Главная страница
Навигация по странице:

  • Бањона, саршавї ва оќибатњои фољеа.

  • § 10. Љанги якуми љањон ва шўриши миллию озодихоњии соли 1916 дар Осиёи Миёна Оѓози љанги якуми љањон ва иштироки Русия дар он.

  • Оѓози шўриш. Характер ва ањамияти он.

  • БОБИ ХI. АФКОРИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ВА ФАРЊАНГИИ ХАЛЌИ ТОЉИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА АВВАЛИ АСРИ XX § 1. Заминањои ба вуљуд омадани дигаргунињои љиддї дар афкори

  • Дигаргунињои њаёти фарњангї.

  • Вазъи тиб ва ба амал омадани дигаргунињо дар ин соња.

  • Мавќеи зиёиёни мањаллї нисбати таѓйиротњои ба амал омада.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница24 из 57
    1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   57
    § 9. Омезиши ихтилофњои мазњабї бо раќобати мансабї ва ба амал омадани фољеаи байни суннимазњабон ва шиамазњабон дар Бухоро
    Сабабњои асосии ба вуљуд омадани фољеа. Моњи январи соли 1910 дар шањри Бухорои Кўњна - маркази аморати Бухоро, дар байни суннимазњабон ва шиамазњабони ин шањри бостонї панљ шабонарўз, яъне аз 22 то 26 январ хунрезии дањшатноке идома ёфт, ки он воќеа дар таърихи бисёрњазорсолаи ин маркази тамаддуни Машриќзамин сањифаи фољеавитарин ба њисоб меравад.

    Аксарияти мардуми аморати Бухоро (тољикњо, ўзбекњо, туркманњо ва ѓайра) пайравони мазњаби суннї буданд. Эътиќодмандони равияи шиа, асосан эрониёне, ки дар шањри Бухорои Кўњна ва дењањои атрофи он мезистанд, ташкил мекарданд. Мањз њамин фарќияти мазњабї халќњои асосии ориёї ва форсизабон - тољикон ва эрониёнро аз якдигар људо намудааст. Дар солњои пеш, агарчанде байни суннимазњабон ва шиамазњабон баъзан ихтилофњо рўй дода бошанд њам, вале дар дањсолањои охир намояндагони њар ду мазњаб бародарвор мезистанд.

    Дар Бухоро барои ба амал омадани хунрезии январии соли 1910 сиёсати дар ваќтњои охир пешгирифтаи амирони манѓит ва хусумати байни мансабталошони њар ду мазњаб сабабњои асосї гардиданд. Ин воќеа чунин рўй дода буд: Амирони манѓит дар шароити аморати Бухоро ба худ такягоњи боэътимоде надоштанд. Худи ќабилаи манѓит њам нисбатан камшумор буд. Он ќабила на танњо бо дигар ќабилањои ўзбек, балки умуман бо туркнажодњо иттифоќи мустањкаме надошт. Тољикњо, ки аксарияти мардуми аморатро ташкил медоданд, њељ гоњ боиси боварии амирони манѓит нагардидаанд. Амирони манѓит хавфи онро доштанд, ки њангоми ба мансаби ќушбегї таъин кардани намояндагони суннимазњаб, онњо дар ваќти муносиб метавонистанд амирро аз мансаб дур кунанд. Аз њамин сабаб њам амирон ба мансаби ќушбегї мањз намояндаи шиамазњаб - эрониёнро таъин мекарданд. Зеро, эрониён, аз боиси дар аморат кам будани нуфузи худ њељ гоњ талоши мансаби амириро намекарданд ва ба амирони манѓит содиќона хизмат менамуданд. Агар, амирони манѓит ќушбегии аз њисоби шиамазњабон таъин кардаашонро аз вазифа озод карданї шаванд њам, он гоњ низ њељ хавфе мављуд набуд.

    Инак, дар замони њукмронии амир Абдулањадхон шахси бонуфузтарин баъд аз ў Остонаќул ќушбегї, ки баромадаш эронист, ба њисоб мерафт. Остонаќул низ аз мавќеи худ истифода бурда ба дигар мансабњои зарурии њукумати амирї эрониёнро таъин кард. Чунин амалиёти ў мансабталошони суннимазњабро, бо сарварии раиси Бухоро Бурњониддин, ки мехост баъд аз амир бонуфузтарин шахс дар аморат бошад, ба ѓазаб овард. Бинобар ин тарафдорони Бурњониддин барои аз байн бардоштани Остонаќул ќушбегї фурсати мувофиќро интизор буданд.

    Бањона, саршавї ва оќибатњои фољеа. Нињоят, барои саршавии фољеа мавќеи ќулай ва бањонае њам муњайё гардид. 22 январи соли 1910 рўзи шанбе, дар чорбоѓе, ки берун аз дарвозаи Самарќандии шањри Бухорои Кўњна воќеъ буд, як љамоаи эрониёни мањаллї ва мусофир љамъ шуда, мотам ороста, маросими таъзияи Њусейн, писари Алї, набераи пайѓамбар Муњаммадро мегузарониданд. Барои озодона гузаронидани чунин маросим, эрониёни бухорої аз соли 1908, яъне дар замони ќушбегї Остонаќул њуќуќ пайдо карда буданд.

    Одатан дар рўзи маросими мотами имом Њусейн эрониён либосњои сиёњ дар тан, тобути холиро бардошта, «Во Њусейн! - гўён сари дили худро мекўфтанд. Вале мардуми бухорої - суннињо ин гуна рафторњои шиањоро фаќат мавќеи тамошо медонистанду халос. Аммо дар маросиме, ки 22 январ баргузор гардид на танњо ќисме аз тољикон ва ўзбекони бухорої, балки баъзе талабањои тошкандї ва фарѓонагие, ки дар мадрасањои Бухоро мехонданд, низ њозир буданд. Инак, чунин амалиёти эрониён боиси хандаи яке аз талабагони фарѓонагї гардид. Эрониён бошанд ин хандаро нисбати мазњаби худ тањќир њисобида, ба ў њуљум карда, вайро маљрўњ намуданд. Аз ин њодиса иртиљоъпарастони бухорої (яъне аз њисоби мансабталошони суннимазњаб) истифода бурда, барои ба муќобили эрониён бархезонидани як ќисми талабањои мадрасањо ва мардуми гумроњи Бухоро муваффаќ гардиданд. Яъне, ин иѓвогарон воќеаро ба фоидаи худ шарњ дода, дар байни мардум љор мезаданд, ки: «Эрониён муллобачаеро зада куштанд!», «Эрониён бухороиёнро кушта истодаанд!», «Барои њифзи љон ва номуси худ љамъ шавед!».

    Мувофиќи баъзе маълумотњо бо даъвати он иѓвогарон, ба тарафдории суннимазњабон ќариб дањ њазор нафар бухороиён ба майдон баромадаанд. Онњо, ки асосан ба сўи Арк њаракат мекарданд, аз ќушбегї Остонаќул на танњо ќатли гунањкорони тарафи эронии ин воќеа, балки дар сарзамини аморати Бухоро тамоман манъ намудани њар гуна маросиму чорабинињои шиамазњабонро талаб менамуданд.

    Дар дохили шањри Бухорои Кўњна аллакай худи њамон рўзи аввали воќеа, яъне 22 январ, кушокушии байни суннимазњабон ва шиамазњабон сар шуд ва хуни одамї чун оби борон аз гузарњои танг њаракат кардааст. Миќдори умумии ќурбоншудагони ин фољеа ба њазор нафар расидааст. Миќдори маљрўњон бењисоб буд.

    Њукумати амирии Бухоро ќудрати бо ќувваи худ бартараф намудани хунрезии мазњабии байни бухороиён ва эрониёнро надошт. Худи амир Абдулањадхон он солњо бо баъзе сабабњо, аз љумла ихтилофаш бо сарварони суннимазњаб, шањри Карминаро ба ќароргоњи худ табдил дода буд. Бо хоњиши ў ба шањр як даста аскарони рус бо сарварии генерал Лилиентал дохил шуда, хунрезиро хомўш намуданд. Ташаббускорони хунрезї-олимаќомони суннимазњаб ба азли ќушбегї Остонаќул ва њаммаслаконаш мушарраф гардиданд. Баъди ин воќеа Мирзо Насрулло, ки суннимазњаб буд, ба вазифаи ќушбегї сарафроз шуд.

    Њамин тавр раќобати мансабї дар Бухоро ба хунрезии калонтарине оварда расонид, ки гунањкорони асосии он мансабталошони њар ду мазњаб-суннї ва шиа буданд. Вале ин фољеа ба бечорагони чї бухорої ва чї эронї бадбахтињои зиёдеро овард. Онњо аз ин фољеа танњо зарари љонї ва моддї диданд.
    § 10. Љанги якуми љањон ва шўриши миллию озодихоњии соли 1916

    дар Осиёи Миёна
    Оѓози љанги якуми љањон ва иштироки Русия дар он. 19 июли (1 августи) соли 1914 љанги якуми љањон оѓоз ёфт, ки ба он 38 давлатњои љањон, бо ањолии 1,5 млрд. нафар, ё худ аз чор се њиссаи мардуми башар кашида шуданд. Дар чор соли љанг, яъне то соли 1918, дар амалиётњои љангї аз ањолии башар ќариб 10 млн. нафар њалок ва зиёда аз 20 млн. нафар маљрўњ гардидаанд. Яке аз сабабњои асосии сар задани ин љанг ихтилофи байни мамлакатњои- Антанта ва Иттифоќи сегона мебошад. Мамлакатњои ташаббускори бунёди Антанта - Англия, Русия ва Франсия мамлакатњои бузурги мустамликадор ба њисоб мерафтанд. Ташаббускорони блоки дуюм, махсусан Олмон ва Австро-Венгрия, ки дертар рў ба тараќќї нињода, аз таќсими мустамликањо мањрум мондаанд, талаб мекарданд, ки таќсимоти нави мустамликањо гузаронида шавад. Мамлакатњои мустамликадори Антанта албатта ба фоидаи раќибони худ ягон хел гузашт карданро намехостанд. Зеро, мустамликањо барояшон на танњо њамчун манбаи ашёи хом, балки бозори бераќобати молфурўшї низ ба њисоб мерафтанд.

    Бањона барои оѓози љанги љањонї дар Сараево кушта шудани шоњзодаи империяи Австро-Венгрия Франс Фердинанд (28 июни соли 1914) гардид. Гарчанде њукумати Сербия тамоми талабњои тањдидномаи (ултиматуми) њукумати Австро-Венгрияро ќабул кард, вале њукумати охирин 28 июли њамон сол ба муќобили сербњо љанг эълон кард. 29 ва 30 июл њукумати Русия дар мулкњои худ сафарбарии умумиро эълон кард. Дипломатияи рус сербњоро дастгирї намуд. Олмон 1 август ба Русия, 3 август ба Франсия, 4 август Англия ба Олмон љанг эълон карданд. ИМА 6 апрели соли 1917 ба тарафдории мамлакатњои Антанта ба љанг дохил шуд. Русия ба љанги љањонии оѓозгардида чандон омада набуд. Њанўз соли 1908 њукумати он барномаи 10 солаи тайёрии љангро ќабул намуд, ки он пурра иљро нагардида буд.

    Сарфи назар аз ин моњњои аввали љанг ќўшунњои рус дар Пруссияи Шарќї ѓалабањои назаррас ба даст дароварданд. Солњои 1915-1916 њам фронти Русия яке аз фронтњои асосї буд. Бинобар ин њукумати Олмон ва Австро-Венгрия ба ин фронт ќуввањои асосии худро гузоштаанд. Дар натиља дар ин фронт љангњои шадиде рўх доданд. Вале љанги тўлонї харољотњо ва аскарони зиёдро талаб мекард.

    Русияи подшоњї дар љанги якуми љањон зиёда аз 2 млн. нафар ањолии худро талаф дод. Он аз љињати иќтисодї боз њам хароб, аз љињати молиявї тобеи мамлакатњои Ѓарб шуд. Барои пўшонидани харољоти љанг миќдор ва хелњои андозро зиёд карданд. Дар натиља, мардуми Русия, ки аз љанг дилгир шуда буданд, ба муќобили сиёсати хукумати худ њар љо - њар љо шўриш бардоштанд. Яке аз бузургтарини чунин шўришњо ин шўриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ба њисоб меравад, ки оиди сабабњои он њамчун шўриши зиддимустамликавї аллакай таваќќуф намудем.

    Бањонаи шўриш. Њукумати подшоњии Русия, нисбат ба худ, чуноне аллакай таъкид шуд, ба садоќати мардуми Осиёи Миёна ва Ќазокистон боварї надошт. Аз ин рў, дар солњои љанг њам аз њисоби мардуми тањљоии ин кишвар ба хизмати њарбї сафарбар накард. Вале, соли 1916 њукумати подшоњї вазъияти ногувори фронтњои љангиро ба инобат гирифта, ба корњои аќибгоњ сафарбар намудани мардуми тањљоии кишвари Туркистон ва Ќазоќистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оиди ин масъала фармони подшоњ эълон карда шуд. Мувофиќи он бояд аз њисоби мардони аз 19 то 43 солаи кишвари Туркистон 250 њазор нафар ва Ќазокистон - 80 њазор нафар ба корњои заминкании хати фронт љалб карда мешуданд. Аз љумла фаќат аз уезди Хуљанд бояд 8948 кас сафарбар мегардиданд ва аз онњо 8140 нафарашон бояд ба корњои аќибгоњи фронт фиристода мешуданд. Вазнинии таќсимот ба гардани ањолии шањри Хуљанд афтида буд. Зеро, танњо аз ин шањри бостонї, мебоист 2708 нафар аз љумлаи онњое, ки дар корњои пахтакорї иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд.

    Дар асоси фармони номбурда 2 ва 3-юми июли њамон сол мардони Хуљандро ба рўйхат гирифтанд. Аксари онњое, ки ба рўйхат дохил шуда буданд, ќувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин рў, дар айни ављи корњои тобистонї, ба корњои аќибгоњи фронт љалб намудани онњо бегуфтугў ба вазъи хољагиашон таъсири манфї мерасонид. Ба ѓайр аз ин хизмати њарбї дар байни мардуми Осиёи Миёна чандон анъанаи хубе набуд ва аз ин рў ин маърака њамовозие пайдо накард. Илова бар ин аз тарафи амалдорони мањаллї њангоми ба рўйхатгирї ба беадолатињо роњ дода шуда буд. Яъне, њар касе, ки доро буд, ба амалдорон пора дода, худро аз рўйхат баровард. Чунин њолат мардуми камбаѓале, ки имконияти пора додан надоштанд, дарѓазаб намуд ва онњоро ба майдон баровард.

    Оѓози шўриш. Характер ва ањамияти он. 4 июли соли 1916 ба ќозихонаи мањаллаи Ќалъаи Нави шањри Хуљанд зиёда аз 500 нафар шањриён љамъ омада, аз ќозї ва пристав талаб карданд, ки барўйхатгириро ќатъ намоянд. Аммо чунин талаби онњо аз тарафи ќозї ва пристав ба инобат гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сўи бозори Чоршанбе њаракат карданд. Дар роњ ба ин мардум аз њар сў одамони бисёре њамроњ гардиданд. Дар муддати кўтоњ шумораи намоишчиён афзуда то ба 7-8 њазор нафар расид. Вале сарварони уезд, ба ќувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиља мардуми ба ѓазабомада ба њуљум гузаштанд. Љўра Зокиров, Зубайдалло Рањматуллоев, Љўра Алї ва ѓайра аз љумлаи фаъолони ин њаракати мардумї буданд. Аз тарафи политсия ба муќобили мардум тир кушода шуд. Бегоњии њамон рўз шањр дар њолати њарбї эълон гардид. Дар тамоми гўшаю канори шањр њарбиён ва политсия назорати ќатъї љорї намуданд. Рўзи дигар, яъне 5 июл ба кўмаки Хуљандиёни шўришбардошта агарчанде ќариб 700 нафар сокинони волости Ќистакўз омаданд, вале ин ќувва вазъиятро дар шањр дигар таѓйир дода натавонист. Шўриш дар шањри Хуљанд аллакай хомўш гардида буд.

    Шўриши Хуљанд барои баромади умумии кишвар сигнале гардид. Он бо зудї ноњия ва вилоятњои нав ба навро фаро гирифт. Баъди шўриши мардуми Хуљанд мардуми Ургут шўриш бардоштанд. 6 июли њамон сол намоишњои эътирозї ба муќобили сиёсати њукумати подшоњї дар Самарќанд ва Тошкент ба амал омаданд. 8-9 июл њаракати халќї дар Фарѓона сар шуд. Дар миёнаи моњи июл чунин њаракат ќариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Махсусан мардуми Љиззах ќариб њама ба мубориза бархестаанд. Дар ин љо мардуми ба мубориза баромада борњо бо амалдорону њимоятгарони њукумати подшоњї даст ба гиребон гардидаанд. Баромадњои мардумї дар њамон сол дар Уротеппа, Ашт, Панљакент низ ба амал омадааст. Дар ноњияю даштњои Ќазокистон бошад шўриш бештар аз њама дар вилояти Турѓай хеле шиддат гирифт.

    Соли 1916 дар сарзамини аморати Бухоро ба ѓайр аз хуруљњое, ки дар роњи оњани Бухоро ба вуќўъ омаданд, боз дар Ќаршї, Ќубодиён, Ќаротегин ва ѓайра љунбишњои мардумї рўх доданд. Аз љумла, он сол дар Ќалъаи Лабиоби (Тољикободи њозира) бекигарии Ќаротегин ба хуруљи халќї мардикори мавсимї Ќаландаршо сарварї намудааст. Албатта хуруљњои халќие, ки дар хоки аморат ба амал омадаанд, пеш аз њама ба муќобили зулму истибдоди амирї, махсусан бедодгарињои амалдорони мањаллї нигаронида шудаанд. Њамин тавр ба доираи шўриш на танњо сарзамини кишвари Туркистон ва Ќазокистон балки аморати Бухоро њам кашида шуд.

    Хуруљњои халќї дар шаклњои гуногун: эътирози оммавї, корпартоии коргарон, аз хољагии бою кулакњо ба дашту кўњњо баромада рафтани батракњо, фирори мардум ба хориља, нобуд кардани рўйхати даъватшудагон, ба амалдорони подшоњї итоат накардан, хароб кардани манзилгоњ ва торољ намудани молу мулки боёну кулакњо, нињоят задухўрдњои мусаллањона бо политсияю аскарони подшоњї ва ѓайрањо зоњир мегардиданд. Дар шўриш тамоми табаќањои ањолї: дењќонон, коргарон, тољирон, зиёиён, аз љумла рўњониён иштирок намудаанд.

    Њукумати подшоњї, аз вусъати шўриш ба воњима афтода, 17 июли соли 1916 кишвари Туркистонро дар њолати њарбї эълон кард. Дар бисёр мањалњо, бо фармони амалдорони њукумати подшоњї, ба муќобили шўришгарон силоњро истифода бурданд. Дар натиља шўриш берањмона пахш карда шуд. Бисёр фаъолони шўриш њабс ва бадарѓа гардиданд. Амалдорони њукумати подшоњї баъди пахш намудани шўриш миќдори муайяншудаи мардикоронро (аз мардуми мањаллии кишвари Туркистон ва Ќазоќистон), ба тарзи зурї ба корњои аќибгоњи фронт фиристоданд.

    Њамин тавр шўриши соли 1916 ба сиёсати мустамликадоронаи њукумати подшоњї як зарбаи ќатъї зад. Зеро, ин шўриш мазмунан миллию озодихоњї ба њисоб мерафт. Шўриш барои бедории сиёсї ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми мањаллї кўмаки амалї расонид. Он ќувваи мардуми мањаллии Осиёи Миёнаро, ки њукумати подшоњї ба он эътиборе намедод, нишон дод. Аз ин рў ин шўриш ањамияти бузурги таърихї дошт.

    БОБИ ХI. АФКОРИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ВА ФАРЊАНГИИ ХАЛЌИ ТОЉИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА АВВАЛИ АСРИ XX
    § 1. Заминањои ба вуљуд омадани дигаргунињои љиддї дар афкори

    љамъиятию сиёсии халќи тољик ва дигар халќњои Осиёи Миёна

    дар нимаи дуюми асри XIX

    Таъсири дигаргунињои иќтисодию сиёсї ва љамъиятї. Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоњї кашида шудани Осиёи Миёна дар афкори љамъиятию сиёсии мардум, махсусан зиёиён, таѓйиротњои куллї ба вуљуд омад. Зеро, пас аз забтшавї, чуноне ќайд кардем: сарзамини Осиёи Миёна ба доираи муносибатњои молию пулї ва бозори умумирусиягї кашида шуд; дар ин сарзамин корхонањои саноатї ва ташкилотњои бонкї ба вуљуд омаданд; хатњои роњи оњанро гузарониданд; дар хољагии ќишлоќи кишвар таѓйиротњо (баъзе намудњои нави асбобњои хољагии ќишлоќ ва истењсоли мањсулоти нав) намоён гардид ва ѓайрањо. Дар сарзамини кишвари Туркистон бошад, баробари ин дигаргунињо ва барњам додани мустаќилияти хонигарии Ќўќанд, инчунин ба баъзе урфу одатњои асрњо боз пойдорбудаи динию миллї ва мањаллї зарбаи ќатъї зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавќеъ ва њуќуќњои номањдуди собиќа мањрум гардиданд. Онњо дар идоракунии мулкњои кишвар, аз генерал- губернаторї сар карда то уездию волостї ягон нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоњї андешаи рўњониёнро умуман ба инобат намегирифтанд. Њол он ки то забтшавї на танњо амалдорони мањаллї, балки њатто худи хон бе розигии онњо ба ягон хел кори љиддї љуръат намекард. Баъди забтшавї дар њудуди кишвар њатто муќаддастарин моликияти љамъияти исломї- мулкњои ваќфї хеле мањдуд карда шуд. Мансабњои бонуфузи динї – ќозикалон ва раис дар њудуди кишвари Туркистон дигар вуљуд надошт. Ин таѓйиротњо зиёиёни мањаллиро, ки њама аз љумлаи ањли ислом буданд, зиёда ба андеша кашида буд.

    Дигаргунињои њаёти фарњангї. Таѓйиротњо дар њаёти фарњангии кишвари Туркистон махсусан назаррас буданд. Аз љумла, соли 1868 дар шањри Тошкент аввалин матбаа ба вуљуд омад ва соли 1870 китобхонаи оммавї кушода шуд. То ин ваќт дар сарзамини Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро, Самарќанд, Ќўќанд ва ѓайра китобхонањо агарчанде асрњо боз вуљуд дошта бошанд њам, вале онњо дар назди дарбори хону амирон ва мадрасањо буда, характери оммавиро надоштанд. 28 апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал- губернатории кишвари Туркистон – рўзномаи “Туркестанские ведомости” чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Миёна оѓоз гардид. Аз худи њамон сол он рўзнома бо забонњои ўзбекию ќирѓизї низ бо номи “Туркистон вилоятининг газети” баромад.

    Бо маќсади аз њисоби талабагони мањаллї тайёр намудани тарљумонњо 19 декабри соли 1884 дар шањри Тошкент нахустин мактаби русии мањаллї кушода шуд. Минбаъд чунин мактабњо дар Бухорои Кўњна, Самарќанд, Хуљанд, Панљакент, Ўротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруѓ ва ѓайра ташкил ёфтанд.

    Њанўз дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуќтаи назари илмї омўхтани сарзамини Осиёи Миёна аввалин кўшишњои љиддї карда шуд. Аз љумла соли 1871 Љамъияти илмии Осиёимиёнагї бунёд гардид, ки маќсади он аз љамъ ва нашр кардани маводњо оид ба таърих ва фарњанги мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонањои собиќа, аз он љумла расадхонаи Улуѓбек (дар Самарќанд), ки дар замони худ шўњрати љањонї дошт, ќариб осоре намонда буд. Инак, соли 1873 дар Тошкент аввалин расадхонаи замонавї сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В.Ф. Ошанин ва С.И. Жилинский Шўъбаи туркистонии Љамъияти љуѓрофии Рус ташкил ёфт. Љуѓрофшиноси номии рус П.П. Семёнов - Тяншанский ба омўзиши љуѓрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, љуѓроф А.П. Федченко аввалин шуда водии Фарѓона ва Олойро омўхт, нуќтаи баландтарини кўњњои Помирро муайян намуд.

    Вазъи тиб ва ба амал омадани дигаргунињо дар ин соња. Маълум аст, ки сарзамини Осиёи Миёна, пеш аз њама Бухорои Шариф, дар асрњои X-XI ба дунёи њастї чунин мутафаккирони бузург, аз љумла файласуф ва табиби машњури љањонї, фарзанди барўманди халќи тољик Абўалї ибни Сино (980-1037)-ро дод. Инчунин асрњо боз соњиби дармонгоњњо-бемористонњои овозадор њам буд. Вале миќдори бемористону табибони њозиќ махсусан дар асрњои охир нисбатан хеле кам буданд. Яке аз сабабњои асосии чунин њолат ин аз таълимї мадрасањо бардоштан ва ё хеле мањдуд намудани омўзиши илми тиб ва барои аксари толибилмон дастнорас будани китобњои тиббї ба њисоб меравад.

    Дар шањри Бухорои Кўњна ягона бемористоне, ки асрњо боз вуљуд дошт ва то сарнагун намудани тартиботи амирї (соли 1920) фаъолият мекард, бемористони “Дорушшифо” ба њисоб мерафт. Он бемористон рў ба рўи Арки Бухоро воќеъ буд. Сарпарастии онро дар охири асри XIX эшони Тољиддин (хољаи Љўйборї) ба ўњда дошт. Ў њар навъ шарбату равѓан ва доруњои муолиљаовар тайёр намуда, бо онњо беморонро табобат менамуд. Ба ѓайр аз бемористонњо мардум барои табобат аз обу лойњои шифобахш ва табибони халќї бо тарзи васеъ истифода мебурданд.

    Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоњї гузаштани Осиёи Миёна, махсусан дар њудуди кишвари Туркистон, ки ќисми таркибии империяи Русия ба њисоб мерафт, дар соњаи тиб низ дигаргунињои куллие ба амал омаданд. Дар њудуди кишвар бо ташаббуси њукумати подшоњї, бо маќсади пешгирї ва табобат намудани њар гуна беморињо паи њам нуќтањои гуногуни табобатї, дорухонањо, дар шањрњои Тошкент, Самарќанд, Бухорои Кўњна, Бухорои Нав, Ќўќанд, Хуљанд, Ўротеппа, Панљакент, Хоруѓ ва ѓайра бемористону марказњои фелдшерї бунёд гардиданд.

    Мавќеи зиёиёни мањаллї нисбати таѓйиротњои ба амал омада. Њама дигаргунињое, ки дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро ба вуљуд омаданд, албатта ба афкори љамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиёнаш бетаъсир намонд. Зиёиёни мањаллї оиди сабаб ва оќибатњои ин дигаргунињо андеша мекарданд. Аксарияти онњо носозгорињои чї замони гузашта ва чї сиёсати мустамликавии њукумати подшоњиро мазаммат менамуданд.

    Дар натиљаи ин њама таѓйиротњо, аллакай дар нимаи дуюми асри XIX дар доираи зиёиёни Осиёи Миёна таќсимшавї ба гурўњњо ба амал омада буд. Як гурўњи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) ба воќеияти ба амал омада муваќќатан њам бошад муросо намуда, интизори барќароршавии тартиботи аввала (чї маќоми динї ва чї мулкњои ваќфї) буданд. Ќисми дуюми зиёиён ин њама дигургунињоро амри воќеї ва баргаштан ба тартиботи пештараро ѓайри имкон њисобида, сарзамини Осиёи Миёнаро тарк намуда, ба хоки мамлакатњои њамсоя: Афѓонистон, Эрон, Туркия ва давлатњои гуногуни араб кўч карданд. Ќисми сеюми зиёиён – воќеањои содиршудаи даврро аз њар љињат омўхта, сабабњои онро ба хубї фањмида, оиди оќибатњои он барои худ хулосањои зарурї бароварда, бањри наљоти халќи худ, ватани худ ва урфу одати мардуми он мекўшиданд. Онњо ба хубї эњсос намуданд, ки дар њаќиќат њам мардуми диёрашон хело ќашшоќанд, мулкашон нисбат ба мамлакатњои тараќќикардаи љањон хеле ќафомонда аст. Тарафдорони ин гурўњ сабабњои асосии њамагуна бадбахтињои мардум ва ќафомондагии кишварро пеш аз њама дар бемаърифатии чї мардуми оддї ва чї амалдорони гуногунмаќом медиданд. Аз ин рў онњо роњи ягонаи наљотро дар маърифатнок намудани мардум медиданд. Бинобар њамин њам зиёиёни ин гурўњро маорифпарварон меноманд. Чунин андешањо дар эљодиёти маорифпарварони он давра таљассуми худро ёфтааст, ки бузургтарини онњо фарзанди барўманди халќи тољик Ањмади Дониш буд.
    1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   57


    написать администратору сайта