Салимов З. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи соибкорї ва хизмат кори курс аз фанни Менемент итуризм
Скачать 245 Kb.
|
ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯЊОИ НАВИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШКАДАИ СОЊИБКОРЇ ВА ХИЗМАТ Кори курсӣ аз фанни «Менеҷмент итуризм» Мавзўъ: «Сиёсати кадрӣ дар корхонаҳои туристӣ» Иљро кард: донишљўи курси 3-и ихтисоси 26020210 Салимов З. Ќабул кард: дотсент Абдалимов А. Душанбе-2017 НақшаСарсухан ………………………………………............………………………3 Боби 1. Асосҳои назариявии омузиши сиёсати кадрӣ дар корхонаҳои туристӣ ……………………………………………………………………………………………….……7 1.1.Мазмун, мақсад ва вазифаҳои сиёсати кадрӣ дар корхона …………..7 1.2. Сиёсати кадрњо дар корхона…………………….........…………………11 1.3.Ташаккулёбии сиёсати кадрӣ дар корхонаҳои туристӣ …………………..14 Боби 2. Менељменти кормандон ………….…………………………………27 2.1. Маќоми кадрњои роњбарикунанда дар таъмини идоракунии самараноки ширкати туристї ………………………………………………....27 2.2. Банаќшагирии ниёз ба кормандон. Интихоби кормандон ………....29 Хулоса ………..………………………………………………………………..38 Адабиёт …………………………………………………………….…………..39 Сарсухан Cоњаи туризм дар марњилаи муосир ба рукнњои љараёни њамгироии љањонї мањсуб гардида, ба њайси яке аз бахшњои муњими иќтисодї, иљтимої ва фарњангї имкон дорад равобити судманди байни кишварњоро таъмин намояд. Туризмро коршиносон ба њайси яке аз соњањои муваффаќи иќтисодиёт эътироф менамоянд, ки њатто барои баъзе кишварњои рў ба тараќќї асоси иќтисод ва ќисми асосии даромади буљети онњоро ташкил медињад. Маъмулан туризм ба рушди муносибатњои байналмилали: табодули мол, њамлу наќл, хизматрасонии марбут ба сармоягузорї, равобити илмиву технологї ва иттилоотї мусоидат мекунад. Дар ќатори ин туризм ба дипломатияи мардумї таќвият мебахшад, ки дар натиља натанњо ба рушди иќтисодиёт, балки ба наздикшавии маънавї ва фарњангии миллатњо замина мегузорад.1 Соли 2007 мутобиќи нишондодњои омории Ташкилоти умумиљањонии туристии СММ теъдоди њаракати сайёњон аз як кишвар ба дигар кишвар њадди аќал бо дарназардошти буду боши як шабонарўзї – ба 900 миллион ќарор гирифт, ки нисбат ба соли 2006 2,6% бештар аст. Ба соњаи туризм бештар аз 6 фоизи даромади умумии дохилии љањонї, 7 фоизи инвеститсияњои љањонї, њар як љойи 16-уми корї, 11 фоизи харољоти љањонии истеъмолї ва 5 фоизи њамаи намудњои воридоти андоз мувофиќ меояд. Мутобиќи нишондоди нашри пешакии Барометри туризми байналмилалї, соли 2010 бо суръати баланд барќароршавии туризми байналмилалї ба назар мерасид. Теъдоди њаракати байналмилалии туристї баъд аз инќирози 4%-и соли 2009, ки таъсири буњрони иќтисодии фарогир (глобалї) бештар эњсос мешуд, соли 2010 7%-ро ташкил намуд ва ба 935 миллион расид. Гарчанде, ки аксарияти кишварњо ва субъектњои фаъолияти туристии љањон ба натиљањои мусбї ноил гардиданд ва тавонистанд, ки зарари бўњрони иќтисодии љањониро то андозае љуброн намоянд, вале љараёни барќароршавї на дар њама минтаќањо баробар суръат гирифт ва дар ин росто кишварњои иќтисодашон рў ба рушд нафъи бештарро соњиб гардиданд. Осиё нахустин минтаќа буд, ки соли 2010 барќароршавї бо сурати тез љараён гирифт(+13%). Теъдоди њаракати байналмилалии туристї дар Осиё ба сатњи нави рекордї 204 млн. расид, ки дар муќобила бо 181 млн. соли 2009 ба маротиб зиёд аст. Бо суръат рушд намудани туризм дар Осиё ва њамасола афзоиш ёфтани њаракати байналмилалии туристї дар ин минтаќа новобаста аз бўњрони молиявии љањонї аз он далолат менамояд, ки таваљљўњи туристон ба минтаќаи мазкур сол то сол бештар равона мегардад ва аз эњтимол дур нест, ки дар њоли дуруст истифода намудан аз захирањои туристии кишвар ва таблиѓи густурдаи он, ин омил имкони рушди соњаи туризмро дар Тољикистон, низ такони љиддї бахшад.2 Бояд тазаккур дод, ки туризмро дар љањон њамчун шакли махсуси фаъолияти инсон, ки бояд онро идора намуд, дар гузаштаи на чандон дур эътироф намудаанд. Моњияти менељменти туристї дар нињояти кор ба яке аз хусусиятњои асосии он- хоњиши саёњат кардан такья мекунад. Чаро инсонњо саёњат мекунанд? Њангоми рухсатии мењнати онњо чиро љустуљў доранд? Кадом омилњо ба пешнињоди хизматрасонии туристї таъсир мерасонанд ва теъдоди онњо бояд чи миќдор бошад? Оё њамаи саёњаткунандагон доир ба истироњат назари ягона доранд? Оё хоњиш ба саёњат ва талабот ба он њамеша мўътадил хоњад буд? Хуб биёед худи истилоњи менељментро шарњ медињем. Калимаи «managment» англисї буда, ќабл аз њама, њанўз дар Англия (асри XVII) дар соњаи њарбї пайдо шуда буд ва онро ба санъати идора ва ё ром кардани асп то андозае шабоњат додаанд. Тарљумаи вожаи «менељмен» ба забони тољикї «идоракунї» ё «мудирият» мебошад. Аммо маънои љараёни идоракунї нисбат ба менељмент васеътар буда на танњо ба фаъолияти хољагидорї, балки барои њамаи љабњањои њаёти инсон (идоракунии чамъият, идоракунии техникаю технология, идоракунии як давлат ва ѓ.) дахл дорад. Менељмент – ин санъати ба даст овардани натиљаи дилхоњ, тавассути мењнат, шуур (тафаккур, зењн) ва далелнокии (мативатсияи) рафтори дигарон мебошад.Ба ќавли амрикоињо «менељмент-ин кореро бо дасти дигарон анљом додан» аст.3 Менељмент ба забони тољики-«идора, мудирият»- вазифа, навъи фаъолият оид ба роњбарии одамон дар ташкилоту муассисањои мухталиф мебошад. Менељмент-њамчунин яке аз бахшњои дониши инсон аст, ки дар иљрои ин вазифањо кўмак мерасонад. Менељер - категорияи муйяни инсонњо, табаќаи иљтимоие, ки дар самти идоракунии одамон ва ташкилоту муассисањо фаъолият менамоянд. Менељер корманди масъуле мебошад, ки дар тањия ва ќабули ќарорњои идоракунї фаъолона ширкат меварзад. Ба рушди менељменти туризм дар њамаи замонњо, омилњои иќтисодї, иљтимої ва техникиву технологї таъсир мерасониданд. Инсон њамеша мувољењ ба саёњат аст ва ин љо иќтидори харидории ў наќши муњим мебозад, яъне танњо инсони дорои имконияти муайян, метавонад аз саёњат бањравар бошад. Ба истилоњи дигар дар њоли набудани даромад, ки онро иќтисоди пешрафта таъмин менамояд, имкони дастрасї ба ташкили туризми оммавї мањдуд мегардад ва дар натиља њољат ба идора кардан низ намемонад. Дар баробари омилњои иќтисодї дар туризм омилњои иљтимої: наќлиёт, роњ, ташкили љои хоб, ѓизо, љои зист ва амсоли он њамаи чизњое, ки истеъмолкунандаи хизмати туристї аз он дар марзи (ќаламрави, вусъати арзии) муайян истифода менамояд. Ин љо сухан дар бораи таъсиси инфрасохтори муносиби туристї меравад, ки онро мо њамчун мањсулоти туристї муайян менамоем. Дар љањони муосир мањфуму муќаррароти мухталифи «идоракунии туризм», ки аз љониби олимон ва кормандони амалии соња мавриди истифода ќарор мегирад, пайдо шудааст. Менељмент њамчун сохтори мураккаби аз њам вобастаи ашё, арзишњо, фанњо ва услубњо тасаввур карда мешавад, ки љињати њалли мушкилот ва номуаянињои мухталифе, ки ба фаъолияти туристї хос аст, рушд менамояд. Љустуљўи пайвастаи ќарорњои асосноки идорї, консепсия ва роњњои нисбатан пурмањсултар (самарабахштар), барои тањти назорат ќарор додани оќибатњои њодисањои туризм, ба њайси мусобиќаи шадид бо ваќту замон ба назар мерасад. Натиљаи маѓлубият дар ин мусобиќа, мањвшавї ва инќирози соња аст. Ѓалаба бошад метавонад њамчун такони љиддї, рушди фаъолияти туристиро дар сатњи нисбатан баландтар таъмин намояд. Имрўз дар Тољикистон ана њамин муносибати илмї дар мавриди ќабули ќарорњои идорї ва умуман менељмент муњим аст. Дар бахши менељмент имрўз назди ташкилоти туристї ду вазифаи муњим ќарор дорад: якум, њатман ва ба таври пурра бо таљрибаи кории худ мутобиќ сохтани муносибати бозорї, яъне бо мазмун ва мўњтавои бозор ташкил кардани менељменти туризм; дувум, њамоњанг сохтани навоварињо дар бахши туризм бо шароити љањони муосир, яъне њаддалимкон ба назар гирифтани тањаввулот дар ин самт.4 Дар назари аввал чунин менамояд, ки туризм аз соњањои нисбатан ба њар як шахс ошност. Чунки њар фард лоаќал як маротиба дар зиндагї бо он сару кор гирифтааст. Њангоми рухсатї дур аз хона дар фароѓатгоње истироњат кардааст, ё рўзњои фориѓ аз кор бо љамъи дўстон дар кўњу сањро саёњат кардааст. Шояд аз њамин хотир њангоми машѓул шудан ба фаъолияти туристї соњибкорон аксар ваќт гумон мекунанд, ки ба осонї дар ин соња ба муваффаќият ноил гаштан мумкин аст ва роњбарони ширкатњои туристї тарзи дуруст ба роњ мондани принсипу усулњои менељментро дар дохили ширкат зарур намешуморанд. Мо бояд њаргиз фаромўш накунем, ки идора кардани муассиса ё ташкилот – ин мутобиќат аст. Њељ чиз њангоми идора кардан беасос сурат намегирад, њама чиз асос ва сабаби худро дошта хеле мураккабу печида аст ва тањти таъсири муњити беруна ё дохилаи ташкилот амалї мешавад. Афкори муосири идоракунї моро маљбур месозад, ки ин њаќиќатро тањаммул кунем. Вагарна њангоми ташкили фаъолияти туристї ва дуруст ба роњ мондани кори ширкат ба гумон аст, ки ба дастовардњои дилхоњ ноил гардем. Боби 1. Асосҳоиназариявииомузишисиёсатикадрӣдаркорхонаҳоитуристӣ 1.1. Мазмун, мақсадвавазифаҳоисиёсати кадрӣдаркорхона Менељменти кадрї одамонро (кормандонро) њамчун сарвати корхонаи истењсолї мешуморад. Маќсади асосии менљменти кадрї – ин интихоби кормандони масъул (баландихтисос), њавасмандкунии онњо (нигоњ дошта тавонистан), такмили ихтисоси кормандон. Идоракунии кормандон як ќатор элементњои бањам алоќамандро дарбар мегирад, ки сикли менељменти захирањои мењнатиро ташкил медињад: - интихоби кадрњо; - бањодињии фаъолияти касбї; - низоми њавасмандгардонї; - шароити омўзонидан ва бозомўзонидани кормандон. Идоракунии кормандон яке аз бахшњои таркибии менељмент буда, маљмўи шарту усулњо ва тарзу воситањои таъсиррасонї ба рафтор ва фаъолияти кормандон, самарбахш истифода бурдани нерўи корї ва ќобилияти зењнии онњоро дар бар мегирад. Баланд бардоштани самарнокии љараёни идоракунии кормандон аз њаллу фасли вазифањои зерин иборат аст:5 - таъмини талаботи корхона бо нерўи корї; - ба даст овардани таносуби оптималї дар байни сохторњои ташкилию техники иќтидори истењсолї; - самарнок истифода бурдани потенсиали мењнатї; - таъмини шароити мусоид барои ба даст овардани сатњи баланди њосилнокии мењнат; - тањкими тартиботу интизоми мењнат; - такомули низоми њавасмандгардонии мењнат; - амалисозии нияту орзуњо, талабот ва хоњишу дархостњои иљтимоии кормандон бо назардошти манфиатњои корхона ва давлат; - боло бардоштани сатњи самарнокии идоракунии кормандон, расидан ба маќсадњои нињоии фаъолияти хољагии корхона. Идоракунии кормандон – ин маљмўи усулњои бо њам алоќаманди иќтисодї, ташкилї ва иљтимої мебошанд, ки самаранокии мењнат ва ќобилияти раќобатпазирии корхонаро пурмазмун ва маќсаднок мегардонанд. Низоми идоракунии кормандон аз се ќисмати таркибї иборат аст: ташаккул, истифода ва устувории њайати кормандон (наќшаи 4.). Наќшаи 4. Низоми идоракунии кормандон Чунончи азнаќшамебинем, ташаккули њайати кормандон яке аз бахшњои асосии идоракунии кормандон ба шумор меравад. Моњияти он дар муайян кардани миќдори кормандон, њайати онњо, наќшагирии кадрњо, ба кор ќабул кардан, љобаљогузорї, бастани шартномањо ва ѓайра ифода меёбад.6 1.2. Сиёсати кадрњо дар корхона Љараёни ташаккули кадрњои корхона аз марњилаи муайян намудани эњтиёљ ба кадрњо оѓоз меёбад. Сиёсати кадрњо дар корхона. Моњият, маќсад ва мазмуни идоракунии кормандон пеш аз њама дар сиёсати кадрњо инъикоси худро меёбад. Сиёсати кадрњо – ин њамон маќсаду вазифањое мебошанд, ки тавассути мењнати маќсадноки кормандони корхона дар як давраи муайян њаллу фасл мегарданд. Њар як корхона сиёсати тараќќиёти иќтисодї – иљтимої, аз љумла консепсияи тараќќиёти кадрии худро бояд дошта бошад.7 Тавре таљрибаи хољагидорї нишон медињад, консепсияи тараќќиёти иќтисодї – иљтимоии корхона одатан се ќисми асосї дорад: 1. Истењсолї - яъне тавлид ва фурўши мол дар бозор: 2. молиявї – даромад ва харољоти корхона: 3. иљтимої – маданї мебошад, ки дар доираи он ояндабинии коллективи мењнатї, аз љумла самту роњњои асосии сиёсати иќтисодї доир ба кадрњо тарњрезї мегардад. - тартибу ќоидањое, ки ба идоракунии кормандон бештар мусоидат мекунанд; - муќаррар намудани эњтиёљ ба миќдор ва њайати штатии кормандон дар корхона; - муайян намудани шумораи кормандон аз рўи касб, вазифа ва дараљаи тањсилоти онњо; - аниќ кардани талабот доир ба кадрњо барои таълим ва бозомўзии касбии њамаи кадрњо, аз љумла кормандони соњаи идоракунии кадрњо; - маркетинги кадрњо ва дар амал гузаронидани тадќиќоти маркетингї; - такомули механизми њавасмандгардонии моддї ва маънавии кормандон, аз љумла кормандони бахши идоракунї; - таъмини њифзи иљтимоии кадрњо; - такомули низоми иртиботию иттилоотї доир ба идоракунии кормандон; - њисоб, ташкил ва назорати иљрои ўњдадорињою супоришот нисбати њамаи кормандони корхона. Сиёсати кадрњо бояд тавре тарњрезї ва асоснок гардад, ки дар натиља, аз як тараф, њамаи бахшу сохторњои корхона бо нерўи корї таъмин гардида, аз тарафи дигар, шароити зарурї барои баланд бардоштани њосилнокии мењнат ва њавасмандгардонии одилонаи натиљањои он дар корхона фароњам оварда шавад.8 Сиёсати кадрњо дар њар як корхона бояд барои ноил шудан ба маќсади умумии корхона ва маќсадњои мушаххас равона гардад. Одатан маќсадњои корхонаро ба ду гурўњ људо мекунанд. Якум, маќсадњое, ки бо омилњои муњити берунии корхона сахт алоќаманд мебошанд. Ба гурўњи дуюм, маќсадњое шомиланд, ки бештар ба бењтар намудани вазъи кор бокормандон алоќаманд мебошанд. Ба ќатори ин гунна омилњо, масалан, љалб кардани миќдори зиёди кормандони тобеъ ба корњои идоракунии корхона, такмили услуби роњбарї, бењтар кардани шароити мењнат, љорї намудани унсурњои ташкили илмии мењнат, механизми навтарин ва самарабахши мотиватсия ва ташкили шаклу навъњои њавасмандгардонии мењнати пурмањсул ва ѓайра дохил мешаванд. Сиёсати кадрњо дар шароити гузаштан ба иќтисодиёти бозорї беш аз пеш ањамият пайдо мекунад. Дар ин њолат, хусусан њалли масъалањои наќшагирии стратегии кадрњо, мустањкам намудани тартибу интизоми мењнати кормандон, такмили системаи таълиму тарбия дар макотиби олии касбї, мактабњои махсус, бозомўзии касбии онњо дар курсњои маќсадноки кўтоњмуддат, љобаљогузории дурусти кадрњо аз рўи ихтисос, ќобилияти кордонї ва дигарсифатњо, муњайё сохтани шароити хуби корї, ташкили њавасмандгардонии мењнати пурсамари кормандон, таъсис додани љойњои нави корї ва ѓайра. ањамияти калони амалї доранд. Аз – ин рў, роњбарон ва менељерон бояд дар љараёни идоракунии кормандон ба ин самтњои афзалиятноки сиёсати кадрњо таваљљўњи бештар дињанд. 1.3.Ташаккулёбии сиёсати кадрӣ дар корхонаҳои туристӣ Менељменти кадрї яке аз муњимтарин ќисмњои таркибии менљменти захирањои инсони ба њисоб меравад, ки ба сифати равияи махсуси инкишофи назария ва таљрибаи идоракунии давлатњои Ѓарб дар солњои 60-уми асри 20 ташаккулёбии худро ёфт, яъне ваќте ки коргар аз ќисми харољотї ба сарчашмаи асосии даромад мубаддал гардид. Дар чорчўбаи ин назария одам чун элементи муњимтарини сармояи ташкилот эътироф гардид ва харољотњои барои мењнати ў, тайёркунї ва азнавтайёркунї, баландбардории ихтисоси ў, ташкили шароити мусоиди фаъолият бошад – чун намуди махсуси маблаѓгузори . Ба ѓайр аз кадрњо, менељменти захирањои инсонї менељменти иљтимоиро дар бар мегирад, ки ба вазифаи он ташкили шароитњои ташкилї ва мењнат, истироњат; ташаккули иќлими мусоиди маънавї – психологї ва љоринамоии њамкории иљтимої дар чорчубаи ташкилот дохил мебошад.9 њамкории иљтимої – ин амалиёти ба њам алоќамандии маъмурият, коллективи мењнатї, иттифоќи касаба ва баъзе ваќт намояндагони давлат мебошад. Созишнома дар бораи он, аз тарафњо иљронамоии чунин ўњдадорињоро талаб менамояд. Аз коллективи мењнатї – баландбардории њосилнокии мењнат, сифати баланди корњо, иљроиши сариваќти вазифањо, интизоми истењсолї, љавобгарии моддї ва маънавї барои иљроиши натиљањои мењнатї ва ѓайра. Аз маъмурият – таъмини кор ва пешгирии оммавии аз кор озод намудан, њавасмандгардони моддии коргарон ва зиёднамоии музди мењнат, мувофиќи баланд шудани нарху наво, кўмакпулињои иљтимої њангоми корношоямии муваќатї ва гум кардани кор. Аз њукумат – додани фармоишњои давлатї, таъминоти захирањо, татбиќи сиёсати протексионизм, таъминоти иљтимоии шахсони коргумкарда, иваз намудани тахассуси коргарон аз њисоби давлат ва ѓайра. Дар чорчубаи њамкории иљтимої ба коллектив имконияти иштирок кардан дар азназаргузаронї ва бањодињии барномањои иљтимоии љорї ва дурнамо, наќшаи чорабинињои маданї ва маърифатї, бењтарнамоии њифзи мењнат, истироњат, хўроки кормандон, љоринамоии намудњои прогресивии ташкили мењнат, азназаргузарони меъёрњои коркард, тасдиќнамоии системаи пардохт ва индексатсияи даромадњо. Коллектив бояд дар шўрои корхона намояндагї кунад, лоињањои шартномањои мењнатиро аз назар гузаронида, масъалањои корпартоињоро дида мегузарад ва ѓайра. Дар ИМА сиёсати њамкории иљтимої ба воситаи ба ном демократияи саноатї татбиќ мегардад, ки иштироки коргаронро дар ташкил ва идоракунии мењнат, сифати мањсулот, ташкили комитетњои муштараки коргарон ва роњбарон, иштирок дар даромадњо, даъвати коргарон ба шўрои директорон дар назар дорад. Менељменти кадрї, яъне кор бо њайат, ки пештар дуюмдараља ба њисоб мерафт, ба сафи пештар баромад ва ба яке аз ўњдадорињои асоситарини њама зинањо ва равишњо мубаддал гардид. Ба принсипњои асосии он дохил мебошад: - нигаронии бечунучаро ба талаботњои ќонунгузории мењнат ; -бањисобгирии на танњо талаботњои љорї, балки талаботњои дурнамои ташкилот дар њайат, вазифањои инкишофи он, ояндабинии вазъи бозоргонї ва тамоюлњои табии харакати кувваи корї; - нигоњдории баланси манфиатњои ташкилот ва коргарони ў; - ташкили шароитњо барои ихтисори миќдори аз кор хориљкунињо ва нигоњ доштани шуѓл; - њамкории васеъ бо иттифоќњои касаба; - ѓамхории максималї нисбати њар шахс, эњтироми њуќуќњои ў, озодї ва шаъну шараф. Системаи менељменти кадрї аз ду зерсистема иборат мебошад: тактикї ва стратегї. Ба зерсистемаи аввалин чунин функсияхо гузошта мешавад, ба монанди ташкили љамънамои ќувваи корї (љустуљў, мусоњиба, санљиш, баќайдгирии њуљљатњо); тайёркунї, азнавтайёркунї ва баландбардории ихтисосии кадрњо ташкили љобаљогузорї, њаракат, болоравї, аз кор озодкунии коргарон; бањодињї ва коркарди тавсияњо оиди њайёти ояндаи онњо; бањисобгирии љорї ва банакшагирии талаботњо нисбати кадрњо дар чорчўбаи сол дар асоси тањлили њолатњои он.10 Зерсистемаи старатегии менељменти кадрї ба коркарди дурнамои сиёсати кадрї дар асоси тањлили сохтори њайат, самаранок истифодабарии ваќти корї, ояндабини рушди истењсолот, шуѓл ва ѓайра нигаронида мешавад. Баъзе ваќт, ин ба воситаи ташкилотњои махсуси консалтингї ба амал меояд, гарчанде, ки њаќќи хизмати онњо хеле баланд аст. Чи хеле ки тадќиќотњо нишон медињанд, самараи он бист бор харољотњоро рупўш мекунад. Самтњои асосии сиёсати кадрї буда метавонанд: - дигар кардани тахассуси омавии њайат бо сабаби гузариш ба технологияхои нав; - љавонгардонии кадрњо ба воситаи љалбнамоии мутахассисони љавон ва њавасмандгардониї ба нафаќа рафтани шахсонеро, ки ба талаботњои ивазёфта мувофиќ нестанд ва ќобилияти аз худ кардани самтњои нав ва усулњои нави корро надоранд; - кўмак барои таъмини кор њангоми аз кор озодкунињои оммавї; - љалбнамоии табаќањои васеи коргарони ќаторї ба иштирок дар идоракунии ташкилот ва ѓайра. Сиёсати кадрї бо хадамотњои кадрї ташаккул меёбанд, ки дар шароити муосир дар ташкилотњои давлатњои ѓарб ба хадамотњои захирањои инсонї табдил гардонида шудаанд, ки бо ваколатњои васеъ соњибанд ва бисёр ваќт роњбарияти онњоро ноиб – президентњои ширкатњо ба зимма мегиранд, ки дар иерархияи идоракунї шахсони дуюм њисоб меёбанд. Ба ин вазифањо одатан шахсони љавону кордони то синни 40-сола таъин мегарданд, ки дорои фикронии прогрессивї, нуќтаи назари васеъ мебошанд ва бе иштироки онњо ягон ќарори љиддї ќабул карда намешавад. Азбаски дар шароити имрўза шумораи кормандони соњаи идоракунї 30% њайати ташкилотро дар бар мегирад, яке аз мушкилотњои муњимтарини хадамотњои кадрї, ташкили аппарати самараноки идоракунї ба њисоб меравад. Дар асоси ин љараён тањлили њаматарафа ва ояндабинии шумораи умумї, сохт ва таркиби њайат мехобад, ки имконияти муайян намудани талаботњои дурнамо ва љориро барои менељерон медињад.11 Функсияи дигару муњими хадамотњои кадрии њозиразамон ин бањодињии (контроллинги) њайат ба њисоб меравад. Ба вазифањои он дохил мебошад: омўзиши таъсире, ки љобаљогузории мављудбудаи кормандон дар љойњои кории худ ба натичањои фаолияти ташкилот мерасонад; тањлили самараноки иљтимої ва иќтисодии истифодабарии ин ё он усулњои идоракунї; мутобиќгардодонии банаќшагирии њайат муштарак бо банаќшагирии дигар соњањои фаъолияти ташкилот ва махсус бо таѓиротњои куллї дар он. Боз як вазифаи дигари хадамотњои кадрї ин татбиќи маркетинги кадрї мебошад, яъне маљмўи чорабинињо оиди тањлили интизории кормандон дар соњаи болоравии мансабї, дараљаи эњтимолияти иљрошавии он, љустуљў ва љалбнамоии матахассисони баландихтисос ба фаъолияти ташкилот ва ѓайра. Ташкилотњои калон љустуљў ва љалбнамоии мутахассисонро мустаќилона мегузаронанд, масалан љавонони лаёќатманди ояндадорро аллакай дар бахшњои поёнии муассисањои таълимї љустуљў мекунанд, ба шарти он, ки пас аз хатми таълимгоњ барои кор ба ин ташкилот меоянд ба онхо аз њисоби ташкилот идрорпулї медињанд, њангоми гузаштани таљрибаи истењсолї кўмак мерасонанд, барои навиштани корњои дипломї маводњои заруриро пешнињод менамоянд ё њангоми таътилњо ба кор ќабул мекунанд. Ташкилотњои хурд ва миёна, ки барои чунин амалиётњо маблаѓњои кофї надоранд, ба ширкатњои љустуљўи кадрњо ё ширкатњои махсуси миёнарав, ки коргарони мувваќатиро пешнињод мекунанд, мурољиат менамоянд. Ба вазифаи маркетинги кадрї, инчунин пањннамої дар чорчубаи ташкилот ахбор оиди талабот ба кадрњо, имконияти баландбардорї ё иваз намудани ихтисоси худ дохил шуда метавонад. Њайат ва сохтори он. Яке аз натиљаи муњимтарини марњилаи муосири инкишофи илмї – техникї, ин мубаддал гардидани инсон ба ќувваи ба њаракаторандаи истењсолот мебошад ва барои њамин, имрўзњо барои ташкилот њайати он боигарї ё сарвати асосї ба њисоб меравад. њайат ё ин ки кадрњо – ин саршумори асосию штатии ташкилот мебошад, ки њар гуна функсияњои истехсолї – хољагидориро иљро менамоянд. Он пеш аз њама бо шумораи худ бањо дода мешавад, ки бо хусусият, масштаб, мураккабї ва мењнатталабии љараёнњои истењсолї муайян мегардад. Ин омилњо шумораи меъёрии (нормативии) коргаронро таќозо менамоянд, ки дар тачриба ќариб, ки таъмин карда намешавад ва барои њамин иќтидори кадрї бо шумораи рўихатї ба њисоб гирифта мешавад, яъне бо он кормандоне, ки расман дар ташкилот дар њамин лањза кор мекунанд . Дар шароити камчинии (дефитсити) кадрњо шумораи рўихатї метавонад аз меъёрї (нормативї), куллан фарќ кунад. Ба шумораи рўихатї чунин категорияи коргарон дохил мешаванд: доимї, мавсимї, мувваќатї (ба кор ба муњлати то 2- моњ ќабул мешаванд), ки аз панљ рўз зиёдтар ба кор ќабул шудаанд. Азбаски на њамаи коргарон бо ин ё он сабаб њар рўз дар љои корї њастанд, њаљми њаќиќии њайат њар рўз бо шумораи њозирбудагон ифода меёбад. Дар амал њайат чизи карахтшуда намебошад, он дар њаракати доимї бо сабаби ќабул кардану хориљкунии одамон мебошад. њаракати њайат дар баланси ў инъикос меёбад, ки маълумотњоро оиди таигирёбии шумора ва сохтори кадрњоро дорост. Дар баланс ќайдкунии он мешавад, ки одамон аз куљо омадаанд (аз муассисањои таълимї, аз дигар ташкилотњо гузаштаанд, аз биржањои мењнатї), бо кадом сабаб аз кор рафтаанд (гузариш ба дигар ташкилотњо, хотима ёфтани муњлати шартнома, рафтан ба хониш, даъват ба хизмати њарбї, баромадан ба нафака ва ѓайра). Азбаски шумораи рўихатї ва њозирбудагони њайат доимо таѓъир меёбад, дар таљриба муайян кардани њаљми миёна ќабул шудааст. Барои ин, нишондињандахои њаррўзаи лозима љамъ карда мешавад, аз он љумла барои рўзњои ид ва истироњат, ки ба рўзњои корї баробаранд, ки натиљаи ба даст омадаро ба шумораи рўзњо дар давра таќсим мекунанд. Шумораи ќабулшудагон ё хориљшудагонро дар муњлати муайяни ваќт гардиши њайат меноманд. Шумораи њайати њар гуна ташкилотњо якранга нест, зеро одамон бо аломатњои њаќиќї ва бадастомада фарќ мекунанд – љинс, синну сол, маълумот, стажи корї, касб, ихтисос, вазифањои ишѓолшуда ва ѓайра. Гурўњњои коргарони дар асоси он људо кардашуда, сохтори њайати ташкилотро ташкил медињанд ё ба ибораи дигар сохтори иљтимоиро ташкил медињанд, ки метавонад оморї ва аналитикї бошад. Сохтори омории њайат таќсимнамої ва њаракати онро дар миќёси категорияњо ва гуруњи вазифањо ташкил медињад. Масалан, људо кардани њайати намудњои асосии фаъолият мумкин мебошад (шахсоне, ки дар сохторњои асосї ва ёрирасон, илмї – тадќиќотї ё таљрибавї – конструкторї кор мекунанд, инчунин аппарати идоракунї, бо офариниши мањсулот ва хизматрасонињо машѓулбудагон) ва намудњои фаъолияти дуюмдараља (коргарони таъмирчигї, хољагињои манзилї – коммуналї, сохторхои сохаи иљтимої). њамаи онњо дар сохторњои худ вазифањои роњбар, мутахассис, коргарони муњандисї – техникї ва хизматчиёнро ишѓол мекунанд. Сохтори аналитикї дар асоси тадќиќотњои махсус ва њисоботњо муайян карда мешаванд. Дар миќёси сохтори умумї, њайат аз рўи чунин аломатњо ба монанди стажи корї, маълумот, касб ва ѓайра људо карда мешавад. Ба элементњои сохтори оморї чунин иборањо ба монанди касб, ихтисос, вазифа, категория, дараљаи тахассус мансубанд. Дар зери мафњуми касб маљмўи донишњои махсуси назариявї ва малакаи амалї фањмида мешавад, ки аз тарафи одам дар натиљаи тайёрии махсус ва таљрибаи кор дар ин соња ба даст омадааст ва имконияти татбиќи ин намуди фаъолиятро медињад. Масалан, дар бораи касби менељер, њуќуќшинос, иќтисодчї, духтур ва ѓайра сухан рондан мумкин аст. Дар њудуди њар касб ихтисосњое људо мешаванд, ки бо иљрои доираи мањдуди функсияњо алоќаманд мебошанд. Аз он љумла, дар чорчубаи касби њуќуќшинос – ихтисосњои њуќуќи гражданї, њуќуќи љиноятї, њуќуќи давлат ва ѓайра људо карда мешаванд. Дараљаи тайёрии касбие, ки барои иљро кардани функсияњои мењнатї заруранд, квалификатсия ё тахассус ном мебаранд. Тахассуси кор ва тахассуси коргарро фарќ кардан лозим аст. Тахассуси коргарро комиссияи махсус дар асоси санљидани дониш ва таљрибаи ў муайян мекунад ва расман дар њуљљатњои лозима – диплом , маълумотнома ва ѓайра ќайд мекунанд. Маљмўи њуќуќњо, ўњдадорињо ва љавобгарии коргаронро, ки аз функияњои мењнатии он ва сарњадоти ваколатї муайян мегардад, вазифа ном мебаранд. њар шахси вазифадор бо чунин хислатњо муаррифї мегардад: - соњаи фаъолияте, ки бо сарњадоти объекти идоракунї муайян мегардад ва ба њолат, фаъолият ё истифодабарии он таъсир мерасонад; - масъалањое, ки аз маќсадњои ташкилот ё сохторњои он бармеояд ва онро њал кардан лозим аст; - меъёрњои самаранокии иљронамоии корњо, ки аз ин масъалањо бармеоянд. Аз рўи њосияти функсияњои мењнатї вазифањои дохилии ташкилот ба чор гурўњ људо мешаванд: коргарон, њайати хурди хизматрасон, хизматчиён ва коргарони муњандисї – техникї. Шахсоне, ки вазифањои коргариро ишѓол менамоянд, бевосита сарватњои моддиро меофаранд ё хизматрасонињои хусусияти истењсолї доштаро мерасонанд, масалан корњои таъмиротиро иљро месозанд. Фарќ кардани коргарони асоси ва ёрирасонро ќабул шудааст. Коргарони асосї дар љараёнњои технологї машѓуланд, ки дар натиља махсули моддї ё хизматрасонї ба вуљуд меояд. Коргарони ёрирасон бо хизматрасонии таљњизот ва љойњои корї, кўмак дар сохторњои ёрирасон – таъмиротї, наќлиётї, анбор ва ѓайра вобастагї доранд. Аз рўи хосият ба коргарон вазифаи хурди њайати хизматрасон наздикї дорад, ки асосан бо расонидани хизматрасонињои ѓайриистењсолї машѓуланд. Ба онњо фаррошони њавлї, хаткашонњо, фаррошони биноњои ѓайриистењсолї, ронандагони мошинњои шахсии роњбарият ва автобусњои кормандон мансуб мебошанд. Вазифаи коргарони муњандисї – техникиро шахсоне ишѓол менамоянд, ки ташкили фаъолияти одамон ва роњбарии љории истењсолотро татбиќ менамоянд. Инњо – роњбарони ташкилот, сохторњои он ва хадамотњо, мутахассисони асосї, муњандисон, техникњо, иќтисодчиён ва ѓайра мебошанд. Ба коргарони мухандисї – техникї, масалан кормандони муасисањои илмї, ки дорои унвонњои илмї мебошанд, мансуб њастанд ва њам устои сехњо дохил мебошанд, ки баъзан хатто маълумоти миёнаро соњиб нестанд. Нињоят, боз як гурўњи вазифањоро хизматчиён ташкил медињанд, ки функсияњои маъмурї – хољагидорї, молиявї – муњосибї, таъминотї, њуќуќї, тадќиќотї ва ѓайраро иљро менамоянд. Хизматчиён метавонанд роњбарон, мутахассисон ва иљрокунандагони техникї бошанд. Коргарони муњандисї – техникї ва хизматчиён ба гурўњи шахсони расмї мансуб мебошанд, ки асосан бо мењнати фикрї ва зењнї машѓуланд. Ба ин гурўњ шомил мебошад, пеш аз њама њайати илмї – техникї (олимон , коргарони илмї, мутахассисони техникї, њайати хурди илмї – техникї), ки дар истењсолот донишњои навро меофаранд ва љорї менамоянд. Дуюм, ба шахсоне, ки асосан бо мењнатї фикрї машѓул мебошанд, намояндагони маъмурият дохил мешаванд, ки функсияњои роњбарияти умумї ва функсияњои ёрирасони идоракуниро иљро менамоянд. Нињоят, ба категорияи мутахассисон шахсоне дохил мешаванд, ки маълумоти олї ё миёнаи касбиро доранд – иќтисодчиён, њуќуќшиносон, муњосибон, муњандисон, барномасозон ва ѓайрахо, ки бо коркарди вариантњои њалли мушкилотњои алоњидаи истењсолї ва идоракунї машѓуланд. Карорњои роњбарон ва тавсияњои мутахассисонро дар амал иљрокунандангон татбиќ мегардонанд, ки соњиби тайёрии мањдуди касбї – техникиро дар соњаи муайян мебошанд. Дар њайати он гуруњи иљрокунандагони техникиро људо мекунанд, ки дар хизмати роњбарон ва мутахассисон мебошанд. Ба онхо котибањо, мошинисткањо, лаборантњо ва ѓайрахо дохил мебошанд, ки бо дарёфт, коркарди техникї, нигоњдорї, супоридани ахборот барои ќабули ќарорњои зарур машѓул мебошанд. Ташкили интихоби кадрњо. Љараёни љамъоварии кадрњо, ё кирояи онњо, дар якчанд марњила ба амал меояд. Аввал дар марњилаи пешакї, ошкорнамоии номзадњои аввалин ба амал меояд, ки ќобилияти иљронамоии ин ё он функсияњои барои ташкилот зарурро доранд. Ин функсияњо бо профессиограмма ифода меёбад, яъне маљмўи сифатњое, ки бо онњо корманди талабгори ба ягон вазифа соњиб бошад. Дар асоси профессиограмма ё модели вазифа, талаботњои ояндаи ташкилот ба кадрњо мехобад, ки метавонад дар љараёни инкишофи он ба амал ояд. Ошкорнамоии номзадњо дар љараёни љустуљў ва љалбнамоии њайат ба вуљуд меояд, ки метавонад дар дохили корхона сурат гирад ва њам берун аз он – дар муассисањои таълимотї, раќибон, бо ёрии ширкатњои миёнарав, ба воситаи эълонњо дар маљаллањои махсус оиди мављудияти љойњои холии кор, талаботњо ба номзадњо, шартњои музди мењнат, њавасмандгардонии иловагї ва ѓайра. Пас аз љалбнамої, омўзиши аввалини ахбор дар бораи номзадњо сурат мегирад, ки имконияти дур кардани 80% онњоро якбора медињад ва барои боќимондагон интихоби усулњои тафтиши иловагиро медињад. Чунончи, дар бисёр ширкатњои ѓарб мутахассисонеро, ки дар тарљумаи њоли худ ё «резюме» њатто як хатогї содир намудаанд, ба кор ќабул намекунанд. Коргароне, ки масалан мехоњанд ба заводњои компанияи «Хонда» дар штати Огайо (ИМА) ба кор дароянд, сараввал бояд иншо нависанд, ки оиди вобастагии кори пешниходшуда ба маќсадњои њайётии онњо ва ќобилияти татбиќнамоии он алоќамандї дошта бошад; сипас пас аз бањогузорї аз тарафи роњбари ояндаи бевосита ва њамкорон ўро ба санљишњои асосї роњ медињанд. Дар чорчубаи тањлили пешакї дар бисёр ширкатхои ИМА ба номзадони ягон вазифа пешкаш карда мешавад, ки дар хона пурсишномаеро пур намоянд, ки аз 14 блоки саволњо бо дањ савол дар њар блок иборат мебошад, мактуб – ариза њачман то 15 сатр ва сурати худро пешнињод намоянд. Анкета ва мактуб – ариза экспертизаи грофологиро аз рўи 238 бузургї (параметр) мегузарад, сурат бошад экспертизаи физиогномиро аз руи 198 бузургї (параметр) мегузарад. Ѓайр аз ин, услуб ва хусусияти навиштани ариза ва љавоб ба саволњои пурсишномаро даќиќкорона равоншиносон месанљанд, ки кўшиш менамоянд, шахсияти муаллифро муайян кунанд. Умуман, дар назди марњилаи пешакии интихоб вазифаи максимали мањдуд намудани доираи номзадњое меистад, ки имконияти бо дигарон бештар кор бурданро медињад ва он селексияи кадрњо ном гирифтааст. Дар чорчубаи он муќоисакунии сифатњои номзадњо ба амал меояд, талаботњои аз тарафи вазифа пешнињодшуда, муќоисаи байни онњо, ки дар натиљаи он интихоби бењтарин ба амал меояд. Селексия бо ёрии чунин усулњо ба амал меояд, ба монанди пурсиш, мусоњибаи чуќур, тањлили мактубњои тавсиядињанда, санљиш ва ѓайра. Бо ёрии тест коршоямии номзад барои њалли ин ё он мушкилот омўхта мешавад, дараљаи касбї дар соњањои конкретии фаъолият, доштани манфиат аз кори оянда, дараљаи инкишофи сифатњои бештар муњим ва ѓайра. На њамаи усулњои номбаршудаи селексия боварибахш мебошанд. њисобида шудааст, ки сатњи бештар боваринокиро тестњое доранд, ки комплексї мебошанд ва аз садњо саволњо ва њар намудњои санљиш иборатанд. Роњбари ширкати пешќадам Харви Маккей њисоб мекунад, ки ќобилияти ба кор ќабул кардани одамони зарурї – ин яке аз истеъдодњои олитарине мебошад, ки менељер бояд бо он доро бошад. Ба аќидаи ў ба сифатномањо бовар кардан лозим нест, чунки дар онњо номзад худро доим таъриф мекунад. Номзад ба ширкати Маккей аз панљ то сї мусоњиба мегузарад ва худи интихоб бошад аз 10 марњила иборат мебошад:
Танњо пас аз гузаштани њамаи ин тафтишу санљишњо масъалаи њаёти ояндаи номзад њал мегардад. њангоми интихоби кадрњо бо як ќатор принсипњо идора намудан зарур аст, ки якумаш такя намудан ба тарафњои пурќувват ва беќуввати одам, љустуљўи шахсони зарурї ба вазифаи номбаршуда. Љустуљў метавонад якбора ќатъ мегардад, агар якчанд одам натавонистанд ба талаботњои пешнињодшуда љавобгў бошанд, зеро худи талаботњо метавонанд бењад мураккаб бошанд ва онњоро аз сари нав дидан лозим аст. Дигар принсипи интихоби кадрњо ин таъмини мувофиќати талаботњо, ки бо мундариљаи кор ва сифатњои инфиродии номзад пешкаш гардидаанд: маълумот, стажи корї, таљриба, дар баъзе њолатњо љинс, синну сол, саломатї, њолати психологї. Чунончи, имрўз ба истењсолоти муосир сатњи маълумотнокии на кам аз 10-12 сол зарур аст. Мардњо нисбати занњо бештар бомантиќанд, бењтар дар тарафи ташкилии кор ва љараёнњои техникї сарфањм мераванд, барои њамин 75% роњбаронро дар истењсолот ташкил медињанд. Занњо бошанд бењтар дар муносибатњои иљтимої, психологияи одамон сарфањм мераванд, аз он љумла матнро бештар ва тезтар дарк мекунанд, ки 45% роњбариро дар сохторњои давлатї ишѓол мекунанд. Тадќиќотњо нишон медињанд, ки дар синни љавонї одамон тезтар ќарор ќабул мекунанд ва дар синни калонсолтар ин ќарорњо бештар ба камолрасида ва даќиќкорона мешаванд. Дар 30-33 солагї функсияи зењнии одам парвози баландро аз сар мегузаронад, ки то 40 солагї давом дода, сипас хомўш мегардад. Боби 2. Менељменти кормандон 2.1. Маќоми кадрњои роњбарикунанда дар таъмини идоракунии самараноки ширкати туристї Идора кардани кормандон — ин таъсири маљмўию њадафнок ба коллектив бо маќсади таъмин намудани шароити мувофиќ барои мењнати эљодкорона, ташаббускорона, бошуури кормандони вай мебошад, ки барои ба даст овардани њадафи корхона равона карда шудааст. Менељменти корхонаи дилхоњро чун ду љабњаи асосї баррасї метавон кард. Љабњаи якум: муайян кардани њадафњои ширкат. Мувофиќи њадафњо бояд чорабинињо тањия карда шаванд, ичроиши онњо ва натича бояд назорат карда шавад. Аз ин нуќтаи назар менељмент бояд барои њалли масъалањои моддию мантиќї, ташкили њодисањо дар корхона ва идора кардани он бояд равона гардад. Љабњаи дуюм: роњбарї кардан ба корхона ва чун натиља идора кардани одамон. Ќонеъ гардонидани талаботи њаётии кормандони ширкат –яке аз њадафњои муњим аст, ки аз муваффаќияти он самаранокии кори корхона вобаста аст.12 Њар ду љабњаи менељмент байни худ зич вобаста мебошанд, аз ин рў ба яке аз онњо афзалият додан ва ё њар дуи онњоро муќобили якдигар гузоштан мумкин нест. Менељменти стратегї аз чунин идоракунї иборат аст, ки њангоми он роњбари корхона бояд аз як тарАф бояд ќарорњои моддии мантиќї ќабул кунад, аз дигар љињат фаъолияти кормандонро барои ба даст овардани њадафњо ва вазифањои ширкат равона карда, барои ин њавасманд гардонад. Њамин тариќ, идора кардани корхона инчунин маънои роњбарї кардан (идора кардан)-и одамон бо маќсади ба даст овардани њадафњои гузошташударо дорад. Омили мазкур дар корхонањои туристї ањамияти махсус пайдо мекунад, зеро мањсулоти онњо (хидмати туристї) дар њузури мењмон истењсол ва пешнињод мешавад. Идоракунии захирањои инсонї яке аз самтњои муњимтарин дар фаъолияти ташкилотњои туристї мебошад ва меъёри муваффаќияти иќтисодии онњо мањсуб мешавад.Њанўз ба наздикї ба инкишоф ва такмили прогресси техникї, љорикунии технологияи прогрессивї ва модификатсияи сохторњои ташкилї, аз ҷумла дар соњаи туризм диќкати љиддї дода мешуд. Дар айни замон ба сафи пеш омили инсонї гушзошта шудааст, зеро маълум аст, ки моњият ва самаранокии бизнесро одамон муайян мекунанд. Њамин тариќ, ташкилкунандаи асосии бизнес ин идоракунии кадрњо мебошанд. Он муњити мусоидеро ба вуљуд меорад, ки дар он имкониятњои мењнатии кормандон амалї мешаванд, кобилияти касбии онњо инкишоф меёбанд. Одамон аз кори хубиљрошуда ва эътирофи љамъиятии муваффаќиятњои хеш ќаноатманд мешаванд. Дар соњаи идоракунии кормандон аз муносибатњои технократї, ки онњо бо мазмуни раванди мењнатї сахт танзим карда мешаванд, ба муносибатњои системавї гузашта мешавад, ки асоси ин муносибатро инкишофи дарозмуддати имкониятњои кормандон ташкил медињад. Таѓйирот дар иќтисодиёт низ маќоми муњим дорад. Ба туфайли ин роњбарони типи нав ба майдон меоянд, ки тафаккур ва усули корашон ба масъалањои актатуалии њозиразамон дар идоракунуии захирањои инсонї мувофиќ мебошанд. Маќомоти идоракунии хадамоти кадрњо хеле баланд мешавад, зеро онњо то рафт ба раванди тайёр кардан ва амалисозии стратегияи ташкилот дар самти идоракунии кормандон фаъолонатар љалб карда мешаванд. Мутахассисони хадамоти кадрї ба сифати мушовирони эскпертии роњбарони хаттї њангоми масъалањои ќабул кардан ба кор ва аз кор озод кардан, таъйин кардан ба мансаби нав, равона кардан ба бозомўзии касбї, баланд бардоштани музди мењнат ва ѓ. баромад мекунанд.13 Идоракунандагони кормандон – ин гурўњи мустаќилонаи мутахассисон – менељерњои касбї мебошад, ки њадафи асосии онњо баланд бардоштани самаранокии истењсолї, эљодї ва фаъолнокии кормандон, тањия ва амалисозии барномаи рушди кадрњои ширкати туристї аст. Онњо бояд ба инкишофи бизнес ба тавассути киро кардани кормандони баландтахассус, банакшагирии дар вазифа баландшавии онњо, бањо додан ба фаъолияти истењсолї ва такмили пардохти музди мењнат ёрї расонанд. 2.2. Банаќшагирии ниёз ба кормандон. Интихоби кормандон Эњтиёљоти корхона ба кадрњо бо мурури замон тањти таъсири омилњои берунї ва дохилї таѓйир меёбад. Ин њолат на њама ваќт бо афзоиш ва коњиши талабот ба мањсулоти туристї ва мувофиќан ба ќувваи корї вобаста аст. Умуман эњтиёљоти корхона ба захирањои мењнатї ба талабот ба хидматњо ва сатњи њосилнокии мењнат вобаста мебошад. Љабњаи миќдории муаммои њисоб кардани потенсиали кадрї барои њалли маќсадноки вазифањои ширкат аз њамин иборат аст. Он ба љабњањои миќдорї, ваќтї ва фазої вобастагї дорад. Банаќшагирии эњтиёљот ба кормандон бо усулњое мањдуд намешавад, ки муайян кардани миќдори кормандони барои босифат иљро кардани тамоми амалиёт ва равондидњо (протседурањо)-и ширкат заруриро таќозо мекунад. Раванди мазкур нисбатан вазифањои фарохро дар бар мегирад ва характери системавї дорад.14 Ќисми таркибии наќшаи фаъолияти ширкатро наќшаи захирањои мењнатї дар бар мегирад. Кори муњимтарини менељерњо аз интихоби кадрњо иборат аст. Талабот ба номзади љои кории холиро хуб омўхта, вай бояд аз як ќатор кормандони ихтисоснок нисбатан мувофиќашро интихоб намояд. Масъулияти интихоботи кормандон пурра ба зиммаи менељер оид ба кадрњо гузошта мешавад. Ин раванд мураккаб аст ва чун дигар кори идоракунї сањењ кор карданро таќозо мекунад. Хусусан ба номзад ба таври содда ва ошкорбаёнї кори ояндаро фањмонидан лозим аст, то ки вай онро бо тахассуси хеш мувофиќат карда тавонад. Бо одамоне, ки дараљаи мувофиќ надоранд, барои ќабул ва сўњбат ваќт сарф кардан лозим нест. Менељер бояд аниќ донад, ки киро дар вазифа баланд намояд ё аз кор озод кунад, киро аз нав ба кор ќабул намояд ва ѓ. Сиёсати кор бо кадрњо дар асоси принсипњои ќабули миќдори зарурии кормандон барои вазифањои мављуда амалї гашта, заминаи методологияи онро мустањкам кардан ва инкишофи касбии корманд ташкил медињад. Интихоби кадрњо чун зерфунксияи идоракунї баррасї мешавад, ки нисбати шахсият амалї мегардад. Љињати миќдории раванди интихоб аз он иборат аст, ки бояд номзадњоеро ба кор ќабул кард, ки барои кори мазкур тахассуси мувофиќ доранд. Барои иштибоњ накардан дар интихоби кадрњо манбаъњои гуногуни маълумотро истифода мебаранд. |