Главная страница
Навигация по странице:

  • Шоњаншоњии Сосониён дар замони Шопури I ва Шопури II.

  • Шоњаншоњии Сосониён дар замони Хусрави (I) Анўшервон

  • Сохтори идории шоњаншоњии Сосониён

  • Иќтисоди шоњаншоњии Сосониён

  • Фарњанг ва маънавиёти љомеа.

  • Фарњангистони Гунди Шопур

  • Борбади Марвазї (585–630)

  • Салтанати Кидориён ва Хиёниён.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница6 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57

    ФАСЛИ III. ХАЛЌИ ТОЉИК ДАР ДАВРАИ ЉАМЪИЯТИ ФЕОДАЛЇ



    БОБИ IV. Аљдодони тољикон дар давраи бавуљудоии муносибатњои феодалї.

    §1. Ташаккулёбии муносибатњои феодалї дар Осиёи Миёна




    Дар асрњои IY-YIII муносибатњои феодалї дар Варазрўд, яъне Осиёи Миёнаи имрўза тадриљан ташаккул ёфтанд. Минбаъд заминдорони калон (феадалњо) ва дењќонон синфњои асосии љамъият ба њисоб мерафтанд. Дењќонон акнун аз ѓуломони собиќ фарќи куллї доштанд. Онњо акнун соњиби парчаи замин ба њисоб мерафтанд. Таърихи иљтимоию сиёсии ин давраи Осиёи Миёна аз таърихи Эрони Сосонї фарќ мекунад. Агар дар Эрон феодализм дар шароити марказиятноку нерўманд шудани шоњаншоњии Сосониён ва тавсеа ёфтани иттињоди сиёсию миллии халќияти эронї ташаккул ёфта бошад, дар Варазрўд ин раванд дар њолати парокандагии сиёсї, тез-тез иваз шудани салтанатњои њукмрон, бархўрду омезиш ёфтани халќияти муќимї бо ќавмњои кўчї ва дар фазои чандандешии динї љараён гирифтааст. Табиист, ки ин њолат ба нињодњои сиёсию иљтимої ва фарњангии љомеа таъсир расонида, боиси зуд-зуд таѓйир ёфтани авзои њарбию сиёсї гардида, дар дарку фањмиши равандњои таърихи номуназзамињои зиёдеро ба вуљуд овард. Таърихи иљтимоию сиёсии ин давраро мураттабу комилан сањењ баён кардан мушкил аст. Зеро дар шарњу баёни рўйдоду падидањои таърихї аз тафсири матни манбаъњои хаттї ва пажўњишгоњи бунёдии илмї, фарзияву тахминњои муњаќќиќон зиёд аст.
    Тадриљан ташаккул ёфтани муносибатњои феодалї, суст гардидани иќтидори њарбию сиёсии давлати Њайтолиён ва Њоќонии Ѓарбии Турк боиси аз њам дур шудан ва ба парокандагии сиёсї гирифтор шудани Варазрўд гардид. Дар натиља дар асрњои V-VIII дар ин љо таќрибан 15 мулкият – давлатњои хурди феодалї ба вуљуд омаданд, ки аксари онњо дар гирду атрофи шањру навоњии калон зуњур карда буданд. Дар мулк – давлатњои нисбатан калони ин давра намояндагони хонадонњои њукуматгари мањаллї ба тарзи суннатї бо унвони махсус њукмронї мекарданд. Масалан, дар Суѓду Фарѓона-ихшид, Тахористон-ябѓу, Хоразм-хоразмшоњ, Чочу Илок-будун ва дењќон Устурушана-афшин, Чаѓониён-чаѓонхудот, Хуросон-марзбон ва ѓайра.

    Њарчанд ин давлатњои хурди феодалї аз лињози сиёсї аввал ба Њайтолиён ва баъд ба Њоќонии Ѓарбии Турк тобеъ доштанд њам, вале њам эфталитњо ва њам туркњо аксаран ба корњои идорию молиявии онњо дахолат намекарданд. Зеро ин мулк-давлатњо ба њокимияти марказї бољу хирољ ва дар њолатњои зарурї аскари љангї супорида, аз љињоби иќтисодї то дараљае истиќлолияти худро њифз мекарданд.
    §2. Шоњаншоњии Сосониён (224-651)
    Ташкилёбии шоњаншоњии Сосониён. Ардашери Бобакон. Сосониён охирин сулолаи эронии тоисломї буда, аз соли 224 то 651-уми мелодї, яъне 427 сол дар Шарќи Наздику Миёна њукмронї кардаанд. Онњо аз њавзаи таърихии Форс бархоста, худро вориси бевоситаи сулолаи Њахоманишињо муаррифї намуда, ба ин васила пайванди ногусастании Эрони ќадимро бо Эрони ибтидои асримиёнагї ба вуљуд оварданд. Дар замони Сосониён вањдати сиёсии Эрон таъмин гардида, якчанд равандњои љолибе зуњур карданд, ки онњо таърихи ин давраро хеле пурљило менамоянд.

    Номи сулола ва давлати Сосониён аз исми ниёии хонадон Сосон, ки мубади оташкада (маъбад)-и Анањито (Ноњид) дар Истахр мањсуб мешуд, бармеояд. Ба давлат набераи ў Ардашери (I) Бобакон, асос гузошт. Ў аз нуфузи рўзафзуни рўњониёни зардуштї, муќовимати хонадонњои њукуматгари мањаллї, ашрофону заминдорони Форс, инчунин аз сустшавии иќтидори њокимияти марказї истифода карда, артиши шоњи Ашкониён Артабони V-ро соли 224 шикаст дода, худи Артабони V-ро кушт. Бо марги ў шоњаншоњии Ашкониён аз байн рафт ва дар харобањои он шањаншоњии Сосониён ташкил ёфт. Ардашери I бо духтари Артабони V издивољ намуда, аз лињози њуќуќї њокимияти хешро ќонунї гардонида, бањори соли 227 дар маъбади Анањито (Ноњид) дар Истахр маросими тољгузорї доир кард ва худро «шоњаншоњи Эрон» эълон намуд. Њамзамон ба маќсади ташкили давлат ва нуфузи ќудрат дар њудуди шоњаншоњии Њахоманишињо љањду xадал намуда, ќисмати шимолии Байнаннањрайн, Каппадокия, Сурия, Арманистон, Сакистон ва ќисман Хуросонро тасхир карда, то соли 241 саросари сарзамини Эронро ба њайати шоњаншоњии навташкили Сосониён дохил намуд.

    Шоњаншоњии Сосониён дар замони Шопури I ва Шопури II. Шопури I (241-272) бо Кушониён љангида њудуди шоњаншоњии Сосониёнро васеъ намуд. Махсусан, чангњои Шопури I бо римињо љолиб аст, зеро сиёсати забткоронаи ў дар Ѓарб боиси љангњои дуру дароз бо империяи Рим гардид. Соли 260 дар яке аз љангњо дар назди Эдесса император Валериан (253-260) бо ањли оилааш, якчанд нафар сенатору донишмандон ва 70 њазор нафар аскарони римї ба асорат афтиданд, инчунин ислоњоти мубад Картирро бо маќсади тањияву талќини дини расмии зардуштї љонибдорї карда, дар сарзаминњои тасарруфшуда онро маљбуран љорї кард. Шопури I дар маросими тољгузорї худро «шоњаншоњи Эрон ва ан-Эрон», яъне «шоњаншоњи Эрон ва ѓайри Эрон» эълон кард, подшоњони пасини Сосонї њам то ба охир њамин унвонро ќабул намуданд.

    Шоњаншоњ Шопури II (309-379) дар натиљаи љангњои тўлонї солњои 40-60-уми асри IV њокимони музофотњои марказгурезро зери итоат дароварда, аввал ба арабњои Бањрайн зарба зада, амнияти марзњои љанубии давлатро таъмин намуд; дуюм, ба Хуросон њамла карда, њуљуми ќавми Хиёниёнро боз пас гардонида, бо онњо иттифоќи њарбї баст; сеюм, дар љангњо бо империяи Рим ѓолиб омада, дар асоси шартномаи соли 363 бисёр вилоятњои аздастрафтаи Байнаннањрайн, аз 3/4 ќисми Арманистон ва минтаќањои назди Кавказро ба Эрон шомил карда, њудуди пештараи шоњаншоњии Сосониёнро барќарор кард. Дар ин љанг, яъне соли 363, дар яке аз муњорибањо императори Рим - Юлиан (361 - 363) аз тарафи нерўи ќўшунњои Сосониён кушта мешавад. Њамзамон Шопури II охири солњои 60 - аввали 70-ум муљаддадан ба Шарќ лашкар кашида, то ба Тирмиз њама сарзаминњоро тасхир карда, давлати Кушониёнро пурра барњам дод.Соли 387 байни Рим ва Эрон муоњидаи нав баста мешавад, ки дар натиља Арманистони Ѓарбї ва Гурљистони Ѓарбї (Лазика) бо империяи Рим, ќисми зиёди Арманистон (Персармения), Гурљистони Шарќї (Картли) ва Албания ба ихтиёри Сосониён гузашт.

    Баъди Шопури II шоњаншоњии Сосониёнро якчанд подшоњони сустирода идора карданд, Яздигурди I (389-421) дар эътимод ба нуфузи насрониён то дараљае иќтидори њокимияти марказиро устувор карда, нисбати империяи Рум (Византия) сиёсати мусолиматомезро пеш гирифта, таъсири ашрофону рўњониёни зардуштиро то андозае суст намуд, вале тартиботи берањмонаи Сосониён дар минтаќањои назди Кавказ боиси эътирози сахти халќњои зердаст гардид.

    Дар асри V тамоми нерўи аскарии Сосониён ба ду самт: ба шимолу ѓарб ва шарќ равона карда шуд. Сосониён дар шимол барои баргардонидани таљовузи ќабилањои бадавї, дар ѓарб барои пахш кардани ќиёмњои озодихоњонаи арманњо ва дар шарќ бошад, аввал бо Хиёниён ва баъд бо Њайтолиён мубориза бурданд. Муборизањо бо Њайтолиён, ки таќрибан як аср давом кард бо шикасти Сосониён ва ба марги шоњаншоњ Пирўз (459-484) анљом ёфт. Тамоми музофотњои ќисмати шарќи Марв ба ихтиёри Њайтолиён гузашт, инчунин Сосониён ўњдадор шуданд, ки ба Њайтолиён њар сол андози калоне дињанд ва ин тартибот то солњои 50-уми асри VI давом кард.

    Шоњаншоњии Сосониён дар замони Хусрави (I) Анўшервон (531-579) ба ављи иќтидори худ расид. Хусрави I љангњои пай дар паи маќсаднок карда, њатто мулки Яманро дар нимљазираи Арабистон тасхир намуд, бо туркњо иттифоќи њарбию сиёсї баста, солњои 563-567 давлати Њайтолиёнро шикаст дода, ќисматњои љанубии Варазрўд, яъне Осиёи Миёнаи имрўза, аз љумла њудуди имрўзаи љануби Тољикистон, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистонро ба њайати шоњаншоњии Сосониён хамроњ кард. Ў як силсила ислоњот гузаронида, сохтори њудудию идорї, низоми њарбї, системаи молиявї ва андоз, инчунин вазъи динии љомеаи Сосониро ба тартиб оварда, маќоми њокимияти марказиро нињоят баланд бардошт.

    Вале сиёсати пешгирифтаи Њурмузди IV (579-590), ки аз таъќиби сахти ашрофони олї, рўњониёни зардуштї ва ба фоидаи аскарони оддї мусодира кардани молу мулки онњо иборат буд, љараёни ба њаёт татбиќшавии ислоњоти Хусрави I ва мўътадилшавии вазъи сиёсию иљтимоии љомеаи Сосониро халалдор сохт. Солњои 589-590 баъд аз љанги Эрон бо туркон, ки бо ѓалабаи нерўи аскарии Сосониён анљом ёфт, дар Хуросон исёни ќудратталабонаи сипањсолор Бањроми Чўбина сар зад, аъёну ашроф ва рўњониён аз мављи шўриш ба њарос афтида, Њурмузди IV–ро сарнагун сохта, Хусрави (II) Парвиз (591-628)-ро ба тахт нишонданд. Бањроми Чўбина њам ба пойтахти шоњаншоњї – Тайсафун (Мадоин) лашкар кашида, њокимиятро ѓасб намуда, як сол (590-591) њукмронї кард. Шоњаншоњии Сосониён то соли 622 дар сиёсати хориљии худ, ки сиёсати забткорона њам буд, муваффаќиятњои беназир ба даст овард. Махсусан љангњои Сосониён бо империяи Рум (Византия) дар солњои 604-622 муваффаќона гузашта, музаффарияти њарбию сиёсии Эронро таъмин намуд, вале солњои 622-628 бошад, дар муњорибањои љангї румињо пурра дастболо гардиданд. Дар яке аз љангњо шоњаншоњ Хусрави II шикаст хўрда, ногањон аз майдони муњориба фирор кард. Љанг ба фоидаи румињо анљом ёфта, аксари музофотњои љанубу ѓарбии Эрон ба империяи Рум (Византия) гузашт. Дар натиља, Хусрави II аз тахт сарнагун карда шуда, Эронро бўњрони амиќи њокимият фаро гирифт. Солњои 628-632, яъне дар муддати чор сол, бештар аз 11 нафар подшоњ ба тахти шоњаншоњии Сосониён нишаст. Ахиран Яздигурди III (632-651) кўшиш намуд, ки нуфузи ќуввањои марказгурезро суст карда, Эронро аз хавфи парокандагї рањо намояд, вале љангњои дуру дароз ба румињо ва иттифоќчиёни онњо, туркњо ва хазарњо, инчунин бархўрдњо бо арабњои бадавї, муќовимати табаќавию сулолавї барои соњиб шудан ба њокимият, зулму ситами иљтимоию динї иќтидори мудофиавию сиёсї ва иќтисодии Эронро суст гардонида, шоњаншоњии Сосониёнро ба њолати нестшавї оварда расониданд. Аз ин сабаб, эрониён њамлањои муташаккилонаи арабњоро боздошта натавонистанд ва дар натиља шоњаншоњии Сосониён аз байн рафт.

    Сохтори идории шоњаншоњии Сосониён ба зиндагии муназзами табаќавии эрониён иртибот дошт. Эрониён аз замонњои ќадим ба се табаќаи суннатии иљтимої: рўњониён, сипоњиён ва кишоварзон таќсим мешуданд. Дар замони Сосониён бо назардошти рушди иќтисод, ин табаќабандї вусъат ёфта, ба он боз табаќаи иљтимоии «дабирон» илова гардид, ки он котибону ходимони дарбор, ашрофону мансабдорони давлатї, табибону олимон ва ромишгаронро дар бар мегирифт.

    Њар яке аз ин табаќањо дар навбати худ ба зертабаќа ва гурўњњои иљтимої људо гардида, сарвари доимии хешро њам дошт. Сарварии ташкилоти марказї, яъне маќомоти олии иљроияи шоњаншоњиро вузург - фрамодор, яъне сарвазир ба ўњда дошт. Ў баъд аз шоњаншоњ симои дуюми давлатї мањсуб шуда, амалан зимоми ќудратро дар даст дошт. Вузург-фрамодор дар набудани шоњаншоњ иљрокунандаи вазифаи ў буд. Дар давлати Сосониён низоми навшаклгирифтаи девонсолорї амал мекард. Пас аз вузург-фрамодор дар сохтори њокимият шахси сеюм сарвари рўњониён, яъне мубадон мубад буд. Њалли масъалањои мушкилоти динї, идораи мазњабї, љараёнњои сиёсию динї, вазъи оташкадањо, маърифатнокии мардум, вазъи додгустарї, љорї намудани адолат дар кишвар бар ўњдаи ў буд. Теъдоди сершумори рўњониён ба умури рўзгордории мардум дахолат намуда, зиндагии њамарўзаи онњоро назорат мекарданд.

    Иќтисоди шоњаншоњии Сосониён бештар ба кишоварзї ва бозаргонї асос ёфта буд. Дар ин давра, ки худ ба айёми ташаккули муносибатњои феодалї рост меояд, халќњои эронї дар њаёти иќтисодию иљтимої ва фарњангї муваффаќиятњои беназире ба даст оварданд.

    Аз миёнањои асри III сар карда, дар Эроншањр раванди таќсимшавии фонди замин вусъат ёфт. Заминњои подшоњ, хонадони шоњаншоњї, ки баъдтар ќисмати азими давлатро фаро гирифт, аз њисоби забт намудани амволу заминњои намояндагони сулолаи Ашкониён ва дигар хонадонњои њукуматгари эронї, ки бо Сосониён дар мухолифат буданд,хеле афзуд.

    Дар ихтиёри љамоањо як ќисми замин, чорво моликияти умумї бошад њам, замин асосан ба хонаводањои алоњида, ки мустаќилона хољагидорї мекарданд, тааллуќ дошт. Дар асрњои VI-VII табаќаи нави заминдорон - дењќонони озод пайдо шуданд, ки аъзоёни оддии љамоаро истисмор мекарданд. Љараёни озодшавии ѓуломон, барзгарони озодгаштаи аъзоёни љамоа шаклгирии заминдорони хурду миёна ављ гирифт. Барзгарон баробари андози сершумор ва андоз аз замин ўњдадорињои зиёдеро иљро мекарданд.

    Тангањои Сосонї аз тиллову нуќра ва мису биринљї сикка зада шуда, хариду фурўши мањсулот, умуман муомилот бештар ба сиккањои нуќрагин сурат мегирифт. Воњиди асосии пулии шоњаншоњї дирњам ном дошт. Як дирњам ба 3, 36 ё 4 грамм нуќра баробар буд. Тангањои мисину биринљї њам бештар гардиш мекарданд, вале онњо вазни муайян надоштанд. Дар ин давра рушди тиљорат, барот, яъне векселњоро ба миён оварда, фаъолияти бонкдориро дар Эрони Сосонї ташаккул доданд.

    Тиљорати дохилї дар тамоми шањру вилоят, минтаќа ва рустоњои шоњаншоњї, тиљорати хориљї бошад, дар масири шоњроњи умумии «Роњи бузурги абрешим», ки кишварњои Шарќро бо Ѓарб мепайваст, сурат мегирифт. Худи Эроншањр њам васлгару њамгункунандаи тамаддуни Шарќ бо Ѓарб буд.

    Тиљорати байналмилалї њамоно ањамияти калон дошта, аксаран таввасути «Роњи бузурги абрешим» сурат мегирифт. Дар рушди тиљорат мавќеи љуѓрофии Эрони Сосонї наќши азим дошт. Аксари љангњои Сосониён бо давлатњои Кушону Њайтолиён ва Њоќонии ѓарбии турк барои вусъат бахшидани нуфуз ва комилан соњиб шудан ба «Роњи бузурги абрешим» буд. Равобити тиљоратї тавассути «Роњи шоњаншоњї», ки аз соњилњои љанубу шарќии Бањри Миёназамину Бањри Сурх аз сарзаминњои Финикия, Либия, шањри Вустати Миср, Байтулмуќаддас, Сурия ва Тасвини Бобулистон то њавзаи Нисибин мерасид, сурат мегирифт. Аз Нисибин як роњи калон кад-ќади соњили рости рeди Даљла то Ктесифон, аз он љо ба сўи Њамадон, Рай, Нишопур, Марв, Омул, Бухоро, Самарќанд, Уструшана, Чоч, Тироз, Балосаѓун, Суйёб ва бо соњили љанубии Иссиќкўл ба Чин пайваст мешуд. Дар фосилаи роњњои транзитї аз як тараф, шањру рустоњои саноатї, аз тарафи дигар, бозорњои зиёде пайдо шуданд, ки колоњову маснуоти бисёре аз кишварњои гуногун ба њамин бозорњо интиќол мегардид

    Шањрсозї. Тавриљи тадриљии муносибатњои феодалї ба ташаккулли маданияти шањрсозї ва шањрдорї дар Эроншањр заминаи мусоид фароњам овард. Шањрњои замони Сосониён аксаран дар хавзањои истилошуда ва дар масири шоњроњи магистралии «Роњи бузурги абрешим» бино шуда, маъмулан маркази маъмурї, макони њунармандию тиљорат ва табодули фарњангї мањсуб меёфтанд.

    Бузургтарин шањрњое, ки Сосониён таъмиру эњё ва бунёд намудаанд, Ктесифон, яъне маљмўи Бењ-Ардашер, Ардашер-Хурра, Бишопур, Апаршањр, Доробгирд, Антокия, Истахр, Пирўзгирд, Ром-Ардашер, Њурмуздгирд, Марв мебошад. Шумораи ин шањрњо зиёда аз 250 адад аст, ки онњо бешак аз маданияти баланди шањрсозї ва шањрдории Сосониён шањодат медињад.

    Тамаддуни Сосонї. Чунон ки зикр ёфт, љомеаи Сосонї як навъ омезиши ду љамъияти пешина- Ашконї ва Њахоманишї буд. Системаи давлатдорї, ќудрати бузурги шоњаншоњ, наќши дин, мураккабии дастгоњи давлатї ва вобастагї ба анъанањои дерини мардумї, замони шоњони Њахоманиширо нисбат ба зимомдорони њукумати Ашконї бештар ба ёд меовард. Дар дин ва фарњанги давраи Ашконї таъсири зиёди давраи эллинї мушоњида мешуд. Истењсолоти хољагии ќишлоќ, ба вуљуд омадани мубодилаи васеи кишоварзон, шањрсозї ва ѓайра, ки дар давраи Ашкониён оѓоз шуда буд, дар давраи Сосониён ба ављи камолот расид. Яктопарастї дар саросари сарзамини Варазрўду Хуросон ва Эрон интишор ёфт.

    Дар натиљаи таъсири мутаќобила ва мубодилаи фарњангии халќњо, афкору аќидањои зиёди адабию ахлоќї ва фалсафї пайдо шуданд. Дар ин ваќт зардуштия бо динњои яњудї, буддої, масењї бархўрд намуда, аз як тараф, рукнњои асосии илоњиёти худро такмил дод в-аз тарафи дигар, шароити худро ба тартибу низоми нави љамъиятї мутобиќ намуд.

    Дар фосилаи чор асри салтанати Сосониён китоби муќаддаси зардуштиён - "Авесто" чанд маротиба тањриру тадвин шудааст. Бо дархости шоњаншоњ Хусрави I Анўшервон барои мустањкам намудани дини давлатї як ќатор чорабинињои амалї андешида шуд. Бо амри ў мураттаб кардани китоби муќаддаси зардуштї оѓоз ёфта, њар нуктае, ки барои ѓояи вањдатовари динии замони Сосонї мувофиќат намекард, ихтисор карда шуд ва ба љои он масъалањои тозаи марбут ба ањкому ахлоќи динї њамроњ гардиданд. Њамин масъаларо дар назар дошта, таърихнависи асримиёнагї- Масъудї насињати Ардашери Бобаконро ба писараш Шопур чунин овардааст: "Бидон, ки дину имон ва подшоњї њарду бародаранд ва бидуни якдигар вуљуд дошта наметавонанд. Дин асосии давлат аст ва давлат онро њимоя мекунад". "Авесто"-и давраи Сосонї аз 348 фасл ва 21 наск, яъне китоб иборат буд.

    Монї ва ойини ў. Дар замони Сосониён паёмбар Монї зуњур карду дини монавияро ба вуљуд овард. Шопури I ба мисли Ардашери I дар танзими сохтори њудудию идорї, мураттаб намудани идораи ќўшун ва баланд бардоштани нуфузи сиёсии њокимияти марказии Сосониён ба рўњониёни зардуштї эътимод намуда, кўшиш кард, ки дар сиёсати динї њам баъзе таѓйирот дарорад. Ба ин маќсад ў аввал фаъолияти паёмбар Мониро дар тарѓиби дини нави монавия дар Эрон дастгирї намуд, вале баъдтар онро манъ кард

    Монавия, чун таълимоти динї, ки дар худ унсурњои зардуштия ва масењиятро пайваст мекард, аслан дар замони салтанати Шопури I (241-272) дар Эроншањр пайдо шуд. Пайравони монавия батезї дар Варазрўду Хуросон, умуман Шарќи Наздик пайдо шуда, ба афкори иљтимоию динї ва фарњангии мардум таъсир расонданд. Аз рўи таълимоти Монї, дар олам аз азал ду ќувваи ба њам зид – нуру зулмот, хайру шар вуљуд дорад. Дар олами нур- худою фариштањо, дар олами зулмот- деву иблисњо њукмронї мекунанд. Рўњ- самараи нур, мабдаи некї, љисм (модда) – самараи зулмот, мабдаи бадї аст, аз ин рў, рўњ асири љисм мебошад. Монї зуњду таќво ва беникоњиро тарѓиб намуда, фиреб, дуздї, сарватмандї ва моликияти хусусиро мањкум мекард. Таълимоти Монї як навъ эътирози иљтимої буд, вале Монї оммаи халќро на ба муборизаи фаъол, балки ба гўшанишинї даъват мекард.

    Монї, бино ба ривоятњо, соли 216 таваллуд шуда, соли 277 дар асари азобу шиканљањо бо фармони шоњаншоњ Бањроми II (276-293) кушта шуд, вале оини монавия дар инкишофи љомеаи суннатї, муносибатњои анъанавї ва афкори иљтимоию адабии Эроншањр таъсири калон гузошт.

    Яке аз рўњониёне, ки барои маќоми давлатї гирифтани дини зардуштї дар замони Сосониён нињоят наќши муњим дорад, Картир аст. Ў зиёда аз 40 сол вазифаи олии диниро дар давраи шаш подшоњи Сосонї - Ардашери I, Шопури I, Њурмузи I (272-273), Бањроми I (273-276), Бањроми II (276-293) ва Нарсї (293-302) ба ўњда дошт. Сабаби асосии соњиби обрўву эътибор шудани Картир пирўзии ў дар мубориза ба муќобили Монї ва пайравони ў, инчунин бартараф намудани нуфузи рўзафзуни буддоия дар ќисми шарќї ва масењият дар ќисми ѓарбии Эроншањр буд. Картир монавияро нисбат ба зардуштия як равияи бидъатомез эълон карда, бо дигар љараёнњои ихтилофомез муборизаи беамон бурд ва дар ин соња ба пирўзї ноил шуд.

    Маздакия - бузургтарин нењзати иљтимоии замони Сосониён аст, ки хусусияти возењи динї дошт. Нењзати Маздак охири асри V сар зада, то соли 529 давом кард. Дар аввал Маздакия њамчун фирќаи монавия пайдо шуда, ѓояњои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Мисли зардуштия ва монавия таълимоти маздакия њам робитаи азалии ду мабдаи ќадим,- хайру шарро ба асос мегирифт. Мувофиќи таълимоти иљтимоии Маздак њама одамон баробар офарида шудаанд, аз ин сабаб таќсими нобаробари давлату сарват, инчунин бисёрзании табаќањои ашроф ва безании табаќањои поёнии љомеа беадолатии мањз аст. Сабаби мухолифат: кину адоват, нобаробарии одамон дар љамъият мебошад. Бинобар ин бояд нобаробарї ва кину адоват аз байн бардошта,баробари иљтимої барќарор гардад. Барои ба амал баровардани он дар љамъият тамоми сарватњои моддї бояд љамъиятї бошад, то ин ки њама аъзоёни љамъият имконияти истифодаи баробари онњоро пайдо кунанд. Мувофиќи таълимоти Маздак, сарватмандон зўран, хилофи адолат сарвати оламро аз худ кардаанд, дар сурате ки бенавоён низ баробари онњо ба сарвати моддї њуќуќ доранд. Бањри тантанаи баробарї ва адолати иљтимої моликияти сарватмандонро торољ ва байни омма аз рўи адлу инсоф таќсим кардан зарур аст. Моликият њам бояд мисли обу оташ ва чарогоњњо дастраси умум бошад.

    Дар аввал бо назардошти вазъи вазнини моливию хољагї шоњаншоњ Ќубод низ исёнгаронро љонибдорї карда, ба таъсири Маздак афтид. Аз ин ањли дарбору мансабдорони давлатї, рўњониёни воломаќоми зардуштї ба изтироб омада, Ќубод (496)-ро аз тахт сарнагун карда, бародараш Љамосп (496-498)-ро ба тахти шоњаншоњї нишонданд, вале њаракат ќатъ нагардида, баръакс дар тамоми Эроншањр реша давонд. Ќубод бо ёрии нерўи аскарии Њайтолиён муљаддадан ба тахти шоњаншоњї нишаст, вале ин навбат байни маздакиён ва ў мухолифати назарї ба амал омад, бо розигии ў ва бо пофишории рўњониёни зардуштї дар фосилаи солњои 528-529 шоњзода Хусрави Анушервон пайравони Маздакро гурўњ-гурўњ ба муколама бархонда, ба ќатл расонид. Ѓояњои Маздак ба афкори иљтимоию сиёсии Эроншањр таъсири калон расонд,зеро он ба таври воќеї хусусияти прогрессивї дошт. Нењзат раванди ба табаќањо људошавии ањолиро тезонида, ба суръати инкишофи муносибатњои феодалї вусъат бахшид.

    Њамин тавр, Эрони Сосонї дар эљоди дини расмии давлатї ба бархўрдњои шадиди иљтимоию мазњабї рў ба рў гардида, зина ба зина њам иттињоди сиёсї ва њам вањдати диниро ба даст овард.

    Фарњанг ва маънавиёти љомеа. Замони Сосониён давраи шукуфої ва симои хосаи миллї пайдо кардани фарњанги Варазруду Хуросон аст. Тадриљан тарвиљ ёфтани њаёти иљтимоию сиёсї, дигаргун шудани афкору љањоншиносии мардум, инкишофи дин ва нењзатњои динї, муколамаю мубодилаи байнињамдигарии халќњо дар дохили шоњаншоњї ва ќад-ќади «Роњи бузурги абрешим», инчунин бархўрди њасанаи тамаддуни Риму Њинд, Варазрўд ва Эрон боиси рушди фарњанг ва маънавиёти љомеаи Сосонї гардиданд ва њама љабњањои фарњанг: маорифу маърифат, илму адабиёт, санъати меъморию мусаввирї, кандакорию ороишї, шарњрсозї ва мусиќї вусъат ёфта, рўњияи созанда касб карданд.

    Як ќатор шањрњои замони Сосониён – Антокия, Бењ - Ардашер, Рухо, Нисибин, Њаррон, Эдесса, Ањвоз, Марв, Истахр ва албатта, тахтгоњи шоњаншоњї - Ктесифон марказњои бузурги илму фарњанг мањсуб мешуданд. Шоњаншоњони Сосонї аз кишварњои тасхиршуда њунармандону табибон ва донишмандони маъруфро њамроњ гирифта оварда, дар ин шањрњо фавќузикр љой медоданд. Донишмандони румиву юнонї, суриёниву њиндї, дар муњиту њавзањои илмию фарњангии Эроншањр нуфузи беандоза бузург доштанд. Дар шањри Ањвоз бо фармони Шопури II аввалин мактаби олї-Фарњангистони Гунди Шопур кушода шуда буд, ки он баъдтар ба Донишгоњи бузурги тиббї табдил ёфт. Дар он донишмандону табибон ва дорусозони эронї бо њамкории пайваста бо олимони суриёнї, румиву юнонї ва њиндї корњои таълимию илмї ва пизишкї мебурданд. Њатто баъзе ќисмњои «Авесто», ки аз тиббу табобат бањс мекард, бо дастурњои мундариљаи пизишкї доштаи Буќрот њамгун карда шуд. Вазири Сосониён Бузургмењр аз забони њиндї китоби «Калила ва Димна»-ро ба пањлавї баргардон намуд. Дар асрњои V-VI донишњои тиббї, љуѓрофї, риёзї ва ахтаршиносии эрониён хеле тарвиљ ёфт.

    Ду зинаи мактаб-дабистон, яъне мактаби ибтидої, таълимгоњи оташкадањо ва дабиристон, яъне мактаби олї амал мекарданд, ки намунаи бењтарини мактаби олї њамоно фарњангистони Гунди Шопур буд. Дар дабистонњо наврасон аз 7 то 15-солагї тањсил карда, аз русумоти њарбї: аспсаворї, камонкашї, тирандозї, шамшерзанї, аз фанњои амалї: љуѓрофия, риёзиёт, навиштану хондан, русумоти давлатдорї, љањонгардиву бозургонї ва аз дарси одобу ибодати динї таълим мегирифтанд.

    Дар рушди маънавиёти љомеа одату љашнњои суннатї: Сада, Наврўз ва Мењргон, ки мувофиќи таќвими эронї баргузор мешуданд, наќши муассир доштанд. Љашнњои мазкур рўзгори њамешагї, фалсафаи њаёт, афкору љањонбинї, љањоншиносї ва хислатњои равонии љомеаи сосониро таљассум карда, њар яке дар мавсимњои дигаргуншавии табиат, ки бо зиндагии созандаи кишоварзон иртибот дорад, љашн гирифта мешуд. Наврўз- рўзи нав, яъне фарорасии соли нав, ки дар рўзи якуми моњи фарвардин, (мутобиќ ба 21-22-уми март); Мењргон- мавсими љамъоварии њосил, ки дар рўзњои 16-21-уми Мењрмоњ, (мутобиќ ба рўзњои 23-уми сентябр – 25-уми октябр) ва нињоят, Сада мавсими омодагї ба кишту кор, ки дар рўзи дањуми Бањманмоњ, (мутобиќ ба 30-31-уми январ) доир шуда, бо хусусиятњои аз њамфарќкунанда, бо суруру нишот ва шодмонї љашн гирифта мешуд.

    Дар зиндагии њамарўзаи ќавмњои эронї, мусиќї маќоми махсус дошт. Дар љашну маросимњо тўю сўгворињо ромишгарону оњангсозон ва њофизон сурудњо мехонданд. Асосгузори мактаби мусиќии форсу тољик – Борбади Марвазї (585–630), ки соли 1989 ањли Тољикистон 1400-солагии зодрўзашро љашн гирифтанд, дар дарбори Хусрави Парвиз зиндагию эљод кардааст. Борбад ба њар рўзи моњ як маќоме меофарид, аз ин рў ба ў офаридани 365 лањн, яъне оњанг - таронаро нисбат медињанд. Мактаби мусиќии Сосонї ба ѓайр аз Борбад боз номњои мутрибону ќавволони дигар: Бомшод, Гесўи Навогар, Накисои Чангї, Саркаб, Саркаш, Ромтин ва Фитна, њамзамон асбоби олотњои мусиќї – тор, уд, чанг, арѓун, карнай, даф, бук, ќўшнай, най, ѓижжак, камонча, танбўр, дутор, доира, наќора, таблак ва ѓайраро медонад.

    Салтанати Кидориён ва Хиёниён. Таърихи охири асри III-IV-и Варазрўду Хуросон, аз як тараф, ба бархўрдњои Сосониёну Кушониён ва аз тарафи дигар ба пайдоишу истиќрор ва завол ёфтани салтанати Кидориёну Хиёниён вобастагї дорад. Аз маълумоти парокандаи сарчашмањои таърихї бармеояд, ки сулолањои Кидориёну Хиёниён ба ќавмњои кўчии эронї мансуб буда, ба якдигар њамгуну њамнажоданд ва дар фосилаи охири асрњои III-IV дар харобањои давлати Кушон њукмронї кардаанд. Хронологияи воќеияти сиёсї, сарњад ва њудуди љуѓрофии ќаламрави салтанати Кидориёну Хиёиён чандон муайян нест. Маълум аст, ки дар даврањои афзудани нуфузи њарбию сиёсии Сосониён дар Хуросону Варазрўд, яъне дар охири асри Ш дар харобањои императории Кушон, дар шимолу љануби Њиндукуш Кидориён пайдо шуда, бо сарварии пешвояшон Кидоро ва пайравонаш Пиру ва Варахрон ќисман дар Хуросон, аз љумла музофотњои Бохтар (Балх)-у пањнои Њиндукўш то рўди Љайњун, салтанат рондаанд. Кидориёнро дар таърих Кушониёни кўчак њам меноманд. Салтанати онњо дар нимаи дуюми асри IV аввали ќарни V истиќрор меёбад. Сосониён маљбур мешаванд, ки барои пурра соњиб шудан ба Хуросону Варазрўд бо Кидорињо чандин бор љанг кунанд. Солњои 412-437, 456, 464 байни Кидориён ва Эрон љангњои тўлонї рўй дода, Сосониён нуфузи њарбию сиёсї ва идории хешро дар Кобулу Зобулистон Бохтару Сакистон ќисман аз даст дода, ба онњо сулњ мебандад. Мувофиќи муоњидаи ба тасвиб расида, тарафайн ўњдадор мешаванд, ки дар сурати ба сарзамини яке аз онњо пайдо шудани тањдиди бегона, якљоя амалиёти озодибахши љангї мебаранд. Дар асоси ин моњида Кидорињо Сосониёнро чандин бор дар љангњои зидди императории Рим ёрї додаанд. Вале Сосониён баъд аз музафариятњо аз болои римиён, дар замони Шопури П (309-379) муљаддан ба Шарќ то ба Тирмиз њамла оварда, нахуст императории Кушонро комилан барњам медињанд, дуюм ба мавќеи Кидориёну Хиёнињо зарбаи сахт мезананд. Раванди ба Њид њиљрату њамла овардани Кидоиён аз соли 324 оѓоз шуда, то соли 477 давом мекунад. Дар ин фосила Кидориён ќисматњои шимолу ѓарбии Њиндро тасхир карда, соли 477 аз Гандхара ба Чин њайати сафорат мефиристонанд.

    Хиёниён асосан бошандагони воњањои Сайњунруд ва соњилњои Бањри Арал буда, дар миёнањои асри Ш-IV дар ќисматњои шимолии рўди Љайњун ба якин дар канорањои њавзањои Амударё то Сирдарё зиёда аз 120 сол салтанат рондаанд. Ба акидаи таърихнависи арман Фаветос Бузанд солњои 356-358, 369-370, 374-377 њини футуњоти шарќї шоњаншоњ Шопури П ду маротиба ба сари «Кушониён, ки тахтгоњи эшон шањри Балх буд», лашкар кашид ва њар ду навбат»… нерўи аскарии Кушониён лашкари форсњоро нагунсар ва аксарияти љанговарони онњоро аз дами теѓ гузаронидаанд». Инчунин таърихнависи суриёни Амиан Мартеелин хабар медињад, ки Шопури П зимистони соли 357-358-ро дар мубориза ба муќобили «Хиёнињои размхоњ», ки аз «халќњои дурдаст» буданд, гузаронид. Аз ин бармеояд, ки њам Хиёнињо ва њам Кидориён барои њукумати Сосониёг салтанатњои хатаровар буданд. Муњаќќиќон Хиёниёну Њайтолиёнро ирќан њамчун њамзабону њамдин ва то андозае ба њам махлут шуморида, равандњои иљтимоию сиёсї ва этникии ин давраро ба салтанати якљояи «Хиёниёну Њайтолиён» нисбат медињанд.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта