апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 5. Шўриши солњои 1873 – 1876 дар хонигарии Ќўќанд ва аз тарафи ќўшунњои рус пахш намудани он. Забти сарзамини ќабилањои туркман. Оѓоз ва рафти шўриш. Баъди ба Русияи подшоњї тобеъ гардидани хонигарии Ќўќанд вазъияти мардум боз њам вазнинтар гардид. Њокимони мањаллии хонї нисбат ба мардуми мењнатї бештар зулмро раво медиданд. Халќи љабрдидаи хонигарї љавобан ба зулми истисморгарон њарљо-њарљо исён мебардоштанд. Соли 1873 дар хонигарї шўриши калонтарине сар шуд, ки он то феврали соли 1876 идома ёфт. Ба он исёни мардуми дењањои Косон ва Нанайи Намангон ибтидо гузоштанд. Бањонаи асосии шўриш зиёд ситонидани закот, яъне андоз аз чорво ба њисоб мерафт. Шўриш аз моњи июли соли 1873 њарактери мусаллањонаро гирифта буд. Ба шўриш ўзбекњо, тољикхо ва ќирѓизњо фаъолона иштирок доштанд. Сарварони асосии шўриш Мулло Исњоќ Мулло Њасан ўѓлї (баромадаш ќирѓиз, писари мударриси «Оќмадраса»-и Марѓелон), ки бо номи «Пўлодхон» машњур буд ва Абдурањмон офтобачї (писари Мусулмонќул ном шахс, ки аз тарафи хони Ќўќанд Худоёрхон ќатл карда шудааст) ба њисоб мерафтанд. Абдурањмон офтобачї то соли 1875 ба яке аз ќисмњои аскарони хонї сарварї мекард ва барои пахш кардани шўриш борњо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муќобили хони Ќўќанд-Худоёрхон сўиќасд ба вуќўъ омад ва Абдурањмон отфтобачї њам бо њамроњии писари калонии Худоёрхон - Насриддинбек иштирокчии он буд. Моњи июл сўиќасдчиён њам ба тарафи шўришгарон, ки он лањза Пўлодхон роњбари асосиаш буд, гузаштанд ва аз њамон лањза давраи дуюми шўриш сар мешавад. Минбаъд ба шўриш Пўлодхон ва Абдурањмон офтобачї якљоя сарварї карданд. Онњо Ўш, Намангон, Андиљон, Ассакї ва Олтиариќро ба даст дароварда, бевосита ба худи Ќўќанд тањдид мекарданд. Писари дуюми Худоёрхон Муњаммад Аминбек њам бо дастањои худ ба шўриш њамроњ шуд. Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роњи ягонаи халосиро дар кўмаки генерал-губернатори Туркистон медид ва барои имдод ба ў мўрољиат њам кард. Вале баробари ба шањри Тошкент расидани мўрољиати Худоёрхон, худи ў њам 22 июли соли 1875 бо наздиконаш аз Ќўќанд баромада ба воситаи Хуљанд ба Тошкент омада расиду худро ба њимояти њукумати подшоњї гирифт. Баъди ин гурўњи Абдурањмон офтобачї на ин ки Пўлодхон, балки писари хони гуреза - Насриддинбекро хон эълон карданд. Аз тарафи ќўшунњои рус пахш намудани шўриш ва барњам додани хонигарии Ќўќанд. Моњи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдурањмон офтобачї дар мактуби худ ба генерал- губернатори Туркистон таклифи идома додани муносибати дўстиро пешнињод карданд. Дар љавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки њокимияти Насриддинбекро њамон ваќт мешиносад, ки агар ў тамоми бандњои шартномаи бо Русия имзо намудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Њамон лањза шўриш њанўз идома дошт ва ноњияњои нав ба навро фаро мегирифт. Аз рўи баъзе маълумотњо аввали августи соли 1875 шумораи иштирокчиёни шўриш то ба 15-16 њазор нафар расид. Шўришгарон Новро ишѓол намуда, роњи алоќаи Ўротеппаю Хуљандро буриданд. 7 августи соли 1875 Кауфман ба муќобили шўришгарон ќувваи бузургеро гузошт. 22 август муњорибаи сахттарини назди ќалъаи Мањрам ба вуќўъ омад, ки бо маѓлубияти шўришгарон анљом ёфт. Кауфман баъди ишѓоли ќалъаи Мањрам аз шўришгарон талаб кард, ки муќобилиятро бас карда, чун товони љанг ба фоидаи хазинаи подшоњї 40 њазор тангаи нуќра, ё худ 10 њазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сарварони шўриш рад карданд. Вале Насриддинбек 22 сентябри њамон сол пинњонї аз шўришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиќи он Насриддинбеки хоин на танњо хизматгори содиќи њукумати подшоњї буданашро эътироф кард, балки соњилњои рости дарёи Сирро низ, бо шањрњои Намангон ва Чўст, ба фоидаи Русия гузошт. Инчунин ў розї шуд, ки ба фоидаи хазинаи њукумати подшоњї ќариб 2 млн. сўм товони љанг супорад. Рафтори хоинонаи Насриддинбек ѓазаби нави шўришгаронро ба вуљуд овард ва онњо минбаъд муборизаи худро ба муќобили хони нави хоин ва атрофиёнаш нигарониданд. Бо ин давраи сеюми шўриш оѓоз ёфт. Охирњои моњи сентябр шумораи шўришгарон то ба 60-70 њазор нафар расид. Шўришгарон ба љои Насриддинбек Пўлодхонро хони Ќўќанд эълон карда, аз рўи одати пештараи аз муѓулњо ќабул намудаи туркњо, ўро дар рўи намади сафед гузошта, бардоштанд. Њамон лањза Пўлодхон Ассакиро пойтахти худ ќарор дода буд. 9 октябри соли 1875 шўришгарон Ќўќандро ишѓол намуданд. Насриддинбек гурехт. Пўлодхон моњи декабр ќароргоњи худро аз Ассакї ба Марѓелон овард. Муњорибањои минбаъда, ки асосан бо аскарони рус мегузашт, барои шўришгарон талафотхои зиёде овард. Чунончї, 8 январи соли 1876 дар муњорибаи Андиљон ќариб 20 њазор нафар шўришгарон ќурбон шуданд. Дар чунин лањзањои душвор як ќисми сарварони шўриш, аз он љумла Абдурањмон офтобачї ба воњима афтода, пинњонї бо саркардањои рус гуфтушунид карданд. Пўлодхон њанўз њам муќобили њар гуна мўросо ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ў ба Учќўрѓон рафта, ният дошт, ки аз Ќаротегин ќувваи нав сафарбар намояд. Вале шаби аз 27 ба 28 январи њамон сол аскарони рус ба манзили Пўлодхон зада даромаданд. Худи ў гурехта бошад њам, аммо ба зудї дастгир шуд. Моњи марти њамон сол Пўлодхонро дар майдони бозори Марѓелон, бо њукми суди њарбии рус ба дор овехтанд. Инчунин дигар сарварони шўриш низ ба тарзи гуногун љазо диданд. Њукумати подшоњї ба гардани мардуми Ќўќанд чун товони љанг 3 млн. сўмро бор кард. 19 феврали соли 1876 бо розигии подшоњи Русия Александри II, хонигарии Ќўќанд аз тарафи генерал-губернатори Туркистон Кауфман барњам дода шуд. Ба љои он, дар њайати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав - Фарѓона ташкил ёфт. Губернатори њарбии вилоят генерал М.Д.Скобелев таъин гардид. Њамин тавр шўриши калонтарини мардуми водии Фарѓона шикаст хўрд. Он аз љињати характери худ халќї буда, дар аввал асосан ба муќобили зулму истибдоди хонигарї ва минбаъд ба муќобили ниятњои мустамликадоронаи њукумати подшоњї нигаронида шуда буд. Њукуматдорони подшоњї натиљаи онро ба фоидаи Русия њал намуданд. Аз тарафи ќўшунњои рус забт гардидани сарзамини ќабилањои туркман. Дар сиёсати забткоронаи њукумати подшоњї дар Осиёи Миёна баъди њалли таќдири хонигарии Ќўќанд масъалаи забти сарзамини ќабилањои туркман ба миён омад. Аммо чорабинињои њукуматдорони подшоњии Русия оиди ин маќсад нисбатан пештар сар шуда буд. Чунончї, њанўз соли 1869 ќўшунњои Ќафќозї бо сарварии полковник Н.Г. Столетов аз порти Петровский (Махачќалъаи њозира) бањри Хазарро (Каспийро) гузашта, ба димоѓаи Муравёвск фаромаданд. Онњо дар ин љо ба шањри Красноводск асос гузоштанд, ки ин нуќта минбаъд ба яке аз масканњои асосии њарбии Русия барои забти Хева ва замини ќабилањои туркман табдил ёфт. Моњи марти соли 1874 њукумати подшоњї «Низомномаи муваќќатии идораи њарбии кишвари Моварои Каспї (Закаспий)»-ро тасдиќ намуд. Дар асоси ин њуљљат дар сарзамини шарќии бањри Хазар то дарёи Атрек ва дар љануб то сарњади хонигарии Хева шўъбаи Моварои Каспї, бо марказ дар Красноводск таъсис дода, онро ба ихтиёри волии Ќафќоз супориданд. Њамон ваќт ба њайати он шўъба приставњои Мангишлоќ ва Красноводск дохил мешуданд. Минбаъд шўъбаи Моварои Каспї ба маркази асосии ќуввањои ба сарзамини ќабилањои туркман њуљумкунандаи њукумати подшоњї табдил ёфт. Аввали моњи майи соли 1877 отряди генерал Н.Ломакин Ќизиларватро ишѓол кард, вале бо сабаби аз истењкоми асосї дур буданаш онро зуд тарк намуд. Ў соли 1878 дар соњили Атрек истењкоми Чатраро бино карда, моњи август Ќизиларватро дубора ба даст даровард. Вале 28-29 август вай дар љангњои сахттарини назди Кўктеппа шикаст хўрда, аќиб гашт. Баъди ин сарвари ќўшунњои рус дар Мовараи Каспї М.Д. Скобелев таъин шуд. 12 январи соли 1881 дар натиљаи љангњои сахти серўза ќалъаи Данглитеппа, баъд Кўктеппа, 18 январ Ашќобод забт гардид. Моњи майи њамон сол шўъбаи Моварои Каспї ба вилоят табдил ёфт, ки ба он тамоми заминњои аз њисоби кишвари туркманњо забтгардида дохил мешуд. Бо њамин муќобилияти сахттарини яке аз ќабилањои бонуфузтарини туркманњо-тегинњо бартараф карда шуд. Зеро, то њамон лањза ба ќўшунњои рус асосан њамин ќабила мељангид. 1 январи соли 1884 дар воњаи Марв барои маслињат љамъомади кўњансолони ќабилањои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боњї барпо гардид. Дар ин љамъомад онњо таќдири минбаъдаи мулки худро муњокима карданд. Нињоят моњи марти њамон сол ќабилањои забтнашудаи туркман дар назди ќувваи њарбии њукумати подшоњї маљбур шуданд, ки ба њайати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуќтањои бањснок - ин воњаи туркманнишини Панљдењ (Пандин) буд, ки ба он чї англисњо ва чї русњо даъво доштанд. Худи њамон сол бо дастгирии англисњо отряди афѓонњо ноњияи Кушка ва Панљдењро ишѓол карданд. Моњи марти соли 1885 ќўшунњои рус бо сарфармондењии сардори вилояти Моварои Каспї А.В. Комаров ќўшунњои афѓонро аз минтаќаи Панљдењ дур партофта, 18 март Кушкаро забт намуданд. Дар натиља, ин ихтилоф на туркманњою афѓонњо, балки русњою англисњоро ќариб ба оѓози љанги байни њамдигарї овард. Вале ташаббусро дипломатхои тарафайн ба даст гирифтанд. 10 сентябри он сол дар байни Русия ва Англия шартнома имзо гардид ва барои дар љануб муайян намудани сарњади нуфуз комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиљаи корњои тўлонї дар ин минтаќа аз дарёи Аму то њудуди давлати Эрон марзњои нуфузии байни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиќи он мулкњои бањсталаби номбурда ба ихтиёри Русия монд. Њамин тарз сарзамини ќабилањои туркман њам аз тарафи ќуввањои њарбии Русияи подшоњї истило карда шуд. 26 декабри соли 1897 вилояти Моварои Каспї аз љињати идоракунї ба ихтиёри генерал-губернатории Туркистон гузашт. § 6. «Масъалаи Помир» ва њалли он дар байни Русия ва Англия Вазъи мулкњои Бадахшон дар арафаи таќсимот. Маълум аст, ки дар миёнаи асри Х1Х мулкњои гуногуни Бадахшон (Помир) низ пароканда ва то андозае мустаќил буданд. Вале ба онњо аз як тараф амири Афѓонистон (баъд бо кўмаки Англия) аз тарафи дигар амири Бухоро (баъд бо кўмаки Русия) тањдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афѓон Дўстмуњаммад ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошќўрѓон ва Ќундуз, борњо ба сарзамини Бадахшон њуљум карданд. Њокими Бадахшон Љањонгиршоњ бањри нигоњ доштани оромї ва мустаќилият, барои ба фоидаи њукумати Афѓонистон супоридани андоз розї шуд. Амири Афѓонистон Шералихон, ки соли 1868 ба тахт нишаст, духтари худро ба Љањонгир ба занї дода, бо њамин роњ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ кашиданї шуд. Љањонгиршоњ њушёриро аз даст надода, то андозае мустаќилиро нигоњ дошта бошад њам, вале аз соли 1869 сар карда Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи љияни Шералихон-Абдурањмонњон, ки амири Афѓонистон гардида буд, мулкњои Бадахшони Ѓарбї-Вахон, Шуѓнон ва Рўшон забт гардид. Дар њамон ваќт ќўшунњои сарњадии Хитой низ ба Бадахшони Шарќї наздик шуда, дар ин мањал мавќеи худро мустањкам мекарданд. Русияю Англия, дар асоси муоњидањои солњои 1869-1873, дар Осиёи Миёна љараёнгоњи боло ва миёнаи дарёи Амуро сарњади нуфузи худ мењисобиданд. Яъне, ин ду давлати бузург ба «масъалаи Помир» њанўз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ба ѓайр аз ин Русия дар ин кишвар дар љанг бо ќабилањои туркман банд буд. Бо њамин сабабњо ба Бадахшон мудохилаи мусаллањонаи њукумати Афѓонистону Хитой таќрибан 10 сол (1883-1893) давом кард. Њалли «масъалаи Помир» дар байни Русия ва Англия. Охири асри Х1Х масъалаи љиддие, ки байни Русияю Англия бояд њалли худро меёфт ин «масъалаи Помир» буд. Он лањза дар байни мардуми худи Бадахшон воќеањои назаррасе рух доданд. Чунончї, зулму истибдоди њукуматдорони афѓон тирамоњи соли 1887 боиси шўриши мардуми Шуѓнон гардид. Шўришгарон чанде аз хирољситонандагони афѓонро ба ќатл расониданд. Њукумати Афѓонистон барои ба хун оѓушта намудани шўриш ва танбењ додани мардуми Бадахшон тайёрии љиддї медид. Амалдорони Рўшону Шуѓнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муќобили иќтидори њукумати Афѓонистон ќувваи худро нокифоя њисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онњо бо чунин маќсад ба назди њукуматдорони Русия якчанд њайати намояндагї низ фиристоданд. Аввали солњои 90-уми асри ХIХ њукумати подшоњї ба «масъалаи Помир» ба тарзи љиддї машѓул шуд. Зеро то ин лањза дигар мулкњои Осиёи Миёна пурра ба зери назораташ гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуќтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияю Англия мешуд. Инак, моњи июли соли 1891 отряди 120 нафараи казакњо бо сарварии полковник М. Ионов ба сўи Помир фиристода шуд, ки он бо номи «Эъзомияи Ионов» маълум аст. Маќсади ин эъзомия, гўё дар Бадахшон омўхтани он мулкњое буд, ки онњо мувофиќи муоњидаи соли 1873-и байни Русияю Англия ба фоидаи њукумати подшоњї гузаштаанд. Вале дар асл нияти асосии ин чорабинї мустањкам намудани нуфузи Русия дар мулкњои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз аѓбаи Ќизиларт оѓоз намуда, соњилњои Рангкўл ва Ќаракўлро сайр карда, то ба аѓбаи Банк расид. Ў дар њама љо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкњо дар табеияти Русия мебошанд. Дар натиља ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз њам таккон дод. Аз сабаби он ки дипломатияи Англия њам ба «масъалаи Помир» дахолат мекард, моњи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси арбобони давлати Русия муњокима гардид ва дар он ќарор карда шуд, ки мавќеи њукумати худро дар ин гўша мустањкам намоянд. Моњи июни њамон сол полковник Ионов бо роњи аввала, бо ќувваи нисбатан зиёд, эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Њангоми ин сафари ў дар канори дарёи Оќсу пости Помир (њозира шањраки Мурѓоб) сохта шуд. Дар мавзеи Шољон бошад 250 нафар аскарони казакро ба муддати тўлонї гузоштанд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуѓнониён, нисбати бедодии дастањои гуногуни афѓон, отряди дигар бо сарварии капитан С.П. Ванновский ба воситаи аѓбаи Язгулом то ба Ванљ рафта баргаштаанд. Њукуматдорони подшоњї оиди масъалаи Бадахшони Шарќї њам бетараф наистоданд. Онњо аз ниятњои њукумати Хитой воќиф гардида, моњи июли соли 1894 ба пости Помир (Мурѓоб) М.Е. Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорї расида буд, бо штабаш фиристоданд. Ўро сардори штаби тамоми отряди русї дар Бадахшон таъин карданд. Дар баробари чунин чорабинињо гуфтушуниди намояндагони Русияю Хитой оиди Бадахшони Шарќї низ давом мекард. Дар натиљаи он њукумати Хитой постњои њарбии худро аз сарњади Бадахшони Шарќї бардошт. Баъди ин дар Мурѓоб нигоњ доштани «отряди Помир» нолозим шуда монд ва он 25 октябри њамон сол барњам дода шуд. Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия бањри муайянкунии сарњади нуфуз дар Бадахшон њанўз аз соли 1893 давом дошт. Бањори соли 1895 комиссияи мухталифи сарњадии англису русї охирин ќитъаи бањсталаби сарзамини Осиёи Миёнаро ба таври «аниќ» муайян намуд. Нињоят моњи сентябри њамон сол шартномаи махсуси муайянкунии сарњади нуфузи байни Русияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моњи январи соли 1896 подшоњи Русия Николаи II хати сарњадии империяи Русияро дар Бадахшон тасдиќ кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарњади нуфузи байни Русия ва Англия аз Заркўл то канори шарќии Бадахшон -дарёи Панљ карор гирифт. Мувофиќи он соњилњои чапи дарё, пеш аз њама заминњои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба њисоби Афѓонистон гузашт. Соњилњои рости дарё, яъне мулкњои Вахон, Шуѓнон ва Рўшон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале њукумати подшоњии рус ин мулкњоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкњои дар ин минтаќа аз даст дадааш (яъне заминњои дар соњилњои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони (Помири) Шарќї бошад ба њайати вилояти Фарѓонаи генерал-губернатории Туркистон њамроњ гардид. Он ќисми шарќии водии Вахон, ки дар байни мулкњои Русия ва Њиндустон вазифаи минтаќаи озод ва бетарафро иљро мекард, низ ба њисоби Афѓонистон гузашт. Њамин тарз “Масъалаи Помир” асосан дар байни Русия ва Англия “њал” гардид ва гўё бо ин раќобати байни ду давлати абардќудрати давр оиди як гўшаи кўњии дунё ба охир расид. § 7. Оќибатњои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна Забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ љињатњои мусбат ва манфиро дорост. Љињатњои мусбат: 1) Дар Осиёи Миёна, ки то забтшавї муносибатњои феодалї њукмфармої мекард, минбаъд ба доираи муносибатњои молию пулии љамъияти капиталистї кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикањо ва ташкилотњои бонкї ба вуљуд омаданд, роњњои оњан сохта шуд. Умуман иќтисодиёти кишвар рў ба тараќќї нињод. Осиёи Миёна оњиста-оњиста на танњо ба бозори умумирусиягї, балки ба воситаи он бо бозори умумиљањонї муносибат пайдо кард; 2) Љангњои байнињамдигарии давлатњои мустаќил ва ниммустаќили кишвар, махсусан байни аморати Бухорою хонии Ќўќанд, ки боиси хонахаробињои зиёд ва ќашшоќии мардум мегардид, барњам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкњои Осиёи Миёна назорати ќатъии њукумати подшоњї љорї гардид. Хомўш гардидани љангу љидолњои дохилї бошад барои инкишофи тиљорати байни ноњияњо ва вилоятњои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуљуд овард; 3) Боќимондањои муносибатњои ѓуломдорї (махсусан хариду фурўши ѓуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт); 4) Имконияти шиносшавї бо фарњанги якдигар ва ѓанї гардидани он ба вуќўъ омад. Барои омўзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна ќадамњои аввалин ва љиддї гузошта шуд. Љињатњои манфї: 1). Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоњї мустаќилияти давлатдории халќњои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон ќисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати њукумати подшоњии рус даромаданд. Онњо, ба ѓайр аз Русия, бо дигар давлатњо муносибат карда наметавонистанд; 2). Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавї љорї гардид. Њукумати иртиљоии амири Бухоро ва хонии Хева агарчанде ба зери њимояи њукумати подшоњї кашида шуда бошанд њам, аммо тартиботи идоракунии дохилї дар њар ду ин мулкњои Осиёи Миёна бетаѓйир монд. Минбаъд њукуматдорони амирию хонї дар зери сояи ќувваи њарбии Русияи подшоњї нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз њам зиёдтар раво дониста, онњоро берањмона истисмор мекарданд. Дар натиљаи њамаи ин мардум ба истисмори боз њам сахттар гирифтор шуд; 3). Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панљро сарњади нуфуз ќарор дода, халќи тољикро, ки њазорњо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагї карда, бо њам рафту омад ва хешу таборї дошт, аз њам људо кард. Он лањза, њангоми муайян намудани марзи давлатї, манфиати халќи тољик умуман ба эътибор гирифта нашуд. Зеро, таќдири халќи тољик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Русияю Англия сахт вобастагї дошт. БОБИ X. Халќи тољик дар замони њукуматдории мустамликавии Русияи подшоњї дар Осиёи Миёна (солњои 1867-1917) |