Главная страница
Навигация по странице:

  • Муњорибаи Чўпоното ва забти Самарќанд.

  • Муњорибаи Зирабулоќ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва таќдири он.

  • Шўриши Абдумаликтўра.

  • Эъзомияи Исканедаркўл.

  • Њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хонигарии Хева.

  • Шартномаи 28 сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухоро.

  • § 4. Ба аморати Бухоро њамроњ кардани Бухорои Шарќї Њуљуми аввали амир Музаффархон ба водии Њисор.

  • Њуљуми дуюми ќўшунњои амир Музаффархон ба водии Њисор. Таслим намудани Њисор, Кўлоб, Балљувон ва водии Вахш.

  • Забти Ќаротегину Дарвоз.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница19 из 57
    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   57
    § 3. Идомаи љанги Русия бо Бухоро ва забти Хева
    Муњорибаи Чўпоното ва забти Самарќанд. К.П.Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъин гардиданаш амалиёти забткоронаи пешгузаштагони худро давом дод. Маќсади асосии ў таслим намудани аморати Бухоро буд. Сараввал диќќати ўро вазъияти мураккаби Самарќанд, ки хеле ноором буд, ба худ љалб кард.

    1 майи соли 1868 дар баландии Чўпонато (наздикии Самарќанд) муњорибаи шадидтарини байни ќўшунњои рус ва сарбозони амир, ки бо якљоягии ихтиёриён амал мекарданд, ба вуќўъ омад. Дар ин муњориба њокими Њисор Рањмонќулбї парвоначии манѓит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомї воќеанигори ў буд. Муњофизон агарчанде аз љињати шумора нисбат ба аскарони подшоњї, ки ба онњо бевосита худи К.П. Кауфман сарварї мекард, бартарї дошта бошанд њам (аз рўи баъзе маълумотњо шуморои онњо ба 100 њазор нафар мерасид), аммо аз љињати таљрибаи њарбї ва таъмини яроќ хело касод буданд. Дар натиља ин муњориба њам боиси маѓлубият ва талафоти бузурги муњофизон, аз он љумла сарбозони амир гардид.

    Маѓлубият дар муњорибаи Чўпонато таќдири Самарќандро низ њал намуд. Зеро, сарварони ин шањри бостонї муќобилияти минбаъдаро нисбат ба ќўшунњои забтгари Русияи подшоњї бефоида ва ба зарари шањру шањриён (яъне боиси талафоти бешумор ва инчунин вайронињои зиёд) њисобида, рўзи дигар, яъне 2 май бе муќобилият дарвозаи шањрро ба рўи ќўшунњои рус кушоданд.

    3 май ин хабар ба амир Музаффархон расид, ки ў он лањза дар Кармина буд. Вай њатто аз изтироб ќосиде, ки хабари аз даст рафтани Самарќандро барояш расонид, ќатл намудааст.

    Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оиди масъалаи тиљорат давом дошт ва он 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз 6 банд анљом ёфт. Мувофиќи он дар ќаламрави хоки аморати Бухоро барои тољирони Русия имконияти васеи фаъолият дода мешуд.

    Муњорибаи Зирабулоќ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва таќдири он. Имзои шартномаи тиљоратии 11 майи соли 1868 идомаи љангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут, 18 май Ќаттаќўрѓон аз тарафи ќисмњои аскарони рус ишѓол карда шуд. Умуман, муњорибањои минбаъда исботи он буданд, ки ќўшунњои амир имконияти муќобилиятнишондињиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эњсос намуда, маљбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешнињодкардаи Кауфман розї шавад.

    Њанўз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ѓазаби як ќисми мардуми Бухороро ба вуљуд овард. Олимаќомони худи Бухоро њам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирњо», яъне русњо љангро давом дињад. Бо њамин сабабњо амир маљбур шуд, ки боз майл ба љанг намояд. Ў дар наздикии Зирабулоќ 15 њазор сарбозони савора, 6 њазор сарбозони пиёда ва 14 тўпро бо сарварии Њољї Тўќсабо ва Усмон Тўќсабо љамъ намуд. Аз рўи маълумотњои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он љо ба муќобили аскарони рус љамъ намудаанд, ба 50 њазор нафар мерасид.

    Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоќ муњорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуќўъ омад. Вале маѓлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онњо 1500 нафарро талаф доданд.

    Ќўшунњои рус баъди ѓалаба дар Зирабулоќ боз ба сўи Самарќанд равон шуданд. Зеро дар он љо њанўз 1 июн шўриши зиддирусї ба вуќўъ омада буд. Шўришгарон шањрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва мањаллиёни бо онњо њамкорї намударо ба ќатл расонидаанд. Онњо њафт рўз шањрро муњофизат карданд ва ба ќўшунњои рус муќобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шўриши Самарќанд бо вањшоният пахш карда шуд.

    Барои Музаффархон баъди маѓлубият дар муњорибаи Зирабулоќ ва пахш намудани шўриши Самарќанд ба ѓайр аз ќабули таклифи Кауфман оиди имзои шартномаи пешнињод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин ў намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарќанд фиристод. 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиќи он амир вазифадор шуд: аз заминњои забтнамудаи ќўшунњои рус, бо шањрњои Хуљанд, Ўротеппа, Љиззах, Самарќанд ва Ќаттаќўрѓон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи њукумати подшоњї чун товони љанг 125 њазор тилло (500 њазор сўми русї) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тољирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро дињад; дар дарёи Аму ба киштигардии Русия мамоният накунад; ѓуломдориро манъ намояд ва ѓайрањо. Мувофиќи ин шартнома амир аз њуќуќи муносибати мустаќилона бо дигар давлатњои њамсоя мањрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар њаќиќат аз љињати њуќуќ (юридикї) бояд тобеи Русия мегардид.

    Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиќ, ба подшоњи Русия Александри II фиристода шуд. Подшоњ бошад бо сабабњои сиёсию иќтисодї шартномаро тасдиќ накард. Аз ин рў он шартнома њукми ќонуниро нагирифт. Агарчанде соли 1869 њукумати амир, ки аз ин њолат хабар надошт, бо сафирони худ як ќисми тавони љангро (50 њазор тангаи тилло ва 19 њазор тангаи нуќра) ба хазинаи њукумати подшоњї фиристод. Хазинадорони подшоњї њам он ѓаниматро бе ягон калавиш ќабул карданд.

    Шўриши Абдумаликтўра. Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз њам мураккаб гардид. Шахсони аз шартнома норозї дар атрофи писари калонии амир Музаффархон - Абдумаликтўра (Каттатўра) љамъ омада, ўро амир эълон карданд. Њокимони Китобу Шањрисабз - Љўрабеку Бобобек њам бо дастањои худ ба тарафи Абдумаликтўра гузаштанд. Дар натиља дар худи Бухоро ба муќобили Музаффархон ќувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рўи баъзе маълумотњо тирамоњи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтўра ќариб 8 њазор нафар аскар буд. Агар њамон лањза ќуввањои Абдумаликтўра, ки Ќарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо њам бар мехўрданд, маѓлубияти амир аз эњтимол дур набуд. Инро худи амир њам эњсос намуда барои имдод ба К.П. Кауфман мурољиат кард. Кауфман бошад ба хубї мефањмид, ки њаракати Абдумаликтўра пеш аз њама ба муќобили манфиати Русия аст, аз њамин сабаб ба таклифи Музаффархон розї шуд. Ў барои пахш намудани шўриш ќўшунро бо сарварии генерал А.К. Абрамов фиристод.

    Тирамоњи соли 1870 ба ќўшунњои Абдумаликтўра, ки дар наздикии Ќаршї омодаи љанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора њуљум карданд. 27 октябр Ќаршї аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир њам вориди шањр гардида, онро торољ намуданд. Он лањза як њиссаи бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сўи Шањрисабзу Китоб њаракат карда, он мулкњоро низ тобеи амир Музаффархон гардониданд. Абдумаликтўра бошад баъд аз њама нобарорињо аввал ба Ќўќанд, баъд ба Ќошѓар гурехт.

    Эъзомияи Исканедаркўл. Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарќанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Кўњистон: Фалѓар, Мастчоњ, Фон, Киштут ва Моѓиён, ки мулкњои ниммустаќил буданд, низ ба луќмаи он пешкаш гардиданд. Њукумати подшоњї аз њисоби Самарќанд, Каттаќўрѓон ва дигар мулкњои Зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А.К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз маќсадњои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкњои номбурдаи Кўњистон буд. Мардуми он мулкњо агарчанде њама тољиканд, вале њокимони онњо байни худ љангида ќувваи мудофиавии Кўњистонро хеле заиф гардонидаанд.

    Пўшида набуд, ки чунин њолати ин диёр муваффаќияти ќўшунњои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кўшиши ў барои таслими болооби Зарафшон чун њуљуми њарбї ном бурда шавад. Бо њамин маќсад вай зурур шуморид, ки амалиёти њарбиро бо эъзомияи илмї рўпўш намояд. Зеро он ваќт марказњои илмию чуѓрофии Русия оиди омўзиши табиату набототи Осиёи Миёна раѓбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиља бањори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркўл ташкил карда шуд.

    Ба њайатии эъзомияи номбуда 200 нафар казакњои мусаллањ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчињои кўњгард дохил мешуданд. Боз аз Ўротеппа дастаи дигари њарбиёни мусаллањ тањти фармондењии Деннет њаракат карда, дар роњ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарќанд сар шуд. Моњи август шањри Панљакент бе муњорибаи љиддї ба ихтиёри ќўшунњои рус гузашт. Вале дар дењаи Артуч, Панљруд, Даштї, Кулолї, Фалѓар, Мастчоњ ва ѓайра љангњои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр дењањоро бо хукми Абрамов ба хок яксон намудаанд. Моњи июни соли 1870 эъзомия амалиёти њарбии худро ба охир расонид. Аз њисоби мулкњои ниммустаќили кўњистонии болооби Зарафшон «Туманњои Кўњистонї» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон њамроњ карда шуд.

    Дар эъзомияи Искандаркўл як ќатор олимон: табиатшинос А.Ф. Федченко, геолог Д.К. Мищенко, наќшбардор (баъдтар арбоби намоёни њарбию сиёсї) Л.Н. Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тадќиќи захирањои табии болооби Зарафшон ќадамњои аввалин ва муњими илмї гузошта шуд.

    Њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хонигарии Хева. Минбаъд амалиётњои асосии ќуввањои њарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шудаанд. Барои рўњан мањв намудани аскарони хонигарї амалдорони њарбии Русия ба муќобили он якбора аз се самт: аз самти Тошкент, ба воситаи Љиззах, бо сарварии генерал-майор Головачев (4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи ќалъачаи (форти) Эмбин, бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин (3400 нафар) ва аз самти Красноводск отрядњои Ќафќозї, бо сарварии полковник Маркозов (4300 нафар), яъне бо шумораи умумии 12 њазор нафар, бо сарварии умумии К.П.Кауфман ба њуљум гузаштанд.

    Миёнаи моњи майи соли 1873 ќўшунњои подшоњї аллакай дар ќаламрави хонигарї амалиёти љангї мегузарониданд. 29 май барои шањри Хева љангњои сахттарин ба вуќўъ омад. Хони Хева, Саид Муњаммад Рањими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим, аз Кауфман сулњ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти љангї дар хоки Хева ќатъ гардид. 12 августи њамон сол байни Русияю Хева шартнома имзо гардид, ки мувофиќи он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони љанг ба хазинаи подшоњї 2 млн. 200 њазор сўм медод. Аз заминњои хонигарї соњилњои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт.

    Њангоми њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хони Хева, амири Бухоро Музаффархон натанњо ин амалиётро торафдорї кард, балки ба ќўшунњои рус кўмаки амалї расонид. Чунин рафтори содиќонаи амир ба Русия ба амалдорони њукумати подшоњї хеле маъкул гардид. Бинобар њамин њам њукумати подшоњї мањз садоќати амирро нисбат ба худ ба инобит гирифта, инчунин ба ивази он мулкњое, ки аз њисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминњои Чорљўйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.

    Шартномаи 28 сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухоро. То моњи сентябри соли 1873 дар байни Русияю Бухоро, ба ѓайр аз шартномаи тиљоратии 11 майи соли 1868 дигар ягон њуљљати њуќуќї (юридикї), ки муносибати ин ду давлатро муайян номояд, вуљуд надошт. Аз њамин сабаб, асосан баъди њалли таќдири Хева, дар доираи њукумати Русияи подшоњї боз масъалаи муайян намудани муносибат нисбат ба Бухоро ба миён омад.

    Инак, 28 сентябри соли 1873 дар Шањрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи шартномаи «дўстї» маълум буда, аз 18 банд ибарат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоњ тасдиќ гардид ва он дар ќатори шартномаи тиљоратї, ки дар боло ишора рафт, њамчун њуљљати асосии њуќуќии байни Бухоро ва Русия то Инќилоби Октябри соли 1917 амал кард.

    Шартномаи «дўстї»-и соли 1873 сарњади њамонваќтаи байни Русияю Бухороро тасдиќ намуда, сарњади байни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он њар ду тараф, яъне тарафњои Русияю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Миёна, дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатњои тиљоратї ва озодона шино кардани киштињоро дар дарёи Аму таъмин мекунанд; тољирони рус на танњо барои дар тамоми шањру ноњияњои аморати Бухоро озодона амал намудан њуќуќ пайдо карданд, балки онњо дар њимояи махсуси њукумати амирї низ буданд; аз молњои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молњои русї ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатњо бебољ гузаронида мешуд; тољирони њар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсарои худро дошта бошанд. Ѓайр аз ин, тољирони рус дар соњилњои дарёи Аму истгоњ (бандар) ва анборњо сохта метавонистанд; ба раиятњои тарафайн, аз рўи ќонунњои мављуда, њуќуќи дар љои дилхоњ машѓули касбу њунар шудан дода мешуд. Инчунин онњо метавонистанд мулки ѓайриманќула, яъне хона, боѓ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро, яъне њукумати амирї дар Тошкент ва њукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи њукумати амирї вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурўши одам, яъне ѓуломдориро манъ намояд.

    Њамин тавр, дар шартномањои тиљоратии соли 1868 ва «дўстии» соли 1873 ба ѓайр аз баъзе бартарињо барои тољирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоњї гардад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз љињати њуќуќї, яъне юридикї, давлати мустаќил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иќтидори њарбии Русия нотавон буданашонро ба хубї эњсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оѓўши тобеият андохта, нисбат ба њукумати подшоњї сиёсати содиќона хизмат карданро пеш гузошта, аморатро ба мустамликаи њаќиќии Русия табдил доданд.

     

    § 4. Ба аморати Бухоро њамроњ кардани Бухорои Шарќї
    Њуљуми аввали амир Музаффархон ба водии Њисор. Чуноне дар боло аллакай ишора намудем, дар сарзамини аморат мулкњое ба монанди: Шањрисабз, Китоб, Бойсун, Дењнав, Њисор, Ќаротегин, Дарвоз, Кўлоб ва ѓайра буданд, ки њокимони онњо худро мустаќил њисобида, ба њукумати амирї сар намефароварданд. Мулки Ќўрѓонтеппа бошад, он лањза макони кашмакашї гардида, тобеи гоњ хони Ќундуз, гоњ Кўлобу Балљувон ва гоњ тобеи Њисор мешуд. Амирони манѓитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкњо, аз љумла ба муќобили Шањрисабзу Китоб барњо њуљум карда, хуни зиёде резондаанд.

    Амир Музаффархонро ба муќобили ќўшунњои рус бемуваффаќият анљом ёфтани амалиётњои љангии соли 1866 ором нагузошт. Ў мехост, ки љои мулкњои аз даст додаашро (Хуљанд, Ўротеппа, Нов, Љиззах ва ѓайраро) зуд аз њисоби мулкњои Бухорои Шарќї пур кунад. Бо њамин сабаб охири њамон сол ба сўи водии Њисор лашкар кашид. Албатта муваффаќияти ин њуљум аз бисёр љињат ба мавќеи њокимони Китобу Шањрисабз вобастагї дошт. Зеро, њамон лањза њокимони Шањрисабз - Њакимбек (падари Бобобек) ва Китоб - Љўрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале онњо дар пеши њуљуми ќўшунњои рус хусумати худро нисбат ба амир як сў гузошта, бо маќсади зарба задан ба душмани асосї - ќўшунњои њукумати подшоњии рус, муваќќатї бошад њам, бо амир якљоя амал карданро зарур њисобиданд. Бо њамин маќсад онњо ба амир Музаффархон изњори итоат намуданд. Аммо амир ба садоќати ин њокимон боварї надошт ва нисбаташон дар дили худ оташи интиќомљўиро аланга медоду, нияти бо њар роњ маъзул намуданашонро дошт. Лекин амир барои чунин нияти худ њанўз љуръат намекард. Ба њар њол ин дафъа садоќати рўякии ин њокимонро истифода бурданї шуд.

    Инак, амир Музаффархон охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Ќаршї ва Шањрисабзро ба такягоњи ќўшунњои худ табдил дода, ба сўи водии Њисор њуљум кард. Вай ба душвории роњњои кўњї нигоњ накарда, њатто тўпњоро низ њамроњи худ гирифт. Баробари огоњї аз ин њаракати амир, ба муќобили ў, дар мањалњои Бойсун ва Дењнав, бо ташаббуси њокими Њисор Абдулкарим додхоњ дастањои ихтиёрии ин мулкњо љамъ омада буданд. Дар байни онњо њиссаи асосиро њисорињо ташкил медоданд ва бо њамин сабаб њамаи он ќуввањои умумии зиддиамирї чун «њисорињо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим додхоњ њокими Кўлобу Балљувон Сарахон њам, ки баромадаш аз ќабилаи катаѓони Кўлоб буд, њамчун иттифоќчї, бо ќўшунњои худ ба майдони муњориба њозир шуд.

    Аз љињати лавозимоти њарбї то чї андоза ќафомонда будани тарафњоро тасвири зерини амалиёти љангї, ки дар китоби «Тољикон»-и Бобољон Ѓафуров акс ёфтааст, равшан нишон медињад: «Тўпхонаи њарду тараф њам хеле заиф буд. Њисорињо њамагї 4 тўп (2 тўпи чўянї ва ду тўпи мисї) доштанд, дар онњо аслињаи оташфишони њозиразамон ба миќдори кофї набуд. Бинобар ин дастањо аксар ваќт ба љангњои тан ба тан мегузаштанд. Ќўшуни Бухоро дар натиљаи њарбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоќсой) њисорињоро аќиб нишонда, дар ќалъаи Дењнав ба муњосира гирифт ва сипас шабохун зада, ќалъаро ишѓол намуд. Сарбозони амир ба ќатли оми дањшатангезе шурўъ карда, њар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд».

    Мувофиќи баъзе маълумотњо муњосираи ќалъаи Дењнав, ки асосан аз тарафи њисорињо мудофиа карда мешуд, шаш рўз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муњофизони ќалъаро ќатл ва худи онро ба хок яксон намуданд.

    Сарбозони амир, баъди маѓлубияти ќуввањои муттањидаи зиддиамирї дар Дењнав, ба самти Шарќ, ба дохили водии Њисор њаракат карданд. Онњо ќалъањои Регар, Ќаратоѓ, Файзобод ва ѓайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим додхоњ бошад ба назди иттифоќчии худ њокими Кўлобу Балљувон-Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои њифзи мансаб ва љони худ Абдулкаримро њабс намуда ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноњро ба гардани ў бор карда, бо ин мансаб ва љони худро нигоњ дошт. Дар натиља Абдулкарим додхоњ, бо њукми амир, бо њамроњии 20 нафар њаммаслаконаш дар Дарбанд ќатл карда шуд. Чї тавре С. Айнї ќайд кардааст, амир Музаффархон Абдулкаримро бо тамоми авлодаш асир карда «нахустин авлодашро то атфоли чордањсола дар пеши назараш кушта» пас аз он худи ўро ќатл намуд.

    Амир Музаффархон баъди ин ѓалабањо дар Бойсун, Дењнав, Њисор ва Файзобод аз љумлаи содиќони худ њокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро, чуноне таъкид шуд, бо сабаби дар назди ў сари таслим фаровардани Сарахон, ба сўи Кўлоб њаракат карданро зарур нашуморид. Чунин њолат амирро то андозае хотирљамъ њам карда буд. Ў боварї дошт, ки њокимони боќимондаи Бухорои Шарќї дигар саркашї накарда, дар итоати вай боќї хоњанд монд.

    Њуљуми дуюми ќўшунњои амир Музаффархон ба водии Њисор. Таслим намудани Њисор, Кўлоб, Балљувон ва водии Вахш. Чуноне ишора шуд, солњои1868-1870 барои амир Музаффархон, давраи хеле душвор буд. Аз љумла, танњо соли 1868 соли шикастхўрї аз ќўшунњои рус дар муњорибањои Чўпонато ва Зирабулоќ, аз даст рафтани Самарќанд, имзои шартномаи барояш вознин бо Русия, нињоят исёни писараш - Абдумаликтўра ва ѓайрањо ба њисоб меравад. Њангоми шўриши Абдумаликтўра як ќатор њокимон аз итоати амир саркашї намуда буданд. Аз љумла њокими Кўлобу Балљувон - Сарахон, аз ў рў гардонда, майл ба исёнгарон карда буд. Њокими нави Њисор њам њамин гуна мавќеъро ишѓол кард.

    Инак, амир Музаффархон соли 1870, баъди он ки ќўшунњои рус шўриши Абдумаликтўраро пахш намуда, Китобу Шањрисабзро тобеи ў намуданд, боз ба сўи водии Њисор лашкар кашид. Њамроњи вай ќушбегї Яъќуббек њам буд. Дар ин сафари њарбї сарбозони амир сараввал дастањои њарбии беки Шеробод Остонаќулбий ва њокими нави Дењнав Улуѓбекро шикаст дода, ба Њисор наздик шуданд. Мувофиќи баъзе маълумотњо дар ин сарзамин 15 рўз љанг давом кардааст. Шумораи танњо ќатлшудагон ба 5 њазор нафар расида, водї ба харобозор табдил ёфтааст. Аз љумла яке аз он манзарањои вањшоният бо нигоњи Абдуќодир Муњиддинов чунин сурат гирифтааст: «Амир Музаффар баъд аз ѓалабаи Њисор аз занону кўдакон њар ќадар асире, ки ба даст афтода бошад, берањмона дар њавзе андохта, дар болои онњо об монда, таќрибан ду њазор зан ва тифли бегуноњро бо ин љабру зулм њалок намудааст”.

    Бедодгарињои амир Музаффархон дар водии Њисор тарсу вањми њокими Кўлобу Балљувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лањза дар зери итоати ў водии Вахш-мулкњои Ќурѓонтеппаю Ќубодиён низ буд. Амир худи њамон соли 1870 ба муќобили Сарахон, ба сўи Кўлоб дастањои махсусро бо сарварии ќушбегї Яъќуббек фиристод. Сарахон бошад боварии комил дошт, ки барои муќобилият ќуввааш кифоягї намекунад ва њангоми маѓлубият саломат нахоњад монд. Бинобар ин ў аз муќобилиятнишондињї даст кашида, барои халосии љони худ ба мулки Афѓонистон гурехт. Дар натиља Яъќуббек бе ягон муњориба мулкњои Кўлоб, Балљувон, Ќўрѓонтеппа ва Ќубодиёнро ба зери тасарруфи њукумати амирї даровард.

    Забти Ќаротегину Дарвоз. Амалиёти минбаъдаи ќўшунњои амирї барои забти Ќаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкњо низ аз ниммустаќилњо буда, баъзан боиси кашма-кашии байни аморати Бухоро ва хонигарии Ќўќанд њам мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 њокими Ќаротегин Рањимхон, писари бародари калонии амир Музаффархон - Муќимхон, буд. Ў тарафдори мустаќилии Ќаротегин ба њисоб мерафт. Амир соли 1876 Рањимхонро ба Бухоро даъват карда, каме дертар ба љои ў амакбачаи худи Рањимхон - Саидхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиќ ва тарафдори тобеияти Ќаротегин аз Бухоро буд. Вале мардуми Ќаротегин омадани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Рањимхонро талабиданд.

    Саркашии мардуми Ќаротегин боиси воњима ва ташвиши амир Музаффархон гардид. Губернатори њарбии вилояти Фарѓона генерал Скобелев чунин вазъияти ўро пай бурда, ба сўи Ќаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзомия охирњои моњи июл ва аввали августи соли 1876 ба роњ баромад. Маќсади ин чорабинї дар мањалњои роњи Помир, махсусан ба мардуми Ќаротегин нишон додани иќтидори њарбии њукумати подшоњї ба њисоб мерафт.

    Дар њайатии эъзомия, ба мисли эъзомияи Искандаркўл, бо маќсади рўпўш намудани ниятњои дар боло зикршуда, дар ќатори њарбиён инчунин донишмандони љуѓрофия, табиатшиносї ва нуљум: Л.Ф. Костенко, В.Ф. Ошанин, А.Р. Бонедорф ва дигарон дохил буданд.

    Амир Музаффархон аз чунин амалиёти саркардагони њарбии рус рўњбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Ќаротегин боз њам ќатъитар амал кард. Ў соли 1877 Саидхонро аз Ќаротегин ба Бухоро даъват карда, худи њамон сол риштаи њаёти Рањимхонро канд ва ба Ќаротегин чун њоким Худойназар оталиќро фиристод. Дар натиљаи ин амалиёт Ќаротегин бе љанг пурра ба ќатори мулкњои Бухоро дохил карда шуд.

    Баъди њалли таќдири Ќаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иљроиши он ба ўњдаи беки Ќаротегин Худойназар гузошта шуда буд. Ў соли 1877 ба сўи Дарвоз бори аввал (иборат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хўрд. Худойназари маккор бо фиреб шоњи Дарвоз Сирољиддинхонро, гуё барои мулоќот бо амир Музаффархон, ба Шањрисабз фиристода, дар он љо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худойназар ѓазаби мардуми Дарвозро боз њам зиёдтар намуд ва онњо ин дафъа њам ба ў муќобилияти сахт нишон дода, ќўшунњои якунимњазорнафараашро торумор карданд.

    Амир Музаффархон аз бемуваффаќиятии љангњо дар Дарвоз хавфи оѓози шўришро дар дигар мулкњои тобеияташ пай бурда, зуд ќувваи зиёдеро ба муќобили он фиристод. Ба ин ќуввањо боз Худойназар сарварї мекард. Онњо бањори соли 1878 ќалъаи хеле мустањками Кафтархона ва баъд Ќалъаи Хумбро забт намуданд. Бо њамин мулки Дарвоз њам ба ќисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.

    Њамин тавр дар муддати солњои1866-1878 мулкњои ниммустаќили Бухорои Шарќї (ба ѓайр аз мулкњои кўњии Бадахшон) тобеи њукумати амирии Бухоро гардиданд. Барои осон гардонидани идоракунии мулкњои Бухорои Шарќї он ба бекигарињои зерин: Балљувон, Бойсун, Дарвоз, Дењнав, Кўлоб, Шеробод, Юрчї, Њисор, Ќаротегин, Ќубодиён ва Ќўрѓонтеппа таќсим карда шуд. Њар кадоми ин бекигарињо аз љумлаи шахсони ба амир наздик ва содиќ њокими худро дошт. Аз љумла дар Балљувон Саидниёзи киикчї, дар Кўлоб Наљмиддинхоља, дар Ќаротегин Худойназар ва ѓайрањо бек-њоким таъин шуда буданд. Вале бо сабаби аз маркази аморат-шањри Бухорои Кўњна хеле дур будан ва аз ин рў мушкилии идоракунии ин диёр, амир ба яке аз њокимони бунуфузи он њуќуќи васеъи назораткунї ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марњамати амир беки Њисор Яъќуббек ќушбегї сарфароз гардид.

    Бояд эътироф намуд, ки дар натиљаи ба аморати Бухоро њамроњ намудани мулкњои пароканда ва ниммустакили Бухорои Шарќї, ин диёр низ дар ќатори тамоми сарзамини аморат, оњиста-оњиста ба муносибатњои молию пулї кашида шуд.
    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   57


    написать администратору сайта