Главная страница
Навигация по странице:

  • БОБИ II . СИСТЕМАИ ПРИНСИПЊОИ ИДОРАИ ДАВЛАТЇ ВА ВОЌЕИЯТ ЁФТАНИ ОНЊО § 2.1.Таснифоти принсипњои идораи давлатї дар илми муосири идоранамої.

  • Принсипи воќеият

  • Принсипи демократизм

  • Принсипи танзими њуќуќии

  • Принсипи ќонуният

  • Принсипи омавии

  • ПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018. Дипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он


    Скачать 160.42 Kb.
    НазваниеДипломї мавзЪ принсипои идораи давлатї мафум ва хосиятои он
    АнкорDgshdj
    Дата26.05.2022
    Размер160.42 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаПРИНСИПХОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ЗИЛОЛА 2018.docx
    ТипДиплом
    #550744
    страница2 из 4
    1   2   3   4
    § 1.2. Принсипњои идораи давлатї ва хосиятњои асоосии онњо.

    Њар як фаъолияте, ки аз љониби дилхоњ субъект амалї карда мешавад бояд тибки принсипњои мушаххас амалї карда шавад. Идораи давлатї низ дар ин маврид истисно нест, баръакс бо назардошти мураккаб будани ин намуди фаъолияти инсонї мањз дар идораи давлатї, ки бо таќдири миллионњо одам сару кор дорад бояд принсипњои мављудаи коркардшуда амали воќеии худро пайдо намоянд, яъне амалишавии идораи давлатї дар асоси принсипњое, ки муќаррароти фундаменталї доранд ва дар назарияю амалия санљида шудаанд бояд ба роњ монда шавад. Каме ба мафњуми худи принсип истода мегузарем.

    Принсип (аз калимаи лотуни principium) мафҳуми муасисаест, ки дар он на танҳо худи қонуният, муносибат, робитаи байниҳамдигарӣ балки дониши мо дар бораи онҳо дарҷ гардидааст. Принсип ин дараҷи натиҷаҳои омӯзиши илмии бо тамоми оқибатҳои он.

    Принсип ҳамчун катигорияи умумиилмӣ чунин маъно дорад:

    1. банди асосӣ ва сараввали ягон назария, афкор, илм, ҷаҳонбинӣ ва ғайра мебошад.

    2. ҷаҳонбинии дохили инсон, ки муносибати ӯро ба воқеият муайян менамояд.

    Аз ин нуқтаи назар принсип моҳиятан ду маъноро мефањмонад, якум ин хоси назария, афкор, илм, ҷаҳонбинӣ буда ҷанбаи муҳими онҳост ва дуюм, ҷаҳонбинии дохилии инсон, ки ҷузъи шуури ӯ буда муносибати ӯро ба воқеияти ӯро иҳота муайян менамояд. Ҳамчун хоси назария ва илм, принсипҳо чорчӯбаеро муайян менамояд, ки назария ва илм дар асоси онҳо бояд рушд намояд ва берун рафтан аз принсипҳо метавонад ба илм ва назария зарар расонад.1

    Принсипњо дар доираи назария ва илм талаботњоеро муайян менамоянд, ки дар ваќти риояи онњо фаъолияти илмї босамар хоњад буд ва баръакс дар рафти берун рафтан аз ин талаботњо пажуњишњои илмї метавонанд хислати илмият, яъне воќеъбинона тањќиќ намудани масъаларо аз даст дињанд. Њамин тавр бо инсон низ њаст. Ваќте инсон дар фаъолияти худ принсипњои муайянеро интихоб менамояд, ин аз он шањодат медињад, ки инсон дорои љањонбинии муайянест ва муносибати худро бо атроф дар асос ва ба воситаи мањз њамин принсипњо ба рох мемонад. Албатта на њар як аќида метавонад барои илм ва инсон ба сифати принсип баромад кунад, принсипњо аз дигар назарияву аќидањо бо он фарќ мекунанд, ки онњо муќаррароти фундаменталї доранд ва дар назарияю амалия санљида шудаанд. Яъне худи њаёт нишон додааст, ки онњо њам дар фаъолияти илмї ва њам фаъолияти касбиву муносибат бо инсонњо бояд бошанд, ва набудани онњо ба њаёту фаъолият мушкилї зам намуда бенизомї мебахшад. Яъне њар як илм ба мисли њар як инсон барои худ принсип дорад. Албатта, дар љомеа њастанд инсонњое, ки принсип надоранд ва њатто мегўянд, ки ин низ принсип барои онњо аст. Аммо шахси мансабдоре барои худ агар принсипњои муайяни кориро муайян накарда бошад кори у он ќадар муваффаќона нахоњад буд, чунки фаъолият ва муносибати ў дар њолати бенизомист ва њатто худи ў ба онњо наметавонад аз ягон дидгоњ бањо дихад, яъне мављудияти принсип њам барои худи инсон муњим асту њам барои атрофиён, чунки ин ба муносибатњо хислати муайянї мебахшад. Яъне, мављудияти принсипњо ин шарту зарур мебошад.

    Пеш аз ҳама вобаста ба масъалаи принсипҳои идораи давлатӣ мункин аст се ҷанба ба ҳам алоқаманд ва пайвастаро људо намуд:

    -якум, ин ҷанбаи онтологӣ аст, ки генезиси принсипҳо, алоқаи мутақобилаи онҳо ба табиат, моҳият, ҷой ва нақши он қонуниятҳо, муносибатҳо ва алоқаи мутақобиларо, ки онҳо инъикос мекунанд ошкор мекунад; ин ҷанба барои ошкор сохтани асосҳо, заминаҳои объективие, ки барои систематизатсияи принсипҳои идоракунии давлатӣ зарур аст мусоидат менамояд.

    -дуюм, ҷанбаи гносеологӣ, ки бо таҳлили хислати принсип, забон, мантиқ ва сохтори шаҳри илмӣ алоа дорад; ин дониши илмии фаҳмо ва саҳеҳ баёншуда дар бораи онтология ионе, ки дар зери тафсил аст.

    -сеюм, ҷанбаи методологӣ, ки нақши принсипҳоро дар фаъолияти назариявӣ ва амалиявии одамон дар соҳаи идораи давлатӣ, аҳмияти онҳоро ҳамчун воситаи тағйиркунандаи падтдаҳои идораӣ-давлатӣ, шарт ва услуби истифодаи самараноки онҳо дар амалияи идоракунӣ.1

    Яке аз асосгузорони илми менеҷмент Анри Файло, ки дар боло ёдовар шуда будем навишта буд, ки барои он, ки фаъолияти идориро хуб ба амал баровард идоракун ба принсипҳое бояд такя намояд, ки ҳамчунин ҳақиқатҳои эътирофшуда ва исботшуда бошанд. Яъне худ аз худ принсипҳо агар мо ба фаъолият худ назар андозем гуфтан мункин аст, ки онҳоро дармеёбем, чунки онҳо аллакай дар раванди фаъолият ҳастан ва аз ҷониби илм пешниҳодшудаанд. Худи Анри Файол 14 принсипи идораро пешниҳод менамояд:

    1. Тақсимоти меҳнате, ки имкон медиҳад истеҳсолнокии онро баланд бурд;

    Тақсимот бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки истеҳсолнокии меҳнатро баланд барад, ҳар касс тибқи имкониятҳои зеҳнӣ ва касбиаш ба меҳнат ҷалбкарда шавад. Дар ин ҷо роҳбар бояд хеле нозукбин бошад ва қобилияти ҳар корманди худро барои вазифаи мушаххас арзёбӣ куна два ӯро ба меҳнате сафарбар намояд, ки он фоидаовар бошад. Ин азроҳбар донишҳои писихологиро низ талаб мекунад. Амалишавии ин принсип дар корхона хеле муҳим буда амалӣ гаштани дигар принсипҳоро асос мебошад.

    2. Ҳокимият, ки маънои додани фармон ва қудрате, ки маҷбур созад ба он итоат намоянд;

    Ҳокимияти идора аз лиҳози касбӣ, дониш ва ақлу фаросот чунон бошад, ки барои уорманд ҷозибаи иҷроиявӣ дошта бошад, яъне корманд набояд дар бораи дурустии фармон ва қарор андеша намояд ва онро муҳокима кунад. Амалҳои ҳокимиятӣ бояд чунон тарҳрезӣ гарданд, ки ҷои баҳсу мунозира дар онҳо набошад ва иҷроичиён таҳо саргарми иҷрои он бошанд.1

    3. Ҳокимиятро бе масъулият тасаввур кардан мункин нест;

    Доштани ҳокимият маънои доштани масъулият аз болои ҳокимият аст, яъне шахсе, ки дорандаи ҳокимият ва ирсолкунандаи командаҳои ҳокимиятӣ аст (амру фармон) бояд ҳатман дурандеш бошад ва ҳокимиятро бо масъулиятона амалӣ намояд.

    4.Интизом – итоат кӯшиш, фаъолият;

    Шарти муҳими рушд дар идора ( хоҳ корхонаву ширкат ва хоҳ давлат) ин мавҷуд будани интизом аст. Гуфтан мункин аст, ки яке аз “сирҳои” рушти мамлакатҳои тараққикарда ин мавҷуд будани интизоми ҳама дар идораи давлатӣ ва ҳам дар идораи корхона аст.2 Интизом маҳаки самаранок фаъолият намудан буда набудани он хеле оқибатҳои нохуб дорад. Интизом бояд хеле тарҳезишуда бошад ва даққати худро ба масъалаҳои рӯзмарраи фаъолият диҳад ва бояд он меъёри баҳодиҳӣ ба фаъолияти кормандон гардад.

    5. Одоби худро нигоҳ доштан, нишонаҳои берунии эҳтиром яъне риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи байни хизматчиён ва ташкилот;

    Этикаи корпоративӣ, яъне одоби муоширати расмӣ бояд ҳатман риоя карда шавад. Ин махсусан дар хизмати давлатӣ бояд асосӣ бошад. Бояд зикр кард, ки хизматчиёнии давлатӣ дар раванди фаъолияти хизматӣ иҷрокунандаи фаъолияти шахсӣ набуда фаъолияти ӯ хислати оммавӣ дорад, ва мутаносибан муносибати ӯ бояд дар доираи одоби оммавӣ сурат гирад.

    6. Ягонагии фармон – ба хизматчӣ ду фармонро оид ба ягона амал фақат як сардор дода метавонад.

    7. Ягонагии роҳбарикунӣ - як роҳбар ва як барнома барои маҷмӯи амалиёте, ки як мақсадро думболагирӣ мекунанд;

    8. Манфиатҳои шахсиро ба манфиатҳои умуми итоат кунонидан-дар ташкилот манфиати хизматчї ва гурӯҳ набояд аз манфиатҳои корхона боло гузошта шавад; Манфиатҳои давлат аз манфиатҳои шаҳрванд ва гурӯҳи шаҳрвандон бояд волотар бошанд.1

    Иҷрои бовиҷдононаи вазифаҳо онро тақазо мекунанд, ки манфиатҳои шахсӣ набояд аз болои манфиатҳои давлатӣ ҳукмрон бошад. Дар идора ба ҷанбаи бархӯрди манфиатҳо бояд аҳмияти ҷиддӣ дод ва набояд гузошт, ки холигоҳе баҳри татбиқи манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боқӣ монанд. Дар акси ҳол фаъолияти оммавӣ беранг шуда эътимоди омма коста мегардад. Ин ҳама ба идораи давлати ва ҳам ба идораи корхонаву ширкат дахл дорад.

    9. Мукофотонидани боадолатонаи ҳайат – аз рӯи имконият бояд ҳайат ва ташкилот, корфармо ва хизматчӣ бояд қонеъ карда шаванд; кӯшишҳо бояд ҳавасманд гардонида шаванд.

    10. Мутамарказкунӣ, сатҳи он аз ҳар як ҳолати конкерти вобаста ба шароити ташкилоти мушаххас, муассиса ва корхона муайян карда мешаванд.

    Ин принсип вобаста ба шароит татбиқ мешавад. Вақте роҳбарият дида истодааст, ки дар шароити муттамарказкунонӣ натиҷаҳо хубтар мегарданд, ҳатман аз он кор гирад, дар акси ҳол бошад баръакс.

    11. Зинаҳои мансабҳои роҳбарикунанда, ки риояи бечунучарои фарммоишҳои мансабдорони сатҳи болоиро талаб менамоянд;1

    Идора ҳама вақт бояд зинабандӣ шавад, дар он нақши шахсони роҳбарикунанда хеле муҳим аст ва он чунон бояд ба роҳ монда шавад, ки фармоишҳои содир мешуда бо ҳадафи худ расанд ва ҳар як зинаи роҳбарикунанда бояд ҷанбаи иҷрои онҳоро, ки ба фаъолияти онҳо тааллуқ дорад арзёбӣ ва таҳлил карда тавонанд.

    12. Тартибот – муайян намудани салоҳияти ҳар як шахс ва вазифаҳои вай: Хуб мешуд, ки агар ҳар касс ба салоҳияҳои худ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ хуб шинос бошад. Онҳоро метавон дар дастурамалҳои мансабӣ ба вазифавӣ хаттӣ инъкос намуд. Барои муносибатҳои дохилиро танзим намудан хуб аст, агар аз дастурҳои пештараи корпоративӣ истифода кард.

    13. Доимӣ будани ҳайат, ки хориҷ шудани кадрҳоро истисно мекунад;

    Дар ҳар намуди идора бояд як навъ суботи кадрӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки тез-тез иваз шудани кадрҳо ва хориҷ шудани онҳо ба фоидаи кор набуда ба зарари кор аст.

    14. Ташаббуси хизматчӣ, ки маънои озодии тавсияҳо ва амалишавии нақшаҳоро дорад.

    Ташаббусҳои кормандон ҳама вақт бояд аз ҷониби роҳбарийат хайрхоҳона қабул шаванд, на ин ки бо ин ва ё он роҳ муҷозот шаванд. Ташаббусҳои кормандон бояд агар лоиқи истифода бошанд аз лиҳози илмӣ коркард шуда ба ҷарайони истеҳсолот ворид карда шаванд, ки он метавонад фаъолияти кориро такмил диҳад.

    Мафҳуми «Принсипи идораи давлатӣ» ба он равона шудааст, ки пеш аз ҳама дар илм ва баъдан дар шакли ҳуқуқӣ қонуниятҳо, муносибатҳо ва робитаи байниҳамдигарие, ки ба тариқи объективӣ дар идораи давлати вуҷуд доранд ва барои ташакулу фаъолияти он аҳмияти махсус доранд. Он бояд дар худи асосҳои генетики принсипҳо, шакли мантиқӣ ва ҳуқуқӣ ва нақши метадалогии онҳоро «ҷой» диҳанд. Мафҳуми принсипҳоро Г. Атаманчук чунин арзёбӣ менамоянд:

    Принсипи идораи давлатӣ ин қонунмандӣ, муносибат ва робитаи байниҳамдигарии табиати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷанбаҳои идораи давлатӣ (низоми ҷанбаҳои онтологӣ), ки дар намуди банди муайяни илмӣ ифода меёбад, дар бисиёр ҳолатҳо бо ҳуқуқ мустаҳкам шуда дар назария ва амалияи фаъолияти одамон оид ба идора истифода карда мешавад.1 Бо ибораи дигар принсипҳои идораи давлати дар натиҷаи ба ҳам омодани арзишҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ки ин арзишҳо дар шакли меъёрҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам шудаанд ва мутаносибан идораи давлатӣ бояд дар чорчӯбаи ин принсипҳо асос ёбад. Яъне принсипҳои идораи давлатӣ моҳиятан чунон асоснок карда шудаанд, ки бе онҳо ва ё риояи онҳо идораи давлатӣ мувоҷеҳи мушкилиҳои шадид хоҳад шуд ва он метавонад ҳатто сабаби инқироз ва заифии идора ва худи давлат шавад.2 Аз ин бармеояд, ки на ҳар арзиш моҳиятан метавонад Принсипи идораи давлатӣ гардад. Танҳо он арзишҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ метавонанд ба сифати Принсипи идораи давлатӣ баромад кунанд, ки онҳо воқеан ба идораи муназзами ва муайянӣ мебахшанд ва дар тӯли рушди таърихии идораи давлатӣ ташаккул ёфтаанд ва дастовардҳои илми идораи давлатӣ ва ва дигар илмҳо мебошанд.

    Хусусиятҳои принсипҳои идораи давлатӣ дар он аст, ки онҳо дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ифода ва мустаҳкам шудаанд. Мустаҳкамнамоии ҳуқуқии принсипҳо бешубҳа дар бисиёр маврид ба муносибатҳои идоракунӣ конкретика ва устувориро ворид месозад.

    Диќќатро ба идораи «дар бисиёр маврид» ҷалб менамоем. Дар зери он масъалае нуњуфта аст, ки таҳлили шаклҳои амалии фаъолияти принсипҳои идораи давлатро тақазо мекунад.3 Асоси маънавӣ ва ҳуқуқии худро принсипҳо дар чунин ҷанбаҳо ва шаклҳо пайдо мекунанд ва ҳамзамон: онҳоро (шаклҳоро) метавон гурӯҳбандӣ намуд:

    1. Анъанаҳое, ки дар идораи давлатӣ ташаккул меёбанд;

    2. Талаботи сиёсӣ, ки дар барномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии давлат дарҷ шудаанд;

    3. Муқаррароти конститутсиони ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки шаклҳои намунавии муносибатҳои идоракунӣ ва фаъолияти субъекти идораро мустаҳкам менамоянд;

    4. Тавсияҳои илмӣ ба амалияи идоракунӣ;

    5. Арзишҳои сиёсӣ, идеалогӣ ва маънавӣ ҳамчун шакли ифода ва воситаи таъсиррасонӣ ба идоракуниҳо ва идорашавандаҳо.



    БОБИ II. СИСТЕМАИ ПРИНСИПЊОИ ИДОРАИ ДАВЛАТЇ ВА ВОЌЕИЯТ ЁФТАНИ ОНЊО

    § 2.1.Таснифоти принсипњои идораи давлатї дар илми муосири идоранамої.

    Дар адабиёти илмї роњи ягонае барои тафсири принсипњои идораи давлатї ва таснифоти онњо вуљуд надорад.

    Њамин тариќ, Г. В. Атаманчук кўшиш намуд, ки он ќонуниятњо, муносибатњо ва бањамалоќамандие, ки аз вобастагии хоссаи љомеа ва давлат бармеояд ва барои идоракуниитамоми давлатњо ањамияти калон дорад, дар шакли мантиќї љобаљогузорї намуда пешнињод намояд.

    Дар асоси ин, мафҳумҳои зеринро метавон ба сифати принсипҳои идораи давлатӣ номбар кард:

    1. Принсипи воқеият;

    2. Принсипи демократизим;

    3. Принсипи танзими ҳуқуқӣ;

    4. Принсипи қонуният;

    5. Принсипи таҷзияи ҳокимият;

    6. Принсипи оммавӣ;

    Принсипҳои номбурда таҳкурсии маънавӣ, идеалогӣ ва ҳуқуқӣ идораи давлатӣ буда онҳо дар пайкари идораи давлатӣ бечунучаро бояд мустаҳкам ва амалӣ шаванд.

    Принсипи воќеият - яке аз асоситарин дар системаи идораи давлатї мебошад. Он критерияи илмияти дигар принсипхо мебошад. Яъне агар он набошад будани дигар принсипњо ќариб, ки маъно надорад.

    Талаботи воќеият, њамчун принсип маънои аз љониби субъекти идора инъикоси дурусти (иттилооти сањењ) њолати воќеии давлат ва љамъият, талаботњо ва манфиатњои рўзмарраи љамъият, имконияти ќонеъ намудани онњо дар амал дар асоси иттилооти гирифташуда.

    Инчунин ин принсип вобастагии системаи идоракуниро аз:

    1. Хусусият, сањи рушд ва ќонунњои љомеа, хусусан онњое ,ки ба њайси объекти идоракунї баромад мекунанд;

    2. Њадафњои оммавї, ки дар давраи муайяни таърихї муайян ва њал карда шудаанд;

    3. Наќд ва захирањое ,ки дар идоракунї љалб шудаанд;

    4. Ќонуниятњои дохилии фаъолият ва рушди идоракунї њамчун падидаи муайяни системавии љамъиятї, инъикос менамояд.1

    Воќеият дар идора маънои дарк намудан ва фањмиши мухолифатњо ва низоъњо байни гуруњи манфиатњо: синфњо ва табаќахои иљтимої, байни манфиатњои давлат ва сохторњои тичоратї, байни њокимият ва ањолї ва ѓ. дорад.

    Тањлили мухолифатњо ва низоъњои мављуда - роњи дарки масъалањое, ки дар раванди идоракунї њал мешаванд.

    Риоя намудани принсипи воќеият - ин:

    -бањо додан аз рўи воќеият аст на ин, ки аз рўи фарзия;

    -тањлили доимии амалњои идорї, ќарорњои ќабулшуда аз нуќтаи назари он ки онњо ба вазифањои давлат, ќонун ва манфиати мардум љавобгў њастанд ё ин ки не.

    Фаъолияти тањлилї-иттилоотї - љузъи таркибии идоракунии муосир мебошад.

    Амалишавии ин принсип мављудияти низоми хуб фаъолияткунандаи иттилоотнокии субъекти идораи давлатиро дар назар дорад. Махсусан корпуси хизмати давлатї бояд иттилоотро сари ваќт дастрас намуда, онро ба тарзи дуруст ва ба љомеа маќбул истифода намояд. Субъекти идора бояд каналњои гирифтани иттилоотро чунон ба роњ монад, ки њар як иттилооти аз нуктаи назари идорї зарур ба он рафта расад ва дар асоси гирифтани иттилооти сањењ ќарорњои тавъам коркард, ќабул ва амалї шаванд.

    Ин принсип маънои онро дорад, ки њар он чизе, ки ба тарзи табиї дар љомеа падид меояд он худ сарчашмаи вокуниши табиї буда ин иттилооти гирифташуда бе илова бояд ба самти субъекти идора расад. Љомеа њама ваќт дар асоси падидањои иљтимої ва равандњои табиие, ки дар љамъият мегузаранд вокуниши дурустро интизор аст ва агар вокуниши субъекти идора тибќи умедворињои љамъият бошанд пас ќарорњо њадафмандона хоњанд буд, баръакси ин албатта баръакс. Яъне риояи ин принсип барои субъекти идора ба мисли обу њаво зарур аст.

    Принсипи воќеият инчунин як ќатор ќонуниятњо, муносибатњо ва бањамалоќамандии ташкилот, фаъолият ва рушди идоракунии давлатї, вобаста ба заъф ва татбиќи њадафњои дар он буда, шароитњои объективї ва омили субъективии љомеаро дар бар мегирад.

    Вайрон кардани ин присип, ки одатан аз љониби субъективистї ва волюнтаристии радкунї аз ќонуниятњои табиї ва љамъиятї вобаста аст, ки боиси талафоти бузург дар њаёти љомеа мегардад, талошњои онро ба роњи ѓайриќонунї ва ё ба тарафи манфї равона месозад, рушдро суст менамояд ва боиси норозигии мардум аз таъсири манфии идоракунии давлат мегардад.

    Дар давлати муосир принсипи демократизми идораи давлатї ањамияти аввалиндараљаи татбиќи идоракуниро дар бар мегирад. Ќабули ин принсип натиљаи муборазаи чандинасраи халќњоест, ки барои онњоро њамчун интиќолдињандаи суверенитет ва манбаи ягонаи њокимият ва албатта, барои таъмини њуќуќ ва озодињои њар як инсон ва шањрванд эътироф намоянд.

    Принсипи демократизм – барои идораи давлатї яке аз принсипњои муњимтарин аст. Он аз калимаи «демократия» - њокимияти халќ сарчашма гирифта онро талаб мекунад, ки дар раванди идораи давлатї њама ваќт иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Он аз субъекти идораи давлатї таќозо мекунад, ки дар фаъолияти худ арзишњои демократиро ба сифати сиёсати давлатї ќабул намояд. Ин принсип њокимияти халќро ба сатњи идораи давлатї мебардорад. Њамзамон принсипи хеле мураккаб аст аз нуќтаи назари он ки мављуд будани њамгироиии доимиро байни љамъият ва давлатро талаб менамояд. Фикру аќидаи мардум нисбати раванди идора ва умуман фаъолияти амалии сиёсати давлатї бояд њама ваќт ба инобат гирифта шаванд. Амалишавии ин принсип мардумсолориро таќвият мебахшад ва ифода- кунандаи яке аз рукнњои сиёсию њуќуќии давлатдории мо, яъне демократия мебошад.

    Принсипи танзими њуќуќии идораи давлатї - асосњои меъёрию њуќуќии идораи давлатиро муайян намуда, идораро дар чорчубаи санадњои меъёрию њуќуќї карор медињад. Њар як фаъолияти идорї тибќи санади меъёрию њуќуќї ва дар асоси он амалї мегардад ва мутаносибан идора дар раванди амалї шуданаш фишангњои њуќуќиро фаровон истифода намуда ба фаъолияти худ хислати расмї мебахшад. Асосан чунин танзим тибќи санадњои њуќуќї маъмурї сурат гирифта муносибатњои љамъиятиро дар ин соња ба танзим медарорад.

    Чї тавре, ки профессор Г.В. Атаманчук дуруст ќайд мекунад: Агар мо онро эътироф кунем, ки давлат ба љамъият хизмат мекунад, дар навбати худ бошад фаъолияти маќомоти давлатї ва худидораи махаллї тамоюли ќонеъ намудани талаботњои идорї, манфиатњо ва маќсадњои одамон иборат аст, мушкил нест, ки хулоса барорем, ки њама чиз дар идораи давлатї ба категорияи бояд мањсуб мешавад ва наметавонад ба тариќи бояду шояд ба танзим дароварда нашавад. Моњияти давлатї њуќуќбунёд дар идораи давлатї амалї карда мешавад. Њамаи асосњо вуљуд доранд то мо дар бораи принсипи танзими њуќуќии идораи давлатї сухан гўем . Ў бобати моњияти ин принсип чунин ќайд мекунад, ки ин принсип асосан зарурияти муайяни ќонунї намудани њамаи љанбаи маќсадњо, вазифањо, сохтор, раванд ва худи принсипњои идораи давлатї мебошад. На фаќат њалли чунин масъалањо дар ќонун ва ё санадњои меъёрию њуќукї, балки њатман дар ќонунњои њуќуќие, ки дар худ ѓояњои адолат, инсондустї, њамкорї, таъмини њуќуќ, озодї ва ўњдадорињои одамонро дошта бошанд .

    Мављудият ва амалишавии ин принсип дар идораи давлатї ин муайянии њуќуќї намудани раванди идораи давлатї ва фаъолияти субъекти идоракунї ва мушахассан фаъолияти шахсони мансабдори сатњи њокимияти давлатї ва маъмурї мебошад. Ин принсипи муайян њуќуќи намудани љанбањои маќсад ва вазифањои идораи давлатиро низ дар назар дорад.

    Принсипи ќонуният - низоми риояи бечунучарои ќонун дар идораи давлатї мебошад. Тибќи муќаррароти моддаи 10 Конститутсияи кишвар давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд, ки Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд. Яъне Сарќонун пеш аз њама чи хеле, ки аз матни ин модда бармеояд риояи Конститутсия ва ќонунњоро ба давлат ва маќомоти он вогузор менамояд. Дар низоми идораи давлатии кишвар, дар рафти њамгирої ва фаъолияти байнињамдигарии љузъњои он њам нисбати якдигар ва њам нисбати шањрвандон бояд риояи ќонунњо бечунучаро ба роњ монда шавад. Як чизро мо бояд ќайд кунем, ки ваќте мо ќонуният мегўем ин риояи санадњои зерќонунї низ њаст ва онњо низ бояд риоя ва иљро шаванд. Дар идораи давлатї субъекти он ва љузъњои он (маќомоти давлатї) дар фаъолияти худ принсипи ќонуниятро бояд сармашки кори худ ќарор дињанд ва дар њамин њошия як чизи дигарро ќайд намудан зарур аст, ки Тољикистон тибќи моддаи 1 Конститутсияи кишвар давлати њуќуќбунёд эълом шудааст ва ташаккули ин давлат таќозо мекунад, ки ба сифату моњияти санадњои меъёрию њуќукї ањамияти љиддї дода шавад. Санадњои коркард мешуда бояд њатман њуќукї бошанд, бе асос њуќуќ ва озодињои инсонро мањдуд накунанд, ба њаёти шахсии шањрвандон мудохила накунанд ва дар худ моњияти давлатї њуќуќбунёд будани кишвари моро инъкос намоянд.

    Принсипи таљзияи њокимият маънои онро дорад, ки њокимияти давлатї ба се шоха: ќонунгузор, иљроия ва судї таќсим карда мешавад.

    Њар як шохаи њокимияти давлатї дар фаъолияти худ мустаќил буда, дар навбати худ ба фаъолияти дигар шохаи њокимияти давлатї мудохила намекунад. Амалишавии ин принсип дар идораи давлатї пешгири намудани суистифода аз њокимият буда хамзамон яке аз омили самаранокии идораи давлатї мебошад.

    Принсипи омавии идораи давлатї, чи тарзе, ки аз номаш пайдост иштироки оммаро дар идораи давлатї таќозо мекунад. Тибќи моддаи 27 Конститутсияи кишвар шањрванд хаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Дар банди сеюми њамин модда чунин омадааст, ки шањрванд аз сини 18 солагї њуќуќї дар раъйпурсї иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњои консти- тутсионї ва ќонунњо њуќуќи интихоб шуданро дорад. Инро метавон ба сифати мустањкамкунии конститутсионии принсипи оммавии идораи давлатї ном бурд.

    Г.В. Атаманчук бобати ин принсип чунин ибрози андеша менамояд:

    Дар ќатори принсипњои умумисистемавї асос њаст, ки принсипи оммавии идораи давлатї чудо карда шавад. Он ифодакунандаи давлатдории њуќуќбунёду демократї (агар он бошад) буда робитаи идораи давлатї бо љамъият, шањрвандонро таъмин менамояд. Ин принсип принсипе, ки дар матбуот бисёр маврид принсипи ошкорбаёнї ва ба инобат гирифтани афкори оммаро ба хотир меоварад. Лекин он аз рўи падидањои инъикосшаванда васеътар буда дар худ:

    а. дастрас будани идораи давлатї барои шањрвандон, ки он бо њуќуќи интихоботии онњо дар таркиби маќомотњои дахлдор ва фаъолияти онњо,

    б. кушода будани (он моњиятан аз ошкорбаёнї васеътар аст) фаъолияти маќомоти идораи давлатї ва худидоракуниии мањаллї,

    в. назорати љамъиятї, аз он љумла ба воситаи ВАО аз рўи равандањои идораи давлатї,

    г. назорати судї аз болои иљрои манфиатњои мустањкамшудаи конститутсионии љамъият, њуќуќ ва озодињои шањрвандро љой додааст.

    Амали шудани ин принсип инчунин ташаккули љомеаи шањрвандиро таќозо дорад то нињодњои фаъоли шахрвандї ќудрати аз болои фаъолияти таъсиррасонии давлат ва маќомоти он назорати шањрвандї бурданро дошта бошанд. Ба маврид аст ќайд намоем, ки ин принсип барои давлату давлатдорї хеле муњим аст, чунки њам дастрасии босифат пайдо намудан ба идораи давлатї, аз он љумла сариваќт вокуниш нишон додан ба мурољиатњои шањрвандон ва маълумоти дурусту сањењ пешнињод намудан ба шањрвандон ва иттилои зарурї доштан дар бораи фаъолияти маќомоти давлатї барои мустањкам намудани эътимоди байнињамдигарии давлату љамъият басо муњим аст. Ваќте эътимод мустањкам аст он гоњ бисере аз мушкилињои иљроиявї роњи мусбии њалли худро пайдо мекунанд.

    Гурўњи калон ва душвртаринро принсипњои сохторї ташкил медињанд, ки дар байни онњо имкони људо намудани принсипњои зеринро пайдо намудан мумкин аст.

    Принсипи сохторї ва њадафии идораи давлатї, ки инъикоскунандаи ќонуният, муносибат ва бањамалоќамандии сохтори оќилонаи «дарахт»-и маќсадњои идоракунии давлатї буда, принсипњои зеринро дар бар мегирад:

    1. њамоњангсозии маќсадњои идоракунии давлатї аз рўи параметрњои асосї, мутобиќати онњо бо якдигар;

    2. пурзўр намудани маќсадњо, ки дар он як њадаф ба сањмгузории њадафи дигар мусоидат менамояд ва онро мустањкам мекунад;

    3. ба танзим даровардани њадафњои хусусї ва мањаллї ба зинаи умумии (стратегї)-иерархияи њадафњо дар «дарахт»-и њадафњои идораи давлатї;

    4. табдил додани натиљањои воќеигардии яке аз њадафњо дар манбаи њадафњои дигар-ба навабат дар њаракат барои ноил шудан ба маљмўи њадафњое, ки дар «дарахти» маќсадњои идораи давлатї пешнињод шудаанд;

    5. људо намудани њадафњо оид ба вазифањои идораи давлатї ва вазифањои идоракунии маќомотњои давлатї- таъмини гузариши «дарахти» њадафњои идораи давлатї дар сохтори функсионалии идораи давлатї.1

    Дар ќатори принсипњои сохторї-функсионалии идораи давлатї, ки ќонуният, муносибат ва ба њамалоќамандии таркиби сохтори функсионалии идораи давлатиро хусусият мебахшад, чунин принсипњоро номбар намудан мумкин аст:

    1. гуногунамої ва мустањкамнамоии вазифањо бо роњи додани меъёрњои њуќуќї- мустањкам намудани вазифањои идоакунї дар салоњияти маќомоти давлатї ва худидоакунии мањаллї;

    2. мутобиќат намудани, мутобиќати тахминии якваќтаи вазифањои идораи давлатї дар чањорчўбаии салоњияти як маќомот ва инчунин мутобиќати вазифањои идоранамоии ин маќомот бо вазифањои идоранамоии маќомотњои дигар дар чањорчўбаи зерсистемаи онњо ё дар маљмўи сохтори ташкилии идораи давлатї;

    3. консентрасияи, зарур будани пешнињоди чунин вазифањои идоранамої ва захирањои дахлдор ба маќомоти муайян, то ин ки таъсиррасонии идораи давлатие, ки аз он бармеояд дар њаќиќат объектњои идорашавандаро ба таври васеъ ва ќавї равона сохта, онро ташкил ва ба танзим дарорад;

    4. якљоянамої, барои он равона шудааст, ки маљмўи муайяни вазифањои идоранамої, ки аз љузњои гуногуни идоранамої бармеоянд, дар ташкилоти худ ба такроршавї ва параллелизм роњ надињанд;

    5. гуногунии кифоя, талаб менамояд, ки вазафањои идоранамоии (таъсирї) ин ва он љузъи системаи идоранамої аз рўи миќдор ва мўњтаво ба талаботњои гуногуни адоранамої љавобгў бошанд;

    6. мувофиќати амалњои идоракунанда барои эњтиёљоти воќеї ва дархостњои љузњои идорашуда ва асосан, объектњои идорашаванда.

    Дар байни принсипњои сохторї-ташкилии идоранамоии давлатї, ки бо ќонуният, муносибат ва бањамалоќамандии таркиби сохтори ташкилии идораи давлатї алоќаманд аст, чунин принсипњо људо мешаванд:

    1. ягона будани системаи њокимияти давлатї, ки яклухтї, мувофиќат ва фаъолиятнокии равандњои идоранамоии давлатиро таъмин менамояд;

    2. минтаќавї-саноатї, ки ба вобастагии сохтори ташкилї аз минтаќа, саноати истењсолї ва хизматрасонии соњањои њаёти љамъиятї мусоидат менамояд;

    3. гуногунрангии олоќањоии ташкилї, ба њам таъсиррасонии ташкилии маќомотњои њокимияти давлатиро бо худидоракунии мањаллї дар системаи идораи давлатї дар шакли воќеии амудї ва уфуќї ошкор менамояд;

    4. мувофиќати њамкорї ва оѓози ягона, ки аз љониби сохтори ташкилии махсус ва тартиби фаъолияти маќомоти алоњидаи њокимияти давлатї ва худидоракунии мањаллї бармеояд;

    5. љадавалї-функсионалї, ки миќёс ва мазмуни тобеият ва ба њам таъсиррасонии идонамоиро дар сохтори ташкилии идораи давлатї ошкор менамояд.

    Ба принсипњои сохторї-раванднокї, ки дарбаргирандаи ќонуниятњо, муносибатњо ва бањамалоќамандии асосии оќилона ва бурдани фаъолияти самарабахши идоранамоии маќомотњои њокимияти давлатї ва худидоракунии мањаллии васеъ истифодашаванда мебошад, ки ба онњо чунин принсипњо дохил мешаванд:

    1. номгўи унсурњои ( усулњо, шаклњо ва марњилањо) фаъолияти идоранамоии маќомотњои њокимияти давлатї ва худидоракунии мањалли бо вазифањо ва ташкилотњои онњо;

    2. мушахаснамоии фаъолияти идоранамої ва љавобгарии шахсї оид ба натиљањои он;

    3. њавасмандгардонии оќилона ва самарабахши фаъолияти идоранамої.1

    Ин буд маълумоти мухтасар дар бораи принсипњои умумии идора ва идораи давлатї. Дар охир як чизро ќайд мекунем, ки принсипњо ба фаъолияти идоракунї хислати системавї мебахшанд ва аз ин рў мустањкам намудан ва ба таври самаранок амалї намудани онњо барои идораи давлатї хеле муњим мебошад ва ба идораи самараноки давлатї мусоидат менамояд.

    1   2   3   4


    написать администратору сайта