апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 2. Ањмади Дониш-ислоњотхоњ ва маорифпарвар Ташаккулёбии чањонбинии Ањмади Дониш. Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Ањмад Махдуми Дониш, мулаќќаб ба Ањмади Калла (1826-1897) ба њисоб меравад. Ў дар шањри Бухорои Кўњна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби ќориён (њофизони Ќуръон) низ тањсил намудааст. Вале мактаби ќориёнро зуд тарк намуда, аз 14 – солагї тањсилро дар мадраса идома додааст. Вай дар мадраса ба ѓайр аз илмњои динї, бештар мустаќилона, дар асоси асарњои олимони Шарќ, фанњои табииёт, риёзиёт, нуљум, њайват, таърих, фалсафаи табиї ва адабиётро меомўзад. Ањмади Дониш аз хурдсолї хати зебо ва дар рассомиву наќќошї истеъдоди фавќулоддае дошт. Ў хушнависиро њанўз аз модараш, ки назми форсии тољикиро низ наѓз медонист, омўхт. Бо кўмаки модараш, њанўз дар хурдсолї наќши њарфи арабиро хело зебо кашида, нињоят чун наќќоши моњир ба камол расид. Дар солњои тањсил дар мадраса вай ин истеъдоди худро боз њам сайќал дод. Баъди хатми мадраса ўро, бо тавсияи яке аз устодонаш ба дарбори амир, ба сифати меъмор ва наќќош ба кор гирифтанд. Вале аз сабаби набудани корњои иморатсозию бинокории њукуматї, Ањмади Дониш дар дарбор бештар ба корњои китобати рисолаву девонњо ва ќоѓазњои расмии дарбор машѓул буд. Ин њама ба ў имконият дод, ки аз як тараф њунари хаттотї ва наќќошии худро боз њам такмил дињад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи бойи дарбор истифода бурда, мустаќилона илмњои гуногунро боз њам чуќуртар омўзад. Дар натиља вай њанўз дар замони њукуматдории амир Насруллоњ аз љумлаи соњибмаърифатноктарин ањли дарбор гардида буд. Ањмади Дониш аввалин бор солњои 1857 – 1858 (бо супориши амир Насрулло ба сифати мирз-котиб дар њайати сафорати амир, бори дуюм солњои 1869 – 1870 ва бори сеюм солњои 1874 – 1875 ба Русия сафар кардааст. Њангоми ин сафарњо ў бо њаёти сиёсї, иќтисодї ва махсусан фарњангии маркази империяи Русия шањри Петербург, ба ќадри имкон аз наздик шинос шуд. Ин њама дар ќатори таъсири адабиёти классикии форсу тољик дар ташаккулёбии андешањои маорифпарваронаи Ањмади Дониш маќоми муњиме бозидааст. Андешањои Ањмади Дониш рољеъ ба ислоњот. Таќрибан солњои 1870-1873 А. Дониш рисолае таълиф намуд, ки дар он андешањояшро оид ба адолат ва тартибу низоми идора намудани давлат ва љамъият баён кардааст. Муаллиф дертар ба он номи “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-ро нињод. Ин рисола дар асл як барномаи ислоњоти љиддии тарзи давлатдорї ва асосњои иљтимоии аморати Бухоро ба њисоб меравад. Мањз бо њамин маќсад рисола ба амир Музаффархон пешнињод гардида буд. А. Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маљлиси машваратї (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба аќидаи ў њуќуќи амир, чун њокими мутлаќ бояд дар асоси ќонун (Конститутсия) мањдуд карда шавад. Ба ѓайр аз ин дар рисола оиди сохт ва њуќуќи вазоратњо, тартибот ва мавќеи ќуввањои њарбї, њуќуќ ва мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халќро батафсил баён кардааст. Инчунин таъкид мегардад, ки подшоњ бояд аз љумлаи донишмандтарин шахс бошад ва ў доим дар хизмати халќ бошад; дар як мамлакат подшоњи одилу амалдори иртиљопараст шуда наметавонад, зеро чунин амалдор дар зери сарпарастии ў амал мекунад. Бо андешаи А. Дониш подшоњ њамон ваќт адолатхоњ шуда метавонад, ки ў ба худ дањ шартро мањфуз дошта бошад. Шарти аввал, бо андешаи нависанда, “дар њар воќеа, ки раоёро пеши њоким афтод, подшоњ худро дар он воќеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ њоким донад. Ва дар он њам њар њукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад, мисли он (яъне онро – Н.Њ.) аз худ ба дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад”. Ё худ дар шарти њафтум мегўяд: подшоњи одил “он ки аз хатари њукумат ва вилоят ѓофил набошад. Ва яќин донад, ки мансаби аморату њукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва њам шаќовату гирифторї ва бадномии абадї њосил тавон намуд”. Дар шарти нуњўм гуфтааст: “…некбахтарин раиятдорон касест, ки раият бад-ў некбахт аст, ва бадбахтарин касе он аст, ки раият бад-ў бадбахт аст”. Умуман лоиња аз чунин пандњо саршор аст. Амир Музаффархон аз чунин пешнињодоти бебоконаи А. Дониш дар пояи давлатдории худ хавфе бурда, на танњо онњоро ќабул накард, балки худи ўро аз дарбор дур намуда, аввал ба Ѓузор, баъд дар Нањрпай ќозї таъин намуд. Баъди њамин А.Дониш аз корњои давлатї ва хизмати дарборї тамоман дур карда шуд. “Наводир-ул-ваќоеъ”-и Ањмади Дониш. Нависанда, таќрибан аз солњои 1875 ба навиштани шоњасари худ «Наводир-ул-ваќоеъ» шурўъ намуд. Ў соли 1885, танњо баъди марги амир Музаффархон ва ба тахт нишастани амири љавон – Абдулањадхон, ба Бухоро баргашт ва бо марњамати амири нав муддате китобдори мадрасаи Љаъфархољаи Бухоро таъин гардид. Ин њама ба нависанда имконият дод, ки шоњасари худро дар муддати 15 сол ба итмом расонида, онро дар байни њаводорону њамфикрони худ пањн намояд. А. Дониш дар «Наводир-ул-ваќоеъ», чун шоњиди замон иллатњои иљтимої, нобаробарї ва беадолатињои љамъияти феодалии Бухоро, ќафомондагии њаёти фарњангї, тарзи шахшудамондаи таълим дар мактабу мадрасањо, симои манфури табаќањои њукмрони амирї, ки нисбат ба мардум хело берањмї зоњир менамуданд, љањолат ва ѓафлатзадагии арбобони динию маъмурии давр ва ѓайрањоро хеле сахт танќид намудааст. Ба ин асар, аз тарафи худи муаллиф рисолаи дар боло ишорашуда – “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” њамчун яке аз ќисмњо дохил карда шуд. Бояд иќрор шуд, ки пайдоиши “Наводир-ул-ваќоеъ”-ро зиёиёни пешќадами Бухоро бо камоли мамнуният ќабул намуданд. Он бо зудї китоби рўимизии онњо гардида буд. Аз њамин сабаб њам таъсири ин шоњасар дар байни зиёиён бењамтост. Инчунин худи нависанда њам аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ў њама ваќт як чанд нафар уламо ва талабањои боистеъдодро дар атрофи худ љамъ намуда, оиди фасодњои замона ва роњњои аз он баромадан сўњбатњо меорост. Нињоят А.Дониш бо ин њама амалиётњои худ, яъне ба воситаи сўњбатњо пањн намудани аќидањояш ва инчунин таълифи асарњои гаронбањояш, барои дар шароити Бухоро ба вуљуд омадан ва ташаккул ёфтани як равия ё худ љараёни нав-равияи маорифпарварї заминаи асосї гузоштааст. Маорифпарварї, ин љараёни иљтимоию сиёсї ва адабию фарњангист, ки зиёиёнро аз ѓафлати шахшудамондагии замони кўњнаи феодалї бедор намуда, онњоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин љараён (ё худ равия) мањз бо роњи тарѓиби ѓояњои хайр, адолат, илму маърифат иллатњои сохти муайяни љамъиятиро барњам зада, анъанаю маишат ва сиёсати онро таѓйир додан мехостанд. Андешањои Ањмади Дониш њам пурра ба њамин маќсад равон гардида буд. Аз њамин сабаб ўро њамчун яке аз саромадани љараёни маорифпарварии на танњо Бухоро, балки Осиёи Миёна њисоб мекунанд. Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулќодирхољаи Савдо, Ќорї Рањматуллоњи Возењ, Исо Махдуми Бухорої, Шамсиддин Махдуми Шоњин, Мирзоњайити Сањбо, Муњаммадсиддиќ Њайрат ва дигарон пайравони А.Дониш буданд. Эљодиёти нависанда танњо бо њамин доира мањдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XХ њам он сабабгори бедории гурўњи нисбатан боз њам зиёди зиёиёну талабагон ва нињоят яке аз манбањои ташаккулёбии њаракати љадидия гардид. § 3. Њаракати љадидия Ба вуљудоии њаракати љадидия. Њаракати љадидия дар аввал њамчун љараёни фарњангию маърифатї, сипас њамчун љараёни иљтимоию сиёсии ислоњотхоњона, охирњои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи мањаллии Осиёи Миёна ба вуљуд омадааст. Тарафдорони ин њаракат аќибмондагии иќтисодию сиёсии мулки худро ба хубї дарк намуда, ќафомондагии маънавии мардуми онро эњсос карда, чун пешгузаштагонашон – маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки: 1) бо роњи пањн намудани маърифат (дар асоси ислоњи усули кўњнаи таълим дар мактабу мадрасањо, ташкили мактабњои усули нав, пањн намудани адабиёти навину нашри рўзномаю маљаллањо) ањволи мардумро бењтар намоянд; 2) ба ислоњи тарзи идоракунии мулки худ ноил гардида, барои дар ќатори халќњо ва давлатњои тараќќикардаи љањонї инкишоф ёфтани он шароит муњайё кунанд; 3) ба барњам додани њар гуна разолатњои давр – бетартибию ѓоратгарињо њангоми ситонидани андозњо, худсарии амалдорон ва ѓайрањо мушшараф шаванд; 4) бо роњи ислоњот динї исломро ба талаботи замони нав – инкишофи муносибатњои молию пулї мутобиќ гардонанд; 5) бо роњи камхарљ гузаронидани тўю њар гуна маъракањо зиндагии мардумро бењтар намояд ва ѓайрањо. Пеш аз њама бояд таъкид намуд, ки махсусан љадидони Бухоро, дар аввал худро “љадид” наномидаанд. Ин номро ба онњо гўё чун калимаи тањќиркунанда, муќобилони ислоњот гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз тарафи љадидон ташкил намудани мактабњои усусли нав (ё худ усули љадидї њам мегўянд) сабаб шуда буд. Калимаи “љадид” арабї буда, ба форсии тољикї маънои “нав”, “тоза”-ро дорад ва дар он ягон ифодаи тањќиркунанда ё худ тањќиркунї дида намешавад. Вале он солњо, махсусан дар шароити аморати Бухоро, њомиёни тартиботи кўњна њар каси ба худ аз рўи аќида муќобилро “љадид” гуён тањќир менамуданд. Дар асл љадидон дар марњилаи аввал худро “љавонон”, “љавонфикрон”, “маорифпарварон”, “тараќќипарварон”, “ислоњотпарварон”, “ислоњотхоњон”, “навпарастон” ва ѓайра меномиданд. Ба ѓайр аз ин љадидони Бухоро, ба љавонтуркони Туркия пайравї намуда, худро “љавонбухориён”, љадидони Хева бошанд, худро “љавонхевагињо” меномиданд. Дар навбати худ љадидон низ муќобилони худро “кўњнапарастон”, “ќадимиён”, “ќадимпарастон”, “тарафдорони усусли кўњна” ва ѓайра меномиданд. Аз њамин сабаб њам љанљоли тарафдорон ва муќобилони мактаби усули нав дар таърих ба номи “низои байни љадидону ќадимпарастон” маълум аст ва он љанљол сол аз сол шиддат ёфта, махсусан дар шароити Бухорои амирї бештар шакли фољеавиро мегирифт. Марказњои намоёни њаракатњои љадидї дар аморати Бухоро – шањри Бухорои Кўњна (яъне пойтахти аморат); дар кишвари Туркистон – шањрњои Самарќанд, Ќўќанд, Тошкент ва хонигарии Хева – шањри Урганљ ба њисоб мерафтанд. Зеро, ин шањрњо дар баробари марказњои маъмурї њисоб шудан, боз њамчун маркази илму маърифат, марказњои асосии зиёиён њам буданд. Манбаъњои ташаккулёбии њаракати љадидия. Гуфтан лозим аст, ки њаракати љадидияи Осиёи Миёна дар љои хушку холї ба вуљуд наомадааст. Балки он ба худ заминањо, ё худ манбаъњои маънавии зеринро доро буд: Манбаи аввал, ин аќидањои маорифпарварии фарзанди барўманди халќи тољик Ањмади Дониш, фарзандони халќи ўзбек Зокирљон Фурќат, Муњаммад Аминхоља Муќимї, Завќї ва дигарон ба њисоб мераванд. Аз байни онњо махсусан А.Дониш зиёда шўњрат пайдо карда буд. Аќидањои маорифпарварии ин марди фозил аллакай дар охири асри XIX на танњо дар Бухоро, балки берун аз он, аз љумла дар Самарќанд низ њаводорони зиёди худро пайдо карда буд. Ба ѓайр аз ин дар мадрасањои Бухоро аз њар гўшаю канорї Осиёи Миёна, аз љумла аз Фарѓона, Тошкент, Хева ва ѓайра низ талабањо тањсил менамуданд, ки ќисме аз онњо бегуфтугў аз эљодиёти А.Дониш воќиф гардидаанд. Манбаи дигари маънавии њаракати љадидияи Осиёи Миёна ин таъсири њаракати љадидияи тоторњо, ки њанўз пештар, солњои 80-ўми асри XIX ташаккул ёфтааст, ба њисоб меравад. Марказњои асосии њаракати љадидияи тоторњо Боѓчасарои Ќрим ва шањри Ќазон буданд. Аз сабаби он ки дар шањрњои гуногуни Осиёи Миёна тоторњо низ зиндагї мекарданд ва онњо бо тоторњои Ќрим ва Поволже алоќаи наздик доштанд, бинобар ин аќидањои љадидияи тоторњо дар байни тоторњои осиёимиёнагї бо зудї пањн гардид. Дар натиља аз ин аќида зиёиёни мањаллї-тољикон ва ўзбекон низ дар канор намонданд. Манбаи сеюми њаракати љадидияи Осиёи Миёнаро таъсироти инкишофи муносибатњои нав - молию пулї ташкил медињад. Зеро, маълум аст, ки аллакай охирњои асри XIX ба доираи муносибатњои капиталистї шањр ва ноњияњои нав ба нав кашида мешуданд ва њамин тариќ мавќеи муносибатњои феодалї танг мегардид. Мардум дар муддати кўтоњ шоњиди воќеањои наљиб: ба вуљуд омадани заводњои гуногун, сохтани роњњои оњан, пайдо шудани бонкњо ва ѓайра гардиданд. Њамаи ин дигаргунињо барои бедорї ва таѓйир ёфтани афкори зиёиён бетаъсир намемонд. Манбаи чорўми ташаккулёбии њаракати љадидия таъсироти матбуоти даврї ва дар шањрњои гуногуни Осиёи Миёна ба вуљуд омадани мактабњои русии мањаллї гардид. Дар охири асри XIX ва махсусан ибтидои асри XX ба Осиёи Миёна бештар маљалла ва рўзномањое, ки дар давлатњои њамсоя ба забонњои форсї, тоторї, русї ва туркї нашр мегардиданд, пањн шуданд. Он рўзномањо зиёиёнро на танњо аз воќеањои муњими љањонї, ба мисли љанги русу япон, воќеањои Болќон, инќилоби якуми рус ва дигар њаракатњои инќилобї, балки, дар як ваќт бо ихтирооту тараќќиёти илму техникаи љањонї, инкишофи тиљорату саноат дар мамлакатњои дунё ва њамсоя ва ѓайрањо хабардор менамуданд. Мактабњои русии мањаллї бошад љавонони лаёќадмандро ба оѓуши худ мегирифт. Мањз њамин манбаъњои номбурда асоси ташаккулёбии њаракати љадидияи Осиёи Миёна гардиданд. Фаъолияти љадидон дар шароити кишвари Туркистон. Бояд таъкид намуд, ки љадидони Осиёи Миёна дар шароити гуногун амал мекарданд. Аз љумла, дар шароити кишвари Туркистон онњо то андозае озодона фаъолият мегузарониданд. Њукуматдорони подшоњї ба корњои онњо (ба ѓайр аз солњои љанги якуми љањонї) чандон ањамият намедоданд. Бинобар ин љадидони кишвари Туркистон, дар роњи амалї гардонидани маќсадњои худ, дар њамаи шањру ноњияњо, ѓайр аз муќобилияти тарафдорони усули кўњнаи таълим, дигар монеъии љиддиро ќариб эњсос намекарданд. Њаракати љадидия дар кишвари Туркистон то замони инќилоби февралии (соли 1917) Русия ба тарзи ташкилї ташаккул наёфта бошад њам, вале тарафдорони он шароити кишварро ба инобат гирифта, дар назди худ чунин маќсадњои муайяне гузошта буданд: дар масъалаи тарбия-љавонони мањаллиро бештар ба илму маърифат, ривољ додани корњои тиљорату саноат даъват менамуданд. Дар ин соња онњо бегуфтугў тарафдори ислоњи усули таълим дар мактабу мадрасањо ва бунёди мактабњои усули нав буданд; оиди сабук намудани ањволи халќи мењнаткаш-ба тартиб даровардани андозњо ва сабук намудани онњо; ќатъ гардонидани муњољиркунии дењќонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар - ислоњ намудани усули идоракунии мустамликавї, аз љумла таѓйир додани баъзе бандњои “Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон”, ки дар асоси онњо амалдорони њукумати подшоњї нисбат ба мардуми мањаллї берањмї зоњир менамуданд; дар масъалаи њуќуќ-баробарњуќуќии раиягони муќимии кишвар бо раиягони рус, мањдуд намудани дахолати амалдорони подшоњї дар корњои идоракунии мањаллї, ки баъзан боиси аз тарафи онњо поймол намудани урфу одати мардум мегардид ва ѓайрањо. Сарварони њаракати љадидия дар кишвари Туркистон: Мањмуд-хоља Бењбудї (1875-1919), Абдуќодир Шакурї (Абдуќодир Абдушукуров) (1875-1943), њар ду дар Самарќанд, Мунаввар-Ќорї (Абдурашидов) дар Тошкент ва дигарон буданд. Аз љумла М.Бењбудї баробари хатми мадраса ба Ќазону Уфа, Мисру Туркия сафар намуда, бо њаёти он кишварњо ба хубї шинос шуда, нињоят тарафдори шўълавари ислоњи усули таълим дар мактабу мадрасањо ва бунёди мактабњои усули нав гардидааст. Ў муњаррир ва ношири рўзномаи “Самарќанд” (1913-1914) ва маљаллаи “Ойина” (1913-1915) буд. Аз љумла маљаллаи “Ойина” бо ду забон-тољикї ва ўзбекї нашр мешуд. Ба ќалами вай инчунин песаи “Падаркуш” тааллуќ дорад. Мунаввар-Ќорї Абдурашидов бошад ношир ва муњаррири рўзномаи “Хуршед” (с.1906) буд. Умуман аз тарафи љадидони кишвари Туркистон ба ѓайр аз маљаллаю рўзномањои номбурда боз рўзномањои “Тараќќї” (с.1906), “Шўњрат” ва “Туљор” (с.1907-1908), “Осиё” (с.1913-1915), “Садои Туркистон” (1914-1915), “Садои Фарѓона” (1913) ва ѓайрањо нашр мегардиданд. Њамаи ин рўзномањо ба забони узбекї чоп мешуданд. Дар шароити кишвари Туркистон њам аз љумлаи мударрису муллоњо ва талабагон муќобилони њаракати љадидия низ кам набуданд. Вале онњо аз баромади ошкоро ба муќобили сиёсати њукумати подшоњї метарсиданд. Фаъолияти љадидон дар шароити аморати Бухоро. Дар шароити аморати Бухоро бошад вазъият барои фаъолияти љадидон тамоман дигар буд. Њукумати амирї аз рўзњои аввали ба вуљудоии њаракати љадидия тарафдорони онро таъќиб намуда, фаъолияти мактабњои усули нави онњоро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз љињати ташкилї танзим ёфтани њаракати љадидияи Бухороро тезонид. Махсусан, соли 1909 аз тарафи њукумати амирї баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоњиди Мунзим (1877-1934) ва С.Айнї (1878-1954) тарафдорони њаракати навро ба ѓазаб овард ва баръакс онњоро бо њам наздиктар намуд. Тарафдорони мактаби усули нав минбаъд бо њам тез-тез вохўрда, оиди таќдири Бухоро, мардуми он, корњои мактабу мадрасањо сўњбатњо меоростанд. Дар натиља солњои 1909-1910 дар Бухоро њаракати љадидия њамчун њаракати ислоњотхоњонаи љамъиятию сиёсї аз љињати ташкилї ташаккул ёфт. С.Айнї бо њамроњии дўсти худ М.А.Мунзим дар маркази њаракати љадидияи Бухоро, аниќтараш аз љумлаи сарварони он буданд. Инак, мувофиќи маълумоти С.Айнї, он солњо љадидони бухорої дар назди худ, чун маќсаду маром, иљроиши вазифањои зеринро гузоштаанд: дар соњаи маориф - барњам додани бесаводї ба воситаи кушодани мактабњои усули нав, ислоњи таълим дар мадрасањо, пањн намудани адабиёти нав ва матбуоти њаррўза; дар соњаи њимояи манфиати халќ-бо роњи ташвиќот ба мардум фањмонида додани разолатњои њукуматдорони амирї, исрофкории амир ва ањли дарбор, инчунин дар байни мардум барњам додани исрофкорињои зиёд њангоми тўй, мотам (маъракањои азодорї) ва дигар маъракањо; дар соњаи мустањкам намудани иттифоќ ва дўстии мардум -бо роњи фањмондадињї барњам додани низоъњои мазњабї ва ѓайрањо. Минбаъд ба њаракати љадидияи Бухоро, дар ќатори зиёиён, инчунин намояндагони тољирони мањаллї, ба монанди миллионери номї Муњиддин Мансуров ва писари ў Абдуќодир Муњиддинов (1892-1934), ки аз љумлаи маърифатпарварон буданд, дохил гардиданд. Дар натиља ба маќсаду мароми маърифатпарваронаи љадидони Бухоро боз иловањо дохил шуданд. Аз љумла: дар соњаи тиљорат-дар тамоми сарзамини аморат муњайё намудани имконият барои инкишофи тиљорат ва бартараф намудани њаргуна монеањои мављуда, дар Бухоро барпо намудани биржа, роњњо, кўпрукњо ва ѓайрањо; дар соњаи моликият- на танњо таъмин намудани дахлнопазирии моликият, балки дар асоси ќонун муњофизат намудани он аз њар гуна ниятњои бадќасдонаи амиру амалдорон, ба тартиб даровардани таќсимоти об ва ѓайрањо илова шудаанд. Ин њама вазифањое буданд, ки дар асоси онњо љадидони Бухоро бояд дар аморат фаъолият мекарданд. Дар њаќиќат њам њалли чунин маќсаду маром дар шароити онваќтаи Бухорои амирї як инќилобе менамуд. Зеро, аксари онњое ки дар сари ќудрати њукуматдории амирї буданд, ё худ ба он нуфузи зиёд доштанд, њанўз њам аз пешрафтњои љањон хулосањои зарурї набароварда буданд ва мехостанд, ки Бухороро мисли пештара, бе ягно таѓйирот нигоњ доранд. Масалан, њанўз аввалњои асри XX як гурўњ муллоњои иртиљопарасти бухорої њатто дар чароѓи керосинї нишонаи инќилобро дида, барои истифодаи он дар масљидњо сахт муќобил баромадаанд. Ё худ яке аз шахсони бонуфузтарини Бухоро Ѓиёз махдуми аълам барои дар Бухоро кушодани намоишгоњи кино ва сангфарш намудани кўчањо сахт муќобил баромада буд. Ин муќобилиятњо танњо бо дахолати кормандони агентии сиёсии Русия бартараф карда шуданд. Дар шароити хонигарии Хева бошад, љадидон имконияти озодона амал карданро доштанд. Зеро, режими хонї, ки дар ин љо нисбатан заиф буд, ба љадидон муќобилияти сахт нишон надод. Баръакс, баъзе намояндагони љадидон дар њукумати хонї нуфузи зиёд доштанд. Мавќеи муќобилони љадидон низ дар ин мулк нисбатан суст буд.Маќсаду мароми љадидони Хева бошад ба маќсаду мароми љадидони кишвари Туркистон ва махсусан Бухоро хело мувофиќат мекард. Вале корњои амалан иљро кардаи љадидони Хева нисбатан назаррас набуд. Љадидон њаќиќатан њам давомдињандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онњоро низ маорифпарварон номидан хато нест. Вале ин њаракатро нисбат ба моарифпарварони асри XIX “як ќадам ба ќафо” гуфтан хатост. Баръакс, њаракати љадидия нисбат ба маорифпарварии гузашта як ќадам ба пеш аст. Зеро, маорифпарварони аввал норасоињои замонро дар асарњо, сўњбатњо, шеъру сурудњои худ сахт танќид карда, худ барои амалии онњо чандон корњои назаррасе накардаанд. Љадидон бошанд, дар давраи аввал аксаран фаъолияти худро бо кори амалї-ташкили мактабњои усули нав, нашри рўзномањо, ислоњи усули таълим дар мадрасањо ва ѓайра сар карданд. Ба љадидон тамѓаи исломпарастї (панисломизм)-ро часпонда сиёњ намудан низ хатост. Зеро, чуноне таъкид намудем фаъолони ин њаракат аксаран ањли савод, муллою муллозодањо, мударрисњо ва талабагони мадрасањо, яъне ќариб њама аз ањли ислом буданд. Бинобар ин онњо њељ гоњ аз доираи ислом берун шуда наметавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин њам набуд. Аз ањли ѓайримусулмон-яњудиёни мањаллї аксаран хайрхоњон буданду халос. Бинобар ин љадидон, аз доираи шариати дини ислом набаромада, бо роњи ислоњот мулки худ ва мардуми онро аз њолати бенавоию ќашшоќї бароварда, ба ќатори халќњо ва давлатњои тараќќикардаи љањон расонидан мехостанд. Зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастї дар байни љадидон. Маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX, дар баъзаи идеологияи миллатчиёни турк - туркизм, аќида ва ё худ равияи дигар-туркпарастї (пантуркизм), бо марказ дар Туркия, ба вуљуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиќи таълимоти туркпарастон як ќатор миллатњои љањон, ба монанди – юнонињо, форсњо, арабњо аллакай хароб шудаанд ва онњо гўё оянда надоранд; ќисми дигари миллатњо, аз љумла халќњои Аврупо гўё ба интињо мерасанд; танњо ќисми сеюми миллатњо, ки ба онњо танњо туркњоро нисбат медоданд, гўё инкишоф меёбанд ва ояндаи дунё насиби онњост. Аз ин рў онњо “ягонагии миллї ва давлатии” њамаи халќњои туркзабонро тарѓиб мекарданд. Роњи асосии амалї гардидани маќсадашонро дар ягонагии забони туркї дида, барои ба туркї гардонидани забонњои ѓайритуркї шурўъ намуданд. Дар њудуди давлати Туркия, он забонњоро, ки туркї намуданашон ѓайриимкон буд, барои љисман нест кардани он халќњо шурўъ намуданд. Бинобар њамин њам, солњои 1915-1916 дар њудуди ин давлат ташкил намудани ќатли умумии халќи арман бе сабаб набуд. Туркапарастї дар њудуди империяи Русия байни миллатчиёни тотори Ќриму Поволже махсусан њамовозии зиёд пайдо кард. Зеро, онњо дар ин равия воситаи ягонаи људої аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки ќисми тарљумонњо ва њатто амалдорони хурди давлати Русия, ки бо корњои Осиёи Миёна машѓул буданд, низ аз љумлаи тоторњо буда, баъзеи онњо дар ќатори љадидони тотор, њамин равияро дастгирї мекарданд. Дар натиља љавонони осиёимиёнагие, ки ба Туркия ва ё ба Ќриму Поволже сафар кардаанд, ё худ аз тарафи љадидон барои тањсил фиристода шудаанд, бо зудї ба таъсири њамин равия меафтоданд. Минбаъд онњо чун шахсони барои забони худ бегона, таѓибгарони равияи туркпарастї ба воя мерасиданд ва амал мекарданд. Дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мављудияти на танњо тољиконро, балки ўзбекон, туркманњо, ќазоќњо, ќирѓизњо ва дигар халќњои туркзабонро низ тамоман ба эътобор намегирифтанд. Тољиконро “туркњои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда” њисоб мекарданд. Бинобар ин, онњо мегуфтанд: “тољикњо бояд ба асли худ-туркњо табдил дода шаванд”. Оиди муайян намудани туркпарастии љадидони Осиёи Миёна њушёрии љиддї лозим аст. Пеш аз њама бояд ба инобат гирифт, ки њаракати љадидї ва туркпарастї њељ гоњ њаракати ягона набуд ва на њамаи љадидон дар тамоми даври фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи аввали фаъолияти љадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастї нисбатан хело кам буд. Аз њамин сабаб њам љадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рўзномаро ба забони форсии тољикї ташкил намудаанд. Вале пўшида нест, ки нуфузи туркпарастї дар фаъолияти онњо сол аз сол меафзуд. Зеро, худи љадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараќќикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваљљўњи зиёде пайдо карда буданд. Дар натиља ќисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тољик, ки дар равия ё худ њаракати љадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастї зањролуд шуда, минбаъд худро турк њисоб намуда, нисбат ба миллат ва забони худ хиёнатњои зиёде кардаанд, ки оиди ин масъалањо дар фаслњои зарурї хоњем истод. |