Главная страница
Навигация по странице:

  • Исмоили Сомонї ва болоравии ќудрати Сомониён.

  • Давраи аввал

  • Давраи дуввум

  • Исмоили сомонї ва хидматњои ў.

  • §5. Нашъунамои давлати Сомониён.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница10 из 57
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   57
    §4. Ташкилёбии давлати Сомониён.
    Андешањо оид ба макони Сомониён. Сомонхудот. Сомониён нахустин силсилаи мањаллї буданд, ки пас аз суќути Бармакиён мавриди эътимоду пуштибонии халифањои аббосї гардиданд. Насаби ин хонавода аз рўи маълумоти сарчашмањо ба Бањроми Чўбина - яке аз давлатмардони ањди сосонї мерасад. Сомониён номи худро аз дењаи Сомон гирифтаанд, ки ин дења дар наздикии Самарќанд (ё Балх) будааст. Сарвари ин хонадон Сомонхудот буда, бо амири Хуросон Асад ибни Абдуллоњ (ваф.738) муносибати наздик барќарор карда, ба дасти ў мусулмон мегардад. Ба поси эњтироми ин дўстї писари худро низ Асад номид. Сомонхудот њамчун намояндаи арабњо солњои 725-738 њокими Балх буда, барои тасхири баъзе ќисматњои Хуросону Мовароуннањр бо арабњо њамдастї кардааст.

    Дар бораи Асад њељ гуна маълумоте нест. Дар замони хилофати Њорунаррашид (786-809) аз сабаби зиёд гаштани зулму ситами коргузорони хилофати аббосї дар њудуди Хуросону Мовароуннањр вазъияти буњронї ба амал омад. Соли 806 бо роњбарии Рофеъ ибни Лайс ном саркардаи араб бар муќобили хилофат шўриши бузурге сар зад, ки дар муддати кўтоњ миёни мардумон низ њамовозї пайдо кард. Рофеъ шањри Самарќандро ба даст овард ва халифа маљбур шуд, ки барои фурў нишонидани ин ошўб шахсан ба Хуросон ояд. Яке аз саркардањои машњури дарбори Баѓдод Њарсама барои пахш кардани шўриш ба Мовароуннањр омад ва дар ин кор ољиз монд. Писари халифа Маъмун ба фарзандони Асад – Нўњ, Ањмад, Яхё ва Илёс нома фиристода, хостори он шуд, ки онњо, ба лашкари хилофат ёрї расонанд. Маъмун ва дастгоњи хилофати аббосї хуб медонистанд, ки фарзандони Асад аз мардуми мањаллї буда, аз решањои ин ихтилоф огоњ буда, миёни мардум љойгоњи муносиби иљтимої доштанд ва њусну тадбири онон низ ба халифа маълум буд.

    Фарзандони Асад ба дархости халифа посухи мусбат доданд ва Рофеъро бар он доштанд, ки бо Њарсама сулњ кунад. Њамин тавр ин фитна ором гардида, Мовароуннањр дар ихтиёри Аббосиён боќї монд. Пас аз ин фарзандони Асад ба дарбори хилофат наздик шуданд. Авзои нобасонмони Хуросону Мовароуннањр Маъмунро водор карда, ки солњо худ дар Хуросон боќї монад. Дар низоъи миёни бародарон Маъмун ва Амин барои хилофат њам, ки ба хунрезї анљомид, унсури эронї барои ба ќудрат нишонидани Маъмун наќши муњиме гузошт. Соли 818 Маъмун озими Баѓдод гардид. Ба поси хидматњои кардаашон халифа ба амири Хуросон Ѓассон ибни Аббод супориш дод, ки наберањои Сомонхудот ба корњои идорї љалб карда шаванд. Њамин тавр Нўњ, Ањмад, Яњё ва Илёс мутаносибан њокимони шањрњои Самарќанд, Фарѓона, Чоч ва Њирот гардиданд. Ба истиснои Њирот фарзандони Асад тавонистанд њукумати хешро бар ин шањрњо меросї гардонанд.

    Пас аз он ки Тоњириён ва Саффориён њам амири Хуросон гардиданд, ќудрати намояндагони Сомониён бар шањрњои Мовароуннањр њифз карда шуд. Нахуст Нўњ, баъд Ањмад (ваф. 864) ва сипас писараш Наср (ваф. 892) сардори сулолаи сомониро бар ўњда доштанд. Соли 874 охирин шањри бузург дар Моваруннањр – Бухоро њам ба ихтиёри Сомониён дода шуд. Замоне Бухоро гирифтори ошўбу фитна (соли 874) гардид, мардумони он мањз ба намояндаи хонадони сомонї мурољиат карданд ва Наср бародараш Исмоилро ба ин нуќтаи ноором фиристод. Ба Исмоил зарур омад, ки дар муддати кўтоњ шањри ошўбзадаро ором сохта, аъёнро низ ба љониби худ љалб созад. Њокими худхондаи ин шањр Њусайн ибни Тоњирро низ њабс карда, бадгумонињои бародараш Насрро низ бобати истиќлолхоњї бартараф сохт.

    Халифа соли 875 ба Наср ибни Ањмад маншур фиристода, амалан њукумати Сомониён бар кулли Мовароуннањр расмият бахшид. Муаррихон њамин солро соли пурра тобеъ гаштани Мовароуннањр ба хилофат меномад. Барои ба ислом љалб гардидани ањолї Сомониён аз ин давра саъй мекарданд ва мавриди эътимоду пуштибонии халифањои аббосї буданд. Онњо даст ба њељ гуна ислоњоти куллї намезаданд, балки бо нигоњ доштани оромї дар ќаламрави худ заминаи тадриљии мусулмоншавии ањолї ва ба хилофат содиќ монданро мељустанд. Яке аз тафовутњои аслї дар миёни Саффориён ва Сомониён он буд, ки ќудрати Саффориён сад дар сад чуноне ки аз ишораи Яъќуб бармеояд, ба зўри шамшер вобаста буд. Сомониён бо иштирок дар пахши шўриши Рофеъ ибни Лайс минбаъд њамаи фармонравоии худро пас аз гирифтани номаву маншури халифа ба роњ мемонданд. Пас аз таъин шудан бошад миёни раият чун намояндаи халифа (нисбатан) адлу додро пеша карда, миёни мардум низ мањбубият пайдо мекарданд.

    Исмоили Сомонї ва болоравии ќудрати Сомониён. Исмоил мушоњида кард, ки як гурўњ аъёни шањри Бухоро бо тадбирњои ў мухолифат меварзанд. Ба хотири ба роњ мондани сиёсати хеш ва бартараф сохтани шарри ин аъён ў ба бародараш Наср нома навишта ононро ба Самарќанд гусел фармуд ва дар нома боздошт гаштани онњоро хостор шуд. Дар воќеъ Наср мухолифони Исоилро ба Бухоро нагузошт ва дар як муддати кўтоњ корњо бар муроди Исмоил пеш рафт. Њарчанд Наср сарвари хонадони сомонї буд, вале рўз аз рўз обрўву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кўшишњои истиќлолталабона ё дурустар гўем мустаќилона амал карданро шурўъ кард. Суханчинњо ин зиддиятњоро бештар карда, миёни ду бародар тарњи душманї меафканданд. Сабаби сар задании мољаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хирољи Бухоро ба Наср – сарвари хонадони сомонї буд. Оќибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухўрди мусаллањона сурат гирифта, бо пирўзии Исмоил ба анљом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон мурољиат карда, миёни мардум низ мањбубияти бештаре касб кард.

    Наср пас аз ин рўйдоди нохўш бародараш Исмоилро бахшида, ўро љонишини худ эълон кард ва аз њамаи бародарону фарзандон дархост кард, ки фармони ўро гардан нињанд. Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиќи васияти ў Исмоил сарвари хонадони сомонї ва амири Мовароуннањр гардид. Халифа њам соли 893 ба номи Исмоил маншур фиристода, њокимияти ўро бар тамоми Мовароуннањр расмият бахшид. Исмоил ва ворисони ўро минбаъд амири Хуросон меномиданд, ки ин ягонагии Мовароуннањру Хуросонро дар назар дорад. Исмоил Бухороро пойтахт ќарор дод, то ин дам Самарќанд пойтахти Сомониён мањсуб мегашт. Ў худи њамин сол ба самти Талас лашкар кашида, онро тасарруф намуд ва ба нашри ислом пардохта, калисои онро ба масљид табдил дод. Аз ин љо ѓанимати зиёд ба даст овард. Ин лашкаркашї ќаламрави Сомониёнро чандон васеъ накард, вале сабабгори он шуд, ки ба њуљумњои њамешагии туркњо ба ин сарзамин хотима бахшад. Гузашта аз ин пас ин лашкаркашї мубаллиѓони мусулмон барои дар ин сарзаминњо густариш додани ислом ба фаъолияти густурда пардохтанд.

    Иќдоми дигари Исмоил забт кардани Усрушана (Истаравшан) дар соли 893 ва ба ќаламрави Сомониён њамроњ кардани ин шањри муњим буд.

    Пас аз расидани маншури халифа барои њукумати Хуросону Мовароуннањр Исмоил ба самти Гургону Табаристон лашкар кашид. Ин сарзамин аз соли 864 аз итоати хилофат сарпечї карда, дар ихтиёри пешвоёни шўриши алавї ё доъиёни алавї ќарор дошт. Доъиёни шиъаи алавї хилофати абосиро расман намешинохтанд. Сипоњиёни Исмоил бар муќобили њокими Табаристон доъии алавї Муњаммад ибни Зайд, ки шахсе донишманду шоир њам буд, лашкар кашида, соли 900 дар набарди бисёр хунин ўро шикаст доданд ва ин њудуд низ ба ќаламрави Сомониён афзуда гашт. Соли 901 Муњаммад ибни Њоруни Сарахсї, ки аз тарафи Исмоили сомонї бар Табаристон њукумат мекард, аз итоати Сомониён сарпечї кард ва Исмоил барои саркўбии ў дубора ба Табаристон лашкар кашида, Рай ва Ќазвинро њам ба њайати давлати худ њамроњ кард.

    Даврони аморати Исмоилро метавонем ба ду давраи њаштсолаи аз њам људо таќсим намоем:

    Давраи аввалсолњои 892-900-ро фаро мегирад. Ин давраест, ки Исмоил ба унвони амири Мовароуннањр аз љониби халифаи аббосї њукумат меронад. Њарчанд Сомониён тобеъияте љуз халифаро надоштанд, аммо њанўз чун Саффориён ќудратманд набуданд. Ин давраест, ки Исмоил дар мањдудаи Моваруннањр сохтори идории худро тањким мебахшид. Њарчанд Исмоил дар сарњадоти ќаламрави ягонаи хилофат бо туркон даст ба иќдомоти муњофизатї зад, аммо нуфузи он њанўз аз Мовароуннањр берун нарафта буд.

    Давраи дуввум солњои 900-907-умро фаро мегирад. Амр ибни Лайс, ки ба љои бародари саркашаш Яъќуб амири Хуросон гардида буд, намехост, ки дар баробари ќудрати ў касе дигар дар шарќии хилофат мављуд бошад. Аз ин рў аз халифа дархост кард, ки вилояти Мовароуннањрро њам ба номи ў нависад. Халифаи бадањду маккори аббосї ба хотири ба љони њам андохтани ду пешвои тољик ба ин таќозои Амр љавоби мусбат дод ва бо фиристодани сафиру нома ба Амр сабабгори љанги Амр ва Исмоилд гардид. Миёни саркардањоии тољик Амр ва Исмоил ду муњориба, яке соли 899 ва дигаре соли 900-ум ба вуќуъ пайваста, бо шикасту асир гаштани Амр ба поён расид. Мувофиќи ахбори сарчашмањо њамаи мардумон, хусусан табаќањои болої дар ин набард љонибдорї аз Сомониён карданд ва њукумати ононро аз Саффориён бењтар шумориданд. Сабаби њамраъйии дењќонону ашроф ба Сомониён, ќабл аз њама баромади онон ва равиши писандидаи њукуматдорияшон буд. Пас аз ин набард на танњо Мовароуннањр балки Хуросон низ ба ихтиёри Сомониён даромад. Соли 900-уми милодї дар таърихнигории исломї њамучун оѓози ќудрати Сомониён мањсуб мегардад, зеро ќудрати воќеъї барои он рўз танњо ба амирони Хуросон нисбат дода мешуд. Дар ин давраи барои таърих хеле кўтоњ Исмоил тавонист, ки ба шахсияти барљастаи тамоми хилофат ва махсусан мардуми эронинажод мубаддал гардад.

    Исмоили сомонї ва хидматњои ў. Замоне, ки Исмоили Сомонї аз дунё рафт (соли 907) њудуди давлати Сомониён аз Кошѓар то Форс тўл мекашид. Ў тавонист:

    1. Давлатдории Сомониёнро аз мањдудаи Мовароуннањр, ки падару бародаронаш доштанд, ба самти Хуросону Эрони шарќї ва марказї густариш дињад. Ќисмати зиёди њудудњое, мардуми он бо забони форсии тољикї њарф мезаданд, тањти як ќаламрав муттањид гашт. Ин њодиса ањамияти бузурги таърихї дошта, барои ташаккули забони ягонаи форсии тољикї наќши муњим бозид;

    2. Асосњои низоми сиёсї ва идории Сомониёнро тарњрезї намояд. Ў бо такя бар суннатњои деринаи давлатдории тољикон низоми муназзами давлатдориро бунёд нињод, ки аз даргоњу девонњо иборат буд. Ин усули давлатдорї то поёни рўзгори Сомониён идома ёфта, силсилањои минбаъда њам онро нусхабардорї карданд;

    3. Ба самти биёбонњои турк лашкар кашида, амнияти Мовароуннањрро таъмин намуда, њамзамон дар ин марзњо исломро пањн кунад. Исмоил бо иќдомоти љасўрона ва ба самти биёбонњои турк лашкар кашидан, амнияти мардуми Мовароуннањрро таъмин сохт. Маъруф аст, ки замоне ањолии Бухоро хостанд, девори мудофиавии шањрро, ки барои дифоъ аз њуљуми туркњо бунёд ёфта буд, барафрозанд, ў мардумро аз ин кор боздошта фармуд: «то зиндаам, девори Бухоро ман бошам»;

    4. Истиќлоли воќеъии Хуросону Мовароуннањрро пас аз дусад соли њукмронии арабњо бо риояи эътирофи халифаи Баѓдод таъмин намояд. Пас аз Исмоил амирони сомонї танњо дар хутбаву сикка аз халифа зикр карда, дар тамоми умури дохилї мустаќилона амал мекарданд;

    5. Дар муносибат бо раият некўтарин сиратро пеш гирифта, ягона амире аз љумлаи Сомониён (ва фармонравоёни минбаъдаи Хуросону Мовароуннањр) аст, ки сарчашмањо номашро љуз ба некї набурдаанд. Ў бо лаќабњои «амири одил», «амири мозї», «амири ѓозї» ва ѓайра машњур гардид.
    §5. Нашъунамои давлати Сомониён.
    Вориси Исмоил писараш Ањмад (907-914) њанўз дар айёми њукумати падар ба баъзе вазифањои баланди давлатї мушарраф гардид. Аммо ў кифояту коршоямии падарро надошт. Ба ў зарур омад, ки ошўбу фитнањои дохилиро сомон бахшад. Аз љумла амаки ў Исњоќ ибни Ањмад, ки њокими Самарќанд буд, барои ба даст овардани тахт бар муќобили амири сомонї даст ба шўриш зад. Ин шўриш пахш гардид ва Исњоќ ба њабс андохта шуд. Тадбири дигари Ањмад ба даст овардани Систон дар соли 908 ба њисоб мерафт. Дарбориёну давлатмардони сомонї низ нисбат ба ў ба чашми камэътиборї назар дўхтанд. Аз љумла њокими Гургон Борс ал-Кабир чун аз марги Исмоил огоњ шуд, ба Бухоро молиёт фиристоданро ќатъ кард ва чун аз њаракати сипоњи сомонї огоњ шуд, ба тарафи Баѓдод фирор карда, бо додани маблаѓи зиёд ба халифа паноњ бурд.

    Соли 912 туркњо бо лашкари зиёде ба ќаламрави Сомониён њуљум оварда, даст ба ѓорат заданд ва бештар аз 20 њазор мардуми муќимиро ба асорат бурданд. Ањмад ибни Исмоил бо лашкаре ќавї ин фитнаро дур карда, ќисми зиёди асиронро аз туркон кашида мегирад ва теъдоди зиёди турконро низ ба асорат мебарад. Ин пирўзї чунон таъсире дар љомеъа дошт, ки худи амири сомониро низ руњбаланд карда, бар он дошт, ки ў халифа таќозо кард, то вилоятњои Форс ва Кирмонро низ ба ў бахшад, аммо халифа танњо Кирмонро ба ихтиёри Сомониён дод. Њуљуми дигар ба сарзамини Сомониён аз самти кишвари Рус сурат гирифт. Русњо тавассути бањри Хазар (Каспї) бо 500 киштї ба сарзаминњои Табаристон, Дайлам ва Обискун њамла карда, мардуми зиёдеро ба ќатл расониданд ва занону кўдакони зиёдро ба асорат бурданд. Шањри Сораи Мозандаронро русњо вањшиёна ба оташ кашиданд. Њуљуми русњо ба солњоли 909-910 рост меояд.

    Ањмад наќши руњониёнро дар дарбор зиёд гардонид ва забони арабї њам дар ањди ў дубора нуфуз пайдо кард. Тахмин меравад, ки яке аз сабабњои марги ў њамин њаракати ў бошад. Набояд фаромўш кард, ки Ањмад љойнишини падари бузургвораш Исмоил гардида буд ва табиист, ки мардум ва муаррихони баъдї ўро бо падар муќоиса мекарданд ва ин ба суди Ањмад набуд. Ѓуломони дарбор ба љони ў ќасд карда, вайро ба њалокат расониданд. Аз ин рў вай бо лаќаби амири «шањид» маъруф гардид.

    Бо кушта шудани Ањмад дарбори сомонї писари њаштсолаи ў Насри II-ро бар тахт нишониданд. Бо шунидани ин хабар Исњоќ ибни Ањмад, ки ќаблан даст ба шўриш зада буд, интихоби кўдакеро ба амирии Хуросон хилофи аќлу тадбир шуморида, дар Самарќанд исён бардошт. Сипоњи Насри II дар ду набард Исњоќро шикаст дода, ўро дар банд кашид ва ба Бухоро овард, то дар он љо даргузашт. Шўриши дигаре, ки Насри II ва дарбори Сомониёнро музтариб кард солњои 914-915 бо роњбарии Њусайн ибни Алии Марврудї (Марвазї) рух дод. Маркази ин шўриш Нишопур ва Њирот ба њисоб мерафт. Ин нањзат решаи иљтимої дошта, зери шиорњои доъиёни исмоилї амалї мегашт ва бо хилофати исмоилии Фотимиён дар иртибот буд. Саркардаи сомонињо Ањмад ибни Сањли Марвазї, ки ба навиштаи сарчашмањо аз насли Яздигурди III буд, шўришро фурў нишонида, пешвоёни онро дастгир ва ба Бухоро фиристод. Каме баъдтар худи Ањмад ибни Сањл, ки аз дарбори сомонї ранљида буд, даст ба шўриш зад. Ин воќеъа соли 918 рух дод, аммо дарбори Насри II ба он муваффаќ гашт, ки ин шўришро низ пахш созад.

    Ба Насри II лозим омад, ки исёни бародаронаш Яњё, Мансур, Иброњимро, ки байни солњои 927-929 рух дод, саркўб намояд. Амир Насри II муддати зиёде барои ором ва мутеъ сохтани ноњияњои Гургон, Табаристон ва Рай талаф карда, ба ин манзур аз хазинаи давлат маблаѓњои зиёдеро њам сарф намуд. Шўриши дигаре, ки дар замони Насри II рух дод бо роњбарии Абўали Илёс яке аз сардорони низомии Сомониён (байни солњои 933-935) дар Кирмон ба амал омад.

    Яке аз њодисањои муњими замони Наср ошкор шудани даъвати фирќаи исмоилї бо номи ботинињо буд. Равиши Сомониён нисбат ба пайравони дину мазњабњои дигар хеле бохирадонаву писандида буд. Агарчанде хонадони Сомониён дар аќидаву эътиќод пайрави мазњаби Абуњанифа буданд, аммо нисбат ба намояндагони дигар мазњабњои исломї ва њатто ѓайриисломї бо гузашту тањаммулпазирї бархурд мекарданд. Сомониён дар мазњаби ањли суннат, яъне мазњаби расмии хилофат ќарор доштанд, аммо бар хилофи халифањои аббосї, ки дар бештари даврањои хилофати худ пайравони дигар мазњабњоро таъќиб мекарданд, равиши тањаммулпазириро пеша мекарданд. Мањз њамин гуна сиёсат сабаб шуд, ки аз гушаву канори љањони ислом олимону донишмандон рў ба Бухорову дигар шањрњои ќаламрваи сомонї оварданд.

    Мазњаби исмоилї дар Ироќ зуњур карда, сипас ба Шом (Сурия) ва минбаъд ба шимолии Африќо роњ ёфт. Ин мазњаб ба равияњои ќарматї (дар Ироќ) ва исмоилї (дар Шому Африќо) људо гардид. Ќарматиён ба тундгарої машњур буда, пас аз њуљум ба Мака ва кандани «њаљар-ул-асвад» дар олами ислом бадном гардиданд. Исмоилиён бошанд, дар соли 909 дар шимоли Африќо дар баробари Аббосиён хилофати Фотимиён (мансуб ба духтари пайѓамбар Фотима)-ро таъсис дода, ба таблиѓоти мазњабї даст заданд. Мубаллиѓони исмоилї саъй мекарданд, ки мардумон ва хусусан амиру вазиронро ба байъати халифаи фотимї даъват намоянд. Аз љумла мубаллиѓони ин мазњаб дар асри X ба сарзамини Мовароуннањру Хуросон низ сар дароварданд ва дар як муддати кўтоњ муваффаќиятњои зиёдеро касб карданд.

    Дар Мовароуннањр яке аз мубаллиѓони номии исмоилї Њусайн ибни Алии Марврудї ба њисоб мерафт, ки бо аъёну ашрофи давлати сомонї њамнишаст буд, вале дар охир ба зиндон афтода, њамон љо фавтид. Шогирди ў Насафї дар даъвати мардум ба кеши исмоилї то љое пешравї кард, ки чанде аз атрофиёни амир Наср њам ба ин мазњаб гаравиданд ва њатто аз амир барои «бегуноњ» њабс ва ќатл кардани устодаш Марврудї хунбањо ситонида, ба халифаи фотимї ирсол дошт. Њатто худи амир Наср њам саранљом ба мазњаби исмоилї гаравиш пайдо кард. Ин амали ў боиси нигарониву эътирози руњониён ва лашкариён гардид. Гурўњњои манфиатдор кўшиши табаддулотро ба роњ монданд, аммо амир Наср аз ин огоњї ёфта, бо хоњиши худ аз тахт даст кашид ва ба љои ў писараш Нўњ (943-954) амири Мовароуннањру Хуросон гардид.

    Бо вуљуди њамаи нооромињо замони аморати Насри II бењтарин давраи Сомониён ё ба таъбири дигар «асри тиллоии» ин хонадон ба њисоб меравад. Лаќаби ў амири «саъид» буд. Барои оромиву суббот ва тараќќии давлати сомонї дар ањди Насри II наќши вазири ў Абўабдуллоњ Љайњонї (914-921) хеле калон буд. Ўро барои хидматњояш дар дарбори сомонї бо лаќаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Мањз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад. Абулфазли Балъамї (921-937) дигар аз вазирони Наср ба њисоб мерафт ва дар ањди вазорати ў дарбори Сомониён ба маркази љамъомади олимону шоирон гардид. Абулфазли Балъамї њомиву пуштибони Рўдакї дар дарбор буд. Ў пас аз фурў нишондани ошубњои зиддидавлатї дар масъалањои сиёсиву фарњангї чораандешї кард, ки аз љумлаи он тарљумаи «Калила ва Димна» аз арабї ба форсии дарї буд. Ањли дарбор Балъамиро бо унвонњои «Балъамии кабир», «Мир Абулфазл», «Шайхи љалил» ва ѓайра хитоб мекарданд. Саввумин вазири Насри II Абўалии Љайњонї (938-941) ба њисоб меравад, ки аз хонаводаи маъруфи Балъамињо бархоста буд.

    Нўњ салтанати худро бо љазо додани исмоилиён оѓоз кард. Аз љумла Насафї ва бисёре аз њамкешони ў ба ќатл мањкум шуданд. Дар оѓози аморати Нўњ (соли 944) њамчунин исёне Хоразмро фаро гирифт, ки аз сўи туркњои њудуди Туркистон њимоят мегашт, вале дарбори сомонї ба он муваффаќ шуд, ки ин ошўбро бо роњи осоишта фурў нишонад. Нўњ нисбат ба гузаштагон ба умури лашкар ањамияти бештар дод, ки ин сабаби зиёд гаштани молиёт ва норозигии мардум шуд. Тадбири дигари Нўњ он буд, ки наќши руњониёни иртиљоиро боло бурд ва ин ду унсур (лашкариён ва руњониёни иртиљої) сабабгори заволи тадриљии Сомониён шуданд.

    Дар ањди писари Нўњ муносибати Бухоро бо Баѓдод тира гардид, зеро давлати Бувайњиён (Оли Бўя), ки дар солњои 30- уми асри X дар ќисми Эрони Марказї бунёд гардида буд, соли 945 Баѓдодро ишѓол карда, халифаро ба бозичаи дасти худ табдил доданд. Сомониён бошанд, халифаи Бувайњиён гузоштаро ба расмият нашинохтанд ва њамоно ба номи халифаи барканор шуда (ва њатто вафот карда) хутба мехонданд. Њодисаи муњими дигар дар замони Нўњ саркашињои доимии Абўалии Чаѓонї ва љангњои дохилї буд. Бувайњиён тавассути халифаи дастнишондодаи худ хонадони Чаѓониёнро алайњи Сомониён мешўрониданд. Дигар саркардањои низомї ва дарбориёни аз дарбори Бухоро ранљида ё дур гаштаро низ Бувайњиён пуштибонї мекарданд. Афзудани харљи артиш даргоњи Нўњро бар он дошт, ки њаљми молиёти солонаро дучанд кунад ва њатто пешакї онро аз мардумон талаб кунад. Ин ситаму тааддї боиси сар задани нооромињои дигар гардид. Амак ва бародарони Нўњ Абўљаъфар Муњаммад ва Абу Муњаммад Ањмад аз норозигињо истифода карда, даст ба шўриш заданд, вале шикаст хўрда, ба зиндон андохта шуданд ва ба чашмонашон мил кашида шуд.
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   57


    написать администратору сайта