Главная страница
Навигация по странице:

  • §7. Иќтисодиёт, њунармандї ва тиљорат дар замони Сомониён.

  • Заргарї ва гилембофї

  • Тиљорати дохилї ва хориљї.

  • §8. Инкишофи илму фарњанг дар замони Сомониён.

  • Абўабдуллоњ Рўдакї (858-941)

  • Шањиди Балхї , Муродї

  • Даќиќї

  • Абўалї ибни Сино (980-1037)

  • Муњаммад ибни Љарири Табарї

  • Абубакр Муњаммад ибни Љаъфар (Наршахї)

  • Абўљаъфар Муњаммад ал-Хоразмї

  • Абўабдуллоњи Љайњонї, Абўисњоќи Истахрї, Ибни Хурдодбењ

  • «Њудуд-ул-олам мин-ал машриќи илал маѓриб»

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница11 из 57
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   57
    §6. Сохтори идории Сомониён
    Яке аз корњои писандидаи Исмоил бунёди давлати мутамарказ ва тавассути низоми идории ќавї нигоњ доштани ин давлат дар ањди ворисонаш буд. Табиист, ки Сомониён низоми идории худро аз сифр шурўъ накарданд ва аз таљрибаи давлатдории пешиниён бањра бурданд. Аммо бештари хонадонњои минбаъдаи њукуматгар, ки ин усули давлатдориро ќабул кардаанд, онро бо номи Сомониён бастаанд. Сарвари давлатро Сомониён амир меномиданд. Њарчанде ки халифаи аббосї ин унвонро ба њокимони Хуросон мебахшид ва амирони сомонї худро коргузори халифа медонистанд, аммо унвонбахшии халифа аз замони Саффориён ба баъд љуз як расмияте беш набуд. Халифањо танњо воќеъияти ба амал омадаро ба инобат гирифта, ба ин ё он ќудратталабе, ки тавассути шамшер сарзаминеро фатњ карда буд, тавассути маншур унвон мебахшиданд. Маншури халифа дар њалли бањсњои ба амал омада, таќрибан њељ чизро њаллу фасл намекард ва тарафдорони ин ё он љоњталабро низ каму зиёд намекард.

    Агарчанде Сомониён дар чашми халифаи Баѓдод танњо омилони халифа ё љамъоварандагони молиёт бошанд њам, онњо дар ќаламрави худ аз мустаќилияти комил бархурдор буданд. Барои идораи мулк Сомониён низоми сиёсиро ба даргоњ ва девон таќсим карда буданд. Сарвари даргоњро њољиби бузург меномиданд, ки то расидан ба ин мартаба ўро мебоист, ки дањњо сол хидмат намояд. Даргоњ кормандони дигар њам дошт, ки аз љумлаи он амири њарас (нигањбон), надим, вакил ва ѓайра буданд.

    Барои низоми мулк девонњо, ки таќрибан наќши вазоратњои имрўзиро иљро мекарданд, наќши муњим доштанд. Миќдори девонњо дар ањди Сомониён ба 10 адад мерасид. Муњимтарини онњо девони вазорат буд, ки сарварии онро вазир бар уњда дошт. Ўро «хољаи бузург» меномиданд. Вазири машњури салљуќиён Низомулмулк, ки усули идории Сомониёнро ситоиш мекунад, тавсия менамояд, ки мансаби вазирї меросї гардад. Дар ањди Сомониён ин чизро мушоњида кардан мумкин аст ва намояндагони се хонадони мўътабар (Балъамї, Љайњонї, Утбї) вазифаи вазоратро бар душ доштанд. Яке аз хавфноктарин вазифањо дар системаи идории асримиёнагї њамин шуѓли вазорат ба њисоб мерафт. Бештари вазирон аз љониби амирон ба ќатл расонида мешуданд ё ба зиндон андохта мешуданд, зеро вазирон одатан ашхоси донишманду корозмуда ва соњибкифоят буданд ва аз лињози донишу таљриба аз амирон пешї мегирифтанд. Подшоњон тоби чунин раќобатеро надоштанд ва бо бањонањои гуногун вазиронро нобуд месохтанд

    Девони дигар истифо ном дошт, ки масъули онро муставфї меномиданд. Ин девон масъалањои молиявї, аз љумла љамъоварии молиётро расидагї мекард. Девоне, ки масъули навиштани мукотибот ва барќарории муносибатњои дипломатї буд, бо номи девони расоил ё иншо маъруф буд. Сарвари ин девонро хољаи амид меномиданд. Барои таљњизи артиш ва додани маоши кормандон девони лашкар маъмур буд, ки сарвари онро соњиб-уш-шурот меномиданд. Барои иртиботи гўшаву канори империяи азим хадамоти почта амал мекард, ки онро девони барид маъмур буд. Барои назорат аз болои кормандони давлатї ва таъмини амнияти давлат девони ишроф (маънояш назораткунанда) амал мекард, ки кормандони онро мушриф меномиданд. Девони зиё, ки кормандони онро вакил мегуфтанд, вазифадор буд, ки масъалањои марбут ба заминњои хонадони њукуматгарро нигањбонї кунад. Барои назорат бурдан аз болои рафтору ахлоќи мардум ва риояи зоњири шариъат девони њасба амал мекард, ки кормандони онро мўњтасиб мегуфтанд. Девони ваќф ба нигањбонї, њисобу китоби замину дигар биноњову иншооти хайрия расидагї мекард. Девони ќозї бошад наќши суду додгоњи имрўзаро иљро мекард. Дар музофотњои кишвар низ ин девонњо шўъбаву коргузорони худро доштанд. Бисёре аз кормандони музофотњоро низ амир худ мустаќиман таъин мекард ва аризаи аз кор рафтан низ ба унвони амир навишта мешуд. Рўњониён дар назди амирону девонњо љойгоњи муносиб доштанд. Рўњонии бузургро дар ибтидо «устод», сипас «шайхулислом» ва баъзан «донишманд» мегуфтанд. Руњониён дар тамоми давраи давлатдории Сомониён љойгоњи муњим доштанд.

    Сомониён барои дар тобеъияти худ нигоњ доштани мулкњои гуногун сулолањои мањаллиро дар сари кор нигоњ иедоштанд. Аз љумла намояндагони сулолаи Абудовудиён дар Балх, Баниљуриён дар Хатлон, Саффориён дар Систон, Фариѓуниён дар Гузгонон, Оли Мўњтољ дар Чаѓониён, Маъмуниён дар Хоразм зери њокимияти Сомониён ба њукмронии худ идома доданд. Хусусан њокимони Хоразм, Чаѓониён ва Исфиљоб ќудрати зиёд доштанд. Баъзе аз ин вилоятњо ба Бухоро хирољ неву танњо њадя мефиристоданд ва бо хондани хутба ба номи амири сомонї кифоя мекарданд.
    §7. Иќтисодиёт, њунармандї ва тиљорат дар замони Сомониён.
    Бештари ањолї дар замони Сомониён ба зироаткориву чорводорї машѓул буданд. Дарёњои Сайњун (Сир), Љайњун (Аму) ва Бухоро (Зарафшон) барои обшор сохтани водињои аслии сарзамини Осиёи Миёна наќши муњим мебозиданд. Дањњо нањру каналњои дигар низ бобати обёрии ин сарзамин канда шудааст. Аз љумла дар солњои 30-уми асри IX, ки намояндаи хонадони сомонї дар Чоч њукумат мекард, дар ин шањр нањри азиме ба истифода дода шуд. То замони Сомониён низ шабакањои обёрї миёни мардуми ин минтаќа тараќќї карда буд, ки имрўзњо њам дар бисёре аз минтаќањои Осиёи Миёна иншооти обёрии зиёд бо номи «љўйи муѓ» маъруфанд.

    Шаклњои гуногуни заминдорї дар ин давра маъмул буд. Аммо намудњои асосии заминдорї чун пештара заминњои давлатї, хусусї ва ваќф ба њисоб мерафт. Инъом додани замин ба кормандони давлатї, њарбиён ва дигар табаќањои иљтимоии кишвар хеле маъмул буд. Замини инъомшуд, иќтаъ номида мешуд. Баъзан дења ё ноњияи калонеро давлат чун иќтаъ ба ин ё он амалдори давлатї мебахшид. Ин амалдор вазифадор буд, ки њиссаи худ ва њукумати марказиро аз иљорагирандагони замин њосил намояд ва тартиботу низом ва тобеъияти сарзаминро низ таъмин намояд. Хонадони Сомониён њам соњиби заминњои зиёд буда, девони махсусе дахлу харљи ин заминњоро назорат мекард. Бо пурра мусулмоншавии ањолї ва афзудани наќши рўњониён дар умури давлатдорї миќдори заминњои ваќф низ афзоиш ёфта, барои таъсиррасонии диндорон ба њаводиси сиёсї ва иќтисодии кишвар замина фароњам меомад.

    Хирољ аз замин ва умуман андозњо бештар ба шакли пулї руёнида мешуданд. Шаклњои дигари андозу бањракашї аз мењнати мардум, чун ба таври супоридани мањсулот ва ё бегорї (кори маљбурї) низ маъмул буд. Муаррихони ин давра аз љумла Наршахї њаљми андози ин ё он мулкро овардаанд. Аз љумла хирољи яксолаи Бухоро ба 200 њазор дирами нуќра баробар буд. Хирољи солонаи Сомониёнро љуѓрофидони маъруфи ин аср Ибни Њавќал 40 миллион дирњам номидааст. Масъалаи љамъоварии хирољ ва супоридани он ба марказ яке аз масъалањои асосї буд, ки бар сари он баъзан љангњои шадид низ рух медод. Аз љумла яке аз сабабњои љанги бародарон Наср ва Исмоил напардохтани хирољи Бухоро ба хазинаи марказии давлат буд.

    Дар минтаќањои гуногун истењсоли маъдан ба ављ мерасад. Дар осори љуѓрофии асри X назири Ибни Хурдодбењ, Ибни Њавќал, Муќаддасї ва ѓайра дар хусуси сарватњои зеризаминии Мовароуннањру Хуросон маълумот дода шудааст. Дар Фарѓона, Ашт, Хатлон, Бадахшон ва шањру минтаќањои дигари Сомониён истихрољ ва истењсоли маъданњо ба ављ расида буд. Оњан, симоб, сурб, навшодир, намак, тилло, нуќра, мисс, оњан ва ѓайра зиёд истењсол мегашт.

    Истењсоли шиша дар асрњои IX-X ба ављи худ мерасад. Истењсоли шиша тавассути дамидан ривољ ёфта буд ва осори ба даст омада гувоњи он аст, ки њатто ба ороиши шиша низ ањамият дода мешуд. Истењсоли суфол низ ба дараљаи муайяне расида, зарфњои наќшину ороиш дода шуда аз ин давра то ба рўзгори мо расидаанд.

    Заргарї ва гилембофї дар ањди Сомониён хеле ривољ ёфта буд. Мувофиќи ахбори љуѓрофиянависони асри X дар шањрњои Самарќанд, Бухоро, Њирот, Нишопур, Марв, Дабусї истењсоли матоъњои пахтагї ривољ ёфта буд. Дар Бухоро корхонаи бузурге бо номи «Байту-тироз» фаъолият мекард ва аз мањсулоти он њатто амиру вазирон истифода карда, матоњои он ба шањрњои гуногуни олам содир мегашт. Матоњои дењаи Занданаи Бухоро дар сарчашмањои ин давра хеле мавриди ситоиш ќарор гирифтаандю Матоњои ведарї, ки дар Ведар ном дењаи Самарќанд истењсол мешуд хеле машњур буд. Ибни Њавќал менависад, ки як либоси ин маконро ў панљ сол пўшидааст ва мардумони Ироќ барои пўшидани ин матоъ бо якдигар фахр мекардаанд. Коѓази Самарќанд дар саросари ќаламрави хилофат маъруф буда, беш аз дусад сол ин шањр ба истењсолкунанда ва содиркунандаи коѓази баландсифат машњур гардид.

    Њаёти шањрї ва умуман шањрсозиву маданияти шањрнишинии замони Сомониён машњур аст. Бухоро нахустин бор дар замони ин сулола ба пойтахт табдил ёфта, бинокориву меъмории ин шањр ба афсона монанд гардид. Амирони сомонї дар ин шањр садњо бинои маъмурї, фарњангї ва хайриявї созмон доданд. Бухоро бо девори азиме ињота гардида, дар он садњо корвонсарою гузарњои нав бунёд меёбад. Аз гўшаву канори олам ба ин шањр тољирон сарозер мегаштанд. Номи бозору дуконњои Бухоро ва дигар шањрњои машњури Сомониён дар саросари ќаламрави хилофт ва берун аз он машњур буданд. Рўдакї барњаќ дар баробари Баѓдод Бухороро ситоиш карда, онро маркази нави љањони ислом ва тамоми шарќ мењисобид. Сайёњону љуѓрофинависони асри X аз ќабили Ибни Хурдодбењ, Истахрї, Муќаддасї, Ибни Њавќал дар бораи шањрњои муњими ќаламрави Сомониён маълумот дода, њамагї аз шукуфоии шањрњои ин давра маълумот додаанд. Ба ѓайр аз Бухоро, инчунин Самарќанд, Чоч, Истаравшан, Хуљанд, Тирмиз, Балх, Нишопур, Марв, Њирот, Рай ва ѓайра ба сатњи муайяни тараќќиёти худ расиданд. Дар баъзе ин шањрњо то 200 њазор ањолї сукунат мекарданд, ки барои асри X раќами хеле болост.

    Тиљорати дохилї ва хориљї. Тангањои сомонї аз тилло (динор) ва фулузоти дигар зарб зада мешуданд. Аммо дар гардиш бештар пулњои нуќрагї (дирњам) ва мисин (фулус) буданд. Тангњои нуќрагини исмоилї, мусайябї, ѓитрифї, муњаммадї аз маъмулттарин сиккањои замони Сомониён буданд. Тиљорати байналмиллалї ва бозаргонии дохилї хеле ављ гирифта буд. Дар ќаламрави Сомониён дар њар манзил маъмуроне буданд, ки ба унвони роњдор нишаста, вазифаи њифзи роњњо, баррасии иљозати гузари молу ѓуломро назорат мекарданд, яъне наќши гумрўки рўзњои моро иљро менамуд.

    Барои ба роњ мондани муомилоти пулї табаќаи махсуси саррофон амал мекарданд, ки пулњои гуногунро хариду фурўш карда, аз љумла мубодилаи асъорро гузаронида тиљоратро осон менамуданд. Барои осонтар гаштани муомилоти савдо њатто низоми ѓайринаќдии муомилотро ба роњ монда буданд, ки дар бонкдории имрўза бо номи чек машњур аст. Яке аз бозорњои маъруфи Бухоро Моњ ном дошт, ки њанўз то омадани арабњо машњур буда, минбаъд бештар шуњрат ёфт. Ба ѓайр аз бозорњои бузурге, ки њамаи шањрњо доштанд, инчунин бозорњои солона низ дар шањру дењањо ташкил карда мешуд, ки аз 10 то 30 рўз идома пайдо мекарданд. Ин бозорњо дар љойњои муайян ташкил шуда, ба монанди ярмаркањои кишварњои Аврупо фаъолият менамуданд ва нарху навои он аз дигар бозорњо арзонтар буд. Сафири халифаи араб ва муаллифи китоби арзишманди сайёњї Ибни Фазлон њикоят мекунад, ки як корвони ба Бухоро омада аз 5 њазор нафар ва 3 њазор аспу уштур иборат будааст. Тиљорат бо гўшаву канори хилофати аббосї ва кишварњои Чин, Њинд, Рус, Аврупо густариш ёфт. Хидмати Сомониён дар ин љода пеш аз њама таъмини амният дар роњњо ва фароњам овардани шароити осудаи хариду фурўш дар шањрњо ба њисоб мерафт.
    §8. Инкишофи илму фарњанг дар замони Сомониён.
    Бешубња яке аз сабабњои некном гаштани хонадони сомонї дар таърих ба хотири наќши муњим гузоштани ин сулола дар таъриху тамаддуни халќњои Шарќ ба њисоб мерафт. Хидмати бузурги Сомониён ин буд, ки амирони ин сулола бо раванди бедориву растохези фарњангии мардуми тољик њамнаво гашта, нагузоштанд, ки забону суннатњои дерини ин марзу бум ба боди фаромўшї супорида шавад. Нахустин иќдом дар ин љода ањамият додан ба забони форсии тољикї буд. Дар даргоњу девони Сомониён забони форси тољикї ба забонги давлатї мубаддал гардид. Раќиби Сомониён дар Эрони Марказї ва Ѓарбї сулолаи Бувайњиён њарчанд бисёре аз одобу русуми тоисломии Эронро зинда карда, худро њам на амир балки шоњаншоњ меномиданд, бештар ба забони арабї ањамият медоданд.

    Бо ишорати амири сомонї шоироне чун Рўдакї бо забони форсї шеър иншо карда, бо супориши бевоситаи онон осори мўътабаре чун «Таърихи табарї»-ии Муњаммад Љарири Табарї ва «Савод-ул-аъзам»-и Абулќосим Њакими Самарќандиро бо забони форсии тољикї тарљума карданд. Дар Бухоро китобхонаи машњури «Савонењ-ул-њикмат» фаъолият мекард, ки нодиртарин асарњо дар он љамъоварї шуда буданд.

    Сомониён бо таќлид ба дарбори Баѓдод шоиронро ба дарбор љамъ карда, муљиби густариши адабиёти форсии тољикї гардиданд. Абўабдуллоњ Рўдакї (858-941) асосгузори адабиёти классикии тољик дар ањди Насри II ба ављи иззату эњтиром расида, барои тамоми шоирони минбаъдаи адабиёти мо чун намунаи таќлид хидмат кард. Ў дар тамоми намудњои шеърї ќувва озмуда, ќасида, рубої, ѓазал сурудааст. Мазмуни ашъори ўро асосан панду андарз, ѓояњои инсонпарварї, љавонмардї ташкил медињанд. Ў на танњо шоир балки њофиз ва навозандаи забардаст буд. Рўдакї дар дарбори Сомониён, махсусан Насри II ба мартабаи баланд расида, дар сафарњои Марв, Нишопур, Сарахс, Њирот ва ѓайра амирро њамроњї кардааст. Доир ба шўњрати уву таъсири каломаш ёдовар шудани достони маъруфи сурудани шеъри «Бўи љўи Мўлиён» ва ба Бухоро баргардонидани амири сомонї кофист.

    Рўдакї мувофиќи навиштаи сарчашмањо шоири пуркор буда, сад дафтар шеър ё як миллиону сесад њазор байт сурудааст, ки ќисми ками он то ба рўзгори мо омада расидааст. Ў асари «Калила ва Димна»-ро бо забони форсии тољикї ба назм кашид, ки то рўзњои мо танњо байтњои људогонаи ў бар љой мондаанд. Рўдакї асосгузори ќасида дар адабиёти форсу тољик аст ва ќасидањои «Модари май», «Даврони офтоб», «Шикоят аз пирї» аз њунари волои шоирии ин устоди бузург гувоњї медињанд.

    Њанўз дар асрњои гузашта ба њунари нотакрори шоирии Рўдакї пай бурда, гузаштагон ўро њамчун «устод» ёдовар шуда, њаќќи «падари шеъри форсї» будани Рўдакиро таъкид кардаанд. Зеро ў дар тамоми намудњои шеърї ќувва озмуда, онро поягузорї кардааст. Мардуми тољик бо ному осори Рўдакї ифтихор менамояд. Дар Тољикистон соли 1958 1100 - солагї ва соли 2008, 1150 - солагии ин њакими бузург ва шоири тавонро бо шукўњу тантанаи фаровон таљлил намуданд.

    Шоирони дигари њамасри Рўдакї Шањиди Балхї, Муродї ва дигарон низ пайрави аз сабки устод Рўдакї кардаанд, ки бо номи «сабки хуросонї» машњур аст. Робиаи Балхї аз нахустин шоирањои адабиёти форсу тољик аст, ки ашъори баландмазмуни ишќї сурудааст. Ў бо забони арабї њам шеър мегуфт. Шоир ва донишманди тољик Муњаммад Авфии Бухорої дар асари худ дар бораи Робия мефармояд: «агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони љањон бихандидї. Ба назми арабї ќодир, дар шеъри форсї баѓоят моњир буд».

    Даќиќї (ваф.977) бошад, камар барои сурудани «Шоњнома» баст, вале бо кушта шудани ў ин кор нотамом монд ва ин рисолати ўро Абулќосим Фирдавсї (934-1020) анљом дод. Ин шоири бузургвор сї сол ранљ кашида, дар 60 њазор байт «Шоњнома»-и безаволро суруд. Ў дар симои Рустами бањодур ва ќањрамонони мусбат достони муборизањои фидокоронаи аљдодони тољикро ба риштаи тасвир мекашад. Фирдавсї пеш аз њама ватанпараст буд ва мехост, ки њамнажодонаш дар шароити ноороми давр муттањид гарданд, аз ин рў рўњияи эрониёну турониён дар тасвири Фирдавсї њамеша ватанхоњонаву ќањрамонона аст. Ў ба ѓайр аз корнамоињои Рустам, симои љовидонаи шоњони некноми ориёї Фаридун, Кайхусрав ва Хусрави Анўшервонро тасвир карда, шоњони кўтоњандешаву ситампешаро низ мазаммат менамояд. Дар саросари «Шоњнома» Фирдавсї чун муаллими ахлоќ мардумонро ба некию некўкорї даъват кардааст.

    Њамзамон бо пешрафту шукуфоии назм илму фанн низ дар ањди Сомониён хеле тараќкї кард. Забони илм забони арабї буд. Яке аз шохањои илм, ки инсон њамеша ба он ниёзманд аст, илми тибб мебошад. Илми тибби замони Сомониён бо ному кори Закариёи Розї (865-925) алоќаманд аст. Аз ў осори зиёди илмї бар љой мондааст, ки намунаи он «Китоб-ул-асрор», «Ат-тибб-ур-руњонї», «Ат-тиб-ул-фуќаро» «Ал-ќонун-ал-мансурї» ва ѓайра мебошанд. Ин табиби њозиќ яке аз амирони сомониро низ табобат кардааст.

    Абўалї ибни Сино (980-1037) низ зодаву парвардаи замон ва муњити сомонист. Ў дар овони љавонї яке аз амирони сомониро табобат карда, ба подоши табобат иљозат мегирад, ки аз китобхонаи маъруфи Сомониён «Савонењ-ул-њикмат» истифода барад. Пас аз барњамхўрии давлати Сомониён Сино нахуст ба Хоразм ва сипас ба Эрон паноњанда шуда, то поёни умр ба табобат, таълифи китоб ва муддате ба корњои сиёсї, аз љумла вазорати Шамсуддавла, њокими Њамадон машѓул мегардад. Аз ин њакими номвар ва донишманди мумтоз осори бузурге чун «Ал-ќонун фи-т-тиб», «Китоб-уш-шифо» боќї мондааст. Ў асари безаволи худ «Донишнома»-ро ба забони модарияш, яъне форси тољикї таълиф кардааст.

    Илми таърихи тољик низ дар замони Сомониён бунёд гузошта шуд. Бештари осори ин давра бо забони илми он рўзгор - арабї таълиф мегашт. Намунаи бузурги асари таърихии ин давра асари Муњаммад ибни Љарири Табарї «Таърих-ар-русул-вал-мулук» ё «Таърихи Табарї» мебошад. Ин асар ба таърихи умумиљањонї бахшида шудааст ва яке аз муњимтарин осори таърихии мардумони эронинажод мебошад. Бо њиммати амири сомонї Мансур ибни Нўњ донишманди фозил ва сиёсатмадори барљаста Абўалии Балъамї ин асарро соли 963 аз арабї ба форсии тољикї тарљума кард.

    Таърихшиноси дигар Абубакр Муњаммад ибни Љаъфар (Наршахї) мебошад, ки ў то мансаби сармуншии дарбори Сомониён расида буд. Вай солњои 943 – 944 асари худ «Таърихи Бухоро»-ро бо забони арабї навишт, ки он бо номи «Таърихи Наршахї» низ маълум аст. Асар ба амир Нўњ ибни Насри Сомонї бахшида шудааст. Баъдтар асарро бо забони форси тољикї тарљума намуданд.

    Аз дигар намояндагони илму адаби асри X метавон аз Абўљаъфар Муњаммад ал-Хоразмї (780-850) риёзидону мунаљљими шањир ёдовар шуд. Ў љадвалњоеро тартиб додааст, ки то кунун ањамияти илмии худро аз даст надодаанд ва барои олимони минбаъда асоси корї гаштаанд. Абўнасри Форобї (873-950) файласуфи машњур тарбиятёфтаи мактаби Бухоро беш аз 160 асар таълиф кардааст. Осори машњури вай «Китоб фи аќл-ил кабир», «Китоб фи аќл-ил саѓир», «Китоб-ул бурњон», «Уюн-ул-масоил» ба њисоб мераванд. Бештари асарњои ў ба фалсафаву мантиќ бахшида шудаанд.

    Илми љуѓрофия дар замони Сомониён ба дараљаи баланди худ расид ва њатто дар даврањои минбаъда њам дигар ба он шукўњу азамат нарасид. Бузургтарин намояндагони љуѓрофияи ин давра Абўабдуллоњи Љайњонї, Абўисњоќи Истахрї, Ибни Хурдодбењ мебошанд, ки њар кадом осори пурарзиши љуѓрофї таълиф намудаанд. Нахустин асари љуѓрофї бо забони форси тољикї њам дар ањди сомониву бо дастури амири сомонї Мансур ибни Нўњ офарида шудааст. Ин асар «Њудуд-ул-олам мин-ал машриќи илал маѓриб» аст. Муаллифи асар номаълум мебошад. Ин китоби арзишманд перомуни иќлим, обу хок, сарватњои зеризаминии Хуросону Мовароуннањр маълумоти нодир медињад. Забони асар равону сода буда, арзиши баланди таърихї њам дорад.

    Ањди Сомониён замоне буд, ки ислом дар тамоми Хуросону Мовароуннањр љорї гардид. Сомониён барои аз дини арабњои истилогар ба ойини мардумї табдил додани ислом хидмат кардаанд. То ањди њукумати хонадони сомонї бештари тољикон њанўз бар ойини зардуштї буданд, вале Сомониён ба мардуми тољик ин воќеъиятро талќин намуданд, ки ин дин хоси араб нест ва мардум њам сирати некўи намояндагони ин хонадонро писандида, худро ба оѓуши ислом партофтанд. Ислом истеъдоду нубуѓи фитрии тољиконро ба самти фарњангофаринї моил гардонид, яъне тољикон ба ислом хидмат карданд ва ислом низ ба тољикон хидмати арзанда намуд. Барои нашъу намои улуми динї њам Сомониён бистари муносиб муњайё гардониданд. Яке аз чењрањои бузурги љањони ислом Муњаммад Абўабдуллоњ ибни Абўлњасан Исмоил ибни Иброњим машњур ба Имом Бухорї (810-870) мебошад. Номи ў ќатори бузургтарин олимону муњаддисони љањони ислом ќарор дорад. Ба ќалами ў асарњои «Таърих-ул кабир», «Ал-адаб-ул муфрад», «Таърих-ус саѓир», ва ѓайра тааллуќ дорад. Аммо шўњрати љањонии ў пас аз таълифи асари арзишманди «Ал-љомеъу-сањењ» пайдо гардид. Ин асар дар миёни мусулмонон пас аз Ќуръон маъруфтарин китоб ба шумор меравад.

    Донишманди дигаре, ки аз муњити Осиёи Миёна ва фазои фарњангии асри сомонї бархоста, шўњрати љањонї пайдо кардааст, Имом Тирмизї мебошад. Китоби ў низ миёни њафт китоби њадисї дар љањони ислом пазируфта шудааст.

    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   57


    написать администратору сайта