Салимов З. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи соибкорї ва хизмат кори курс аз фанни Менемент итуризм
Скачать 245 Kb.
|
Манбаъњои маълумот дар бораи номзадњои эњтимолїМазмун ва ањамияти маълумот. Ариза дар бораи ќабул ба кор Сурат дар бораи номзад нахустин тасаввуротромедињад. Холнома. Раванди инкишофёбии касбии кормандро нишон медињад. Пурсишномаи шахсї. Маълумоти аз њама муњимро дар бораи номзад ба низом медарорад. Номаи камол. Дар бораи дониш дар мактаб маълумот медињад. Вале дар бораи тахассуси касбї иттилоот дода наметавонад. Дафтарчаи мењнатї. Иттилоотро дар бораи љои кор, ки дар њолнома оварда шудааст, тасдиќ мекунад, дигар соњањои корро нишон медињад. Тавсифномаии касбї низ пешнињод кардан мумкин аст. Тасияномањо. Љињатњои мувофиќати касбиро равшан мекунанд. Сўњбат бо номзад. Барои пурра кардани иттилоот аз дигар манбаъњо, ба вуљуд овардани таассурот дар бораи вай имкон медињад. Кори озмоишї. Ќобилияти номзадро барои ичрои кори мушаххас (масалан, доштани малакањои муайян ва ѓ.) имкон медињад. Муоинаи тиббї (барои мувофиќати касбї); Тестњои психологї. Барои муайян кардани мувофиќати касбї имкон медињанд (аќлу дониш, заковат, сифатњои касбї, хулќу атвор, мувофиќати имконпазир). Хулосаи графологї. Умуман дар бораи характер ва љињатњои мувофиќат кардан маълумот медињад, вале натиљањои он бањснок мебошанд. Гузаронидани он танњо бо ризогии номзад иљозат дода мешавад. Агар номзад ба вазифаи роњбарї худро пешбарї карда бошад, њуљљатњои дастнависшуда, ки ба ариза замима карда мешаванд, заруранд.15 Манбаъњои пешнињодшудаи маълумотро њангоми интихоби кормандон бо корт ва шаклњои гуногун, ки дар онњо бештар тахассуси кормандон инъикос меёбанд, илова кардан мумкин аст. Бозори ќувваи корї Дар раванди интихоби кадрњо бозори дохилї ва берунаи ќувваи корї истифода карда мешавад, яъне њам кормандони худ ва њам кормандон аз берун љалб карда мешаванд. Кормандони ташкилоти худ бозори дохилї ва кормандони корхона ва ташкилотњои бегона бозори беруниро ташкил медињанд. Дар ин маврид характери интихобро муайян кардан хеле муњим аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки бозори дохилї боэътимодтар аст: мо мутахассисони худро бењтар медонем, онњо ба шароити кории корхона мутобиќ шудаанд. Fайр аз ин фаромўш набояд кард, ки њар як корманд барои дар вазифа боло рафтан њамеша кўшиш мекунад. Агар ташкилот ба кормандони «худ» чунин имконият надињад, кормандони бењтарин аз кор мераванд. Аммо далелњои бар зидди бозори дохилї низ мављуданд: номутобиќати психологї ва салоњияти касбии мувофиќ надоштани кормандони «худ» (ин њолатест, ки аз онњо озод шудан мумкин аст). Дар ин маврид аз бозори берунї љалб намудани кадрњо мувофиќи маќсад мебошад. Аммо интихоби кадрњо, одатан, аз берун ба ташкилот ќиматтар меѓалтад: мутахассисро аз дигар ташкилот даъват намуда, одатан ба вай маоши нисбатан баландро пешнињод мекунанд. Њамин тариќ, њар яке аз бозори мењнат бартарї ва камбудињои хешро дорад. Имконияти дар вазифа боло рафтан «патриотизми» дохилиро пурзўр намуда, иќлимро дар истењсолот бењтар мекунад: ин пеш аз њама сарфаи харољот барои ба кор ќабул кардан, донистани истењсолот, донистани кормандон ва имкониятњои онњо, нигоњ доштани сатњи мукофотдињї ба онњо, зуд ишѓол кардани вазифа, љойњои озод барои љавонон мебошад. Имконияти интихоб мањдуд мешавад. Харољот барои баланд бардошттани тахассус меафзояд. «Нобиноии истењсолї» нисбати камбудињои корхона ривољ меёбад. Њасудхўрии њамкорон њаракати ба вазифаи сардор баландшавиро паст мекунад, диќќати љиддї ба муваффаќиятњои дигарон дода мешавад, раќобат пайдо мегардад. Аз вазифа ба вазифаи дигар гузаронидан на аз рўи кор ва хизматњои шоён, балки барои он ки корманд ба ширкати худ содиќ аст. Интихоби калон. Таконњои нав барои корхона. Корманди нав бо худ донишњои навро, ки дар корхонаи дигар гирифтааст, меорад ва зудтар эътироф пайдо мекунад.16 Ба кор ќабул кардан эњтиёљро ба кадрњо ќонеъ мегардонад. Робитањои њамкорї мустањкам шуда, масъалањо якљоя њал карда мешаванд. Харољоти зиёд њангоми ба кор интихоб кардан, квотаи баланд њангоми ќабул кардан ба кор аз берун боиси зуд-зуд ивазшавии кадрњо мегардад, ки ин ба иќлим дар коллектив таъсири манфї мерасонад Барои мўњлати озмоишии корманди нав, њосил кардани дониш ва малакањои вай ваќти зиёд меравад. Корманди нав истењсолотро намедонад, коромўзии вай ваќти зиёдро талаб мекунад ва ба харољот вобаста аст. Ба љои касе кор кардан маънои сарфи зиёди ваќтро дорад. Одами нав дар вазифаи сардор диќќати њамаро ба худ љалб мекунад, барои корхона бошад, ин сарфи бењудаи ќуввањо мебошад. Ба њар њолат бањо додан ба номзадњо аз рўи меъёрњои стандартї ба амал меояд, ки аз љузъиёт иборат шуданаш мумкин аст. Бањо додан ва ба кор ќабул кардан.Усулњои бањо додан ба кормандон: Маракаи бомуваффаќият гузаронидашуда оид ба љалб намудани кормандони эњтимолї аризањо (резюме)-и номзадњоро љамъ мекунад. Ќадами навбатї — бањо додани номзадњо аст: ки бештар ба вазифаи мазкур мувофиќ мебошанд. Бањо додан ба кормандон –ин муќаррар намудани сифатњои корї ва шахсии номзадњо ба талаботи вазифа ва љои корї мебошад. Усулњои бањо додан ба кормандонро ба се гурўњи асосї муттањид кардан мумкин аст: 1) усули пешгўї — истифодаи васеи маълумоти пурсишнома, тавсифоти хаттї ва шифоњї, аќидањо ва бањою тавсифоти роњбар ва њамкорон, натиљањои сўњбати шахсї ва тестњои психологї; 2) усули амалї —тањлили коршоямии корманд ба иљроиши ўњдадорињои хизмат дар асоси кори амалии вай. Барои ин техникаи љойивазкунии санљишї истифода мешавад; 3) усули имитатсионї — санљиши ќобилияти номзад љињати њал кардани вазъияти (њолати) мушаххас.17 Дар марњилаи охир бањодињии экспертии хусусиятњо ва сифатњои кории шахсият гузаронида мешавад. Дар њар мавриди мушаххас меъёрњои бањодињї ба мазмун ва сифати кори пешнињодшаванда вобаста аст, вале чун ќоида аз нишондињандањои зерин иборат мебошад: □миќдори мењнат—њаљми натиљанокї, интенсивии мењнат, ваќти сарфшаванда; □сифати мењнат—њиссаи имконпазири хатоњо дар кор; □муносибат ба кор—ташаббускории номзад, ќобилияти њаљми калони корро иљро карда тавонистани вай, имконияти ба вазъияти гуногун, махсусан њолатњои нав мутобиќшавии вай ва ѓ. □нуќтасанљона иљро кардани кор—муносибат ба воситањои истењсолот, донистан ва доштани хоњиши истифода намудани онњо, эњтиёткорона истифода кардани ашё ва масолењ, дараљаи бањисобгирии харољоти моддї дар љои корї ва дигар. □омодагї барои њамкорї дар дохили корхона иштироки корманд дар њалли масъалањои умумї, бо аъзои коллектив хуб муносибат карда тавонистан, ќобилияти коллективона кор карда тавонистан, аксултаъсир ба эродњо аз љониби шахсони дигар, дигар сифатњои шахсї. Меъёрњои мазкур асоси бањо доданро ба корманд ташкил медињанд, вале номгўи онњо мањдуд нест, онро васеъ кардан мумкин аст. Хеле муњим аст, агар бањо ба таври миќдорї ифода карда шавад (масалан, бо холњо). Ин барои муайян кардани дараљаи сифати ин ё он номзад имкон медињад. Ба эксперт кифоя аст, ки дар сатри мувофиќ хол гузорад. Њаракат ва инкишофи касбии корманд. Корхонаи туристии дилњоњ системаии кушодро мемонад, бинобар он кормандони вай њамеша дар њаракат мебошанд. Тезњаракатии кадрњоро дар ширкат дар аз ду љињат баррасї метавон кард--аз нуќтаи назари а) зуд-зудивазшавии кадрњо; б) инкишофи кадрњо ё идоракунии сабзиши кадрњо. Зуд-зуд ивазшавии кадрњо. Иваз кардани љои кор — њам барои корманд ва њам барои корхона раванди мураккаб ва дарднок аст. Ширкат бинобар кўшиш карданаш ба њосилнокии баландтарини мењнат ба доштани коллективи устувор њавасманд аст ва бинобар он кўшиш мекунад, ки миќдори аз кор рафтани кормандонро мањдуд созад, зеро ивазшавии кормандон, холї будани љои кории иљрокунандагон боиси њисороти иќтисодї мегардад. Одатан, дар гурўње, ки кормандони нияти аз кор рафтан дорад, њосилнокии мењнат паст мешавад. Таъсири кормандони аз корхона нияти озодшавї дошта њамин аст. Дар айни замон ба гурўње, ки ба он корманди нав меояд, њосилнокии мењнат нисбати њосилнокии миёнаи тамоми ширкат низ паст мешавад, зеро барои кормандони нав барои мутобиќат ба вазъияти нави корї ва гузаштани мутобиќшавии иљтимої низ ваќти иловагї лозим аст. Шахсе, ки барои иваз кардани љои корї ќарор додааст, барои љустуљўи љои кории нав азият мекашад, барои музди мехнат ва вохўрї бо коллективи нави ношинос ташвиш мекашад. Этимолияти ивазкунии корро баркашида, аксари одамон бо хисоби «харољот –фоида» мањдуд намешаванд, вале имкониятњои минбаъд дар вазифа сабзидан, дастрас намудани ќонеъгардонии иљтимої ва бењтар кардани некўањволии шахсиро баррасї мекунанд. Њамин тариќ, зуд-зуд ивазшавии кадрњоро аз ду љониб мушоњида кардан мумкин аст: њамчун падидаи мусбї, имкониятњои кормандро васеъ мекунад ва ќобилиятњои вайро ба мутобиќшавї инкишоф медињад, дар айни замон онро чун њодисаи манфї баррасї метавон кард – ин вайроншавии даври (сикли) технологии ширкат буда, боиси пастшавии сифати захирањои мењнатї мегардад, ба одамон бинобар канда шудан аз вазъияти муќаррарї муаммо эљод мекунад. Зуд-зуд ивазшавии кадрњо — ин раванди бо ташаббуси худ ва ташаббуси маъмурият аз корхона рафтани кормандон мебошад. Fайр аз ин њаракати кормандон характери демографї дорад: љоийвазкунии кормандон вобаста ба синну сол, аз рўи зарурати истењсолї (њаракати дохили ширкат) ва ѓ. Омилњое, ки љойивазкунии кормандонро ба вуљуд меоранд, чун ќувваи таъсири онњо, ки аксар ба таври миќдорї ба онњо бањо дода намешавад, якќимата нестанд. Аз рўи дараљаи идоракунї ин омилњоро ба се гурўњ таќсим кардан мумкин аст:
Инкишофи касбии кормандон. Фаъолияти касбї чун усули инкишофи иљтимоию иќисодии индивид ва коллектив баррасї карда мешавад. Ин ба он вобаста аст, ки яке аз аломатњои фаъолияти касбї характери иљтимоию иќтисодї доштани вай буда, дар натиљаи аз як тараф равнаќ ёфтани муносибатњои иќтисодї ва аз тарафи дигар инкишоф ёфтани шахсият ба вуљуд меояд. Инкишофи касбї ба кормандон ба таври мусбї таъсир мекунад. Тахассуси худро баланд карда, донишњои нав гирифта онњо дар бозори мењнат раќобатпазир мегарданд ва барои баландшавии касбї чи дар дохили корхона ва чи берун аз он имконият пайдо мекунанд. Андўхтани донишњои нав дар раванди омодагии касбї ба инкишофи аќлонии инсон мусоидат карда, фикрронии вайро ва доираи муомилоташро васеъ мекунад, боварироо ба худ зиёд менамояд. Аз инкишофи касбии дохили ширкат љамъият низ дар натиљаи бе харољоти иловагї ќувваи кории тахассусдор ва њосилнокии нисбатан баландро ба даст овардан бурд мекунад. Муаммои ба бозор дохил шудан на фаќат бо трансформатсияи механизми иќтисодї ва мутобиќшавї ба шароити муносибатњои бозорї алоќаманд аст, балки бештар ба омодагии кадрњо вобаста мебошад. Механизми иќтисодиро таѓйир дода, одам худаш низ таѓйир меёбад. Бинобар он дар баробари интенсификатсияи равандњои мењнатї ба омўзиши омилњое бояд диќќати љиддї дода шавад, ки рафтор ва фаътолияти шахсиятро дар раванди мењнати якљоя муайян мекунанд. Дар адабиёт ва фаъолияти амалї як ќатор маънидод кардани раванди инкишофи касбии корманд: љойивазкунии кадрњо, бозомўзї ва омўзиши онњо, баланд бардоштани тахассус, захираи кадрњо, ба танзим даровардани сабзиши онњо ва ѓ.-ро ёфтан мумкин аст. Њамаи ин бо ин ё он сабаб ба омўзиш, яъне омодагии касбї вобаста аст. Омодагии касбї –ин омўзиши маќсаднок ва ба самти муайян равонакардашуда буда, њадафи нињоии он таъмин кардани корхона бо миќдори зарурии кормандоне мебошад,ки сифати касбии онњо пурра ба њадафњои истењсолии тиљоратї бояд мувофиќат намояд. Барномањои омўзиш бо назардошти хусусиятњои мушаххаси сохтори кормандон ва масъалањои муњими рушди њар як корхона бояд тањия карда шаванд. Раванди маљмўии бефосилаи омўзиши касбї аз якчанд марњила иборат аст. Баланд бардоштани тахассуси кормандон. Донишњои заминавиикормандон тадриљан кўњна мешаванд, бинобар он корхонае, ки минбаъд ривнаќ ёфтан мехоњад, оид ба бозомўзии маќсадноки кормандон, ки асоси онро баланд бардоштани тахассуси онњо ташкил медињад, бояд тадбирњо андешанд.18 Баланд бардоштани тахассус –ин раванди доимии нав кардани донишњо мебошад. Таѓйирот дар љамъият, иќтисодиёт, тарзи зиндагии мардум њамеша таѓйирёбии њар як инсонро таќозо мекунад. Инкишофи муносибатњои бозоргонї боиси ташкилёбии шаклњои нави ташкилотњо гардид, ки ин њолат ба сатњи омодагии кормандон талаботњои хеле баландро пешнињод мекунад. Равандњои иљтимоию иќтисодї тарњи фаъолияти истењсолии коркунонро дигар мекунад. Барои ташкил намудани сохторњои нави ташкилї бояд намудњои људогонаи фаъолияти мењнатиро, ки дар алоњидагї вуљуд доштанд, ба маљмўъњои яклухт муттањид кардан лозим аст. Ин њолат иваз кардани системањои кўњна (якчена)-и бозомўзии кадрњоро ба системањои бисёрчена, системањои байнисоњавии маориф таќозо мекунад, ки ба принсипњоии нав асос ёфта, сохторњо, њадафгузорї ва методикаи хозиразамони баланд бардоштани тахассуси кормандонро доранд. Дар шароити бозоргонї бозомўзии касбии ташкилии байнисоњавии менељерњо дар асоси дониши заминавии онњо такозо карда мешавад. Мотиватсия (њавасмандгардони)-и бозомўзї аз он иборат аст, ки шунаванда дар раванди омўзиш донишњои нав мегирад ва ин донишњо њозир ва дар оянда татбиќ карда мешаванд. |