Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница42 из 58
1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   58

Афкори сиёсиву хукукии Россия

М.М. Сперанский (1772 - 1839) - мутафаккири Россия, яке аз му- аллифони Мачмуи конунхои Россия (иборат аз 45 чилд) мебошад. У назарияи материалистиро рад намуда, таъкид мекунад, ки Худованд «конунгузорй воло» мебошад. Назарияи шартномавй низ ба маънои амалй гаштани «иродаи Худо» тавсиф мешавад.

Мавсуф се маррилаи инкишофи чомеаи русро чудо мекунад: асрхои миёна, давраи нави мутлакият ва замони муосири саноатй, ки зимни на инкилоб, балки тахаввулоту ислохот, аз чумла конститутсия, эълони хукукхои сиёсиву шахрвандй инкишоф меёбад.


351



Мутафаккир нацшаи ислохоти давлати Россшро пешкаш намуда, таъсиси монархияи конститутсионй, тачзияи хокимият, таъсиси Думай дупалатадор (макоми конунбарор), нуфузи бештари Дума- ро нисбат ба монарх, ташкили низоми нави судй, аз чумла макоми олии судй - Сенат ва судхои хакамонро мувофики максад мешуморад. Хамчунин зарурати таъсиси Шурои давлатй (иборат аз намояндагони монарх ва интихобкунандагон) пешбинй мешавад. Тибки накшаи мавсуф, макомоти мараллии намояндагй (думахои губернияхо, уездхо, волостхо) бояд ташкил гардад.

Мавсуф холатеро, ки «иродаи як шахе барои хама конун аст» гуломии сиёсй меномад. «Тобеияти як синф ба синфи дигар» бошад, гуломии шаррвандй номида мешавад.

Тобеияти хама ва хар кас ба конун озодии сиёсй, мустакилияти хамаи табакахо озодии шаррвандй номида мешаванд. Озодии сиёсй заминаи озодй шахрвандй эълон мешавад.

Тибки назарияи мутафаккир, тоифаи дворянх,о сохиби хамаи хукукхои сиёсиву шахрвандй, таоащи миёна дорой хамаи хукукхои шахрвандй ва дар робита бо нуфузи амвол дорой хукукхои сиёсй, коргарон бошанд, дорой танхо хукукхои шахрвандй мебошанд. Хамчунин зарурати бархам додани хукуки заминбарчой (крепостной) таъкид мегардад, вале зимни нагохдории хукуки помешикхо (заминдрон) ба замин ва хукуки дехконон ба истифодаи замин.

Н.М. Карамзин (1766 - 1826) — мунаккиди давраи хукмронии шохи Россия Ивани IV, аз чумла истибдод, муаллифи асари «Таърихи давлати Россия» мебошад. У интихоби ин ё он шакли идораи давлатро аз омодагии ахлокии одамон вобаста мекунад. Мавсуф чонибдори шакли идораи шорй мебошад, ба шарте агар шох ба конун итоат намуда, дар бахши ахлок ва маърифати мардум гамхорй зохир намояд. Ба назари у, худуди васеъ ва ахолии зиёди Россия интихоби ин шакли идораро талаб мекунанд. Мутафаккир тачзияи хокимиятро рад намуда, боварй дорад, ки Россия бинобар чой доштани «идораи падарй ва патриархалй» тачзияи хокимиятро намепазирад. Таъкид мешавад, ки дар шароити Россия шох «конунгузорй ягона, сарчашмаи хокимият» буда, «дворянхо, рухониён, Сенат ва Синод» танхо «нигахдорандаи конунхо» мебошанд. Мутафаккир рохи ислохи идораи давлатро дар тарбияи кадрхои болаёкат, махдуд намудани салохияти хокимияти марказй ва бештар намудани салохияти макомоти махаллй мебинад, ахлоки хамидаи хокимонро нисбат ба конунхо авлотар мешуморад. У муътакид аст, ки на инкилоб ва на ислохот, балки истифодаи анъанарои давлатдории рус пешрафти дав- латдориро таъмин мекунанд.

Мавсуф аз гояи давлати ахлокй чонибдорй мекунад. Ба назари у, дар ин давлат х;ук,ук,и фитрй амал намуда, хамаи конунхо мутобики


352



талаботи фитрй-хукукй мебошанд. У мураттабсозии конунгузорй, аз чумла инкорпоратсия ва кодификатсияи онро барои Россия зарур мешуморад. Ба ин нигох накарда, ахамияти бештари тарбия- ву маърифати мардуми Россия бо назардошти талаботи кишвар, аз чумла мухим набудани омузиши хукуки римй барои мардуми рус таъкид мешавад.

Дар таркиби ахолй табакахои рухониён, дворянхо, тоцирон, дехконон ва халки бокимонда чудо карда шуда, дворянхо тоифаи бонуфуз пазируфта мешаванд. Таъкид мешавад, ки мансабхои давлатй ва низомй аз хисоби хамин тоифа бояд ишгол шаванд. Хамзамон хакки мансабталошии намояндагони табакахои дигар низ эътироф мешавад, ба шарти доштани дониши кофии онхо. Ба рухониён накши мухим дар тарбияву маърифати ахолй чудо карда мешавад. Мутафаккир чун хомии хукукхои фитрй, аз яктараф, тарафдори бархам додани хукуки заминбарчой (крепостной) дар Россия буда, аз тарафи дигар, муътакид аст, ки озод намудани дехконон боиси бесарусомнй дар чомеа, аз чумла афзоиши «майзадагй» байни онхо мегардад.

Декабристхои рус бо талаби ислохи низоми идораи давлат, аз чумла тагйироти чиддй дар мутлакияти Россия ва бархам додани хукуки заминбарчой (крепостной) баромад мекунанд.

Яке аз онхо П.И. Пестел (1793 - 1826) аз гояхои баробарии фитрии одамон, таксими мехнат чункафолати конеъ гаштани талаботи одамон пуштибонй мекунад. У давлатро натичаи чудо шудани ахолй ба хокимон ва мазлумон шуморида, хадафи давлати аслиро дар таъмини мувозинати байни хукуку ухдадорихои хукумат ва халк, таъмини некуахволии хама ва хар кас зимни волоияти конун мебинад. Конунхои маънавй (динй), фитрй (мутобики фитрати инсонй) ва шахрвандй (давлатй) чудо карда шуда, таъмини некуахволии мардум хадафи конунхои давлат эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки мутлакияти рус ва хукуки заминбарчой ин конунхоро халалдор намуда, некуахволии мардумро таъмин намекунанд ва аз ин ру, тагйири чиддии шакли мавчудаи идора зимни инкилоб зарур аст. Мутафаккир талаб мекунад, ки замин моликияти хама эълон гашта, ба ду кием чудо карда шавад: заминхои моликияти умумй (волостй) ва заминхои хусусй. Нобаробарии табиии одамон заминаи чой доштани моликияти хусусй ба замин эътироф мешавад. Шакли идораи чумхурй химоя мешавад, тачзияи хокимияти олии конунгузор ва хокимияти ичроия, таъсиси Вечей халкй (макоми конунбарор) ва Думай давлатй (макоми ичроия), инчунин Мачмаи олй (макоми назоратй) пешбинй мешаванд. Ташкилу фаъолияти ин макомоти давлатро Конститутсия муайян мекунад. Россия чун давлати федеролй тавсиф мешавад, ки аз дах вилоят иборат аст. Хамаи кавму миллатхои Россия як тоифаи шахрвандони давлат ва як халки русро ташкил медиханд. Ниж


353





ний Новгород пойтахти давлат эълон мешавад. Вале таъсиси хнзбхо бинобар хатарашон ба ягонагии халк маъкул шуморида намешавад. Хамаи ин дигаргунихоро Идораи олии муваккатй таи
10-15 сол ва бо истифода аз усулхои истибдодй таъмин мекунад.

Н.М. Муравёв (1796 - 1843) - мутлакияти русро хилофи назарияи хукуки фитрй ва шартнома мешуморад, халкро сарчашмаи хокимият эълон мекунад. хакки халкро ба сохибихтиёрй ва таъсиси шартномавии давлати хеш мепазирад. Мутобикат ба хукукхои инсон нишонаи асосии конун эълон мешавад. Тибки лоихаи Конститутсияи мутафаккир, хукуки заминбарчой бархам дода шуда, хамаи табакахои чомеа вазъи шахрвандони баробархукукро пайдо мекунанд, хукуку озодихои шахрвандон таъмин мешавад. Монархияи конститутсионй шакли макбули идораи давлат эълон мешавад. Хокимияти конунгузор мутааллик ба Вечей халкии иборат аз ду палата (Думай Олй ва Палатаи Намояндагон) буда, шох сарвари хокимияти ичроия эълон мешавад. Барои Россия сохти давлати федеративй маъкул шаморида мешавад. Хар як вилояти Россия аз чониби Дума ва Палатаи намояндагон идора мешавад. Зарурати таъсиси низоми нави судй пешбинй мешавад, аз кабили судхои вичдон дар махалхо, судхои вилоятй, Суди олй, ки аъзоёнаш якум- ра интихоб мешаванд.

Славянофчлхо ва гарбгироён. А.С. Хомяков, И.В. Киреевский, Ю.Ф. Самарин, К.С. Аксаков аз чумлаи славянофилу) буданд. Онхо аз анъанахои Россиян то ислохии Пётри якум, чамоати кишоварзй, худидораи махаллй, одатхои рус пуштибонй мекунанд. Таъкид мешавад, ки банобар ислохоти Пётри якум Россия ба Fap6 майл пайдо намуда, дар натича анъанахо халалдор гаштанд. Камбудии дигари ислохоти шох Пётр дар конунй гардонидаи вазъи дехкони заминбарчои гуломгашта эхсос мешавад. Таъкид мешавад, ки чомеаи рус аз Еарб бо хусусиятхои махаллияш фарк дорад. аз чумла бо сохти чамоавй, кавй будани одатхо, алалхусус одатхои чамоавй, тарбияи ахлокии ахолй. Славянофилхо бархам додани хукуки заминбарчой, таъмини хукукхои фитрии дехконон, озодии ахлокии одамони рус, таносуби нави байни хукумат ва халкро зимни таъмини мусгакилияту озодии одамон талаб мекунанд.

К.Д. Кавелин. Б.Н. Чичерин. В.Г. Белинский. А.И. Герсен. Н.П. Огарев, Т.Н. Грановский, П.В. Анненков аз чумлаи мутафаккирони гарбгаро буданд. Аз чумла К.Д. Кавелин (1818 - 1885) таъкид мекунад, ки Россия ба мисли Гарб инкишоф ёфта, вале дар мархилаи муайян аз мамолики Fарб акиб монда, бояд аз дастовардхои тамаддун истифода барад. У муътакид аст, ки махз ислохоти Пётри I инкишофи Россияро ба мисли Аврупо, аз чумла зимни озодй ва конунхо таъмин намуданд.


354





БОБИ 13. АФКОРИ СИЁСИ ВА Х>УКУКИИ МИЁНАВУ НИМАИ ДУВВУМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX


  1. Рудолф фон Иеринг

Рудолф фон Иеринг (1818 - 1892) - мутафаккир ва хукукшиноси Олмон, пуштибони андешаи «мубориза чу н хастии хукук», мунаккиди хукукшиносии шаклй ва чонибдори хукукшиносии сотсиологии манфиатхо буда, муаллифи асархои «Мохияти хукуки римй дар даврахои гуногуни инкишофаш», «Хадаф дар хукук», «Мубориза бахри хукук» мебошад.

Иеринг дар аввал аз усули мантщй дар илми хукукшиносй чонибдорй намуда, хукукшиносиро чун назарияи мафрумро эътироф мекунад. Сипас. у аз ин усули тахлилй даст кашида, ба хулоса меояд. ки коркарди мафхумхои хукукшиносй ба натичаи дилхох намеоранд. Аз ин ру, усулрои бештар вок;ей, сотсиологй, радафрои раётй мавриди тахлили мутафаккир карор гирифта, рук,ук,шиносии манфиатро чонибдорй мегардад. Вазифаи илми хукукшиносй акнун дар тахлили манфиатхои вокей ва хаётан мухими инсон эхсос мешавад.

Назарияи хукукшиносии Иеринг ба усулрои тарлили во^ей такя намуда, бештар тавсиф, тасниф ва тахлили холатхои вокеиро дар назар дорад. Ин усули тахлили вокеии холатхои хаётй омузиши хам давлат ва хам хукукро фаро мегирад.

Ба дарки таърихй ва таркибиву функсионалии падидахои дав- лативу хукукй низ таваччух зохир мешавад. Дар натича усулрои омузиши таърихй, таркибй, функсионалй ба мадди аввал мебароянд.

Якчоя бо усулхои зикршуда хамчунин аз усулрои органики васеъ истифода мешавад. Дар робита бо ин усул акида пешкаш мешавад, ки хукук ба мисли организми табий инкишоф меёбад. Яъне андешаи инкишофи табиии хукук пазируфта мешавад. Аммо дар ир- тибот бо таваччух ба усули таърихй накши давлат дар ташаккули хукук эътироф мешавад.

Тахлили инкишофи хукук зимни усули рам таърихй ва рам оргапикй сурат мегирад. Бар замми ин, ахамияти истифодаи усули


355



«анатомй» ва «физиологи» дар бахши хукук таъкид гашта, зарурати омузиши сохти хукук (тавассути усули анатомй) ва функсияи хукук (бо усули физиологй) мувофики максад дониста мешавад.

Зимни омузиши функсияи хукук таваччухи асосй ба радаф ва морияти хукук зохир мешавад. Мутафаккир менависад: «Хадаф офа- рандаи кулли хукук мебошад».

Яъне хадаф омили муайянкунанда ва созгордихандаи хукук эътироф мешавад, функсияи хукук бошад, зимни хадафи хукук амалй мешавад. Аз ин хотир, манбаи пайдоиши хукук муайян мешавад, зеро манобеи хукук дар вокеъ хадафи онро ташкил медихад.

Таъкид мешавад, ки хукукро чомеа тавлид мекунад. Зери мафхуми цомеа сохаи «фаъолияти муштараки одамон» фахмида мешавад, ки «зимни хадафхои умум муттахид гаштаанд». Ба акидаи мавсуф, дар чомеа (иттиход) хар инсон хам барои худаш ва хам барои дигарон фаъолияг дорад.

Вале хар гуна чомеа манбаи пайдоиши хукук шуда наметавонад. Ба назари мавсуф, барои он, ки чомеа хукукро тавлид намояд,
1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   58


написать администратору сайта