Главная страница
Навигация по странице:

  • ФАСЛИ II . АЉДОДОНИ ТОЉИКОН ДАР ДАВРАИ ЃУЛОМДОРЇ БОБИ III . Пайдоиши љамъияти синфї ва аввалин давлатдории ориёї §1. Пайдоиши синфњо

  • §2. Ќадимтарин давлатњои ориёињо

  • Давлати Пешдодиён.

  • Давлати Каёниён.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница3 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57
    §4.Таърихи пайдоиш ва муњољирати ориёињо
    Ориёињо аљдоди ќадими тољикон, эрониён, курдњо, осетинњо, паштуњо ва баъзе халќњои дигари эронизабон мебошанд. Мутобиќи маълумоти даќиќи сарчашмањои хаттї дар асрњои IX – VIII п.м. ориёињо таќрибан дар нисфи ќитъаи Осиё аз сарњади Байнаннањрайн то шимоли Њиндустон ва аз Аврупои Шарќї – Љанубї то Олтойу Сибири Ѓарбї зиндагї мекарданд. Ба ќатори халќњои ориёии ин давра бохтарињо, суѓдњо, хоразмињо, портњо, модњо, форсњо, халќњои сањронишин сакоињо - скифњо, сарматњо, массагетњо ва халќњои дигар дохил мешуданд. Аммо таърихи ќадимтари ориёињо, алалхусус дар асри биринљ дар њазорсолаи II п.м. ва пештар аз он, бинобар набудани маълумоти хаттї чандон равшан нест. Яъне даќиќ маълум нест, ки дар минтаќањои номбаршуда ориёињо аз кай боз истиќомат доштанд. Дар бораи ин давра танњо бостоншиносї маълумот медињад, аммо дар асоси он муайян кардани мансубияти этникї кори душвор ва бештар ќиёсї аст.

    Барои таърихи ќадимтарини ориёињо сарчашмаи хеле муњим китобњои муќаддаси дини зардуштї Авесто ва дини њиндуї Ведњо мебошанд. Ин китобњо барои он муњиманд, ки офарандагони онњо худро ориёї номидаанд ва ин ќадимтарин маълумоти хаттї дар бораи ин халќ мебошад. Яъне агар мо кай ва дар кадом кишвар таълиф шудани ин китобњоро муайян кунем, пас даќиќ гуфта метавонем, ки дар он љо дар замони офаридани ин китобњо ориёињо зиндагї мекарданд. Аммо санаи таълифи ин китобњо даќиќ маълум нест ва дар ин бора аќидањои гуногун вуљуд доранд. Ба аќидаи аксари олимон Ригведа, яке аз ќадимтарин китоби Ведњо на дертар аз а. XII – X п.м. дар шимоли Њиндустон таълиф шудааст. Аќидањое низ њастанд, ки Ригведаро ба даврањои ќадимтар, њатто ба њазорсолаи III п.м. нисбат медињанд. Аксари муњаќќиќон Авесторо ба нимаи аввали њазорсолаи якум ё саршавии он, яъне ба а. X – IX п.м. нисбат медињанд. Аммо маълумоте низ њастанд, ки дар бораи дар а. XIII п.м. таълиф шудани Авесто гувоњї медињанд. Тамоми кишварњои дар Авесто номбар шуда ва кишварњои ориёї номида шуда дар њудуди Осиёи Миёна ва Эрони Шарќї љойгиранд. Дар ин асос њамаи олимон мўътаќиданд, ки Авесто дар Осиёи Миёна таълиф шудааст. Мо бо боварии том гуфта метавонем, ки на дертар аз а. X – IX п.м. ањолии Осиёи Миёна ва Эрони Шарќиро яќинан ориёињои авестої ва на дертар аз а. XII – X п.м. ањолии Њиндустонро ориёињои ведої ташкил мекарданд. Санадњое низ њастанд, ки дар бораи аз ин њам барваќттар дар Осиёи Миёна њузур доштани ориёињо шањодат медињанд. Бостоншинос В.М. Массон маданияти кишоварзии њазорсолањои V – III п.м. љануби Туркманистонро ба ориёињо нисбат медињад. Аќидае низ њаст, ки дар њазорсолањои III – II п.м. њам зироаткорон ва њам чорводорони Осиёи Миёна ориёињо буданд. В.И. Сарианиди маданияти бохтарї-марѓинонии њазорсолаи II п. м., ки маъбадњои мўњташами оташ ва нишонањои парастиши хаома дорад, ба ориёињо нисбат медињад. Њамаи ин фикрњои мухталиф далели хос ва њаќи мављудият доранд.

    Офарандагони Ведњо ва Авесто худро як хел «аря», яъне «ориёї» номидаанд. Онњо аз лињози забон, аќоиди динї, асотир, урфу одат, сохти иљтимоию сиёсї низ бо њам хеле наздик буданд. Дар ин асос олимон ба хулосае омадаанд, ки дар ќадим аљдоди ориёињои авестої ва ведої љамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халќ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагї мекарданд. Таќрибан дар а. XX- XV п.м. онњо ба ду шоха таќсим шуданд, ки яке аз онњо ба Њиндустон кўчида дар онљо Ведњоро таълиф карданд. Гурўњи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарќї зиндагї мекарданд ва Авесторо офариданд. Ин љо саволе ба миён меояд, ки ин ду халќи ориёї пеш аз људо шуданашон дар кадом минтаќа зиндагонї мекарданд, кай ва бо кадом роњ ориёињои ведої ба Њиндустон ва авестої ба Осиёи Миёна ва Эрони Шарќї омада буданд. Дар ин бора фикрњои гуногун вуљуд доранд. Аммо аксари олимон бар он аќидаанд, ки то аз њам људо шудан ориёињои авестої ва ведої дар Осиёи Миёна ва минтаќањои њамљавори он зиндагї мекарданд. Баъди ин дар а. XX- XV п.м. як гурўњи онњо ба Њиндустон ва Шимоли Байнаннањрайн ва ќисми дигарашон, аљдодони модњо ва форсњо ба Эрони Ѓарбї муњољират карданд ва ќисми зиёдашон дар макони пешинаи худ, яъне дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарќї монданд.

    Е.Е.Кузмина ва баъзе бостоншиносони дигар ориёињоро бо ќабилањои чорводору сањронишини андроновї, ки дар љануби Урал ва Сибири Ѓарбї зиндагї мекарданд ва дар а. XII-XI п.м. ба Осиёи Миёна омада буданд, як медонанд. Гўё ањолии мањаллї забони ин ќабилањоро ќабул карда, ориёї шуданд. Аммо ќисме аз ориёшиносон ин аќидаро ќабул надоранд ва тавре, ки мо дар боло ёдовар шудем, њузури ориёињоро дар Осиёи Миёна ва шимолу – шарќи Эрон ба даврањои хеле ќадимтар, ба њазорсолањои V-III п.м. нисбат медињанд. Ба аќидаи онњо ориёињои сањронишини андроновї дар Осиёи Миёна бо њамќавмон ва њамзабонони кишоварз ва чорводори худ, ки хеле пештар аз онњо ба ин минтаќа омада буданд, рў ба рў шуданд.

    Аќидае низ њаст, ки мутобиќи он то омадани ориёињои сањронишини андроновї дар Осиёи Миёна дравидњо (њиндунажодони сиёњпуст) зиндагї мекарданд, аммо ягон осори њузури онњо мављуд нест. Андеша дар бораи ба пешњиндуаврупоиён мансуб будани ањолии Осиёи Миёна то омадани ориёињои сањронишини андроновї љолиб аст, аммо он низ далели ќотеъ надорад.

    Аз тањлили аќоиди мављуда чунин хулоса бармеояд: 1). Ориёињо дар даврањои хеле ќадим, таќрибан дар њазорсолањои VII-V п.м. дар љанубу – шарќї Аврупо зиндагї мекарданд; 2). Офарандагони ќадимтарин тамаддунњои кишоварзї дар Осиёи Миёна (маданияти Љайтун) ва Хуросон (маданияти марѓинонї-бохтарї), ки мутаносибан ба њазорсолањои VI-III ва II п.м. тааллуќ доранд, ориёињо буданд ва онњо аз шимолу-ѓарбї Эрон ва Байнаннањрайн омада бо ањолии мањаллї омехта шудаанд; 3). Таќрибан дар њазорсолаи III п.м. ориёињои сањронишин аз љанубу – шарќии Аврупо ба воситаи шимоли бањрњои Сиёњ ва Каспї ба Урал, Сибири ѓарбї, Олтой ва Осиёи Миёна омаданд; 4). Ориёињои Осиёи Миёна ва минтаќањои атрофи он таќрибан дар охири њазорсолаи III п.м. ба ду шоха људо шуда, як ќисмашон ба Њиндустон рафтанд ва ќисми дигарашон дар Осиёи Миёна монданд ва ќисман ба Эрони ѓарбї рафтанд; 5). Осиёи Миёна ва Хуросон аз њазорсолаи VI п.м. маркази асосии ташаккулёбии тамаддуни ориёї будааст ва дар даврањои минбаъда низ тамаддуни ориёиасл дар ин љо боќї монд, дар њоле, ки дар бисёр минтаќањои дигар (љанубу –шарќии Аврупо, шимоли бањри Сиёњ ва то Урали љанубї, Сибири ѓарбї ва Олтой) ин тамаддун бо дигар тамаддунњо омехта шуда, амалан аз байн рафт; 6). Тамаддуни авестої, ки дастоварди муњими башарї мебошад, таќрибан дар нимаи дуюми њазорсолаи II п.м. ё аз он њам барваќттар дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфтааст ва офарандагони он худро ориёї номидаанд. Яъне ин тамаддунро аљдодони тољикон ва эрониёни имрўза офаридаанд.

    Масъалаи дигаре, ки бо ориёињо иртибот дорад, ин љамъияти этникии њиндуаврупої мебошад. Забоншиносон дар асоси усулњои муќоисавї – таърихї муайян намуданд, ки аксарияти забонњои аврупої - славянї, германї, романї, юнонї ва як забони осиёгї – форсї аз як реша пайдо шудаанд ва дар даврањои хеле ќадим ќабилањое, ки бо ин забонњо гуфтугў мекарданд дар як кишвар зиндагї мекарданд, бо як забон гап мезаданд, яъне як халќ буданд. Олимон ин халќро шартан њиндуаврупої номиданд. Таќрибан дар њазорсолаи V п.м. забони ягонаи њиндуаврупої ба чанд забони мустаќил, ки мо онњоро дар боло номбар кардем таќсим мешавад ва халќњои соњибзабон ба ватанњои таърихиашон мераванд. Ин љо саволе ба миён меояд, ки то аз њам људо шудани иттињоди этникии њиндуаврупої дар куљо зиндагї мекарданд, яъне нахустватани муштараки онњо дар куљо љойгир буд? Олимон ќариб 200 сол боз дар ин хусус бањс мекунанд ва њоло њам ба як аќида наомадаанд. Доир ба ин масъала андешањои гуногун вуљуд доранд. Аммо аксари донишмандон нахустватани њиндуориёињоро дар яке аз ин кишварњо љой медињанд: Аврупои Марказї, Балкан ва њавзаи Днепр, шимоли бањри Сиёњ. Ориёињо дар ќисми шарќии нахустватани иттињоди этникии њиндуаврупоиён сукунат доштанд ва аз он љо ба шарќ ва баъд ба љануб њаракат карда, ба Осиёи Миёна ва баъд аз ин љо ба Њиндустону Эрон рафтанд.

    Дар аввали солњои 1970 олимони шўравї Т.В. Гамкрелидзе ва В.В. Иванов дар асоси маълумоти забоншиносии муќоисавї-таърихї аќидаи комилан навро пешнињод карданд. Мувофиќи он нахустватани њиндуаврупоиён Осиёи Хурд буд ва онњо аз он љо ба воситаи шимоли Эрон ба Осиёи Миёна ва аз ин љо ба воситаи шимоли бањри Каспї ва бањри Сиёњ ба Аврупо рафтаанд. Баъзе ќабилањо шояд ба воситаи Кавказ ба Аврупо рафта бошанд. Аммо гумон аст, ки чандин халќ муташаккилона њаракат карда, пароканда нашуда, дар роњи њаракати худ танњо ориёињоро гузошта, гирдогашт то Аврупо рафта бошанд. Баръакс њузури аксари халќњои њиндуаврупої дар ќитъаи Аврупо далели ќавиест ба фоидаи аќидаи дар ин минтаќа љойгир будани нахустватани онњо.

    Аз рўи бозёфтњои бостоншиносї дар даврањои неолит, энеолит ва аввали биринљ (њазорсолањои V – III п.м.) муњољирати ќабилањо аз Эрони Ѓарбї ва Байнаннањрайн ба Осиёи Миёна мушоњида мешавад. Як ќисми бостоншиносон ин ќабилањоро ориёї мешуморанд, ки ба њаќиќат наздик аст.

    Бостоншиноси тољик Ю. Яъќубов ба нуќтаи назари Т.В. Гамкрелидзе ва В.В. Иванов такя карда Осиёи Хурдро нахустватани на њиндуаврупоиён балки ориёињо мешуморад. Ба фикри ў ориёињо аз он љо бо ду роњ ба самти шарќ њаракат карданд. Як гурўњи онњо ба воситаи шимоли Эрон ба Осиёи Миёна ва гурўњи дигар, ки минбаъд сањронишин шуда, бо чорводорї машѓул шуданд, ба воситаи шимоли бањри Сиёњ ва бањри Каспї ба љануби Урал, Сибири Ѓарбї ва Олтой рафтаанд. Ин аќида хеле љолиб аст, аммо осори ориёї ба он андозае, ки дар Осиёи Миёна мављуд аст, дар Осиёи Хурд нест. Академик Н. Неъматов Осиёи Миёнаро нахустватани њиндуаврупоиён мешуморад. Аммо дар ин љо ягон нишонаи њузури дигар халќњои њиндуаврупої ба ѓайр аз ориёињо пайдо карда нашудааст.

    ФАСЛИ II. АЉДОДОНИ ТОЉИКОН ДАР ДАВРАИ ЃУЛОМДОРЇ
    БОБИ III. Пайдоиши љамъияти синфї ва аввалин давлатдории ориёї
    §1. Пайдоиши синфњо
    Пайдо шудани хољагии истењсолкунанда, яъне зироаткорї ва чорводорї, таќсимоти љамъиятии мењнат, ба соњаи мустаќил табдил ёфтани њунармандї мањсулнокии мењнатро зиёд карда, барои пайдо шудани моликияти хусусї шароит муњайё месозад. Шарти асосии пайдо шудани синфњо пайдо шудани моликияти хусусї мебошад. Дар љамъияти ибтидої замин, воситањои истењсолот ва чорво моликияти умумии љамоа буданд. Бо пайдо шудани оилањои људогонаи яккаљуфтї ин моликият дар байни онњо таќсим шуда, ба моликияти хусусї табдил меёбад. Пешвоёни авлодњо ќисми зиёди моликияти љамоаро аз худ карда ба табаќаи сарватманд табдил меёбанд. Дар љамъият нобаробарии молу мулкї ва синфњо, яъне бойу камбаѓал пайдо мешаванд. Синф гуфта, гурўњњои иљтимоиеро меноманд, ки онњо аз якдигар бо молу мулкї ва маќоми иљтимої фарќ мекунанд. Дар он давра љамъият ба ду синфи асосї – заминдорону чорводорон ва кишоварзони безамину камзамин таќсим мешуд, баъдтар, ѓуломон пайдо мешаванд. Дар Осиёи Миёна ѓуломдорї бештар хусусияти хонаводагї дошта, ѓуломон дар истењсолоти љамъиятї сањми ночиз доштанд. Дар асоси ин як ќисми олимон мављудияти сохти иљтимої-иќтисодии ѓуломдориро дар Осиёи Миёна инкор карда, онро «тарзи осиёгии истењсолот» меноманд, ки бо феодализм шабоњат дошт.

    Дар љамъияти синфї оддитарин ташкилотњои сиёсї дар шакли демократияи њарбї ва дар заминаи онњо оддитарин шаклњои давлат ба вуљуд меоянд. Давлат ин ташкилоти сиёсиест, ки љамъиятро ба воситаи сохторњои махсуси маъмурї ва низомї идора мекунад. Иттињоди ќабилањои бо њам хеш мустањкам шуда халќиятњо, ки забон ва фарњанги ягона доштанд, ба вуљуд меоянд. Муносибатњои иљтимої мукаммал шуда, меъёрњои њуќуќї ташаккул меёбанд, одитарин тасаввуротњои динї пайдо шуда, бутњо ва худоњо мавриди парастиш ќарор мегиранд. Одамон истењсол кардани фулузот ва аз он сохтани асбобњои гуногунро ёд мегиранд.
    §2. Ќадимтарин давлатњои ориёињо
    Барои омўзиши таърихи ќадимтарин давлатњои ориёї китоби Авеста ягона сарчашмаи хаттї мебошад. Дар ин китоб таърих дар шакли ривоят ва устура баён шудааст. Дар ривоятњои таърихї танњо њодисањои муњим ва шоњони барљаста инъикос меёбанд. Дар онњо њодисањои воќеъї ва бофтаву хаёлї омехта тасвир шудаанд.

    Давлати Пешдодиён. Таърихи ќадимтарини ориёињо дар китоби Авеста, адабиёти зардуштї ва таърихњои асримиёнагї аз ќабили «Таърихи Табарї», «Шоњнома»-и Фирдавсї, «Форснома»-и Ибни Балхї ва ѓайра сабт гардидааст. Мутобиќи ин сарчашмањо аввалин ва ќадимтарин сулолаи ориёї Пешдодиён буд.

    Шоњони сулолаи Пешдодиён инњо буданд: 1. Каюмарс, 2. Њушанг 3.Тањмурас, 4. Љамшед, 5. Зањњок, 6. Фаридун, 7. Манучењр, 8. Шањриромон, 9. Афросиёб, 10. Зобзу, 11. Гаршасп.

    Нахустин шоњи ин сулола Каюмарс аввалин одам дар љањон буд. Ў умри дароз дида 40 сол њукмронї кард, шањрњои Дамованд ва Истахрро бунёд намуд. Ў шахси воќеъї набуда, образи љамъбастии аввалин одамони рўи замин мебошад. Мутобиќи ривоятњо пешдодиён 2468 сол њукмронї кардаанд. Аён аст, ки дар ин муддати тулони на 11 шоњ, балки шумораи зиёд њукмронї кардаанд, аммо дар хотири мардум танњо машњуртарини онњо боќї мондааст. Дар асотир муњимтарин марњилањои тараќќиёти ќавму ќабилањои ориёї инъикос шудааст. Дар бораи Каюмарс гуфта мешавад, ки «умри ў дароз буд, аммо њама бо дуруст кардани ањволи љањон ва тартиби љањониён машѓул буд». Ин суханон ба марњилаи аввал ва дуру дарози тараќќиёти љамъияти ибтидої рост меоянд.

    Њушанг аввалин касе буд, ки миёни одамон додварї, њукм ва адлро љорї кард ва барои њамин ба ў Пешдод лаќаб нињоданд. Дар давраи ў одамон истењсоли биринљ ва аз он асбобњои гуногун, аз чўбу гил хона ва аз чўбу биринљ аслиња сохтанро ёд гирифтанд, гову гўсфандро ром карда, бо чорводорї, кишоварзї ва обёрї машѓул шуданд, аввалин ибодатгоњњоро сохтанд, расми подшоњї ва тољгузорї падид омад, ш. Бобул ва Шуш бино шуд.

    Дар давраи Тањмурас хатти форсї, аспсаворї ва боркашї ба воситаи чањорпоён, аз пашм љома ва фарш сохтан пайдо шуд. Куњандизи Марв ва ду бино дар Исфањон сохта мешаванд. Бутпарастї ва рўзагирї, ки сабабаш хушксолї буд, пайдо мешаванд.

    Дар давраи Љамшед шамшер ва љавшани пўлодї, абрешим, ќаз, катони ранга ва фарш ихтироъ карда мешаванд.

    Дар давраи Љамшед мардум аз конњо берун овардани мис, ќалъагї, сурб ва дигар фулузот; аз таги бањр берун кашидани љавоњирот; тайёр кардани атру дору ва рангњои табиї, сохтани биноњои бузург ва гармобањоро расм мекунанд. Пойтахти Љамшед ш. Истахр буд. Оини љашн гирифтани Наврўзро ў љорї кард ва дар он рўз ба тахти подшоњї нишаст.

    Љамшед аз мувафаќиятњои худ маѓрур шуд ва даъвои худої кард. Мардум аз ў рўй гардонданд ва фарру шукўњи шоњї аз ў бирафт ва подшоњї рў ба харобї нињод. Дар ин миён Зањњок хурўљ намуд ва Љамшедро шикаст дода, њалок кард ва худаш подшоњ шуд. Дар давраи њукмронии ў дар љањон адлу инсоф намонд, раият дар шиканља афтод ва мулк хароб гардид, мардумони зиёде ба њалокат расиданд. Ўро Зањњоки Морон мегуфтанд, барои он ки аз ду китфи ў ду мор баромада буд ва ќасди хўрдани маѓзи сари ўро доштанд. Зањњок фармон дод, ки њар рўз ду љавонро кушта, маѓзи сари онњоро ба морон дињанд, то онњо ором шаванд ва ќасди љони ў накунанд.Љавонони зиёде тўъмаи морони Зањњок шуданд. Мардум ба танг омаданд ва Коваи оњангар пешбанди пўстии худро ба сари чўбе дирафш карда, бар зиддї Зањњоки хунхор шўриш бардошт. Мардуми зиёде ба ў пайвастанд ва Зањњок бигурехт. Ва мардум яке аз фарзандони Љамшед Фаридунро ба тахти подшоњї шинонданд.

    Морони китфони Зањњок албатта хаёлї буда, барои баръало нишон додани зулму беадолатии беандозаи ў бофта бароварда шуда буданд. Ин мавзўъ дар адабиёт ва санъати тасвирии халќи тољик васеъ пањн шуда, мазмуни иљтимої – муборизаи ќуввањои некї ва бадиро гирифтааст. Намунаи барљастаи он «Шоњномаи» Фирдавсї мебошад. Сањнањо аз ин достон дар болодарии ќасри шоњони Истаравшан низ тасвир шудааст.

    Фаридун гурзи сиёњранги говсар дошт. Илми тиб дар замони ў пайдо мешавад, фалсафа ва нуљум инкишоф меёбанд, оини љашнгирии Мењргон љорї мешавад, хачир пайдо мешавад. Фаридун се писар дошт: Тур, Эраљ ва Салм. Падар ба Салм Руму Маѓриб, ба Тур Туркистону Син ва ба Эраљ Ироќ, Хуросон ва Њиндустонро медињад. Кишвари Эраљ минбаъд номи Эрон ва кишвари Тур номи Туронро мегиранд ва дар њардуи ин кишвар ориёињо зиндагї мекарданд.

    Дар давраи Манучењр боѓдорї ба вуљуд меояд, асбобњои љангї, хандаќи мудофиавї пайдо мешаванд, аз Фурот нањрњо мебароранд, дењќонон, яъне сардорони дењањо ва раисони шањрњо пайдо мешаванд. Дар ин давра Афросиёб хурўљ намуда Эронро забт мекунад ва 12 сол њукм меронад, Ироќу Бобулро хароб мекунад.

    Дар давраи Зўи Тањмасп дар Ироќ ду нањр бароварданд, дег ва хўрокњои гуногун ихтироъ карда шуданд. Охирин шоњи Пешдодиён Гаршасп (Виштасп) буд.

    Дар ин ривоятњо њодисањои таърихї ва тахаюлї омехта баён шудаанд, пайдарњамии њодисањо ќатъї риоя нашудааст. Як ќисм дастовардњои муњим, ки дар даврањои баъд ба амал омада буданд ба даврањои хеле ќадим нисбат дода шудаанд. Бовуљуди њамаи ин рафти умумии тараќќиёти ќабоили ориёї ва муњимтарин дастовардњои онњо нишон дода шудаанд. Давлати Пешдодиёнро нимасотирї номидан мумкин аст. Он дар асри биринљ, таќрибан дар њазорсолањои V-III п.м. вуљуд дошт.

    Давлати Каёниён. Дуюмин давлати ќадими ориёињо давлати Каёниён буд. Мутобиќи ривоятњо Каёниён 738 сол њукмронї кардаанд. Номи 9 шоњи ин сулола то ба мо омада расидааст. Охирин шоњи каёнї, ки дар Авеста номбар шудааст Виштасп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоњи Њахоманишро низ ба њамин сулола дохил кардаанд.

    Шоњони сулолаи Каёниён инњо буданд: 1.Кайќубод, 2.Кайковус, 3.Кайхусрав, 4. Луњрасп, 5. Виштасп, 6. Бањман (Њахоманиш), 7. Њамонї, 8.Дорои I, 9. Дорои II.

    Аввалин шоњи Каёниён Кайќубод таќсимоти маъмурї – њудудї гузаронда подшоњии худро ба кутњо (вилоятњо), ноњияњо ва шањристонњо таќсим кард ва барои таъмини лашкар андози дањякро љорї кард. Дар ин давра шањрсозї хеле ривољ меёбад. Пойтахти Каёниён ш. Балх буд.

    Дар давраи Кайковус ва баъди ў дар байни Каёниён ва авлодони Афросиёб, ки пойтахташон Самарќанд буд, љангњои зиёд рух медињанд. Писари Кайковус Сиёвуш бинобар ихтилоф бо падараш ба назди Афросиёб фирор мекунад ва духтари ўро ба занї мегирад. Аммо Афросиёб хиёнат карда, Сиёвушро ба њалокат мерасонад. Кайковус лашкари азимеро бо сардории Рустам барои ќасоси хуни писарашро гирифтан бар зидди Афросиёб равон мекунад. Каёниён дар ин љанг ѓолиб омада, писари Сиёвуш ва модари ў духтари Афросиёбро ба Балх меоранд.

    Дар давраи Кайковус душманони зиёде аз њар љониб ба Эронзамин њуљум мекунанд. Кайковус бар зидди онњо пайваста мељангид, гоње пирўз мешуд ва гоње шикаст мехўрд. Дар љанги Яман ў ба асири меафтад ва Рустами пањлавон ўро озод менамояд. Барои ин ва дигар хизматњояш Кайковус Рустамро њокими Сиистон ва Зобулистон таъин мекунад. Кайковус подшоњиро ба писари Сиёвуш Кайхусрави набераи Афросиёб супурд. Ин санад ишораест дар бораи ягонагии этникии суѓдиён ва бохтариён, турониён ва эрониён.

    Кайхусрав чор бор ба Турон лашкар мекашад ва дар се љанг пирўз мешавад, дар љанги охирин Афросиёб кушта мешавад. Дар Турон баъди Афросиёб бародараш Кайшавасп ва баъди ў писараш Харљасп подшоњї кардаанд. Тавре, ки мебинем Афросиёб ва бародарони ў номњои эронї доштанд, яъне онњо ва умуман турониён эронинажод буданд.

    Лўњрасп Ќасри шоњї сохт ва тахти заррин дар он гузошт, гирди шањри Балхро девор кашид, девони лашкар (вазорати њарбї) ташкил кард. Ў љањонро гирифт ва аз Рум то Син (Хитой) ва Њинд ба ў хирољ месупориданд.

    Давлати Каёниён дар давраи Виштасп хеле нашъунамо меёбад. Онро подшоњии Бохтар меномиданд ва бо эњтимоли зиёд Суѓд низ ба њайати он дохил мешуд. Ин шоњ сохтори маъмурї – идоравиро такмил дода, девонњои нав кушод ва вазифаи вазирро љорї кард.

    Пайдоиши девонњо аз он далолат мекунад, ки дар Бохтар дар замони Виштасп давлати нисбатан мутамарказ ва тараќќї карда ташкил шуда буд. Дигар падидаи муњими ин замон ба вуљуд омадани дини зардуштї буд.

    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта