Главная страница
Навигация по странице:

  • А) Ма қ омоти назди Президенти Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон

  • Б). Вазорат ҳ ои Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон

  • В). Кумита ҳ ои давлатии Ҷ ум ҳ урии То ҷ икисштон

  • Г) Ма қ омоти назди Ҳ укумати Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон

  • Саридораи ҳ ифзи сирри давлатии назди ҲҶ Т ;

  • ПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018. Дипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он


    Скачать 160.42 Kb.
    НазваниеДипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он
    АнкорDgshdj
    Дата26.05.2022
    Размер160.42 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018.docx
    ТипДиплом
    #550744
    страница3 из 4
    1   2   3   4
    § 2.2. Сохтори њокимияти давлатї ва рушди худидоракунии мањаллї дар Тољикистони соњибистиќлол.

    Аввалин маротиба сохтори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 муайян карда шудааст. Баъдтар, бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат солҳои 2006 ва 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ такмил дода шудааст.

    Дар асоси моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз инҳо иборатанд:

    - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -Мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз:

    - Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    А) Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд. Ба мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор ё директор роҳбарӣ менамояд.

    Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

    Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум, муовинони роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони ҳамин мақомро тасдиқ мекунад. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

    Функсияҳои асосии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

    - тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият; 

    - ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;

    - анҷом додани функсияҳои назоратӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;

    - таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи функсияҳои худ;

    - пешбурди мониторинг ва таҳияи пешниҳод оид ба такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муайяни фаъолият;

    - амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

    Дар мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони роҳбар (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешаванд.

    Б). Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад. 1

    Вазорат функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

    Вазоратро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. 

    Ба фаъолияти вазорат вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

    Вазир муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

    Теъдоди муовинони вазир, воҳидҳои сохтории вазорат ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    Муовини якум ва муовинони вазир дар назди вазир ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони вазир фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми вазоратро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи вазорат роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.

    Вазорат функсияҳои асосии зеринро анҷом медиҳад:

    - таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият;

    - ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

    - андешидани тадбирҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдори идоракунӣ;

    - таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти вазорат ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон;

    - дар асоси қонунҳо амалӣ намудани танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти вазорат ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;

    - амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи вазорат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

    Дар вазорат таҳти роҳбарии вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари вазорат дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

    Айни ҳол мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 ¹12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вазоратҳо мавҷуданд:

    1. Вазорати адлияи ҶТ;

    2. Вазорати кишоварзии ҶТ;

    3. Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

    4. Вазорати корҳои хориҷии ҶТ;

    5. Вазорати маориф ва илми ҶТ;

    6. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии ҶТ;

    7. Вазорати молияи ҶТ;

    8. Вазорати мудофиаи ҶТ;

    9. Вазорати нақлиёти ҶТ;

    10. Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ;

    11. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ;

    12. Вазорати фарҳанги ҶТ;

    13. Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ;

    14. Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ;

    В). Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисштон

    Кумитаи давлатӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории байнисоҳавиро амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи дахлдори фаъолият ҳамоҳанг месозад.1

    Кумитаи давлатӣ функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад. Кумитаи давлатиро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи кумитаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

    Ба фаъолияти кумитаи давлатӣ раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

    Раис муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовини якум ва муовинони раис дар назди раис ҳисоботдиҳанда буда, ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони раис фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми кумитаи давлатиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи кумитаи давлатӣ роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.

    Функсияҳои асосии кумитаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:

    - таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайяни фаъолият;

    - тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ; 

    - таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдори идоракунӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои онҳо;

    - таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи масъалаҳои ба соҳаи фаъолияти кумитаи давлатӣ дахлдошта ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;

    Раис роҳбарии умумии фаъолияти кумитаи давлатиро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи кумитаи давлатӣ гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.1

    Ваколатҳои раиси кумитаи давлатӣ дар Низомномаи кумитаи давлатӣ муайян карда мешаванд. Дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кумитаҳои давлатӣ мавҷуд мебошад:

    1. Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ;

    2. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ;

    3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ;

    Г) Мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар функсияҳоро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад. Ба мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис, сардор, директор роҳбарӣ менамояд. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.2

    Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум ва муовинони роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад. Дар назди мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар мақомот оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.

    1. Кумитаи андози назди ҲҶТ;

    2. Кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҲҶТ;

    3. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ;

    4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҲҶТ;

    5. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҲҶТ;

    6. Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ;

    7. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ;

    8. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданнии назди ҲҶТ;

    9. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҲҶТ;

    10. Хадамоти алоқаи назди ҲҶТ;

    11. Хадамоти гумруки назди ҲҶТ;

    12. Хадамоти зиддиинҳисории назди ҲҶТ;

    13. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҲҶТ;

    14. Агентии беҳдошти замин ва обёри назди ҲҶТ;

    15. Агентии сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ;

    16. Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҲҶТ;

    17. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҲҶТ;

    18. Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ;

    19. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҲҶТ;

    20. Агентии хоҷагии ҷангали назди ҲҶТ;

    21. Саридораи геологияи назди ҲҶТ;

    22. Саридораи бойгонии назди ҲҶТ;

    23. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҲҶТ;

    Низоми идоракунии раванди ислоњот, ки ба такмили системаи идоракунии мақомоти мањаллии ҳокимияти давлатӣ барои давраи то соли 2030 нигаронида шудааст, бояд ноил шудан ба ҳадафҳо, самарабахшии гузаронидани ҳамаи чорабиниҳо, инчунин устувории дарозмўҳлати натиҷаҳои бадастомадаро таъмин намояд. Бо ин мақсад механизми идоракунӣ бояд дар асоси татбиқи чорабиниҳо, бо дарназардошти барнома ва нақшаҳои мувофиқа ва тасдиқгардида, нишондиҳандаҳои миқдории ноил шудан ба мақсад, назорати мутамаркази сифати идоракунии чорабиниҳои ислоҳот созмон дода шавад.

    Асосњои назариявии таълимот дар бораи худидораи мањаллї дар нимаи аввали асри 19 пешнињод шудааст. Аввалин фарде, ки ба ин масъала таваљљўњ зоњир намудааст ин олим ва ходими давлатии Фаронса А.Токвил мебошад. Дар асри машњури худ «Демократия дар Амрико» чунин навиштааст: «Инстутњои љамоатчигї барои муќаррарнамоии мустаќилият њамон наќшеро мебозанд, ки мактабњои ибтидои барои инкишофи илм; онњо роњи оммаи васеи халќро ба озодї кушода истифодаи ин озодиро меомўзонанд. Бе нињодњои љамоатчигї миллат метавонад њукумати озодро созмон бињад, лекин он озодии воќеиро касб карда наметавонад»1.

    Дар илмњои љамъиятшиносї се назарияи асосї нисбати худидораи махаллї- назарияи љамоатњои озоди худидораи мањаллї, назарияи љамъиятии худидораи мањаллї ва назарияи давлатии худидораи мањаллї эътироф шудааст, ки унсурњои ин назарияњо дар шароити худидораи мањаллии њозира чї дар Тољикистон ва чї дар дигар давлатњои хориља ба кор бурда мешавад.

    Аввалин маротиба олимони немис таъинот ва моњияти худидораи мањаллиро асоснок карда назария љамоатњои озодро (назарияи њуќуки табии љамаотро) пешниход кардаанд.

    Назария љамоатњои озод исбот мекунад, ки њуќуќи љамоатњо оиди пешбурди корњои худ њам хислати табии ва мусодиранашавандагї доранд ва чун њуќуку озодињои инсон, чунки таърихан љамоатњо ќабл аз давлат ба вуљуд омаданд ва бояд озодии идоракунии љамоатхоро ќадру эњтиром намоянд. Њамин тариќ назария љамоатњои озод дар ѓояи њуќуќњои табии ба вуљуд омадааст.

    Назария љамоатњои озод асосхои ибтидоии ташкили худидоракунии мањаллии зерринро пешбинї намудааст:

    а) Интиҳобї будани маќомоти худидоракунии мањаллї аз љониби аъзоёни љамоат;

    б) Низомнома дар бораи таќсимоти ваколат, ки љамоат ихтиёрдорї мекунад ва ба ваколате, ки ба ў аз љониби давлат замима мегардад;

    в)Маќомоти худидоракунии мањаллї- ин идоракунии корњои худи љамоат, ки бо таъиноти табииаш аз корњои давлатї тафовут дорад;

    г)Маќомоти давлатї њуќуќ надоранд, ки ба корњои шахсї, салоњияти љамоатњо дахолат кунанд, онњо бояд ба он назорат кунанд, ки љамоатњо аз доираи ваколатњои худ набароянд.

    Дар назарияи илми њуќуќи конститутсионї бошад нињоди худидораи мањаллї бо мазмуну мафњумњои зерин тањќиќ мегардад: 1) Љузъи низоми њокимияти давлатї ё њокимияти давлатї; 2) Њокимияти ѓайридавлатї (назарияи дуалистї), њокимияти махсусе, ки мувофиќати ташкилоти љамъиятї ва маќомоти давлатиро эътироф мекунад; 3) Њокимияти љамъиятї, ки дар доираи биноњо, кўчањо ва микрорайонњо амал мекунад; 4) Њокимияти сиёсї; 5) Њокимияте, ки фаќат дар соњаи фаъолияти хољагї амал мекунад; 6) Њокимияти њуќуќї-сиёсї; 7) Яке аз намудњои њокимияти иљтимої; 8) Њокимияте, ки аз њама бештар ба халќ наздик аст; 9) Њокимияти ѓайрисохибихтиёр; 10) Њокимияти корпоративї; 11) Яке аз шаклњои ѓайримарказонидашуда; 12) Яке аз намудњои њокимияти махаллї; 13) Њокимияти биёрљабња; 14) Њокимияти авлодї; 15) Љузъи низоми идоракунї; 16) Яке аз намудњои худидораи халќ; 17) Хокимияте, ки дар асоси таљзияи њокимияти давлатї амал намекунад; 18) Нињоди љомеаи шањрвандї; 19) Яке аз нињодњои намояндагии халќї; 20) Яке аз шаклњои худташкилї ва худфаъолиятии шањрвандон.

    Ќайд кардан бо маврид аст, ки худидораи мањаллї таърихи дуру дароз дорад. Њанўз дар замоне, ки дар љомеаи инсонї давлат вуљуд надошт худидораи мањаллї бо тарзу усулњои хосаи худ амалї карда мешуд. Аз рў ќайд кардан мумкин аст, ки худидораи мањаллї чун њуќуќи табии ба вуљуд омадааст.

    Худидораи мањаллї чун шабакаи муњими љомеаи шањрвандї барои сафарбаркунии ањолї ба њалли масъалањои муњими њаёти мањал воситаи санљидашуда мебошад. Худидоракунии мањаллї дар ќонунгузории Тољикистон мафњуми нисбатан нав аст. Мувофиќи ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 25 декабри соли 1991 ба боби 14 Конститутсияи соли 1978 таѓйироту илова дароварда шуда, ба низоми худидоракунии мањаллї вазъи конститутсионї дода шуда буд.

    Дар моддаи 126-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соли 1978 муќаррар карда шуда буд, ки низоми худидораи мањаллии Тољикистон Шўроњои мањаллии вакилони халќ, маќомоти марзии худидораи љамъиятї, раъйпурсии мањаллї, маљлисњои шањрвандон ва дигар шаклњои демократияи бевоситаро дарбар мегиранд. Ин меъёрњо чанде пеш дар ќонун “Дар бораи худидораи мањаллї ва хољагии мањаллии ЉШС Тољикистон” аз 23 феврали соли 1991 муфассал танзим ёфта буданд.1

    Мувофиќи Конститутсияи нав асоси њуќуќии ташкилёбї, фаъолият ва низоми худидораи мањаллї хеле мањдуд гардида аст. Меъёри конститутсионї дар ин бора аз љумлаи зерин иборат аст: “Маќоми худидоракунии шањраку дења љамоат аст”2 (моддаи 78).

    Ќонуни нави Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот” аз 5 августи соли 2009 аз муќаддима, 5 боб ва 47 модда иборат аст. Мувофиќи ќонуни мазкур мафњуми худидоракунии шањрак ва дењот - фаъолияти ањолии шањрак ва дењот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот тањти масъулияти худ барои њал намудани масъалањои иљтимої, иќтисодї ва фарњангии ањамияти мањаллї дошта, бо назардошти манфиатњои умумиљамъиятї, анъанањои миллї ва хусусиятњои мањаллї, амалї мегардад.

    Мазмуни ќонуни амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба меъёрҳои конститутсионӣ такя дошта, бевосита ба ибораву истилоњњои он ривоҷ мебахшад. Дар ќонуни мазкур бори аввал мафҳумҳои «шаҳрак ва деҳот», «худидоракунии шаҳрак ва дехот», «маќоми худидоракунии шахрак ва деҳот» «ваколати истисноӣ» тавсиф ёфта, як қатор ниҳодҳои ҷадид дар низоми худидора ба монанди, «Шӯрои ҷамоат», «вакили ҷамоат» ва ғ. мустаҳкам мегардад. Навоварии муҳими ќонуни амалкунанда дар он низ ифода меёбад, ки мафњуми «ваколати вогузоршаванда»-ро дар бар гирифта, пиёда гаштани онро бори аввал бо шакли шартномавии тамоси ҷамоатҳо бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва маќомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ алоқаманд менамояд.

    Њуќуќи худидораи мањаллї њамчун шакли асосии демократияи бевосита дар њалли масоилњои ањамияти мањаллї дошта барои ањолї ањамияти хеле калон дорад. Дар бисёр давлатњои демократии љањон маќомоти худидораи мањаллї дар асоси усулњои умумї, баробар, мустаќим ва ба таври овздињии пинњонї ташкил меёбад ва бо ќабули ќонуни нави Љумњурии Тољикистон дар бораи маќомоти худидоракунии љамоати шањраку дењот чунин тартиби ташкили маќомоти худидоракунии мањаллї дар кишвари мо замина гузошта шуд ва 28 феврали соли 2010 интиҳоботи вакилони љамоатњо сурат гирифт.

    Ќайд кардан бо маврид аст, ки асосан маќомоти худидораи мањаллї дар бисёр давлатњои пешрафтаи демократї ба низоми њокимияти давлатї дохил намешаванд.

    Дар хусуси институти љомеаи шањрвандї ва ё маќомоти давлатї будани худидораи мањаллї олимони соњањои гуногуни илмњои љамъиятї аќидањои мухталиф пешнињод кардаанд. Дар хусуси худидораи мањаллї чун нињоди љомеаи шањрвандї дар илми њуќуќшиносї аќидањои гуногун аст. Ба аќидаи олими рус Авакьян С.А. худидораи мањаллї на љузъи таркибии љомеаи шањрвандї мебошад, чї хеле ки дар худидораи мањалли усули ташкилии љамоатї-минтаќавї (обшинагї-минтаќавї) пешбинї шудааст ва љомеаи шањрвандї њамчун таркиби умумї барои тамоми давлат хос аст, илова бар ин худидораи мањаллї ин шакли њудудии њокимияти сиёсї мебошад ва њамзамон љомеаи шањрвандї бидуни њудуд дар мутањњиди њамаи шањрвандон созмон меёбад ва агар дар хусуси љузъњои њокимият дар љомеаи шањрвандї сухан равад ин бояд њокимияти љамъиятї бошад.1

    Шакли дигари маќомоти худидораи мањаллиро дар Љумњурии Тољикистон ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи иттињодияњои љамъиятї аз 12 майи соли 2007 дар моддаи 10 муайян кардааст, ки ин маќомоти худфаъолияти љамъиятї мебошад. Маќомоти худфаъолияти љамъиятї иттињодияи љамъиятии беузвият буда, маќсадаш якљоя њал кардани масъалањои гуногуни иљтимоиест, ки дар љои зисти шањрвандон пайдо мешаванд. Вай барои ќонеъ намудани эњтиёљоти шахсоне нигаронида шудааст, ки манфиати онњо бо расидан ба маќсадњои оинномавї ва татбиќи барномањои маќомоти худфаъолияти љамъиятии љойи таъсиси он алоќаманд мебошад.

    Маќомоти худфаъолияти љамъиятї бо ташаббуси шањрвандоне ташкил карда мешавад, ки онњо ба њалли масъалањои гуногуни иљтимоиест, ки дар љои зисти шањрвандон пайдо мешаванд њавасманданд ва кори худро дар асоси худидоракуни мувофиќи оинномаи ќабулшуда дар маљлиси муассисон ба роњ мемонанд. Маќомоти худфаъолияти љамъиятї маќомот ё ташкилоти болоии худро надорад ва чун ќоида, «шўрои мањалла», «кумитаи мањалла», «кумитаи манзил» ва ба ин монанд номгузорї мешавад.

    Маќомоти худфаъолияти љамъияти иттињодияи љамъиятии ѓайрирасмї буда, ба ќайди давлати гирифта намешавад ва ин маќомот баъд аз таъсисёбї бояд ба маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї оид ба таъсисёбиаш маълумоти хатти пешнињод намояд.

    Ба њамин тариќ, маќомоти худидоракунии шањрак ва дења мувофиќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон ба низоми маќомоти њокимияти давлатї дохил намешавад. Вале дар доираи худидораи мањаллї онњо салоњияти васеъ доранд.

    Дар охир њаминро ќайд кардан зарур аст, ки новобаста аз нисбатан нав будани нињоди њуќуќї-конститутсионии худидораи мањаллї дар Тољикистон ва кам будани таљрибаи кори маќомоти худидораи мањаллї он дурнамои равшан дорад.

    Муносибатњои љамъиятии интиҳобот яке аз муносибатњои муњимтарини сиёсиву њуќуќист. Аз ин рў, онњо дар низоми њуќуќи конститутсионї љойи намоёнро ишѓол менамоянд. Муносибатњои интиҳобот бо чандин падидањои њуќуќї-конститутсионї зич алоќаманданд. Пеш аз њама муносибатњои интиҳобот ќисми таркибии демократия, нишондињандаи равшани он мебошанд. Бинобар ин, њуќуќи интиҳобот яке аз њуќуќњои муњими сиёсии шањрвандон буда, дар вазъи њуќуќии шахс ва шањрвандон мавќеи калон дорад. Инчунин интиҳобот усули асоси интиҳобот ва ташкил намудани маќомоти худидораи мањаллї мебошад.1

    Љамоат чун маќомоти худидоракунии мањаллї аз вакилон иборат буда, онњо дар асоси усулњои умумї, баробар, мустаќим ва бо овоздињии пинњонї ба мўњлати 5 сол интиҳоб мешаванд. Интиҳоботи вакилони Љамоат на дертар аз 40 рўзи ба охир расидани мўњлати ваколати вакилони Љамоати даъвати амалкунанда бо ќарори Љамоат таъйин карда мешавад.

    Шумораи вакилони Љамоат дар маљлиси Љамоат муайян карда мешавад, ки онњо аз 15 нафар кам ва аз 40 нафар зиёд буда наметавонанд. Њар як дења, новобаста аз шумораи интиҳобкунан-дагонаш, дар Љамоат бояд њадди аќалл як нафар намоянда дошта бошад.2

    Фаъолияти Љамоат дар рўзи оѓози маљлиси якуми Љамоати нав интиҳобшуда ќатъ мегардад.

    Њангоми барњамдињии воњиди марзиву маъмурї Љамоат пароканда мешавад ва ваколати вакилони Љамоат ќатъ мегардад. Дар сурати азнавташкилдињї (њамроњшавї, муттањидшавї, табдилдињї, таќсимшавї ва људошавї) воњидњои марзию маъмурї вакили Љамоат вакили Љамоати азнавташкилшудае мебошад, ки ба њайати он аксарияти интиҳобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то оѓози фаъолияти Љамоати нав интиҳобшуда ваколати худро нигоњ медорад.

    Њангоми ташкили шањрак ё дењоти нав масъалаи муайян намудани шумораи вакилони Љамоат, ташкили њавзањои интиҳобот, таъйини интиҳобот ва таъсиси комиссияи интиҳоботи Љамоат мутобиќи талаботи меъёрњои Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз љониби Маљлиси вакилони халќи шањр ё ноњияи дахлдор њал карда мешавад.

    Интиҳоботи вакилон ба Љамоат умумї аст. Шањрвандони љумњурии Тољикистон, ки рўзи интиҳобот синнашон ба 18 расидааст, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсилот ва молу мулк њуќуќи интиҳоб кардан ва интиҳоб шуданро ба Љамоат доранд.

    Интиҳобкунандагон дар асоси баробар дар интиҳобот иштирок мекунанд ва њар кадоми онњо як овоз доранд. Вакилони Љамоат аз тарафи шањрвандон бевосита интиҳоб карда мешаванд. Овоздињї дар интиҳоботи вакилони Љамоат озод ва пинњонї сурат мегирад. Тайёрї ва гузаронидани интиҳоботи Љамоат аз тарафи комиссияи интиҳоботи Љамоат ва комиссияњои њавзавии интиҳоботи вакилони Љамоат ошкоро сурат мегирад.

    Барои интиҳоботи вакилони Љамоат на кам аз 15 ва на зиёда аз 40 њавзаи интиҳобот ташкил карда мешавад. Шумораи њавзањои интиҳоботро Љамоат муќаррар менамояд. Аз њар њавзаи интиҳобот як вакили Љамоат интиҳоб карда мешавад.

    Барои ташкил ва гузаронидани интиҳоботи Љамоат комиссияи интиҳоботи Љамоат аз тарафи Љамоат таъсис дода мешавад.Комиссияи интиҳоботи Љамоат на дертар аз панљ рўзи баъди таъйин гардидани интиҳобот дар њайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад.Комиссияи интиҳоботи Љамоат дар њайати раис, муовини раис, котиби Комиссия ва аъзои он интиҳоб карда мешавад. Комиссияи интиҳоботи Љамоат иљрои Ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро дар бахши интиҳобот назорат менамояд, татбиќи якхелаи онро таъмин мекунад; њавзањои интиҳоботиро бо назардошти шумораи интиҳобкунандагон дар њудуди шањрак ва дењот мутобиќи талаботи Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад ва ба онњо ному раќам мегузорад; на дертар аз панљ рўзи баъди таъйини интиҳоботи Љамоат комиссияњои њавзавии интиҳоботро ташкил мекунад; вараќањои овоздињии намунааш муќарраршудаи интиҳоботро тасдиќ мекунад ва комиссияњои њавзавии интиҳоботро бо вараќањои овоздињии интиҳобот таъмин менамояд; масъалањои таъминоти моддию техникии интиҳоботро њал менамояд; вакилони интиҳобшударо ба ќайд мегирад, натиљаи интиҳоботи Љамоатро љамъбаст мекунад, оид ба љамъбасти интиҳобот ба ањолї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї хабар медињад; овоздињї ва интиҳоботи такрорї, њамчунин интиҳоботи вакилро ба љои вакили хориљшуда мутобиќи талаботи Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ташкил мекунад; њуљљатњои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интиҳоботро ба бойгонї месупорад; арзу шикоятњоро доир ба масъалањои тайёрї ва гузаронидани интиҳобот баррасї карда, оид ба онњо ќарор ќабул мекунад; мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќї салоњияти дигарро вобаста ба интиҳобот анљом медињад.1

    Комиссияи њавзавии интиҳоботро комиссияи интиҳоботи Љамоат на дертар аз 10 рўзи баъди таъйини интиҳоботи Љамоат дар њайати 5-11 нафар ташкил намуда, аз љумла раис, муовини раис, котиби комиссияро интиҳоб мекунад.

    Комиссияи њавзавии интиҳобот рўйхати интиҳобкунандагонро тартиб медињад; интиҳобкунандагонро ба рўйхати интиҳобкунандагони њавзаи интиҳоботї шинос менамояд; номзадњоро ба ќайд мегирад; ањолиро дар бораи мањалли љойгиршавии комиссияи њавзавии интиҳобот, ваќти кори он, инчунин рўзи интиҳобот, љойи овоздињї хабардор мекунад; бинои овоздињї, ќуттињои овоздињї ва дигар таљњизоти интиҳоботро тайёр мекунад; овоздињиро дар рўзи интиҳобот ташкил мекунад; овозњои интиҳобкунандагонро дар њавзањои интиҳобот њисоб менамояд.

    Номзадњо ба вакили Љамоат ба таври худпешбарї, бо љамъ намудани имзоњои на камтар аз 5 фоизи интиҳобкунандагони њавзаи дахлдор сурат мегирад. Пешбарии номзадњо 25 рўз пеш аз интиҳобот оѓоз шуда, 15 рўз пеш аз рўзи овоздињї ба охир мерасад.

    Њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки синни ў аз 18 кам набошад ва дар њудуди шањрак ва дењоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиќомат дошта бошад, метавонад номзад ба вакили Љамоат пешбарї шавад.

    Тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар њолати аз вазифа ба истеъфо рафтани ходимони касбии ташкилотњо ва иттињодияњои динї, хизматчиёни њарбии Ќуввањои Муссаллањ, дигар ќўшуну сохторњои њарбї, судяњо, прокурорњо, шахсони њайати ќаторї ва роњбарикунандаи маќомоти корњои дохилї, маќомоти гумрук, кормандони њифзи њуќуќи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон номзад ба вакили Љамоат пешбарї шуда метавонанд.1

    Номзадњо ба вакили Љамоат баъд аз баќайдгирї њуќуќи ташвиќот бурданро доранд. Ташвиќот дар рўзи овоздињї манъ аст. Комиссияи њавзавии интиҳобот барои бурдани ташвиќоти пешазинтиҳоботии номзад мусоидат менамояд.

    Дар ваќти бурдани ташвиќот истифодаи методњои маљбуркунии рўњї, љисмонї, динї, сўистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ташвиќоте, ки њисси бадбинї ва хусумати иљтимої, нажодї, миллиро бедор мекунад, ба ѓасби њокимият, зўран таѓйир додани сохти конститутсионї, вайронкунии тамомияти давлат даъват менамояд, ташвиќоти љанг ва дигар шаклњои сўистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ кардааст, иљозат дода намешавад.2

    Њар интихобкунанда шахсан худаш овоз медињад. Ба љои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як вараќаи овоздињї ба интихобкунанда манъ аст. Вараќањои овоздињии интихобот ба интихобкунандагон барои комиссияи њавзавии интиҳобот дар асоси рўйхати интихобкунандагони њавзаи интиҳобот баъди пешнињоди шиноснома ё њуљљати дигари тасдиќкунандаи шахсияти интихобкунанда дода мешавад.

    Њар як интихобкунанда ба тарафдории як номзад овоз медињад. Вараќањои овоздињие, ки дар онњо ба тарафдории ду ва ё зиёда номзадњо ё ба ягон номзад овоз дода нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.

    Ќуттињои овоздињї аз тарафи комиссияи њавзавии интихобот дар њузури њамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздињї кушода мешаванд. Кушодани ќуттињои овоздињї то пурра ба итмом расидани ваќти овоздињї манъ аст.

    Натиљаи њисоби овозњо дар маљлиси комиссияи њавзавии интиҳобот баррасї гардида, ба протокол дохил карда мешавад, ки ба он раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд. Протокол ба комиссияи интиҳоботи Љамоат пешнињод карда мешавад. Номзаде ба вакилии Љамоат интиҳобгардида дониста мешавад, ки дар интиҳобот аз 50 фоиз зиёди овозњои интиҳобкунандагони дар овоздињї иштироккардаро гирифтааст.

    Комиссияи њавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интиҳобот ё њангоми њисобкунии овозњо роњ додан ба вайрон карда шудани Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон метавонад интиҳоботро беэътибор њисобад.

    Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз 50 фоизи интиҳобкунандагони ба рўйхати интиҳобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд.

    Агар дар њавзаи интиҳоботї номзадии беш аз ду нафар барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва њељ яке аз онњо интиҳоб нагардида бошад, комиссияи њавзавии интиҳобот дар хусуси овоздињии такрорї дар њавза оид ба ду номзад ба вакилї, ки овозњои бештарро гирифтаанд, ќарор ќабул менамояд.

    Овоздињии такрорї дар њавзаи интиҳоботї дар мўњлати на дертар аз ду њафта, бо риояи талаботи Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, дар њамон њавзаи интиҳоботї гузаронида мешавад. Њангоми овоздињии такрорї номзаде интиҳобшуда њисобида мешавад, ки овозњои бештари интиҳобкунандагони дар овоздињї иштирокнамударо соњиб шудааст. Агар њангоми овоздињии такрорї яке аз номзадњо бо ягон сабаб хориљ шавад, овоздињї барои як номзад гузаронида мешавад. Дар ин сурат ба номзад барои вакили Љамоат шудан зарур аст, ки зиёда аз нисфи овозњои интиҳобкунандагони дар овоздињї иштирокдоштаро гирад.

    Дар сурати аз тарафи Љамоат беэътибор дониста шудани ваколатњои вакилони алоњида, бо сабабњои дигар пеш аз мўњлат ќатъ гардидани ваколатњои вакилон дар њавзаи дахлдори интиҳобот дар мўњлати се моњи баъд аз хориљ шудани вакил интиҳоботи нав бо риояи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад.

    Раиси Љамоат дар маљлиси Љамоат аз њайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Љамоат ба вазифа интиҳоб ва аз вазифа озод карда мешавад. Номзадии раиси Љамоатро раиси шањр, ноњия пешнињод менамояд.1

    Муовини (муовинони) раис ва котиби Љамоат аз њайати вакилони Љамоат бо пешнињоди раиси Љамоат дар маљлиси Љамоат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Љамоат ба вазифа интиҳоб ва аз вазифа озод карда мешавад.

    Номзадии раис, муовини ў (муовинони ў) ва котиби Љамоат бояд ба талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» мувофиќат намояд.

    Дар фаъолияти маќомоти худидоракунї вакили Љамоат ва њуќуќу вазифањои он мавќеи хоса доранд. Вакили Љамоат намояндаи халќ буда, њуќуќ дорад фикри худро озодона баён кунад, мувофиќи иродаи худ овоз дињад, манфиати интиҳобкунандагонро њимоя намояд. Вакили Љамоат вазифадор аст дар маљлиси Љамоат иштирок намуда, барои иљрои ќарорњои Љамоат мусоидат кунад, мунтазам ба интиҳобкунандагон аз фаъолияти худ њисобот дињад. Вакили Љамоат фаъолияти хизматиашро (кориашро) ќатъ накарда, ваколати худро амалї мегардонад. ў њангоми иштирок дар маљлисњои Љамоат ва маќомоти он аз иљрои вазифањои хизматї (корї) озод карда мешавад. Ваколати вакили Љамоат бо ќарори Љамоат дар њолатњои дар асоси аризаи ў; ба ќувваи ќонунї даромадани њалномаи суд дар хусуси ѓайри ќобили амал донистани ў; ба ќувваи ќонунї даромадани њукми айбдоркунии суд; ќатъи шањрвандии Љумњурии Тољикистон; пеш аз мўњлат пароканда шудани Љамоат; бе сабаби узрнок се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар маљлиси Љамоат; њангоми вафот; дигар намудани љои зисти доими берун аз њудуди Љамоат пеш аз мўњлат ќатъ мегардад.

    Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи маќомоти худидоракунии шањраку дењот салоњияти Љамоат ба соњањои гуногуни фаъолияти худидора таќсим карда шудаанд. Љамоат дар соњаи ташкили фаъолияти он ваколатњои зерин дорад:

    Интиҳоб ва озод намудани раиси Љамоат, муовини ў (муовинони ў) ва котиби Љамоат; таъсиси комиссияњои Љамоат; ќабули дастури Љамоат; ќабули буљети шањрак ва дењот, њангоми зарурат ворид намудани таѓийру иловањо ба он, назорати иљро ва тасдиќи њисоботи иљрои буљет; таъйин ва гузаронидани овоздињии ањолии шањрак ва дењот оид ба масъалањои ањамияти мањаллидошта; ирсоли пешнињод оид ба таѓйири воњидњои марзию маъмурї, номгузорї, иваз кардани номи дењаю кўчањо, майдону дигар объектњо бо тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќї; њамкорї бо маќомоти худидоракунии шањраку дењоти дигар ва таъсиси ассотсиатсияњо бо онњо; шунидани њисоботи раиси Љамоат; шунидани гузориши роњбарони ташкилоту муассисањо, маќомоти худфаъолияти љамъиятї ва дигар шахсони њуќуќии дар њудуди шањрак ва дењот воќеъбуда оид ба масъалањои салоњияти Љамоат; тасдиќ ва бекор кардани ќарорњои шўрои Љамоат ва ќарорњои раиси Љамоат; њалли дигар масъалањое, ки санадњои меъёрии њуќуќї пешбинї кардаанд.1

    Љамоат дар соњаи иќтисод ва молия ваколатњои зерин дорад:

    Тањия ва тасдиќи барномањои рушди иќтисодию иљтимоии шањрак ва дењот; бурдани китобњои хољагидорї; тасдиќи сохтор, сметаи харољот ва љадвали воњидњои кории Љамоат бо пешнињоди шўрои Љамоат ва дар доираи меъёри муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ намудани он; назорати истифода ва њифзи заминњои наздињавлигї ва заминњои хољагињои иловагии ёрирасони шахсї; мутобиќи ќонунгузорї таъсис додани корхонањои хурд, кооперативњо, устохонањо, сехњои њунарњои халќї ва дигар ташкилотњо; дастгирї намудани ташаббусњо оид ба рушди иќтисодию иљтимоии шањрак ва дењот; њалли дигар масъалањо мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон.

    Љамоат дар соњаи ќонуният, тартиботи љамъиятї ва мудофиа салоњиятњои зерин дорад:

    Ташкили таъмини иљрои ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї дар доираи салоњияти Љамоат; љалби ањолї барои гузаронидани чорабинињои мудофиаи гражданї ва бартараф намудани оќибатњои офатњои табиї; андешидани тадбирњо дар доираи салоњияти Љамоат оид ба таъмини тартиботи љамъиятии њудуди љамоат ва пешгирии њолатњои њуќуќвайронкунї.

    Љамоат дар соњаи њалли масъалањои иљтимої, ободонї ва њифзи муњити зист салоњиятњои зерин дорад:

    Иштирок дар тањия ва амалї намудани барномаи минтаќавии мусоидат ба шуѓли ањолї ва андешидани чорањо оид ба танзими раванди муњољират; назорати танзими анъана ва љашну маросимњо; андешидани чорањо оид ба бењбудии шароити манзилию маишии ањолї, њифзи саломатї, муњофизати муњити зист; њалли масъалањои ањамияти мањаллидошта (нигоњдорї ва ободонии роњњо, кўчањо, майдонњо, муассисањои фарњангї, манбањои обтаъминкунї, бозорњои худї, инчунин нигоњдории ќабристонњо ва таъмини тозагии мањал аз партовњо) ва тасдиќи ќоидањо оид ба амалї намудани онњо.

    Ба ваколатњои алоњидаи давлатї, ки ба маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот вогузошта мешаванд, инњо метавонанд дохил шаванд:

    Вогузории ваколатњои алоњидаи давлатї ба маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар асоси санадњои меъёрии њуќуќї ва шартномаи тарафњо бо маблаѓгузории ин ваколатњо сурат мегирад.

    Ба хотири ғанӣ гардонидани мазмуни фаъолияти ҷамоатҳо қонунгузорӣ як қатор навовариҳои ташкилиро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, ѓайр аз имконоти таъсиси комиссияҳои чамоат ва мустаҳкам намудани ҳолати ҳуқуки вакили ҷамоат, ҳолати хукукии Шӯрои ҷамоатро мустаҳкам месозад, ки тибқи он мақоми коллегиалӣ буда, бо шумораи аз 7 то 11 нафар дар ҳайати раиси ҷамоат, муовинони ӯ, котиби ҷамоат ва дигар вакилон бо салоҳдиди маҷлиси ҷамоат созмон дода мешавад. Шиносоӣ бо салоҳияти Шӯрои љамоат, ки дар м.17 Қонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи маќомоти худидоракунандаи шањраку дењот зикр мегардад, аз нақши нисбатан мустақили ин сохтор шаходат медиҳад. Дар фарќият аз раёсати ҷамоат, ки дар қонунгузории қаблӣ пешбинигашта, хислати ёридиҳанда дошт, нисбати Шӯрои ҷамоат доираи муайяни салоҳияти ташкилии мустақим пешбинӣ мешавад.

    Дастоварди дигари љолиб дар он ба чашм мерасад, ки сохтори кори – дастгоњ на ба раис, балки ба ҷамоат нисбат дода шуда, ҳолати ҳуқуқии он алоҳида мустаҳкам мегардад. Дастгоњи љамоат аз тарафи раиси чамоат ташкил шуда. тибќи Низомномаи дастгоњ фаъолият мебарад, ки љамоат тасдиќ менамояд. Сохтор ва шумораи кормандони он низ аз љониби љамоат бо пешнињоди раиси љамоат тасдиќ гардида маблаѓгузории он дар доираи буљети шањраку дењот сурат мегирад.

    1   2   3   4


    написать администратору сайта