апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§1. Давлати Куртњои Њирот. Пас аз барњамхўрии давлати Ѓуриён сулолаи дигаре аз миёни мардуми кўњистони Ѓур дар душвортарин лањзањои таърихи мардуми тољик, яъне замони њамлаи муѓул давлатеро таъсис доданд, ки дар таърих бо номи давлати Куртњо маъруф аст. Муассиси ин силсила Саъиди Курт ном дошта, куртњо номи ин сулола мебошад ва ин давлат ба номи халќи курд ягон алоќамандие надорад. Дар замони њукумати Ѓуриён намояндагони куртњо дар вазифањои гуногуни лашкариву идорї адои вазифа мекунанд. Пас аз њамлаи муѓулњо Ѓур яке аз музофоти ангуштшумори ќаламрави тољикон буд, ки аз ѓорати лашкариёни муѓул эмин монд. Рукниддини Курт аз љониби муѓулњо ба вилояти Ѓур њоким таъин гардида, то соли 1245 њукмронї менамояд. Набераи Рукниддин Шамсиддини Курт соли 1245 аз тарафи муѓулњо њокими Ѓур таъин мегардад. Ў бисёр хушзабону дилёб буда, дар назди саркардањои муѓул соњиби эњтироми зиёд гардид. Вай дар яке аз љангњои дохилии муѓулњо ба љонибдории хони бузург Манку љангида, барои ин хидматаш аз тарафи хони бузург ба ярлиѓе мушарраф омад, ки бар асоси он тамоми њудуди Афѓонистон ва ѓарбии Покистони кунуниро ба ихтиёраш гузоштанд. Пойтахти давлат шањри Њиротро интихоб намуд. Шамсиддини Курт расман вассали муѓулњо бошад њам, дар он замон ягона давлати ниммустаќили тољикї ба њисоб мерафт. Ў асосгузори давлати сеюми тољикон дар Хуросон мебошад. Шамсиддин дар давоми 23 соли њукмрониаш тавонист барои ободии мулк ва осоиши раият хидмати зиёд намояд. Барои хушнудии ањолї ва тањкими пояњои истиќлоли кишвар ў борњо аз иљрои фармонњои хонњои муѓул сарпечї кард. Аз ин сабаб илхони муѓул Шамсиддини Куртро соли 1278 ба Табрез даъват карда, ўро тавассути зањр ба њалокат расонид. Писари ў Рукниддин муддате ба љои падар нишаст, вале салоњияту дирояти падарро надошт, аз ин рў бештари ваќти хешро дар ќалъаи Хайсор ба айшу нўш сипарї мекард. Писари ў Фахриддин дар натиљаи як табаддулоти дарборї ба њукумат расида, пас аз чанде њукумати Илхононро њам итоат намекард. Соли 1306 илхони муѓул Улљойту бар зидди давлати куртњо лашкари 10 њазор нафараро гусел дошт, вале ин муњориба бо шикасти муѓулњо анљомид. Ин нахустин шикасти Илхонон аз як ќудрати мањаллї буд. Муѓулњо аз ин шикаст ба ѓазаб омада, лашкари 30 њазор нафараро барои саркўбии куртњо гусел карданд. Дар ваќти муњосираи шањр малик Фахриддин вафот кард ва ин ба рўњияи лашкариён таъсири манфї расонид. Њиротро соли 1307 муѓулњо дубора ба харобазор табдил доданд. Сипас бародари Фахриддин Ѓиёсиддин (1307-1329) аз тарафи муѓулњо малики давлати Куртњо интихоб гардид. Ў кўшиши зиёд намуда, тавонист дубора давлати парокандаро барќарор намояд. Муњимтарин тањавввулоти давлати Куртњо ба замони салтанати Муъизуддин Њусайн (1330-1370) рост омад. Зеро дар соли 1335 давлати Илхонони муѓул пароканда гардид ва ин маънои истиќлоли комил пайдо кардани давлати куртро дошт. Аммо муносибат миёни ду давлати тољикии Курт ва Сарбадорон тира гардид, ки ин ба манфиати њар ду давлат набуд. Аз зиддияти ин давлатњо истифода карда, Темур ба Њирот лашкар мекашад ва соли 1281 охирин малики Курт Ѓиёсиддин Пиралиро ба асорат бурда, ба мављудияти ин давлат хотима мебахшад. §2. Давлати Сарбадорон. Яке аз бузургтарин њодисањои давраи муѓулњо бешак ќиёми сарбадорон аст, ки соли 1336 дар Сабзавори Хуросон ба вуќуъ пайваст. Шайх Њасани Љурї ном дарвеше мардумонро иршод карда, ба мубориза бархезонд. Таљовуз ва бедодии муѓулон ба љое расида буд, ки яке аз саркардањои муѓул аз мардум хост, ки барои ишрати ў зан ва шароб муњайё кунанд. Љавонони ба љон расида, ин тањќирро тањаммул накарданд ва ин саркардаи муѓулро ба ќатл расониданд. Шўриш аз дењаи Боштини Сабзавор оѓоз гардид ва пас аз шикастани лашкари муѓул ба гирду атроф пањн гардид. Хоља Абдураззоќ ном тољике диловар њокими ситамгари муѓулро ба ќатл расонида, дастори худро бар сари доре, ки беруни дења сохта буд овехт ва эълон кард, ки омодааст «сарро низ дар роњи мењан ба дор кунад, вале зери бори ситами муѓул наравад». Пас аз тасарруфи Сабзавор (соли 1337) Хоља Абдураззоќ хутбаву сиккаро бо номи худ гардонида, ба њукумати Сарбадорон ибтидо гузошт. Бояд гуфт, ки миёни ормонњои бештари сарбадорон ва роњбари онон Абдураззоќ якмаромї набуд. Зеро сабаби ба љунбиши сарбадорон пайвастани Абдураззоќ он буд, ки ў маъмури љамъоварии молиёти давлатї буд ва миќдоре аз молиётро ба фоидаи хеш сарф намуда, мехост бо ин роњ аз ин бало халосї ёбад. Дар омодасозии мардум ба муќовимати зидди муѓул наќши руњониён бештар буд ва мардумонро бо шиорњои шиъагї ба мубориза даъват менамуданд. Хоља Абдураззоќ пас аз як солу ду моњи сарварї аз љониби бародараш Ваљењуддин Масъуд ба ќатл расид. Масъуд њокими давлати Сарбадорон гардид. Дар замони ў ќаламрави Сарбадорон васеъ гардид ва Домѓон, Љом, Хабўшон низ бар он афзуда шуд. Бо 12 њазор лашкари корозмудаву сарсупурда Масъуд бар артиши 70 њазораи душмани худ пирўз омад. Дар муњорибаи њалкунанда сарбадорон бародари илхони муѓулро њам ба ќатл расониданд. Нишопур, Тус ва Машњад низ пас аз ин пирўзї аз тарафи сарбадорон тасарруф гардид. Мутаассифона миёни ду давлати тољикии Сабадорони Хуросон ва Куртњои Њирот (1245-1381) њамеша задухўрдњо иттифоќ меафтод, ки боиси коњиш ёфтани ќудрати њар ду силсила гардид. Яке аз муњорибањои шадиди ду давлат соли 1342 рух дод, ки дар натиља њар ду давлат зиъиф гаштанд. Дар ин набард Шайх Њасани Љурї низ кушта шуд. Миёни муридони Шайх Њасани Љурї ва Масъуд зиддиятњои дохилї мерафт. Тарафдорони Масъудро сарбадорони эътидолї ва муридони шайхро шайхиёни ифротї меномиданд. Масъуд бузургтарин амири сарбадорон мањсуб мешавад. Соли 1345 дар яке аз муњорибањои шадид Масъуд ба ќатл расид ва ба љойи ў Муњаммади Ойтемур интихоб гашт. Аммо зиддиятњои дохилии сарбадорон чунон шадид буд, ки пас аз ду солу ду моњи њукмронї соли 1347 ў низ аз љониби яке аз сарбадоронба ќатл расид. Куштори амирон яке аз расмњои маъмули давлати сарбадорон буд. Кулу Исфандиёр (1347-1348), Хоља Шамсиддин (1348-1349), Хоља Алии Шамсиддин (1349-1353) аз дигар њокимони сарбадорї буданд, ки муддати њукмронияшон тўлонї набуд. Дар даврони њукмронии Хоља Яњё Каробї охирин њукмрони Илхонон Туѓотемурхон ба ќатл расонида шуд. Шањрњои Астаробод, Бастом ва Симнон низ пас аз ин ба ќаламрави Сарбадорон њамроњ карда шуданд. Амирони сарбадорї зуд кушта мешуданд ва ин имкон намедод, ки давлат рушду нумўъ намояд. Аммо ба њамаи ин нигоњ накарда, ќад барафроштани давлатњои Сарбадорону Куртњои Њирот фурсате буданд, то он ки тољикон пас аз муддатњо парешониву ситам ба њам оянд. Вале ин фурсат низ бинобар набудани иттињоду њамбастагї ва эътимод миёни гурўњњои тољик аз даст рафт ва душмани њамеша дар камин нишаста, зиддияти ин лавлатњоро ѓанимат дониста, њар кадомро дар алоњидагї аз байн бурд. Давлати Сарбадорони Хуросон низ аз тарафи Темур соли 1381 барњам дода шуд. Диловарии сарбадорони Хуросон ва мављудияти давлати тољикии Куртњо (1245-1381) сабаби зинда гаштани рўњияи муќовимати мардум ва пайдо шудани умед дар ќалби мардуми тољик буд §3. Давлати Музаффарињо. Хонадони Музафарињо тољикнажоданду аслан аз шањри Хофи Хуросон бархостаанд. Сарсилсилаи ин сулола амир Шайх Гиёсиддини Њољї ба шумор меравад. Ў пас аз њамлаи муѓулњо дар музофоти Язд паноњанда шуд. Шайх Гиёсиддин аз самти писараш Мансур се набера дошт: Муњаммад, Алї ва Музаффар. Миёни фарзандонаш Музаффар ба сабаби фазлу дониш ва покдоманї бештар мањбубият дошт. Ў мавриди таваљљўњи њокимони муѓул гардида, дар замони њукмронии илхонони муѓулии Эрон Гайхоту (1291-1295), Ѓозонхон (1295-1304) ва Улљойтуи Худобанда (1304-1316) нахуст ба њукумати Форс ва сипас ба мансаби сардори нигањбонони хосаи илхон мансуб мегардад. Амир Музаффар ба корњои ободиву меъморї низ даст зада, чандин масљиду мадраса бунёд менамояд. Ў аслан њукумати мустаќил надошт, вале муассиси сулола ба њисоб рафта, сулола њам ба шарафи ў номида шуд. Њукумати ниммустаќили Музаффарињо дар зери итоати илхонони муѓулї аз соли 1313, яъне аз замони ба вилояти Язд њоким гаштани амир Музаффар оѓоз мегардад. Сипас ўро њокими Майбуд таъин намуданд. Амир Музаффар пас аз маргаш (1314) дар сањни мадрасае, ки дар шањри Майбуд, бино карда буд, ба хок супорида шуд.. Мансаби Музаффарро хони муѓул ба писари љавонаш Муборизиддин Муњаммад бахшид. Султон Абўсаид Бањодурхони илхонї (1316-1335) соли 1318 идораи Яздро ба Муборизиддин супорид. Бо марги Султон Абўсаид Бањодурхон давлати Илхонон ба сањнаи муборизањои дохилии ќудратталабон мубаддал гардида, заминаи ќудратёбии чанд сулолаи тољикї, аз љумла Музаффарињоро фароњам овард. Пас аз маргї ў (1335) буд, ки Муборизиддин худро мустаќил эълон кард. Соли 1341 Муборизиддин пас аз мубориза бо Ќутбиддин некрўзи ѓурї њудуди Кирмонро њам ба кишвари худ њамроњ намуд. Амир Муборизиддин тамоман мустаќилона њукумат меронд, аз љумла соли 1342 замоне ки яке аз бозмондагони илхонони муѓул Пирњусайни Чўпонї амир Муборизиддинро ба Шероз даъват кард, ў аз итоати хони муѓул сарпечї намуд. Муносибати амир Муборизиддин бо њокими Форс Шайх Абўисњоќи Инљу низ ба љанг анљомид. Дар натиља соли 1353 Музаффарињо Шерозро низ ба тасарруфи худ оварданд. Соли 1357 Абўисњоќи Инљу дар Исфањон дастгир ва аз љониби вобастагони Муборизиддин ба ќатл расонида шуд. Минбаъд ў Озарбойљонро њам ба даст даровард. Њудуди ќаламрави Музаффарињо васеъ гашта, тамоми Даштњои Луту Кавир то соњили халиљи Форсро дар бар мегирифт. Њамзамон бо Музаффарињо дар ин давра дигар силсилањои тољикї назири Сарбадорон дар Хуросон, Куртњо дар Њирот њукумат мекарданд. Аммо миёни ин сулолањо дўстиву рафоќат барќарор набуд. Гузашта аз ин, амир Муборизиддинро низ фарзандон, хоњарзода ва домодаш ба шеваи тољикї соли 1358 аз мансаби шоњї мањрум гардонида, ба чашмонаш мил кашиданд ва ба зиндон андохтанд. Яке аз шоирони ин давра вазъи ногувору сарнавишти дардноки амирро чунин тасвир кард: Якчанд шукўњу њимматаш пил кашид. Як рўз сипањ зи Њинд то Нил кашид. Паймонаи давлаташ чу шуд моломол. Њам рўшании чашми худаш мил кашид. Вориси амир Муборизиддин писараш Шоњ Шуљоъ (1359-1384) гардид. Ў дар миёни подшоњони сулолаи Музаффарињо бо донишмандиву фазилат маъруф аст. Дар синни нўњсолагї Ќуръонро хатм намуда, бо шеъру шоирї низ ошної дошт. Њофизи Шерозї аз њамзамонони ўст ва дар мадњаш шеър сурудааст. Муборизаи бародарону пайвандони наздики Шоњ Шуљоъ барои ў њамеша дарди сар меофариданд. Шоњ ба хотири пешгирии ќиёми онњо ќудратро бо эшон таќсим намуд. Аз љумла яке аз бародаронаш Султон Ањмадро њокими Кирмон ва бародари дигараш Шоњмањмудро њукумати Исфањон бахшид. Бародарзодааш Шоњяњёро аз њукумат дур карда, зиндонї намуд, аммо дере нагузашта ўро озод ва ба њукумати Язд таъин кард. Аммо чуноне ки интизор мерафт Мањмуд ва Яњё бо њам иттифоќ баста, муддате ба љанг бо Шоњ Шуљоъ пардохтанд ва соли 1364 њатто Шерозро њам ишѓол карданд. Танњо марги Мањмуд Шоњ Шуљоъро аз гирифторињо озод сохт. Шоњ Шуљоъ аз шунидани хабари марги бародар мутаассир гашта, ин рубоиро суруд: Мањмуд – бародарам, шањи шеркамин. Мекард хусумат аз паи тољу нигин. Кардем ду бахш, то биёсояд халќ, Ў зери замин гирифту ман рўи замин. Пас аз 25 соли њукуматронї Шоњ Шуљоъ аз дунё рафт ва мувофиќи васияти ў писараш Зайнулобиддин (1384-1388) ба тахт нишаст. Шоњяњё, ки њанўз даъвоњои бисёр дошт, бо Зайнулобиддин ба љанг мепардозад. Шоњмансур дигар намояндаи сулолаи Музаффарињо низ бар зидди њукумати Зайнулобиддин ба мубориза бархоста, вазъи кишварро нобасомон намуд. Охирин намояндаи сулолаи Музаффарињо Шоњмансур (1388-1393) аз нотавонињои Зайнулобиддин истифода карда, дар якчанд муборизањо ўро шикаст дод ва соли 1391 ба чашмони ў мил кашида, кўр намуд. Дар лањзањое, ки намояндагони сулолаи Музаффарї ба љони њам овехта буданд, соли 1388 аз самти Моваруннањр Темур бо лашкари азиме ба Эрон расид. Бо вуљуди он ки њокими Исфањон Музафариддини Кошї шањрро бе љанг таслими Темур намуд, амалдорону сипоњиёни темурї ситаму бедодро оѓоз карданд. Ањолии шањри Исфањон аз ин ба дод омада, чанд нафарро куштанд. Темур бо лашкари хунхор Исфањонро дубора фатњ карда, беш аз 72 њазор нафарро ба ќатл расонид. Сарнавишти хонадони Музаффариён њам ба монанди дигар сулолањои тољикии ин давра фољеъаомез буд. Дар яке аз муборизањо соли 1393 Шоњмансур аз лашкариёни темурї шикаст хўрда, аз дасти онњо кушта шуд. Бо њалокати охирин ва далертарин намояндаи силсилаи Музаффарї давлатдории ин хонадон њам ба сар омад. Тамоми бозмондагони сулолаи Музаффариён барои изњори итоат ба назди Темур њозир шуданд, вале ин љаллоди барлос ба онњо рањм накард ва дастур дод, 72 нафар ањли ин хонавода ба ќатл расонида шаванд. Дар давраи њукмронии Музаффарињо низ зулму ситами ањолї нињоят зиёд буд. Њатто ќиёми як нафар аз намояндагони сулолаи њукуматгар – Шоњмањмуд дар Язд бо шиори мубориза бар зидди ситами маъмурони бародараш Шоњяњё даст ба шўриш зад. Дар ин љанг сардори лашкари Шоњшуљоъ ба дасти Шоњмањмуд афтода, кўр гардонида шуд. Соли 1373 дар Кирмон њам зери таъсири шиорњои сарбадорї љунбиши сарбадорони Кирмон сар зад. Шўришгарон њукумати Музаффарињоро барњам зада, хазинаро соњибї карданд ва беш аз як сол дар ин ќаламрав њукумат намуданд. Ба Шоњшуљоъ пас аз муњосираи нўњмоња муяссар шуд, ки љунбиши сарбадориро барњам зада, Кирмонро ба даст оварад. §4. Низоъњои байнихудии хонњои чаѓатої дар миёнаи асри XIV. Аз нимаи дуввуми асри XIV сар карда, ба сањнаи сиёсати минтаќа яке аз хунхортарин чењрањои таърих Темур сар медарорад. Ў бо дастаи роњзанонаш дар хидмати хонњо ќарор гирифта, дар њамин марњила ба муттањид кардани ќабилаи худ - барлосњо шурўъ намуд. Ў соли 1361 барои хидмат ба хони муѓул Туѓлуќ Темур њукмрони шањри Кеш гардид. Аммо дере нагузашта, бо њокими Балх Њусайн иттињод баста, ба Туѓлуќ Темур хиёнат мекунад. Соли 1362 дар Сиистон Темур аз дасту пои росташ захмї шуда, то охири умр ланг шуд ва бинобар ин ба унвони Темури Ланг дар таърих маъруф гардид. Воќеан, соли 1364 ба амир Њусайн ва Темур муаяссар шуд, ки Мовароуннањрро аз муѓулњо озод намоянд ва њукмронии худро барќарор кунанд. Бањори соли 1365 писар ва вориси Туѓлуќ Темур Илёсхоља ба Мовароуннањр њамла овард ва байни лашкари ў ќўшуни муттањидаи амир Њусайну Темур дар соњили дарёи Чирчиќ набарди хунине ба амал омад, ки дар таърих бо номи «љанги лойї» машњур аст. Муњориба дар ваќте сурат гирифт, ки борони сел меборид ва аспњову размандагон мелаѓжиданд, аз ин рў ин љангро «љанги лойї ё гилї» меноманд. Дар ин задухўрд Темуру Њусейн маѓлуб шуданд ва Самарќанду Шањрисабзро тарк гуфта, сўйи Балх фирор намуданд. Сарбадорони Самарќанд. Илёсхўља аз пирўзии «љанги лойї» рўњбаланд гардида бо лашкараш ба Самарќанд наздик шуд. Бештари ќуввањои њарбии шањр њамроњи Темуру Њусайн шањрро тарк карда буданд ва мардумро њолати ноумедї фаро гирифт. Дар чунин лањза ањолии зањматкаши шањр љасорат нишон дода, ба њимояи шањр бархостанд. Дар љамоъати мардуми шањр, ки дар масљиди љомеъ баргузор гардид, толибилми мадраса Мавлонозода бо розигии њамаи њозирон вазифаи роњбарии мудофиаи шањрро ба ўњдаи худ гирифт. Љунбиши сарбадорони Хуросон ва давлатсозии онон чунон асаре дар миёни мардум гузошта буд, ки ин нањзат низ бо таќлид аз сарбадорони Хуросон номи Сабадоронро гирифт. 10 њазор нафар љавонони мусаллањ дар атрофии Мавлонозода ва ёрони ў Мавлоно Хурдаки Бухорої ва Абўбакр Калавин Наддоф гирд омада, бањри њифзи шањр савганд ёд карданд. Илёсхўља, ки аз фирори Њусайну Темур хабар дошт, мепиндошт, ки шањр бе мудофиа аст. Аз ин рў, муѓулњо яку якбора ба дарвозаи кушодаи шањр дохил шуданд. Њангоме ки онњо ба љои камингирифтаи Мавлонозода расиданд, мудофиакунандагон аз паси сангарњо истода, душманро њам бо даст ва њам бо фалахмон ба зери борони санг гирифтанд. Муѓулњо ќариб ду њазор касро талаф дода, маљбур шуданд аќиб нишинанд. Лашкариёни муѓул дубора ба Самарќанд њамла оварданд, лек ин бор њам муваффаќият ба даст оварда натавонистанд. Аз ин рў истилогарон маљбур шуданд, ки аз муњосираи Самарќанд даст кашида, фаќат ба ѓорат кардани атрофии шањр ќаноат карда, пас гарданд. Њамин тавр самарќандињо шањри худро аз дасти лашкари муѓул наљот доданд. Тадбирњои андешидаи Сарбадорон манфиатњои њунармандону косибон ва табаќањои камбизоати шањрро њимоя мекарданд. Аз ин рў, на њамаи иќдомоти онњо аз љониби умуми мардум њамовозї пайдо кард. Хабари пирўзии Сарбадорон ба гўши Темуру Њусайн расид. Онњо маслињат намуда, тасмим гирифтанд, ки дар ишѓоли Самарќанд шитоб накунанд, зеро аз дучор шудан ба муќовимати сахти мудофиакунандагони шањр метарсиданд. Бинобар ин онњо ќарор доданд, ки Самарќандро ба макру њилла ба даст дароранд. Роњбарони ин љунбиш низ фирефтаи дасисаи душман шуда, ба доми ду маккор афтоданд ва имкони ташкили як давлати дигари тољикї аз байн рафт. Темуру Њусайн ба номи роњбари сарбадорон Мавлонозода мактуб навишта ваъда медињанд, ки идораи шањрро ба ў вогузор намуда, ба касе љазо намедињанд ва номаро бо либосњои фохира ва тўњфањо мефиристанд ва худашон аввали бањори соли 1366 бо лашкар ба Самарќанд омада, дар даромадгоњи он ќарор мегиранд. Пас роњбарони Сарбадоронро ба назди хеш хонданд. Сарбадорон ба суханони маккоронаи Темур ва Њусейн бовар карда, дар ќароргоњи Њусайн њозир шуданд. Њусайн ањдшиканона њамаро (ѓайр аз Мавлонозода, ки бо илтимоси Темур ў зинда монд) ба ќатл расонид. Њамин тавр њаракати сарбадорон пахш карда шуд. §5. Ба сари њокимият омадани Темур ва бунёди давлати Темуриён. Бо фиреб додану аз байн бурдани Сарбадорон ва ба дасти амир Њусайн гузаштани Самарќанд муносибати ў ва Темур барои њокимияти олї тезу тунд мегардад. Муборизаи пинњонии онњо сар мешавад. Дар ин мубориза, соли 1370 Темур пирўз омада, Самарќанд ва Балхро ишѓол намуда, Њусайнро ба ќатл расонид ва њокими ягонаи кишвар шуд. Њамон сол дар анљумани пешвоёни ќабилахои бодиянишин, заминдорони калон, рўњониёни мусулмон ва сарлашкарон Темур амири Мовароуннањр эълон гардида, Самарќанд пойтахт шуд. Темур барои таъмини марказияти давлат ва таъмини амнияти талош карда, љангу низоъњои дохилиро барњам зад, кўшишњои мустаќилшавии ашрофони мањаллиро аз байн бурд. Љангњои ѓоратгаронаи Темур. Замоне, ки Темур ба ќудрат расид, фурсат барои кишваркўшоињо хеле муносиб буд, зеро давлати муќтадири мўѓулњо парокандагиро паси сар карда, дар њељ минтаќаи њамљавор низ то он дам ќудрати тозае ба арса наёмада буд. Барои бар зидди худ муттањид накардани муѓулњо ў дар ибтидо Суюрѓатмиш ном муѓулеро хон эълон карда, дар амал худ ба љои ў идораи кишварро дар даст гирифта буд. Темур соли 1372 Хоразмро забт кард. Хоразмиён ба муќобили Темур ќањрамонона љангиданд ва 5 маротиба шўриш бардоштанд. Дар ваќти њуљуми охир (с. 1388) бо амри Темур Урганљ – пойтахти Хоразм, ки яке аз марказњои тиљоратии байни Аврупои Шарќї ва Осиёи Миёна буд, ба хок яксон карда шуда ва дар он љав кошта шуд. Минбаъд муѓулњои Њафтрўдро торумор карда, сарњади шимолии давлати худро бењтар гардонид. Соли 1381 Темур давлати Куртњо ва Сарбадорони Хуросонро шикаст дод ва ба худ тобеъ намуд. Соли 1395 пас аз муборизањои тўлонї ќуввањои њарбии Тўхтамишхонро, ки хони Ўрдаи Тиллої буд, комилан торумор намуда, пойтахти он шањри Саройро забт ва хароб намуд. Дар айни замон (1392) Темур Арманистон ва Гурљистонро ѓорат ва ба худ мутеъ намуд, шањрњои бузурги Эронро низ ба хоки давлати худ њамроњ кард. Темури Ланг се маротиба ба Њиндустон лашкар кашид. Соли 1398 шањри Дењлиро гирифт ва ганљинањои зиёди онро ба ѓорат бурда. Соли 1400 Темур дар сарзамини Сурия ќуввањои њарбии њоким (хидев)-и Мисрро торумор намуд. Соли 1402 лашкари султони турк Боязидро шикаста, ўро асир гирифт. Орзуи Темур забти Чин буд. Ин буд, ки зимистони соли 1405 ба ин кишвар лашкар кашид. Аммо дар нимароњ 18-уми феврали соли 1405 дар шањри сарњадии Утрор ногањон вафот кард. Ба империяи ў Мовароуннањр, Хоразм, вилоятњои назди Каспий, Афѓонистони кунунї, Эрон, ќисман Њиндустон, Ироќ, Кавкази Љанубї ва як ќатор кишварњои Осиёи Ѓарбї дохил мешуданд. Дар замони зиндагии Темур, пас аз марги ў ва њатто дар рўзњои мо баъзе муаррихону сиёсатмадорон аз ин чењраи хуношом, ќањрамон, соњибќирон ва идеали сиёсї месозанд. Аммо воќеъият ин аст, ки ба дасти ин ситамгори бадрўзгор њазорон нафар бегуноњон ќурбон гардиданд. Аз љумла дар мањалњои тољикнишин ў љиноёти гўшношунид содир кард: бо амри ў дар Исфањон 70 њазор нафар ањолии бегуноњро сар бурида калламанора сохтанд (1387), ба ќатл расонида шудани 100 њазор асирони Њинд «корномаи» дигари ўст, дар Баѓдод, рўзи иди Ќурбон 90 њазор касро кушта аз сари онњо 120 калламанора сохт; воќеаи фољиавии Сабзавор (дар Хуросон соли 1383), яъне одамони зиндаро дар байни хиштпорањо гузошта ва аз болои онњо оњак ва гил рехта девори баланд сохтан, асиронро зинда ба зинда гўронидан ва ѓайрањо рўйхати нопурраи љиноятњои Темури Ланганд. Ташкили давлати Темуриён дар Мовароуннањр ва Хуросон. Темури ланг њанўз њангоми дар ќайди њаёт буданаш империяи пањновари худро миёни писарону наберањояш таќсим карда буд. Аммо пас аз вафоти Темур империяи пањонвари ў аз по афтод. Ба љуз Мовароуннањру Хуросон боќї њама мулкњои забт намудаи Темур соњибистиќлол гардиданд. Аммо дар мулкњои дар ихтиёри авлодони Темур монда њам оромї набуд. Махсусан Мовароуннањр ба сањнаи муборизаи дохилї барои тољу тахт табдил ёфт. Дар ин мубориза писари хурдии Темур Шоњрух, ки њокими Њирот буд, пирўз гардид. Ў идора кардани Самарќанд ва умуман Мовароуннањрро соли 1409 ба писари понздањсолааш Улуѓбек супорид ва худ ба мулки Њирот баргашт. Дар айёми салтанати Шоњрух (1405-1447) давлати Темуриён иќтидори пешинаашро нигоњ дошт. Аз заминњои тањти тасарруфи Шоњрух амалан ду давлати мустаќил: яке давлати худи Шоњрух (Хуросон бо марказаш Њирот) ва дигаре давлати Улуѓбек (Мовароуннањр бо марказаш Самарќанд) ба вуљуд омад. Њарчанд Улуѓбек тобеъи Шоњрух буд, бо вуљуди ин ў бо номи худ сикка зада, дар љангњо мустаќилона амал мекард. Масалан, Улуѓбек соли 1414 њокими Фарѓона – Ањмад ва соли 1425 амирони муѓулро маѓлуб сохта, њокими мутлаќи Мовароуннањр шуд. Лекин минбаъд пирўзињои љангї ба Улуѓбек насиб нагардиданд. Бешак муњимтарин тадбири Улуѓбек ислоњоти пулии соли 1428-и ў буд, ки барои ба низом даровардани муомилоти пулї ва тиљорат наќши муњим бозидааст. Ё ин ки дар ањди Улуѓбек андози замин назар ба дигар даврањо мўътадил буд. Улуѓбек дар таърих чун олим машњур буда, забонњои туркї, тољикї ва арабиро ба хубї медонист ва худ ба туркиву тољикї шеър њам мегуфт, оид ба илми мусиќї ва тиб раѓбати зиёде доштааст. Аммо бештар ба риёзиёт ва нуљум алоќаманд буд. Ў маъруфтарин мунаљљимону риёзидонњои замонро дар Самарќанд љамъ оварда, расадхонаи бењтарини он айёмро бунёд намуд. Бо дастури ў дар Самарќанд, Бухоро, Кеш ва Ѓиждувон биноњои боњашамат, аз љумла мадрасањо сохта шудаанд. Аммо чун њамаи даврањои дигари таърих иртиљоъу таассуб дар муќобили ривољи улуми аќлї истодагарї намуд ва бо дасисаву фатвои рўњониёни иртиљої Улуѓбек моњи октябри соли 1449 бо ишораи писараш Абдулатиф кушта мешавад. Сипас, баъди шаш моњ ў њам аз љониби сўиќасдкунандагони њарбї ба ќатл расонида шуд. Баъд аз ин якчанд табадуллотњои дарборї ба амал омаданд. Оќибат њокимият дар Мовароуннањр ба дасти Абўсаид (1451-1469) ва дар Хуросон Абулќосим Бобур (наберагони Шоњрух) гузашт. Вале кўшиши њар яки ин њокимон барои соњиб шудан ба тамоми мероси Шоњрух бе натиља анљом меёбад. Пас аз фавти Абулќосим Бобур (1456) Абўсаид тамоми Мовароуннањру Хуросонро муттањид намуда, то соли 1468 салтанат ронд. Дар замони њукмронии ў обрўву нуфузи яке аз чењрањои маъруфи ирфон Хоља Ањрор нињоят зиёд гардид ва то имрўз номи ин шахсият миёни табаќањои гуногун зинда, мазори ў пур аз зиёраткунанда мебошад. Дар замони худ ў сарватмандтарин фарди рўзгор буд. Низоъњои дохилии хонадони темурињо ќатъ нагардид, муборизаи шадид барои њокимият идома дошт. Дар натиља, соли 1469 њокимият дар Мовароуннањр ба дасти писари Абўсаид Ањмад (1469-1494) гузашт ва дар Хуросон бошад, њукумати дигар намояндаи темурї-Султон Њусайн Бойќаро (1469-1507) устувор гардид, ки ќариб 40 сол давом кард. Зиддияти њамешагї миёни намояндагони хонадони темурї вазъияти ин давлатро хеле бад карда, шароити зиндагии мардумон низ торафт тоќатфарсо гардид. Темуриён дар ибтидои асри XVI замоне, ки ќабилањои нави бодиянишин Мовароуннањру Хуросонро тањдид мекарданд, аз пуштибонии мардум бебањра гардиданд, зеро на мардум ба онњо эътимод дошт ва на онњо ќудрати њимоя кардани мардумро доштанд. |