апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 2. Таљовузи Колесов ва оќибатњои он Сабабњои таљовуз. Ќисми зиёди љавонбухороиён, махсусан аксари сарваронашон, дар аввал аз сарнагун гардидани Њукумати Муваќќатии буржуазии Русия ѓамгин гардида буданд. Зеро, боварии онњо нисбат ба он њукумат хело зиёд буд. Инак, дар замоне, ки зиддияти байни Давлати Шўравї ва њукумати амирї боло мегирифт, вазъияти љавонбухороиён боз њам душвортар гардид. Чунки, љавонбухороиён баъди моњи апрели соли 1917 аксаран имконияти дар Бухорои Кўњна осоишта зистанро аз даст дода, муваќќатан дар Бухорои Нав ќарор гирифта буданд. Вале дар ин љо њам, агарчанде Њукумати Шўравї њукмронї мекард, онњоро љосусони амирї ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони љавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нисбат ба Давлати Шўравї муайян намоянд. Дар ин љо онњо бе ягон калавиш ба тарафи Шўроњо гузаштанд. Зеро, оштишавии љавонбухороиён бо амирпарастон ѓайриимкон буд. Ба ѓайр аз ин љавонбухороиён шод буданд, ки зиддияти байни Давлати Шўравї ва аморати Бухоро рўз аз рўз боло мегирад. Инак, љавонбухороиён аз бологирии зиддияти байни Давлати Шўравї ва аморати Бухоро истифода бурданї шуданд. Пеш аз њама вазъият онњоро маљбур намуд, ки дар атрофи Кумитаи Марказии (мувофиќи маълумоти дигар кумитаи иљроияи) њизби худ, ки њанўз марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттањид бошанд. Онњо вазъиятро борњо муњокима намуда, ба хулосае омаданд, ки минбаъд, дар масъалаи Бухоро бо якљоягии њукумати Туркистони Шўравї амал кунанд. Бо њамин маќсад яке аз роњбарони њизб Ф.Хољаевро чун сарвари њайати намояндагї, барои гуфтушунид бо сарвари њукумати Туркистони Шўравї Ф.И.Колесов, ба Тошкент фиристанд. Њангоми гуфтушунид Ф. Хољаев Ф.И.Колесовро бовар кунонидааст, ки љавонбухороиён гўё дар дохили Бухоро 30 њазор нафар шахсони ба худ содиќ, аз он љумла 4 њазор нафар шахсони мусаллањ доштаанд. Њамаи онњо гўё интизори фармон ё худ ишорае будаанд. Њамин тавр дар рўзнома масъалаи бо ќуввањои муттањидаи Туркистони Шўравї ва љавонбухороиён сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро меистод. Ин масъала дар байни ќариб тамоми сарварони њизбию шўравии кишвари Туркистон њамовозї пайдо кард. Оѓоз, рафти амалиёти љангї ва оќибатњои он. Аз тарафи аскарони сурх мањв намудани “Мухторияти Ќўќанд” (22 феврали соли 1918) њалли масъалаи Бухороро тезонид. Вале ба сарвари њукумати Туркистон Ф.И.Колесов лозим омад, ки пеш аз њалли ин масъала хурўљи дивизиони туркманиро хомўш намуда, онњоро беяроќ гардонад. Инак, 28 феврали соли 1918 Ф.И. Колесов, њангоми бозгашт аз Ашќобод, дар истгоњи роњи оњани Бухорои Нав таќрибан бо 50 нафар посбонони шахсиаш њозир шуд. Љавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надоштанд. Вале онњо ба чунин њолат ањамият надода, аз омадани Ф.И.Колесов рўњбаланд гардида, барои роњбарии шўриш, бо сарварии Ф.Хољаев Кумитаи инќилобиро ташкил доданд. Њамон рўзи 28 феврал, бо имзои Ф.И.Колесов - чун раиси њукумати Туркистон ва Ф.Хољаев-чун раиси Кумиљроияи њизби љавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, аниќтараш тањдиднома фиристода шуд. Дар он аз амир талаб карда мешуд, ки ў дар муддати 24 соат бояд њукуматашро пароканда намуда, идоракунии мамлакатро ба ихтиёри Кумитаи иљроияи њизби љавонбухороиён супорад. Њукумати нав аз љумлаи љавонбухороиён, гўё бо розигии амир ташкил карда мешавад. Яъне, мувофиќи ин тањдиднома амир дар мансабаш як муддат нигоњ дошта мешуду, вале ў бояд аз рўи хоњиши љавонбухороиён амал мекард. Амир Олимхон бо маќсади ба иштибоњ гузоштани Ф.И. Колесов ва Ф.Хољаев, ќушбегї Мирзо Низомиддини Урганљиро, ки душмани ќаттоли љавонбухороиён буд, аз мансабаш озод намуда, ба љои ў Усмонбекро ќушбегї таъин намуд. Рўзи 1 март вай ба тањдиднома љавоб гардонд, вале барои аз њисоби љавонбухороиён ташкил додани њокимият розї нашуд. Дар натиља 2 марти соли 1918 љанги байни ќўшунњои Колесов ва амир сар шуд, ки он дар таърих бо номи “таљовузи Колесов” маълум аст. Миќдори умумии ќўшунњои Колесов, ба ѓайр аз посбонони шахсиаш, таќрибан 450-500 нафарро ташкил медоданду халос. Аз ин њисоб тахминан 200 нафарро дружинаи љавонбухороиён ва тахминан њамон миќдори дигарро отряди љангии коргарони Бухорои Нав ташкил медоданд. Миќдори сарбозон ва фидоиёни амир њанўз дар рўзи якуми љанг нисбат ба ќўшунњои Колесов хело сершумор буданд. Вале ба чунин бартарї нигоњ накарда, натиљаи рўзи аввали љанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онњо њатто ду тўпи амирро ѓанимат гирифтанд. Роњбари умумии ќўшунњои амир Мирзо Низомиддинхољаи Урганљї аз майдони љанг гурехт. Натиљаи рўзи аввали љанг амирро ба воњима гузошт. Амир Олимхон бо маќсади ба иштибоњи нав гузоштани Колесов, рўзи дигар – 3 март ба назди ў њайати намояндагии худро, бо сарварии ќушбегї Усмонбек барои музокира фиристод. Онњо ба Колесов нусхаи фармони ислоњоти њанўз 2 март имзо намудаи амирро нишон доданд, ки мувофиќи он амир гуё дар аморат ислоњоти васеъ мегузаронад; аз њисоби мардуми доно, пеш аз њама љавонбухороиён њукумати нав ташкил менамояд ва ѓайра. Дар рафти музокирот љавонбухороиён талаби нав - беярок гардонидани сарбозони амирро гузоштанд. Тарафи амир бо дили нохоњам ин талабро њам ќабул кард. Аз тарафи Ф.И.Колесов, барои назорати беяроќшавии сарбозони амир, гурўње аз 22 нафар, бо сарварии В.П.Уткин фиристода шуд, ки ќариб њамаи онњо дар Арки Бухоро /дар тањхонаи ќушбегї/, ба тарзи вањшоният кушта шуданд. Ф.И.Колесов ва Ф.Хољаев нисбати гуфтушунид зиёда боварї њосил карда, интизори расидани хабари беяроќшавии сарбозони амир буданд. Вале амир аз фурсати ба дастдароварда /зеро рўзи 3 март амалиёти љангї набуд/ самаранок истифода бурда, ба муќобили ќувваи камшумори Колесов, аллакай 4 март таќрибан 35 њазор нафарро бо сарварии Салимбек гузошт. Сарбозони амир дар як ваќт ба вайрон намудани роњи оњани атрофи Бухорои Нав шурўъ намуданд. Дар натиља, њамон рўзи 4 март Колесов дар њолати ногувор монд. Лавозимоти њарбии ў дар арафаи тамомшавї буд. Вайронии роњи оњан умеди вайро аз њаргуна кўмаки беруна канд. Нињоят, шаби аз 5 ба 6 март Колесов маљбур шуд,ки роњи оњани вайронаро таъмир намуда, оњиста-оњиста ба сўи Ќизилтеппа љангкунон ба ќафо гардад. Бо њамроњии Колесов тамоми мардуми русзабони Бухорои Нав њам ба роњ баромаданд. Мувофиќи баъзе маълумотњо шумораи умумии мардуми бо њамрохии Колесов рафта ба 8-10 њазор нафар мерасид. 25 марти соли 1918 дар Ќизилтеппа байни аморати Бухоро ва Туркистони Шўравї сулњ имзо гардид. Мувофиќи он тарафайн ўњдадор шуданд, ки шартномаи соли 1873-и байни Бухоро ва Русияро риоя кунанд, асиронро иваз намоянд. Њукумати амирї барои шинохтани Давлати Шўравї ва эътирофи чунин њокимият дар мањаллањои руснишини аморат ваъда дод. Инчунин њукумати амирї розї шуд, ки роњи оњани вайронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 њазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри њукумати Туркистон 100 вагон ѓалла фиристад ва ѓайрањо. Њамин тавр љанг ба охир расид. Ин љанг ба њар ду тараф зарари моддию маънавї ва талафоти љонии зиёдро овард. Бегуфтугў он натиљаи хатогии љиддии сарварони њизби љавонбухороиён ва Туркистони Шўравї ба њисоб меравад. Махсусан, баъди он љанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд. § 3. Њизбњои сиёсии бухориён Њизби љавонбухориёни сотсиал-инќилобчї. Баъд аз таљовузи Колесов љавонбухороиён маљбур шуданд,ки барои халосии љони худ ба дарунтари кишвари Туркистон хиљрат намоянд. Аксарияти онњо, бо њамроњии Кумитаи марказии њизби худ, ба шањри Тошкент кўчиданд. Вале ин њизби љавонбухороиён ба гурўњњо таќсим шуд. Вазъи онваќтаи Тошкент низ чандон бењтар набуд. Гуруснагї, барањнагї њукумфармо буд. Њизбњои гуногун - болшевикон, меншевикон, эсерњо ва ѓайра, инчунин гурўњњою љамъиятњои гуногун амал мкарданд. Албатта ин њама ба фаъолияти љавонбухороиён бетаъсир намонд. Љавонбухороиён дар шањри Тошкент бо фаъолияти њизбњои гуногун шинос шуданд. Вале диќќати онњоро дар аввал бештар њизби эсерњо ба худ љалб кард. Зеро, ин њизб, ки асосан њимояи манфиати дењќононро маќсади худ ќарор дода буд ва аксари мардуми аморати Бухоро њам дењќонон буданд, бинобар ин, бо андешаи љавонбухороиён барномаи њизби эсерњо ба шароити Бухоро бештар мувофиќат менамуд. Дар натиља, бањори соли 1918 як гурўњи љавонбухороиён,бо сарварии Усмонхоља Пўлодхољаев, Ато Хољаев ва Корї Ѓулом аз њайати њизби љавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап њизби љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчиро бунёд намуданд. (Шарњи номи «эсерњо» њам «сотсиал-инќилобчї» мебошад). 7 июли соли 1918, баъди суиќасд ба љони сарвари Њокимияти Шўравї В.И.Ленин, њизби эсерони чап аз тарафи Давлати Шўравї мањв карда шуд. Ин воќеа ба тарафдорони туркистонї ва бухороии ин њизб низ бетаъсир намонд. Аниќтараш фаъолияти онњо низ манъ карда шуд. Дар натиља дар њайати њизби навбунёди љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчї боз људої ба амал омад. Њизби коммунистии Бухоро. 25 сентябри соли 1918 дар шањри Тошкент љамъомади 86 нафар собиќ аъзоёни њизби љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчї барпо гардид. Дар он њозирон ќарор карданд, ки онњо аз њайати њизб ва аз мавќеи эсерњои чап баромада, ба мавќеи њизби болшевикї мегузаранд ва њизби навро бо номи “Њизби љавонбухороиён - коммунистон-болшевикон” бунёд мекунанд. Дар њамон љамъомад кумитаи марказии њизби нав интихоб гардид, ки раисаш Азимљон Ёќубов (Ёќубзода) ва љонишинаш Муњаммад Ќулмуњаммадов ба њисоб мерафтанд. Њизб дар шањрњои Самарканд, Бухорои Нав, Бухорои Кўњна, Чорљўйи Нав, Каттаќўрѓон, Каркї ва дигар љойњо шўъбањои худро дошт. 23 октябри соли 1918 дар маљлиси навбатии кумитаи марказии њизби коммунистии Бухоро барномаи њизб ќабул карда шуд. Мувофиќи он њизб бояд: барои сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухоро ва бунёди љумњурии халќї; мусодираи замини амиру бекњо ва дар байни дењќонон таќсим намудани онњо; ба љои суди ќозигї љорї намудани суди интихобї; баробарњуќуќии њамаи миллатњо, занњо ва мардњо, озодии сухан, матбуот; таълиму табоботи бепул ва ѓайрањо мубориза мебурд. Ин барнома дар асоси барномаи њизби болшевикони Русия тартиб дода шуда буд. Минбаъд онро такмил доданд. Коммунистони Бухоро минбаъд ба корњои ташвиќотї диќќати љиддї дода, аз 28 июни соли 1920 аввал дар Тошкент, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рўзномаи худ “Кутулуш” (Озодї) сар карданд. Ин рўзнома њамчун рўзномаи љамъиятию сиёсї ва адабї, њафтае ду маротиба, ба забонњои узбекї ва тољикии форсї, то 3 њазор нусха нашр гардида, бепул пањн карда мешуд. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї ва нуќтањои фарќкунандаи барномаи онњо аз барномаи коммунистони Бухоро. Дар аввали соли 1920 вазъияти Њукумати Шўравии Русия нисбатан бењтар гирдид. Ќуввањои зиддишўравї асосан шикаст хўрданд. 2 феврали њамон сол хони Хева њам аз тарафи аскарони сурх сарнагун карда шуд ва ба љои он Љумњурии Халќии Шўравии Хоразм ба вуљуд омад. Баъд аз он аморати Бухоро дар Осиёи Миёна њамчун ягона такягоњи ќуввањои зиддишўравї монд. Вазъияти ба амаломада тамоми ќуввањои зиддиамириро, аз љумла ќисми боќимондаи љавонбухороиёнро низ ба љунбиш даровард. Зеро, як ќисми онњо агарчанде ЊК Бухороро ташкил дода ба он дохил шуданд, ќисми дигарашон худро ба канор гирифта, то ин лањза фаъолияти худро чандон нишон надодаанд. Аз љумла яке аз пешвоёни ин њаракат Ф.Хољаев ба Москва рафта, аз фаъолияти њизби љавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Инак, январи њамон сол ў аз Москва ба Тошкент омад ва њизби љавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Њизби нави љавонбухороиён номи њизби љавонбухороиёни инќилобчиро гирифт. Онњо интихоби КМ-и њизбро то конфронси худ мавкуф гузоштанд. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї барномаи худро дошт, ки он аз тарафи худи Ф. Хољаев тартиб дода шуда буд ва конфронси њизбї 14 июни соли 1920 онро ќабул намуд. Мувофиќи он њизб њамчун маќсад: барои сарнагун намудани тартиботи амирї ва барќарор кардани љумњурии халќї; барои баробарњуќуќии њамаи миллатњо мубориза мебурдааст. Дар барномаи њизб оиди масъалаи дин таъкид мешуд, ки “дин ва шариат ифодакунандаи њаќиќат ва њимоятгари камбаѓалон мебошад.” Бинобар ин њизб ният дошт дин ва шариатро ба муќобили њукуматдорони аморат ва капитализм истифода барад. Нисбати масъалаи замин њизби љавонбухороиёни инќилобчї ният дошт, замини дар ихтиёри амир, бекњо ва дигар истисморгарон бударо мусодира намуда, онњоро дар байни дењќононе, ки дар њамон заминњо кор мекарданд, таќсим намояд. Барои ба тарзи ќатъї њал намудани масъалаи замин онњо анљумани дењќононро даъват карданї буданд. Дар барнома, инчунин инкишофи саноат дар Бухоро, рўзи кори 8-соата, инкишофи илму фарњанг ва ѓайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиќи он таълим дар мактабњои ибтидої бояд ба забони њамон халќе љорї карда мешуд, ки он халќ дар он мањал аксариятро ташкил менамояд. Вале дар донишкадањои олї таълим бояд танњо ба “забони адабии туркї” љорї мегардид. Тољикон, дар барнома яке аз ќабилањои туркї њисоб карда мешуданд. Мувофиќи оинномаи њизб, барои аъзоёни гунањкор,љазои аз хориљ намудан аз њизб то љазои ќатл муайян карда шуда буд. Фарќияти љиддии барномаи њизби љавонбухороиёни инќилобчї аз барномаи ЊК Бухоро дар он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи ЊК(б) Русия тартиб ёфтааст ва аз ин рў худро ќисми таркибии ин њизб ва љумњурии ояндаи Бухороро њамчун ќисми таркибии љумњурии Туркистон њисоб мекард. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї бошад худро њизби мустаќил ва љумњурии ояндаи Бухороро низ мустаќил мешуморид. Такя ба дину шариат бошад, он ба љавонбухориёни инќилобчї имконият медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд. Зеро, ин нуќта дар барномаи коммунистон љой надошт. Баръакс, ба аќидаи пешвоёни ЊК Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбаѓалони шањру дењот инќилоби сотсиалистї имконпазир будааст. Бо аќидаи пешвоёни љавонбухороиёни инќилобчї бошад, инќилоби Бухоро, бояд инќилоби халќии демократї бошад, ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, њатто буржуазияи миёна ва хурд иштирок намоянд. Ба вуљуд омадани њизби љавонбухороиёни инќилобчї боиси норозигии сарварони ЊК Бухоро гардид. Турккомиссия њам аз ба вуљуд омадани њизби нав ќаноатманд набуд. Бинобар ин коммунистони бухорої ва Турккомиссия дар аввал бо њизби љавонбухороиёни инќилобчї њамкориро намехостанд. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї низ дар ќатори Тошкент ва Москва, инчунин дар худи аморат: дар Бухорои Кўњна, Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, Каркї, Шањрисабз ва дигар нуќтањо шўъбањои худро дошт. Онњо аз 15 апрели соли 1920 дар Тошкент ба нашри рўзномаи худ - “Учкун” (“Шарора”) сар карданд, ки он моње ду маротиба, ба миќдори 5 њазор нусха, ба забони узбекї нашр мешуд. Њамин тавр, дар арафаи сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ду њизби бухороиён вуљуд дошт. Мувофиќи баъзе маълумотњо, дар њамон лањза, њизби коммунистони Бухоро гўё 5 њазор нафар аъзо ва 20 њазор нафар хайрхоњон, њизби љавонбухороиёни инќилобчї-800 нафар аъзо ва 10 њазор нафар хайрхоњон доштаанд. Аммо дар байни худи ин ду њизб минбаъд њам иттифоќи мустањкам вуљуд надошт. Анљумани IV ЊК Бухоро (16-18 августи соли 1920 дар Чорљўйи Нав шуда гузашт) баъди бањсу мунозирањои зиёд бањри сарнагун намудани тартиботи амирї иттифоќу њамкории коммунистони Бухоро ва љавонбухороиёни инќилобчиро лозим шуморид. § 4. Сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) Омода намудани ќисмњои аскарони сурх барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ва иѓвои 2 июл. Тобистони соли 1920 дар назди фармондењи фронти Туркистон М.В.Фрунзе масъалаи Бухоро кўндаланг меистод. Зеро, он лањза сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро - вазифаи навбатии Њокимияти Шўравии Русия ба њисоб мерафт. Чунин сиёсатро муќобилони тартиботи амирї бо он асоснок мекарданд, ки аморати Бухоро дар самти љануб такягоњ ва макони асоситарини ќуввањои зиддишўравї гардидааст. Бо њамин сабаб, мувофиќи фармони М.В.Фрунзе, ќисмњои аз муњорибањо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон паи њам дар нуќтањои асосии аморат љойгир карда шуданд. Амири Бухоро Олимхонро бошад махсусан дар мањаллањои руснишини аморат - Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав љойгир намудани ќисмњои аскарони сурх ба воњима гузошт. Зеро, сарбозон ва навкарони аксаран машќи љангї надидаи ў, ки тахминан ба 13 њазор нафар мерасид, ба ќисмњои 70 њазор нафараи аскарони сурхи дар майдонњои љангї ба хубї обутобёфтаи фронти Туркистон муќобил истода наметавонистанд. Бинобар ин тобистони соли 1920 дар муносибати байни њукумати амирии Бухоро ва Њокимияти Шўравї каме бењтаршавї ба вуљуд омад. Аниќтараш њукумати амирї маљбур шуд, ки нисбат ба Давлати Шўравї муносибаташро бењтар намояд. Зеро, то ин ваќт амир ба ќуввањои зиддишўравии дохили Русия ва империалистони хориљї боварии калон дошт. Акнун, њамаи он умедњо барбод рафтанд, ќуввањои зиддишўравї шикаст хўрданд. Давлати Шўравї бошад, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар њамфикрони ў рўз аз рўз пурќувват мегардид. Илова бар њамаи ин ќисмњои аскарони сурх аллакай дар хоки Бухоро мавќеъ гирифта буданд! 2 июли соли 1920 аз Бухоро ба сўи Москва њайати намояндагии амир (сафорати фавќулодда) рањсипор гардиданд. Худи њамон рўз, баробари гусели он њайат дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноњое, ки танњо ба њукумати амирии Бухоро тааллуќ доштанд, аз он љумла резидентсияи худи амир, берозигии њукумати амирї, ќисмњои сурх љойгир карда шуданд. Сабаби ин иѓво чандон равшан набуд. Гуфтушунидњои дипломатї онро њал карда натавонист. Иѓвои 2 июл ќувввањои зиддишўравии Бухороро ба њаракат даровард. Бо талаби онњо амир 7 июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он, бањри муњофизати дини ислом ва шариат, њамаи мусулмонон ба муќобили Давлати Шўравї ба љанги муќаддас даъват карда мешуд. Фармондењи фронти Туркистон аз фиристодани он њайати намояндагии амир рози набуд, воќеоти дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо ба Москва аз будаш зиёдтар ва ба манфиати худ шарњ дода розигии сарварони њарбию њизбии Федератсияи Русияро барои оѓози њуљум ба Бухоро пурсид. Дар худи њамин моњ бо ташаббуси Турккомиссия, барои тайёр намудани инќилоби Бухоро Бюрои њарбии инќилобї ташкил карда шуд. Ба њайати он раиси КМ ЊК Бухоро Н. Њусаинав, раиси бюрои марказии њизби љавонбухороиёни инќилобчї - Ф. Хољаев ва дигарон дохил шуданд. 30 июл дар маљлиси бюро масъалаи дар шакли коалитсионї ташкил додани органи олии њукумати инќилобии Бухоро - Кумитаи Муваќќатии инќилобии Умумибухорої ва Шўрои Нозирони Халќї, њар кадом дорои 9 нафарї аъзо (аз љумла 6 нафарї аз ЊК Бухоро аз 3 нафари аз њизби љавонбухороиёни инќилобчї) дида шуд. Ба вазифаи раиси Кумитаи Муваќќатии инќилобии Умумибухорої коммунист - Ањмадљон Абдусаидов (Њамдї) ва ба раиси Шўрои Нозирони Халќї Ф. Хољаев тавсия гардиданд. 10 август ин масъаларо бори дигар дар маљлиси якљояи Турккомиссия, КМ ЊК Бухоро ва бюрои марказии њизби љавонбухороиёни инќилобчї дида, маъќул шумориданд. 10 август Бюрои сиёсии КМ ЊК(б) Русия низ љавобан ба хоњиши фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе оиди масъалаи Бухоро, ба Шўрои њарбии фронт дастур дод, ки мувофиќи он бо маќсади «муњофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» метавонистанд дар мањаллањои руснишини аморат ва дар мулкњои њамсарњади Бухоро ќуввањои зиёди њарбиро љойгир намоянд. Баъди ду рўзи тавсияи Бюрои сиёсии ЊК(б) Русия ва ташкили Кумитаи Муваќќатии инќилобии Умумибухороию Шўрои Нозирони Халќи Бухоро, яъне 12 август, соати 11.15 фармондењи фронти Туркистон М.Ф. Фрунзе иборат аз 14 банд, тањти раќами 3504 «Дастур ба ќўшунњои фронт оиди инќилоби Бухоро»-ро имзо кард. Мувофиќи он ќисмњои асосии ба муќобили сохти амирї нигарондашудаи аскрони сурх дар муддати кўтоњ аз 12 то 17 август, баробари љойгир намудани онњо дар нуќтањои муайяншуда, бояд пурра омодаи љанг мегардиданд. 23 августи соли 1920 дар дењаи Шакарбозор (каме дуртар аз Чорљўй) «шўриш» ба амал омад. Аз эњтимол дур нест, ки он бо супориши М.В. Фрунзе ташкил гардидааст. Дар он отряди туркманї бо сарварии Бешим Сардор иштирок кардаанд. Њангоми задухўрд 36 нафар амалдор ва сарбозони амир њалок гаридаанд. «Шўришгарон» дењаро ба даст дароварда, дар он љо Њокимияти Шўравиро эълон карданд. Вале ба дастгирии он «шўриш» на дар худи Чорљўйи Кўњна ва на дар дигар дењањои атрофи он ягон љунбише ба вуљуд наомад. Чунин хомўшї М.В. Фрунзе ва коммунистону љавонбухороиёни инќилбчиро водор намуд, ки мардуми Бухоро њанўз барои мубориза ба муќобили тартиботи амирї тайёр нестанд. 25 август маркази њарбї ташкил карда шуд, ки ба он намояндагон: аз Турккомиссия ва бюрои Туркистонии КМ ЊК(б) Русия - В.В. Куйбишев, аз ЊК Бухоро Н. Њусаинов ва аз бюрои марказии љавонбухороиёни инќилобчї - Ф. Хољаев дохил шуданд. Ин марказ бояд аз 28 август сар карда ба муќобили амир ва њукумати он сарварии «шўриши умумихалќии оммаи мењнаткашон»-ро ба ўњдаи худ мегирифт. Аммо амалан, дар рафти амалиётњои љангии муќобили сохти амирии Бухоро, ин марказ њељ коре накард. Зеро худи «шўриши умумихалќии оммаи мењнаткашон» ба вуљуд наомад. 25 август, соати 13.00 бо имзои фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва аъзои Шўрои њарбии фронт В.В. Куйбишев, тањти раќами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани кўмак ба мењнаткашони шўришбардоштаи Бухоро» бароварда шуд, ки он аз љињати моњият наќшаи асосии сарнагун намудани њукумати амирии Бухоро буда, дар ќатори дастури раќами 3504 (аз 12 август) аз љумлаи њуљљатњои муњимтарин ба њисоб меравад. Аз љумла, дар он таъкид мегардид, ки тамоми отрядњо ва ќисмњо бояд то шаби 28 августи соли љорї тайёрии њарбиро ба итмом расонида, гурўњи Бухорою Самарќандї шаби аз 28 - ба 29 август њаракати фаъолонаро сар кунанд. Аз отряди Чорљўйї бояд ќисмњои Кулмуњаммадовро ба Чорљўйи Кўњна фиристада, онро аз соати 4-и сањарии 29 август дер намонда, бо имдоди шўриши мардуми яроќнок ишѓол намоянд. Баробари гирифтани Чорљўйи Кўњна гурўњи Когонї бояд њуљумро барои ишѓоли Бухорои Кўњна сар мекард ва ѓайрањо. Њамин тавр ин њуљљати муњим аз он шањодат медињад, ки фармондењи фронти Туркистон пешакї, њанўз 25 август мўњлати оѓози амалиёти љангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро пурра ба ўњдаи худ гирифта буд. Ба воситаи бомбапартої вайрон намудани шањри бостонии Бухоро њам амри тасадуфї набуда, балки наќшаи пешакї ба њисоб мерафт. Аљибаш он аст, ки баъди 3 соату 40 даќиќаи имзои ин дастур, ки бо он фармондењони ќисмњои алоњидаи фронт барои гузаронидани амалиёти љангї аллакай вазифадор карда шуда буданд, яъне соати 16.40 фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ба сарфармондењи олии Федератсияи Русия маърўзаро «Дар бораи шиддат гирифтани вазъият дар Туркистон» фиристод. Дар он ў вазъи Бухороро тасвир намуда, аз љумла ќайд намудааст, ки «имконияти њалли масъала аллакай аз даст рафтааст. Њангоми кашолкории минбаъда, дар вазъи умумии носолим, хатари ба вуљуд омадани мураккабињои фавќулодда мешавад». Инак, 27 август, дер бошад њам М.В. Фрунзе барои сар кардани њуљум ба муќобили њукумати амирии Бухоро розигии сарфармондењи олии Федератсияи Русияро низ гирифт. Зеро, аз бањори соли 1919 сар карда сарфармондењи олї ба сарварони аскарони сурх барои дахолат ба масъалаи Бухоро розигї намедод. Акнун бошад, фармондењи фронти Туркистон - М.В. Фрунзе аз сарфармондењи олї чунин љавоб гирифт: «Ба муќобили ќўшунњои Бухоро мувофиќи вазъият амал кунед». 28 август бо фармони таъљилии штаби фронти Туркистон барои гузаронидани «Амалиёти Бухоро» се гурўњи асосї ташкил карда шуд, ки ба онњо бевосита худи М.В. Фрунзе сарварї мекард. Ин амалиёт њам бо забти Чорљўйи Кўњна оѓз мегардад. Забти Чорљўйи Кўњна ва Ќарокўл. Дар сурати дуруст истифода бурдани ќувваи дар ихтиёри Кулмуњаммадов буда, танњо он барои сарнагун намудани њокимияти бекии Чорљўй кифоягї мекард. Зеро, дар ќалъаи Чорљўйи Кўњна, дар ихтиёри бек њамагї то 260 нафар аскарони мусаллањ бо 2 тўп будаанду халос. Вале њалли масъалаи Чорљўй ранги дигар гирифт. Отрядњои мусаллањи мањаллї, ки таљрибаи шабона љангиданро надоштанд, бинобар ин ихтиёран дар наздикии ин ќалъа субњро интизорї мекашиданд. Чунин њолат сарварони гурўњи Чорљўйиро ба ташвиш гузошт. Онњо сарбозони мактаби бригадаи русии дар Чорљўйи Нав бударо ба амалиёт дароварданд. Шањри Чорљйи Кўњна баъди тирпарронињои кўтоњмуддат фатњ гардид, бек ва амалдорони масъули ў асир афтоданд. Дар байни ѓаниматњо аслињаи зиёд њам буд. Њангоми фатњи Чорљўйи Кўњна аз тарафи ќисмњои аскарони сурх ба онњо як ќисми ками аскарони бек муќобилият нишон дода, ќисми дигар ба њар тараф гурехтаанд. Дар Чорљўйи Кўњна Кумитаи муваќќатии инќилобї ташкил ёфт ва њокимият дар сарзамини бекигарї ба ихтиёри он гузашт. Сарвари он кўмита коммунист Бешим Сардор таъин гардид. Абдурањим Юсупов ва Њасан Алиев аъзоёни кўмита ба њисоб мерафтанд. Кўмитаи инќилобї ба мардуми Бухоро бо мурољиатнома баромад кард, ки ба сафњои аскарони сурх њамроњ шаванд ва исён бардоранд. Вале дар асл ба муќобили тартиботи амирї дар ягон гўшаи сарзамини Бухорои Марказї ва Ѓарбї њанўз њам шўриши њаќиќии мардумї ба вуќўъ наомада буд. То 1 сентябр аз тарафи ќисмњои аскарони сурх Ќарокўл, Бурдалик, Норазм, Хатирчї, Зиёуддин, Кармина, Китоб, Шањрисабз, Ѓузар, Ќаршї ва ѓайра забт карда шуд. Забти шањри Бухорои Кўњна. Мувофиќи дастури раќами 3667-и фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе, забти шањри Бухорои Кўњна пурра ба ўњдаи гурўњи Когонї гузошта шуда буд. Гурўњ баробари гирифтани хабари аз тарафи ќисмњои аскарони сурх забт гардидани Чорљўйи Кўњна, соати 500-и сањарии 29 август њуљумро ба сўи шањри Бухорои Кўњна ва ќароргоњи тобистонаи амир Ситораи Моњи Хоса сар кард. Дар худи њамон рўз аскарони сурх дењањои дар байни шањрњои Бухорои Кўњна ва Бухорои Нав (Когон) љойгирбуда, аз он љумла дењањои Работи Ќозї, Арбоб Раљаббой, Сафедмўй ва ѓайраро ба даст дароварда, ба шањри Бухорои Кўњна омада расиданд. Ба муќобили шањр, аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи њарбии муайяншуда, аз он љумла ёздањ адад аэропланњои бомбаандоз, тўпњои вазнини дурзан, поездњои зирењпўш ва ѓайра истифода гардиданд. Аллакай дар рўзи аввали љанг ба яке аз ќисмњои аскарони сурх муяссар гардид, ки сарбозони амирро думболагир намуда, њатто ба шањр дохил шаванд. Аммо дар даромадгоњи Бухорои Кўњна онњо ба муќобилияти сахт дучор шуда, маљбур шуданд, ки ќафо гарданд. Амалиёти љангї асосан дар самти дарвозаи Ќаршигии Бухорои Кўњна мегузашт. Роњ ба сўи Бухорои Нав (Когон) низ ба воситаи њамин дарвоза буд. Инчунин дар наздикии њамин дарвоза истгоњ ва нуќтаи охирини роњи оњани Бухорои Нав - Бухорои Кўњна воќеъ гардидааст. Дар амалиётњои аввалаи љангї барои забти Бухорои Кўњна, мувофиќи дастури фармондењи фронт, полки Шарќии мусулмонї дар нуќтаи асосї, яъне дар самти дарвозаи Ќаршигї мељангид. Зеро, ин полк, ки асосан аз тоторњою бошќирдњо иборат буд, дар њайати худ ихтиёриёни осиёимиёнагиро (агарчанде хело камшумор буданд, аз он љумла тољикону ўзбекњои бухороиро низ) дошт, барои дар миќёси байналхалќї рўпўш намудани амалиёти ќисмњои асосии аскарони сурх зарур буд. Вале ин полк ба њуљуми аскарони пиёда ва савораи амирї тоб наоварда, зуд ќафо гашт. Баъд аз ин полки номбурда аз мавќеи асосии љангї ба ќисми эњтиётї гузаронида шуд. Бинобар ин дар забти Бухорои Кўњна њам амалиёти љангї асосан дар байни ќисмњои аскарони сурх ва сарбозони амирї гузашт. 30 август амалиёти љангї барои ќисмњои аскарони сурх чандон муваффаќиятнок набуд. Баръакс, сарбозони амирї аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногањон баромада, ба ќисмњои алоњидаи аскарони сурх зарбаи ќатъї заданд. Дар натиља, дар худи ин рўз гурўњи Когонии аскарони сурх 25 нафарро талаф доданд. Инчунин аз онњо 30 нафар ярадор ва 60 нафар бедарак шуданд. Амалиёти љангии ин рўзро М.В. Фрунзе тањлил намуда эътироф кардааст, ки мањз «парвози аэропланњои фарсудашудаи мо, ки саворагони муќобилро ба гурехтан маљбур намуд, отрядро аз мањвшавї наљот дод». Амалиёти љангии 31 август њам бештар характери мавзеї (позитсионї) дошт. Ќисмњои аскарони сурх асосан техника-тўпњо ва аэропланњоро истифода бурданд. Вале матонати муњофизони шањри ќадим сарварони аскарони сурхро ба њайрат гузошта буд. Зеро онњо аз сўхтор ва вайронињои шањр нањаросида, бо ќурбонињои зиёд на танњо истодагарї карданд, балки мавќеи ќулайро пайдо намуда, ба њуљум низ гузаштанд. Дар натиља, дар худи ин рўз миќдори захмиён ва њалокшудагони ќисмњои аскарони сурх ба 138 нафар расид. Бояд таъкид намуд, ки љангњои серўзаи муњосиравии назди шањри Бухорои Кўњна ва чї амалиётњои љангии Чорљўйи Кўњна, Кармина, Зиёуддин, Ќаршї, Китоб, Шањрисабз, ва дигар нуќтањо асосан дар байни ќисмњои аскарони сурх ва сарбозони амирї мегузаштанд. Баъзан, дар баъзе нуќтањо њукуматдорони амирї аз њисоби мардум дастањои фидоиён ташкил карда бошанд њам, вале бо сабаби нарасидани аслиња он дастањо амал карда натавонистанд. Инчунин аскарони сурх низ аз мардуми мањаллї (њангоми амалиётњои љангї) ягон хел дастгириро эњсос накарданд. Ин њама амалиётњои љангї барои мардум гўё бефарќ буд. Аниќтараш онњо аз бештари нуќтањои љангї гурехта, ба љое пинњон шуданро афзалтар мешумориданд. Вале барои мардуми шањри Бухорои Кўњна чунин имконияти гурехтан њам набуд. Зеро шањри ќадима бо девори баландиаш 10 метра ва ѓафсиаш 5 метра пурра ињота карда шуда буд. Роњњои ба шањр даромадан ва баромадан танњо ба воситаи 11 дарвозаи шањр амалї мегардид. Дар рўзњои муњосира бошад тамоми дарвозањо мањкам буданд. Аз ин рў мардуми шањр гўё љои гурез надошт. Онњо ба таќдир тан дода, ё дар хонањои худ менишастанд, ё дар масљидњо гўё «паноњї» мебурданд. Дар натиља чунин «паноњиёфтагон» бо осонї њадафи тири тўп ва таркиши бомбањо мешуданд. Њангоми муњосираи шањри Бухорои Кўњна, махсусан рўзњои 30-31 август, аскарони сурх ба воситаи тўпњои дурзан, ки дар майдони назди дарвозаи Ќаршї љойгир карда шуда буданд, маркази шањрро тирборон кардаанд. Аэропланњо низ њар лањза ба шањр парвоз намуда, баробари бомбапартої, лётчикњои онњо оиди нуќтањои зарурї, ки бояд ба нишон гирифта мешуд, ба тўпчиён хабар медоданд. Инчунин, аз њамон майдон (назди тўпњо) њар лањза аэростати њавоиро боло бароварда, аз он ба воситаи дурбин нуќтањои заруриро ба нишон мегирифтанд. Дар дигар нуќтањои шањр бошад, њатто дар бозорчаи назди ин дарвоза, осори љанг чандон намоён набуд. Дар ин бора шоњид ва иштирокчии фаъоли муњосираи шањр, комиссари аскарони сурх Н.Д. Ратников чунин маълумот медињад: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Ќаршї ба амалиётњои љангї нигоњ накарда тиљорат дар ављ буд. Ман мушоњида накардам, ки ягон дўконе мањкам бошад, ё худ савдо накунад…. Тамоми мањсулотњои заруриро дар савдо гузоштаанд. Махсусан фаровонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонањо аз њисоби мардуми мањаллї ва аскарони сурх серодам буданд. Онњо дар катњо нишаста чойи кабўд менўшиданд ва чилим мекашиданд». Шоњид, боз лањзањои амалиёти љангии муњосираи шањрро ба хотир оварда, таъкид мекунад, ки сарбозони амир баъзан аз теппаи девори баланд камон гирифта ба сўи аскарони сурх тир мепаррониданд. Аммо, бо сабаби дурзан набудан ва кўњнагии камонњояшон тирњои онњо то ба аскарони сурх намерасид. Тири аскарони сурх бошад, бемалол ба нишон мерасид. Шаби аз 31 август ба 1 сентябр тамоми ќисмњои аскарони сурхро барои њуљуми ќатъи омода намуданд. Ба баталиони инљенерии Туркистонї фармон дода шуд, ки шабона аз наздикии дарвозаи Ќаршї девори шањрро тарконда, барои аскарони сурх гузаргоњ тайёр кунанд. Сањарии 1 сентябрь, соати 530 даќиќа таркише ва дар девори шањр гузаргоње ба амал омад. Он барои њуљуми умумии тамоми ќисмњои аскарони сурх чун сигнали асосї хизмат намуд. Бо тамоми тўпњо шањрро ба зери оташ гирифтанд. Аэропланњо ба бомбапартоии навбатї шурўъ карданд. Вале маълум гардид, ки барои дар рўзи 1 сентябр пурзўр намудани њуљум аз тарафи аскарони сурх ягон зарурияте набудааст. Зеро, шаби аз 31 август ба 1 сентябр амир Олимхон, бо наздикони худ ва тахминан њазор нафар посбонон, аз дарвозаи Самарќандї, ки аз тарафи полки 4-уми савораи аскарони сурх муњофизат карда мешуд, баромада, шањрро тарк намудааст. Аз ин хусус сарварони аскарони сурх аллакай хабардор буданд. Аммо, ба вазъияти нави бавуќўъомада нигоњ накарда, онњо нисбат ба рўзњои аввала шањрро зиёдтар ба зери тири тўбњо гирифтаанд ва бомбаборон намудаанд. Дар ин рўз зиёда Арки Бухоро бомбаборон карда шуд. Фоусек ном лётчик, ки дар бомбаборон кардани Бухорои Кўњна фаъолона иштирок намудааст, дар хотирањояш њамон лањзањоро бо завќ ба ёд оварда, чунин ќайд менамояд: «Дар назди мо вазифаи бомбаборон кардани ќасри амирро гузошта буданд». Барои ин «тамоми ќувваи њавої, ки то ин ваќт мислаш дар фронти Туркистон дида нашудааст, истифода гардид… Мо Бухороро бомбаборон кардем. Мо аморати кўњнаро вайрон кардем. Ситораи Моњи Хосаро њам бомбаборон кардем. Њар љое, ки аз он љо бўи амир меомад, бомбаборон кардем». Умуман, аз 29 август то 2 сентябр ёздањ адад аэропланњо барои забти Бухорои Кўњна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд вараќањои ташвиќотї партофтаанд. 2 сентябр, соати 10-и пагоњї Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Њамин тавр муњосираи панљрўзаи Бухорои Кўњна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи њамон рўз сарвари фронти Туркистон М.В.Фрунзе, аз Самарќанд ба Москва, бо мазмуни зайл бирќия (телеграмма) фиристод: «Ќалъаи Бухорои Кўњна бо љидду љањди якљояи ќисмњои сурхи Бухоро ва ќисмњои мо имрўз бо штурм гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «љидду љањди» ќисмњои сурхи Бухоро дида нашуд. Зеро, дар амал чунин ќисмњо набуд. Яъне амалиёт, чуноне аллакай ќайд намудем, асосан аз тарафи аскарони сурх иљро гардид. Шањри Бухорои Кўњна баъди забтшавї ба назар хело воњимаангез менамуд. Ин шањр аз замони забткории муѓулњо чунин сўхтору вайронї ва рехтани хуни одамиро надида буд. Алангаи сўхтори шањр 20 рўз давом кардааст. Дар натиља 34 гузар, зиёда аз њазор хонањо сўхта вайрон шудаанд. Дар худи Арк тахминан 100 хона сўхта валонгор шудааст. Арки Бухоро мањз аз бомбањои партофташуда хело хароб гардида буд. Мењмонхонаи Рањимхонии Арк, ки чун љои ќабулгоњи амирон, яке аз биноњои зеботарини шањр ба њисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Дар гузарњо ва њавлињои харобгардида мурдањои зиёди чандрўза воњиманокии шањрро дучанд менамуданд. 2-3 сентябр шањриён барои гўронидани ќурбоншудагон сафарбар карда шуданд. Аксари онњо дар натиљаи таркиши тири тўпњои аскарони сурх ва таркиши бомбањо њалок гардидаанд. Дар байни фавтидагон инчунин шахсоне низ буданд, ки онњо нисбати тартиботи иртиљоии амирї нафрат доштанду дар њабсхонањои он буданд ва дар рўзњои муњосираи шањр аз тарафи љаллодони амир ќатл карда шуданд. Дар шањри Бухорои Кўњна илова ба њамаи фољеањо торољгарї низ хело ављ гирифта буд. Аз молу мулки мардум то хазинаи амир, њатто либосу аслињањои аз амир боќї монда, њама ба торољ кашида шуд. Дар ин амалиёт баъзе ќисмњои аскарони сурх, ки ба шањр дохил шуданд, махсусан фаъол буданд. Ин њама то ба М.В. Фрунзе низ маълум гардид. Бинобар ин ў 5 сентябр супориш дод, ки тамоми аскарони сурх ва шахсони мансабдор бояд тилло, нуќра ва дигар боигарињои дар сарзамини аморати Бухоро гирифтаашонро ба намояндаи шўрои њарбии инќилобии фронти Туркистон Василев супоранд. Дар натиља ќариб тамоми боигарии хазинаи амир Олимхон, ки дар тањхонањои Арки Бухорои Кўњна буд, ба ихтиёри аскарони сурх ѓанимат афтод. Чуноне таъкид намудем, ба назорати ќатъии аскарони сурх нигоњ накарда, амир Олимхон барои аз шањри Бухорои Кўњна баромада гурехтан мушарраф гардид. Вай ба ќасри тобистонаи худ - Ситораи Моњи Хоса омада, 1 сентябр, ба воситаи Вобкент, роњи Ѓиждувонро пеш гирифта, шабро дар Ѓиждувон, дар хонаи Абдулло-бойбача ном яке аз махсусони худ гузаронидааст. Сањарии рўзи дигар, яъне 2 сентябр, вай Ѓиждувонро тарк намуда, аз байни дењањои Соктаре ва Ѓиштї дарёи Зарафшонро гузашта, ба сўи Бухорои Шарќї рафтааст. Дар худи ин рўз Вобкент, Пирмаст, Ѓиждувон ва Ќизилтеппа њам ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Дар ин нуќтањо низ бо ташаббуси аскарони сурх кумитањои инќилобї ташкил карда шуд ва онњо њокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз нуќтањои номбурда, танњо дар наздикии Ѓиждувон (байни Ѓиждувон ва Ќизилтеппа) каме муњорибаи байни аскарони сурх ва сарбозони амирї ба амал омаду халос. Нуќтањои боќимонда бемуњориба ба ихтиёри аскарони сурх гузаштанд. Инчунин барои ба дигар нуќтањои муњими ањолинишин, аз љумла ба маркази туманњои Рометан, Зандане, Шофирком, Варзанзе ва ѓайра њаракат намудани ќисмњои аскарони сурх зарурият намонд. Зеро, дар ин нуќтањо сарбозони амирї набуданд. Аз ин рў, минбаъд, дар мањалњои номбурда, ба тарзи осоишта кумитањои инќилобиро бунёд намуда, њокимиятро ба ихтиёри онњо супоридаанд. Аз љумла чунин кумитањои инќилобї 11 сентябр дар Шофирком, 29 сентябр дар Зиндане ба вуљуд омадаанд. Њамин тавр то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Марказї (Ѓарбї) тартиботи амирї барњам дода шуд ва њокимият ба ихтиёри кумитањои инќилобї гузашт. Баъди аз тарафи аскарони сурх забт намудани шањри Бухорои Кўњна ба ин љо аз Бухорои Нав (Когон) њукумати њанўз пештар ташкил додашудаи Бухоро, бо сарварии Ф. Хољаев кўчида омад. Ў дар њамин лањза на танњо вазифаи раиси Шўрои Нозирони Халќии Бухороро иљро мекард (ин вазифа њанўз пештар насиби ў гардида буд), балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инќилобї, ё худ Кумитаи Инќилобии Умумибухороиро низ ба ўњда дошт. Зеро Ањмадљон Абдусаидов (Њамдї), ки пештар ба ин вазифа пешнињод шуда буд, дар рўзњои муњосираи шањри Бухорои Кўњна барои ба муќобили ин шањри кўњна истифода бурдани тўпњои дурзан ва бомбаборон намудани он розигї надодааст. Бинобар ин ўро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи Инќилобии Умумибухороиро низ муваќќатан ба ўњдаи Ф. Хољаев гузоштанд. Баробари сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухорои Кўњна, Кумитаи Инќилоби Умумибухорої манифесте бароварда, Бухороро Љумњурии Шўравї эълон намуд. Вале вазъият дар шањри Бухорои Кўњна њамоно мураккаб буд. Дуздию ѓоратгарї ва сўхтору кушокушї њанўз идома дошт. Бо маќсади бартараф намудани њамаи ин оќибатњои манфї, њанўз 4 сентябри соли 1920 дар шањри Бухорои Кўњна њолати фаќулоддаро љорї карда, Комиссияи фавќулодда (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани бехатарии шањриён инчунин иборат аз се њазор нафар милитсияи халќї ташкил карда шуд. |