апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§6. Касбу њунар ва тиљорат дар даврони Темур ва Темуриён. Барќарор гардидани њокимияти нерўманд дар замони њукмронии Темур, ќатъи њуљумњои мутаасили њокимони њамсоя, љангњои дохилї ва сулолавї, коњиш ёфтани бедодгарињои амалдорон ба иќтисодиёти бисёр шањрњои Мовароуннањр таъсири мусбат расонид. Њамаи ин ба тараќќиёти косибї, тиљорати дохилї ва берунї мусоидат менамуданд. Дар ин давра њам мисли солњои пешин бофандагї яке аз соњањои асоситарини њунармандї ба њисоб мерафт. Дар ањди Темуринён бахмал, кимхоб (матои шоњии гулдор) пањншудатарин матоъи либосњои идонаи асилзодагон будааст. Ќисми асосиии истењсоли матои серистеъмолро газвори пахтагї, аз љумла суфии хом, яъне «карбос» ташкил менамуд, ки аз он асосан сару либоси њаррўзаи одамони оддї тайёр карда мешуданд. Умуман, дар ин давра афзудани навъњои гуногуни матоъ ба чашм мерасид. Дар Самарќанд истењсоли ќоѓази хатнависї љойгоњи муњимро ишѓол мекард. Дар айни њол ќоѓаз њам мисли маснуоти саноати бофандагї моли содиротї ба мамлакатњои дигар њисоб мешуд. Дар охири XIV ва асри XV Самарќанд чун маркази асосиии истењсоли ќоѓази хатнависї дар тамоми мамолики Шарќ боќї монда буд. Дар њар ду давру замон Мовароуннањр маркази муњими кулолгарї буд ва дар ањди амир Темур ва Темуриён њам ин соња байни њунарњо яке аз љойњои асосиро ишѓол менамуд. Барои тайёр кардани маснуоти сафолї гили (лойи) мањаллї, аз љумла атрофии Самарќанд истифода мешуд, ки сифати хеле баланд доштааст. Сафири Испания Клавињо навишта буд, ки гили ин љо бењтарин гили олам њисоб мешавад. Коркарди маъдан низ дар иќтисодиёт наќши муњим мебозид. Аз мис, сурб, пўлод, оњан ва ѓайра маснуоти баландсифат тайёр мекарданд, ки ба гўшаву канори љањон содир мегашт. Дар маљмўъ, дар даврони Темуриён касбу њунар ба дараљаи баланди тараќќиёти он замон расида њастаи аслии косибону њунармандони гулдаст аз њисоби тољикон буд. Ба шањодати сарчашмањо дар асри XV муносибатњои молию пулї инкишоф ёфта буд. Афзоиши истењсоли умумии мол ва алалхусус молњои сермасриф хусусиятњои хоси њамин давра будааст. Мањз дар њамон айём табаќањои васеи ањолии шањр ва як ќисми ањолии дењањо, пеш аз њама дењањои назди шањрї ба доираи муносибатњои молию пулї кашида шуданд. Сиккањо аз тилло, нуќра ва мис зарб зада мешуданд. Зарробхонањои асосї дар шањрњои Бухоро, Самарќанд, Тошканд, Андиљон, Шоњрухия, Ќаршї, Тирмиз, Шањрисабз, Утрор ќарор доштанд. Дар сарчашмањо ва адабиёти таърихї сиккањои тиллої «динор», нуќрагї «танга» ва мисї «ашрафї» номида мешуданд. Аз нав ба низоми муайян даровардани муомилоти пулї ва тиљоратї ба саъю кўшиши Улуѓбек алоќаманд аст. Улуѓбек (с.1428) бањри пешгирии мамониатњо ва худсарињои њокимони мањаллї, ки дар сикказанї ва муомилот ба миён оварда буданд, ислоњоти пулї гузаронид, ки маќсад аз он ба низом даровардани муомилоти пулї мисї ва тиљорат буд. Ба Улуѓбек муаяссар шуд, ки низоми дурусти муомилоти пулї ва молиро дар саросари мамлакат љорї намояд. Ин ислоњот дар такомули муносибатњои молию пулї ва пешрафти иќтисодиёти кишвар наќши босазое гузошта, дар дањсолањои минбаъда дар ќаламрави Мовароуннањр устувор нигоњ дошта шуд. §7. Илму фарњанг дар ањди Темуриён. Асрњои XIV-XV дар ќатори љангњои зиёд фурсати мусоид барои бунёдкориву созандагї муњаё омад. Темур ва ворисони ў барои бунёди биноњои маъмурї ва маданї таваљљўњи хос зоњир мекарданд. Хусусан дар ду пойтахти Темуриён – Самарќанд ва Њирот бинокорї нињоят тараќќї намуд. Дар дохили шањрњо Темуриён масљиду мадраса ва расадхонањо бунёд карда, берун аз шањр бошад, боѓу кушкњои истироњатї месохтанд. Сайёњи испанї, ки дар ањди Темур ба Осиёи Миёна омадааст, Самарќандро тавсиф карда, менависад, ки дар хиёбонњои ин шањр растањои косибон ва дўконњои дутабаќаи тољирон ќомат афрохта буд. Биноњои аз ин давра то ба замони мо расида, аз комёбињои беназири муњандисону лоињакашон ва ороишгарону меъморон њикоёт мекунад. Маљмўањои Шоњи Зинда, Рухобод, Гўри Мир, Ќутби Чањордањум, Улуѓбек ва ѓайра шоњкорињои беназири санъати меъмории мардумони Осиёи Миёнаанд, ки диќќати сайёњонро то ба имрўз љалб месозанд. Дар ањди Темуриён санъати наќќошї ва минётурсозї низ ба пешрафтњои назаррасе ноил омад. Бо ишорати амирони темурї сањнањои разму базм бар рўи деворњо ва имороти зебо наќш мегардид. Аз тамоми шањру минтаќањои дигар ба ќаламрави Темуриён наќкошону рассомон љалб мегардиданд. Маркази рушди њунари наќќошї Њирот ба шумор мерафт. Бо дастури Бойсунќаро ном фарзанди Шоњрух, китобхонае дар Њирот ташкил гардид, ки хаттотону минётурсозонро љамъ оварда, осори адабиро зиннат медоданд. Бузургтарин минётурсози мактаби Њирот Камолиддин Бењзод (1450-1537) осори нафиси њунарї офарида, шогирдони зиёдеро низ тарбият менамуд. Бењзод худ шогирди рассоми бузурги ин ањд Мираки Наќќош буд. Камолиддин Бењзод «Шоњнома»-и Фирдавсї, «Зафарнома»-и Яздї ва дигар осори бузурги њунарии форсии тољикиро ороиш додааст, ки намунањои он то ба рўзгори мо омада расидаанд. Давраи дуввуми фаъолият Бењзод дар шањри Табрез љараён гирифта, ин љо низ ў осори бузурги адабиёти форсу тољикро бо ќалами сењрофаринаш зиннат бахшидааст. Муњити илмии асрњои XIV-XV низ бештар дар шањрњо љараён мегирифт. Ба ќудрат расидани амире чун Улуѓбек барои равнаќи илмњои даќиќ мусоидат намуд. Дар Самарќанд расадхонаи Улуѓбек фаъолият менамуд, ки аз бинои мудаввари сеќабата иборат буд. Дар ин расадхона олимони машњури ин замон Ќозизодаи Румї, Ѓиёсиддин Љамшед, Алии Ќушчї машѓул ба тањќиќ буданд. Љадвалњои нуљумие, ки онњо тартиб додаанд, барои замони худ як пешрафти љиддї мањсуб мегаштанд. Аммо пас аз ќатли Улуѓбек таассуб љойгузини улуми аќлї гардида, хурофот ривољ ёфт. Дар миёни мардуми ин замон яке аз чењрањои маъруф Хоља Ањрор нуфузи беандоза дошт. Ў њазорон муриду пайрав дошт, ки њар кадом дар навбати худ миёни ањолї соњиби нуфуз буданд. Мувофиќи ахбори сарчашмањо Хоља Ањрор соњиби сарвати зиёд њам будааст. Љомї барин шахсият ба ў эътиќод дошта, ба ў ашъори худро бахшидаст. Бузургтарин олими соњаи дин дар ањди Темуриён Саъдуддин Масъуди Тафтазонї (1332-1389) буд, ки дар назди Темур њам аз обруву нуфузи бењад бархурдор буд. Ў доир ба сарфу нањв, фиќњ, калом ва аќида осори мўътабаре таълиф кардааст, ки чун китобњои дарсї истифода мегаштанд. Илми таърихнигорї дар замони Темуриён равнаќи тоза ёфт. Он суннатњои гузаштаи илми таърихнигории моро таќвият бахшид. Муаррих Ибни Арабшоњ (1392-1450) асари «Аљоиб-ул-маќдур фї навоиби Тумур»-ро нигоштааст, ки барои замони худ хеле љасурона таълиф шудааст. Низомиддин Шомї «Зафарномаи темурї» (с.1404) ва Шарафиддин Алии Яздї бошад, асари «Зафарнома»-ро бо забони форсї - тољикї таълиф карда, перомуни рўзгори Темур маълумоти зиёд медињанд. Муњимтарин асари таърихии замони Темуриён «Равзат-ус-сафо»-и Муњаммад ибни Ховандшоњи Мирхонд (1433-1498) мебошад, ки аз замони ќадим то давраи Темуриёнро фаро мегирад. Адабиёти тољик низ дар давраи Темуриён то андозае пешрафт намуд. Намунаи барљастаи ин адабиёт Шамсиддин Муњаммад Њофизи Шерозї (1325-1389) мебошад, ки ѓазалиёти ў шўњрати оламгир дорад. Ўро шоњони зиёде ба дарбори худ даъват карданд, вале ў зиндагии озоду бе ќайду банд дар Шерозро аз њама боло дониста, дар ашъори худ танњо ишќу муњаббатро тараннум кардааст. Камоли Хўљандї (1318-1401) њамзамони Њофиз буда, ў низ асосан дар жанри ѓазал ашъори худро сурудааст. Носири Бухорої (ваф.1371) низ аз шоирони ѓазалсарои форсу тољик аст, ки услубу мазмуни эљодиёти ў бо Њофиз ва Камол монанданд. Мавлоно Абдурањмони Љомї (1414--1492) дар муњити адабии Самарќанд ва бештар Њирот парвариш ёфта, дар тамоми вазнњои назмиву насрї асар эљод кардааст. Муњимтарин асраи ў «Њафт авранг» аст, ки аз њафт достон иборат мебошад. «Бањористон»-и Љомї низ мисли «Гулистон»-и Саъдї асари панду ахлоќї мебошад ва ањамияти бузурги тарбиявї дорад. Љомї назди амиру дигар сиёсатмадорони асри худ обрўи зиёд дошт. Ў мактаби бузурги адабиро дар Њирот ба роњ монд, ки садњо дастпарвари он љузви ифтихороти адабиёти классики форсу тољик мебошанд. Алишери Навої асосгузори адабиёти узбак низ аз шогирдони Љомист. Давлатшоњи Самарќандї ва Хусайн Воизи Кошифї низ аз дигар чењрањои баруманди адабиёти мо мебошанд. §8. Давлати Шайбониён. Дар охири ќарни XV ва ибтидои ќарни XVI узбакњои бодиянишин бо сарварии пешвои хеш Муњаммад Шайбонихон ќаламрави Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ - Шайбонї машњур гардид. Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ў Абдулхайрхон дар нимаи аввали асри XV давлати пуриќтидори кўчаманчиёнро ташкил намуд. Ќавму тоифањои туркзабони муттањидкардаи ў аз аслу насабњои гуногун иборат буданд. Онњо дар дашту сањроњои беканоре, ки аз поёноби дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, сукунат доштанд. Вале ин иттињодияи бавуљудовардаи Абдулхайрхон заминаи иќтисодї надошт. Аз ин рў пояњои худро устувор карда натавониста, пас аз фавти Абдулхайрхон ба зудї аз байн рафт. Муњаммад Шайбонихон бо дигар чингизиёни љоњталаб барои ќудрат мељангид ва ин набардњо гоњ ба фоида ва гоњ ба зарари ў анљом меёфт. Бояд гуфт, ки дар ин муборизањо борњо аз ёрию дастгирии Темуриён бањраманд гардида буд. Дар ин замон Темуриён даврони парокандагиро паси сар мекарданд ва дар ќисмати Шимоли мамлакат муѓулњо, ки Тошканд марказашон буд, раќиби онњо ба њисоб мерафтанд. Онњо чандин бор њатто ба ноњияњои Мовароуннањри Марказї њамла намуда, ањолиро торољ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муќобили муѓулњо истифода карданї шуданд. Лекин Шайбонихон аз паи манфиати худ шуда хилофи ваъдаи худ амал карда, гоњ тарафи Темуриёнро мегирифт ва гоњ тарафи муѓулњоро. Њар замон ба мулкњои ину он њуљуми ѓоратгарона менамуд. Сипас ў чунин шањрњои истењкомї, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба тасарруфи худ дароварда, бо муѓулњо муоњида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннањр шурўъ намуд. Њуљуми Муњаммад Шайбонихон ба Осиёи Миёна. Дар чунин лањзањои сарнавиштсоз, ки мамлакатро хатари љиддї тањдид мекард, шоњзодагони темурї саргарми низоъњои дохилї буданд. Баъзе Султон Алиро тарафдорї менамуданд, гурўњи дигар хешовандони вай-Бобурро ба Самарќанд даъват намуда, таслими шањрро ба ў ваъда медоданд. Њангоми Самарќандро муњосира намудани Шайбонихон ин низоъњо боз њам ќувват кард. Аввал ў пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна шањри Самарќандро ба муњосира гирифт. Ваќте ки волии Бухоро бо ќўшуни худ ба тарафи Самарќанд равона шуд, Шайбонихон аз муњосира даст кашида, ба муќобили ў шитофт ва дар роњ ўро торумор намуда, ба сўи Бухорои заифгардида њаракат кард. Аз муњосира њатто се рўз нагузашта, аъёну ашроф ва рўњониён шањрро ба вай таслим намуданд. Дар маљмўъ наќши рўњониёни бонуфуз барои ќудратёбии узбакњои шайбонї бузург буд. Султон Алї ба љои мубориза бо як гурўњ наздикони худ ба ќароргоњи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарќанд аз ин воќиф гардида, бо тўњфаву инъомњои зиёде ба њузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Њамин тавр, соли 1500 Самарќанд бе љанг ба дасти Шайбонихон гузашт. Аммо ин муваффаќияти аввалин, ки ба зудї ва асонї ба даст омада буд, баќое наёфт. Як ќисми ашрофи Бухоро ва Самарќанд тарафдори барќарор намудани њокимияти Темуриён буданд. Акнун њарифи асосиии Шайбонихон шоњзодаи љавони темурї Зуњуриддин Бобур гардид. Ќароргоњи Шайбонихон дар њаволии Самарќанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинњонї бо Бобур мукотиба доштанд, ба рўи ў дарвозаи шањрро кушоданд ва ўро подшоњ эълон карданд. Вале дар муњорибаи кушоди соњили Зарафшон, ки дар моњи апрели соли 1501 ба вуќўъ омад, Бобур шикаст хўрд ва ба Самарќанд аќиб нишаст ва онро Шайбонихон ба муњосира гирифт. Самарќанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин њодиса соли 1501 рўй дод. Дере нагузашта, соли 1505 Хоразм њам аз тарафи ќўшунњои Шайбониён ишѓол карда шуд. Навбати забти пойтахти дигари Темуриён-Њирот расид. Султон Њусайн фаќат акнун то чї андоза љиддї будани хатари тањдид карда истодаро дарк намуда, бо ќувваи асосии худ ба муќобили Шайбонихон равона шуд. Вале ў, ки пир ва бемор буд, дар роњ вафот намуд. Дар байни асилзодагони темурї низоъу нифоќ ба амал омад. Дар натиља ду писари Султон Њусайнро ба тахт нишонданд, ки онњоро ду гурўњи ашрофи соњибнуфуз пуштибонї мекарданд. Шайбонихон Балхро забт намуда, ба тарафи Њирот рањсипор гардид. Ў соли 1507 дар наздикии шањр ќўшуни хуб ба љанг омодашудаи темуриро маѓлуб намуд ва њамин тавр ба мављудияти Темуриёни Њирот њам хотима дод. Рўњониёни олимаќом ва аъёну ашроф бо њам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристодаанд. Дар тамоми шањрњои калони собиќ темурї- Самарќанд, Бухоро, Марв, Балх, Њирот, Машњад, Нишопур, Тўс, Астаробод ва ѓайра пулњои нуќрагинро ба номи фотењи нав сикка заданд. Раќобати Шайбониён бо Сафавиён. Пас аз он ки муддаъиёни хонадони темурї аз байн бардошта шуданд, як муддат сулњу оромиш дар кишвар њукмфармо гардид. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – њам аз Шимолу Шарќ ва њам аз Љанубу Ѓарб ин оромї халалдор карда шуд. Сарњаднишинони ќазоќ бо муѓулњо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба давлати Шайбониён зарбаи њалокатовар расонида буданд. Њамзамон шоњи љавони Эрон Исмоили сафавї аз Ѓарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай яке аз паси дигаре шањрњои Хуросонро ишѓол карда, фотењона ба сўи Њирот њаракат намуд. Ў аз хонаводаи суфияи шањри Ардабил буд. Дар асри XV пуштибони асосиии ин сулола тоифањои бодиянишини турк буданд, ки дар вилояти Озарбойљони Эрон зиндагї мекарданд. Онњоро ба озарї ќизилбош-сурхсар меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 рахи арѓувонї доштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифањо њам аз љињати маънавї ва њам аз љињати сисёсї тобеи шайхони сафавї буданд. Исмоил пас аз шикаст додани сулолањои мањаллии Эрон бо сарварии Ќоюнлуњо соли 1502 худро шоњаншоњи Эрон эълон карда, мазњаби шиъаи имомия (ё исноашария)-ро расмї эълон кард. Ќизилбошњо бо сардории Исмоили Сафавї дар як муддати кўтоњ ќисматхои Эронро ба тањти тасарруфи худ дароварданд. Њамин тавр тољикону эрониён, ки халќи воњиданд, ба ду мазњаб гаравида, заминањои људогии минбаъдаи худро фароњам сохтанд. Сарони ин ду салтанат ба маќсадњои сиёсии худ ранги мазњабї медоданд: Шайбонихон дар ќаламрави худ ба муќобили шиањо мубориза мебурд, дар сурате, ки Исмоил ва ќизилбошњо шиањои мутаасиб буданд. Хуросон барои њар ду силсила ањамияти муњими стратегї дошт. Аз ин рў мањз барои соњиб шудан ба Хуросон ду силсила вориди љанг шуданд. Шайбонихон дар ќалъаи Марв истењком гирифта, омодаи зарба задан ба Сафавињо гардид. Шоњ Исмоил фиребе ба кор бурда, ќувваи худро аз муњосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гўё аќибнишинї мекунад. Шайбонихон ба ин њиллаи шоњ Исмоил фирефта шуда, аз ќалъа берун баромад ва бо андак ќуввае вайро таъќиб кард. Дар натиља ба ињотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони љанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи сари Муњаммад Шайбонихон барои худ љоми шароб сохт. Ин воќеъа соли 1510 иттифоќ афтод. Кўшишњои Бобур барои баргардонидани њокимияти Темуриён. Шоњ Исмоил ба муќобили Шайбониён на фаќат бо силоњ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. Ў бозмондагони хонадони Темуриро ба њар роњ ташвиќ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош варзанд. Дар њоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба њалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фарѓонаро ишѓол намуданд. Бобур, ки то ин ваќт мавќеи худро дар Кобул мустањкам карда буд, фавран бо роњи Ќундуз ба сўи Њисор њаракат кард. Муњорибаи њалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш бо пирўзии Бобур анљом ёфт. Тамоми ноњияњои марказии Мовароуннањр бидуни љанг ба тањти тасарруфи ў даромаданд. Худи султонњои шайбонї њам аз муќовимат даст кашида, шањрњои Самарќанд, Бухоро, Каршї ва ѓайраро ба ихтиёри Бобур гузоштанд. Ѓалабаи ба осонї даст омада, Бобурро рўњбаланд ва дар айни замон як дараља фориѓбол њам намуд. Бобур ва наздикони ў, њатто сарбозонаш њам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машѓул шуданд. Ин њама маблаѓи зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз њељ чиз рўй намегардонид. Ќўшуни чандинњазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз њисоби ањолї муќаррар гардида буд, тамоми чизу чораи мардумро ба ѓорат бурд. Махсусан дастањои ќизилбош, ки шоњ Исмоил ба кўмаки Бобур фиристода буд, боиси норозигии ањолї мегардиданд. Гузашта аз ин лашкариёни Бобур ва тамоюли шиъагароии ў ба ањолии Мовароуннањр ва хусусан ба рўњониён писанд набуд. Табаќањои васеи Бухоро Самарќанд ба сари кор омадани Бобур ва пирўзињои ўро бо хушнудї истиќбол карда буданд. Вале ним сол њам нагузашта, вай аз чунин пуштипаноњи муќтадир мањрум гардид. Бањори соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон, љавони хеле ѓайюр ва шуљоъ Убайдулло бо ќўшуни на чандон калон ба Бухоро њамла овард ва ба ѓайрати њамзамонони худ дар набарди шадид ба ќўшуни миќдоран чандин маротиба зиёди Бобур ѓалабаи ќатъї ба даст даровард. Бобур ба Њисор фирор кард. Тирамоњи њамон сол, ваќте ки ќўшуни сершумори ќизилбош ба ёрии ў расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннањр охирин ќўшуни худро ба кор бурд. Ќуввањои аскарии ў дар хоки Мовароуннањр чун мўру малах њаракат мекарданд, гўё ки ба ин сарзамин офати табиї рў оварда бошад. Онњо ба њар љое, ки пой мегузоштанд, сокинонашро аз дами теѓ мегузарониданд. Нињоят дар назди Ѓиждувон ба Убайдулло султон муяссар гардид, ки ќизилбошњоро комилан торумор намояд. Ќатлу куштори вањшиёнаи мардум аз љониби ќизилбошњо сабаб шуд, ки ањолии мањаллї ба атрофи Шайбониён муттањид гардида, нисбат ба Бобур њисси нафрат пайдо кунанд. Ворисони Муњаммади Шайбонихон. Дере нагузашта Шайбониён њамаи вилоятњои Осиёи Миёна: Тошкент, Фарѓона ва ѓайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Мувофиќи одати Шайбониён шахси аз њама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба њамин сабаб, пас аз он ки дар соли 1512 њамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари њокимият на ин ки Убайдуллохон-обрумандтарин намояндаи хонадони Шайбонї, балки Кўчкунчихон омад, ки обрўву эътибори ќазої надошт, дар њукуматдорї шахси бењунаре буд. Баъди ў писараш Абўсаидхон њукмрон гардид ва фаќат пас аз ин Убайдуллохон (1533-1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд. Њанўз дар ањди Шайбонихон давлати ба амлок, яъне мулкњои хоса таќсим шуда буд. Акнун ин таќсимот боз њам расмитар гардида, мулкњо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатї гузаштанд. Соњибони амлок дар корњои дохилии ќаламрави худ истиќлолияти комил доштанд. Онњо акнун метавонистанд мулкњоро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Дар миёни солњои 50-уми асри XII дар байни Шайбониён Абдулло бештар нуфуз пайдо карда буд. Ў соли 1557 Бухороро ишѓол намуда, соли 1560 падараш Искандархонро сарвари давлати Шайбониён эълон кард, ки то соли 1583 дар ин мансаб будааст. Аммо дар замони њукуматдории Искандархон њам дар асл идоракунии мамлакат дар ихтиёри писараш - Абдуллохон буд. Аз соли 1560 Бухоро мустаќиман пойтахти давлати Шайбониён гардид. Ба анљом расидани љангњои байнихудї ва ба дараљаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба њолати муќаррарї даровардани њаёти хољагї баъзе заминањои мусоид фароњам намуд. Дар наќлу ривоятњои халќї таъмиру бинокорињои зиёде аз ќабили сохтмони иншоотњои обёрї, роњњо, сардобањо, пулњо, корвонсаройњо, биноњои тиљоратї ва амсоли инњо ба номи Абдуллохони II (1583-1598) марбут гардиданд. Ин наќлу ривоятњо асоси воќеї доранд. Абдуллохони II ба масъалањои тиљорати дохилї ва хориљї диќќати махсус медод. Инро ободонии роњњои корвонгард ва умуман бењтар намудани шароити тиљорат, ки дар ањди ў ба вуќўъ пайвастанд, собит менамояд. Дар ин бобат ислоњоти пулии ў, вазифа ва натиљањои объективии он хеле љолиби таваљљўњ мебошанд. Абдуллохони II бо Њиндустон, Туркия, Европаи Шарќї робитањои хуби иќтисодї ва тиљоратї барпо намуд. Ў бо маќсади он ки раќобати мансабдоронро барњам дињад ва имкони марказгурезиро пешгирї намояд, тамоми авлоди мардинаи хонадони шайбониро нобуд кард ва худ то соли 1598 њукумат кард. Маданияти моддї ва маънавї. Дар асри XVI бинокорї хеле ављ гирифт. Сохтмони биноњои маъмурї, хољагї ва фарњангї вусъат пайдо кард. Яке аз вижагињои ин давра он буд, ки роњи бузурги абрешим, њамчун роњњои корвонгузар, ба сабаби кашфиётњои бузурги љуѓрофї ањамияти пештараи худро аз даст дод. Ин воќеъа дар муносибатњои иќтисодї таъсири худро расонид. Яъне минбаъд корвонњо аз Чин ба воситаи Мовароуннањру Эрону Туркия ба Аврупо њаракат намекарданд. Чунин њолат тољирони Осиёимиёнагиро водор намуд, ки аз як тараф ба инкишофи тиљорати дохилї бештар ањамият дода, аз тарафи дигар тиљоратро бо давлати њамсояи шимол – Русия ба роњ монанд. Дар натиља дар шањрњо ва роњњои корвонгард сардобањо, корвонсаройњо, њаммому тиљоратхоонањои боњашамат сохта шуданд. Бештари ин биноњо ба сабаби љангњои ѓоратгаронаву харобиовари асрњои минбаъда то замони мо нарасиданд. Чун пештара маркази асосии ободониву маъмурї Бухоро ба њисоб мерафт. Меъмории ин давра њам дар симои њамин шањр таљассум меёфт. Дар усули меъмории ин давра дигаргуниї ё навоварињо мушоњида мегардад, ки асоситарини он таѓйир ёфтани шаклу њаљми гунбазу ќуббањои биноњо буд. Дар сохтани мадрасањо низ таѓйирот ворид гардид, ки яке аз инњо дигаргунї дар тањ ва зиёд шудани миќдори њуљрањову манзилњои ёрирасон мебошад. Мадрасањои «Мири Араб» ва мадрасаи Абдуллохони Бухоро намунаи меъмории ин давраанд. Масљиди Њољї Зайниддин дар Тошканд, Мадрасаи Абдуллатиф Султон (Кўкгунбаз) дар Истаравшан низ мањсули ин ањд мебошанд. Меъмории водии Њисор низ дар асри XVI такомул ёфт. Иморатњои Ќалъаи Њисор, аз љумла Мадрасаи Кўњна ва Мазори Махдуми Аъзам шоњиди санъати меъмории онваќта мебошанд. Санъати хаттотї ва ба хусус минётурсозї дар муњити Мовароуннањри асри XVI њам ба пешравињо ноил омад. Бештари минётарсозон аз Њирот ба ин љо омада буданд. Ду равия дар минётурсозии ин замон љараён дошт: як гурўњ пайрави аз мактаби Бењзоду анъанањои он ва дигаре дар тасвирњои худ зарофатро камтар ва мухтасариро бештар писандида, офаридањои онон љанбаи этнографї доштанд. Намунаи осори ороишии ин давра асарњои «Фатњнома» ва «Таърихи Абулхайрхонї» мебошад. Намоёнтарин рассоми ин ањд Мањмуди Музањиб ба шумор мерафт. Ў зери таъсири мактаби Њирот бошад њам сабки махсуси худро бо дигаргунињо эљод карда буд. Усто Абдулло, Љалолиддин Юсуф ва Муњаммад Чењраи Мањосин низ мусаввирони забардасти асри XVI мебошанд. Вижагии маданияти маънавии асри XVI дар он аст, ки аз ин аср ва баъд дар мадрасњо бештар ба улуми динї таваљљўњ зоњир гашта, он њам улуми дуввумдараљаи динї, аз ќабили бањсу љадалњои нозарур љузви барномањо дарсї мегарданд. Наќши рўњониёни иртиљої ва мутаассиб дар муайян кардани самти пешравии мактабу мадраса ва њатто умури сиёсї меафзояд ва ин суннати нописанд ба асрњои минбаъда низ сироят мекунад. Дар њамаи соњањои њаёти фарњангї таъсири ин падида ба мушоњида мерасад. Бузургтарин чењраи адабиёти ин дарви форсу тољик Зайниддин Мањмуди Восифї (1485-) ба њисоб меравад. Ў њаёти худро дар шањрњои муњими ин давра назири Самарќанд, Тошканд ва Њирот зиста, симои шањрњову њаёти мардумони он ва саргузаштњои аљиберо дар асари «Бадоеъ-ул-ваќоеъ» ба риштаи тасвир кашидааст. Камолиддин Биної (1453-1512) зодаи Њирот буда, яке аз шоњидони воќеањои ногувори ибтидои асри XVI ва ќурбонии љангњои хонумонсўз мебошад. Бењтарин асари Биної маснавии «Бењрўзу Бањром» мебошад. Биної ѓазалиёти зиёд суруда, дар дигар жанрњои шеърї низ намунањое офаридааст. Ў инчунин асари таърихии «Шайбонинома»-ро низ эљод кардааст, ки мавзўъњои панду андарзии фаровоне дорад. Ў бо асосгузори адабиёти узбак Навої њамзамон буда, миёни њар ду мушоира ва њаљвиёт низ радду бадал мегашт. Бадриддин Њилолї (1470-1529) бузургтарин шоири ѓазалсарои адабиёти форсу тољики асри XVI мебошад. Њилолї низ дар љараёни љангњои дохилии Сафавиёну Шайбониён кушта мешавад. Асоси эљодиёти ўро ѓазалиёт ташкил дода, достонњои ошиќии «Лайлї ва Маљнун», «Сифот-ул-ошиќин», «Шоњу дарвеш» низ ба ќалами Њилолї тааллуќ дорад. Абдурањмони Мушфиќї (1538-1588), Фазлуллоњи Рўзбењон, Њофизи Таниш ва дигар симоњои адабу фарњанги тољик дар ин аср зиста эљод кардаанд. |