Главная страница
Навигация по странице:

  • Љунбишњои мардумї дар аморати Бухоро. Шўриши Восеъ.

  • § 7. Ављ гирифтани шўришњои зиддимустамликавї дар кишвари Туркистон Сабабњои ба амал омадани шўришњои зиддимустамликавї.

  • Исёни вабо.

  • Шўриши соли 1898 дар Андиљон.

  • § 8. Инќилоби якуми буржуазию демократии Русия ва таъсири он дар афзудани њаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Миёна Инќилоби якуми рус ва таъсири он ба кишвари Туркистон.

  • Чорабинињои њукумати подшоњї барои пароканда намудани ќуввањои инќилобї.

  • Пурзўр гардидани амалиётњои таъкибкунии њукумати подшоњї.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница23 из 57
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   57
    § 6. Љунбишњои мардумї дар солњои 80-уми

    асри XIX. Шўриши Восеъ
    Љунбишњои мардумї дар кишвари Туркистон. Ба зери тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Миёна ањволи мардумро чандон бењтар накард. Инкишофи муносибатњои молию пулї ќисми дењќонон, махсусан косибон ва њунармандонро хонахароб намуд. Худсарињои њокимони мањаллї њадду канор надошт. Истењсолкунандагон њарљанд мањсулоти зиёд ба даст дароранд њам, вале он бо роњњои гуногун: ба воситаи андозњо, баргардонидани ќарз ва ѓайра насиби њаннотон мегардид. Бинобар ин халќи мазлуми мењнаткаш ба душворињои давр тоб наоварда, ба мубориза бармехест.

    Баъди дар ќисми сарзамини Осиёи Миёна - кишвари Туркистон љорї гардидани њукуматдории бевоситаи Русияи подшоњї, аллакай соли 1872 дар соњили Ќарасуи уезди Тошкент ва дар Хуљанд, соли 1873 дар Пошї ном дењаи Ўротеппа, соли 1875 дар худи Ўротеппа, соли 1880 боз дар Хуљанду Ўротеппа ва дигар љойњо љунбишу шўришњои халќї ба вуќўъ омадаанд. Бояд ба инобат гирифт, ки аллакай дар солњои 80-уми асри Х1Х дар кишвари Туркистон аввалин баромади коргарон ба амал омадааст. Ин баромади соли 1885 дар кони ангишти Заврон-Киштутї волости Панљакент (тобеи уезди Самарќанд) мебошад, ки дар он таќрибан 80 нафар коргарон кор мекарданд.

    Љунбишњои мардумї дар аморати Бухоро. Шўриши Восеъ. Ањволи халќи мењнаткаш дар аморати Бухоро боз њам вазнинтар ва худсарии њукуматдорони мањаллї зиёдтар буд. Мањз чунин њолат соли 1871 боиси шўришњои халќї дар бекигарињои Ќаршї ва Ѓузор гардид.

    Чуноне дар боби аввал ишора рафт, Бухорои Шарќї асосан солњои 70-уми асри Х1Х ба зери итоати њукумати амирї кашида шуд. Вале, дар ин гўша аллакай солњои 80-ум вазъият хело ноором гардида буд. Зеро, дар ин ќисми аморат зиндагии мардум боз њам тоќатфарсотар ва худсарии њокимони мањаллї боз њам зиёдтар ба њисоб мерафт. Бо ибораи Б.Ѓ.Ѓафуров «њукумати амирї аслан Бухорои Шарќиро чун мустамликаи худ ќарор дода, дар ин љо назар ба ќисми ѓарбии аморат тартиботи сахттаре љорї намуд». Амир ба сипоњиёни дарбории худ, ки дар ин гўша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танњо, ситонидани андози як ё худ якчанд дењањоро бахшида буд. Дар натиља дењќонони ин гуна дењањо «амалан дар њолати крепостної» буданд.

    Худсарию бедодгарињои њукуматдорони амирї, ки дар Бухорои Шарќї «адои вазифа» доштанд, инчунин зиндагии тоќатфарсои мардуми ин диёр солњои 1885-1886 сабабгори мављи њаракатњои халќї дар Мўъминобод, Кўлоб, Балљувон, Њисор ва Дењнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ѓайрањо гардидаанд.

    Дар байни шўришњои солњои 80-ум бузургтарин шўриш бо сарварии Восеъ ба њисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балљувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шўриш њам бенавої ва ќашшоќии халќи мазлум, зиёд будани андозњо, худсарии њукуматдорони мањаллї ва ѓайра гардидаанд. Падари Восеъ - Шакар (номи бобояш - Белак) дењќони камбаѓал аз дењаи Нурунљои Балљувон будааст. Мўњтољї ўро ба дењаи Дараи Мухтор овард ва Восеъ дар њамин дењаи на он ќадар калон ба дунё омад. Ўро дар љавониаш ба њайати сарбозони њокими Кўлобу Балљувон -Сарабек сафарбар намуданд ва соли 1870 дар љангњои муќобили ќўшунњои амири Бухоро - Музаффархон ширкат варзидааст. Вай њатто дар яке аз љангњо бо њокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Дар натиљаи ин њама Васеъ аллакай бо баъзе нозукињои санъати њарбї шинос гардид. Касби Восеъ дењќонї ва љувозкашї буд. Ў заѓирро ќисман худаш кишт мекард ва бештар онро аз дењќонони дењањои гуногуни атроф харида, худ онро љувоз мекашид ва равѓанашро дар бозори Ховалинг мефурўхт. Њангоми шўриш Восеъи пањлавонљусса тахминан 35-37 сола будааст. Аз сабаби он ки оиди оѓоз ва рафти шўриши Восеъ њуљљатњои бойгонї њануз дарёфт нагардидаанд, бинобар ин он асосан аз рўи ривоятњо тасвир ёфтааст ва табиист, ки онњо гуногунанд. Чунончї, мувофиќи яке аз он ривоятњо, дар яке аз рўзњои бозор, њокими Балчувон Мирзо Акрам њамроњи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду дењќони мањбусро барои дар сари ваќт насупоридани андоз, барои ќатл ба бозори Ховалинг овардаанд. Агарчанде дар њудуди аморат њукми ќатлро амир медоду дар шароити Бухорои Шарќї ин гуна њуќуќро пештар танњо њокими Њисор дошт. Восеъ аз воќеа воќиф шуда, ба беку амалдоронаш њамлаи шерона намуд ва мањбусони бечораро аз марг наљот дод. Дар њамон лањза ќисме аз дењќонони дар бозор буда ба Восеъ њамроњ мешаванд. Њоким бо сарбозони худ аз тарс роњи гурезро пеш гирифт. Мувофиќи ин ривоят њамин њодиса барои оѓози шўриш бањонае гардидааст.

    Мувофиќи ривояти дигар (наќли шодравон, набераи Восеъ – Бобои Камол, аз рўи хотироти падараш - Њасан, писари нахустини Восеъ) ваќте, ки Восеъ машѓули хирманкубї будааст, мансабдорони хокими Балљувон омада аз ў чор танга андози «ноњаќона» талаб кардаанд. Восеъ пул надошт. Вале мансабдорон ўро ба њолаш нагузоштаанд. Бинобар њамин њам Восеъи ба ѓазаб омада бо як чолокї ба сўи мансабдорон њамла намуда, онњоро аз асп зада меафтонаду, худ сўи Судара мегурезад. Восеъ дар муддати 10 рўз дењањои Сурхдара ва Шўробдараро тай намуда, мардумро ба шўриш даъват кардааст. Дар рўзи 11-ум дар теппаи кўњи Тали Баландсор гулхан афрўхтаанд, ки ин нишонаи даъват ба шўриш буд. Дар ибтидои шўриш дар атрофи Восеъ 11 тан њамдиёронаш будаанд, вале ба зудї сафи онњо ба 600 нафар расидааст. Онњо 20 рўз дар Сурсаќова манзил гузошта, ба мубориза тайёрї дидаанд. Њокими Балљувон бо ќуввањои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоњи шўришгарон њамла кард, вале шикаст хўрд. Шўришгарон дењаи Хўља Балљувон ва нињоят ќалъаи Балљувонро, ки маркази њокимнишин буд, соњиб шуданд. Њоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. 8 рўз Балљувон дар ихтиёри шўришгарон монд. Он лањза шумораи шўришгарон то ба њазор нафар расидааст. Онњо асосан аз љумлаи мардуми дењањои Мањмуддара, Сўљина, Шайхон, Чуќурак, Оќтерак ва ѓайра будаанд. Дар ин муддат Восеъ «њукумати» худро ташкил додааст, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ў њам мисли Восеъ љувозкаш буд, девонбегї таъин шудаанд. Бо њамин, бо гирифтани њокимият, шўришгарон дигар чорае наандешидаанд.

    Њокими Балљувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода бурда, ќуввањои парокандаи худро аз сари нав љамъ намуд. Дар ин муддат ба ихтиёри ў отряде, чун кўмак аз беки Кўлоб низ омада расид. Мирзо Акрам бо якљоягии ин ќуввањо ба ќалъаи Балљувон њуљум карда, онро соњиб шуд. Шўришгарон бошанд ба сўи Кангурт ќафо гашта, дењќонони Кангурту Ќизилмазорро љамъ намуданд ва ќалъаи Балљувонро бори дуюм ба даст дароварданд. Дар ин муњориба сарвари нави ќўшунњои њокими Балљувон Аллаёр низ кушта шуд. Њокими Балљувон бошад боз роњи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кўњњои Ќизилмазор манзил гирифт. Дар ин лањза ба ихтиёри Восеъ Балљувон, Ховалинг ва Кангурт гузашта буд. Овозаи ѓалабањои Восеъ нињоят то ба амир Абдулањадхон, ки ў њамон лањза барои истироњати тобистона ба Шањрисабз омада буд, низ расид. Расидани ин хабар, дар як ваќт, бо ба сўи Њисор аз тарафи амир фиристодани дастаи сарбозон бо сарварии Яъќуббек мувофиќ омад. Беки Њисор Остонаќул ќушбегї баробари ба мулкаш омада расидани он сарбозон, ба онњо ќўшунњои худро низ њамроњ намуд ва сарварии умумиро ба ўњдаи худ гирифта, барои пахш намудани шўриш, ба сўи Балљувон шитофт. Восеъ бошад аз омадани ќуввањои зиёди амирї хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин - купруки дарёи Вахш (њоло љойи НБО Норак)-ро, ки ягона гузаргоњ ба сўи Балљувон буд, вайрон кард. Вале Остонаќул таъхир накарда, барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми дењаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онњо маљбуран купруке (амаде) бунёд кард.

    Ќўшунњои Остонаќул баробари аз дарёи Вахш гузаштан ба муќобилияти сахти шўришгарон дучор шуданд. Он лањза дастањои људогонаи шўришгаронро дўстони содиќи Восеъ - Назир, Карим, Наим, Нозим, Муњаммадї, Муродалї, Рањимбой, Саидалї ва Давлат сарварї мекарданд. Вале сифатан акнун бартарї ба фоидаи Остонаќул буд. Зеро, дар Кангурт ба онњо отрядњои парокандаи беки Балљувон низ њамроњ шуда буданд. Дар Тутќавул ва Кангурт дар байни шўришгарон ва ќўшунњои Остонаќул љангњои шадиде ба амал омаданд. Вале ин њар ду муњориба њам ба фоидаи Остонаќул ва маѓлубияти шўришгарон анљом ёфт.

    Восеъ баъди шикастхўрињои Тутќавул ва Кангурт аз муњорибаи нав даст кашида, бо отряди камшумори боќимондааш ба сўи дењаи Сарипул (шимолу Шарќии Ховалинг) ќафо гашт. Вале ќисмњои ќўшунњои Остонаќул то ба ин љо њам омада расида, ба шўришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воќеа тахминан охири моњи июли соли 1888 ба вуќўъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхўрї, аввал ба дењаи Гулдара, баъд ба кўњњои Девлох, ба чарогоњи Буздара гурехт. Вале дар Буздара Восеъ ва њаммаслаконашро сарбозони њоким аллакай интизор буданд. Дар ин љанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ўро аз он љо аввал ба Балљувон, баъд ба Њисор оварданд ва аз он љо беки Њисор Останаќул ќушбегї вайро бо 6 нафар њамсафонаш ба Шањрисабз, ба њузури амир Абдулањадхон, ки њанўз њам истироњаташро дар ин љо давом медод, фиристод. Бо њукми амир Восеъро дар токи нимвайронаи Оќсараи Шањрисабз ба дор кашиданд.

    Баъди пахш намудани шўриш 120 нафар иштирокчиёни он њабс ва 46 нафари онњо ќатл гардиданд. Минбаъд њам таъќибкунии иштирокчиёни ин шўриш 5 сол давом кардааст. Дар шўриш асосан дењќонон иштирок кардаанд. Инчунин нисбати ин шўриш баъзе дороён ва диндорон низ хайрхоњ буданд. Чунончї, њангоми њабси Восеъ, эшони халифа писарони Восеъ - Њасан ва Давлатро дар хонаи худ пинњон намудааст. Ё худ њангоми ба Шањрисабз фиристодани Восеъ, њамроњи, ў чун гунањкорони ашаддии ин воќеа, аз љумлаи мансабдорони мањаллї, ба монанди: Абдулњаќхољаи Соњибзода, Муллобойи тўќсабо, Ќурбон ќараулбегї, Хўљамурод мирохўр ва дигарон низ будаанд. Ба чунин љазодињињо нигоњ накарда, минбаъд њукуматдорони амирї маљбур шуданд, ки миќдори ситонидани баъзе намуди андозњоро кам намоянд (масалан аз наску нахўд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулї», ки аввали бањор аз њар оила 4 тангагї руёнида мешуд) аз байн бардоранд.
    § 7. Ављ гирифтани шўришњои зиддимустамликавї дар

    кишвари Туркистон
    Сабабњои ба амал омадани шўришњои зиддимустамликавї. Дар замони мустамликавї дар њудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгарињои амалдорони мањаллии њукумати подшоњї њадду канор надошт. Берањмињои онњо њангоми љамъоварии андоз, махсусан дар ваќти ба фоидаи муњољирони рус кашида гирифтани њиссае аз заминњои мардуми тањљої, зоњир мегардид. Дар натиљаи пай дар пай афзудани мањаллањои руснишин, заминњои корам ва чарогоњњои мардуми мањаллї мањдуд мешуд. Фасли тобистон дар баъзе ноњияњои кишвар норасоии об барои корњои обёрї эњсос карда мешуд. Њангоми дар чунин ноњия мављуд будани мањаллањои руснишин аксаран масъалањо, аз љумла оид ба об, ба фоидаи муњољирони рус њал мегардид.

    Ба ѓайр аз бедодгарињою мањдудиятњои иќтисодї, аз тарафи амалдорони мањаллии њукумати подшоњї на њама ваќт дин ва урфу одати мардуми мањаллї ба эътибор гирифта мешуд. Дар идоракунии кишвар (баѓайр аз идоракунии мањаллї) аз байн бардоштани нуфузи сарварони дини ислом, дар њудуди кишвар мањдуд намудани мулкњои ваќфї ва ѓайрањо олимаќомони диниро норозї ва нињоят ба ѓазаб меовард. Њол он ки пеш аз забтшавї чї њукумати хонї ва чї њокимони мањаллї бе розигии олимаќамони динї ягон хел чорабиниро намегузарониданд. Мулкњои ваќфї бошанд муќаддас њисоб карда мешуданд.

    Нињоят дар замони мустамликавї мардуми мањаллии кишвари Туркистон дар симои њукуматдорони мањаллии подшоњї истисморгарони асосї ва тањќиркунандагони дину урфу одатњои миллии худро медиданд. Мањз њамин воќеањо дар њудуди кишвар сабаби асосии ба амал омадани як ќатор шўришњои зиддимустамликавї, аз љумла исёни вабо, дар ш.Тошкент шўриши соли 1898 дар Андиљон, шўриши Осиёимиёнагии соли 1916 ва ѓайрањо гардидаанд.

    Исёни вабо. Соли 1892 дар шањри Тошкент њаракати халќї ба вуљуд омад, ки он дар таърих бо номи «исёни вабо» маълум аст. Бањонаи ба вуљуд омадани исён, ин моњи майи њамон сол, бо чорабинињои дар Тошкент барои пешгирии бемории номбурда андешидаи њукумати кишвари Туркистон вобаста аст. Вале он лањза барои табобати беморон чї табибон ва чї доруворї намерасид. Бинобар ин, мувофиќи баъзе маълумотњо, шумораи умумии аз ин беморї фавтидагон танњо дар кишвари Туркистон ќариб ду њазор нафарро ташкил додааст.

    Сарварони шањри Тошкент, бо маслињати мутахассисон, барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда, бо ќарори худ барои гўронидани майитњои аз ин касалї фавтида танњо як ќабристонро муайян намуда, 12 ќабристони дигари шањриро бастанд. Дар ќабристони муайяншуда њам майитро танњо баъди иљозати хўљаинњои шањр мегўрониданд. Бо сабаби зиёд гардидани фавтидагон мўњлати иљозатгирї таќрибан 3-4 рўз давом мекард ва дар ин муддат майит бояд нигоњ дошта мешуд. Агар авлодони майит ба ногоњ ин ќоидаи нав љоришударо ба инобат нагирифта, майити аз бемории вабо фавтидаро (баъзан аз ин беморї набошад њам) худсарона дар дигар ќабристон ба хок супоранд, он гоњ њукуматдорони шањр онњоро маљбур мекарданд, ки майитро аз ќабристони аввала бароварда ба ќабристони муайншуда оварда гуронанд. Инчунин дар муддати маъракаи мубориза бо вабо аз шањр баромадан ва ба шањр даромадан мањдуд карда шуда буд. Чунин њолат на танњо тољирон, балки чоряккорон, мардикорон ва ѓайраро низ норозї мекард.

    Бањона барои оѓози исён он гардид, ки майитеро авлодонаш беиљозат ба мазори хостаашон гўронидаанд. Мутасаддиёни шањр аз ин воќеа воќиф гардида, авлодони майитро љамъ намуда, онњоро аз байни бозор гузаронида, ба идораи маъмурияти шањрї бурданї шудаанд. Он мутасаддиён инчунин дар роњ авлодони он майитро тањдид намуда гуфтаанд, ки «майити беиљозат гўронидаашонро аз он ќабристон гирифта ба ќабристони муайяншуда гўронанд». Мардуми бозор ва кўчањои шањр аз асли воќеа воќиф гардида, ба њимояи авлодони майит гузаштанд. Дар натиља ин воќеа ба исён сабзида расид. Њукуматдорони кишвар бо зудї ба муќобили исёнгарон ќувваи зиёди низомиро гузоштаанд. Дар баъзе мањаллањои шањр задухўрди сахти байни ќуввањои низомї ва исёнгарон ба вуќуъ омад. Аз љумлаи иштирокчиёни шўриш панљ нафар њалок гардида, бисёрињо њангоми гурехтан дар канали Анњор ѓарќ шудаанд. Мувофиќи баъзе маълумотњо, баъди хомўш намудани исён аз он канал 80 љасадро баровардаанд. Аз љумлаи фаъолони исён 60 нафар ба њабс гирифта шуд.

    Шўриши соли 1898 дар Андиљон. Соли 1898 дар водии Фарѓона шўриши калонтарине ба амал омад, ки дар таърих бо номњои: «шўриши Андиљон», «шўриши эшони Дукчї» ва «шўриши Мадалї-эшон» маълум аст. Сарвари шўриш Мадалї- эшон ба њисоб меравад. Аз сабаби он ки падари вай Собири дугчї буд, бинобар ин ба Мадалї-эшон боз лаќаби «дугчї» монд. Вале Собири дугчї устои камбаѓали дењаи Чимиони уезди Марѓелон буду, писари вай - Мадалї-эшон на танњо эшони машњури водї, балки заминдори калон њам ба њисоб мерафт. Мадалї-эшон муридњо - пайравони зиёде дошт. Рўзе дар Марѓелони Нав полисмейстри аз худ рафтаи рус ўро дар њузури одамон, аз он љумла муридонаш, маљбур кард, ки аз хар фаромада, пиёда аз шањр гузарад. Мадалї- эшон ин воќеаро барои худ тањќири нобахшиданї њисобид. Бинобар ин ў нисбат ба амалдорони њукумати подшоњї нафрати зиёд пайдо карда, муридонашро њам ба њамин майл љалб кард.

    Дар аввал дар атрофи Мадалї-эшон таќрибан 200 нафар саворагон аз дењаи Тољики уезди Мингтеппа љамъ шуданд. Баъд ба онњо мардуми худи Мингтеппа, ки дењаи серањолї ба њисоб мерафт, њамроњ гардиданд. 17 майи соли 1898 Мадалї-эшон, бо мардуми дар атрофаш љамъомада, аз дењаи Мингтеппа ба Андиљон, ки маркази уездї буд, њаракат кард. Дар ин лањза шумораи шўришгарон аллакай ба 2 њазор нафар расид, ки аз онњо тахминан њазор нафарашон саворагон будаанд. Онњо 18 март ба гарнизони ќўшунњои рус якбора њуљум карданд. Дар натиља дар байни аскарони рус ва шўришгарон задухўрди сахт ба амал омад. Танњо талафоти аскарони рус 22 нафар њалокшудагон ва 24 нафар захминшудагонро ташкил медод. Бо ташаббуси њукуматдорони кишвар ва вилоят бо зудї ба Андиљон ќуввањои имдодия фиристода шуд. Баробари омада расидани он ќуввањо, аллакай бегоњии њамон рўз шўриш дар Андиљон хомўш гардид. Мадалї-эшон дар аввал гурехта бошад њам, вале худи њамон рўз дастгир шуд.

    Њукуматдорони подшоњї ба воситаи ќувваи аскарони худ шўриши соли 1898-ро дар тамоми нуќтањояш пахш намуданд. Аз љумлаи иштирокчиён ва хайрхоњони он 777 нафарро (мувофиќи маълумоти дигар 546 нафар) њабс карда, 18 нафар фаъолонашро барои ба дор овехтан њукм карданд. Ба ѓайр аз ин, танњо аз волости Мингтеппа, дењањои Тољик, Ќошѓар ва Ќутчї, ки аз онњо шўришгарон нисбатан бисёр буданд, аз тарафи аскарони подшоњї тамоман вайрон карда шуданд.
    § 8. Инќилоби якуми буржуазию демократии Русия ва таъсири он дар афзудани њаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Миёна
    Инќилоби якуми рус ва таъсири он ба кишвари Туркистон. Аввали асри ХХ барои Русия давраи нооромињои зиёд гардид. Бўњрони иќтисодии солњи 1900-1903, махсусан хушксолии соли 1901, љанги русу япон (солњои 1904-1905) ва ѓайрањо сабабгори хароб гардидани иќтисодиёти мамлакат ва боз њам вазнин гардидани ањволи мардум шуд. Овозањои дар амалиётњои љангии муќобили ќўшунњои япон шикаст хўрдани ќўшунњои рус боиси боз њам коста гардидани обрў ва эътибори њукумати подшоњї шуд.

    Аз соли 1898 њизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) вуљуд дошт, ки он сарнагун намудани тартиботи подшоњиро мехост. Ин њизб дар анљумани дуюми худ (соли 1903) ба ду гурўњ: болшевикї (бо сарварии В.И. Ленин) ва меншевикон таќсим шуд, ки онњо минбаъд ба њизбњои алоњида табдил ёфтанд. Гарчанде дар байни ин њизбњо ихтилофњои зиёд вуљуд доштанд, вале онњо дар масъалаи сарнагун намудани њукумати подшоњї асосан њамфикр буданд. Ташкилотњои ин њизбњо дар тамоми гўшаю канори империяи Русия, аз он љумла дар кишвари Туркистон њам амал мекарданд.

    Инќилоби якуми рус 9 январи соли 1905, дар шањри Петербург, бо якшанбеи хунин (яъне дар он рўз аз тарафи аскарони њукумати подшоњї тирборон кардани намоиши осоишта) сар шуда, бо зудї ќариб тамоми сарзамини империяи Русия, аз он љумла Осиёи Миёнаро низ фаро гирифт.

    Дар кишвари Туркистон маркази асосии њар гуна ошўбњо ва гирдињамоињои эътирозї шањри Тошкент ба њисоб мерафт. Дар вилоятњои Фарѓона ва Самарќанд ба њаракатњои инќилобї дењќонон низ иштирок намуданд. Аз љумла моњњои октябр-ноябри соли 1905 дењќонони уезди Хуљанд на танњо аз додани андоз ба хазинаи подшоњї саркашї карданд, балки замини бойњоро дар байни худ таќсим намуданд. Моњи марти соли 1906 дењќонони дењаи Чоркўњи волости Исфара ёрдамчии сардори уезди Ќўќандро њабс карда, замини бойњоро кашида гирифтанї шуданд. Зўран кашида гирифтани замини бойњо аз тарафи дењќонони камзамин ва безамин дар мулкњои болооби Зарафшон њам љой дошт.

    Чорабинињои њукумати подшоњї барои пароканда намудани ќуввањои инќилобї. Њукумати подшоњї барои аз њаракати инќилобї дур намудани оммаи халќ чорањои гуногун андешид. Аз љумла 6 августи соли 1905 дар бораи даъват намудани Думаи машваратии давлатї (Думаи булигинї) манифест баровард. 17 октябри он сол манифесте ќабул карда шуд, ки дар асоси он озодињои гражданї эълон карда мешуд. Бо ин њукумати подшоњї буржуазияи Русияро ба тарафи худ кашид. Дар натиља, дар Русия њизбњои сиёсии буржуазии октябристњо ва катедњо ба вуљуд омаданд.

    Аввали моњи майи соли 1906 ќоидањои интихоби вакилон аз кишвари Туркистон ба Думаи давлатї, ки аз тарафи подшохи рус тасдик гардид, омада расид. Мувофиќи он, барои муњофизати манфиати русњо ва русзабонњо аз панљ вилояти кишвар якнафарї, аз њисоби шањри Тошкент ва ќазакњои вилояти Њафтруд як нафарї, яъне љамъ њафт нафар намояндагони рус њамчун вакил итихоб гардиданд. Аз њисоби мардуми мањаллї бошад, аз тамоми вилоятњои кишвар як нафарї ва аз шањри Тошкент њам як нафар, яъне љамъ шаш нафар намоянда интихоб гардид. Мувофиќи ин тартибот агар, ба њисоби миёна, 46 њазор нафар русњо ва русзабонњо як нафар намоянда интихоб кунанд, пас 896 њазор мањаллиён як нафар вакил интихоб мекарданд. Дар асоси ин ќоида вакилони интихобгардидаи мањаллиёни кишвари Туркистон дар Думаи давлатї шахсони зерин буданд: 1) муллои тошкандї – Абдурауфќорї Абдувоњидќориев, 2) тољири самарќандї – Тошпўлод Абдухолиќов, 3) тољири фарѓонагї – Муњаммадљонов, 4) чорводори калони сирдарёї – Т. Оллоберганов, 5) муњандиси њафтрудї – Муњаммадљон Тонишбоев, 6) аз вилояти Моварои Каспї – полковник Махтумќулї. Аз њисоби русу русзабонњои шањри Тошкент олим – В.П. Наливкин интихоб шуда буд.

    Дар Русия инќилоб њанўз идома дошт. Њукумати подшоњї бо маќсади мустањкам намудани мавќеи худ 9 июли соли 1906 Думаи булигиниро пароканда намуда, ибтидои соли 1907 интихоботи Думаи дуюми давлатиро гузаронид. Вале ин дума нисбат ба думаи якум боз њам чаптар буд.

    Пурзўр гардидани амалиётњои таъкибкунии њукумати подшоњї. Њукумати подшоњї аз пастравии инќилоб истифода бурда 3 июни соли 1907 Думаи 2-юми давлатиро пароканда намуд, ки он дар таърих њамчун “табадуллоти 3-юми июнї” ном гирифтааст ва маънои ба итмом расидани инќилоби якуми русро дорад. Яъне, инќилоб шикаст хўрд ва њукумати подшоњї бо маќсади мустањкам намудани мавќеаш таъќиби мухолифонашро инкишоф дод. Аз љумла, моњи ноябри соли 1907 Шўъбаи муњофизатии ноњияи Туркистонї ташкил карда шуд, ки онро худи русзабонњо “охранка” ва мардуми мањаллї “идораи сиёсї” мегуфтанд. Дар асл он политсияи махфї буд, ки намояндагонаш на танњо дар кишвари Туркистон, балки дар њудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева њам амал мекарданд. Вале ин њама пеши роњи афзудани њаракати зиддимустамликавиро гирифта натавонист.

    Инќилоби якуми рус махсусан барои бедории сиёсии зиёиёни миллии Осиёи Миёна таъсири љиддї расонид. Дар худи кишвари Туркистон, ки ќисми таркибии империяи Русия ба њисоб мерафт, рўзномањои гуногун ба майдон омаданд. Ин инќилоб љараёни ташаккулёбии њаракати љадидии Осиёи Миёнаро тезонид.

    Умуман инќилоби номбурда, ки ба муќобили њукумати подшоњї нигаронида шуда буд, барои афзудани њаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Миёна таккони љиддї дод.

    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   57


    написать администратору сайта