Главная страница
Навигация по странице:

  • Ба талабот љавоб дода Барои њимоя ба комиссияи метавонад ва барои њимоя аттестатсионии давлатї пешнињод мегардад иљозат дода шудааст

  • САРСУХАН…………………………………………………………………. 3-5БОБИ I . Асосњои назариявї ва методологии тањќиќи принсипњои идораи давлатї.

  • БОБИ II . Системаи принсипњои идораи давлатї ва воќеият ёфтани онњо.

  • Хулоса………………………………………………………………………….. Адабиёт………………………………………………………………………….. Сарсухан

  • Объекти тањќиќоти мазкур

  • БОБИ I . АСОСЊОИ НАЗАРИЯВЇ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАЊЌИЌИ ПРИНСИПЊОИ ИДОРАИ ДАВЛАТЇ § 1.1. Мафњум ва моњияти идораи давлатї.

  • Идораи давлатї

  • Идораи давлатї дар мазмуни васеъ

  • Таъиноти идораи давлатї

  • ПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018. Дипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он


    Скачать 160.42 Kb.
    НазваниеДипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он
    АнкорDgshdj
    Дата26.05.2022
    Размер160.42 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018.docx
    ТипДиплом
    #550744
    страница1 из 4
      1   2   3   4

    ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

    ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН
    ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФА

    КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСЇ

    ЗАРИПОВА ЗИЛОЛА
    РИСОЛАИ ДИПЛОМЇ

    МАВЗЎЪ: «ПРИНСИПЊОИ ИДОРАИ ДАВЛАТЇ: МАФЊУМ ВА

    ХОСИЯТЊОИ ОН»

    Ба талабот љавоб дода Барои њимоя ба комиссияи

    метавонад ва барои њимоя аттестатсионии давлатї

    пешнињод мегардад иљозат дода шудааст
    Роњбари илмї: доктори Мудири кафедра, номзади

    илмњои сиёсї, профессор илмҳои сиёсї, дотсент

    ___________ Зокиров Г. Н. ________ Абдулњаќов М.М

    Барои њимоя ба КАД фиристода мешавад

    Декани факултети фалсафа

    Доктори илмњои фалсафа _______________ Р.Назаров

    ДУШАНБЕ – 2018
    МУҚАДДИМА

    САРСУХАН…………………………………………………………………. 3-5

    БОБИ I. Асосњои назариявї ва методологии тањќиќи принсипњои идораи давлатї.

    § 1.1. Мафњум ва моњияти идораи давлатї………………………………..

    § 1.2. Принсипњои идораи давлатї ва хосиятњои асоосии онњо……….

    БОБИ II. Системаи принсипњои идораи давлатї ва воќеият ёфтани онњо.

    § 2.1.Таснифоти принсипњои идораи давлатї дар илми муосири идоранамої………………………………………………………………………

    § 2.2. Сохтори њокимияти давлатї ва рушди худидоракунии мањаллї дар Тољикистони соњибистиќлол……………………………

    § 2.3. Масъалањо ва роњњои амалишавии принсипњои идораи давлатї дар шароити Тољикистони муосир………

    Хулоса…………………………………………………………………………..

    Адабиёт…………………………………………………………………………..

    Сарсухан

    Тољикистон дар аввалњои солњои баъди ба даст овардани истиќлолият ба гирдоби љанги шахрвандї фуру печид ва бояд гуфт, ки ин ба идораи давлатї таѓйиротњои љиддиро ба миён овард. Таъсиси давлати соњибихтиёри Тољикистон, ислоњоти амиќи сиёсї, иќисодї ва иљтимої таѓйиротњои љиддиро дар тамоми маљмўи меъёрњои маъмурию њуќуќї ба амал овардаанд, ки он аз навсозї, васеъ, модетнизатсионї ва демократї карда шуд.

    Пеш аз њама, таѓйиротњо бо гуманизатсияи идораи давлатї алоќамандї дорад, ки дастрасии бештарро соњиб гардида, дар бисёри манъбањо муќаррароти меъёрии конститутсионї муайян шудааст, ки инсон ва њуќуќу озодињои он арзиши олї мебошанд.

    Њамаи ин аз муњимияти принсипњои муайяни идораи давлатї дарак медињад.

    Пеш аз њама, дар масъалаи принсипњои идоракунии давлатї се љанбањои бо њам алоќамандбуда ва њамоњангшударо људо намудан мумкин аст:

    -якум, онтологї, ошкоркунандаи генезиси принсипњои боњамалоќамандии онњо бо табиат, моњият, љой ва наќши он ќонунњое, ки муносибатњо ва боњамалоќамандиро инъикос менамоянд; ин љињат барои муайян кардани асосњо, шартњои объективї ки барои тањияи принсипњои идоракунии давлатї муњим аст, ёрї медињад.

    -дуюм, гносеологї, ки ба тањлили хусусияти принсипњо, забон, мантиќ ва сохтори тафсири кофии онњо алоќаманд аст; ин дониши илмиро дар бораи онтолияи он чизе, ки фањмиши принсипро ишора менамояд ба таври равшан ва сањењ баён менамояд.

    -сеюм, методологї, ки наќши принсипњоро дар назария ва амалияи фаъолияти одамон дар соњаи идораи давлатї, ањамияти онњо њамчун воситаи истилоњоти падидањои давлатї- идориявї, шартњо ва воситањои татбиќи самарабахши онњо дар таљрибаи идоракуниро нишон медињад.

    Хар як љанбањои номбаршуда тањќиќоти љиддиро талаб менамояд, чунки принсипњоро њамту пеш бурдан ѓайриимкон мебошад, ки дар бисёр мавридњо вомехўрад, ба онњо худсарона ин ва ё он номро гузоштан мумкин нест ва ин чунин наметавон фикр кард, ки онњо ба таври автоматї метавонанд амал намоянд. Маълум аст, ки на њамаи ќонуниятњо, муносибатњо ва боњамалоќамандии идораи давлатї то ба имрўз ошкор гардидааст ва тавассути принсипњо тасвир карда шудааст. Бисёр чизњо њоло ноайён аст ва бояд ба шинохти онњо машѓул шуд: чизе, ки ба ќайд гирифта шудаасту дар лањзаи муайян воќеият метобад, ин низ динамикї мебошад; шароитњои объективї доимо таѓйир меёбанд, ки ќонуният, муносибат ва ба њамалоќаманди идораи давлатиро ба миён меорад ва инчунин омилњои субъективї, ки онњоро ќабул менамоянд ва истифода менамоянд; воситањои даркнамої васеъ мегардад, олотњои илмї барои дарёфти ќонуният, муносибат ва бањамалоќамандии идораи давлатї, истифодаи онњо дар таљрибаи љамъиятї ѓани мегардад.

    Бинобар ин, зарур аст бар амалї намудани фањмиши илмии ин ва ё он принсипњо корњои фаъоли зењнї бурд. Фаъолияти амалии принсипњои идораи давлатї инчунин аз худи онњо вобаста нест, балки аз муносибатњои одамон ба онњо муайян карда мешавад. Танњо донистани принсипњо кофї нест, инчунин хоњиш ва ќобилияти истифодаи онњоро дар раванди идоравї бояд дошт. Дар адабиёт шумораи гуногуни принсипњо муайян карла шудааст (Г. Эмерсон — дувоздањ, А. Файоль — чањордањ, Д. Карнеги — бисту нўњ ва ѓ.), вале ин маънои онро надорад, ки њамаи онњо ё ин, ки баъзеи онњо дар воќеият дар идоранамої истифода мегарданд ва ё таъсир мерасонанд.

    Дар љабњаи баррасї мешуда инчунин зарур аст, ки саволи инъикоси принсипњои идора дар шакли њуќуќиро низ равшан намуд. Дар адабиёти илмї мутањиднамоии маќсадноки онњо дар меъёрњои конститутсионї, маъмурї ва дигар шохањои ќонун доимо ба ќайд гирифта мешавад. Албатта, муттањиднамоии меъёрии (дар ќонуният) принсипњои идора дар муносибатњои идоравї ба таври мўътадил ва устувор муаррифї мекунанд, имкон медињад, ки дар бораи кї ва барои амалї намудани принсипњои мазкур чї бояд намояд дурустар хулоса намоем, риояи ќатъии онро кафолат медињад.

    Њамаи ин аз актуалї будани мавзўи кори дипломї дарак медињад.

    Маќсади кори мазкур ин хусусиятњои принсипњои асосии идораи давлатї мебошад.

    Барои расидан ба њадафи мазкур вазифањои тањќиќотии мазкур гузошта шудааст:

    • тањлили фањмиши принсипњои идораи давлатї;

    • ќайд намудани хусусиятњои системаи принсипњои идораи давлатї;

    • дида баромадани намудњои алоњидаи принсипњои идораи давлатї;

    • тавсиф намудани амалигардии принсипњои идораи давлатї дар Љумњурии Тољикистон.

    Объекти тањќиќоти мазкур ин маљмўи муносибатњои љамъиятие мебошад, ки принсипњои идораи давлатиро ташкил медињад. Предмети кор бошад- ин принсипњои идораи давлатї дар Љумњурии Тољикистон.

    Дар кори мазкур методњои таърихї, муќоисавї, системавї ва тасвирї истифода шудааст.

    Кори мазкур иборат аст аз сарсухан, ќисмати асосї, ки ба ду боб ва панљ параграф људо карда шудааст ва хулоса, ки дар онљо оид ба кори анљомшуда хулоса бароварда мешавад. Дар охир инчунин рўйхати адабиёти истифодашуда оварда мешавад.

    Дар навиштани кори мазкур аз монографияњо ва маќоллањои муњаќќиќони ватанї ва хориљї оид ба масъалаи мазкур истифода шудааст. Масалан аз муњаќќиќони ватанї корњо ва тадќиќоти Г.Н Зокиров, ва дигарон сањми бузург доранд. Инчунин муњаќиќонеро ба мисли А. В. Глухов, Л.В. Сморгунов, Чарлес Н. А. Тилли, Г.В. Горелов, В.В. Атаманчук, И.А. Лобанов, Н.И. Василенко, С. В. Глазунова, Пронкин ва дигаронро ќайд кардан ба маврид аст.1 Ин муњаќќиќон кушидаанд, ки моњият ва хусусияти ин мавзўъро тањлил ва баррасї намоянд.

    БОБИ I. АСОСЊОИ НАЗАРИЯВЇ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАЊЌИЌИ ПРИНСИПЊОИ ИДОРАИ ДАВЛАТЇ

    § 1.1. Мафњум ва моњияти идораи давлатї.

    Пеш аз оне, ки ба омўзиши принсипњои асосии идораи давлатї бипардозем, зарур аст муайян намоем, ки худи идораи давлатї чист? Ин мафњум ба њамчун воситаи универсалии хусусияти щакли муайяни фаъолият табдил ёфтааст, яъне маљмўи њаракатњое, ки барои ба даст овардани њадафњои муносиби муњими иљтимої ба амал бароварда мешаванд.

    Дар маънии васеъ идоракунї ин маънии роњбарии чизе ё касеро дорад. Дар замонї мо низ бо чунин маънї шарњ дода мешавад. Аммо бо чунин муќаррариёт мањдуд шудан кофї нест. Зарурияти ошкор намудани таркиби ин роњбарї ва маънии функсионалии он ба миён меояд. Мавќеи умуминазариявї, аз љумла кибернетикї ба омадани чунин хулосањо асос мебахшанд:

    1. Идоракунї ин функсияи системањои муташаккили табиаташон гуногун ( биологї, техникї, иљтимої) мебошад, ки яклухтии онро таъмин менамояд, яъне расидан ба њадафоњи дар пеши онњо истода, нигоњ доштани сохторњо ва низоми фаъолият онњо.

    2. Идоракунї ба манфиатњои њамбастагии ин ва ё он системаи унсурњоњо хизмат менамояд ва намояндаи як љузъи ягона бо вазифањои умумї барои њамаи унсурњо мебошад.

    3. Идоракунї- сифати дохилии системаи яклухт мебошад, ки элементњои асосии онро субъект (элементи идоракунунда) ва объекти (элементи идорашаванда) њамаваќт дар оѓози худташкилкунї (худидоракунї) њамкорї менамоянд, ташкил медињад.

    4. Идоракунї на танњо њамкории дохилии элементњои таркии системаро дар назар дорад. Хамбастагии зиёди системањои комили сатњои гуногуни иерархї вуљуд дорад, ки иљро шудани функсияњои идоракунии характери дохилисистемї ва байнисистемї доштаро фарз менамояд. Дар њолати охирин, системаи низоми олї њамчун субъекти назорат дар робита бо системаи низоми пастар баромад менамояд, ки дар доираи њамкорињои байни онњо объекти назорат ќарор дорад.

    5. Идоракунї дар асл ба таъсири идорашавандаи субъект бар объект оварда мерасонад, ки таркиби онро тартиби система ва таъмин намудани фаъолияти он ба таври пуррагї мувофиќ ба ќонунњои мавчудият ва рушди он, ташкил медињад. Ин-таъсири ба тартиб даровардаи маќсаднок мебошад, ки дар муносибатњои байни субъективї ва объективї воќеї шуда, бевосита аз љониби субъекти идоракунї амалї карда мешавад.

    Чунин мебошад хусусиятњои асосии мафњуми умумии идоракунї. Онњо барои фањмидани идоракунї дар соњаи иљтимої низ комилан ќобили ќабул мебошанд, ки дар он дар наќши объект ва субъекти идоракунанда одамон ва иттињодияои гуногун (масалан, давлат, љомеа, ташкилотњои њудудї, иттоњодияњои љамъиятї, объектњои истењсолотї ва ѓайриистењсолотї, оила ва монанди инњо) баромад менамоянд.

    Мафњуми «идораи давлатї» дар адабиётњои илмии ватанї ва хориљї ва њамчунин дар ќонунгузории бисёре аз давлатњо зиёд истифода мегардад.

    Мафњумњои гуногуни идораи давлатї мављуд доранд. Баъзе аз муаллифон идораи давлатиро њамчун менељменти давлатї арзёбї менамоянд. Принсипхои асосї ва ба таври васеъ пањншудае њастанд, ки дар ќатори онњо принсипњои зерин шомил њастанд:

    -идораи давлатї дар асоси конститутсия, ќонунњо ва ќоидањо барќарор аст;

    - идораи давлатї ба манфиатњои љамъиятї майл дорад;

    - идораи давлатї ба љамъият расонидани мол ва хизматрасониро таъмин менамояд;

    - идораи давлатї ќудратњои бозориро, ки болоравии иќтисодиёти кишварро таъмин месозанд, истифода мебарад.

    Низоми сиёсии љомеа яке аз низомњои њаматарафа рўшоди идоракунии низоми љамъиятї мебошад, ки ба таври комплексї ин вазифаро иљро менамояд ва бо идоракунии корњои љамъиятї фаъолияти он мањдуд намегардад. Дар ин соња падидахои табиати иќтисодї ва иљтимої дошта, иттињодияњои љамъиятї, шахсони алоњидаи барўманд, шањрвандон ва иттињодияњои онњо иштирок менамоянд. Аммо иќтидори асосии идора дар дасти давлат муттањид гаштааст, ки он ба сифати љанбаи асосии низоми сиёсї баромад менамояд. Ќувваи воќеии таъсиррасонии ташкилї аз сохтори њокимияти иљроияи давлат бармеояд.

    Идораи давлатї њамчун як шакли фаъолияти иљтимої дар мазмуни васеъ ва мањдуд фањмида мешавад.

    Идораи давлатї дар мазмуни мањдуд- ин фаъолияти маъмурї, иљроиявї-амрдињанда мебошад. Аз ин нуќтаи назар идораи давлатї ќисман аз тарафи њуќуќї маъмурї низ омухта мешавад. Ба сифати объекти омўзиши он- шаклњои њуќуќии идораи давлатї баромад мекунад.

    Идораи давлатї дар мазмуни васеъ- ин фаъолияти ташкилкунанда, батанзимдарорандаи давлат, идоракунии давлатии муносибатњои гуногунии љамъиятї (дар баъзе њолатњо муносибатњои шахсї) ба воситаи фаъолияти њамаи шохањои њокимияти давлатї- ќонунгузорї, иљроия ва судї, маќомоти онњо ва хизматчиёни давлатї фањмида мешавад.

    Таъиноти идораи давлатї дар батанзимдарорї ва батартибдарории фаъолияти њаётї ва муносибатњои шахсият, коллектив, давлат ва љамъият, мустањкамкунии алоќаи самараноки байнињамдигарии онњо бо роњи татбиќкунии њокимияти давлатї зоњир мегардад.

    Мувофиќи гуфтањои профессор В.И. Чиркин идора љанбаи универсалї ва зарурии љањони моро ињота менамояд. Ба маънии васеъяш бошад, идора- ин воситањои гуногуни таъсиррасонии субъект (якчанд субъектон) ба объект (объектон) мебошад, ки њолат, рафтор, хусусият ва сифати объектро таѓйир медињад.

    Дар зери мафњуми идора дар бештари њолатњо таъсиррасоние фањмида мешавад, ки таъиноти маќсаднок дорад ва њамзамон объект аз љониби одамон идора карда мешавад. Идоракунї дар падидањои гуногуни табиї низ дида мешавад (бо ёрии машќњои мунтазам шахс метавонад љисми худро таѓйир дињад), равандњои физикї (идора намудани реаксияи ядрої бо маќсади гирифтани нерў, на ин ки таркиш), системањои техникї (масалан, њаракати роњи оњан). Худи мафњуми идораи давлатиро В.И. Чиркин чунин маънидод менамояд: «Ба маънии васеаш идораи давлатї- ин батанзимдарории рафтори объекти идорашаванда ( давлатї ва ѓайридавлатї) аз љониби маќомоти давлатї, ташкилот шахсони мансабдор бо маќсадњои аз љониби давлат муайяншуда, яъне равона намудани фаъолияти объект ва истифодаи воситањои гуногун: иќтисодї, маъмурї, идеологї, њуќуќї ва ѓайрињуќуќї бо роњи њавасманд намудан, пайдо шудани талаботњо, манъ намудан, репрессия ва ѓ. Асоси идораи давлатї ин мављудияти њокимияти давлатї мебошад.1 Ў ќайд менамояд, ки «Дар низоми идора наќши асосї максадњои он мебошад. Маќсадњои умумии он дар шароити мусоир ин амният, таъмини њаёт, тамомият ва танзими муносибатњои иќтисодї ва низоми иљтимої мебошад. Ин маќсадњо бояд бо арзишњои умумиинсонї тавъам бошанд: бењтар намудани сифати њаёт, кафолати њуќуќ ва рушди шахс, таъмини демократия, адолати иљтимої, рушди иљтимоии љамъият. Суботи низоми идоракунї – мухим мебошад, вале калидї нест. Асоситаринаш - ин љавобгу будани фишангњои идора ба таѓйири шароити идора, рушди љамъият, давлат ва талаботи мардум мебошад.

    Дар баробари ин, як чизро ќайд намудан зарур аст, ки идораи давлатї дар асоси љанбањои муайян амалї карда мешавад. Заминаи моддии идораи давлатї ин захирањои он мебошад.Дар шароити ташаккул додани давлати њуќуќбунёди демократї давлат бояд баъзе ваколатњои худро, ки калидї ва анъанавї нестанд ба љомеаи шахрвандї вогузорад ва давлат дар ин замина хама ваќт бояд тавоно ва самаранок бошад.

    Тољикистон дар аввалњои солњои баъди ба даст овардани истиќлолият ба гирдоби чанги шахрвандї фуру печид ва бояд гуфт, ки дар асоси баъзе омилњои дохилию хориљї, ки аксарияти онхо тахмилї буданд, ин љанг, ки сутунмуњраи миллатро ќариб буд, ки шиканад ва моро дар њошияи таърих ќарор дихад. Яъне ин таљриба бояд моро њама ваќт хушдор ба он дињад, ки заифият ва нотавонии идора ва њокимият метавонанд оќибатњои хеле фалокатбор барои миллату давлат дошта бошанд.

    Г. Атаманчук ќайд менамояд, ки «Дар кушодани мафњуми идораи давлатї ва дар асоси он њамаи боигариии донишњои илмие, ки ба он дахл доранд, ин тањлили ду љузъи таркибии он «идора» ва «давлатї» мебошад. Сухан дар он аст, ки ба њар як љузъи он, он ќадар маънои гуногун оварда шудааст, ки дар баъзе маврид њатто мутахассисон дар дарки он душворї мекашанд. Махсусан ба мафњуми «идора» маънињои зиёд додаанд, ки дар натиља падидањои зиёди бесоњил ва гуногунсифат, муносибат ва равандхоро дар бар гирифт.1

    Г. Атаманчук инчунин ќайд мекунад, ки «идора дар доираи хамгироии одамон мављуд аст, дар доираи омили субъективї. Ба воситаи идора пеш аз њама одамон бо њам робита барпо мекунанд, бо ёрии њамдигар «пусти» хаёти чамъиятиро ташаккул медиханд. Предметњое, ки вобаста ба онњо идора дар байни одамон пайдо мешавад, ин ашёњои моддї, воситањои техникї, равандњои технологї, арзишњои иљтимої, мањсулоти эчодиёти маънавї ва ѓ. мебошанд, лекин тарафњо дар идора танњо одамон буда метавонанд. Ва ин њолат на бо таъсиси системаи автоматикии идоракунї, на дар њолати њамгироии идора бо низомњои техникї, технологї ва биологие, ки сатњи баланди объективї ва сунъии худидораро доранд - дар идора њама чиз аз одам мебарояд ва тамоюл ба одам дорад»1. Яъне идора аксаран дар байни одамон имконпазир аст. Новобаста аз оне, ки дар чањон инќилоби илмї-техникї ба њадди хеле васеъ пањн гаштааст ва зењнияти (интеллекти) сунъї баъзе чанбањои њаёти одамонро то њаде фаро гирифтааст, ки бе он тасаввур кардани њаёт душвор аст. Агар чунин бошад, пас њам дар таърих ва хам дар имрузу дурнамо идора дар байни одамон хоњад буд.

    Дар љомеа низ якчанд шаклњои идора њастанд, ки усулан васеъ ва мањдуд њастанд. Агар идора дар он љое, ки одамон бошанд бошад, аз ин мебарояд, ки он идораеро, ки мо меомўзем идораи ичтимої буда, аз одам ба одам интиќол меёбад. Идора дар оила, дар гурўњи иљтимої, љамъият, ташкилот ва ѓ. аз љониби шахсони мушаххаси ваколатдор амалї карда мешавад. Ин ваколатњо метавонад дар асоси санади њуќуќї бошанд ва ё дар асоси ризоияти гуруњњои идорашаванда. Вале суоле ба миён меояд, ки як худи одам бошад дар ин љо идора њаст ё не? Ин суоли риторикї нест, чунки дар идора идоракунанда ва идорашаванда вуљуд дорад, агар одам як худаш бошад, пас дар ин љо омили идораро чї гуна арзёбї кардан мумкин аст? Дар ин љо њам идора вуљуд дорад, зеро инсон низ аз љониби магзи сар идора карда мешавад. Ба сифати омилњое, ки инсонро идора мекунанд, метавонанд шуурнокї, виљдон, тарбия ва чањонбинии ў баромад намояд.

    Агар мо ба он нуќта расида бошем, ки идора дар байни одамон аст ва аз як гурўњи одамон ба дигар гурўњњо интиќол меёбад, бояд онро низ донем, ки мо бояд дар идора мављудияти субъект ва объектро низ ќоил шавем. Субъект ин маќомест, ки идора мекунад ва объекти идора ин гурўњест, ки аз љониби субъект идора мешавад. Ин чиз ба идораи давлатї низ дахл дорад. Дар идораи давлатї субъектї идоракунї - ин давлат, дастгоњи давлатї ва маќоми давлатї бошад, пас объекти идора ва ё худ идорашаванда ин дар маљмўъ љамъият ва гурўњњои иљтимої мебошанд. Яъне идоракунанда ва идорашаванда, давлат - идоракунанда, љомеа - идорашаванда.

    Мегузарем ба тањлили категорияи «давлатї». Бо илова намудани ин мафњум барои мо маълум мешавад, ки моњиятан мавзўи муњим барои мо ин на њама шакли идора, ки чи хеле ки ишора кардем хеле васеъ аст, балки танњо идорае, ки аз љониби давлат амалї карда мешавад мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки худи зам намудани калимаи «давлатї» дар идора чунин маъноро илова мекунад, ки идораро давлат ба воситаи њамаи воситаю захирањое, ки дорад амалї мекунад.

    Яъне дарки ин ќариб, ки ягон душворї надорад, аммо барои каме равшанї андохтан мо сари истилоњи давлатї низ каме тавакуф мекунем.

    Руй меорем ба гуфтаи профессор Г. Атаманчук,1 ки вобаста ба ин, чунин менигорад:

    Давлат, ба сифати як љанбаи мурракаб ва гуногунпањлўи падидаи иљтимої ба сифати субъекти идора баромад карда, ба идораи давлатї хосияти низомнокї медињад. Бо фарк аз дигар намудњои идора, идораи давлатї бе ин хосият буда наметавонад. Дар он миллионњо одамон, маќомоти зиёди давлатї ва дигар сохторњо, ки дар онњо бошад - мансабдорони зиёди давлатї ва дигар кормандон кору фаъолият мебаранд, љалб шудаанд. Дар идораи давлатї захирањои гуногуни моддї, молиявї ва иттилоотї зиёд истифода мешаванд. Он аз ќарорњои зиёд ва фаъолияти ташкилї иборат аст ва агар дар ин љо њар кас худро хамчун харчанг, турна ва мохї чун дар ќиссаи машњур фаъолият намояд, дар ин сурат тасаввур кардан душвор нест, ки аз ин намуди идора дар љомеа чї гуна бенизомї ба вуљуд меояд. Дар таърих на як бор холатњое буданд, ки гуё давлат вуљуд дошт ва он гуё идора њам мекард, аммо њамзамон дар љамъият бенизомї мављуд буд. Воќеияти идора ба сояи он, ба як навъ иллюзия мубаддал мегашт.

    Барои идораи давлатї хосияти низомнокї характери принсипиалї касб намуд. Танњо мављудияти он ба идораи давлатї мувофиќа, субординатсия, њадафмандии муайян, оќилона ва самаранокї мебахшад'.

    Њамин тавр, ба гуфтањои боло хулоса намуда, идораи давлатиро метавон чунин бандубаст намуд: ин таъсиррасонии амалию ташкилї ва танзимии давлат ба њаёту фаъолияти љамъият бо маќсади танзим, њифз ва дигаргунсозї буда он ба ќувваи хокимиятї такя мекунад2.

    Албатта, њар як таърифи падидаи мураккаби ичтимої шартан буда мањдуд аст, чунки њама вакт аз хислати зикр шуда љанбањои муњимеро берун мемонад. Сазовории таърифи пешнињодшудаи идораи давлатї дар он аст, ки он тамомияти мантиќии се лањзаро дар худ муттањид намудааст: давлат њамчун субъекти низомноки ташкилшудаи идора; њаёту фаъолияти иљтимоии одамон, ки таъсиррасонии идорї ва љанбаи танзимии онро ќабул менамоянд; худи таъсиррасонии идорї, ки алоќаи баргардондаро байни љомеа ва давлат таъмин месозад. Ба ин тариќ, майдони фарохе бањри таърифи назариявии падидањои идораи давлатї ва фањмиши дурусту истифодаи амалии он пайдо мешавад.

    Хислати муносибатхое, ки дар идораи давлатї вучуд доранд ба мо имкон медињанд, ки идораи давлатиро ба маънии васеъ ва мањдуд муайян намоем.

    Идораи давлатї ба маънии васеъ - ин идора намудани корњои љамъият буда, аз љониби давлат дар маљмўъ амалї карда мешавад. Он аз љониби тамоми рукнњои њокимияти давлатї амалї гардида дар он инчунин муассиса ва ташкилоти давлатї ба сифати мусоидаткунанадаи идораи давлатї иштирок менамоянд. Чунин намуди идора дар худ фаъолияти хамаи шохањои њокимияти давлатї: ќонунгузор, иљроия ва судиро дар назар дорад. Бо назардошти ин, дар он чунин фаъолият инъикос мегардад:

    1. Вазифаи умумидавлатии сиёсиро амалї намудан, яъне дар бањри беканори манфиатњо онњоро ба њам наздик намуда, дар байни гуруњњои иљтимої суботро таъмин намудан;

    2. Самтњои афзалиятноки сиёсати давлатї ва стратегияњои умумимиллиро муайян намудан;

    3. Вобаста ба самтњо ва стратегияњои муайяннамуда роњи сиёсї ва маќсадњои стратегиро интихоб намуда бо љалби куввањои сиёсї амалї намудани онњо;

    4. Њалли масъалањои марбут бо чўстуљу, ѓуноварї ва таќсими захирањое, ки барои њалли масъалањои калидии љамъият заруранд;

    5. Таъмини амнияти дохилї ва берунаи љамъият ва давлат;

    6. Њуќуќ, ва озодињои инсону шањрвандро таъмин намудан;

    7. Мустањкам намудани асосњои љомеаи шахрвандї ва рушди устувори иљтимоии љамъият.

    Албатта ба гуфтањои боло метавон боз чизеро илова ва зам намуд, чунки вазифањои давлат хеле фароханд, аммо амалї шудан ва ба инобат гирифтани гуфтањои боло, ки фаъолияти густурдаи њамаи рукнњои њокимияти давлатиро талаб менамояд, муњимтарин вазифањои идораи давлатианд.

    Идораи давлатї ба маънии мањдуд - ин идора намудани корњои љамъият танњо аз љониби маќомоти њокимияти иљроия ба воситаи шакли муайяни фаъолияти иљроиявї - фармоишї ва назоративу санљишї мебошад. Маќомоти њокимияти иљроия бо роњи таъсиррасонии амалї ва танзими давлатии њаёти љамъият идораи давлатиро амалї менамоянд. Он дар худ як ќатор љанбањои ба њам алоќамандро љой додааст: тањлили вазъи воќеї; пешгўї намудани рушди холатњо ва равандњо, коркард ва ќабули карорњои идорї вобаста ба масълањои дар назди субъекти идора истода; иљро кардани ќарорњо; бо захирањо таъмин намудани ќарорњои таъминшаванда, мониторинги ќарорњо ва ѓ.

    Њамагон хуб медонанд, ки њар як амал аз нияти анљом додани он сарчашма мегирад. Боз хам хуб огањ њастанд, ки як ният ва хостан кам аст - мо бояд донем, донистан кам аст - мо бояд тавонем, тавонистан кам аст - бояд имкон ва ќудрату захирањоро дошта бошем, ин њам кам аст, воќеан мо бояд амал кунем ва хоставу ниятњои худро амалї созем.

    Дар Точикистон, новобаста аз мушкилињое, ки вуљуд доранд, имкониятњои бузурги баланд бурдани сифати њаёти мардуми иззатмандаш њаст. Ин имкониятњои табиї, инфрасохтори мављуда ва аз њама муњимаш захирањои хуби интеллектуалї мебошанд. Захирањои фаровони табиї, об, имкониятњои транзитї ва диг. аз ќабили захирањое њастанд, ки дар сурати самаранок идора намудан метавонанд Точикистонро ба давлати ќудратманди минтаќавї мубаддал созанд. Яъне омили калидї ин идора кардани онњост, ки аз љониби давлат амалї карда мешавад.

    Идораи давлатї - ин доираи ягонаи доимоамалкунандаи батанзимдарории муносибатњои гуногун аз тарафи давлат ба воситаи татбиќкунии њокимияти давлатї ва истифода бурдани алоќањои мустаќим ва баръакси субъект ва объекти (объектони) идора мебошад. Дар ин самт муњимаш он аст, ки њокимияти давлатї ва маќомоти он воситањои гуногунро барои идора, аз он љумла воситањои иктисодї ва воситањои мафкуравиро истифода мебаранд. Давлат рушди босуръати ин ё он соњаи иќтисодиётро таъмин намудан хоста, нисбати он имтиёзњо пешбинї мекунад (масалан, паст кардани андоз). Дар самти њаёти маърифатии љамъият бошад, давлат ташвиќоти аќидањои инсонбадбинї, «нажодпарастї, миллатгарої, хусумат, бадбинии ичтимої ва мазњабиро» (м.8 Конститутсияи Чумњурии Тољикистон) манъ кардааст. Давлат баъзе муносибатњои шахсиро, ки ањамияти чамъиятї доранд (тарбияи фарзандон, ёрй расонидан ба волидайн ва г.)-ро низ ба танзим медарорад. Чунин меъёрњо дар мазмуни Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои њуќукї (Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон), санадњои њокимияти иљроия (Президент ва Њукумат), баъзан маќомоти судї (ќарорњои Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон) ва дар дигар маќомоти давлатї мустањкам ва инъикос ёфтаанд.

      1   2   3   4


    написать администратору сайта