ТЕСТИ ФАЛСАФА. Мавзи фалсафа, доираи масъалао ва маоми он дар низоми маърифати илм Тестои одд
Скачать 38.56 Kb.
|
МАВЗЎИ 1. Фалсафа, доираи масъалаҳо ва мақоми он дар низоми маърифати илмӣ Тестҳои оддӣ Фалсафа чист? А) Илми табиатшиносӣ. Б) Илми сиёсатшиносӣ. В) Таълимот дар бораи ҷамъият ва тафаккури инсон. Г) Илм дар бораи қонунҳои куллии ҳаракату инкишофи ҳастӣ, яке аз типҳои асосии ҷаҳонбинӣ, яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, назарияи маърифат , методи дарккунӣ ва дигаргунсозии воқеият (+) Ҷаҳонбинӣ чист? А) Барномаи рафтору фаъолияти инсон. Б) Системаи тасаввурот дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он, дар бораи муносибати инсон ба воқеияти гирду атроф ва нисбат ба худаш (+). В) Системаи ақидаҳо дар бораи кайҳон. Г) Диди инсон нисбат ба табиат. Шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ кадомҳоянд? А) Асотирӣ, динӣ, фалсафӣ (+) Б) Динӣ, илмӣ. В) Метафизикӣ, диалектикӣ. Г) Динӣ, фалсафӣ. Масъалаи асосии фалсафа кадом аст? А) Масъалаи таносуби табиат ва коинот. Б) Масъалаи таносуби шуур, тафаккур ва материя (+) В) Масъалаи таносуби инсон ва ҷамъият. Г) Масъалаи таносуби табиат ва ҷамъият. Шохаҳои фалсафа кадомҳоянд? А) Антропология. Б) Онтология. В) Фалсафаи: таърих, иҷтимоӣ, сиёсӣ, табиат, техника, илм, ҳуқуқ, фарҳанг, дин. (+) Г) Гносеология Дар таърихи фалсафа кадом методҳои маърифат ташаккул ёфтаанд? А) Эксперимент. Б) Мушоҳида. В) Муқоиса. Г) Метафизика ва диалектика (+). Тестҳои мувофиқоварӣ Фалсафа чун илм ва ҷаҳонбинӣ
Мавзўъҳои асосии баҳси фалсафӣ
Масъалаи усул дар фалсафа
Вазифаҳои фалсафа.
Тестҳои якчанд ҷавобдошта Қисматҳои асосии илми фалсафа кадомҳоянд? Онтология (+) Гносеология (+) Диалектика (+) Геология Равияҳои моддагароёна дар фалсафаи бостонии тоҷик кадомҳоянд? Зурвония (+) Даҳрия (+) Табоия (+) Монавия Шаклҳои таърихии материализм кадомҳоянд? Материализми соддалавҳ (+) Материализми вулгарӣ (+) Материализми диалектикӣ (+) Материализми субъективӣ Тестҳои «ҳа» ё «не» Оё калимаи «Философ» - ро аввалин маротиба Пифагор истифода бурдааст? «Ҳа» Илмро навъи аввалини таърихии ҷаҳонбинӣ ҳисобидан мумкин аст? «Не» Оё истилоҳи «Диалектика» - ро аввалин бор Суқрот ва Афлотун истифода бурдаанд? «Ҳа» Таълимоти фалсафие, ки имконпазирии дарки моҳияти тамоми ҳодисоту равандҳои оламро пурра эътироф мекунад, агностисизм ном дорад? «Не» Саволҳои хаттӣ Равияи фалсафие, ки мавҷудияти ду мабдаъ ё асосҳои аз ҳам новобаста, ба ҳам баробару якхела: мабдаи моддӣ ва мабдаи рўҳӣ – шуурро эътироф менамояд, чӣ ном дорад? Дуализм Равияи фалсафие, ки донисташаванда будани оламро рўйрост инкор намекунад, вале зери шубҳа мегузорад, чӣ ном дорад? Скептисизм Асосгузори хатти идеалистӣ дар фалсафа кист? Афлотун МАВЗЎИ 2. Фалсафаи Ҳинд ва Чини қадим (асрҳои VI-V пеш аз милод) Тестҳои оддӣ Таълимоти чарвакҳо чӣ гуна хусусият дорад? А) Моддагароёна (+). Б) Дуалистона В) Рўҳгароёна. Г) Агностикӣ. Муносибати файласуф ва мутафаккири бузурги Чини бостон Мотсӣ нисбати сарнавишт чӣ гуна буд? А) Пурра эътироф мекард. Б) Қисман эътироф мекард. В) Мекўшид, ки ақида дар мавриди сарнавиштро бо таълимот оид ба озодии иродаи башар оштӣ диҳад. Г) Рад мекард (+) Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим нуфузи Ведҳоро эътироф мекарданд? А) Чарвака ё локаята Б) Ҷайния ва буддоия. В) Веданта, санкхя, йога, няя, миманса, вайшешика (+). Г) Чарвака, ҷайния, буддоия. Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим ба нуфузи Ведҳо қоил набудаанд? А) Буддоия, ҷайния, чарвака (+). Б) Веданта, санкхя. В) Йога, няя, санкхя. Г) Миманса, вайшешика, веданта Мо - Тсзи файласуфи кадом мамлакат буд? А) Файласуфи Юнони Қадим. Б) Файласуфи Чини Қадим (+) В) Файласуфи Ҳинди Қадим. Г) Файласуфи Мисри Қадим. Мувофиқи таълимоти мактаби фалсафии локаята ё чарвака тамоми мавҷудоти олам, аз он ҷумла инсон аз омезиши зарраҳои кадом аз ин моддаҳо пайдо шудаанд? А) Оташ Б) Оташ, Ҳаво, об ва хок (+) В) Ҳаво, оташ Г) Хок ва об Тестҳои мувофиқоварӣ Пайдоиши фалсафа
Пайдоиши фалсафа дар Ҳинду Чини қадим
Мактабҳо (равияҳо) – и фалсафӣ дар Ҳинду Чини қадим
Фалсафаи Буддоия, Конфутсий, Мо-Тсзи, Лао – Тсзи
Тестҳои якчанд ҷавобдошта. Ба гурўҳи маъмулӣ, ки ақидаҳои Ведаҳоро тарафдорӣ ва ҳимоя мекарданд, кадом мактабу равияҳо шомил буданд? Веданта (+) Йога (+) Вайшешика (+) Локоятикҳо Самхитҳо, ки яке аз гурўҳҳои Ведаҳо мебошад, аз кадом китобҳо иборат буданд? Ригведа (+) Брахманҳо (+) Аранякҳо (+) Ҷайния Усули ахлоқии Конфутсий кадом қоидаҳоро дарбар мегирад? Қоида оид ба робитаи султон бо раият (+) Қоида оид ба робитаи падар бо фарзанд (+) Қоида оид ба робитаи шавҳар бо зан (+) Қоида оид ба даст кашидан аз расму одатҳо, суннатҳои гузаштагон Тестҳои «Ҳа» ё «Не» Оё ҷайнизм вуҷуди инсонро аз ду ҷавҳари мустақил, яъне моддӣ (аҷива) ва рўҳӣ (ҷива) иборат медонад? «Ҳа» Оё «Дао»-ро ҳамчун қонуни табиии худи чизҳову ашёҳо маънидод кардан мумкин аст? «Ҳа» Консепсияи гармонияи шахс ва кайҳонро магар таълимоти Даотсизм пешниҳод кардааст? «Ҳа» Оё файласуфи Чини қадим Мо – Тсзи дар таълимоти худ ҷонибдори ҷангҳои истилогарона ва муқобили сулҳи байни давлатҳо буд? «Не» Тестҳои хаттӣ Ведаҳо осори хаттии кадом халқанд? «Ҳиндуён» Чунин ҳикмат : «Касе, ки дигаронро бишносад, оқил аст, вале оқилтар аз ў он касест, ки худро бишносад» ба кадом файласуфи Чин тааллуқ дорад? «Лао - Тсзи» Чунин панд: «Доно ҳаргиз намемирад, вале нодон ҳамеша мурдааст» ба кадом мактаби фалсафӣ мансубият дорад? «Буддоия» МАВЗЎИ 3. Ташаккул ва инкишофи фалсафа дар Юнони қадим (асрҳои VII-VI пеш аз милод) Тестҳои оддӣ Кадом мактаби фалсафӣ илму ҳикмати Юнонро бо илму фалсафаи Шарқ даромехтааст? А) Мактаби Элиёиён. Б) Мактаби Искандария.(+) В) Мактаби Эпикуриён. Г) Мактаби Софистон. Хусусияти асосии фалсафаи Юнони қадим кадом аст? А) Космосентризм (+) Б) Теосентризм. В) Гуманизм. Г) Антропологизм. Кадоме аз файласуфони Юнони қадим асосгузори хатти идеалистӣ мебошад? А) Сукрот. Б) Демокрит. В) Афлотун. (+) Г) Гераклит. Кадоме аз ин файласуфони Юнони қадим асосгузори хатти материалистӣ дониста шудааст? А) Афлотун. Б) Демокрит (+). В) Анаксимен. Г) Анаксимандр. Кадоме аз ин файласуфон бо номи муаллими аввал маъруф аст? А) Арасту (+) Б) Пифагор В) Афлотун Г) Эпикур Кадоме аз ин файласуфон намояндаи моддагароён мебошад? А) Фалеси Милетӣ (+) Б) Ғаззолӣ В) Г.Гегел Г) Ҷ.Беркли Тестҳои мувофиқоварӣ Пайдоиши афкори фалсафӣ дар Юнон
Афкори фалсафии намояндагони мактабҳои: Милет ё Табииён; Пифагориён; Эллеиён; Искандария
Таълимоти Суқрот
Осори Афлотун ва Арасту
Тестҳои якчанддошта Кадоме аз ин файласуфон намояндаи мактаби Милет (Табииён) мебошанд? Анаксимен (+) Анаксагор (+) Фалес (+) Пифагор Кадоме аз ин файласуфон намояндаи Пифагориён ё Таълимиён мебошанд? Пифагор (+) Гиппас (+) Алкмеон (+) Протагор Намояндагони мактаби фалсафии Элиёиён киҳоянд? Анаксагор (+) Ксенофан (+) Зенон (+) Фило Тестҳои «Ҳа» ё «Не» Оё таълимот дар бораи атомро Демокрит асос гузоштааст? «Ҳа» Оё Арасту сурат (шакл)- ро камоли модда меҳисобид? «Ҳа» Оё осори фалсафии Афлотун дар давраҳои минбаъда мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор дошт? «Ҳа» Оё асосгузори фалсафаи Навафлотунӣ Эпикур мебошад? «Не» Саволҳои хаттӣ Ҳикмати: «Бисёргўӣ нишонаи боақлӣ нест»-ро кадом мутафаккир баён кардааст? Фалес. Тамоми афкори фалсафии Табииён чӣ гуна хусусият дошт? Кайҳонмарказият Кадоме аз намояндагони мактаби Элиёиён системаи Фалсафии худро ба шакли шеър баён кардааст? Парменид |