ќўшунњои Салимпошо дар секунљаи Болдур-Ѓузор - истгоњи роњи оњани Тангињарам ињота ва мањв гардиданд. Баъди ин муњориба Салимпошо бо отряди начандон зиёд ба кўњњои Њисор гурехт. Акнун зиддияти байни Салимпошо ва Иброњимбек хеле боло гирифта буд. Иброњимбек ба Салимпошо на танњо итоат карданро намехост, балки аз Салимпошо талаб мекард, ки ба ў итоат кунад. Чунин раќобат боиси парокандагии дастањои људогонаи онњо ва мањвашон аз тарафи ќисмњои аскарони сурх гардид. Баъди ин њама ноумедињо Салимпошо, бо отряди ба худ содиќ 15 июли соли 1923 аз дарёи Панљ гузашта, ба Афѓонистон гурехт. Бо њамин иѓвои Салимпошо њам бенатиља анљом ёфт. Тобистони соли 1923 ќисмњои асосии асарони сурх барои мањви ќўшунњои Фузайл Махсум нигаронида шуданд. Њалли ин масъаларо мањви ќуввањои зиддишўравии Мастчоњ осон гардонид. Зеро, ба муќобили ќуввањои Фузайл Махсум њам аз болои Мастчоњ (отряди эъзомияи Самарќанд, бо сарварии Е.Н. Шветсов) ва њам аз тарафи Оби Гарм (отряди эъзомия бо сарварии Баранов) њуљум карданд. Ќисмњои Баранов моњи июл Оби Гармро ишѓол карданд. Ба муќобили дастањои Фузайл Махсум дар дењањои водии Ќаротегин ќисмњои Шветсов ва Баранов љангњои шадид бурданд. Фузайл Махсум ба сўи Дарвоз аќиб гашт. Миёнаи моњи август дар Дарвоз њам ба ў шикаст доданд.. Фузайл Махсум бошад аз дарёи Панљ гузашта, ба Афѓонистон гурехт. Иттифоќчии вай, собиќ беки Дарвоз Диловаршо дар љанг њалок гардид. Нињоят дар водии Ќаротегин ва Дарвоз Њокимияти Шўравї аз сари нав барќарор карда шуд. Гузариш ба њаёти осоишта. Баробари мањви иѓвои Салимпошо вазъи нисбатан солими ба амал омада имконият дод, ки дар Бухорои Шарќї низ дар худи њамон соли 1923 оњиста-оњиста аз вазъи њарбї ба њаёти осоишта гузаранд. Њанўз охири он сол Комиссияи диктаторї “Низомномаро оиди Кумитањои иљроияи (кумитањо инќилобии) вилоятњо” тасдиќ намуд. Мувофиќи он дар Бухорои Шарќї њам сохтмони љамъияти нав дар асоси принсипњои ягона бо љумњурии Бухоро мегузашт. Дар худи он сол дар аксари туман ва вилоятњои ин кишвар аввалин интихоботи намояндагї гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар он хеле суст буд. Шахсони ба анљуманњои туманї ва вилоятї интихобшуда аксар аз љумлаи рўњониён, заминдорони калон, амалдорони хурди амирї буданд, ки чунин натиља ба табъи мутасаддиёни тартиботи нав нафорид. Бинобар ин соли 1924 дар Бухорои Шарќї интихоботи дуюми мањаллї гузаронида шуд. Ин њама натиљаи оромии ба даст даромада ба њисоб мерафт. Мањз мўътадил гардидани вазъият дар Бухорои Шарќї имконият дод, ки минбаъд аз баъзе ташкилотњои љазодињї даст кашанд. Аз љумла 15 апрели соли 1924 бюрои Осиёмиёнагии КМ ЊК(б) Русия ќарор ќабул кард, ки “фавран сегонаи љазодињї, ки дар Бухорои Шарќї амал мекунад, барњам дода шавад”. Баъди он 28 май Кумитаи Иљроияи Марказии Умумибухорої бо ќарори худ Комиссияи фавќулоддаи диктаториро дар Бухорои Шарќї барњам дода, ба љои он Кумитаи Иљроияро оид ба Бухорои Шарќї ташкил намуд. 7 июли соли 1924 Комиссияи диктаторї ќатъ гардидани фаъолияти худро эълон кард. Мањз њамин орган бо роњњои ташвиќотї, њарбї ва љазодињї Њокимияти Шўравиро дар Бухоро Шарќї пойдор намуд. Августи соли 1924, яъне баъди ба итмом расидани маъракаи интихоботии шўроњои мањаллї, анљумани Шўроњои мањаллї - кентї, туманї ва вилоятї барпо гардид. Аз 1 то 5 сентябри он сол дар Душанбе анљумани якуми Шўроњои намояндагии халќии Бухорои Шарќї барпо гардид, ки он масъалањои: мубориза ба муќобили ќуввањои зидди шўравї; шўравї гардонидани мамлакат; аз нав барќарор кардани хољагии халќ; инкишофи маорифи халќ ва ѓайрањоро дид. Анљуман Кумитаи Иљроияи Марказии Шўроњои намояндагии халќии Бухорои Шарќро интихоб кард. Њамин тарз дар Бухорои Шарќї низ тартиботи нав-шўравї аз нав барќарор гардид ва он структурањои фарќкунандаи идоракунї, ки бо оѓози иѓвои Анварпошо дар ин мулк ба вуљуд оварда шуд, оњиста-оњиста аз байн рафтанд ва Бухорои Шарќї, аз љињати маъмурї ба сохтори ягонаи идоракуни љумњурии Бухоро ворид шуд. |