Главная страница
Навигация по странице:

  • Љангњои байни Њайтолиёну Сосониён ва оќибатњои он.

  • Сустшавї ва аз байн рафтани давлати Њайтолиён.

  • §4. Таъсиси Њоќонии Ѓарбии Турк (солњои 551-744). Оѓози ба сарзамини Осиёи Марказї кўчидани ќабилањои туркї.

  • Пурќувват гаштани таъсири Њоќонии Турк.

  • §5. Осиёи Миёна (Варазруд) дар давраи парокандагии феодалии асрњои V I - V II . Мулк-давлатњои Осиёи Миёна

  • Сохти иљтимоию иќтисодии Варазрўд.

  • Тамаддуни аљдодони тољикон дар асрњои VI - VIII .

  • БОБИ V . Аљдодони тољик дар замони њукуматдории Хилофати Араб.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница7 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   57
    §3. Давлати Њайтолиён (асрњои IV-VI).
    Ташкилёбї ва пурзўршавии давлати Њайтолиён. Яке аз давлатњое, ки дар таърихи сиёсї, иљтимої ва муњимтар аз њама раванди этникии Варазрўду Хуросон наќши муњим бозидааст, давлатдории Њайтолиён ба њисоб меравад. Ба арсаи њокимияти сиёсї омадани њайтолиён ба харитаи геополитикии Хуросону Варазрўд таѓйироти љиддї даровард.

    Њайтолиён дар солњои 80-уми асри IV Бадахшону Тахористони Шарќї, солњои 40-уми асри V Балху Тахористон ва Ѓарљистонро тобеъ намуда, заминањои њарбию сиёсї ташаккули давлати мустаќилро фароњам меоранд. Соли 428 Њайтолиён барои тавсеаи њудуд ва баланд бардоштани нуфузи њарбию сиёсии хеш ба сарзаминњои хуросонии Сосониён њамла меоваранд, ки ин љанг бо шикасти онњо ва бо муќаррар намудани марзњои сарњади байни Сосониён ва Њайтолиён анљом меёбад. Фирдавсї дар «Шоњнома» ва Балъамї дар тарљумаи «Таърихи Табарї» футуњоти шарќии шоњаншоњ Варахрони V (421-439), ки бо номи љанги Бањроми Гўр машњур аст, наќл карда, Њайтолиёнро бо истилоњи «турк» тасвир кардааст.

    Яќинан, «турк»-они сарчашмањои хаттї, аз љумла «Шоњнома», анахронизми этноними «њайтол» аст. Агар «турк»-они сарчашмањои хаттиро чун анахронизми вожаи «њайтол» ќабул кунем, пас маълум мешавад, ки њангоми љанги Бањроми Гўр, ќисмати љанубии Варазрўд ба њайати иттињоди сиёсї ва баъд давлати навбунёди Њайтолиён дохил мегардид. Ба шањодати Фирдавсї музаффарияти Бањроми Гўр дар ин љанг «бузургон, родмардон ва мўбадони Балху Ѓарљистон, Хатлону Љаѓониён ва Бухороро бољу хирољгузорї Сосониён мегардонад».

    Њайтолиён ба Хуросон аз Варазрўд њамла карданд. Њокимияти онњо дар ин љо истиќрор ёфта, барои устувор кардани нуфуз ва ташкили давлат кўшидаанд. Аз рўи он ки дар манбаъњо Њайтолиён њама ваќт дар вобастагї бо Марву Марваррўд, Боѓдису, Бомиён, Њироту Ѓарљистон, Кобулу Зобулистон, Балху Бухоро, Хатлону Бадахшон ва Чаѓониён тавсиф шудаанд, мо метавонем онњоро сулола ва ќавми ориёї, яъне ниёкони тољикони имрўза гўем. Онњо мардуми бумии Бадахшону Тахористон мебошанд, яъне онњо пасмондагони тахориёни эронинажоданд.

    Љангњои байни Њайтолиёну Сосониён ва оќибатњои он. Дар ин фосила, яъне аз солњои 50-уми асри IV то солњои 40-уми асри V Њайтолиён шимолу ѓарби Њиндустон ва баъзе воњањои Туркистони Шарќиро тобеъ намуда, ба императории абарќудрат асос мегузоранд. Яздигурди П (439-457) дар шимолу шарќи Эрон бо Њайтолиён вориди љанг гашта буд. Ў солњои 442-449, 450-451, 451-454 се маротиба ба ќисматњои шимолу шарќии шоњаншоњї барои дафъ намудани тањдиди ќавмњои бодиянишин лашкар кашида, ду навбат бо Кидориён љангида, Хуросонро ќисаман тасхир карда, ба муваффаќият њам ноил шуда, салтанати Кирдорињоро дар Хуросону Варазрўд комилан сарнагун намудааст, вале њангоми футуњоти сеюм, ки ба солњои 452-454 рост меояд, Сосониён аз нерўи аскарии Њайтолиён шикаст хурда, вилоятњои Висагирду Тирмизро ба онњо боз мегардонанд.

    Дар «Шоњнома» доир ба се «љанги шарќї»-и шоњаншоњ Пирўзи Сосонї (459-484) ба муќобили Њайтолињо маълумоти ќобили мулоњизае зикр шудааст. Дар тасвири сарчашмањо Пирўз бо маќсади ишѓолт Варазрўд футўњот карда, бо сипоњиёни Сосонї дар љанги якум шикаст хурда, дар бораи халалдор накардани сарњади давлатї бо Њайтолиён ањднома мебандад. Дар љанги дуюм, ки солњои 479-480 бар хилофи ќарордод бо ибтикори Сосонињо ба вуќўъ мепайвандад, Пирўз бо аскаронаш ба дасти Њайтолиён ба асирї меафтад. Баъд аз додани ѓаромату фидяи зиёд, ки ба андозаи 30 хачир дирњами нуќрагин буд, императори Византия Зенон (474-491) љони Пирўзу сипоњиёни Сосониро аз асорат бозмехарад, вале шоњзода Ќубод дар асорат мемонад. Нињоят, дар љанги сеюм, ки соли 484 рўй додааст, худи Пирўзу сипоњиёнаш ба чоњ афтида, ба њалокат мерасанд. Дар натиља Эрони Сосонї, шањри стратегии Марвро аз даст дода, бољу хирољгузории давлати Њайтолиён мегардад.

    Муваффаќиятњои љангї Њайтолиёнро хеле нерўманд сохт. Акнун ба онњо танњо императории Чин дар Шарќ ва Византия дар Ѓарб њамвазн шуда метавонистанд. Сосониён бошанд, ба бозичаи дасти Њайтолиён табдил ёфтанд, акунун шоњаншоњи Сосон на ба русумоти суннатї, балки бо раъйи онњо подшоњ интихоб мешуд. Чунин њолат дар салтанати ду навбатаи Ќубод (488-496; 499-531), Љомосп (496-498) ва пештар бо Билош (484-488) рўй дода, Сосониён аз лињози сиёсию иќтисодї нисбат ба Њайтолиён мавќеи васалитет, яъне тобеиятро касб кард. Аз ин истифода карда, Њайтолиён аз вилоятњои Сакистону Њилманд, Синду Рухољ (Арахозия) Сосониёнро берун кашида, ба Њинд њуљум оварда, аз соли 460 то 530 Ќандањору Синд, Панљобу Раљистон, водии Гангу Љамна ва ќисматњои љануби Њиндукушро то Сиёлкот (Сагала) тасхир намуда, салтанати мустаќили Њайтолиён Њиндро барпо карданд. Њамзамон то соли 509 ба Ќашѓару Турфон, Хутану воњањои ѓарбии Туркистони Шарќй, навоњии љанубии назди Помир њамла оварда, таќрибан 30 мулкият, яъне давлатљањон мустаќилро тасхир карданд, ки ин нуфузи њарбию сиёсии онњоро афзун намуд. Тахтгоњи Њайтолиён шањри Бомиён, наздкии шањри имрўзаи Ќундузи Афѓонистон ва пойтахти салтанати Њайтолиёни Њинд – шањри Сиёлкот (Сагала) буд.

    Њайтолиён ба муддати кўтоњ бошад њам, ба кўшишњои пайвастаи Сосониён, ки мехостанд Хуросону Варазрўдро пурра ба тасарруфи худ дароранд, хотима гузошта, раванди мустаќилонаи инкишофи муносибатњои иљтимоию иќтисодї ва сиёсии ин ду кишвари тољикнишинро таъмин намуданд. Ба таъбири Фирдавсї, ба њайати давлати Њайтолиён дар ин давра «Балху Шукнон, Омўю Зам, Ѓарљистону Хуталон, Тирмизу Висагирд, Чочу Маймурѓ, Самарќанду Бухоро то сарњадоти Чин», дохил мегардид.

    Сустшавї ва аз байн рафтани давлати Њайтолиён. Сосониён ба василаи ислоњоти гуногунљабњаи Хусрави 1 Анушервон (531-579) ба тањаввулоти азими њарбию сиёсї ва иќтисодї расид, Њайтолиён бошанд, дар натиљаи муборизањои озодихоњонаи њиндувон аз аксар сарзаминњои худ дар шимолу ѓарбии Њиндустон мањрум шуданд. Дар чунин вазъияти таќдирсоз, солњои асри VI Њайтолиён ба ду душмани абадќудрат Сосониён ва Њоќонии Турк рў ба рў шуданд. Сосониён аз солњои 40-уми асри VI сар карда, аз пардохти хирољ ба Њайтолиён рањо ёфта буданд. Њоконии Турк баъзе сарзаминњои Варазрўдро то Чоч тасхир намуда буд. Инчунин Њоќонии Турк нахуст бо маќсади зарба задан ба аварњои Кавкази Шимолї бо Эрону Византия равобити њасана пайдо карда, ба тазйиќу тањдиди Њайтолиён шурўъ менамоянд. Чаѓониён ва Кобулу Зобулистонро аз Њайтолиён боз пас мегиранд.

    Хусрави Анўшервон бо Њоќонии Турк ањднома баста, иттињоди њарбию сиёсиро, ки амалан ба нест кардани давлати Њайтолиён нигаронида шуда буд, созмон медињад. Подшоњи Њайтолиён Ѓотифар аз маќсади њадафноки иттифоќчиён хабардор шуда, иќтидори мудофиавии давлатро љоннок намуда, ба љамъ кардани сипоњ шурўъ мекунад.

    Дар ин фосила Ѓотифар аз шањру воњањои дар «Шоњнома» зикр шуда, сипоњ љамъ оварда, бо лашкари муназзаме дар атрофи Бухоро камин мегирад. Нињоят, љанги таќдирсози Њайтолиёну «иттињоди Сосониёну Туркон» дар атрофи Бухоро ба вукўъ пайваст, зеро
    Бухоро пур аз гурзу кўпол буд,

    Ки лашкаргањи шоњи Њайтол буд.

    Бишуд Ѓотифар бо сипоње чу кўњ,

    Зи њайтал гирд овардї гурўњ.

    Ба љанг андаромад зи њар сў сипоњ,

    Зи тангї бубастанд бар бод роњ.
    Инак, дар муњорибаи нобаробари њаштрўза, ки Фирдавсї мушаххасан наќл кардааст, Њайтолиён аз нерўи аскарии «иттињоди Сосонї ў Туркон», шикаст мехўрданд. Бо њамин давлати Њайтолиён њудуди солњои 563-567 расман аз байн меравад.

    Њудуди давлати Њайтолиён дар байни ќудратњои ѓолиб таќсим карда шуд. Љанубтарин навоњии Варазрўд, аз љумла њудудњои имрўзаи љануби Тољикистон, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистон ба њайати шоњаншоњии Сосониён ва воњањои шимоли Варазрўд то Бањри Хазар дар ихтиёри Њоќонии Турк монд, вале салтанати Њайтолиён комилан аз байн нарафт.

    Њайтолиён аз лињози сиёсї халќиятњои гуногунро дар як империя ба њам муттањид карда, нахустин давлати феодалиро созмон доданд. Гарчанде ин давлат аз лињози сиёсї монанди империяи Кушониён он ќадар пуриќтидор набошад њам, вале аз љињати тавсеаи њудуд хеле калон буд. Ва он зиёда аз якуним аср авзои њарбию сиёсї ва иљтимоии минтаќаро мўътадил нигоњ дошта, барои тадриљан инкишоф ёфтани муносибатњои иќтисодию тиљоратї, табодули фарњангї ва вусъат гирифтани раванди шаклгирии халќи воњиди тољик заминаи мусоидеро фароњам овард.
    §4. Таъсиси Њоќонии Ѓарбии Турк (солњои 551-744).
    Оѓози ба сарзамини Осиёи Марказї кўчидани ќабилањои туркї. Асри VI дар Олтой ва Сибири љанубї бо номи Њоќонии Турк (551-744) иттињоди давлатие пайдо шуд, ки баъдтар дар таќдири таърихии халќњои Варазрўд наќши муњим бозид. Њарчанд, ки туркњо дар манбаъњои хаттї бо номњои гуногун зикр мешаванд, вале онњо ба њамдигар иртиботи ќавї доранд. Онњо худро «тюрк» ва суѓдиёну форсњо бошанд, эшонро «турк» мегуфтанд. Соли 551 сарвари иттињоди туркњо Бумин унвони «њоќон» яъне њоким, њукмдорро гирифта, дар Осиёи Марказї империяи нав – Њоќонати Туркро бо тахтгоњаш Олтой асос мегузорад. Дар як муддати кўтоњ ќабилањои турк бо њам муттањид шуда, дар тасхири сарзаминњо шурўъ намуда, дар ѓарб бо Бањри Сиёњ рафта мерасанд. Дар натиља дар харитаи геополитикии љањони ибтидои асримиёнагї империяи бенињоят калони кўчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соњили Бањри сиёњ масоњати азимеро фаро мегирифт. Чин аз сарзаминњои шимолии хеш мањрум шуда, амалан вассали (тобеи) туркњо гардида, њар сол ба онњо ба андозаи сад њазор тўп матои шоњї хирољ пардохт мекард, империяи муќтадири Византия ва Сосониён аз мављи туркон ба њарос афтида, ба тавофуќи тарафайн расиданд.

    Пурќувват гаштани таъсири Њоќонии Турк. То соли 555 туркњо ќисми зиёди воњањои Туркистони Шарќї, шањрњои пурсарвати соњили Сайњунрўд ва соњили бањри Аралро забт карда, ба Њайтолиён рў ба рў шуданд. Онњо њавзањои муњими стратегии Варазрўд – Њафтрўду Хоразм, Чочу Кеш ва Нахшабро тасхир намуда, дар иттињоди њарбї ба Сосониён дар солњои 563-567 давлати Њайтолиёнро барњам дода, ба њокимияти сиёсии Варазрўд соњиб мешаванд.

    Бо заволи давлати Њайтолиён на танњо вазъи њарбию сиёсї, балки муносибатњои фарњангї ва таркиби этникии мардуми Варазрўд таѓйир ёфт. Сосониён аз вазъияти мувофиќ истифода карда, сарњадоти хешро дар шимолу шарќ тавсеа дод ва њамзамон аз худи рўди Љайњун то Сурия (Шом) нозири њаќиќии шоњроњи магистралии «Роњи бузурги абрешим» гардид. Ба ин васила ќисмати калони роњи магистралї тањти назорат даромада, ташаббусу табодули тиљорат ба дасти шоњаншоњии Сосониён гузашт. Туркњо бошанд, назорати роњи корвонгузарро аз Шарќи Дур то сарњадоти Эрони Сосонї ба даст гирифта, тавассути Эрон бо Византия равобити тиљоратї барќарор карданї шуданд, ки ин дар навбати худ низову бархўрдњои доимии Эрону Њоќонии Туркро ба миён овард.

    Њанўз аз давраи Кушониён ба воситаи Варазрўд шоњроњи магистралии «Роњи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказиро бо Рум бо њам мепайваст. Ба абрешиме, ки ба Византия ва Рим мерафт, тољирони Форс миёнрав буданд. Онњо аз ин кор фоидаи калон ба даст оварда, роњ намедоданд, ки Византия бевосита ба фурўшандагони абрешим тартиботи њасана дошта бошад.

    Суѓдиён дар навбати худ манфиатдор буданд, ки ба воситаи роњи тиљортї, ки тавассути Эрон мегузашт, бевосита ба Византия тиљорат кунанд. Бо ташаббуси сугдиён барои ба воситаи Эрон барќарор кардани тиљорат ба Эрон сафорат фиристода шуд, аммо кори ин сафорат барор нагирифт.

    Дар рафти гуфтушунид байни Њоќони Турк ва Византия, соли 568 ба муќобили Эрони Сосонї муоњидаи њарбї баста шуд. Худи њамон сол њамроњи сафорати Њоќони Турк сафорати љавобии императори Византия ба роњбарии Земарх ба Варазрўд омад. Сафорати Византияро Њоќон дар ќароргоњи хеш – Тиёншон ќабул намуд. Ин сафоратњо ба иттифоќи њарбию сиёсии Византия ва Туркњо ибтидо гузошта, минбаъд боз чандин њайати сафоратњо ба Византия фиристода шуданд.

    Соли 581 њайтолиёни Тахористон бар зидди Туркњо шўриш бардоштанд. Њамзамон Туркњо вазъияти дар ќаламрави Сосониён ба амаломадаро истифода бурдани шуда хостанд, давлати буферии байни онњо ва Эрон будаи Њайтолиёнро ба мулки худ њамроњ кунанд. Ин давлат, ки дар Тахористон вуљуд дошт, охири солњои 70-ум ва аввали солњои 80-уми асри VI таќрибан мустаќил шуда буд.

    Соли 589 нерўи аскарии туркњо бо сардории Совашоњ ба мулкњои хуросонии Сосониён зада даромаданд. Лашкари Туркњо аз рўди Чайњун гузашта, Тахористонро ќисман ишѓол карда, ба ѓарб рафта, то ба Њирот Балх ва Бодѓис расиданд. Дар муњорибае, ки Бањроми Чўбина бо дастаи худ ба ќароргоњи лашкари туркњо даромада, лашкари шоњи Турконро ба хок яксон кард. Туркњо роњи гурезро пеш гирифтанд.

    Њоќонати Турк аз сабаби давлати хеле калони номутамарказ буданаш соли 603 амалан ба ду давлати мустаќил – Њоќонии Шарќии Турк ва Њоќони Ѓарбии Турк таќсим шуда, Варазрўд Љунгария ва як ќисми Туркистони Шарќї ба њайати Њоќонии Ѓарбии Турк дохил шуд. Њоќон Туншаху (618-630) соли 618 ислоњоти идорї гузаронида, ба тамоми њокимон унвони ябѓу дод. Барои назорат дар назди њокимони мањаллї намояндаи вижаи худро таъин кард. Њоќон ба ќувваи њарбии худ такя карда, бисёр њокимони воњањои марказии Варазрўдро ба худ тобеъ намуд. Дар баробари зўрї бо роњњои дигар низ Њоќон ќудрати худро аз болои њокимон љорї кард. Масалан, њокими тавоно, ихшиди Самарќандро ба худ домод карда, њукмронии сиёсии худро дар ин љо таъмин кард.

    Муборизањои дохилї рафта-рафта Њоќонии Туркро хароб гардонданд. Ќабилањои турк ба воњањои Варазрўд сар дароварда, ќисман муќимї гаштанд, ќисми дигарашон бошад, тарзи пештараи њаёти чорводориро дар воњањои кўњистон давом доданд. Як ќисми туркњо дар шањрњо сокин гаштанд. Дар ин давра дар аксари вилоятњо волиёни турк ё худ туркнажод њукмронї мекарданд.

    Туркњо ба Варазрўд сар дароварда, ба њаёти сиёсї, иљтимоию иќтисодии халќњои маскуни ин сарзамин таъсир расонданд. Чунон, ки таъкид шуд, Њоќонии Турк бо вуљуди масоњати беандоза калон доштанаш давлати марказиятноки неруманд набуд. Асоси онро иттифоќи њарбии туркї, ки аз халќиятњои зердасти муќимї, сатњи зиндагї ва фарњангиашон хеле паст буд, ташкил медод. Номувозинатии сатњи зиндагї, фарњангу маънавиёт, љангњои пай дар пай Њоќони Туркро суст карда, Варазрўдро ба парокандагии сиёсї оварда расонд.
    §5. Осиёи Миёна (Варазруд) дар давраи парокандагии феодалии асрњои VI-VII.
    Мулк-давлатњои Осиёи Миёна. Бо сабаби он ки дар асрњои VI-VII дар њудуди Осиёи Миёна давлатњои хурд-хурд хеле бисёр буданд, бинобар ин онњо дар сарчашмаю адабиётњо баъзан мулк-давлатњо ном бурда мешавад. Дар бораи мулкњои људогонаи Тахористон – Њуттал, Вахон, Шуѓнон, Чаѓониён, Шумон сайёњ ва зоири дигар буддої Хой-Чао, ки соли 726 ба Варазрўд омада буд, маълумот медињад. Тахористон навоњии имрўзаи љанубии Тољикистону вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва ќисматњои шимолии Афѓонистонро дар бар мегирифт. Ин давлат аз љињати масоњат ба Бохтари ќалим шабоњат дошт.

    Яке аз мулкњои пуриќтидори Тахористон-Хуттал, яъне Хатлон буд. Дар Хатлон асрњои VII-VIII намояндагони ашрофони мањаллї њумкронї мекараданд. Номи яке аз шоњон, ба ризояти Табарї, Ассабол будааст, ки шояд номи туркї бошад. Он дар сарчашмањои љиної дар шакли Шаболо омадааст. Аз маълумоти маъхазњои таърихї бармеояд, ки волии Хатлон то 50 њазор лашкар доштааст. Чунин миќдори лашкарро њокимони Шумон, Ќубодиён, Шуѓнону Вахон низ доштаанд.

    Дар сарчашмањо аз таърихи сиёсии мулки дигар Чаѓониён чунин маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Чаѓониён сараввал тобеи давлати Њайтолиён буд. Дар ибтидои асри VII, соли 719 малики Чаѓониён Тиши Якчашма ном шахс будааст, ки дар як ваќт ябѓуи Тахористон њам мањсуб мешуд. Унвони волии Чаѓониён-чаѓонхудот буд.

    Тахористон њарчанд кишвари калону фарох ба њисоб равад њам, вале аз нигоњи сиёсї мамлакати номутамарказу пароканда буд. Дар сари њар як мулк як волї ё малики мустаќил меистад. Ба таври дигар Тахористонро конфедератсияи номуназзам ё иттињоди мулк-давлатњои соњибихтиёр гуфтан мумкин аст.

    Номи Суѓд такрибан дар њама сарчашмањо зикр ёфтааст. Мувофиќи маълумоти Сюан-Сзан дар асри VII Суѓд кишваре будааст, ки байни дарёи Чу дар шимолу шарќ ва дарвозаи Бойсун дар љануби ѓарб тўл доштааст. Маълум, ки ин масоњат њудуди сиёсию љуѓрофї набуда, балки макони зиндагии суѓдиён мањсуб мешуд. Аз маъхазњои арабу форсизабони асрњои X-XIII ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Суѓд маъмулан ба ду маъно фањмида мешуд. Суѓд ба маънои васеъ тамоми водии Зарафшону водии Ќашќадарёро дар бар мегирифт, ба маънои мањдуд танњо навоњии Самарќандро фаро мегирад ва маркази Суѓд шањри Самарќанд буд.

    Дар ибтидои асри VII дар Суѓди Самарќанд намояндагони ашрофони мањаллї њукмронї мекарданд. Ба Суѓди Самарќанд мулкњои Маймурѓ, Иштињон ва Кушония, навоњии ќисмати шарќии Бухоро, Нахшаб барин њашт вилоят тобеъ буданд. Унвони малики Бухоро-чжаоу буда, пасон дар чоряки дуюми асри VII шакли Бухорхурдотро гирифтааст.

    Панљакент мулки мустаќил буд. Ба њайати он ба ѓайр аз ноњияи имрўзаи Панљакент дар ибтидои асри VIII воњањои атрофи болооби Зарафшон њам дохил мешуданд. Дар асоси њуљљатњои суѓдї, ки аз ќалъаи кўњи Муѓ ёфт шудаанд, маълум мешавад, ки дар болооби Зарафшон – Моѓиён, Паргор, Киштут, Мартушкат ном мулкњо вуљуд доштанд, ки ба њайати Панљакент дохил мешуданд.

    Ихшиди Суѓд ба дигар вилоятњои Варазрўд робитањои тиљоратї ва дипломатї дошта, ба дигар кишварњо њатто ба Чин њайати сафорат фиристода, сафоратњоро ќабул мекард. Суѓд конфедератсияи мулкњои нисбатан мустаќил ба шумор рафта, 2 вилоят, 5 шањр-округ ва 14 рустои водињои Зарафшону Ќашќадарёро дар бар мегирифт.

    Дар водии Фарѓона низ иттињоди сиёсї ё давлати феодалии Фарѓона вуљуд дошт. Дар ќадим ин мамлакатро Даван, Бохан, Паханна ва Фрагана, подшоњонашро бошад, «ихшид» меномиданд. Пойтахти он дар шањри Ахсикат љой гирифта буд. Даван дар шимол бо Њафтрўд дар ѓарб бо Чочу Илок, дар љанубу ѓарб бо Суѓд, дар љануб бо Тахористон ва дар шарќ бо воњањои Туркистони Шарќї њамсарњад буд.

    Дар асрњои VI-VIII дар Фарѓона дењќонї, чорводорї ва њунармандї, инчунин тиљорати дохилию хориљї ривољ ёфта, пояњои мустањками иќтисодї дошт. Дар ин айём Фарѓона мулк давлати нисбатан пуриќтидор мањсуб шуда, дар њаёти сиёсии Варазрўд наќши калон мебозид. Дар он аксаран халќияти эронинажоди суѓдї, ки пасон асоси халќи тољикро ташкил намуданд, сукунат доштанд.

    Дар асрњои V-VIII мулкњои Чоч ва Илок низ муњим буданд. Пойтахти Чоч – шањри Бинокат буда, подшоњи онро «тудун» мегуфтанд. Пойтахти Илок-Тункат буда, њокими онро «дењќон» мегуфтанд. Дар асрњои V-VI вилояти Чоч ба давлати Њайтолиён, дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба Њоќонии Туркони Ѓарбї тобеъ буд. Дар ибтидои асри VIII Чочу Илок аз лињози сиёсї муттањид шуда, ба давлати ягона табдил ёфта, истиќлолияти худро барќарор намуданд.

    Дар асрњои III-IV бо сабаби суст шудани давлати Кушон-Хоразм аввалин шуда аз њайати он баромад. Ин давлатро хоразмшоњиён, ки ба сулолаи мањаллии африѓињо (фариѓуниён) мансуб буданд, идора мекарданд. Ба Хоразми ин давраи инкишофи шањрсозї, њунармандї ва бозургонї хос аст. Хоразм асрњои IV-VI аввал ба њайати иттињоди хиёнињо баъд ба тобеияти давлати Њайтолиён ва дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба васалияти Њоќонии Ѓарбии Турк даромад.

    Њавзањои дигари таърихию фарњангии Варазрўд – Устуршана, Њафтрўд ва водии Талас ѓолибан тањти нуфузи Суѓд ва тамаддуни суѓдї ќарор доштанд. Тахтгоњу афшинњои Уструшана шањри Бунљикат мањсуб мешуд. Дар Уструшана шањру дењоти калон, ба монанди Дизак (Љиззахи имрўза), Харкана, Катвондиз, Хуљкат, Зомин, Ваљкат, Куркат ва ѓ. мављуд буданд, ки онњо дар тарвиљи њаёти шањрї, тараќќиёти њунармандї ва тиљорат наќши муњим мебозиданд.

    Яке аз вилоятњои калони таърихию љуѓрофии Варазрўд – Њафтрўд буд. Њафтрўд дар шимол бо кўли Балхаш, дар шимолу шарќ бо Сасиќкўл ва Аллоќул, дар љанубу шарќ бо ќаторкўњњои Алатови Љунгаристон дар љануб бо ќаторкўњњои Тиёншон њамсарњад буд. Дар Њафтрўди давраи ќадим ќабилањои эронии сакої маскан гирифта, дар ибтидои асри миёна ба ин љо як гурўњи калони суѓдиён њиљрат намуда, касабањои хешро бунёд карда, ин вилоятро ба васояти Суѓд дароварданд.

    Њама мулк – давлатњои феодалии Варазрўд таќрибан низоми сунатї ва сохтори устувори њарбию идорї, сиёсї надошта, аз њамдигар дур буданд. Набудани низоми ягонаи идорї, барпо накардани муносибатњои судманди њарбию сиёсї ва иќтисодї, сар задани љангњои доимї байни ин мулк – давлатњо боиси парокандагии сиёсии Варазрўд гардид.

    Сохти иљтимоию иќтисодии Варазрўд. Љамъияти ин давраи Варазрўд маъмулан аз се табаќа ашрофон, тољирон ва коркунон, яъне зироаткорон ва њунармандон иборат будааст. Инчунин аз њуљљатњо маълум мешавад, ки дар асри VII ибтидои асри VIII дар Суѓд чанд табаќаи ѓуломон-ѓуломони муќарраррї, ѓуломони гаравї, асирони ѓуломшуда мављуд буданд. Ба шумораи зиёди ѓуломон нигоњ накарда, ќувваи асосии истењсолкунандаро на ѓуломон, балки табаќањои дигари мењнаткаши шањру дењот ташкил медоданд. Табаќаи дењќонон, ки корњои гуногунро иљро мекарданд, бо номи «мардум» маълум буданд. Гурўњи дигари ањли мењнатро «маљбуран коркунанда» меномиданд. Ин ду дењќонон бе музд кор мекарданд. Ба ѓайри ин ду гурўњ табаќаи дењќонон низ буданд, ки бо музди муайян кор мекарданд. Љамоати дењотин дар сарчашмањо бо номи «мардум» ва «кишвар» ёд шуда ба тоифаи хокпошон – китиљкорон, кашоварзон ва кадиварон људо мешуданд.

    Зисту зиндагонии табаќањои гуногуни он давраи љамъият аз дигар фарќ мекард. Дар тасвирњои Афросиёб, Аљинатеппа ва Панљакент зиндагии бофароѓати ашрофон, айшу нўши сарватмандон, њамзамон зиндагии ќашоќона бенавоён тасвир ёфтааст. Њаёти он замони љомеа мавзўи њунари мусаввирї њисоб мерафт.

    Дар асрњои V-VIII шањрњо ва њаёти шањрї хеле равнаќ ёфта буд, шањрњо – маркази косибию тичорат, илму фарњанг ва маркази маъмурияти феодалї ба њисоб мерафтанд. Ба ин Панљакент, Пайканд, Самарќанд, Балх, Чоч, Бухоро, Тирмиз, Ахсикат, Бинљикат, Бухоро ва ѓ. мисол шуда метавонанд.

    Вилояти Самарќанд ба дараљае ободу шодоб, сердарахту фаровонњосил буд, ки волиёни нахустини араб онро «равзат-ул-амир ал-мўъминин», яъне «боѓи халифа» номида буданд. Дар Суѓд, Фарѓона ва Хуталон асппарварї маќоми хоса дошт. Дар фосилаи солњои 624-750 барои фурўш галаи аспњои хушзоти суѓдї мунтазам бурда мешуданд. Дар њуљљатњои Ќалъаи Муѓ гову гўсфанд, буз, аспу хар ва хаљир зикр шудааст. Дар Суѓду Тахористон ва Фарѓона кирмакпарварї њам равнаќ ёфта буд.

    Дар баробари хољагї, њамзамон њунармандї њам яке аз машѓулиятњои асосии он давраи мардуми Тахористону Суѓд, Фарѓона, Хоразм ва Чочу Илок ба њисоб мерафт. Дар Тахористон коркарди канданињои фоиданок хеле ривољ ёфта сангњои ќимматбањо, пеш аз њама лаъли Бадахшону лољувард ва дигар сангњо истихрољ мешуд. Дар асоси маълумотњо гуфтан мумкин аст, ки дар Тахористон аз тилло сар карда, то оњан васеъ истифода бурда мешуд. Аз тилло ашёи заргарї, зебу зинат, њайкалу муљассамањо месохтанд. Аз оњан асбобу анљоми рўзгор, яроќу аслиња месохтанд.

    Њунари бофандагии халќиятњои Варазрўд ба дараљаи камолот расид. Газворњои пашмию пахтагї ва сару либоси аъёну ашроф, ки хеле мураккаб дўхта шуда буданд аз њунари баланди бофандагон шањодат медињанд. Бозёфтњои бостоншиносон имконият медињанд, ки дар бораи се навъи матоъ-газвори пашмини рах-рах, газвори пашмини гулдор ва газвори шоњї маълумот гирем.

    Њунармандии суѓдиён низ аз дигар халќиятњои Варазрўд мондани надошт. Миќдори зиёди маъдан пеш аз њама, эњтиёљоти дохилиро ќонеъ мегардонд, пас аз он ќисман ба содирот бароварда мешуд. Аз њафриёти Панљакент дар бораи ашёи оњан маводи зиёде ба даст оварда шудаанд.

    Афзалияти аслињаи суѓдиён дар шакли зебову мукаммали зоњирии он буд. Ба ѓайр аз яроќсозї дар Суѓд њунари заргарї ва бофандагї шўњрат пайдо карда буданд. Бисёр ашёи заргарї – гушворњои тиллої, аќиќсанги фирўзачашми марвориднигон, ангуштаринњои нигинашон аз сангњои ќиматбањо ёфт шудаанд. Дар Ќалъаи Муѓ ќариб 150 намуди матоъ ёфт шуд. Мувофиќи тадќиќоти олимон аз 135 намуди матоъ 90-тоаш пахтагин, 44-тоаш абрешим ва фаќат 1-тоаш пашмин аст.

    Вусъати њунармандї, танњо хоси Суѓду Тахористон набуда, балки тамоми Варазрўдро фаро мегирифт. Аз Тахорисутону Суѓд бисёр навъњои дору њам ба фурўш мерафт. Пайдо шудани тангањои суѓдї дар Тахористон ва тахористї дар Суѓд аз ривољи тиљорати дохилї ва тарвиљи муомилоти пулии ин њавзањои таърихї шањодат медињанд. Тиљорати хориљї ба мамлакатњои Шарќу Ѓарб ва ањолии даштњои Шимол ривољ ёфта буд. Масалан, мулк-давлатњои Варазрўд бо Византия муомилот мекарданд, ки он ба воситаи Эрон ва минтаќаи Моварои Кавказ бурда мешуд. Аз Византия ба Суѓд шоњї меоварданд. Дар Суѓд аз рўи намудњои онњо шоњї бофта, ба мамлакатњои Ѓарб ба фурўш мебурданд. Дар баробари тиљорати хориљї тавассути «Роњи бузурги абрешим, тиљорати дохилї њам ривољ меёфт.

    Тамаддуни аљдодони тољикон дар асрњои VI-VIII. Тамаддуни тољикон дар замони муносибатњои феодалї тадриљан ривољ ёфта, дар заминаи бархўрду табодули фарњангии ќавму халќиятњои эронии Тољикистони таърихї мазмуну рўњияи созанда касб кардааст. Агар тамаддуни Эрон дар он давра дар њолати марказиятнокиву иќтидормандї, вањдати сиёсиву фарњангии Сосониён нумўъ карда бошад, тамаддуни Варазруд дар њолати бархурди тадриљии халќиятњои бумї бо ќавмњои кучї, омезишёфтани фарњанги эронї бо унсурњои мадании туркон, нињоят дар вазъияти парокандагии сиёсї рушду нумўъ кардааст, ки ин њолат албатта аломатњои фарќкунандаи дин, афкори иљтимоию сиёсї ва тамаддунро ба вуљуд овардааст.

    Дар асрњои VI-VIII равобити тиљоратї асосан ба василаи «Роњи бузурги абрешим» сурат гирифта, алоќањои иќтисодї, сиёсї ва фарњангии Варазрўдро бо Чину Њиндустон ва Эрону Византия хеле васеъ намуд. Таъсири байнињамдигарии фарњанги мардуми муќимї ва кўчиро пурзўр кард. Халќияти Варазрўд ба љараёни таърихи љањонї кашида шуда, дар ин љо фарњанги ѓайратманди хосе, ки симои баргузидаи эронї дошт тарвиљ ёфт.

    Аз намунаи осори хаттии суѓдї, ки то ба замони мо расидаанд: маљмўи њуљљатњои ќалъаи кўњи Муѓ, катибањои Панљакент ва Чилњуљра аз Тољикистон, номањои ќадими суѓдї аз Турфони Туркистони Шарќї, љамъи катибањои Синд аз Покистони шимолї, катибаи Бугут ва Ќаробалосаѓун аз Муѓулистон, катибаи Лодак аз Тибет, катибањои Макшуф аз Ќирѓизистон ва деворнигорањои харобањои Афросиёби Самарќанд ёдгорињои нодиру нотакрор мањсуб мешаванд. Осори номбаршуда аз он шањодат медињад, ки забону хатти суѓдї на танњо дар сиккаю њуљљатњои њукмронони Суѓд, балки дар асноди расмї ва номањо низ ба кор рафта дар минтаќаи пањновари Осиёи Марказї ба унвони забони миёнљї (Linena Franka) аз асри IV то VIII маъмул ба кор мерафт.

    Тахтаи машќи алифбои суѓдї, ки аз Панљакент ёфт шудааст, матни машќњои котибон, ки дар сафолпорањои Марв дарёфт гардид, аз он шањодат медињанд, ки дар Суѓди ибтидои асримиёнгаї мактабњои саводомўзї ва санъати котибї амал мекарданд. Дар аксари њуљљатњои Ќалъаи Муѓ котибони чирадасти суѓдї: номи Ромтиш, Вѓашфаѓн, Ваченок ва Саймич, Тишич зикр шудаанд, ки ин албатта аз тарвиљи мактаби хату хаттотии Суѓд шањодат медињад ва аз он гувоњї медињад, ки дар Суѓд хату савод хеле пеш рафта будааст.

    Дар кори тарѓиби хат ва саводнок шудани халќњои Осиёи Марказї ва эљоди хатти худї хатти суѓдї наќши муњим дошт. Дар асоси хатти суѓдї алифбои уйѓурї ба вуљуд омад. Баъд дар асоси алифбои уйѓурї хатти муѓулию манљурї пайдо шудааст, ки ин воќеаи ногузир буд. Чунки дар асрњои V-VIII дар Осиёи Марказї, бахусус дар Њафтруд ва Туркистони шарќї забони суѓдї васеъ истифода бурда мешуд. Дар ин љо ањолї бештар бо забони суѓдї ва ќисман ба туркї њарф мезаданд. Дар шањрњо, хусусан ду забонї васеъ пањн шуда, дар байни ашрофони босаводи Њоќонии Ѓарбии Турк донандагони забони суѓдї бисёр буданд.

    Эњтимол меравад, ки хату забони суѓдї, аз љумла турку уйѓурњо пасон расму хатти ќадимаи руниро эљод карда бошанд, зеро асоси ин хат њам алифбои суѓдї ва оромї буда, алифбои фонетикаи забони туркиро ташкил медод. Ин навъи алифбои туркї аз 38 то 40 њарф иборат буда, паси њамдигар рўи сангу чўб навишта мешуд.

    Њамзамон бо хату забони суѓдї – забони бохтарї њам, ки забони расмии Тахористон буд, дар ташаккулу тарбиљи тамаддуни тољикон наќши муњим бозидааст. Ба шањодати сайёњи љиної Сюан-Сзан алифбои забони бохтарї аз 25 њарф иборат буда, дар заминаи расмулхати юнонї асос ёфтааст, он аз чап ба рост хонда мешудааст. Осори хаттї ба забони бохтарї аз маъбади Сурхкўтал, мањалли Работаки Афѓонистон, аз дайри буддоии Ќаротеппаи Узбекистон ва аз навиштањои рўи тангањо, мўњрњои шоњони кушониву њайтолї, аз њамдафну сафолпорањо кашф шудаанд.

    Дар асрњои IV-VIII ањолии Варазрўд маъмулан ба дину ойинњои зардуштї, буддої, массењї ва монавї эътиќод доштанд. Вале зардушгтия дар Хоразму Суѓд ва Чоч хеле зиёд пањн шуда буд. Онњоеро, ки зардуштии мазњаб буданду дар оташкадањо русумотии диниро мекарданд, баъдтар арабњо маљус ё маљусї номиданд. Таќрибан дар њама шањрњои хурду калони Варазрўд оташкадањои зардуштиён мављуд буданд. Оташи муќаддас озархурро номида шуда, дар оташкада шабу рўз њамвора фурўзон меистод.

    Аз манбањои хаттї ва ковишњои бостоншиносої маълум мешавад, ки дар асрњои VI-VIII талќини дини буддої на танњо дар Тахористон, балки дар Суѓду Фарѓона ва Туркистони Шарќї низ пурзўр гашта, тарѓибгарони он тавассути Чочу Фарѓона ва Њафтрўд ва Туркистони Шарќї, њатто ба вилоятњои дохили Чин мерафтанд. Дар боби тарљумаи матнњои динии буддої аз забони санскрит ба забонњои бохтарию суѓдї ва аз он ба забонњои чиної ва туркї рохибону фозилон ва муболиѓони суѓдию тахористонї ва марвї сањми калон доштанд. Ба туфайли китобњои динї аќидањои буддої дар бораи покизагии рўњу љисм, растагорию росткорї ва камолоти рўњї тарѓиб гардида, дуздї, дурўѓгўї, бадахлоќй ва сармастї сарзаниш карда мешуд. Имрўз як силсила иботахона, яъне дайрањои буддої, ки маркази тањвилкунандаи афкору аќида ва ойини Буддо буданд, харобањои Аљинатеппа, Кофарќалъа, Ќаротеппа ва Зангтеппа дар њудуди Тахористони ќадиму ибтидої асримиёнагї кашфу њафр шудаанд. Суѓдиён њам дар тарѓибу талќини дин ойин наќши созгор гузоштаанд. Имрўз чанд теъдод осори суѓдии буддої, аз ќабили «Вассантра статакї», «Достони мавлуди Буддо» ва «Сутуройи иллат ва маълул» ёфт шудаанд, ки аз забони санскрит ё љиної ба забони суѓдї тарљумаю тафсир шудаанд.

    Аз маълумоти манбаъњо бармеояд, ки дар Варазрўд ба ѓайр аз зардуштиёну буддоиён боз пайравони таълимоти мазњаби несториании дини масењї њам кам набуданд. Ноњияи Ургути Самарќанд на фаќат барои Суѓд, балки барои тамоми Варазрўд маркази пањнкунандаи ойини масењї мањсуб мешуд. Тахмин меравад, ки дини насронї ба Суѓд дар асрњои V-VI ворид шуда бошад, дар ибтидои асри VI дар Самарќанд эпископ, дар асри VIII бошад, митрополит ва дигар пешвоёни олимаќоми динї ба љамоањои насронї рањнамої мекарданд.

    Дар асрњои IV-VIII дар шањрњои Варазрўд баробари њунармандї ва меъморї, соњањои гуногуни њунар, мусаввирї ва њайкалтарошї ривољ ёфтааст, ки тасвиру гаљкорињо, деворнигорањои ќасру кўшкњо, гаљию сафолии њайкалњои ибодатхонањо, маъбудањо, санамњои аз чуб офаридашуда, рамзу симоњои дар тангањо акс ёфта, аз намунањои нодири он њунар њастанд. Онњо бешубња, дигаргунињои ичтимої, тарвиљи иќтисодї ва муносибатњои сиёсии он замонро дар худ таљассум намуданд. Дар харобањои Балаликтеппа, Панљакент, Чилњуљра, Варахша ва Афросиёб, ёдгорињои шањри Кува мусаввараю њайкалњо ва наќшњое ёфт шуданд, ки асарњои беназири њунари он замон ба њисоб мераванд. Зиёда аз 60 тасвирањои љолиби деворї харобањои Панљакент ёфт гардида њам, мазмунана бойу рангин њастанд. Дар байни онњо манзараи њаракати аскарон достонњои ќадимаи суѓдиён, маросими динї ва маросими кишти њосилро мушоњида кардан мумкин аст.

    Тасвир ва деворнигорањои Афросиёб хусусияту мундариљаи хос доранд. Дар он манзараи як маљлиси мутантан тасвир ёфтааст. Дар сафи пеш фили сафед меравад ва дар тањти равони болои фил як бонуи сарватманде нишастааст, ки эњтимол, шоњдухтар ё малика бошад. Дар саѓрии фил, дар пушти тахти равон канизи шоњдухтар тасвир ёфтааст. Аз паси фил се бонуи аспсавор менамоянд. Дар дасти яке аз онњо ба забони суѓдї чунин ибораи мухтасар сабт шудааст: «аќрабои малика». Аз паси онњо ду марди мусаллањи уштурсавор мераванд, ки дар даст чўбдасти салтанат доранд, боз чор паррандаи сафед инъикос шудааст, ки онњоро ду марди дањонбаста гирифта мераванд ва нињоят боз як саворе ба назар мерасад, ки нисбат ба дигарон ду баробар калонтар кашида шудааст. Шояд ки ин маросими арўсбиёрони сафир бошаду эњтимол духтари филсавор арўси марди аз њама калон тавиршуда, сардори сафорат бошад. Дар девори ѓарбии хона бошад, одамони либоси шоњона ба бар бо тўњфањои ќиматбањо тасвир ёфтаанд, ки ин лавњаи ќабули сафирон аз љониби ихшиди Суѓд Вархуман мебошад.

    Дар њунари мусаввирии арсњои IV-VIII њайкалтарошї мавќеи калон дошт. Дар боби инкишофи он таъсири мазњаби зурвонии зардуштї ва дини буддої зиёд аст. Одатан дар буткадањо њайкали хурду калони буддо ва коњинонро аз лою гаљу лой ва санг сохта мегузоштанд. Њайкалњои мўњташами буддоии Ќува водии Фарѓона ва Аљинатеппаи назди Ќурѓонтеппа ёфта, омўхта шуданд. Дарозии њайкали буддоие, ки аз Аљинатеппа ёфта шуд, ќарибан 12 метр аст.

    Дар он давра санъати кандакорї ривољ ёфт. Порањои боќимонда ва мисли ангишт сўхтањои њайкали чўбин, наќшњои гуногуни табиат, љонзодњою њайвонот, њокиме дар сари тахт, ки аз Афросиёб ва Панљакент ёфт шудаанд, аз тарвиљи кандакорї далолат медињанд. Дар байни онњо њайкали љозибаноки раќќоса љолиби диќќт аст. Раќќоса дасти чапро ба миён монда, пои ростро ќат карда, њангоми њаракат намудан тасвир ёфтааст, ки он шаддаву шалдори аљоибдўхти раќќосаи ќоматаш нозукро даќиќ таљассум медињад.

    Манбаъњои љиної шањодат медињанд, ки дар асрњои IV-VIII дар Варазрўд њунари мусиќї, раќс, сарояндагї, мутобагўї ва дорбозї равнаќ ёфта буданд. Бухоро бо санъаткорон, Самарќанд бо найнавозон, Чоч бо раќќосону раќќосагон, Хутан бо сурнайнавозон, Куча бо бастакорони бо мањорати худ шўњрат ёфта буданд. Дар фосилаи асри V-VIII аз Чочу Самарќанд, Кешу Маймурѓ њайати раќќосон, аз Хуттал бошад, гурўњ-гурўњ занони маќомчии ба ќасри императорони Чин барои њунармандї ва омўзондани фиристоданд.

    Хулоса, дар асрњои IV-VIII фарњангу маънавиёти љомеа махсусан меъморї, хату савод, эътиќоди динї, њунари мусаввирї ва мусиќї ривољ ёфта, равобити фарњангии мулк- давлатњои Варазрўд тарвиљ мекунад. Дар натиља фарњанги хосу ѓановатманде офарида мешавад, ки пешрафти маънавиёти љомеаро дар худ таљассум менамуд.

    БОБИ V. Аљдодони тољик дар замони њукуматдории Хилофати Араб.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   57


    написать администратору сайта