апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§9. Давлати Љониён (Аштархониён) Ба сари ќудрат омадани Аштархониён. Соли 1598 Абдуллохони II аз тарафи писараш Абдулмўъмин кушта шуд. Баъди ин фољеа худи Абдулмўъмин ба тахт нишаст, вале муддате нагузашта, ў низ бо фармони як гурўњи манфиатдор кушта шуд. Пирмуњаммадхони II охирин намояндаи сулолаи Шайбониён низ ба зудї дар низоъњои дохилї њалок гардид. Сафавиён, доирањои манфиатхоњи хонии Хева ва ќазоќњо аз гирифторињои Шайбониён истифода намуданд. Шоњи сафавї шоњ Аббоси 1 ќисмати зиёди Хуросон ва њатто Њиротро пас аз муњосираи нўњмоња ба даст овард. Дар чунин њолат, ки аз авлоди Шайбониён касе зинда намонд, аъён ва ашрофи Бухоро маснади хониро ба Љонмуњаммад султон (Љонибек-султон) пешнињод намуданд. Ў аз авлоди њамон чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Ўрдаи тиллої дар Аштархон њукумати хонї ташкил дода буданд. Ваќте ки Аштархонро Русия забт намуд (соли 1556), хонзодањои аштархонї фирор карда, ба назди Шайбониён омаданд. Яке аз онњо Љонибек буд, ки бо хоњари Абдуллохони Шайбонї издивољ кард. Ин силсила бо номи ў, яъне Љониён ёдоварї мешавад. Њарчанд, ки Љонибек-султон пешнињоди ашрофро рад кард, бо розигии ў ба љои вай бародараш Боќимуњаммад (1599-1605) ба тахт нишаст. Раќобатњои дохилии дарбор. Яке аз дастовардњои Љониёни ин буд, ки тавонистанд њокимияти худро дар Балх дубора барќарор намоянд. Пас аз даргузашти Боќимуњаммад писари бародараш Љонибек - Валимуњаммад (1605-1611) ба љои ў њукмрон гардид. Аммо ў ба ишрат дода шуда, аз ўњдаи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф тахти хониро ба писари Динмуњаммадхон Имомкулихон (1611-1642) пешнињод карданд. Минбаъд Имомкулихон тавонист њудуди давлати худро васеътар намояд: ў ќазоќњоро ронда, Тошкандро бозпас гирифт, писараш Искандарро дар ин шањр волї таъин намуд, зеро аз лињози стратегї он ањамияти муњим дошт. Ў ќабилањои ќалмиќ, ќароќалпоќ ва айротњоро, ки њамагї ба Мовароуннањр сар дароварда буданд, аз сарзамини худ дафъ кард. То поёни салтанати Имомкулихон таљовузи ин ѓоратгарон ба шањрњои тољикнишин ќатъ гардид. Дар давраи ў тиљорат хеле пешрафт карда, дар масъалаи обёрї низ тадбирњои муваффаќона анљом дода шудааст. Имомќулихон соли 1642 кўр шуд ва аз давлатдорї даст кашида, бародараш Нодирмуњаммад (1642-1645)-ро, ки амири Балх буд, ба тахт нишонида, худ ба зиёрати Макка шитофт ва мувофиќи ривояти сарчашмањо њамон љо (соли 1650) аз олам чашм пўшид. Салтанати Нодирмуњаммад ва Абдулазизхон. Нодирмуњаммадхон аъён ва ашрофи феодалии ќабилавиро ба худ љалб карда натавонист. Рўз аз рўз муносибати байни ў ва намояндагони бонуфузи табаќаи њоким бадтар гардид. Ба ин сабаб њукмронии Нодирмуњаммад дер давом накард, ба тахти салтанат писараш Абдулазизхон (1645-1680) нишаст. Абдулазизхон ва бародараш Субњонќулї каме баъдтар барои тољу тахт бо њам низоъ карданд. Балх яке аз шањрњои калидии минтаќа ба арсаи набардњои хунини Аштархонињо мубаддал шуд. Њокимони Хева аз њамаи ин љангу љидолњои дохилии сулолаи Љониён ба манфиати худ истифода намуданд. Онњо чандин маротиба бо ноњияњои марказии Мовароуннањр њуљум карда, мамлакатро торољ карданд. Њатто то Бухоро расида, боре як ќисми шањрро гирифтанд. Фаќат мардонагї ва далерии ањолї, ки асосан тољикон буданд, имкон дод, ки шањр аз душман тоза карда шавад. Абдуазизхон аз коста шудани обрўи худ нороњат шуда, ба манфиати бародараш аз тахт даст кашид. Субњонќулихон чунин вазъиятро фурсати муносиб дарёфта њокимиятро ба даст даровард, яъне тахтро соњиб шуд ва подшоњи Бухорову Балх гардид (1680-1702). Дар ањди салтанати Субњонќулихон вазъияти душвори мављуда на фаќат аз байн нарафт, балки бадтар гардид. Тохтутози хевагињо њамоно давом мекард. Онњо њатто Самарќандро забт карданд ва аъёну ашрофи шањр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба ивази он Субњонќулихон берањмона ањолии Самарќандро хонахароб намуд. Нињоят Субњонќулихон фањмид, ки то дар Хева ќоимаќоми худро нанишонад, тохтутози хевагињо тамом нахоњад шуд. Бинобар ин бо њар роњ аъёну ашрофи Хеваро ба тарафи худ кашида, оќибат муваффаќ гардид, ки Хева њукмронии ўро эътироф намояд. Ин ягона дастоварди сиёсии ў буд, дар корњои дигар фаъолияти ў њама харобиовару бар зидди раият буд. Дар давраи салтанати кўтоњмуддати Убайдуллохон (1702-1711) муборизаи байни њукумати марказї ва феодалон хеле шадид ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанати Љониён буд, ки дар роњи мањдуд намудани худсарињои феодалон ва пурќувват кардани њокимияти марказї саъю кўшиши зиёде ба харљ додаст. Душманї то дараљае расид, ки њангоми яке аз сўиќасдњо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонї торољ карда шуд. Пас аз њалокати Убайдуллохон бародараш Абдулфайзхон (1711-1747) ба тахт нишаст. Дар замони ин охирин намояндаи сулолаи Љониён давлати хонї ба ќисмњои мустаќили људогона таќсим мегардад. Дар ањди Абдулфайзхон бўњрони сисёсї, љангњои байни худї ва исёнњои феодалї ба куллаи баландтарини худ расид. Солњои 1716-1717 ќабилаи ќипчоќњо ба миќдори ќариб 100 њазор нафар аз тарафи Миёнќол ба тарафи Самарќанд ва Ќаршї муњољират намуданд. Онњо мисли малах киштзор ва дарахтони он вилоятњоро нобуд карданд ва нисбат ба мардум њар чї мехостанд, бадкирдорї намуданд. Абдулфайзхон ба муќобили Ќипчоќњо ягон чораи ќатъї ва самарабахш наандешид. Ў њамчун хони иродааш заиф амал кард, ки амрњояш берун аз остонаи ќаср эътибор надоштанд. Абдулфайзхон аз пагоњ то бегоњ дар ќасри худ бо шаробнўшию фосиќї банд буд. Њокимони вилоятњо аз фалаљии њукумати марказї ва беназоратии фаъолияташон сўистеъмол карда, ба ѓорату торољи мардуми бадбахт машѓул мешуданд. Сафири Пётри Кабир дар Бухоро Флорио Беневинї навишта буд: «Самарќанд њам шањри бузург аст, аммо њоло беодам ва хароб шудааст». Ба гуфти ў њар вилоят бо пойтахти худ мисли Тошкент, Хуљанд, Балх, Бадахшон, Њисор ва дигарон ба Бухоро итоат намекунанд ва соњиби њокимони мустаќил мебошанд. Онњо мардумро мувофиќи табъи худ ѓорат мекарданд. Њамин тавр, ин њама задухўрдњои байнихудии хонњо ва бедодгарињои беамсоли феодалон аз њаёти пурмашаќќати халќњои Осиёи Миёна, аз љумла тољикон дар ањди салтанати Љониён шањодат медињанд. Дар замони салтанати Аштархониён касбу њунар ва тиљорати дохиливу хориљї хеле касод шуд. Баъзе шањрњо тамоман хароб гардида, ба завол ва баъзан нобудї расиданд. Аммо мардумон барои рўзгори худро пеш бурдан дар њаракат буданд ва шоири тољик Саййидои Насафї дар Бухоро аз мављуд будани 200 касбу њунар њикоят мекунад, аммо аз касодии бозору бехаридор будани коло низ шиква мекунад. Дар ин байт њамин вазъи касодии бозор тасвир шудааст: Гоње матои худ, ки ба бозор мебарам, Домони остини харидор мекашам. Мушкили дигари касбу њунар бўњрон дар низоми пулї буд. Аз ислоњоти зиёди пул хазинаи давлатї ѓанї мегашту, мардум аз ин зарар медиданд. Тиљорат асосан бо Русия густариш ёфта буд. Падидаи нав дар муносиботи тиљоратии Осиёи Миёнаву Рус он буд, ки ба корњои дўкондорї пардохтани тољирони рус ба њисоб мерафт. Тиљорат бо Њиндустон, Эрон, Чин ва дигар кишварњо низ барќарор буд, аммо ба сабаби нооромињои зиёд тиљорат бо ин минтаќањо ањамияти худро гум мекард. Дар замони Аштархонињо зулму ситами њокимон ва нукарони онњо дар мањалњо хеле меафзояд. Эътирози мардумон баъзан ба шўриш табдил меёфт, ки намунаи ин гуна эътирозро мо дар ањди Абдулазиз, дар гузари Дањбеди Самарќанд дида метавонем. Соли 1703 дар Њисор низ зиддияти ду нафар аз сарватмандон ба ќиёми мардумї оварда расонид, ки гурўњи зањматкаш дар он иштирок карда, нафрати хешро ба њокимони ситамгар иброз намудаанд. Соли 1708 дар љавоб ба ислоњоти пулии Убайдуллохон ањолии Бухоро эътироз карданд ва њукумат њам ин ошўбро бо берањмї пахш намуд. Инчунин соли 1714 дар Бухоро низ кўшиши табаддулот сурат гирифт, ки он њам гувоњ аз норозигии ањолї аз њукумати ин замон буд. Муаррихони ин давра яктарафа бошад њам аз вуќўъи шўришњои зиёд хабар додаанд, ки ин нишонгари вазъи душвори зиндагонии мардум мебошад. §10. Ба сари њокимият омадани сулолаи Манѓитњо Дар миёнањои асри XVIII Осиёи Миёна, ки дар натиљаи љангњои дохилї пароканда ва аз харобињои иќтисодї хеле заиф шуда буд, ба њуљуми шоњи Эрон Нодиршоњ дучор ёфт. Нодиршоњи Афшор, ки лашкари хеле хуб мусаллањ ва муташаккаил дошт, соли 1740 аз Амударё гузашт ва вориди хонии Бухоро шуд.. Писари Муњаммадњаким-Муњаммадрањими љоњталаб, ки аз ќабилаи манѓит буданд, ба истиќболи Нодиршоњ рафта, дар назди ў сари итоат фуруд овард. Худи Муњаммадњакимбии оталиќ, ки аз тарафи Абдулфайзхон барои музокирот ба њузури Нодиршоњ фиристонда шуда буд, низ ба манифати шоњи Эрон амал кард. Нодиршоњ Муњаммадњаким ва писараш Муњаммадрањимро ќабул намуд, бо ваколатњои зиёд сарфароз гардонид ва Муњаммадњакимро вассали худ дар Бухоро таъин кард. Абдулфайзхон маљбур шуд, Нодиршоњро дар наздикии Бухоро истиќбол намояд. Ў ба номаш њамчун њокими хонї боќї монд, воќеан бошад, комилан ба Муњаммадњаким таслим гардид. Дар натиљаи ин ѓазо хонии Бухоро ба мулки тобеи Эрон мубаддал гашт. Дар худи њамон сол Нодиршоњ Хеваро низ забт кард ва ба сари њокимият ќоимаќќоми худро нишонд. Дар соли 1747 Нодиршоњ бо дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ў фавран рў ба завол нињод. Ањмадхон, ки яке аз сарлашкарони Нодиршоњ буд, дарњол ба Ќандањор рафта, сардорони ќабилањои афѓонро ба атрофи худ муттањид намуд ва худро подшоњи Афѓонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афѓонњоро гузошт. Дар асри Х1Х ќисми зиёди заминњои дар соњили чапи дарёи Аму воќеъ гардидаи тољикон ба њайати давлати Афѓонистон дохил карда шуд. Дар солњои 70-и асри Х1Х муаррихи афѓон Муњаммад Њаётхон дар асари машњури худ «Њаёти Афѓон» рољеъ ба ќисмати талхи дењќонони тољик чунин навишта буд: «Кайњост, ки онњо аз њуќуќи заминдорї мањрум гардида, ба дењќони кироянишин ва ё муздури афѓонњо табдил ёфтаанд». Соли 1747 аз кушта шудани Нодиршоњ дере нагузашта, Муњаммадрањим Абдулфайзхонро бо ду писараш ба ќатл расонид ва бо њимояи табаќаи ашроф ва рўњонї ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба њукмронии Манѓития асос гузошт. Соли 1756 ў худро хон эълон намуд. Вай барои мустањкам кардани њокимияти марказї пеш аз њама бар зидди њаракатњои худсаронаи сардорони ќабилањои бодиянишини узбак мубориза бурд, ва мухолифати феодалони мањаллиро нисбат ба њокимияти марказї то дараљае барњам дод. Фаќат Ўротеппа, ки дар нимаи дуюми асри XVIII ба њайати шањрњои Хуљанд, Љиззах, ќалъаи Зомин, Ём ва ѓайра дохил мешуданд, њамчун мулки мустаќил боќї монд. Баъд аз вафоти Муњаммадрањим дар соли 1758 амаки ў Дониёлбї атолиќ (1758-1785) њукуматро ба даст гирифт. Лекин вай лаќаби хониро ќабул накарда, исман Абдулѓозї ном набераи Абдулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиќї гардид. Дониёлбї бештар ба ќувваи њарбї такя мекард ва барои он чизеро дареѓ намедошт. Ин буд, ки дар ањди Дониёлбї сарлашкарони ашрофи ќабилањои манѓит заминњои зиёдеро ба тариќи танхоњ соњиб шуда, барои њар чї зиёдтар фоида ситонидан аз заминњо саъй мекарданд. Дониёлбї аз рўњониён ва шайхони дарвешї њимоят ва пуштибонї медид. Чї тавре ки адиб ва олими маъруфи тољик дар асри Х1Х Ањмади Дониш ќайд мекунад, дар ањди Дониёлбї хеле андозњои нав ба монанди никоњона, аминона, мўњрона, њаќќи тарозу ва амсоли инњо љорї карда шуд. Њамаи инњо сабабгори боз њам бенаво гардидани табаќањои мењнаткаши ањолї мегардид. Даврони њукмронии охирин намояндагони сулолаи Аштархониён ва аввалњои сулолаи Манѓитиён ќувват гирифтани парокандагии феодалї беш аз њама дар тангшавии њудуди давлати хонї зоњир мегардид. Балх истиќлолият ба даст даровард. Фарѓона њанўз дар охири асри XVII истиќлолият ба даст дароварда буд. Давлати хонии Хева дар асри XVIII давраи хеле сахти љангу љидолњои байнихудиро аз сар мегузаронад, ба замми ин дар солњои 60-ум саросари онро гуруснагї ва вабо фаро гирифт. Мулкњои кўњистоние, ки дар сарзамини кунунии Точикистон аксаран дар навоњии Њисору Кўлоб воќеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Љониён дар амал њамчун мулкњои ниммустаќил боќї монда, аз тарафи њокимони мањаллї идора мешуданд. Мулки Ўротеппа њам, саргањи Зарафшон – аз Панљакент то Мастчоњ њамоно дар њайати он буд, истиќлолияти худро нигоњ медошт. Салтанати амир Шоњмурод ва ислоњотњои он. Дониёлбї на фаќат худсарињои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи ќушбегї ва ќозикалон мегардид. Яке аз писарони ў Шоњмурод дар зоњир худро ба дарвеши мискин монанд карда, боиси дар байни оммаи халќ ба зўњду таќво шўњрат ёфт ва эътибори зиёд пайдо кард. Шоњмурод махсусан ба рўњониён ихлос ва эњтироми беандоза доштани худро бо љидду љањди тамом таъкид менамуд. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ў муосиронашро дар њайрат мегузоштанд. Ин таваљљўњ барои Шоњмурод нињоят дараља зарур буд. Зеро дар соли ба тахт нишастани ў (1785) косаи сабри ањолии Бухоро лабрез шуда, онњо шўриш бардоштанд. Дар рафти шўриш беш аз њазор кас кушта шуд. Аз ин раќам ба хубї маълум мешавад, ки муборизаи халќ то чї андоза вусъат доштааст. Ањди салтанати амир Шоњмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи манѓития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад. Ў ба маќсади бартараф намудани норозигии умумї, ки дар ваќти њукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоњот љорї намуд. Вай чунин андозњои шаръї, монанди харољ ва закотро боќї гузошта, дигар њамаи молиёт, бољ ва љаримањоро барњам дод. Лекин ба ивази ин љизя-андоз аз ќавмњои ѓайри мусулмон ситонидашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моњона муќаррар намуд. Бисёр заминњои ваќфро, ки амирони собиќ мусодира карда буданд, барќарор кард. Ба ин восита ў рўњониёни исломро њомии худ карда, дар роњи мустањкам намудани њокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онњо моњирона истифода бурд. Ислоњоти пулие, ки дар оѓози худ гузаронид, барои њаёти иќтисодии мамлакат ањамияти калон пайдо намуд. Сиккањоро аз нуќраи пуриён мебаровардагї шуданд. Сиккањои кўњнагї пеш аз ислоњот аз эътибор соќит карда шуданд. Ин ислоњоти пулї ба ривољу равнавќи тиљорат мусоидат намуд. Ба маќсади афзудани иќтидори њокимияти марказї Шоњмуроди зирак њокимони вилоятњоро аз вазифаашон сабукдўш намуда, њокимони нав таъин намуд. Амир Шоњмурод умури мањкамаро низ як дараља ба тартиб даровард. Худаш рисолае рољеъ ба њуќуќ таълиф намуд, ки барои ќозињо њамчун дастур хизмат мекард. Шоњмурод ин чорабинињоро тањти байраќи мубориза дар роњи риояти ањкоми шариат амалї намуда, бо ин бањона барои муњофизати расму оин мансаби раисиро љорї намуд, ки ў мебоист иљрои тамоми фармудањои шариатро хўрдагирона назорат мекард. Шоњмурод аз унвонии туркї-муѓулии хон даст кашида, худро амир номид. Устувору мустањкам шудани њокимияти марказї боиси таъмини амнияти роњњо гардид ва ин дар баробари ислоњоти пул барои равнаќи тиљорат заминаи мусоид фароњам овард. Хољагињои воњањои зироатї, хусусан водии Зарафшон, инчунин њавзаи дарёњои Аму ва Ќашќадарё дубора рў ба сабзиш нињоданд. Дар бобати афзудани нуфузи ноњияњои камодам чорањо дида шуданд, ки каналњои нави обёрї акнун на аз он феодалњои мањаллї, балки моли подшоњї мањсуб ёфтанд ва аз ин њам хазинаи давлат ѓанї мегардид. Дар натиљаи пешрафти корњои обёрї њолати ба зиндагонии муќимї гузаштани тоифањои бодиянишини узбак ва дар заминњои навобод маскан гирифтани онњо ќувват гирифт. Амир Шоњмурод тањти шиори «љињоди муќаддас бар зидди шиањо» чандин маротиба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр мањаллањои онро торољ намуд. Амири манѓит дар ин лашкаркашињо њар як каси ќобили мењнатро аз ањолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меовард. Ба ин восита бозори ѓуломфурўшии Бухоро хеле ављ гирифт. Дар охирњои асри XVIII, ваќте ки Эрон саргарми љангњои дохилии худ буд, Шоњмурод дубора Марвро ишѓол кард. Шоњмурод якчанд дафъа ба Ўротеппа лашкар кашид ва дар ин мавридњо низ аксари ањолии ќобили мењнати Хуљанд, Ўротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмаро зўран ба Самарќанд бурда, дар сохтмони биноњо ва иншооти обёрї истифода бурд. Мањз бо ќувваи ин одамон дар Самарќанд 24 масљид ва дигар иморатњои гуногун сохта шуданд. Ба љои амир Шоњмурод писараш Њайдар (1800-1826) ба сари њукумати Бухоро омад. Вале ў сиёсати падари худро давом дода натавонист. Баъди вафоти амир Њайдар писараш Насрулло (1826-1860) ба сари њокимият омад. Мардум барои берањмї ва љаллодињояш ба ў «амири ќассоб» лаќаб гузошта буданд. Амир Насрулло сараввал тамоми бародаронашро аз дами теѓ гузаронид. Ў дар тамоми давраи њукмронияш бо навбат бо Шањрисабз, Ўротеппа, Ќуќанд ва Хева мељангид. Кўшишњои ў барои баргардинидани заминњои он сўи Амў, ки ба дасти афѓонњо афтода буд, бенатиља анљомид. Амир Насруллоро њатто наздиконаш чашми дидан надоштанд. Ўро занаш – духтари волии Шањрисабз њангоми хоб дар гўшаш симоб рехта, њалок намуд. Ба љои Насрулло писари ягонааш Музаффар (1860-1885) ба тахт нишаст. Муњимтарин воќеъаи даврони амир Музаффар истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русия мебошад. §11. Таъсисёбї ва пурзўршавии хонии Ќўќанд Ќувват гирифтани парокандагии феодалї дар давлати хонии Аштархониён пеш аз њама тангшавии њудуди он зоњир мегардад. Балх ва Бадахшон истиќлолият ба даст медароранд. Фарѓона бошад, њанўз дар охирњои асри XVII ниммустаќил шуда, дар ибтидои асри XVIII (соли 1710) дар ин љо хонии мустаќил арзи њастї менамояд, ки асосгузораш пешвои ќабилаи узбаки минг, бунёдгузори шањри Ќўќанд Шоњрухбий буд. Ташаккули хонии Ќўќанд дар миёна ва нимаи дуюми асри XVIII, дар замони њукмронии Эрдонабї (1754-1774) ва Норбутта (1774-1800) ба анљом мерасид. Норбуттаро дар тахти хонї писаронаш Олимхон ва Умархон иваз намуданд, ин ду бародарон асосгузори њаќиќии давлат ва шањри Хўќанд мебошанд. Дар ањди Олимхон (1800-1810) ањамияти сисёсии Ќўќанд дар натиљаи муттањид намудани Фарѓона, њамроњ карда шудани Тошканд ва Чимкент афзуд. Хусусан, аз љониби Олимхон тобеъ карда шудани шањрњо ва водињои Оњангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин Сайрам-марказњои муњими роњи корвонгузари љониби Русия ањамияти бузург доштанд. Баъди забти Тошканд иќтидори Олимхон аз ќудрати Бухоро кам набуд. Ў соли 1805 ба таври расмї рутбаи хонро ќабул намуд ва кишвари Фарѓона хонии Ќўќанд ном гирифт. Яке аз аввалин тадбирњои фаъолияти давлатии Умархон (1810-1822) кўшиши барпо намудани иттифоќ бо амири Бухоро Њайдар буд. Лекин ин иттифоќ мустањкам шуда наметавонист. Зеро дере нагузашта мубориза барои Ўротеппа ва Хуљанд аз нав сар шуд ва солњои дурудароз ба низои байни ду давлат табдил ёфт. Умархон бањори соли 1814 ба Туркистон, ки он ваќт дар зери њокимияти амири Бухоро Њайдар буд, лашкар фиристод. Забти Туркистон имконият дод, ки масоњати пањновари даштњои ќазоќнишин аз бањри Арал то Њафтрўд ишѓол карда шавад. Он љо ќалъањои Оќмачит (Оќмасљид-њоло шањри Ќизилўрда), сипас Авлиёато, (Љамбули њозира), баъдтар Пишкек ва ѓайра сохта шуданд. Њамин тариќ, як ќисми ќабилањои ќирѓизу ќазоќ њам ба ќаламрави хонии Ќўќанд дохил гардиданд. Пас аз марги Умархон писар ва вориси ў Муњаммадалї (Мадалї) (1822-1842) тамоми умури хонии Ќўќандро дар дасти худ нигоњ дошт. Ў чандин дафъа ба самти љанубу шарќ лашкар кашид. Соли 1834 лашкари Ќўќанд мулкњои Дарвоз ва Ќаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд њокими Кўлоб низ ба итоати вай сар даровард. Мадалї бо Ўротеппа љанг кард. Муњаммадалихон ба мисли амири Бухоро Насрулло, як марди золим ва берањме буд. Амири Бухоро Насрулло соли 1842 Ќўќандро забт кард ва Муњаммадалихонро бо њамаи ањли оилааш, аз љумла модараш шоира Макнуна (Нодирабегим)-ро ба ќатл расонид. Лекин дар тобистони њамон сол (1842) дар натиљаи шўриш њукумати амир Насрулло дар Ќўќанд сарнагун шуд. Дере нагузашта, Ќўќанд боз истиќлолияти худро соњиб гардид ва Хуљанду Тошкандро њам дубора ба даст овард (соли 1840 Хуљанд, соли 1842 Тошканд ба Бухоро гузашта). Тољикону узбакони шањрї бо ќипчоќњо њамкорї карда, амакбачаи Олимхон Шералихонро (1842-1845) ба тахт нишонданд ва диёрро аз манѓитиёни ситамгар озод карданд. Дар муддати якчанд сол ошўбњои дохилї Хўќандро фаро гирифтанд. Дар солњои 50-60-уми асри XIX љангњои Бухорову Хўќанд ба як њодисаи маъмул мубаддал гардид. Ин зиддиятњо кори артиши мусаллањи русро дар амри тасарруфи Осиёи Миёна осон намуд. Њаёти иљтимоию иќтисодї. Љангњои дохилии хонињои минтаќа ба њаёти мардум таъсири манфии худро расонид. Танњо як Ўротеппа дар давоми шаст сол беш аз панљоњ маротиба мавриди тохту тоз ќарор гирифт. Падидаи дигари ин аср њамоно њар чї бештар кўчида омадани ќабилањои узбактабори манѓит, барлос, лаќай ва ѓайра буд. Дар ибтидои асри XIX таќрибан 40 % ањолии минтаќаро кўчиён ташкил медоданд. Тадриљан ба њаёти муќимї гузаштани ќабилањои узбакзабон раванди якљоя зиндагї кардани тољику узбакро ба миён овард, ки раванди ассимилятсия ё омезиш ёфтани тољиконро ба бор овард, ки падидаи номатлуб ва зиёновар барои тољикон буд. Дар системаи обёрї кам дигаргунї ба миён омад, ки сабаби он боз њамон љангњои харобиовар буд. Мањсулоти аслии кишти ањолии аморати Бухоро ва хонигари Ќўќанд гандум, пахта, мањсулоти полизї, мањсулот барои чорво ва ѓайра буд. Олоти хољагидории ањолї аз даврањои асримиёнагии барваќта кам фарќ мекард, ки ин њам боиси кундї дар пешрафти хољагии дењот ба њисоб мерафт. Намуди маъмули заминдорї танхоњ яъне барои хидматњои људогона инъом кардани ќитъаи замин ба шумор мерафт. Соњибони танхоњ аз њисоби љамъоварии андоз ба хазинаи давлат њам миќдори маблаѓеро ворид мекарданд. Пас аз амир Шоњмурод бо сабаби густариш ёфтани таассуб сањми заминњои ваќф низ афзуд, ки аз њисоби даромади он ашхоси људогона зиндагї мекарданд. Афзудани њосил мутаносибан миќдори андозро боло мебурд, яъне дар ин давра кишоварзон аз зиёд гаштани њосил ќариб ки шодї намекарданд. Падидаи дигари њаёти иќтисодї аз љониби давлатњои минтаќа љорї кардани анвоъи андозњои ѓайримусулмонї, ба расми ќабилањои туркї буд. Аз љумла ба ѓайр андозњои маъмулии закот, ушр, андозњои иловагии «амонпулї», «чўбпулї», «тагиљой», «никоњона», «танобона», «миробона», «алафпулї», «ќўшпулї», љорї гардида, рўзгори мардумро боз душвортар мегардонид. Инчунин човодорї, ки бештар ба ќабилањои узбак хос буд, сабаби худсарона поймол кардани заминњои киштии мардум (хусусан тољикон, ки ба сабаби дур мондан аз умури идориву сиёсї бепаноњу бекас буданд) мегашт. Њунармандон бештар дар шањрњо зиндагї мекарданд ва ањолии дењоту кўњистонњои тољик бо роњи табодули молу мањсули кишоварзї ин ниёзи худро бартараф мекарданд. Бофандагї ва ресандагї аз муњимтарин касбу њунари ин давра ба њисоб мерафтанд. Дукондорї ва савдо ба шањрњои бузург хос буда, дар дењот дар гардиш миќдори ночиз пули наќдї мављуд буду бас. Бозорњои бузурги минтаќа дар Бухоро, Самарќанд, Ўўќанд, Тошканд, Њисор амал мекарданд. |