Главная страница
Навигация по странице:

  • Ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии февралї (соли 1917) дар Петроград.

  • Барњам додани тартиботи подшоњї дар њудуди кишвари Туркистон. Шўроњо ва иттифоќњо.

  • Шўрои исломия ва Шўрои уламо.

  • Фаъолияти њизбњои сиёсї.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница27 из 57
    1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   57
    §1. Ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии февралї (соли 1917) дар Русия ва натиљањои он барои мардуми кишвари Туркистон
    Ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии февралї (соли 1917) дар Петроград. Иштироки њукумати подшоњии Русия дар љанги якуми љањон вазъияти иќтисодию сиёсии мамлакатро хело вазнин намуд. Љанги тўлонї хољагии халќи мамлакатро хароб кард. Беќурбшавии пул, гаронии нархњо, гуруснагї ва зиёдшавии ќашшоќии мардум њаќиќати њоли давр гардида буд. Ин њолатњо охири соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инќилобиро ба вуљуд овард. Ин дафъа, махсусан фаъол будани халќи мазлум зиёда эњсос мегардид. Нооромї на танњо дар корхонањои саноатї ва хољагии ќишлоќ, балки дар фронтњо њам ба вуљуд омад. Пешсафи њаракати инќилобї коргарони пойтахти Русия – шањри Петроград (њозира Санкт-Петербург) ба њисоб мерафтанд.

    Дар Русия, дар арафаи инќилоби февралї 10 њизбњои сиёсии марказї вуљуд доштанд, ки ќариб њамаашон дар гўшаю канори империя, аз љумла дар кишвари Туркистон њам фаъолият мекарданд. Аз онњо 5 њизбњои буржуазї ва помешикї: иттифоќи халќи рус, натсионалистњо, октябристњо, прогрессистњо ва кадетњо тарафдори нигоњ доштани мутлаќият (ќисмашон тарафдори бо баъзе таѓйиротњо дар он), 5 њизбњои боќимонда: трудовикњо, сотсиалистони халќї, эсерњо, меншевикњо ва болшевикњо тарафдори барњам додани мутлаќият буданд. Ба љои мутлаќият болшевикњо бунёди љумњурии демократї, њизбњои боќимонда бошанд љумњурии буржуазиро мехостанд.

    17 феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шањри Петроград – заводи Путилов корпартої ба амал омад. 23 феврал (8 март) онњо аввалин шуда ба маркази шањр ба намоиш баромаданд. Ба онњо коргарони заводњои дигар низ њамроњ гардиданд. Шиори намоишчиён: “Нон!”, “Нест бод љанг!”, “Нест бод мутлаќият!” буд. 25-26 феврал дар кўчањои шањр задухўрдњо бо политсия ба амал омад. Намоиш ба шўриши яроќнок табдил ёфта ба зудї тамоми шањрро фаро гирифт. Ќисме аз аскарони гарнизони шањр њам ба тарафи шўришчиён гузаштанд. 27 феврал шањр пурра дар ихтиёри шўришчиён буд.

    Дар байни шўришгарон нуфузи њизбњои болшевикї, меншевикї ва эсерї зиёд буд ва онњо дар рафти шўриш роли роњбарикунандаро мебозиданд. Меншевикњо ва эсерњо муќобили васеъ гардидани амалиётњои инќилобї буданд. Чунин њолро сарварони ин њизбњо барои мамлакат аз љињати иќтисодї зараровар ва аз љињати сиёсї хатарнок њисоб мекарданд. Онњо интизори њар чї зудтар аз тахт даст кашидани подшоњ буданд. Аммо болшевикон бошанд шўришгаронро ба муборизањои боз њам шадиди инќилобї даъват карда, њар чї зудтар сарнагун намудани мутлаќият ва ба љои он бунёди њукумати муваќќатии инќилобиро мехостанд.

    Њанўз дар оѓози шўриш, бо ташаббуси коргарон ва аскарони инќилобї кумитањо бунёд гардиданд, ки дар рафти инќилоб онњо ба Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон табдил меёфтанд. Њамон шаби 27 феврал ба ќасри Тавричи шањри Петроград аввалин намояндагони интихобшудаи коргарон ва аскарон њозир шуданд. Ташаббусро дар ин Шўроњо намояндагони њизбњои меншевикон ва эсерон ба дасти худ гирифтанд.

    Худи њамон рўзи 27 –уми феврал аъзоёни Думмаи давлатии Русия, бо дастгирии њизбњои буржуазї ва помешикї, бо маќсади дар пойтахт љорї намудани тартибот Кумитаи Муваќќатиро интихоб намуданд. Ин кумита њанўз маќсади гирифтани њукуматро надошт. Вале он ба фронт, ба назди подшоњ Николаи II, њайати намояндагї фиристода, аз ў хоњиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтњо низ дастгирї намуданд. Дар натиља, он рўз подшоњ манифестеро имзо намуд, ки мувофиќи он ў аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз њокимият даст мекашид.

    Њамин тавр, 27 феврали соли 1917 дар Русия њукумати подшоњї, яъне мутлаќият сарнагун гардид. Вале шўриш дар шањри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваќќатии Думмаи давлатиро ба воњима гузошт. Сарварони кумита маљбур шуданд, ки бо сарварони Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарони шањри Петроград, яъне роњбарони њизбњои меншевикон ва эсерњо музокира намоянд. Дар натиљаи гуфтушунидњо сарварони меншевикон ва эсерњо, аз номи Шўроњо розигї доданд, ки аз тарафи Кумитаи Муваќќатии Думмаи давлатї барои идоракунии мамлакат Њукумати Муваќќатї ташкил карда шавад. Вале худи сарварони меншевикон ва эсерњо барои бевосита дар чунин њукумат иштирок намудан розї нашуданд.

    2 марти соли 1917 дар асоси шартномаи байни Кумитаи Муваќќатии Думмаи давлатї ва сарварони Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г. Е. Лвов, Њукумати Муваќќатї ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Њукумати Муваќќатии буржуазї њам маълум аст. Бо њамин дар Русия инќилоби навбатї, яъне инќилоби дуюми буржуазию демократї бо ѓалаба анљом ёфт. Он мутлаќиятро, ки њамчун нишонаи љамъияти феодалї ба њисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуњокимиятї – Њукумати Муваќќатї ва Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шўришгарон дар симои Шўроњо њокимияти асосии худро медиданд ва фаќат аз рўи дастурњои он амал мекарданд. Сарварони Шўроњо бошанд, яъне меншевикон ва эсерњо мегуфтанд, ки ин инќилоб – инќилоби буржуазию демократї аст, бинобар ин њокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Њукумати Муваќќатии буржуазї, ки чун њукумати расмї ба њисоб мерафт, дар назди инќилобчиён – коргарон ва аскарон њанўз обрў ва эътиборе надошт. Аз њамин сабаб њам дар Русия то воќеањои июлии соли 1917 дуњокимиятї мављудияти худро нигоњ дошт.

    Барњам додани тартиботи подшоњї дар њудуди кишвари Туркистон. Шўроњо ва иттифоќњо. Чун дар маркази империяи Русия–шањри Петроград, дар гўшаю канори он, аз љумла дар кишвари Туркистон њам дуњокимиятї, яъне намояндагии њукумати муваќќатии буржуазї ва Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд. 1 марти соли 1917 хабари ѓалабаи инќилоби февралї дар Петроград то ба Тошкент омада расид. Аммо бо тавсияи генерал-губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони њукумати подшоњї ин хабарро аз мардум пинњон нигоњ доштанд. Танњо 3-уми март, бо омада расидани рўзномањо, ки аз ѓалабаи инќилоб ва сарнагун кардани мутлаќият хабар медоданд, мардум аз њаќиќат воќиф гардид. Дар шањрњои гуногуни кишвари Туркистон љамъомаду гирдињамоињо барпо гардиданд, ки дар онњо Шўроњои намояндагии соњањои гуногун интихоб карда шудаанд.

    Њанўз 2 март дар Тошкент, бо ташаббуси коргарони устохонаи асосии роњи оњани Осиёимиёнагї, гирдињамоии серодаме љамъ омад. Дар он њозирон якдилона Шўрои намояндагии коргаронро дар њайати 12 нафар интихоб намуданд. 3 март Шўрои намояндагии коргарони Тошкент аз њисоби њайати намояндагии заводњо, корхонањо ва гурўњњои сотсиал - демократї ташкил карда шуд. Дар он, чун дар дигар шўроњои минбаъдаи Осиёимиёнагї, аксариятро меншевикон ва эсерон (тахминан аз се ду њиссаро) ташкил мекарданд. Танњо аз се як њиссаи боќимонда болшевикон буданд. Сарвари Шўрои намояндагии коргарони Тошкент меншевик И. И. Белков интихоб гардид.

    2 ва 3 март дар ќисмњои гуногуни гарнизони њарбии шањри Тошкент љамъомадњо барпо гардида, дар онњо аскарон кумитањои худро интихоб намуданд. 5 март аз њисоби намояндагии интихобшудагон Шўрои намояндагии аскарони Тошкент ташкил ёфт.

    Моњи марти соли 1917, дар баробари Тошкент боз дар дигар шањрњои калонтарини кишвари Туркистон – Самарќанд, Хуљанд, Андиљон, Скобелев ва ѓайрањо, инчунин дар кони нефти САНТО, кони ангишти Кизил-кия, аз мањаллањои руснишини аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон) Шўроњо ба вуљуд омаданд. Охири моњи марти соли 1917 Шўрои намояндагии коргарони Тошкент бо Шўрои намояндагии аскарон муттањид гардид ва минбаъд чунин муттањидшавї дар тамоми кишвари Туркистон ба амал омад.

    Шикастани тартиботи њукумати подшоњї дар шароити кишвари Туркистон, на аз барњам додани њукумати марказї, чун дар худи империяи Русия, балки аз ташкил намудани њукуматњои мањалї оѓоз ёфт. Њанўз 6 марти соли 1917 дар Тошкент, бо ташаббуси Думмаи шањрї маљлиси ташкилотњои гуногуни љамъиятї барпо гардид ва дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иљроияи муваќќатиро интихоб намуданд, ки он идоракунии шањрро ба ихтиёри худ гирифт. Ба он намояндагони сармоядорон, зиёиён, амалдорон ва ѓайра, аз љумла панљ нафар намояндагони Шўроњои коргарї дохил шуданд. Дар Самарќанд Кумитаи иљроияи бехатарии љамъиятї ташкил карда шуд, ки дар он амалдорон, адвокатњо, афсарон (офитсерон), бойњои мањаллї, меншевикњо, эсерњо ва ѓайра дохил шуданд.

    Таѓйиротњое, ки дар соњаи идоракунї дар маркази генерал-губернаторї ва вилоятњо ба амал омаданд, ба марказњои уездњо низ таъсири худро расониданд. 21 марти соли 1917 дар Хуљанд, бо талаби Шўрои шањрї сарвари уезд Арсишевский аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармњоро аз шањр бароварданд. Бо ќарори Шўро муњофизати шањрро аскарони гарнизони шањрї ба ўњдаи худ гирифтанд. Минбаъд бо ташкил додани милитсия муњофизати шањр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иљроияи Њукумати Муваќќатї гузашт, ки он бо кўмаки Шўрои шањрии Хуљанд бунёд гардид. Кумиљроияи Хуљанд аз 36 нафар аъзо иборат буд, ки ба њайати он аъзоёни Шўро низ дохил шуданд. Ба он дар ќатори амалдорони подшоњї, инчунин намояндагони сармоядорон њам буданд.

    Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин њанўз дар сари ќудрат буд. Ў ваъзиятро ба инобат гирифта худро намояндаи Њукумати Муваќќатї эълон кард. Вай аз амалдорони вилоятию уездї ва волостї талаб намуд, ки ќарорњои њукумати навро бе ягон мамоният амалї гардонанд. Вале сарварони Шўроњо ба садоќати худи Куропаткин нисбат ба режими нав шубња доштанд. 28 марти соли 1917 дар маљлиси муттањидаи Шўрои намояндагони коргарон ва аскарон, дар ќатори дигар масъалањо фаъолияти генерал-губернатор низ муњокима гардид. Махсусан ќарори ў оиди мусаллањ намудани мардуми русзабон, ки аввали њамон моњ бањри муњофизати мансаби худ аз хуруљи мардуми мањаллї бароварда буд, њамчун амалиёти иѓвогарона мањкум гардид. Он маљлис чунин ќарорро бекор намуда, фармуд, ки аслињаи таќсимшуда њарчи зудтар баргардонида шавад.

    30 марти соли 1917 дар маљлиси васеи Шўроњои муттањидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошкент, масъалаи аз вазифа озод намудани генерал-губернатор Куропаткинро муњокима намуданд. Дар он ќарор ќабул карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Њукумати Муваќќатї Куропаткин бо ёрдамчиаш – генерал Ерофеев ва сардори штаби округ – генерал Сиверс ба њабси хонагї гирифта шаванд. Ин ќарор 31 март амалї гардид. Худи он рўз ба вазифаи сарварии ќуввањои њарбии округ коменданти шањр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7 апрели соли 1917, мувофиќи ќарори Њукумати Муваќќатї иборат аз 9 нафар Кумитаи Туркистонї, бо сарварии кадет Шепкин ташкил ёфт. Ин кумита бояд ќарорњои Њукумати Муваќќатиро дар тамоми Осиёи Миёна (аз љумла дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ) амалї мекард.

    Ташкил намудани Шўроњо дар кишвари Туркистон минбаъд њам, дар шаклњои гуногун давом дошт. Мувофиќи ќарори Њукумати Муваќќатии Русия аз 5 майи соли 1917, танњо охири моњи май ва аввали июни њамон сол зиёда аз 100 њазор нафар коргарони соли 1916 аз кишвари Туркистон ба корњои аќибгоњи фронт маљбуран фиристодашуда, ба манзилашон баргаштанд. Бо ташаббуси онњо дар шањру ноњияњои гуногуни кишвар, њамчун ташкилоти интихобии онњо-Шўрои намояндагии мардикорон ташкил ёфт. Аз љумла, 25 май дар майдони бозори Чоршанбеи шањри Хуљанд љамъомади мардикорони шањр ва атрофи он барпо гардид. Дар он Шўрои намояндагии мардикорони шањр интихоб шуд. Ба њайати садорати он Љўра Зокиров, Абдуќодир Рањимбоев, Њайдар Усмонов, Рањимбердї Эгамбердиев, Љўра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд.

    Дар шањрњои људогонаи кишвари Туркистон боз “Иттифоќњо” –и гуногун ба вуљуд омада, амал мекарданд. Аз љумла, њанўз моњи марти соли 1917 дар Самарќанд “Клуби исломия” ба вуљуд омад. Яке аз ташкилкунандагони он М. Бењбудї ба њисоб мерафт. Аммо 15 апрели њамон сол, ихтилофњои дохилї боиси ќатъ гардидани фаъолияти он кумита гардид. Дар арафаи ин воќеа ќисми фаъоли он (ба он ќисм М. Бењбудї низ њамроњ буд) ташкилоти коргарони мусулмонро бунёд намуданд, ки баъдтар номи “Иттифоќ” –ро гирифт. 16 апрели соли 1917 онњо органи чопии худ – рўзномаи “Њуррият” –ро бароварданд. Дар нашри он М. Бењбудї, А. Фитрат (аз 25 июли соли 1917 муњаррири калони он) мавќеи асосиро бозидаанд. Дар сањифањои рўзнома бештар аќидањои маорифпарварї, махсусан ањамияти мактабњои усули нав чоп мешуд. Моњи марти соли 1917 дар Хуљанд бо роњбарии Е. А. Иванитский “Иттифоќи коргарони рус” ба вуљуд омад ва он коргарони русу русзабони шањрро, ки дар истгоњњои роњи оњани Хуљанду Драгомирово, заводњои пахта ва равѓани уезд кор мекарданд, муттањид кард.

    Моњњои май-июли соли 1917 дар Тошкент, Самарќанд, Ќўќанд, Хуљанд, Андиљон ва дигар шањрњо “Иттифоќи мењнаткашони мусулмон” ба вуљуд омаданд. Онњо дар кори муттањиду муташаккил кардани мехнаткашони миллатњои мањаллї ва ба њаёти сиёсї љалб намудани онњо роли калон бозиданд. Баъди Инќилоби Октябр ин иттифоќњо бо Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон муттањид шуданд.

    Дар баробари Шўроњо ва Иттифоќњои номбурда, дар шањрњои гуногуни кишвари Туркистон, аз рўи касбњо Иттифоќњои ба соњаи худашон хос: Иттифоќи коргарони бинокори мусулмон, Иттифоќи оњангарон, Иттифоќи њунармандон, Иттифоќи косибон, Иттифоќи коргарон, Иттифоќи савдогарони хурд ва ѓайрањо ба вуљуд омаданд.

    Шўрои исломия ва Шўрои уламо. Дар шароити кишвари Туркистон Шўрои исломия яке аз ташкилотњои сернуфуз ба њисоб мерафт. Он 9 марти соли 1917 дар шањри Тошкент ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварќорї Абдурашидов буд, ки ў дар марњилаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварї намудааст. Бо њамроњии вай боз намояндагони зиёиён: Мустафо Чокаев (хатмкунандаи шўъбаи њуќуќшиносии донишгоњи Петроград) ва Абдулвоњидќорї; намояндагони буржуазияи миллї: Миркомил Мўъминбоев, Ањмадхон (Ањмадбек) Темирбеков ва дигарон аз љумлаи ташкилкунандагони Шўрои исломия буданд. Худи њамон моњ шўъбањои он ќариб дар тамоми шањрњои кишвари Туркистон ва њатто мањаллањои руснишини аморати Бухоро ташкил шудаанд. Ба Шўрои исломия намояндагони зиёиёни миллї, аз љумла љадидон, буржуазияи нав ташкилшудаистодаи миллї, рўњониёни мусулмон, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, њунармандон ва дењќонони мањаллї дохил мешуданд.

    Шўрои исломия дар њайати Русия аз љињати миллї ва динї мухтор будани кишвари Туркистонро мехост, тарафдори нисбат ба замин нигоњ доштани моликияти хусусї буд. Љадидони кишвари Туркистон баробари ташкил ёфтани Шўрои исломия фаъолияти худро ба он пайваст намуданд.

    16-23 апрели соли 1917 дар Тошкент анљумани аввалини Шўрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шўъбањои Шўро иштирок доштанд. Анљуман ќарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз љињати сиёсию маданї, чун кишвари мухтор ва мустаќил бошад. Анљуман Њукумати Муваќќатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъќул шуморид. Дар анљуман Шўрои кишварии мусулмонони Туркистон дар њайати М. К. Абдурашидов, М. Чокаев, М Бењбудї ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар њайати сарварони Шўрои исломия якдилї вуљуд надошт. Муборизаи гурўњњо барои ба даст даровардани сарварии шўро мушоњида мешуд. Махсусан намояндагони рўњониён аз фаъолияти он чандон ќаноатманд набуданд. Зеро, онњо мехостанд, ки шўро танњо дар асоси талабњои Ќуръони Шариф ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти шўроро дар зери назорати худ гирифтанї буданд, то ин ки шўро бояд аз рўи наќшаи онњо амал кунад. Аммо аксарияти аъзоёни Шўрои исломия Ќуръони Шариф ва шариатро муќаддас њисоб кунанд њам, вале кори Шўроро мувофиќи талаботи замон пеш бурданї буданд. Дар натиља намояндагони рўњониён аз амалї гардидани маќсадњои худ ноумед шуда, моњи июни њамон сол аз њайати Шўрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустакили худро бо номи Шўрои уламо бунёд карданд.

    Ба Шўрои уламо намояндагони рўњониён, заминдорони калон, ќисман зиёиён, умуман онњое, ки маќоми динро дар њаёти љамъиятию сиёсї баланд бардоштанї ва асосњои шариатро пурра љорї кардани буданд, дохил гардиданд. 17-20 сентябри соли 1917 онњо низ дар шањри Тошкент ба анљумани худ љамъ омаданд. Дар он ќарор карда шуд, ки шўъбањои шўроро дар њама шањрњои кишвари Туркистон бунёд намоянд.

    Шўрои исломия ва Шўрои уламо оиди таќдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан њамфикр буданд. Яъне иттифоќан онњо мухторияти маданию сиёсии кишварро тарафдорї мекарданд.

    Фаъолияти њизбњои сиёсї. Ѓалабаи инќилоби февралї дар аввал ба фаъолияти њизбњои худи Русия такони љиддї дод. Махсусан он њизбњое, ки тарафдори сарнагун кардани мутлаќият буданд, ба мисли болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халќї ва трудовикњо, аз натиљаи инќилоб асосан ќаноатманд буданд. Акнун онњо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиќ менамуданд. Аз љумла болшевикон дар шароити худи Русия аз фаъолияти пинњонкорї баромада, бо сарварии асосгузори њизби худ В. И. Ленин, барои ба тарзи осоишта ба инќилоби сотсиалистї табдил додани инќилоби буржуазию демократї тайёрї медиданд. Ин маќсад дар тезисњои апрелии (соли 1917) В. И. Ленин њамчун њуљљати барномавї пешнињод гардид. Дар асоси он болшевикон бояд тамоми чорањоро барои њарчї тезтар ба ихтиёри Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани њокимият медиданд.

    Мањз њамин гуна вазифа болшевиконро минбаъд аз њамкорї бо меншевикон боз њам људо кард. Зеро, чуноне дар боло ќайд кардем, меншевикон якљоя бо эсерон дар Шўроњои марказии Русия аксариятро ташкил карда, ба фоидаи буржуазия, аз гирифтани њокимият даст кашиданд. Акнун чї болшевикон ва чї меншевикон аз фаъолияти пинњонкорї ба амалиёти рўйрост гузашта, дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократї буданд. Аммо дар шањрњои марказии Русия њар кадоми онњо бо роњњои гуногун кор мебурданд. Дар шароити кишвари Туркистон њам дар арафа ва рўзњои инќилоби февралї болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотњои ягонаи сотсиал-демократї, албатта пинњонї, амал мекарданд. Назар ба марказ људоии байни болшевикон ва меншевикон дар ин љо бо зудї ба амал наомад. Ба ѓайр аз ин чї болшевикон ва чї меншивикони кишвар чандон маќсади људогона амал карданро њам надоштаанд. Махсусан меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, маќсади ягона нигоњ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштаанд.

    Аввали моњи июли соли 1917 дар Петроград Њукумати Муваќќатї намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуњокомиятї дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин људоии байни болшевикон ва меншевикон чї дар марказ ва чї дар канор, аз он љумла дар кишвари Туркистон, боз њам чуќуртар шуд. Як ќисми меншевикњо мавќеи ростро ишѓол карда, бо њизбњои буржуазї наздик шуданд ва муќобили болшевикон буданд. Ќисми дигари меншевикон, мавќеи чапро ишѓол намуда (онњоро меншевикони интернасионалист њам мегўянд), бо болшевикон нисбатан наздик шуданд.

    Њизби эсерњо бошад дар кишвари Туркистон, баъди сотсиал-демократњо, аз њизбњои бонуфузтарини марказї ба њисоб мерафт. Он солњои 1907-1910 ба парокандагї дучор шуда, баъди инќилоби февралии соли 1917 фаъолияти худро, аз љумла дар кишвари Туркистон, аз сари нав оѓоз намуд ва то июл-августи он сол бо меншевикон якљоя амал кард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерњо дар Шўроњо аксариятро ташкил медоданд.

    Эсерњо ба ќанотњои чап ва рост таќсим шуда буданд. Дар бисёр шањрњои кишвар: Самарќанд, Ќўќанд, Бухорои Нав, Хуљанд ва ѓайра нуфузи эсерони чап бештар назаррас буд. Онњо сиёсати нисбат ба дењќонон номаълуми Њукумати Муваќќатиро ба зери танќид мегирифтанд, созишкории ин њукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавќеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократњо наздик менамуд. Эсерњои рост бошанд, баръакс сиёсати Њукумати Муваќќатии буржуазиро аз њар љињат тарафдорї мекарданд.

    Аз њизбњои сернуфузи буржуазию помешикии марказї-њизби кадетњо ба њисоб мерафт, ки он дар шањрњои гуногуни Осиёи Миёна аз солњои 1905-1907 амал мекард. Ин њизб дар кишвари Туркистон гузаронидани ягон хел таѓйироти љиддиро намехост. Зеро, кадетњо тарафдори бетаѓйир нигоњ доштани сарњади њамонваќтаи империяи Русия буданд. Дар мањалњо, аз љумла ташкилоти ќўќандии ин њизб, танњо баъзе гузаштњои маданї, аз љумла оиди истифодаи озодонаи забонњоро пешнињод мекард. Ин гуна мавќеи кадетњо дар байни зиёиён ва намояндагони буржуазияи миллї, ки тарафдори мухторияти кишвар буданд, њамовозї пайдо накард.
    1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   57


    написать администратору сайта