Главная страница
Навигация по странице:

  • §4. Аз Элам то Бохтари ќадим Элам.

  • §6. Империяи Њахоманишиён (550 – 331п.м.)

  • Куруш ва Томирис.

  • Њуљуми Камбуљия (Камбиз) ба Миср.

  • Баромади Дорои I бар зидди Гаумата.

  • Ислоњотњои Дорои I .

  • Сабабњои таназзули империяи Њахоманишиён.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница4 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57
    §3. Пайдоиши дини зардуштї ва Авесто
    Макон ва замони пайдоиши дини зардуштї. Асосгузори дини зардуштї пайѓамбар Зардушт писари Гистасп буд. Ба андешаи аксарияти донишмандон ин дин дар байни асрњои X – VII п.м. дар Бохтар (Балхи асримиёнагї) пайдо шуда буд. Аз рўи ривоятњо Зардушт баъди аз худои олї Ањура Маздо паём гирифтан ба назди шоњи Бохтар Виштасп омада, ўро ба дини нав даъват мекунад. Виштасп дини Зардуштро пазируфта мардумро ба он даъват мекунад. Баъзе олимон Хоразмро ватани Виштасп мешуморанд.

    Пеш аз паёми Зардушт дар байни ориёињо бисёрхудої њукмфармо буд. Бештари ин худоњо таљассуми неруњои гуногуни табиат – об, оташ, бод, офтоб, моњтоб ва ѓайра буданд ва парастиши онњо дар даврањои хеле ќадим пайдо шуда буд. Худоњои ќадимаи ориёиён ба ду гурўњ – ањурої (яъне худоњои некї) ва девї (яъне худоњои бадї) таќсим шуда буданд. Мардум низ ба ду гурўњи ба њам мухолиф људо шуда буданд. Бисёрхудої боиси парокандагии маънавї ва бархўрдњои ѓоявии мардумони ориёї ва садди роњи муттањидшавии онњо гашта буд. Дар Авесто ин чиз хуб инъикос ёфтааст. Зардушт мегўяд: «Кай эй Маздо њамроњи Ростї (яъне дини яккахудої) ва Хшатра (подшоњї) оромии њаётбахшу чарогоњдињанда меояд…. Бигзор бадкирдорон аз кирдорњои неки шоњ ба дод оянд. Бигзор ќавмњои муќимнишин оромона зиндагї кунанд». Барои аз ин варта рањонидани ориёињо Зардушт онњоро ба дини ягонаи яккахудої, ба парастиши Ањура Маздо даъват кард. Виштасп ањмияти дини навро барои муттањид кардани ориёињо ва ташкил кардани давлати калони мутамарказ фањмида, онро ќабул кард ва густариш дод. Бо пазируфтани дини нав эронинажодон ба марњилаи нави таърихї, ба офаридани тамаддун ва давлати ягона ќадам гузоштанд. Дини нав роњи инкишофи минбаъдаи онњоро њамвор сохт. Дар њаёти эронинажодон ин воќеъан падидаи инќилобї буд.

    Авесто. Китоби муќаддаси дини зардуштї Авесто ва худои олии он Ањура Маздо мебошанд. Ба аќидаи аксарияти донишмандон матнњои Авесто аз дањон ба дањон аз насл ба насл мегузаштанд. Ривояте њаст, ки бо фармони шоњи Бохтар Виштасп матнњои Авесторо дар чанд њазор пусти гов бо оби тилло навиштанд ва онњо то давраи Њахоманишиён буданд ва онњоро Искандари Македонї сўзонд. Муњаќќиќон ин ривоятро бофта ва дур аз њаќиќат мешуморанд. Бовуљуди ин будани нусхањои хатии Авесто дар даврањои ќадим, алалхусус дар давраи Њахоманишиён аз имконият дур нест. Аз рўи ахбори китоби зардуштї Динкарт, ки ба забони пањлавї навишта шудааст, бо фармони шоњи Ашкониён (парфиягињо) Валахш (а. I п.м.) матнњои парокандаи Авесторо дар як китоб гирд оварданд. Авестои то ба имрўз омада расида, таќрибан аз се як ќисми Авестои ќадим буда, дар давраи Сосониён, бо алифбои махсуси барои он ихтироъ карда шуда, навишта шудааст. Ин Авесто аз чор ќисм иборат аст: 1) Ясно – дуоњои ба худоњо бахшида шуда ва Готњо, ки ќадимтарин бахши Авесто буда, аз љониби худи Зардушт баён шудаанд; 2) Виспарат – иловањо ба Ясно; 3) Видевдат – ќонуни зиддї девњо. Дар ин бахш ќоидањои иљрои маросимњои динї, тањорату намоз, номгўи гуноњњо, баъзе ќонунњои мулкї ва љиноятї баён шудаанд. Баъзе бандњои Видевдат хеле баъдтар аз давраи Зардушт ба вуљуд омадаанд ва бандњои ќадимаи он таѓйир дода шудаанд; 4) Яштњо – дуоњњои суннатї.

    Мувофиќи Авесто замин куррашакл буда, аз њафт иќлим, яъне карашвар (кишвар) иборат аст. Иќлими марказї Хванираса ном дошт ва нахустватани ориёињо Арянем Вайљањ дар он љойгир буд. Дар Авесто 16 кишвари ориёї, ки Ањура Маздо офарида буд, номбар шудаанд: 1. Арянем Вайљањ, 2. Суѓд, 3. Марв, 4. Бохтар, 5. Нисайа, 6. Харайва (Њирот), 7. Вайкэрэта, 8. Урва, 9. Хнанта (Гургон), 10. Њарахвати (Арахосия), 11. Њайтумант (Њилманд), 12. Рага (Рай), 13. Чахра, 14. Варан, 15. Њапта Њенду, 16. Рўди Рангња.

    Аксарияти кишварњои дар Авесто номбар шуда, дар Осиёи Миёна ва Хуросон љойгиранд, пас шубњае нест, ки ин китоби муќаддас дар њамин минтаќа аз љониби аљдодони тољикон, яъне ориёињо офарида шудааст.

    Аќоиди зардуштї. Асоси таълимоти дини зардуштиро эътиќод ва парастиши худои якка ва ягона, офаридгори одаму олам Ањура Маздо ва худоњои дигар ташкил мекунад. Баъди Ањура Маздо шаш Амеша Спанта (Муќаддасоти абадї) меистанд, ки ёварони Ањура Маздо буда, бо сарварии ў њафт офаридаи нек – одам, чорво, оташ, замин, осмон, об ва растанињоро пуштибони мекунанд. Баъди Амеша Спента яздон (шакли танњояш эзад) меистанд, ки шумораашон хеле зиёд аст – Мињр (Митро), Рашну (додвар), Атар (Оташ), Апо (об), Анањито (серњосилї), Моњ, Вао (бод), Ардохша (фаровонї), Веретрагна (љанговарї), Шањревар (шоњї, сарварї) ва ѓайра.

    Љавњари таълимоти дини зардуштиро дугунавият (дуализм), яъне муборизаи бадї ва некї ташкил мекунад. Дар баробари худоњои некї бо сардории Ањура Маздо худоњои бадї бо сардории Ањриман низ вуљуд доштанд. Њар як пайрави дини зардуштї бояд пайваста ва босуботона бар зидди ќуввањои бадї ва барои дар љањон њукмрон шудани ќуввањои некї мубориза барад. Дар набарди бадї ва некї, ки њазорсолањо идома меёбад, билохира неруњои некї пирўз мешаванд.

    Аввалин мављудоти зиндае, ки Ањура Маздо офарид Говмард (Гайамартан-Каюмарс) буд. Аммо Ањриман њайвоноти зарароварро офарида, обњоро ифлос ва растанињоро зањролуд карда, оќибат Каюмарсро ба њалокат мерасонад. Аз Каюмарс нуфта боќї монд ва аз он як марду як зан – Маши ва Машоя ва аз онњо насли одами пайдо шуд. Аз нуфтаи гов њайвонњо пайдо шуданд.

    Мувофиќи таълимоти Авеста маќсади офариниш ва зиндагии инсон некї кардан ва бар зидди бадї мубориза бурдан аст. Инсони покдин бояд «андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек» дошта, душманї, дурўѓгўї ва бадкирдорї накунад. Инсони Авестаї фаъол буда, барои пирўзии некї пайваста саъю талош мекунад, фаъолона бо зироаткорї ва чорводорї машѓул мешавад. Ростќавлї ва саховатмандї сифатњои бењтарини инсони покдин мебошанд. Ў бояд ба оташ, об ва замин боэњтиром муносибат кунад. Љолиби диќќат аст, ки эњтиром ба оташу об дар байни тољикон то имрўз боќї мондааст.

    Сохти љамъиятие, ки дар Авеста тасвир шудааст, падаршоњї буд. Сардори хонаводаро «нманопати» ва зани калонии ўро «нманопатни» меномиданд. Хонаводањо калон буда аз якчанд оилаи хурд иборат буданд. Дар хонаводањо дар баробари оилањои комилњуќуќ, аъзоёни ѓайрикомилњуќуќ низ буданд. якчанд оилаи падаршоњї «нафа», яъне ќавмро ва якчанд ќавм авлодро ташкил мекарданд. Дар Авеста «дањю» «вилоят» ва «дањюсасти» «иттињоди вилоятњо» ёд шудаанд, ки аввалин шаклњои давлат буданд.
    §4. Аз Элам то Бохтари ќадим
    Элам. Яке аз ќадимтарин давлатњо Элам буд. Он дар љанубу - ѓарби Эрон (Хузистони имрўза) љойгир буд. Дар ин минтаќа њанўз дар аввали њазорсолаи IV п.м. шањраку шањрњо пайдо шуда, иќтисодиёт ва дигар соњањо тараќќї мекунанд. Дар пойтахти он ш. Шуш биноњои боњашамат, истењсоли фулузот, чархи кулолгарї, мўњрњо ва хат пайдо мешаванд. Дар а. XXVII – XXVI п.м. дар Элам аввалин иттињодияи сиёсї, яъне давлат ташкил мешавад. Минбаъд ва то охири њазорсолаи II п.м. Элам дар нашъунамо буд, бо Шумеру Аккад ва Бобул раќобат ва љанг мекард, баъзан минтаќањои њамсарњадро ишѓол менамуд. Дар Элам савдо, заминдорї, чорводорї, њуљљатгузорї, маъмурият инкишоф ёфта буд.

    Митан. Дар асри XVI п.м. дар саргањи дарёњои Даљла ва Фурот давлати Митан ташкил мешавад, ки сулолаи њукмрони он ва ќисми зиёди ањолиаш ориёињо буданд. Дар ин давлат асппарварї хеле тараќќї карда буд, доир ба ин соња рисолањои махсус мављуд буданд. Худоњои ориёї - Индра ва ѓайраро парастиш мекарданд.

    Мана яке аз вилоятњои ќадими ориёињо дар шимолу-шарќи Эрон буд. Шоњони Ассирия дар асри IX п.м. чандин маротиба ба ин вилоят њуљум карда, онро ѓорат мекунанд, аммо ишѓол карда наметавонанд. Мана дар асри VIII п.м. як ќатор вилоятњои њамсояро ишѓол карда, ба подшоњии нисбатан калон табдил меёбад. Дар назди шоњ шўро амал мекард, ки аз хешовандони ў ва ашрофон иборат буд. Дар идораи давлат авлодони шоњ, ашрофон, сарлашкарон, сардорони ќалъањо мавќеъи асосиро ишѓол мекарданд. Соњаи асосии иќтисодиёт зироаткорї ва чорводорї, аз љумла асппарварї буд. Ѓуломон буданд, аммо дар иќтисодиёт мавќеъи асосиро истењсолкунандагони озод ишѓол мекарданд. Маданият ва санъат тараќќї карда буданд, хат ва дабирони касбї вуљуд доштанд.

    Хоразми Бузург. Хоразм њамчун яке аз кишварњои ориёї дар Авесто ёд шудааст. Баъзе муњаќќиќон давлати Каёниёнро дар Хоразм љой медињанд. Мутобиќи ахбори Њеродот водии дарёи Акес (Њерируд ва Тељен) ба хоразмиён тааллуќ дошт. Дар ин асос муњаќќиќони муосир фарзияе пешнињод карданд, ки пеш аз давлати Мод иттињоди «Хоразми Бузург» вуљуд дошт, ки ќисми зиёди Осиёи Миёна, аз љумла Суѓдро низ дар бар мегирифт ва маркази он дар минтаќаи Марв ва Њирот љойгир буд. Аммо ин фарзияро бе чунучаро ќабул кардан мумкин нест, он санад ва тадќиќоти иловагиро талаб мекунад.

    Суѓд њамчун дуюмин кишвари ориёї дар Авесто ёд шудааст. Мувофиќи ахбори «Таърихи Табарї» ва «Форснома» пойтахти шоњи Тўрон Афросиёб ш. Самарќанд буд. Бунёди Бухоро ба домоди Афросиёб, ки писари шоњи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар сарчашмањои хаттї то давраи Њахоманишиён Суѓд ёд нашудааст. Муњаќќиќон фарз мекунанд, ки он ба њайати Подшоњии Бохтар ё иттињоди Хоразми Бузург дохил мешуд.

    Подшоњии Бохтар. Номи Бохтар «бо парчамњои барафрўхта» њамчун яке аз кишварњои ориёї дар Авеста ёд шудааст. Мувофиќи ахбори «Таърихи Табарї» ва «Форснома» пойтахти давлати Кайёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мављудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII п.м. ахбори таърихнависони Юнони ќадим гувоњї медињанд. Аз рўи ин ахбор шоњи Ассирия Нина барои ба Бохтар њуљум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ў медонист, ки ин кишвар дорои шањрњои зиёд, ќалъањои мустањкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоњи Бохтар Оксиарт низ лашкар љамъ карда, ба мудофиа омодагї мебинад. Нина ќалъањои људогонаро ишѓол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танњо баъди омадани њамсари ў Семирамида бо дастањои иловагии љанговарон ба ассириягињо пас аз кўшишњои зиёд муяссар шуд, ки шањрро ишѓол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.

    Дар бораи давлати пуриќтидор будани Бохтар маълумоти дигар низ њастанд. Мувофиќи ахбори Ктесий лашкари сершумор ва пурзўри Бохтар якљоя бо Мод бар зидди Ассирия мељангад. Ктесий бори дигар халќи Бохтарро, ки дар пеши роњи лашкаркашињои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрњои IX – VI п.м. давлати ба дараљаи кофї мустањкам ва инкишофёфта буд.
    §5. Давлати Мод (715-550 п.м.)
    Дар асрњои XV-X п.м. дар шимолу ѓарби Эрон ќабилањои ориёї зиндагї мекарданд. Ба аќидаи аксари олимон онњо ба ин љо аз Осиёи Миёна омада буданд. Дар навиштаљоти ошурї (ассириягї) ва бобулї онњоро мадая меномиданд. Дар асрњои IX-VIII п.м. Ошур панљ маротиба ба сарзамини мадайњо њуљум карда, онро талаву торољ намуд. Мувофиќи ахбори Њеродот яке аз пешвоёни мадайњо Дейок (шакли эрониаш Дањюк) ќабилањои пароканда ва бо њам мухолифро муттањид карда, давлати Модро (Мидия) ташкил мекунад. Пойтахти он ш. Њангматана (Њамадон, шакли юнониаш Экбатана) буд. Ин њодиса таќрибан дар соли 715 п.м. рух додааст. Модњо батадриљ нерўманд шуда, давлати худро васеъ мекунанд. Соли 672 п.м. шоњи Мод Каштарити ба Ошур њуљум карда, ќалъањои Хархор ва Кишесуро муњосира мекунад. Шоњи дигари Мод Фраорт (Фраварташ) дар байни солњои 647-625 п.м. вилояти Форс, Мана ва Урартуро забт мекунад. Шоњи Мод Хувахшатра (Киаксар, соли 625-585) артиши касбии доимамалкунандаро ташкил карда, с. 614 п.м. ба Ошур њуљум мекунад ва с. 612 п.м. пойтахти он ш. Ниневияро ишѓол менамояд. Соли 605 модњо дар якљоягї бо бобулињо охирин ќароргоњи шоњи Ошур ш. Каркамишро дар љануби ин кишвар ишѓол карда, ин давлати як ваќтњо хеле пурзўру тавоноро аз байн бурданд. Баъди ин ба Лидия њуљум мекунанд, аммо љанги панљсолаи онњо соли 584 бо сулњ ва духтари шоњи Лидияро ба зани гирифтани писари шоњи Мод ба анљом мерасад. Соли 570 п.м. мадайњо барои ба бањри Миёназамин ва бањри Сиёњ роњ ёфтан ба Осиёи Хурд њуљум карда, Каппадокияро ишѓол менамоянд.

    Њамин тавр Мод дар ќатори Бобул ва Миср ба яке аз давлатњои тавонои замони худ табдил меёбад. Ба њайати он тамоми Эрон, дар шарќ Порт, Гиркания, Арейя ва Дрангиана, дар ѓарб Мана, Урарту (Арманистон), Каппадокия, шимоли Байнаннањрайн ва як ќисми Шом (Сирия) дохил мешуданд.

    Сардори давлат дар Мод подшоњ буд. Зинаи дуюми њокимиятро вазир ишѓол мекард. Шўрои дарборї ваколати машваратї дошт. Ба гуфти Њеродот шоњ дар асоси ќонун амал мекард ва њукм мебаровард. Лашкар касбї ва доимоамалкунанда буд. Њуљљатњо бо хати мехї ва забонњои ориёї ва аккадї навишта мешуданд.

    Сохти иљтимоии мадайњо табаќавї буд, гарчанде, ки муносибатњои авлодї-ќабилавї эњтимол њанўз пурра аз байн нарафта буданд. Ашрофон, сипоњиён ва рўњониён табаќаи олї ва кишоварзону њунармандон табаќаи миёнаро ташкил мекарданд.

    Шоњ, дарбориён ва мардуми Мод пайрави дини зардуштї буданд. Дар ин бора ёд шудани номи Ањура Маздо дар навиштаљоти ошурї, ахбори Њерадот дар бораи ќабилаи муѓон (рўњониёни зардуштї) дар Мод ва маросими гўркунии форсњо ва мадайњо, ки мисли маросими зардуштиён аст, номњои шахсї, ки дар таркибашон номи худоњои Авестої доранд, шањодат медињанд.

    Муѓон дар љомеъа ва умури идорї нуфузи калон доштанд. Њеродот мегўяд, ки дар дарбори шоњи Мод шўрои муѓон амал карда, муњимтарин масъалањои давлатиро њал мекард.

    Шањру ќалъасозї дар Мод хеле инкишоф ёфта буд. Ба ќавли Њеродот ќалъаи ш. Њангматана њафт девори мудаввари дарун ба дарун дошт. Бостоншиносон боќимондањои чандин шањрњои мадайњоро, ки дорои деворњои мустањками мудофиавї бо бурљњо, толорњои бошукўњи сутундор, биноњои истиќоматї ва дигар сохтмонњо буданд, њаффорї кардаанд. Дар катибањои ошурї аз 1200 ќалъањои мадайњо ёд мешавад. Дар ин катибањо тасвири ќалъањо низ дучор мешавад, ки хеле мустањкам ва дастнорас буданд.

    Охирин шоњи Мод Астиаг (с.585-550) буд. Аз гуфтањои Њеродот бармеояд, ки ў шахси золим буда, њатто ба наздиконаш рањм намекардааст. Дар байни ў ва вазираш Гарпаг, ки хеши наздики ў буд, ихтилоф ба амал меояд ва ў барои танбењ додани вазир писари ўро ба ќатл мерасонад. Дарбориёни аз сиёсати Астиаг норозї буда, дар атрофи раќиби бонуфузи ў Гарпаг муттањид мешаванд ва барои аз тахт сарнагун кардани ў фурсат мепоянд. Аз ин шоњи Форс Куруш истифода бурда соли 550 Модро ишѓол менамояд ва ба мављудияти ин давлат хотима мебахшад.

    Ташкил шудани давлати Мод дар таърихи халќњои ориёї марњилаи муњим буд. Эронињо дар Шарќи Наздик ва Миёна ба ќувваи пешбари сиёсї табдил ёфтанд. Бори нахуст эрониёни ѓарбї (мадайњо ва форсњо ва ѓайра) бо ќисми калони эрониёни шарќї (портњо, гирконињо, арейягињо ва ѓайра) дар њайати як давлат муттањид шуда, барои инкишофи тамаддуни ягонаи умумиэронї ва ташкил шудани империяи пуриќтидори Њахоманишиён заминаи боэътимод муњайё сохтанд.
    §6. Империяи Њахоманишиён (550 – 331п.м.)
    Дар солњои 550 пурзўршавии вилояти Форс ба амал меояд ва шоњи он Куруш лашкари бузурге љамъ карда, аз итоат ба шоњи Мод Астиаг сар мепечад. Астиаг бар зидди Куруш бо сардории Гарпаг лашкар мефиристад. Аммо Гарпаг аз фурсат истифода бурда, барои интиќоми писарашро аз Астиаг гирифтан, бо ќисми зиёди лашкар ба тарафи Куруш мегузарад. Боќимондаи лашкари Мод ба шикаст дучор мешавад. Астиаг дуюмбора лашкар љамъ карда, худаш бар зидди Куруш ба љанг меравад, аммо ин дафъа низ шикаст мехўрад ва ба асирї меафтад. Куруш пойтахти Мод ш. Њангматанаро ишѓол карда, худро шоњи Форс ва Мод эълон мекунад. Мувофиќи баъзе ахбор Куруш набераи Астиаг буд.

    Њамин тавр, давлати Њахоманишиён соли 550 п.м. ташкил шуд. Асосгузори он шоњи Форс Куруши II (550-530 п.м.) мебошад. Номи сулола аз номи саравлоди он Њахоман, ки дар солњои 700- 675 п.м. шоњи Форс буд, гирифта шудааст. Пас аз шоњи Мод ва Форс эълон шудани Куруш кишварњое, ки тобеъи Мод буданд, ба итоати ў медароянд. Аммо Арманистон ва Каппадокия аз итоат кардан ба ў сарпечї мекунанд ва ў маљбур мешавад бо зўри силоњ онњоро аз нав ба худ тобеъ намояд. Лидия, ки яке аз давлатњои бонфузи он замон буд, аз пурзўршавии форсњо ба њарос афтода, соли 547 ба Каппадокия, ки тобеъи форсњо буд њуљум карда, онро ишѓол менамояд. Куруш бар зидди шоњи Лидия Крез баромада, дар ду муњориба ўро шикаст дод ва Лидияро ба итоати худ даровард. Соли 538 Куруш Бобулро низ забт кард.

    Таърихнигорони Юнони ќадим дар бораи чї тавр Осиёи Миёнаро ишѓол кардани Куруш маълумоти кам додаанд. Ба ќавли онњо Куруш баъди ишѓол кардани Бобул ба Осиёи Миёна лашкар мекашад ва халќњои онро пай дар пай ба итоати худ медарорад. Ктесий мегўяд, ки Куруш бо бохтарињо љангид, аммо пирўз нашуд. Бохтарињо танњо баъди фањмидани он, ки шоњи Мод Астиаг Курушро вориси ќонунии худ эълон кардааст, муќобилиятро бас карда, ба итоати ў даромаданд. Баъди ин Куруш Суѓдро ишѓол карда, бо сакоињои он тарафи Сирдарё љангид ва онњоро маѓлуб ва мутеъи худ гардонд. Куруш њудуди Истаравшанро забт карда, дар он љо шањри Киропол (Курушкада), ки таърихнависони юнонии замони Искандари Македонї ёдовар шудаанд, месозад. Мавзеъи имрўзаи Куркат, эњтимол шакли кутоњшудаи Курушкадаи ќадим бошад.

    Куруш ва Томирис. Охирин љанги Куруш дар Осиёи Миёна бо массагетњо буд. Таърихнависони Юнони ќадим дар бораи он маълумоти муфассал додаанд. Куруш бо лашкараш аз дарёи Аракс гузашта, ба сарзамини массагетњо дохил мешавад. Массагетњо бо сардории шоњбонуи худ Томирис ба дарунтари даштњо ќафо мераванд. Куруш барои ба љанг кашидани онњо макру њиларо ба кор мебарад. Ў дар лашкаргоњ љанговарони камшуморро бо шароби зиёд гузошта, ќафонишиниро вонамуд мекунад. Массагетњо аз ин огоњ шуда, ба лашкаргоњи форсњо њуљум мекунанд ва онњоро ба осони шикаст медињанд. Массагетњо ба муносибати ѓалаба базм ороста, шароби дар он љо бударо нўшида, маст мешаванд. Куруш бо лашкари асосиаш шабохун зада, массагетњоро тору мор мекунад. Дар ин љанг писари Томирис ба њалокат мерасад. Томирис аз ин њодиса огоњ шуда, ќасам ёд мекунад, ки ќасоси хуни писарашро аз Куруш хоњад гирифт. Массагетњо низ макру њиларо ба кор бурда, камин мегиранд ва лашкари форсро ба дом афтонда, несту нобуд мекунанд. Дар ин муњориба Куруши Кабир ба њалокат мерасад. Ин задухўрд дар резишгоњи Сирдарё соли 530 п.м. рух дода буд.

    Њуљуми Камбуљия (Камбиз) ба Миср. Њалокати Куруш вориси тахт Камбуљияро (530-522 п.м.) маљбур месозад, ки њуљумро ба Миср ба таъхир гузошта, бар зидди массагетњо чорањои фаврї андешад. Дар навиштаљоти Дорои I дар Бењистун дар ќатори халќњои ба Њахоманишиён тобеъ сакоињо низ номбар шудаанд. Аз ин бармеояд, ки ба Камбуљия муяссар шудааст, то массагетњоро, ки яке аз ќабилањои сакої буданд, ба итоати худ дарорад.

    Дар соли 526 п.м. Камбуљия Миср ва Њабашистонро забт менамояд. Ў чор сол дар Миср монд. Аз ин истифода бурда, моњи марти соли 522 п.м. мўъбад Гаумата худро бародари Камбуљия Бардия эълон карда, шўриш мебардорад ва њокимиятро ба даст мегирад. Дар асл Камбуљия пинњонї бародарашро кушта буд, аммо аз ин њодиса касе огоњ набуд. Камбуљия аз шўриши Бардия огоњ шуда, ба сўи Эрон рањсипор мешавад, аммо дар роњ ногањон бо сабаби номаълум вафот мекунад. Бардияи дурўѓин аз ин огоњ шуда, худро шоњ эълон мекунад. Барои дастгири пайдо кардан, ў ањолиро аз хирољи се сола ва аз хизмати њатмии њарбї озод менамояд.

    Баромади Дорои I бар зидди Гаумата. Як гурўњ аъёну ашрофи баландмаќоми форс бо сардории Дорои I (522-486 п.м.) бар зидди Гаумата баромада, ўро ба ќатл мерасонанд. Дорои I, ки аз хонаводаи Њахоманишиён буд, ба тахт менишинад. Ин ва дигар њодисањои дар солњои аввали њукмронии ў рух дода, дар навиштаљоти кўњи Бењистун аз забони худи ў наќл шудаанд. Дар навиштаљот аз љумла омадааст: «…Ваќте ки ман дар Бобул будам, вилоятњои Форс, Элам, Мод, Ошур, Миср, Порт, Марѓиён (Марв), Саттагидия ва саккоињо аз итоат баромаданд. Бо мадади Ањура Маздо дар давоми як сол ман корњои зеринро иљро кардам. Баъди шоњ шуданам ман 19 бор задухўрд кардам. Бо мадади Ањура Маздо душманонро шикаст дода, 9 шоњро ба асири гирифтам…». Љолиби диќќат аст, ки ин 9 шоњи асир ва Дорои I дар пањлуи навиштаљот тасвир шудаанд.

    Ислоњотњои Дорои I. Ваќте, ки Дорои I ба тахт нишаст, як ќатор кишварњо шўриш бардошта аз итоати ў баромаданд ва ў љангњои зиёд карда, бо мушкилот ин шўришњоро пахш кард. Ин њодисањо то андозае сустии сохти сиёсї-маъмурии империяро нишон доданд ва Дороро водор сохтанд, ки ислоњоти зерини маъмурї – молиявро гузаронад: 1) Империя ба њавзањои маъмурї-хирољпардозї, ки сатрапия ( шакли эронии ќадимаш хшатрап) ном доштанд, таќсим карда шуд. Њокимони ин воњидњоро сатрап (хшатрапаван - нигоњбони мамлакат) меномиданд; 2) Дар сатрапњо њокимияти мулкї ва низомї аз њам људо карда шуданд. Сатрап бо масъалањои идораи мулкї машѓул буд. Масъалањои њарбиро сарлашкари сатрапия, ки бевосита ба шоњ итоат мекард, њал менамуд. Ба вазифаи сатрап форсњоро таъин мекарданд. Баъди Доро ин таќсимоти њокимият дар сатрапияњо на њама ваќт риоя карда мешуд; 3) Дабирхонаи шоњї ташкил карда шуд, ки тамоми њуљљатгузории давлатиро иљро мекард. 4) Идораи маъмурї- назоратї ва хадамоти махфї ташкил карда шуд, ки аз болои сатрапњо назорат мебурд; 5) Идораи ахбору номафиристї ташкил карда шуд; 6) Сохтори артиш мукаммал карда шуд; 7) Забони оромї ба сифати воситаи асосии њуљљатгузории давлатї муќаррар гардид; 8) Барои њар сатрапия маблаѓи хирољ бо нуќра муайян карда шуд; 9) Низоми ягонаи пулї бо истифодаи дарикњои тиллої ва сиклњои нуќрагин љорї карда шуд.

    Дар давраи Дорои I империяи Њахоманишиён дар се ќитъаи љањон густариш меёбад. Ба њайати он ќисми калони ќитъаи Осиё - Эрон, Осиёи Миёна то сарњади Хитой ва Њинд, Бобул, Ошур, Финикия, Фаластин, Осиёи Хурд, як ќисми Кавказ, дар Африќо Миср, Либия ва шимоли Њабашистон, дар Аврупо Фракия ва Македония дохил мешуданд.

    Љанги Форсу Юнон. Дорои I соли 490 бо 600 киштї ба восита бањри Эгей ба Юнон њуљум кард, аммо дар муњорибаи назди шањри Марафон шикаст хўрд ва ба Эрон баргашт. Писари Дорои I Хшоёршоњ соли 480 бо 1 миллиону 700 њазор љанговарони пиёдагард, 80 њазор љанговарони савора ва 1207 киштї, ба воситаи соњили шимоли бањри Эгей, ба Юнон њуљум карда Афинаро ишѓол кард. Аммо тўфон ќисми калони киштињои форсњоро нобуд сохта, сабаби дар ду муњорибаи бањрї шикаст хўрдани онњо гардид. Ќатъият зоњир накардани Хшоёршоњ, бартарии юнонињо дар бањр ва баъзе сабабњои дигар боиси он шуданд, ки дар ду муњорибаи охир эрониён шикаст хўрда, ба ватан баргаштанд.

    Сохтори сиёсї. Дар империяи Њахоманишиён њокимият мутлаќо мутамарказонида шуда буд. Њукми охиринро дар њалли масъалањои муњими давлатї (эълони љанг, таъини вориси тахт ва ѓайра) шоњ мебаровард ва њукми ў ќонун ва таѓйирнопазир буд. Шўрои дарборї, ки аз 9 нафар ашрофи баландмаќоми форс иборат буд, танњо њуќуќи машваратї дошт.

    Идораи маъмурї аз се девон иборат буд: девони молия (хазинаи подшоњї), девони додбарї (суд) ва девони артиш. Сардорони девонњоро шоњ аз миёни ашрофон таъин мекард. Артиш касбї ва доимамалкнанда буда, асоси онро дастаи шоњї иборат аз саворагони ашрофзода ва 10 њазор пиёдагард ташкил мекард. Дар ваќти љанг ихтиёриён ва дастањои сипоњиёни вилоятњо ба он зам мешуданд. Ба лашкар ва љузву томњои он форсњо сарварї мекарданд. Империя ба њафт минтаќаи њарбї таќсим шуда буд, ки сарлашкарони онњоро шоњ таъин мекард ва онњо танњо ба ў итоат мекарданд.

    Дар масъалањои њарбї сатрап ба сарлашкари минтаќавї итоат мекард. Шоњ њар сол як бор тайёрии лашкарро месанљид.

    Сатрапияњо. Империяи Њахоманишиён ба 20 воњиди маъмурї-хирољпардозї, яъне сатрапия таќсим шуда буд. Сардорони онњоро сатрап меномиданд, онњоро шоњ таъин мекард ва онњо бевосита ба шоњ итоат мекарданд. Корњои дохилиро сатрап мустаќилона њал мекард. Осиёи Миёна ба чор сатрапия таќсим шуда буд: Бохтар (12-ум), Суѓд, Хоразм ва Порт (16-ум), сакоињо (15-ум) ва саккоињои соњили бањри Каспї (11-ум). Маркази сиёсии ќисмати шарќии империяи Њахоманишиён Бохтар буд, дар ин љо шоњзодагонро њоким таъин мекарданд.

    Тиљорат инкишоф ёфта буд. Шоњроњи тиљорат тамоми минтаќањои империяро бо њам пайваст мекард. Он аз соњили ѓарбии Осиёи Хурд сар шуда, дар самти ѓарб то Юнон ва дигар кишварњои Аврупо ва дар самти шарќ то Бобул, аз он љо ба воситаи шимоли Эрон то Бохтару Суѓд ва аз он љо то Хитойу Њинд мерафт. Шоњроњ ањмияти сиёсї, њарбї ва тиљоратї дошт. Дар байни фосилањои муайяни роњ посбонгоњњо ва корвонсаройњо сохта шуда буданд.

    Муомилоти пулї низ инкишоф ёфта буд. Сиккањои тиллої (дарик) ва нуќрагин (сикл) ба миќдори зиёд бароварда шуданд ва дар сартосари империя, аз љумла дар Осиёи Миёна роиљ буданд. Дар рўи ин сиккањо шањаншоњи Њахоманишї бо тољ ва тиру камон тасвир шуда буд.

    Дар ин давра дар Осиёи Миёна вазъияти сиёсї мўътадил буда, зироаткорї, чорводории муќимї, сохтмони иншоотњои обёрї, њунармандї ва тиљорат хеле инкишоф ёфта буданд. Бештари истењсолкунандагон кишоварзон ва њунармандони озод буданд, њиссаи ѓуломон дар истењсолоти љамъиятї хеле ночиз буд.

    Шањрњо дар њаёти сиёсї ва иљтимої-иќтисодии империяи Њахоманишиён мавќеъи муњимро ишѓол мекарданд. Онњо марказњои сиёсї-маъмурї ва њунармандї-тиљоратї буданд. Пойтахти империя ш. Персепол (Порс) буд. Харобањои он 50 км дуртар аз ш. Шероз воќеъ гардида, бо номи Тахти Љамшед маъруфанд. Ин шањр 135000 метри мурабаъ масоњат дошта, дар болои тањкурсии сангини баландиаш 13 м сохта шудааст. Баландии девори мудофиавии он 11,5 - 15 м ва ѓафсиаш 4,5-5,5 м мебошад. Шањр аз ќасрњои боњашамати Дорои I, Хшоёршоњ, хазина, толори бонувон, биноњои истиќоматї ва сохтмонњои дигар иборат буд. Ќасри Хшоёршоњ 72 сутуни сангї дошт, ки баландии онњо 10 м буд. Деворњо бо мусавварањои боњашамат оро дода шуда, сарсутунњо дар шакли сари гов сохта шуда буданд. Персепол бо тамоми симои худ бузурги ва њашамати империяи Њахоманишиёнро таљассум мекард. Харобањои он бо сутунињои сангини осмонбус имрўз њам бинандаро ба њайрат мегузоранд.

    Пойтахти тиљоратї-иќтисодии империяи Њахоманишиён ш. Шуш буд. Шањрњои Бобул, Њангматана, Рага (Рай) дар ѓарб ва Бохтар, Самарќанд ва Марв дар шарќи империя ба ќатори шањрњои калон ва инкишофёфта дохил мешуданд. Дар њудуди Тољикистон шањрњои Кўлоб, Киропол ва Хуљанд буданд.

    Санъати тасвирї ва заргарї инкишоф ёфта буд. Бењтарин намунањои он дар 180 ашёњои (пайкаракњо, дастмонањо, мўњрњо) тиллої ва нуќрагї ва 700 сиккаи тиллої ва нуќрагии Ганљинаи Амударё, ки дар ноњияи Ќубодиёни Тољикистон ёфт шудааст, баръало таљассум ёфтаанд. Њахоманишиён аз дастовардњои Ошур, Бобул ва дигар њамсояњои худ эљодкорона истфода бурда, тамаддуни хосеро офариданд, ки назир надошт ва барои бисёр давлатњои минбаъд ба вуљуд омада, намуна ва манбаи пайравї буд.

    Забони давлатї порсї буд. Дар њуљљатнигорї забони оромиро васеъ истифода мебурданд. Сангнавиштањо бо хати мехї ва забони порсї иљро шудаанд ва дар пањлуяшон тарљумаи онњо бо забонњои эламї ва бобулї љой дода шудааст.

    Дини давлатї зардуштї буд. Шоњон ва мардуми эронї Ањура Маздоро парастиш мекарданд. Дорои I дар навиштаљоти Бењистун мегўяд, ки бо мадади Ањура Маздо бар душманони худ пирўз шудам. Хшоёршоњ (Ксеркс) барои мустањкам кардани ин дин «Ќонуни зидди девон»-ро мебарорад ва бисёрхудоиро ќатъиян мањкум ва манъ мекунад.

    Сабабњои таназзули империяи Њахоманишиён. Дар миёнањои а. IV п.м. империяи Њахоманишиён рў ба таназзул нињода буд. Њокимияти марказї суст шуда, шањаншоњон ба бозичаи дасти дарбориёни бонуфўз табдил ёфта буданд. Хољасаройи бонуфуз Багой бо ихтиёри худ шоњонро паи њам иваз мекард. Соли 333 п.м. ў Дорои III-ро ба тахт мешинонад. Ин шоњ пешдастї карда Багойро зањр дода мекушад ва аз ў халос мешавад. Бо вуљуди ин Дорои III натавонист империяро аз њолати инќирози сиёсї бароварда, артишро мустањкам кунад. Лашкари форсњо сершумор ва хуб мусаллањ буд, аммо муташаккилона ва бо истифодаи усулњои самараноки њарбї амал намекард. Зиёда аз ин Дорои III љасорат ва истеъдоди кофии сарлашкарї надошт. Бинобар ин ва дигар сабабњо Дорои III натавонист лашкарро барои баргардондани њуљуми юнониён бо сардории Искандари Македонї хуб тайёр кунад.

    Давлати Њахоманишиён аввалин ва бузургтарин империяи дунёи ќадим буд ва онро мардумони эронинажод сохта буданд. Он 220 сол, аз соли 550 то 330 п.м., то истилои Искандари Македонї вуљуд дошт. Дастовардњои онро давлатњои минбаъда васеъ истифода бурдаанд.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта