апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 4. Мактабњои усули нав ва рўзномаи “Бухорои Шариф” Фарќияти мактабњои усули кўњна ва нав. Чуноне таъкид намудем, њанўз дар охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX муносибати як гурўњ зиёиёни пешќадам нисбат ба таълими усули кўњна, яъне усули њамонваќтаи таълим дар мактабу мадрасањо таѓйир ёфта буд. Ин гурўњи зиёиён њатто яке аз сабабњои асосии ќафомондагии диёри худ ва мардуми онро мањз дар мављудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоњи он буданд. Зеро, фанњое, ки дар мактабњои усули кўњна асрњо боз таълим дода мешуд, танњо бо як маќсад-њар чї васеътар омўзондани асосњои дини ислом нигаронида мешуду халос. Аз ин рў дар чунин мактабњо талабагон, ќариб ним сол, танњо њарфњои арабиро меомўхтанд. Баъд ба омўзиши “Њафтяк” (порчањо аз “Ќуръон”), аз он пас ба хондани “Чор Китоб” шурўъ менамуданд. Ин њама ќариб се солро дар бар мегирифт. Пас талабагон ба машќи навиштан оѓоз мекарданд. Яъне, дар мактабњои усули кўњна аксаран ба ѓайр аз фанњои динї, дигар фанњо ќариб омўзонда намешуд. Баъзан, бо ташаббуси худи муаллимони мактаб-домуллоњо, дар баъзеи мактабњои кўњна фанњои ѓайридинї низ ба монанди: риёзиёт, таърих, љуѓрофия ва ѓайра таълим дода мешуд. Вале миќдори ин гуна мактабњо хело камшумор буданд. Бинобар њамин њам аксари талабагон баъди хатми мактабњои усули кўњна аз навиштан бехабар мемонданд.Чунин њолат яке аз хусусиятњои хоси замони гузашта ва мутобиќи њамон давр буд. Замони нав – замони инкишофи муносибатњои молию пулї ба донандагони илмњои дунявї зиёда муштоќ буд. Чунин талабот зарурияти бунёди мактабњои усули навро ба миён овард. Зеро, дар мактабњои усули нав талабагон дар баробари хондани “Ќуръон” ва аз худ намудани заруриёти динї, риёзиёт, љуѓрофия, таърих ва дигар хел фанњои дунёвиро низ ба тариќи васеъ ва њатмї меомўхтанд. Ба ѓайр аз ин дар мактабњои усули нав барои ба талабагон дар як ваќт пайдо намудани малакаи хондану навиштан диќќати махсус медоданд. Омўхтани илмњои дунёвї бошад диќќати талабагонро бештар ба олами њастї љалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараљаи дониш ва аз љињати маънавї бедор намудани онњо роли мусбатро мебозид. Таълим дар аксари мактабњои усули нав чор сола, дар баъзе шањрњо, аз љумла дар Тошкент шашсола буда, њамаи онњо чун мактабњои ибтидої њисоб мешуданд. Ташкили мактабњои усули нав. Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабњои русии мањаллї кушодани мактабњои усули навро тезонид. Зеро, ин воќеият зиёиёни пешќадами кишварро водор намуд, ки њар чї зудтар оиди таќдири халќи худ чорањои амалие андешанд. Њамин њолат баъзе саноатчиёни мањаллиро, ки худ низ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иќтисодии масъала мураккабї мекард. Вале барои саноатчиёни мањаллї, ки сол аз сол соњиби даромади зиёд мегардиданд, ин ќисми масъала зуд њалшаванда буд. Њамин тарз, бо дастгирии бойњои мањаллї, соли 1898 дар Ќўќанд, бо ташаббуси мулло Салоњиддин, соли 1899 дар Андиљон бо ташаббуси мулло Шамсиддин ва дар Тошкент бо ташаббуси ќорї Манон, мактабњои усули нав, бо таълим ба забони ўзбекї ташкил ёфтанд. Нахустин мактаби усули нави форсии тољикї ба маорифпарвари номии самарќандї-Абдуќодир Шакурї тааллуќ дорад. Бо ташаббуси ў соли 1901 дар гузари Хољазудмуроди шањри Самарќанд чунин мактаби аввалин кушода шуд. Баъдтар вай дар дењаи Раљабамини Самарќанд ва соли 1903 дар гузари Ќўшњавз, дар њавлии Муњаммадрањимбой низ њамин гуна мактабњои усули навро бунёд намудааст. С.Айнї соли 1908 њангоми бори аввал ба Самарќанд сафар намуданаш, бо њамроњии М.А.Мунзим мањз бо фаъолияти њамин мактаб шинос шудааст. Аз њамон рўзи шиносої бо мактаби А.Шакурї сар карда, мегўяд ў “фикри мактаб тамоми маѓзи моро ишѓол кард.” А.Шакурї баробари фаъолияти омўзгорї, инчунин барои мактабаш дастурњои зарурї-махсусан китобњои дарсиро низ тартиб медод. Ба ќалами ў аввалин китоби алифбои форси тољикии мактабњои усули нав-“Роњбари савод”, китобњои ќироати адабї бо номи “Љомеъ-ул-њикоёт”, “Зубдат-ул-ашъор” тааллуќ дорад. Дар ин мактаб њар сол маљлиси кушоди имтињонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танњо падару модарони талабагон, балки дигар њавасмандон низ мушоњида карда метавонистанд. Миќдори мактабњои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабњо дар шањр ва мањалњои гуногуни кишвар таќрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онњо ба 68 адад расиданд. Аз он љумла дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї-собиќ уезди Хуљанд, волостњои Панљакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабњои усули нав амал мекарданд. Аввалин кўшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Љўрабойи пирмастї (соли 1900) мансуб аст. Вале мактаби ў ба ќадри имкон њавасмандонро ба худ љалб карда натавонист ва аз ин рў, худ аз худ бо зудї баста шуд. Баъд аз мулло Љўрабой, солњои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавї буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба њисоб мерафтанд ва аз дахолати њукуматдорони амирї эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабњои усули љадидия ягон монеъгиро эњсос намекарданд. Онњо ба тоторони Русия пайравї намуда, минбаъд њам, барои фарзандони худ бо усули нав мактабњои шахсї ташкил доданд. Мактабњои усули нави тоторї, ки дар онњо забони таълим низ тоторї буд, барои тањсили бухороиён-тољикон ва тољикзабонон душворї мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабњо ба тариќи кофї бањравар шуда наметавонистанд. Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоњид Бурњонзода (Мунзим) ва С.Айнї дар дохили шањри Бухоро, дар гузари дарвозаи Салоњњон, дар њавлии худи Мунзим, барои бухороиён аввалин мактаби усули нави форсии тољикї кушода шуд, ки дар он 12 нафар хонанда буд. С.Айнї ва М.А.Мунзим сараввал дар такмили мањорати омўзгории худ ба муаллимон ва мактабњои тотории Бухоро такя намудаанд. Онњо барои аз љињати моддї таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моње се сўм њаќќи таълим муайян намуда, фаќирбачагонро бепул ќабул кардаанд. М.А.Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роњбари хат” ном аввалин дастурамали дарсї тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи “мактаби Мунзим” маълум аст. Дар мактаби ташкилдодаи М.А.Мунзим ва С.Айнї низ нарасидани китобњои зарурї эњсос карда мешуд. Бо маќсади бартараф намудани ин норасої, моњи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси њарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои сањењ талаффуз кардани овозњои нутќ, махсусан оятњои Ќуръон, китоби “Тарти-ул-Ќуръон”-ро њозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнї инчунин китоби дигари дарсї “Тањзиб-ус-сибён” (“Тарбияи љавонон”) тайёр ва нашр карда шуд. Ба ѓайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси М.А. Мунзим, махсус барои калонсолони бухорої, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ў љавонони 20-30 соларо љамъ намуда, њар рўз ду соат таълим медод. Дар натиља дар Бухоро обрў ва эътибори мактаби усули нави М.А.Мунзим ва С.Айнї зиёда пањн гардид, ки ин њолат муќобилони онро ором намегузошт. Бинобар ин М.А.Мунзим ва С.Айнї хавфи пўшонидани мактаби худро њис намуда, бо маќсади аќалан ба умум нишон додани натиљаи кори худ, 7 сентябри соли 1909 як маљлиси имтињонот оростаанд. Дар он ќариб 100 нафар даъватшудагон аз њисоби падарон, рўњониён, шањриён ва ѓайра њузур доштанд. Њозирон, гарчанде дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муќобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри њукумати амирї, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин тањсили бухороиёнро дар мактабњои усули нави тоторї њам манъ намуданд. Вале ќисме аз бухороиён, яъне онњое, ки бештар муштоќи саводнокї буданд, ба манъи њукуматдорони амирї нигоњ накарда, баъди ин воќеа њам дар мактабњои тоторї тањсилро давом доданд. Љамъияти “Тарбияи атфол”. Муборизаи шадиди байни тарафдорон ва муќобилони мактаби усули нав, пеш аз њама тарафдорон, яъне љадидонро водор намуд, ки дар баробари махфї нигоњ доштани фаъолияти худ, боз њам муттањидтар шаванд. Бо њамин маќсад онњо 1 декабри соли 1910 љамъияти пинњонии худро бо номи “Тарбияи атфол” бунёд намуданд. Таъсискунандагони ин љамъият М.А.Мунзим, Њамидхољаи Мењрї, Ањмадљон Махдум Њамдї (Абдусаидов), мударрис њољї Рофеъ ва Мукамаллиддин Махдуми Бурњонзода буданд. Умуман аз 28 нафар аъзоёни ин љамъият 14 нафар мулло ва муллозода буда, се нафарашон аз ќабили мударрисон ба њисоб мерафтанд. Љамъияти “Тарбияи атфол” аввалин ташкилоти љадидони Бухоро ба њисоб меравад. Ин љамъият ба тарзи махфї фаъолият намуда, мувофиќи маќсаду мароми дар боло ифодашудаи ислоњотхоњон, яъне љадидон амал мекард. Ташкил намудани мактабњои усули нав ва барои тањсил ба Туркия, ба шањрњои Русия: Оренбург, Ќазон, Уфа ва Ќрим фиристодани талабагони бухорої аз корњои намоёнтарини љамъияти номбурда ба њисоб меравад. Дар солњои минбаъд њам дар маркази диќќати љамъияти “Тарбияи атфол” масъалаи мактабњои усули нав буд. Чунин мактабњо бо роњњои гуногун, бештар ба тариќи махфї, бо ташаббуси шахсони касбу кори гуногун (асосан зиёиён, баъд ќисман тољирон) ташкил карда мешуд. Масалан, дар солњои 1912-1913 мактабњои усули нав ба ѓайр аз шањри Бухорои Кўњна боз дар Шањрисабз, Ќароќўл, Ќаршї, Ѓиждувон ва дигар љойњо низ вуљуд доштанд. Соли 1914 шумораи мактабњои усули нав танњо дар шањри Бухоро ба 45 адад расидааст. Агар иртиљопарастони аморат дар симои ќозикалон Бурњониддин ба худ сарвар ва пушту паноње дошта бошанд, ислоњотхоњон дар симои муфтї Муњаммад Икром ибни Абдусалом, ки ба номи мулло Икромча (1847-1925) машњур буд, њамфикр доштанд. Домулло Икром дар Бухоро яке аз мударрисони равшанфикр ва олими номии охири асри XIX ва аввали асри XX буд. Ў тарафдори шўълавари мактабњои усули нав ва яке аз ташаббускорони ислоњи усули таълим дар мадраса гардид. Рўзномаи “Бухорои Шариф”. Дигар кори ба чашм намоёне, ки љадидони Бухоро карданд, ин нашри рўзномањо буд. Мањз ба ташаббуси онњо аввалин рўзномаи форсии тољикї “Бухорои Шариф” - аз 11 марти соли 1912 нашр гардид. Ин рўзнома дар матбааи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машњури тољик-тољир ва миллионери бухорої Мирзо Муњиддин Мансуров ва шоир, сайёњ, њаким, публисисти бухорої Мирзо Сирољи (Сирољиддин) Њаким (1877 - 1914) чоп шуда буд. Муњарририи рўзнома ба ўњдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тољикї, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Љалол Юсуфзода, ки ўро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд. Рўзномаи “Бухорои Шариф” дар мавќеи маорифпарварї истода, хонандагони худро бо забони содда аз воќеањои љањон, масъалањои гуногуни таърихї, љуѓрофї, адабиёт ва ѓайра огоњ мекард. Дар сањифањои он махсусан зарурияти омўхтани илму дониш ќайд карда мешуд ва маќолањои ташвиќотї, оиди ин масъала чоп мешуданд. Мањз њамин рўзномаи “Бухорои Шариф” аввалин бор хонандагони тољик ва тољикзабони бухороиро бо асарњои нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой (тањти сарлавњаи “Осори Гроф Толстой” 12 асари ўро чоп кардааст), “Њикояњои чинї”-и адиби фаронса Анри д. Рине “Данко” ва “Кампир Изергил”-и А.М.Горкий ва бо дигар асарњои нависандагони дунё шинос намудааст. Рўзномаи “Бухорои Шариф” то 2-уми январи соли 1913, њамагї 153 шумора нашр гардид ва бо иѓвои муќобилони ислоњот, аз тарафи њукумати амирї баста шуд. Љадидони Бухоро, инчунин дар аморат мављудияти туркзабонњоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 (њамагї 49 шумора) рўзномаи “Тўрон”-ро низ ба забони ўзбекї нашр намуданд. Таърихнигорї ва њаёти адабии халќи тољик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX. Яке аз хусусиятњои хоси таърихнигорї ва њаёти адабии тољик дар замони мустамликавї он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр дар навбати худ нависанда ё шоир ва ќисмашон аз љумлаи маорифпарварон буданд. Бегуфтугў дар тамоми ин соњањо дар ќатори аввал Ањмади Дониш меистад. Чуноне, ки дар боло ќайд намудем, асари барљастаи ў “Наводир-ул-ваќоеъ” пеш аз њама асари барљастаи адабї мебошад ва мањорати баланди нависандагии маорифпарварро нишон медињад. Албатта афкори маорифпарваронаи Ањмади Дониш ба эљодиёти таърихнигорон низ бе таъсир намонд. Аз ин рў яке аз фарќиятњои таърихнигории ин давр аз замонњои гузашта дар он аст, ки мањз дар њамин давр асарњои танќидии таърихї ба вуљуд омаданд. Дар ин соња асарњои навиштаи Ањмади Дониш ва Мирзо Абдулазими Сомї махсусан маќоми муњимеро ишѓол мекунанд. Рисолаи таърихии А.Дониш аз љумлаи асарњои охирини ў мебошад, ки таќрибан дар ду-се соли охири умраш ба тарзи махфї навишта, аммо ба охир расонида натавонистааст. А. Дониш ба ин рисолааш њатто ном нагузошта бошад њам, вале бо номи шартии “Рисолаи таърихї” машњур гардид. Дар он муаллифи асар таърихи хонадони манѓитияро тањлил намуда, махсусан ба замони њукмронии амир Музаффар диќќати љиддї додааст. Аз њамин сабаб њам ин давр аз нуќтаи назари танќидї, њаљвнигорона, нисбатан батафсил тасвир шудааст. Дар асар аз њаёти њаррўзаи халќи оддї бисёр лањзањои муњими таъсирбахш љой дорад. А.Дониш дар хотимаи “Рисолаи таърихї” ба хулосае меояд, ки ин салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иљтимої асос ёфтааст, бинобар ин бояд сарнагун шавад. Ин асар имрўз бо номи “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манѓития” дастраси њаводорони эљодиёти ў гардидааст. Мирзо Абдулазими Сомї (Бўстонї) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи “Таърихи салтанати манѓития” мебошад. Ў њамчун А.Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбор буд. Агар А.Дониш хизматро аз замони амир Насруллоњ сар карда бошад, Сомї аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулањадхон давом додааст. Сомї чун таърихнигор дар сафарњои њарбии амирон онњоро њамроњї мекард. Вай шоњиди љанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки љањолат, аќибмондагї ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба ќалам дода, онњоро масхара намояд. Сомї дар айёми пирї аз дарбор ронда шуд. Ў дар охири умр бо китобати дастхатњо рўз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи “Миръот-ул-хаёл” (ривоятњои аљиб аз њаёти фозилон ва шоирони њамзамонаш), “Санъати мањзун”, “Тўњфаи шоњї” мебошад. Шарифљон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) дар шањри Бухоро дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дуньё омадааст. Шариф номи ўст, махдум калимаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, садр унвони илмии динист, ки баъд аз ўроќ ва судур саввўмин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Падари Садри Зиё-Абдушукури Оят аз косибони Бухоро буда, овони љавонї бо касби падару бобоёнаш-чармгарї ва шустагарї (шуста сафед кардани карбосу суфи хоми даѓали зардчатоб) машѓул шудааст. Садри Зиё баъди хатми мадраса дар мадрасањои Бухоро аз соли 1893 ба фаъолияти ќозигї оѓоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ў дар Љондор, туманњои Зандане (Пешкў), Вобкент, Ѓиждувон, бекигарињои Чорљўй, Ќаршї, Каркї, Шањрисабз ќозигї кардааст. Вай хеле кўтоњ, аз 25 март то 8 апрели соли 1917, яъне 15 рўз ќозикалони Бухоро шудааст. Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медињад. Муњимтарини онњо: “Наводири Зиёия”, “Рўзнома”, “Тазкират-ул-Хаттодин”, “Таърихи амирони манѓития”, “Рисолаи асбоби инќилоби Бухоро” ва ѓайрањо мебошанд. Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё ба як мањфили адабї табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, бањра гирифтаанд. С.Айнї, М.А. Мунзим ва дигарон иштирокчии фаъоли љамъомадњои мањфили адабии хонаи Садри Зиё буданд. Бояд ба инобат гирифт, ки эњтимол дар натиљаи таъсири њамин мањфил, бо ташаббуси С. Айнї ва М.А. Мунзим, аз љумлаи толибилмони мадрасањои Бухоро, мањфили дўстдорони илми таърих бунёд гардида буд. Дилшиди Барно (1800-1907)-шоира, маорифпарвар ва таърихнигор ба њисоб меравад. Шоира дар Ўротеппа ба дунё омадааст. Хони Ќўќанд Умархон њангоми забти Ўротеппа (солњои 1810-1822) Дилшодро бо њамроњии асирон ба Ќўќанд мебарад. Чанде нагузашта Дилшод аз дарбор гурехта, дар хонаи Тошмахдум ном шахс паноњ меёбад ва баъд зани ў шуда, то охири умр дар Ќўќанд мемонад. Шоира дар шеърњояш беадолатињои замонаро сахт мазаммат кардааст. Вай дар Ќўќанд мактабдори номї буд ва мувофиќи баъзе маълумотњо 891 нафар духтаронро саводнок намудааст. Яке аз асарњои Дилшод “Таърихи муњољирон” мебошад. Ў дар ин асар торољгарї ва кушокушињои Умархон, баъзе воќеањои аз тарафи Русияи подшоњї забт намудани Осиёи Миёна, њаёти сиёсї ва иљтимоии замонро инъикос кардааст. Абдулќодирхоља Савдо (1823-1873)-шоир, маорифпарвар ва таърихнигор дар Бухоро таваллуд ёфта, дар њамон љо тањсили мадраса намудааст.Њангоми тањсил дар баробари донишњои расмии мадраса илмњои нуљум, риёзиёт, њунари наќќошї, заргарї, меъморї, тарроњї, лаввоњї ва навозандагиро низ омўхтааст. Ќобилияти ўро ба инобат гирифта, вайро ба дарбор ба кор даъват карданд. Дар натиља Савдо бо супориши њукумат ба гўшаю канори аморат сафарњо карда, бо бечорагии мардум аз наздик ошно гардид. Шоир дар бисёр шеърњояш, махсусан шеърњои њаљвиаш ба худ тахаллуси “Бепул”-ро ќабул намудааст. Мероси бадеии Савдо њанўз њам пароканда аст ва то имрўз ќисме аз онњо дастраси хонандагон гардидаасту халос. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихї мебошад. Муњаммад Шамсиддин Махдуми Шоњин (1857-1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарвари нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ў дар Бухоро ба дунё омада, аз хурдсолї (11-12 солагї ) ба шеъру адаб шавќи зиёд дошт. Вай таќрибан соли 1885 тањсили мадрасаро ба итмом расонида мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоир бо А.Дониш ва эљодиёти ў аз наздик шинос буд. Шоњин нисбат ба разолатњои замона нафрати зиёд дошт. Мехост аз дарбор равад. Аммо амир Абдулањадхон ўро аз рикоби худ ќасдан дур намекард. Нињоят, вай њангоми яке аз сафарњои амир, дар Ќаршї вафот кард. Шоир аз худ девони ашъор-маснавии “Лайлї ва Маљнун”, маснавии нотамоми “Тўњфаи дўстон” ва асари “Бадоеъ-ус-саноеъ”-ро мерос гузоштааст. Аз љумла “Тўњфаи дўстон” асари ахлоќї буда, дар “Бадоеъ-ус-саноеъ” афкори маорифпарварии А. Донишро инкишоф дода,тартиботи амирї, кирдорњои разилонаи мансабдоронро сахт мазаммат кардааст. Мирзоњайит Сањбо (таќр.1850-1918) шоири лирик буд. Вай дар тумани Вобкенти наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулањадхон ба хизмати дарбор љалб гардида, унвони “тўќсабо” ва “бий”-ро гирифта буд. Вале ў нисбат ба кирдорњои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. Вай шоири њаќиќатљўй ва њаќиќатгўй буд, оиди нуќсонњои аморат бепарда сухан мекард, ки ин љињатњоро аз шеърњои лирикиаш ба хубї эњсос карда метавонем. Амир, бо маќсади аз марказ дур намудан, ўро ба мулки дурдаст њоким таъин мекунад. Вале Сањбо аз ин вазифа даст кашида, ба Бухоро бармегардад ва гўшанишиниро ихтиёр мекунад. Соли 1915 барои рўзномахонї њатто љазо дидааст. Баъди намоиши апрелии соли 1917-и Бухоро, амир Сањборо ба вазифаи њокимї ба Ќубодиён фиристод. Пас ўро соли 1918 дар он љо, бо дасти одамони худ, ба тарзи вањшиёна ќатл намуд. Тошхўља Асирї (1864-1915) шоир ва маорифпарвар мебошад. Вай дар Хуљанди бостонї ба дунё омада, бо касби сангиосиёбтарошї камбаѓалона зиндагї ба сар мебурд. Ба аќидаи Асирї вазифаи адабиёт тавсифи аќлу дониш аст. Бинобар ин ў тарѓиботчии фаъоли илму дониш ба њисоб меравад. Ба андешаи вай мардуми гумроњро бо роњи маърифатнокї аз љањолат баровардан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ў тарафдори ашаддии ислоњи усули таълим дар мактабу мадрасањо, дар мактабњо љорї намудани таълими илмњои дунявї буд. Муњамадсидиќи Њайрат (1878-1902) гарчанде њамагї 25 сол умр дидааст, вале чун устоди ѓазал шўњрат пайдо карда буд. Камбаѓалї ва ятимї аз хурдсолиаш ба њаёти ў наќши вазнини худро гузоштааст. Аз 15-16 солагї вай ба тањсили мадраса оѓоз намуда, ба њайати адибони давр дохил шуд. Дар ѓазалу ќасидањои шоир разолатњои замона сахт танќид карда мешавад. Њайрат аз бемории сил вафот кардааст. Наќибхон Туѓрал (1865-1919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ѓазал ба њисоб меравад. Ў дар дењаи Зосуни бекигарии Фалѓар, дар оилаи давлатманде (аз авлодони Хоља Ањрори Валии Самарќандї) ба дунё омада, дар Самарќанду Бухоро тањсил кардааст. Чанде дар назди Шоњин хондааст. Баъди тањсил ба зодгоњаш баргашта, бо дењќонї ва чорводорї машѓул шудааст. Бо тўњмати аќсулинќилобї ўро ба ќатл расонидаанд. Вай дар ѓазал пайрави Бедил буда, дар онњо дар баробари сурудани ишќ, инчунин бехирадии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоњои чаласаводу рўњониёни иртиљопарастро тасвир намудааст. Дар аввали асри XX дар Бухоро С.Айнї ва М.А. Мунзим њам на танњо њамчун маорифпарвар, балки дар олами адабиёт аллакай ќадамњои љиддї гузошта буданд. Дар шеърњои онњо, ки аз аќидањои маорифпарварї саршор буд, мењрубоние нисбат ба халќи мазлум, нафрат ба истисморгарон дида мешавад. Њамдардї нисбат ба мардум, нафрат нисбат ба истисморгарон маѓзи эљодиёти шоири инќилобї Њамза Њакимзода Ниёзиро (1889-1929) ташкил менамоянд, ки шеърњои худро бо ду забон: тољикї ва ўзбекї навиштааст. Зиёиёни тољик, махсусан зиёиёни водии Фарѓона, аз эљодиёти шоирон ва маорифпарварони номии ўзбек - Муњаммадхољаи Муќимї (1850-1903), Зокирхољаи Фурќат (1858-1909) ва дигарон низ аз наздик шинос буданд. Дар эљодиёти онњо дўстию рафоќат, адлу инсоф тараннум карда мешуд. Умуман вазъи илму адаби ин давр аз он гувоњї медињад, ки арбобони он нисбат ба даврањои гузашта боз њам љиддитар ва бештар ба мардум ва талабњои онњо наздик шудаанд. Аксари ин арбобон дар асарњо ва шеърњои худ нисбат ба бетартибињои давр оштинопазир буда, ислоњи онро талаб мекарданд. БОБИ XII. Сарнагун намудани Њукумати подшоњї дар русия ва натиљањои он барои халќи тољик ва дигар халќњои Осиёи Миёна |