Главная страница
Навигация по странице:

  • Вазъи аморати Бухоро ва боз њам мањдуд намудани њуќуќњои соњибихтиёрии он.

  • § 2. Сиёсати муњољиркунї ва сохтмони роњњои оњан дар Осиёи Миёна Сиёсати муњољиркунии њукумати подшоњї дар шароити Осиёи Миёна.

  • Сохтмони роњњои оњан дар Осиёи Миёна.

  • § 3. Инкишофи пахтакорї ва саноат дар Осиёи Миёна Шаклњои заминдорї ва андоз.

  • Оѓози кишти пахтаи навъи америкої дар њудуди Осиёи Миёна ва ба манбаи ашёи хом – пахта табдил ёфтани он.

  • Ба вуљуд омадан ва инкишоф ёфтани шаклњои гуногуни саноат дар Осиёи Миёна (заводњои пахтатозакунї ва равѓанкашї).

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница21 из 57
    1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   57
    § 1. Вазъи сиёсию маъмурии Осиёи Миёна баъди љорї гардидани њукуматдории мустамликавии Русияи подшоњї
    Вазъи кишвари Туркистон. Дар замони њукуматдории мустамликавии Русияи подшоњї дар Осиёи Миёна (солњои 1867-1917) дар ин сарзамин генерал- губернатории Туркистон, аморати Бухоро ва хонигарии Хева мављудияти худро нигоњ медоштанд. Кишвари Туркистон ба ќисми таркибии Русияи подшоњї табдил ёфт. Тамоми ќонун ва чорабинињои зарурии њукумати подшоњї дар ин сарзамин бевосита љорї карда мешуд.

    Њукумати подшоњї дар кишвари Туркистон тартиботи мустамликавии ба худ хосеро љорї карда, нисбат ба халќи мањаллї низоми вазнини истисморгарї љорї намуд. Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» тасдиќ гардид ва он чун ќонуни асосии идоракунии ин кишвар бо баъзе таѓйироту иловањо то инќилоби Октябрии Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклњои заминдорї, шаклу миќдори андозњо ва ѓайра муайян шуда буд. Маъмурияти кишвари Туркистон ба мисли дигар губернияњои Русия на ин ки ба вазорати корњои дохилї, балки ба вазорати њарбии он итоат мекард. Аз љињати маъмурї генерал-губернатории Туркистон ба панљ вилоят (Сирдарё, Њафтруд, Фарѓона, Самарќанд ва Мовараи Каспї), вилоятњо ба уездњо, уездњо ба волостњо таќсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурї ва њарбиро муттањид мекард.

    Дар вилоятњо губернаторњои њарбї, дар уездњо сарварони уездњо роњбарї мекарданд. Њамаи онњо шахси њарбї ва якчоя маъмурияти њарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд ќайд кард, ки ќисме аз онњо дар ќатори рўтбаи њарбї доштан, аз таъриху маданияти кишвар хабардор буданд, забонњои мањаллиро медонистанд, баъзеашон шарќшиносони номї (ба монанди Н.С.Ликошин-губернатори њарбии вилояти Самарќанд) ба њисоб мерафтанд.

    Сарварони вилоятњо њокимияти мањаллї-оќсаќолони дењањо ва авулњоро аз њисоби бойњои мањаллї интихоб мекарданд. Аз њамин сабаб њам њокимияти мањаллиро «њокимияти халќї» мегуфтанд. Ин «њокимияти халќї» якљоя бо маъмурияти њарбї номи «идоракунии њарбию халќї»-ро гирифтааст.

    Сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Бадахшони (Помири) Шарќї ба њайати ду вилояти кишвари Туркистон: Самарќанд ва Фарѓона мансубият доштанд. Ба њайати вилояти Самарќанд уезди Хуљанд ва болооби Зарафшон, ба њайати вилояти Фарѓона Бадахшони Шарќї, ноњияњои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.

    Вазъи аморати Бухоро ва боз њам мањдуд намудани њуќуќњои соњибихтиёрии он. Вазъияти сиёсии аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле таѓйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатњои њамсоя мустаќилона муносибат намекард. Чунин мањдудият агарчанде дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфтааст, веле амирони Бухоро дар симои њукумати подшоњї ба худ пушту паноњи пурќувватеро дида, бо маќсади ягона нигоњ доштани аморат ва осуда њукуматдорї намудан, ихтиёран аз бањри чунин мустаќилият баромада, худро ба оѓўши мутегии њукумати подшоњии Русия кашида буданд.

    22 апрели соли 1868 хати гумрукии (бољии) Сибири Ѓарбї ва Оренбургї аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиљорати байни Русияю Осиёи Миёна, њамчун масъалаи дохилии империяи Русия гардид. Соли 1894 хати гумрукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хати гумрукии Бухорою Афѓонистон пайваст. Аз љумла солњои 1894-1895 дар чунин нуќтањои сарњадии аморати Бухоро: Ќаршї, Калиф, Чўшќагузар, Патта-Њисор ва Айваљ нуќтањои гумрукии Русия кушода шуд. Онњо озодона ба бозори дохилии чї аморат ва чї кишвари Туркистон дохил гардидани молњои хориљиро мањдуд мегардониданд.

    Соли 1893 мувофиќи хоњиши вазорати молияи Русия аз тарафи њукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаи нуќрагин ќатъ карда шуд. Ќурби тангаи бухорої ва хевагї аз рўи 15 тини русї њисоб карда, аз тарафи бонки Давлатии Русия њарида мешуд. Бо њамин яке аз нишонањои асосии мустаќилияти аморати Бухоро аз байн рафт.

    Ба њукумати подшоњї содиќ будан ба њар се амирони охирини Бухоро хос аст. Аз љумла, њанўз амир Музаффарњон кўшиш мекард, ки нисбати њукумати подшоњї садоќати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон фон К.П. Кауфман њам чунин амалиётњои ўро эњсос намуда бењуда нагуфтааст, ки аз њама «бењтарин њокими уездии ман амири Бухоро мебошад». Моњи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсї сарварї мекард ва он дар асл, аз фаъолияти амир ва њукумати ў назорат карда, ба маслињатчии асосиаш табдил ёфта буд.

    Аз замони Музаффархон сар карда ба тахти Бухоро таъин намудани ворис на ба њохиш ва иродаи амирон, балки ба розигии подшоњї рус вобастагї дошт. Масалан, амир Музаффархон дорои 13 нафар писар буд. Мувофиќи анъанањои пештара бародарон дар аввал аксаран бањри мансаб байни худ мељангиданд, баъди ба мансаб соњиб шудан, бо маќсади бехатарии салтанаташон, боќимонда бародаронашонро нест мекарданд. Акнун ин гуна анъана, ки боиси хунрезињои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъулияти дар Бухоро ворис таъин кардан, бо розигии худи амирон ба ўњдаи подшоњи Русия гузашт. Аз њамин сабаб њам Музаффархон якчанд нафар писарони худро як-як ба Петербург, ба њузури подшоњ фиристод. Аз љумла соли 1882 ба чунин марњамат Абдулањадњон мушарраф гардида, валиањд таин шуд. Амир Абдулањадњон (1885-1911) дар навбати худ писараш - Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоњ Николаи II (1894-1917) фиристода буд, ки вай дар он љо, бо ибораи С.Айнї чун «ѓуломи њалќабаргуши колонизаторон шуда тарбия» гирифт, ва лоиќи тољу тахти падар гардида тавонист.

    Аморати Бухоро то охири ањди амир Абдулањадњон аз љињати маъмурї ба 28 бекигарї ва 9 туманњо таќсим мешуд. Туманњо асосан дар атрофи шањри Бухорои Кўњна - маркази аморат љойгир буданд ва онњо бевосита аз тарафи кушбегї, ки дар аморат шахси дуюм (яъне баъди амир) буд, идора карда мешуд. Тамоми корњои динї дар ихтиёри ќозикалон, назорати ичроиши нормањои шариат дар ихтиёри раис буд. Дар бекигарињо бек ё худ њоким сарварї мекарданд. Инчунин дар њар бекигарї ва туманњо ќозї таъин карда мешуд. Дар дењањо хўљаинї дар ихтиёри арбобу оќсаќолон буд.
    § 2. Сиёсати муњољиркунї ва сохтмони роњњои оњан дар Осиёи Миёна
    Сиёсати муњољиркунии њукумати подшоњї дар шароити Осиёи Миёна. Њукумати подшоњї Осиёи Миёнаро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода бурдани он шурўъ карда бошад њам, вале нисбат ба худ ба садоќати мардуми тањљоии ин кишвар боварї надошт. Аз њамин сабаб њам вай бо маќсади ба вуљуд овардани такягоњи боварибахш аз губернияњои серањолии марказии Русия ќисми дењќонони русро ба ноњияњои гуногуни Осиёи Миёна кўчонид.

    Њукумати подшоњї ба кўчонидани дењќонони рус њанўз соли 1868 ба вилояти Њафтруд оѓоз карда буд. Вале он ваќт танњо бо вилояти Њафтрўд мањдуд нагардида, муњољирони русро дар дигар вилоятњои Туркистон низ љойгир намудаанд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё аллакай 19 мањаллањои руснишин, бо ањолии 1300 нафар вуљуд дошт. Ё худ соли 1896 танњо дар уезди Хуљанди вилояти Самарќанд 6 мањаллањои руснишин вуљуд дошт, ки дар онњо ќариб њазор нафар ањолї зиндагї мекарданд.

    Умуман соли 1910 шумораи мањаллањои руснишин дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онњо 70 њазор нафар ањолї зиндагї мекарданд. Дар ин давр шумораи умумии мардуми русзабони кишвар бо якљоягии шањриён зиёда аз 200 њазор нафарро ташкил медоданд.

    Вале бояд ќайд кард, ки ѓайричашмдошти њукуматдорони подшоњї муњочирони рус ба љойи такягоњи онњо будан, бо мардуми мањаллї бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоњиро якљоя мечашиданд. Онњо инчунин ба якдигар барои ѓанї гардонидани таљрибаи дењќонї ва истифодаи техникаи нав кўмаки амалї мерасониданд.

    Сохтмони роњњои оњан дар Осиёи Миёна. Албатта барои ба макони ашёи хом-пахта ва бозори молфурўшии саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Миёна маќоми роњи оњан хеле бузург аст. Зеро, бо сохтани ин роњ пахта аз водии Фарѓона то ба марказњои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 њафта омада мерасид. Дар ваќти набудани роњи оњан муддати дастрасшавии он мањсулот аз 4 то 10 моњро ташкил мекард.

    Зарурияти сохтани роњи оњани Осиёи Миёнаро сармоядорони Москва њанўз соли 1874 ба миён гузошта буданд. Вале њукуматдорони подшоњї, махсусан амалдорони соњаи молия, сохтмони чунин роњро барои Русия аз љињати иќтисодї зараровар њисобида, сохтани чунин роњро дастгирї накардаанд. Вале вазъияти њамонваќтаи њарбии Русия сохтмони ин гуна роњро на танњо ба миён гузошт, балки тезонид.

    Чунончї, ќуввањои њарбии Русия соли 1878 дар яке аз љангњои аввалаи худ бо ќабилањои туркман дар мавзеи Ахал-Тегин ба муќобилияти сахт дучор шуда, шикаст хўрданд. Барои аскарони рус дар ин љанг махсусан љангкунон тай карда гузаштани даштњои беобу регзор хело гаронї намуд. Инак, бо маќсади таслим намудани ќабилањои саркаши туркман, бо супориши њукумати подшоњї 3 августи соли 1880 аз димоѓаи Михайловск (ё худ Узун-Ада) сохтмони роњи оњанро ба тарзи таъљилї сар карданд. 1 сентябри соли 1881 онро аллакай то ба Ќизил-Арват расониданд. 20 сентябри њамон сол дар ин роњ њаракати поездњо оѓоз ёфт. Соли 1884 ин роњ то ба Ашќобод расид. Дар ин муддат таќдири ќабилањои туркман њам њал гардид. Онњо дар назди иќтидори њарбии аскарони рус маљбур шуданд, ки таслим шаванд.

    Бо забти сарзамини ќабилањои туркман сохтмони роњи оњан ќатъ нагардид. Баръакс дар ин муддат аз љињати иќтисодї зарур ва фоидаовар будани роњи оњан исбот гардид. Бинобар ин сохтмони роњи оњан минбаъд њам идома ёфт. Он соли 1886 то ба Марв ва Чорљўй омад. Баъдан он роњ аз сарзамини аморати Бухоро гузошта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сўи Самарќанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарќанд њам ба хати роњи оњан пайваст гардид.

    Соли 1895 сохтмони роњи оњани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавост ва Хуљанд то ба Андиљон расид ва дар њамин муддат дигар хати он аз Хавост то ба Тошкент омад. Сохтмони ин роњ барои ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ањамияти махсус дошт. Солњои 1900-1901 роњи оњани байни Бухорои Нав ва Бухорои Кўњна (пойтахти аморати Бухоро) аз њисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд. Дар муддати солњои 1900-1906 роњи оњани Тошкент-Оренбург бунёд гардид. Дар натиљаи ин роњи оњани Осиёи Миёна бо роњи оњани умумирусиягї пайваст гардид.

    То ба ин ваќт њарољоти сохтмони роњњои оњан (ба ѓайр аз хати байни Бухорои Нав ва Бухорои Кўњна) аз њисоби хазинаи њукумати подшоњї буд. 10 июни соли 1905 њукумати подшоњї ќонуне баровард, ки мувофиќи он дар Русия барои сохтмони роњи оњан ба сармояи хусусї низ иљозат дода мешуд. Дар натиља бо ташаббуси бонкњои хусусї ва сармоядорони људогона, бо маќсади сохтани роњњои оњан љамъиятњои гуногун ташкил карда шуданд. Аз љумла соли 1912 Љамъиятњои роњи оњани Фарѓона ва Њафтрўд, соли 1913 Љамъияти роњи оњани Бухоро ба вуљуд омаданд.

    Љамъияти роњи оњани Бухоро бо ташаббуси муњандиси сохтмони роњи оњан А.Н.Ковалевский, бо иштироки бонки Русию Осиёгї ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Маќсади бунёди ин љамъият сохта ва ба истифода додани роњи оњани Бухорои Нав (Когон) - Ќаршї-Калиф-Термиз, бо шохаи Ќаршї-Ѓузар-Китоб ба њисоб мерафт. Сохтмони ин роњ соли 1914 оѓоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роњ аз њисоби мардуми мањаллї, махсусан аз мардуми Ќаротегин чун ќувваи корї ба тарзи васеъ истифода бурдаанд.

    Роњи оњан агарчанде то ба водии Вахшу Њисор ва Кўлоб, яъне сарзамини имрўзаи Тољикистони Марказї ва Љанубї нарасида бошад њам, вале гумоштагони ширкатњои гуногун, тољирони алоњида ба ин водињо њам сар дароварда, ба ин гўшаи дурдаст мол меоварданд ва аз ин љо мањсулотњои заруриро њарида бо роњњои гуногун то ба Термиз, Чорљўй, Ќўќанд, Самарќанд ва дигар истгоњњои роњи оњан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роњи оњан барои гўшаю канори дурдаст њам бетаъсир намонд.
    § 3. Инкишофи пахтакорї ва саноат дар Осиёи Миёна
    Шаклњои заминдорї ва андоз. Чуноне дар мавзўи аввал ќайд кардем, яке аз маќсадњои асосии забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия-ин ба макони ашёи хоми саноати бофандагии буржуазияи рус-пахта табдил додани кишвар ба њисоб мерафт. Бо њамин маќсад њукуматдорони подшоњї баробари дар ин сарзамин мустањкам намудани мавќеи худ чорањои заруриро барои инкишофи пахтакорї диданд. Зеро то замони забти ин кишвар њиссаи пахтаи он дар саноати бофандагии Русия ночиз буд. Масалан, он соли 1862 тахминан 4-7 фоизро ташкил мекарду халос.

    Барои амалан ба маркази ашёи хом-пахта табдил додани Осиёи Миёна, ба њукумати подшоњї лозим омад, ки дар мадди аввал аќалан дар кишвари Туркистон тарзи истифодаи замин ва ситонидани андозро ба талаботи худ мувофиќ намояд. Бинобар њамин њам, баробари дар ин кишвар љорї гардидани тартиботи мустамликавї, масъалаи шаклњои заминдорї ва андоз низ диќќати њукуматдорони подшоњиро ба худ љалб карда буд. Вале бо сабаби љињатњои фарќкунандагии њолати кишоварзии Осиёи Миёна, махсусан дар ин љо маќоми асосиро ишѓол намудани заминњои обї ва камњосил будани заминњои лалмї (яъне нисбат ба губернияњои сиёњзамини Русия) онњоро маљбур намуд, ки ба масъалаи заминдорї диќќати љиддї дињанд.

    Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, аз љумла дар аморати Бухорою хонии Ќўќанд то забти Русия њиссаи бузурги замин - тахминан 50%-ро заминњои давлатї-амлокї ва 25%-ро заминњои ваќфї ташкил медоданд. Дар ин заминњо асосан дењќонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонї ва ташкилотњои ваќфї (мадрасањо, масљидњо ва ѓайра) андоз-хирољ месупориданд. Тахминан 25%-и боќимондаи заминро мулкњои хури холис (яъне мулкњои аз андоз озод) ва мулкњои хириљї ташкил менамуданд. Аз чунин тартиботи заминдорї њукуматдорони подшоњї ќаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Миёна, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии...” ин кишвар заминњои давлатї, яъне амлокї ва як њиссаи заминњои ваќфї чун мулки хусусї бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш-дењќонон, бе пул супорида шуд. Инчунин он њиссаи заминњои мулкие, ки то забтшавї аз андоз озод буданд, аз чунин њуќуќ мањрум гардида, ба ќатори заминњои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноњияњо, дар асоси таљрибаи Русия, ќисме аз заминњо ба ихтиёри общинањои дењќонї гузаронида шуд.

    Дар кишвари Туркистон андози давлатиро бо номи оброк аз заминњои истифодашавандаи обї, аз рўи даромаднокї, ба њисоби миёна 10 фоиз, њанўз пеш аз кишт, яъне дар фасли бањор муайян мекарданд. Аз заминњои лалмї аз њар десятина 25 тин рўёнида мешуд. Барои мардуми кўчманчї, чун андоз, аз њар юрта (кибитка) 4 сўмї, барои мулки ѓайриманќулаи мардуми шањр андози давлатї муайян карданд. Њамаи ин андозњо ба фоидаи хазинаи подшоњї ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар њамчун андоз 6978720 сўм љамъ карда бошанд, пас он соли 1917 зиёда аз 33 млн. сўмро ташкил намудааст.

    Дар аморати Бухоро, баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштани он, оид ба шаклњои заминдорї ва андоз таѓйироте ба вуљуд наомад. Дар ин љо мисли пештара замин ба шаклњои: амлокї (ё худ давлатї, ки ба он заминњои бо ном амирї њам дохил мешаванд), ваќфї, мулкњои хури холис ва хирољї таќсим мешуданд. Мисли пештара (тахминан 75%-ро заминњои амлокї ва ваќфї ташкил менамуданд. Аз заминњои амлокї ва хирољї андоз бо номи хирољ бояд 10 фоизи њосил, яъне баъди љамъ намудани њосил, ба фоидаи хазинаи амир, аз заминњои ваќфї њамин миќдор андоз ба фоидаи мадрасаю масљидњо ва дигар љойњои муќаддас ситонида мешуд.

    Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи њукумати амирии Бухоро закот ба њисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молњои тиљоратї ва пули наќд ситонида мешуд.

    Аминона њам яке аз андозњои асосии замони амирї ба њисоб мерафт. Ин намуди андозро аз њамаи молњои барои фурўхтан муайяншуда меситониданд. Дар байни молњое, ки ба фурўш бароварда мешуд, љои намоёнро пахта, ѓалла, пўсти ќарокўлї, пашм, чорво, мева, матоњои гуногун ва ѓайрањо ташкил менамуданд.

    Ба ѓайр аз андозњои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз дањњо намудњои гуногуни андоз вуљуд доштанд. Амалдорони замони амирї барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз њавасманд буданд. Зеро, бо чунин тадбир онњо аз як тараф ба амир ва наздикони ў кордонии худро нишон дињанд, аз тарафи дигар як њиссаи андози ѓункардаро аз они худ мекарданд, ки ин гуна њолат њатто баъзе амалдорони њукумати подшоњиро ба ташвиш гузоштааст.

    Амалдорони њукумати подшоњї барои оромии дохилии аморати Бухоро низ манфиатдор буданд. Зеро, њангоми ба вуќўъ омадани хурўљњои халќї амир барои имдод бегуфтугў ба онњо мурољиат мекард. Бинобар њамин њам амалдорони рус борњо дар назди њукумати амирї масъалаи ба тартиб даровардани тарзи ситонидани андоз, бартараф намудани он бетартибињо, махсусан худсарии њокимон (бекњо) ва мутасаддиёни андозро гузоштаанд. Чунончї, боре гумоштаи давлати Русия А.Сомов дар ваќти сўњбат бо амир Олимхон њамин таклифро гузоштааст. Вале амир дар љавоб гуфтааст: «Ман худам дар ањди падари марњумам беки Каршї будам... Агар ба даромад кардани бекњо роњ надињам, дар он ваќт ба онњо маош додан лозим меояд ки ин тамоман як дигаргунии калон мешавад, вале дар мамлакати мо ба ин одат накардаанд». Минбаъд, агарчанде аз тарафи њукумати амирї барои ќисми амалдорон маош таъин карда шуда бошад њам, вале худсарињои онњо њамон, мисли пештара давом кардааст.

    Њамин тарз, баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоњї гузаштани Осиёи Миёна њукуматдорони подшоњї танњо дар шароити кишвари Туркистон то андозае тарзи истифодаи замин ва рўёнидани андозро ба тартиби муайян даровардаанду халос.

    Оѓози кишти пахтаи навъи америкої дар њудуди Осиёи Миёна ва ба манбаи ашёи хом – пахта табдил ёфтани он. Дар нимаи дуюми асри ХIХ яке аз масъалањои муњими соњаи пахтакории Осиёт Миёна ин иваз намудани пахтаи навъи мањаллї - ѓўза бо навъи пешќадами љањонї-америкої буд. Зеро, ѓўза бо сабаби кўтоњнах буданаш талаботи рўзафзуни саноатчиёни Русияро ќонеъ гардонида наметавонист. Аз њамин сабаб дар сарзамини Осиёи Миёна бо ташаббуси ширкатњои марказии Русия кишти пахтаи навъи америкої оѓоз ёфт.

    Аввалин кўшишњои дар њудуди Осиёи Миёна пањн намудани пахтаи навъи америкої (солњои 1859-1860 ва 1874) натиљаи манфї доданд. Он танњо 1882 натиљаи дилоњ дод.

    Солњои 80-90-уми асри ХIХ намояндагони рафоќату ширкатњои номии русиягие, ки дар ноњияњои гуногуни Осиёи Миёна нуфуз пайдо карда буданд, ба дењќонон пунбаи пахтаи навъи америкоиро бе пул таќсим карда дода, бо маќсади њавасмандї, барои онњое, ки зиёда пахтаи аълосифати ин навъро супоридаанд, њатто мукофотњои пулї муайян мекарданд.

    Албатта рафоќату ширкатњои марказї аз њаридани пахтаи мањаллї-ѓўза низ даст накашидаанд. Вале онњо кўшиш мекарданд, ки дењќонон њар чї зиёдтар мањз пахтаи навъи америкої коранд. Барои ин онњо дењќонони пахтакори кишварро маљбур не, балки њавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи америкої низ нисбат ба ѓўза баландтар буд.

    Мањз бо ташаббуси њамон рафоќату ширкатњои русиягї дар ноњияњои гуногуни Осиёи Миёна баъзе таљрибањои пешќадами љањонї, махсусан америкої оњиста-оњиста љорї карда шуд. Аз љумла, дар кишвар ба воситаи сеялка ба кишти ќатораи пахта оѓоз намуда, баъзе њољагињо њангоми шудгори замин аз плугњо низ истифода бурдаанд.

    Бо маќсади дар шароити ноњияњои гуногуни Осиёи Миёна мутобиќ кунонидани пахтаи навъи америкої, майдонњои таљрибавии пахтакорї љорї карда шуд. Чунин майдонњои таљрибавї соли 1897 дар наздикии Ашќобод, соли 1900 дар Дилварзин ва соли 1901 дар наздикии Андиљон ба вуљуд омаданд. Дар натиља пахтаи навъи америкої бо зудї дар шароити ноњияњои гуногуни кишвар мутобиќ кунонида шуд.

    Аммо он солњо ба њољагии ќишлоќи кишвар сар даровардани баъзе намудњои техникаи нав нигоњ накарда, пахтакорї њанўз њам бештар ба техникаи кўњна асос меёфт. Зеро, аз як тараф аксарияти њољагињои дењќонї, ки миёнањол буданд, бинобар ин онњо ќобилияти њаридани техникаи навро надоштанд ва аз тарафи дигар дар шароити кишвар муќобилони љорї намудани техникаи нави кишоварзї, аз љумлаи мутасаддиёни болоии њукумати подшоњї кам набуданд. Чунончї, 23 сентябри соли 1907 дар яке аз љамъомадњои Кумитаи Биржагии Ќўќанд, бо иштироки раиси Кумитаи пахтаи Русия, собиќ вазири савдо ва саноати Русия В.И. Темирязов, њатто ќарор карда шуд, ки њосилнокии замини пахтаи бо мењнати дастї асос ёфта, нисбат ба коркарди мошинї хеле баланд ва самаранок аст. Аз ин сабаб таъкид шуд, ки «дар шароити дењќонони яккадасти кишвар бо мошин иваз кардани мењнати дастї беасос мебошад».

    Умуман чорабинињои гуногуни дар соњаи пахтакорї пешгирифта (пеш аз њама њавасманд намудани дењќонон) имконият доданд, ки дар Осиёи Миёна пахтакорї инкишоф ёбад, њосилнокии он нисбат ба солњои пешин зиёд гардад ва истењсоли пахта хело афзояд.

    Дар натиља агар дар саноати бофандагии Русия њиссаи пахтаи Осиёи Миёна соли 1890 таќрибан 30 фоиз ва хориљї 70 фоиз бошад, пас соли 1914 њиссаи пахтаи ватанї, яъне осиёимиёнагї, (ба марказ кашонидани он соли 1915 њам идома ёфт) таќрибан ба 70 фоиз расиду њиссаи пахтаи хориљї то ба 30 фоиз фаромад. Ин бори дигар гувоњї медињад, ки дар солњои љанги якуми љањон Осиёи Миёна ба манбаи асосии ашёи хом-пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфтааст.

    Бояд ба инобат гирифт, ки њанўз дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ њукумати подшоњї, бо маќсади дар сарзамини Осиёи Миёна инкишоф додани пахтакорї, ўњдадор шуда буд, ки мардуми ин кишварро бо ѓаллаи арзони дигар губернияњои Русия, махсусан аз ѓаллаи ноњияњои Сибир таъмин намояд. Чунин «ўњдадорї» то солњои аввали љанги якуми чањон ба хубї иљро шуд. Вале минбаъд, махсусан солњои 1916-1917, он ўњдадорї бо сабабњои гуногун иљро нагардид ва боиси гаронии нархи ѓалла дар кишвар ва хеле паст рафтани сатњи зиндагии мардум шуд.

    Консессияњои замин. Афзудани талабот нисбат ба пахта дар навбати худ зиёд намудани майдони кишти ин зироат ва мантиќан зиёд намудани њарољотро ба миён гузошта буд. Бинобар њамин њам соли 1907 Шўрои генерал-губернатории Туркистон барои ба корчаллонњои алоњида, мањз барои кишти пахта чун консессия додани ќитъањои замини давлатї ќарор ќабул кард. Ин ќарор агарчанде танњо ба сарзамини кишвари Туркистон дахл дошт, вале он барои ба њамин иќдом кашидани тамоми Осиёи Миёна, аз љумла сарзамини аморати Бухорою хонии Хева низ роњ кушод.

    Дар натиља, дар мањалњои гуногуни Осиёи Миёна корчаллонњо (бештар аз њисоби амалдорони њукумати подшоњї, гумоштагони бонкњо, сармоядорон, муњандисон ва ѓайра), дар асоси ќарори боло, гўё, бо маќсади инкишофи пахтакорї, ќитъањои калони заминро ба ихтиёри худ дароварданд. Аз љумла соли 1913 агенти бонки Русию Осиёгї Стовба аз њукумати амирии Бухоро 10,9 хазор гектар замини бекигарии Ќубодиёнро ба консессия гирифт. Дар худи њамон сол княз Андронников бо њамроњии Шарапов зиёда аз 27 њазор гектар заминро аз даштњои Ќаршї чун консессия аз њукумати амирї ба ихтиёр дароварданд. Ё худ њанўз 23 феврали соли 1912 дар байни њукумати амирии Бухоро ва муњандиси њарбї А.Г.Ананев шартномае имзо гардида буд, ки мувофиќи он амир ба Ананев 78 њазор гектар замини водии Шерободро чун консессия дод. Бо маќсади азхуд намудани замини пешкашшуда 30 марти соли 1914 бо ташаббуси А.Г.Ананев ва намояндаи бонки Тиљоратию саноатии русї љамъияти сањомии «Шеробод», бо сармояи 18 млн. сўм ташкил карда шуд. Соли 1916 љамъият барои азхудкунии водї корњои васеъро оѓоз намуд. Вале соли 1917 бо ѓалабаи Инќилоби Октябр њамаи наќшаи бунёдкунандагони љамъият барбод рафт.

    Ба вуљуд омадан ва инкишоф ёфтани шаклњои гуногуни саноат дар Осиёи Миёна (заводњои пахтатозакунї ва равѓанкашї). Барои Осиёи Миёна солњои 80-90-и асри Х1Х асосан солњои бавуљудої ва инкишофи соњањои гуногуни саноат ба њисоб меравад. Зеро, мувофиќи баъзе маълумотњо то соли 1880 дар кишвари Туркистон њамагї 21 корхонаи саноатї вуљуд доштаасту халос. Аз он љумла: 1 заводи пахтатозакунї, 2 заводи пўст, 1 заводи собунпазї, 1 матбаа, 4 заводи вино, 1 заводи пивопазї, 5 заводи спирттозакунї, 1 корхонаи пиллахушккунї, 1 заводи биринљтозакунї ва ѓайра амал мекардаанд.

    Дар ин давр гумоштагони рафоќатњою ширкатњои марказї пахтаи аз Осиёи Миёна њаридаашонро ба шањрњои марказї, аз он љумла Москва ва атрофи он фиристода, дар њамон љо онро аз пунбааш (пундонааш) тоза мекарданд, ки ин барояшон хело гаронї мекард. Бинобар ин минбаъд, яъне аз солњои 80-уми асри Х1Х бо ташаббуси он ширкатњо дар мањалњои гуногуни пахтакорї (бештар дар назди дењањо) заводњои пахтатозакунї сохта шуданд. Дар аввал барои њаракати он заводњо ќувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онњоро ба ќувваи механикї иваз карданд.

    Заводњои пахтатозакунї ба соњибонашон даромади зиёди бедардимиён медоданд. Зеро, онњо пахтаро аз дењќонон бо нархи нисбатан арзон њарида, онро дар заводи худ тоза намуда (яъне нахашро аз пунбааш људо намуда), нахашро бо нархи дучанд ба корњонањои бофандагї мефурўхтанд. Аз њамин сабаб њам шумораи заводњои пахтатозакунї дар Осиёи Миёна аз аввали солњои 80-ўми асри ХIХ сар карда бо суръати тез меафзуд ва дар соли 1914 то ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фаќат дар кишвари Туркистон (аз љумла танњо дар вилояти Фарѓона - 240 завод), дар аморати Бухоро - 29 завод ва дар хонии Хева - 11 завод чой гирифта буд.

    Сохтмони заводњои пахтатозакунї минбаъд њам идома ёфт. Аз он љумла соли 1916 дар Саройи Камар (шањрчаи Панљи њозира) ягона дар Бухорои Шарќї заводи пахтатозакунї сохта шуд, ки он то баркароршавии Њукумати Шўравї фаъолият мекард. Он завод ба Ширкати Бухорои Шарќї тааллуќ дошт.

    Дар аввал пунбаро (ё худ пундонаро) аз пахта (ё худ ѓўза) људо карда, онро бештар ба љои сузишворї истифода мебурданд. Яъне ќисми бузурги пунба-њамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо маќсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равѓан аз аввали солњои 90-и асри Х1Х, боз бо ташаббуси ширкатњо ва тољирон заводњои равѓанкашї сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онњо соли 1914 ба 29 адад расид.

    Мувофиќи ашёи хоми кишвар инчунин заводњои дигар, ба монанди: заводњои ордкашї, винокашї, пивопазї, собунпазї, коркарди чўб, коркарди пўст; фабрикањои тамокў, гўгирдбарорї; корхонаи шоњибофї ва ѓайрањо ба вуљуд омаданд. Дар натиљаи инкишофи шаклњои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикањои кишвари Туркистон соли 1914 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта аксарияти кулли онњо корхонањои хурд буданд. Миќдори зиёди заводу фабрикањои нав низ дар вилояти Фарѓона љой гирифта буданд. Бо инкишофи корхонањои саноатї Ќўќанд, Намангон, Андиљон (дар вилояти Фарѓона), Самарќанд, Хуљанд (дар вилояти Самарќанд), Тошкент (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва дигарњо ба марказњои саноатї (ба маънои давраи аввалааш) табдил ёфтаанд.
    1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   57


    написать администратору сайта