апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§1. Забти Хуросону Мовароуннањр аз тарафи забткорони араб. Ташаккулёбии дини ислом ва Хилофати Араб. Зуњури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттањидаи арабњо, - Хилофати Араб (622-1258) сабаб гардид, дар таќдиру сарнавишти бисёр халќњои Шарќ, аз љумла тољикон наќши муњим бозид. Ислом, ки ба маънї-итоат, тавозўъ, фармонбардорї аст, яке аз динњои яктопарастии љањонї буда, дар асри VII дар нимљазираи Арабистон дар муњити ќабилањои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муњаммад ибни Абдуллоњ (570-632), яъне Муњаммад пайѓамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидої ѓояњои иљтимоии бародарї, баробарї, накўкорї, адолатпарварї, шафќату эњтиром ба якдигар тарѓибу талќин шуда, зулму тааддї, риёкорї, дурўѓгўї, ришвахўрї ба зери тозиёнаи танќид афтида буд, мардуми нимљазираи Арабистон ва баъдтар ќавмњои эронї њам онро писандида ќабул карданд. Манбаъњои ѓоявии ислом, ќабл аз њама дини яњудї, масењї, динњои ќадимаи ќабилањои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Ќуръон» ташкил медињад. «Ќуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муќаддас мањсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст. Њуљумњои истилогаронаи арабњо асосан пас аз даргузашти Муњаммад пайѓамбар дар соли 632 ва баъди пуриќтидор гардидани давлати теократии Хилофати Араб сар зад. Давлати навтаъсисро нахуст, халифањо, яъне љонишинони паёмбар, - «хулафои рошиддин»: Абўбакри Сиддиќ (632-634), Умар ал-Хаттоб (634-644), Усмон ибни Аффон (644-656), Алї ибни Абутолиб (656-661), намояндагони сулолањои Уммавиён (661-750), Аббосиён (750-1258) идора карданд. Ташаккули Хилофати Араб аслан дар замони салтанати «хулафои рошиддин» анљом ёфта, сарзаминњои Шому Фаластин, Мисру Эрон њам асосан аз љониби арабњо дар њамин давра тасхир карда шуд. Њуљуми арабњо ба мулкњои Аљам. Арабњо дар зери ливои дини ислом ба муќобили мардуми ѓайримусулмон, яъне кофирон љангњои муќаддас эълон намуда, дар як ваќт ба муќобили ду давлати пурќудрати он давра: империяи Византия (Рум) ва шоњаншоњии Сосониён ба љанг даромаданд. Охирин шоњаншоњи Сосониён Яздигурди Ш (632-651) бо вуљуди кўшишу талошњои фаровон мардуми Эронро ба муќобили нерўи љангии арабњо бархезонда натавонист. Дар натиљаи дар якчанд муњорибањои таќдирсоз, махсусан дар љангњои Ќодиисия (дар соли 637), Њулвон (дар соли 637), Нањованд (дар соли 642) ва Кирмон (дар соли 649) арабњо тамоми нерўи муттањидаи љангии Сосониёнро торумор карда, соли 651 маркази Хуросон – шањри Марвро тасхир намуданд, ки ин амалан маънии забти њама сарзамини Сосониёнро дошт. Нињоят, соли 651 бо марги шоњаншоњ Язигурди Ш давлати Сосониён њам расман барњам хўрд ва арабњо ба марзи Осиёи Миёна наздик шуда, барои тасхири ин сарзамин омодагї гирифтанд, вале љангњои дохилї дар Хилофати Араб, ки ахиран сулолаи Уммавиёнро ба сари њокимият овард, раванди забти ин сарзаминро андаке ба таъхир андохт. Марњилањои асосии забти сарзаминњои тољикон. Бархўрду амалиётњои љангии арабњоро дар Хуросону Мовароуннањр аз рўи маќсад, наќша ва рафт ба се марњила таќсим кардан мумкин аст: 1. Марњилаи якум, - солњои 644-704-умро дар бар мегирад. Дар ин фосила арабњо аввал, Хуросонро пурра тасхир намуда, ба мулк-давлатњои људгонаи Мовароуннањр якчанд њамлањои ѓоратгарона мекунанд, вале ин љангњо бештар хусусияти иктишофї (разведкавї) ва ѓоратгаронаро доштанд. 2. Марњилаи дуюм, - солњои 705-715-умро дар бар мегирад. Ин давра ба љангњои пуршиддати арабњо ва муќовимати сахти мулк-давлатњои људогона ва нињоят ба забти маќсадноки сарзамини Мовароуннањр аз љониби арабњо рост меояд; 3. Марњилаи сеюм, - солњои 715-821-умро фаро мегирад. Ин марњила дар навбати худ боз ба якчанд даврањо људо мешавад. Ин замони пањншавии дини ислом, шиддат ёфтани сиёсати мустамликавии арабњо, муќовимати сахти халќњои Мовароуннањру Хуросон алайњи истилогарони араб, нињоят таъсиси давлатњои миллї ва истиќлолият пайдо кардани халќњои ин сарзамин аст. Њамзамон раванди муњољирати ќабилањои фотењи араб ба сарзаминњои тасхиршуда шурўъ шуд. Дар соли 671-672 тањти васояти сарлашкар ар-Рабиъ ибни Зиёд (671-673) панљоњ њазор марди љангии араб бо хонаводањои хеш, ки ниме бошандагони Басра ва ними дигар сокинони Куфа буданд, ба Хуросон омаданд. Агар шумораи љангиён панљоњ њазор бошад, аз эњтимол дур нест, ки теъдоди афроди ѓайриљангї – занону кўдакон, хидматгорону роњбаладон ва ѓ. њади аќал ба се баробари ин раќам рост ояд. Аз ин рў, шумораи арабоне, ки дар ин кўчбандии бузург иштирок доштанд, дусад њазор нафарро ташкил мекард. Муњољирони араб гурўњ-гурўњ ва ќабила ба ќабила дар шањру минтаќањои алоњидаи Хуросон маскан мегирифтанд. Масалан, муњољирони ќабилаи бани бакр ва бани тамим дар ќисмати шарќии Хуросон ва Сиистон, ќабилаи бани ќайс дар ќисмати ѓарбии Хуросон ва Ќумис: ќабилаи банї азд ва гурўњи ќабилањои арабии аднонї ва ќањтонї дар њама воњањои Хуросон маскан гирифта, маќому манзалати хоса пайдо карда дар якљоягї бо маволї (асирони озодшуда) барои тасхири Мовароуннањр омодагии љангї мегирифтанд. Маволї аслан мардуми ѓайри арабе буданд, ки дини исломро ќабул карда, ба њокимияти арабњо ба итоат омада буданд. Табиист, ки њама мардумони эронинажоде, ки тобеъи арабњо шудани дини исломро ќабул карданд – мавло, яъне маволї шуданд. Аслан истилои нињоии якчанд шањру минтаќањои Хуросон – Балху Марваррўд, Њироту Бодѓис, Бомиёну Фориёб, Сарахсу Љузљон, њамзамон њуљумњои Уммавиён ва комилан истиќрор ёфтани Хилофати Араб сурат гирифт. Соли 673 сарлашкари араб Убайдуллоњ ибни Зиёд (673-675) аз рўди Љайњун гузашта, ба сўи Бухоро њуљум намуд. Шањрњои Пайканду Роментанро забту ѓорат карда, ба муњосира шањри Бухоро шурўъ мекунад, лашкари муттањидаи суѓдиёни Бухоро ва туркњо дар ин љанг бо арабњо бархўрд карда, онњоро ќисман шикаст доданд. Ба сабаби он ки шањзодаи Бухоро кўдак буд, модари ў малика Хутак-Хотун дар тахти Бухоро нишаста њукм меронд. Ў бар ивази додани сад њазор дирњам бо арабњо сулњ мекунад. Арабњо ѓайр ба бољи зиёд, алињаву либос, тиллову нуќра ва боз дигар сарватњоро њамроњи чор њазор нафар асир гирифта, ба Марв бармегарданд. Соли 676, яъне пас аз се сол, амири нави Хуросон Саид ибни Усмон (675-677) бо ќушўнњои худ боз ба Бухоро њамла меорад. Маликаи Бухоро ба як саду бист њазор нафар ќувваи њарбї, ки аз мулкњои Суѓди Самарќанд, Кеш ва Нахшаб ба ёрї омада буданд, эътимод карда, барои љанг бо арабњо лашкари худро равона мекунад, вале иттифоќчиён ба воњима афтида, Бухороро ба таќдири худ монда, аз майдони муњориба мебароянд. Дар натиља, малика маљбур мешавад, ки боз бољи зиёд дода, бист нафар маликзодагону дењќонони асилзодаро ба асирї супорида, бо арабњо сулњ бандад. Дар соли 680 амири нави Хуросон Салм ибни Зиёд (680-683) ба Хоразм, Суѓди Самарќанд, Бухоро ва Хуљанд њамла оварда, ин мулк-давлатњоро тасхиру ѓорат карда, бо ѓаниматњои зиёд ва асирони сершуморе аз Мовароуннањр баромада рафт. Њокимони Суѓди Самарќанд, Бухоро, Кешу Нахшаб, Хатлону Чаѓониён ва Чоч барои пурќувват гардондани њокимияти мутлаќи худ аз арабњо ёрї љустанд, ки ин кори арабњоро дар забти Мовароуннањр осон гардонд. Агар таърихро бо раќам баён намоем, дар ин марњила, сипоњиёни араб солњои 654, 667, 673, 676, 680, 691, 699-702, 703 - 704, яъне зиёда аз њафт маротиба рўди Љайњунро убур карда, шањру вилоятњои чудогонаи Мовароуннањрро ѓорат намуда, њаёти осоиштаро комилан вайрон намуда, одамонро асир гирифта, ба боигарии зиёде соњиб шуда, ба Марв баргаштанд. Дар рафти амалиётњои ибтидої арабњо аввал, аз парокандагии сиёсию ноиттифоќии њокимони мулк-давлатњои мањаллї, дуюм, аз топография ва мањалли даќиќи љойгиршавї ва тарзи фатњи шањру вилоятњо ва сеюм, аз боигарии њайратангези Мовароуннањр пурра хабардор шуда, тамоми нерўи љангии хешро барои тасхир кардани ин сарзамин омода карданд. Аз ин рў, марњилаи аввали њуљумњои арабњо дар Мовароуннањр бештар характери иктишофї (разведкавї), номунтазам, стихиявї ва ѓоратгарона дошт. Дар ин марњила њадафи асосии арабњо шинос шудан ба ин сарзамин буд. Амалиёти забткоронаи Ќутайба ибни Муслим. Марњилаи дуюми њуљумњои арабњо ба Мовароуннањр аз соли 705 сар шуда, то соли 715 давом мекунад, дар ин давра ин сарзамин пурра забт карда мешавад. Соли 705 яке аз сарлашкарони шуљоъ, серѓайрат ва маккори араб Ќутайба ибни Муслим (704-715) амири Хуросон таъин мешавад. Ќутайба соли 705 ба забти вилояти Балх шурўъ кард. Дар ин фосила вилояти Чаѓониён хам бе љанг ба арабњо таслим шуд. Бо њамин давраи дуюми забкорињои арабњо дар Мовароуннањр оѓоз ёфт. Соли 706 Ќутайба бо лашкари бисёре аз рўди Љайњун гузашта, ба Бухоро њамла овард. Дар ин њамла ќуввањои њарбии арабњоро ба ѓайр аз маволиёни эронї боз дастањои њарбии њокимони Балху Чаѓониён њамроњї мекарданд. Ќутайба аввал шањри ќадимаи ободи Мовароуннањр-Пайкандро ба муњосира гирифт. Пайкандињо дар якљоягї бо нерўи њарбии Суѓд ва дигар вилоятњо, ки ба ёрї омада буданд, ба муќобили арабњо сахт љангида, ќањрамонї зоњир карданд. Муњосираи Пайканд панљоњ рўз давом кард. Арабњо девори мудофиавии шањрро рахна карда, ба дохили шањр даромада, ањолии шањрро нобуд карда, Пайкандро ба даст дароварданд. Ањли Пайканд ба Ќутайба ибни Муслим бар ивази пардохти бољи зиёде муоњида бастанд. Ќутайба яке аз њамќавмони хеш – Варќаъ ибни Насрро волии Пайканд таъин карда, худ ба тарафи Бухоро лашкар кашид, вале лашкари араб њанўз панљ фарсах (30 км) дур нарафта, ањли Пайканд шўриш карданд ва арабњои дар он љо истодаро ба ќатл расониданд. Ќутайба аз роњ баргашта Пайкандро дубора ишѓол карда, онро тамоми ба харобазор мубаддал гардонда, њама мардони њозирбударо кушта, занону кўдаконро ба ѓуломї дод. Арабњо дар ин љо њамон ќадар сарвату боигарї ба даст дароварданд, ки то ин ваќт дар њељ љо ин миќдор ѓанимат насиби онњо нагардида буд. Пайканд бошад, ба харобазор табдил меёбад. Неруи љангандагии арабњо соли 705-708 Боѓдису Толиќон, соли 706-707 Чаѓониёну Шумонро бо аксари воњањои Тахористон комилан тасхир намуд. Солњои 707-709 бошад, Ќутайба боз ба Бухоро ба музофотњои атрофиён се бор њуљум карда, ќалъањои зиёд: воњањо ва заминњои ободро забту ѓорат кард. Ў Бухорхудот-Туѓшода (708-739)-ро волии Бухоро ва яке аз наздикони хешро амири он таъин кард. Мувофиќи муоњидае, ки Бухорхудот бо Ќутайба дар соли 709 ба тасвиб расонда буд, мардуми Бухоро бояд њар сол ба хазинаи Хилофат ба миќдори муайяне бољ супорида, ба ѓайр аз ин ними њавлї ва манзилашонро ба аскарон ва муњољирони араб холї карда медоданд. Соли 710 Ќутайба-Шумону Ањорун ва Нахшабу Кешро забт карда, барои њуљум ба Суѓди Самарќанд омодагии њарбї гирифт, вале фурсати муносибе барои тасхири Хоразм ба вуљуд омад. Ќутайба бо бањонаи кўмак расонидан ба Хоразмшоњ Хорамзро забт карда, исёни халќиро фурў нишонда, бародари хоразмшоњ Њурзодро ба ќатл мерасонад. Аз ин ёрї Хоразмшоњ њељ бурде намекунад. Баръакс, ў истиќлолияти давлати Хорамзро аз даст медињад ва Хоразм ба яке аз вилоятњои бољдињандаи Хилофати Араб мубаддал мешавад, зеро мувофиќи муоњидаи сулњ – Хоразмшоњ муаззаф шуда буд, ки ба тариќи подош дањ њазор сар чорво ба арабњо дињад ва дар њамлањои љангї ба Ќутайба аскар равона кунад. Нињоят, соли 712 Ќутайба бо лашкари муттањидаи арабњо ва ќушунњои маликони Бухоро ва Хоразм ба Суѓди Самарќанд њуљум мекунанд. Дар ин давра ихшид Тархун бо сабаби ба арабњо дар иттифоќ шуданаш аз тахт дур карда шуда, ба љои он Ѓурак (709-738) «ихшиди Суѓд ва афшини Самарќанд» шуда буд. Њаракати вай дар таърихи муборизаи њифозатхонањонаи суѓдиён воќеъаи муњим ба шумор мерафт, зеро Ѓурак арбоби машњури давлатї, сиёсатмадор ва ватанпарасти замони худ буд, њарчанд муборизаи ў бањри њифозати Суѓд характери умумихалќиро нагирифт, вале ў тавонист, ки дар лањзањои муайян ба муќобили арабњо муташаккилона љангад. Ѓурак ба њокими Чоч, њоќони Турк ва ихшиди Фарѓона сафир фиристода, аз онњо ёрї мепурсад. Њоќони Турк нерўи њарбии худро, ки аз саворагони тирандоз иборат буданд, бо роњбарии писараш Инал-њоќон ба ёрї мефиристад, вале Ќутайба аз омадани саворагони турк хабардор шуда, ба муќобили онњо ќушўни баргузидаеро мефиристад, ки ќушун турконро торумор менамояд. Сугдиён як моњ шањрро ќањрамонона мудофиа караданд. Аз камон тир холї карда, аз шањр берун баромада, беамон љангида, ба арабњо талафоти калон мерасонанд, вале ахиран, Самарќанд таслим мешавад. Байни суѓдиён ва арабњо муоњидаи сулњ баста шуд, ки онро ихшид Ѓурак бо сарлашкар Ќутайба имзо карданд. Мувофиќи муоњидаи сулњ ихшид Ѓурак бояд ба арабњо якбора ду њазор дирњам, њар сол бошад, дусад њазор дирњам, илова бар ин сї њазор ѓулом дода, дар шахр як нафар сарбоз нигох надошта, шањристонро холї карда, дар он љо ба љои оташкадаи зардуштиён масљиди љомеъи мусулмонї бунёд намуда, бутњои зарринро хам бояд ба арабхо месупорид. Бар ивази њамаи ин Ќутайба Ѓуракро ихшиди Самарќанду Кеш ва Нахшаб таъин менамояд. Ѓурак амалан вассал, яъне тобеъи арабхо мешавад. Соли 713 водии Чоч хам бо пойтахташ шахри Бинокат забт карда мешавад. Ќутайба дар водии Уструшана љангњо карда, Хуљанду Канд ва Косонро забт менамояд. Соли 714 ў бо маќсади људо сохтани нерўи љангии њокими Чоч ва Хоќони Турк ба Исфичоб лашкар кашида, он љоро низ забт мекунад, ва то Кошѓар мерасад. Нињоят, соли 715 ба Фарѓона њамла оварда, ин водиро низ пурра тасхир мекунад. Бо забти Фарѓона - мархилаи дуюми њуљумхои истилогаронаи арабњо анчом ёфт. Дар ин мархила, дар фосилаи дах сол арабхо бо сарварии Ќутайба ибни Муслим аввал, хама мулк - давлатхои Мовароуннањрро пурра забт карданд, дуюм, муњољирон ва аскарони арабро, ахли хонаводаашон ба ин сарзамин кўч баста буданд, дар шахрхои марказии Мовароуннањр дар хонаводаи мардуми мањалли чой карданд, сеюм, арабхо шањру воњањои ободу хуррами Мовароуннахро ѓорату вайрон карда, ба харобазор табдил дода, одамонро асир гирифта, ба ѓуломї гирифтор карда, ба бойгарии њайратангези ин сарзамин соњиб шуданд ва нињоят, арабњо дар сарзаминхои тасхиркарда ба тарзи ќатъї ба пањн кардани дини ислом шурўъ карданд. Соли 725 амири нави Хуросон Асад ибни Абдуллоњ (724-728; 735) ба мукобили Хатлон амалиёти љиддии њарбї сар мекунад. Арабњо аз мулки Балх ба Хатлон гузашта, ба ќувваи муттањидаи њокими Хатлон ва Хоќони турк рў ба рў мешаванд. Дар натиља арабњо шикаст хурда ба Балх бармегарданд. Мардуми Балх дар хаќќи онхо тамасхуромезона сурудаи зеринро мегуянд: Аз Хутталон омадия, Ба рў табоњ омадия, Овора боз омадия, Хушку низор омадия. Арабњо дар муњорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хўрда буданд, ки дар муддати дањ сол ишѓол кардани онро њатто ба гўшаи хотир њам наоварданд. Танхо дар соли 737 арабњо бори охирон ба Хатлон њуљум оварданд. Ин навбат неруи љангандаги Хоќони турк аз муборизаи минбаъда даст кашид. Њокими Хатлон - Бадр-Тархон бо сарбозонаш њарчанд дар муњосира афтода бошанд хам ба аскарони араб љангро давом медоданд. Азбаски ќуввахо нобаробар буд, онњо маљбур шуданд, ки ба арабњо гуфтушунид карда, сулх банданд. Арабхо ваъда доданд, ки ба Бадр-Тархон осебе намерасонанд, вале ваъдахилофї карда, ўро њам мисли Деваштич ањдшиканона ба ќатл расониданд. Баъди ин арабњо Хатлонро хам ба тасарруфи худ дароварданд, ягона нуктае, ки арабхо дертар забт карданд, вилояти Уструшана буд. Афшинњои Уструшана ба тарафдории дењќонон, яъне мулкдорони хурд, махсусан, ба хайрхоњї ва муборизаи фаъоли заминдорони озодихоњ такя карда, истилогарони арабро то охири асри VIII ба ќаламрави худ роњ надоданд. §2. Муборизаи халќњои Осиёи Марказї ба мукобили зулму истибдоди аљнабиён Ба вуљуд омадани иттињоди њарбию сиёсї. Амалиётхои љангии арабхо то андозае хокимони мулк-давлатхои Хуросону Мовароуннањрро муттахид кард. Дар Хуросон - иттињоди њарбию сиёсии маликони Дењистон, Гургон, Бодѓис, Балху Тахористон ва дар Мовароуннањр бошад, аввал, дар солхои 712-713 иттињоди сиёсии се мулк-давлати калон: Суѓд. Чоч ва Фарѓона, инчунин пайвастагии онхо ба Хоќони Турк ба амал омад. Ин иттифоќњо њарчанд барои озодї ва нигоњ доштани истиќлолияти давлатии хеш аз арабњо ташкил ёфта бошад хам, вале ба нерўи љангандагии Ќутайба ибни Муслим тоб оварда натавониста, оќибат шикаст хўрданд. Бо вуљуди ин, пас аз вафоти сарлашкар Ќутайба ибни Муслим љараёни муќовимати халќї дар Мовароуннањр характери бонизом ва маќсаднокро гирифт. Шўриши суѓдиён (720-722). Солњои 719-720, 720-722 Суѓд ва тамоми Мовароуннањрро мављи муќовимати зидди арабї фаро гирифт, маркази ин муќовимат хамоно Суѓд буд. Мардуми Суѓд монанди дигар хамќавмони худ дар Хуросону Мовароуннањр дар натичаи сиёсати истилогарони арабхо аз фарханги миллї, аз дин ва урфу одат, хамзамон аз њуќуќу озодињои шањрвандї мањрум шуда, аз тарафи арабњо зулми бењад медиданд, ки ин албатта, норозигињоро ба вуљуд меовард. Яке аз халифахои араб Умар ибни Абдулазиз (717-720) вазъияти беандоза ихтилофомези Хуросону Мовароуннањрро њис карда, нисбати онњо сиёсати мусолиматомезонаро пеш гирифта дар бораи аз андози љизя комилан озод кардани мусулмонони ѓайриараб фармон дод. Соли 718 халифаи араб Абдурањмон ибни Нуъаймро амири Хуросон таъин мекунад, дар ин ваќт ихшиди Суѓд Ѓурак бо Хоќони Турк иттифоќи њарбию сиёсї баста, ба муќобили арабњо ба мубориза бармехезад, ки ин норозигии халифаро нисбати Ѓурак ба вуљуд меорад. Арабњо аз ихтилофи дарбори суѓдиён истифода карда, Ѓуракро аз тахт сарнагун намуда, ба љои ў њокими Панљакент - Деваштичро "ихшиди Суѓд ва афшини Самарќанд" таъин мекунанд, ки ин амал дар Суѓд ду хокимиятиро ба вучуд меорад. Вале хам Ѓурак ва хам Деваштич дар алохидагї ба муќобили арабњо мељангиданд. Деваштич низ баъди ихшиди Суѓд шуданаш ба вилоятњои гуногуни Мовароуннањр - Хатлон, Чоч, Уструшана, Фарѓона ва Њоќони Турк мактубхои имдодї навишта, онњоро барои муборизаи муттањидона ба муќобили арабњо ба љанг даъват намуд. Дар натиља дар солњои 719-720 дар Суѓд ду лагери зидди арабї: яке бо сардории ихшид Ѓурак, ки аз назари арабњо њокимияташ ѓайриконунї буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ѓурак аслан дар ноњияњои марказии Суѓди Самарќанд ва Деваштич бошад, дар кўњистони Суѓд, асосан дар водии Зарафшон ба љанги зидди арабњо омодагї медиданд. Соли 720 ањолии минтаќањои марказии Суѓд бо якљоягии нерўи љангандаи туркњо арабњоро аз Самарќанд ронданд. Кўшиши арабњо дар хусуси аз сари нав соњиб шудан ба Самарќанд натиљае надод. Он гоњ халифаи араб яке аз сарлашкарони машњур Саид ал-Харроширо, ки дар пахш кардани шўриши мардуми Ироќ шўњрат ёфта буд, амири Хуросон таъин кард. Ў бо исёнгарони Самарќанд фавран ба музокира нишаста, ќисме аз аъёну ашрофи суѓдиро ба тарафи арабхо моил сохт. Дар ин миён ихшиди Суѓд - Ѓурак аз тарси эътибори рузафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабњо гузашта, њамрохи онњо бар зидди раияти худ љангида, њамзамон ба арабњо пардохтани андозро ваъда кард, вале ин ќалби исёнгарони суѓдиро пурра нашикаст. Исёнгарони суѓдї бо сарварии пешвоёнаш Корзанч, Чаванч, Моњун, Собит ва ѓайра аз ихшиди Фаргона Алутар ёрї ва паногоњ пурсиданд. Алутар ба суѓдиён паногоњ ва њимоя ваъда дод. Ќисми зиёди суѓдихо бо сарварии Карзанч рохи Фарѓонаро пеш гирифтанд, вале ихшиди Фарѓона тавассути бародараш Нилон амири Хуросон Саид ал-Њарроширо аз омадани исёнгарон ба Хуљанд хабардор кард. Арабњо аз ин истифода карда, мањалли исёнгарони суѓдиро ба муњосира гирифтанд. Љанги арабу суѓдихо дар Хуљанд руй дод, ки дар натича хам суѓдихо ва хам арабњо ба талафоти зиёде рў ба рў шуданд. Дар байни суѓдиён чорсад нафар тољирони чиної низ буданд, ки онњо баъд аз шикаст хўрдан молу амволи худро ба арабхо дода, наљот ёфтанд. Арабњо њафт њазор ањолиро кушта, шањру дењоти атрофро харобу ѓорат карда, бо ѓанимати зиёде ба Марв баргаштанд. Дар як ваќт ба муќобили гурўњи дигари исёнгарон бо роњбарии Сулаймон ибни Абусури отряди арабњо фиристода шуд. Ба ин лагери зидди арабї њокими Панљакент ва ихшиди Суѓд Деваштич роњбарї мекард. Деваштич ба ќуввањои зиддиарабї дар Панљакенту Бутам (болооби Зарафшон) роњбарї мекард. Деваштич бо роњи аѓбаи Шањристон, њангоми ба Хуљанд рафтан, дар назди дењаи Куми ноњияи имрўзаи Айнї аз тарафи лашкари арабњо ба муњосира гирифта мешавад. Пайравони Деваштич ба арабњо мукобилияти сахт карда, ба тарафи калъаи Кўњи Муѓ, ки дар он чо хуљљатхои суѓдї ёфт шудаанд, аќибнишинї карданд. Онњо дар дохили девори калъа чойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабњо роњи даромади калъаро гирифтанд. Муњосираи калъа ва муќовимати суѓдиёнро се - чор моњ давом кард, охиран захираи обу хўроки муњосирони суѓдї тамом шуд. Њамчунин фасли сармо фаро расид ва онњо маљбуран бо арабњо сулњ бастанд. Мувофики муоњида суѓдиён розї шуданд, ки дар сурати ба њаёти сад нафар исёнгарон ва ахли оилаи онхо аз чумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабњо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз чониби арабњо риоя нашуд, ба он далел, ки сарвари мудофиёни суѓдї Деваштичро арабњо тирамоњи соли 723 дар мањалли Рабинљон вањшиёна ба ќатл расонида, сарашро ба Ироќу дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусури, ки дар Тахористон иќомат дошт, фиристоданд. Бо њамин, таќдири харакати муќовимати суѓдиён, ки хусусияти возењи истиќлолхоњона дошт, њал шуд. Аммо муборизањо минбаъд хам давом карданд. Масалан, муборизаи мардуми Суѓди Самарканд дар солњои 725-730, ки дар якчоягї бо ќувваи њарбии њокимони Нахшаб, Чоч, Уструшана ва Фарѓона руй дод. Дар ин мухорибањо дар якчоягї бо суѓдиён туркон низ ба муќобили арабњо мељангиданд. Чунон ки зикр шуд солњои 728-730; 736-737 ањолии Тахористон ва Суѓд дар якљоягї бо ќувваи њарбии Хоќони Турк бар зидди истилогарони араб ба муќовимат бархостанд. Исёни онњо, ки характери возењи иљтимоию иќтисодї ва динї дошт, хеле вусъат ёфта, натанњо Суѓди Самарќанду Дабусия, балки тамоми Мовароуннањрро фаро гирифт. Нињоят, амири нави Хуросон Наср ибни Сайер (738-748) кўшишњои зиёде карда, дар сохтори идории давлат ислоњот гузаронида, баробари ин солхои 738-739 ба Мовароуннахр се маротиба лашкар кашида, исёни ањолии Суѓди Самарќанд, Чоч ва Фориёбро фурў нишонд. Нењзати Абумуслим ва ба сари њокимият омадани сулолаи Аббосиён. Ба ноустувор шудани Хилофати Араб на танхо муборизахои халкњои ѓайри араб, балки муборизаи дохилии хилофат низ сабаб буданд. Аз сиёсати халифахои Уммавї, ки њимоятгари манфиатњои аъёну ашроф буданд, на танхо халќњои ба зери зулми арабњо дучор шуда, балки ањолии араб низ норозї буданд. Ин мубориза дар замони халифа Марвони II (744-750) боз њам пурзўр гардид. Ба муќобили сиёсати Уммавињо ду гурўњи калони феодалї мубориза мебурд. Ба гурўњи якум - табаќањое дохил мешуданд, ки аз баланд шудани мартабаи ашрофи араб норозї буданд. Ба гурухи дигар тарафдорони Алї (амакзода ва домоди Хазрати Муњаммад, шавњари Фотима) буданд, ки ташкилоти худ, яъне њизб (шиа)-ро ташкил доданд, дохил мешуданд. Ин гурўњ усули мероси будани тахти хилофатро љонибдорї карда, фаќат авлоди Алиро ворисони хаќиќї медонистанд. Дар чунин шароит гурўњи дигари ашрофони араб - сулолаи Аббосиён дар солхои 30-уми асри VIII бар зидди Уммавиён муборизаро сар карданд. Таќрибан аз соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муњаммад) тарѓиботи зидди Уммавињо сар карданд. Дар тарѓиботи Аббосиён дар Хуросон сањми Абумуслим хеле зиёд буд. Шўриш бо роњбарии Абумуслим дар солхои 744-748 тамоми ањолиро фаро гирифт. Абумуслим зодаи Марв ё Нишопур буд. Вай яке аз муборизони фаъоли зидди Уммавиён мегардад. Ў аз Иброњим писари Алии Мухаммади Аббос дастури рохбарии Хуросонро гирифта, ба Марв меояд ва бар зидди Уммавиён ба мубориза медарояд. Азбаски ранги сиёњ нишони беадолатї ва бешафќатии Уммавиён мањсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёњ ва гурзро бошад, нимсиёх мекунад. Барои мардумони зердасти Уммавињо ранги сиёх - нишонаи љабру ситам ва ќувваи бадї буд ва мардуми ситамдида дар атрофи Абумуслим муттањид шуда, ба мубориза бархостанд. Ањолї пиёдаву савора бо яроќу ќисман бесилох ба ќароргохи Абумуслим њаракат карда, ба тазоњурот хестанд. Нењзати Абумуслим аз тарафи њама табаќањои иљтомоии љомеа, њатто аз чониби арабњо низ дастгирї меёбад. Абумуслим соли 748 маркази Хуросон шањри Марвро ишѓол карда, ќароргоњи амирони араби Хуросонро забт мекунад. Амири Хуросон Наср ибни Сайёр аз исёнгарон шикаст хурда, фирор мекунад. Соли 749 пайравони Абумуслим ќисматхои ѓарбии Хилофати Арабро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шањри Димишќро ишѓол менамоянд, халифа Марвони II аз тахт сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони Аббосиён Абу-л-Аббос ас-Саффоњ (750-754) ба тахти хилофат менишинад. Абумуслим амири Хуросон таъин мешавад. Ў мардуми Хуросон ва Мовароуннахрро муттахид намуда, аз эътирози онњо ба муќобили ашрофони араб ва табаќањои мулкдори мањаллї истифода карда, дар байни мардум эътибори калоне пайдо кард, вале ў њам монанди Аббосињо барои иљрои ваъдањои худ дар бобати бењбудии ањволи халќ чорае наандешид. Абумуслим бештар барои вусъати дини ислом ва ба ислом гаравидани мардуми Хуросону Мовароуннањр саъй карда, аз андозхои тоќатфарсо ва зуран ба кор сафарбар намудан мардумро озод карда натавонист. Дар натиља зулми дутарафа яке истисмори хонадони Аббосињо ва дигаре зулми феодалони мањаллї ба сари халќ бор шуд. Ин ањволи вазнин боиси афзудани нафрат ва норозигии халќ ба сулолаи Аббосињо гардид. Дар натича соли 750-751 дар Бухоро шўриши зидди арабї бо сарвари Шарик ибни Шайх ал-Муњрї (ваф.751) сар зад. Шўришгарон бо даъвати он, ки Аббосиён аз хилофат дур карда ба љои у аз авлоди Муњаммад паёмбар ва домоди ў Алї ибни Абутолиб ба тахти хилофат оянд, баромад карда ба муваффакиятхо ноил шуданд. Абумуслим њанўз ба Аббосиён бовар мекард ва интиќоли ќудрат ба Алавиёнро намехост. Аз ин рў ба мукобили исёнгарони Бухоро неруи љангии дањ њазор нафараро фиристод. Љанг бо исёнгарон сию хафт рўз давом кард. Сарвари исён Шарик ибни Шайх њалок шуд. Нерўи љангии Абумуслим баъди Бухороро гирифтан шањрро оташ зад. Соли 751 лашкари императори Чин аз зиддиятњои дохилии хилофати араб истифода карда, ба Мовароуннањр њамла овард. Дар натиља байни лашкари Абумуслим ва чиниён дар Њафтруд дар водии Талас љанги хунине руй дод, ки дар он панчох хазор чиниён кушта ва бист хазор нафар асир афтиданд. Ин шикасти катъї ба ќувваи харбии императори Чин чунон таъсир расонд, ки онњо дубора ёди њуљуми Мовароуннањр накарданд. Шўришњои халќї. Њарчанд Абумуслим барои мустањкам ва пойдор намудани сиёсати Аббосињо, пањн кардани дини ислом, рафъ кардани шўришхои халќї ва баргардонидани њамлањои душманони хориљї содиќона хизмат мекард, вале аз назари халифахои аббосї ў душмани асосии онхо мањсуб мешуд. Аз ин рў, соли 755 халифа Абуљаъфар ал-Мансур (754-775) бо роњи фиреб Абумуслимро ба Баѓдод даъват карда, ба катл мерасонад. Ќатли Абумуслим боиси ављи њаракатхои халќї дар Мовароуннахру Хуросон мегардад, ки яке аз онхо соли 755 дар Нишопур тахти роњбарии Сумбоди Мўѓ, ки номи аслиаш Фируз-Испањбад аст, руй дод. Исёнгарон барои гирифтани ќасоси хуни Абумуслим ба мукобили Аббосиён тазохурот карданд. Сумбоди Муѓ аз пайравони Абумуслим, ки дар Рай, Ќумис, Табаристон ва Нишопур чой гирифта буданд, куввањои њарбї ташкил карда ба муќобили сарбозони араб ба љанг шуд. Халифа ба муќобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Љахвар ибни Марарр (747-756) ќувваи њарбии дањ њазор нафараро сафарбар кард. Дар натиља байни онњо дар биёбони Њамадону Рай љанги хунине сурат гирифт, ки он њафтод рўз давом кард. Нихоят, пайравони Сумбоди Муѓ шикаст хурданд ва худи ў ба катл расонда шуд. Вале бо ин мављи њаракати халќї паст нашуда, тадриљан ављ гирифт. Арабњо њанўз шўриши Сумбодро фаромўш накарда буданд, ки соли 755 дар гирду атрофи Њирот шўриши дигаре бо роњбарии Устод Сис (Азиз) сар зад, ки боиси нигаронии Аббосиён шуд ва бо кўшишњои зиёд пахш гардид. Исёни Муќаннаъ. Тадриљан афзудани бедодгарињои арабњо мардумро ба мањрумї дучор гардонд, ки дар натиља њисси бадбинии ањолии зањматкаш ва њама табаќањои иљтимоии Хуросону Мовароуннањр нисбат ба Хилофати Аббосиён боло гирифт, ва он сабаби сар задани љунбиши халќї гардид. Ин љунбиши халќї солхои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннањр руй дод ва он дар таърих бо номи "исёни Муќаннаъ" машњур аст. Сарвари исёнро Муќаннаъ ба ўњда дошт. Муќаннаъ дар дехаи Козаи наздикии шахри Марв зиндагї мекард. Номи аслии у Њошим ибни Њаким (776-780) ва Муќаннаъ бошад, лаќаби ўст. Худи калимаи "муќаннаъ" арабї буда, маъниаш чодарпўш ва ё ниќобдор аст. Ин лаќаб ба иллати он, ки Муќаннаъ њама вакт ба рўяш чодари сабз пўшида мегашт, ба ў дода шудааст. Исёни Муќаннаъро таърихнависон бештар шўриши сафедљомагон мегўянд. Ў дар лашкари Абумуслим мансаби сарњанг, яъне рохбари дастаи њарбиро иљро мекард. Муќаннаъ дар солњои 50-уми асри VIII ба тарѓиботи аќидањои маздакиён дар хусуси баробарии иљтимої ва њаёти озодонаи шахрвандон шурўъ карда, барои барќарор кардани ин ѓояњо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои чунин ташфиќот дар солхои 60-уми асри VIII њукуматдорони Хилофати Араб ўро дар мањбасхонаи Баѓдод бандї карданд. Баъди чанд соли ба њабс афтидан Муќаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи љиддї шурўъ кард. Вай соли 766 ба ноњияњои гуногуни Мовароуннањр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муќаннаъ ба водии Ќашќадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро љамъ омаданд. Маркази тарѓиботии онњо дењаи Субњ дар Кеш буд. Барзгарону хунармандон, кадеварону дењќонони мулкдор ва ќисман ањолии бенавою миёнањол ба даъватњои Муќаннаъ гаравида, ўро пайравї мекунанд. Дар як муддати кўтоњ водии Ќашкадарё ба дасти пайравони Муќаннаъ гузашта, њаракати сафедљомагон васеъ пањн шуда ба шўриши бенињоят калони халќї табдил меёбад. Ин исён дар ќисматњои марказии Мовароуннањр, махсусан дар Суѓд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табаќањои гуногуни љомеа таъсир мерасонад. Њар як гурўњ ва табаќаи иљтимої дар исёни Муќаннаъ манфиатхои худро медиданд. Агар халќи оддию мењнаткаш барои халос шудан аз зулму истисмор ва нобаробарии иљтимоию иќтисодї ба шўриш гаравад, табаќаи сарватманди љомеа бо маќсади хокимиятро аз дасти арабњо пурра гирифтан, ба исён гаравида, онро љонибдорї мекард. Маќсади умумии исёнгарон дар маљмўъ озод кардани Ватан, яъне Мовароуннањру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустаќил буд. Соли 775 пайравони Муќаннаъ дар дехаи Нумиљкати Бухоро чой гирифта, шаб ба масљиди он чо даромада, муаззин ва понздањ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва руњониёнро мусодира карданд, инчунин заминњои ваќфро низ ба даст дароварданд. Ин вокеъа ба шўриши умумї як ишорае шуд ва исён дар як муддати кўтоњ ба тамоми Мовароуннањр пахн шуд. Ситоди исёнгарон дењаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марњила ба исён туркон низ њамроњ шуданд. Соли 776 дар назди дењаи Наршах байни ќувваи њарбии арабњо ва пайравони Муќаннаъ муњорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хўрда, хафтсад нафар аз пайравони Муќаннаъ сари худро дар роњи талаби озодї курбон карданд. Вале ин ѓалабаи арабхо вазъияти харбию сиёсиро тагйир дода натавонист. Арабњо исёни сафедчомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онњо ба Самарќанду Кеш кувваи харбї сафарбар карданд. Халифаи араб ал-Мањдї (775-785) Саид-ал-Харроширо амири Хуросон таъин карда, тамоми кувваи њарбии арабњоро барои пахш кардани исёни сафедљомагон ва асир гирифтани Муќаннаъ сафарбар кард. Сафедљомагон дар якљоягї бо туркон дар Самарќанд ба муќобили арабњо ду сол љангиданд ва азбаски ќуввањои љангї нобаробар буд, пайравони Муќаннаъ шикаст хўрда, Самарќандро ба арабњо таслим карданд. Пас аз ин нерўи љангии арабњо бо сарварии Саид ал-Њаррошї барои саркўб кардани сафедљомагон ба водии Ќашќардарё, яъне шањри Кеш њуљум карданд. Дар марњилаи охирини задухўрдњо дар водии Кеш пайравони Муќаннаъ дар кўњњо ва гирду атрофи ќалъаи Сиём муттањид шуда, ба муќобили арабњо љангиданд. Марњилаи нави бархўрдњоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуњар (780-783) сарварї кард. Пайравони Муќаннаъ аз љониби арабњо ба муњосира гирифта мешаванд. Баъди муњосираи дарозмуддат ва љангњои тўлонї арабњо, ки ќувваи бенињоят зиёд доштанд, ќалъаи дастнорас, яъне ќароргоњи Муќаннаъро ишѓол намуда, исёнро шикаст медињанд. Бародари Муќаннаъ Ќабзам бо се њазор нафар, фармондењи мудофеони ќалъаи Сиём Сармоња бо се њазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Њаррошї таслим мешавад, вале Муќаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танўри фурўзон партофта, ба њалокат мерасад. Њамин тавр ин шўриш соли 783 пахш карда мешавад, вале пайравони Муќаннаъ то муддатњои тўлонї зингдагї мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоњ медоштанд. Оќибати забткорињои Хилофати араб дар Осиёи Марказї. Сабаби асосии ѓалабаи арабхо дар Хуросону Мовароуннањр парокандагии сиёсии ин сарзамин гардид. Сарлашкарони араб вазъияти ноиттифоќонаи байни њокимони мулк-давлатњои Хуросону Мовароуннањро моњирона ба манфиати истилогаронаи худ истифода бурда тавонистанд. Ё худ арабњо ба воситаи нерўи аскарии њокимони мањаллї дигар мулк-давлатњои Мовароуннањрро забт мекарданд. Масалан, њангоми забти Бухоро нерўи аскарии Чаѓон-худот ва хокими Балх, њини мухосираи Самарќанд, ќувваи аскарии њокимони Бухоро, Хоразм ва Чаѓониён сафарбар карда шуданд. Њамзамон арабњо аз як тараф аз низоъњои байнињамдигарии њокимони мулк-давлатњо ва ихтилофу нифоќи онњо бо туркони бодиянишин истифода бурда тавонистанд. Ба ѓайр аз ин дар Мовароуннањр ва Хуросон системаи ягонаи динї вучуд надошт, ки ин албатта, ба парокандагии сиёсии ин сарзамин мусоидат кард. Дар натича Хуросону Мовароуннањр аз тарафи арабњо комилан забт гардида, чузъи Хилофати Араб гардид. Арабњо барои идора кардани ин сарзаминњо воњиди њудудию маъмурии Хуросонро бо марказаш Марв созмон доданд, ки роњбари онро халифаи бо фармони худ таъин ва аз кор озод мекард. Раванди пањншавии дини ислом ва мусулмоншавии ањолии эронинажоди Хуросону Мовароуннахр кариб дусад сол давом кард. Умуман, пањншавии дини ислом ва ба хайати Хилофати Араб њамрох шудани Хуросону Мовароуннањр дар мархилањои аввал, натиљањои манфї дошта бошад њам, вале аз нуќтаи назари пешомади таърихї ба суръат ёфтани раванди инкишофи муносибатњои феодалї, њамгироии халќиятњои эронии Хуросону Мовароуннањр, суст гардидани унсурњои парокандагии сиёсї ба пайдоиши давлатхои марказиятнок мусоидат намуд. Дар ин замина баъдтар дар Эрон, Хуросон ва Мовароуннахр давлатхои мањаллии Тоњириён, Саффориён, Сомониён ва Бувайњиён ба вуљуд омаданд; илова ба ин њарчанд љараёни футуњоти арабњо дар аввал ба иќтисодиёт, сохторњои иљтимоии љомеа ва фарњанги мардуми мањаллї зарари бенињоят калон расонида бошад њам, баъдњо ба равнаќи васеи равобити байни халќњои гуногун боис гардид, ки тавассути он синтези бузурги фарњангии Осиёи Миёна ва тамоми Шарки Наздику Миёнаи асрњои IX-XI ба вуќўъ пайвастааст. Ислом дар миёни мардумони Хуросону Мовароуннањр яку якбора љорї нагардида, марњилаи тўлониеро фаро мегирад ва барои љалби ислом арабњо аз усулу равишњои мухталиф истифода мекарданд. Аз љумла фотењи Мовароуннањр Ќутайба оташкадаи зардуштиёнро, ки дар маркази шањри Бухуоро ќомат афрохта буд, ба масљиди љомеаи мусулмонї табдил дода, осори дар Дарвозаи нави Бухоро њаќќокї шударо, ки мазмуну мундариљаи динї дошта, бо хату забони суѓдї таълиф шуда буд, комилан нобуд мекунад. Ў инчунин ба ањолии мањаллие, ки ба масљид рафта, таълимоти диниро адо мекарданд, ду дирњамї њадя дода, ба ин васила онњоро ба дини ислом мегаравонад. Ин тарзи пањн намудани ислом, ки ба њама ду дирњамї ато карда мешуд, байни бенавоёну камбаѓалон њавасмандони зиёдеро ба вуљуд овард. Ќуръонро ањолии Бухоро дар ибтидо ба забони форсии тољикї мехонданд ва њангоми хондани намоз низ як нафар њамаи амалиёти намозро бо забони мањаллї тарљума мекард. Дар ќатори шахсиятњои бузурги љањони ислом, ки барои ривољи ин дин кўшидаанд, ному ёдгори чењраи дурахшони Абўњанифа – Нўъмон ибни Собит (699-767), ки бо лаќаби Имоми Аъзам машњур аст, низ бузург мебошад. Ин фарзанди тољик, зодаву парвардаи Хуросон буда, дар љавонї ба тањсили илм мепардозад ва солњо барои фаро гирифтани илму дониш сафар менамояд. Абўњанифа дар замони нињоят душвори хилофат, гузаштани ќудрат аз Уммавиён ба Аббосиён зиндагї карда, бештари умри худро дар Кўфаи Ироќ сипарї кардааст. Зиндагонї дар ин шањр дар ташаккули љањонбнии ў сањми муњим бозидааст. Ў аз мањзари донишмандони зиёде илм омўхтааст, вале Њаммод ибни Абусулаймонро устоди аслии хеш мењисобид. Абўњанифа худ низ шогирдони зиёдро парвариш карда, назарияи фиќњии хешро ба миён мегузорад ва пайравони вайро асњоби раъй меномиданд. Машњуртарин асари мансуб ба Абуњанифа «Фиќњи акбар» мебошад, ки дар он ў љањонбинии исломиро ба як тартиби муайян баён медорад. Абуњанифа мухолифони хилофати уммавиро љонибдорї кунад њам, пас аз ќудратёбии Аббосиён низ бо онњо њамкорї карданро раво надид. Ўро Аббосиён ба зиндон мањкум карданд ва њамон љо ў љон дод. Абуњанифа дар ќатори Ќуръон, суннат, ќиёс, иљмоъ ва истињсон урфи мардумиро, ки бо асосњои ислом мухолиф набошад, дар ќатори далелњои шаръї љой дод. Мактаби фиќњии ин мутакаллими забардаст пас аз вафоташ хеле густариш ёфт. Мусулмонони Осиёи Миёна, Афѓонистон, нимљазираи Њиндустон, Туркия, Ироќ ва баъзе кишварњои араб имрўз худро пайравони мактаби ин фаќењи забардаст мењисобанд. Соли 2009 дар Тољикистон 1310 солагии ин шахсияти барљастаи љањони ислом бо шукўњ таљлил гардид. БОБИ VI. Давлати Сомониён. Анљоми ташаккули халќи тољик ва давлатдории он. |