Главная страница
Навигация по странице:

  • Мавзуи омузиши таърихи афкори сиёси ва хукукй

  • Таълимоти сиёсй ва хукукй - ин мачмуи донишхои назариявии мукаммал аст, ки низоми ягонаро ташкил дода, дар шакли як назарияи том пешбарй мешаванд.

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница2 из 58
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58

    11





    аст. Назарияхои сиёсиву хукукии хамаи мутафаккирони форсу тоник холо пурра тахлил нашудаанд. Аз ин хотир, дар китоб натичахои дар айни хол ба даст омада дарч гардидаанд, аз чумла тахлилхои илмй дар бобати омузиши андеша ва назарияхои сиёсиву хукукии Низомулмулк, Абдурахмони Чомй, Ахмада Дониш, маорифпарва- рони точик. Андешахои мутафаккирони дигар кисман чой дода шу- даанд. Хдмзамон кушиши дарчи афкори сиёсиву хукукии фарханги исломй, аз он чумла дар замони нав ва навтарин низ то хадда им- кон ба харч дода мешавад. Минбаъд, бо баробари ба даст омада- ни натичахои нави тахлили илмй дар ин бахш мазмуни китоб беш- тар пурра ва ганй хохад гашт. Х,амин чо таъкид бояд намуд, ки су- хан дар хусуси таърихи афкори сиёсй ва хукукй меравад, на таърихи фалсафй, ки бештар ва ба пуррагй тахлил шудааст.

    Таърихи афкори сиёсй ва хукукии Шарк, ки замони шуравй бино ба омилхои идеолога дар чумхурй камтар омухта мешуд, тахлили хаматарафаро талаб мекунад. Аз ин хотир, дар шароити имрузаи но- кифоягии тахлилхои илмй дар доираи як китоби дарсй хаматарафа ва пурра тасвир намудани таърихи афкори сиёсй ва хукукии чахонй, аз он чумла афкори Шарк аз имкон берун аст. Аз ин нуктаи назар, му- аллиф хамаи мулохизахои танкидй ва таклифу пешниходотро атро- фи мундарича ва мазмуни китоби мазкур самимона кабул мекунад.


    12





    БОБИ 1. МАВЗУИ ОМУЗИШ, УСУЛХОИ ТАХКИК, ВАЗИФАХО ВА АДАМИЯТИ ТАЪРИХИ АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИ


    1. Мавзуи омузиши таърихи афкори сиёси ва хукукй

    Таърихи афкори сиёсй ва хукукй - фанни илмиву таълимии хукукшиносй буда, ба гурухи фанхои илмии назариявй-таърихй дохил мешавад.
    Фанхои илмии назариявй ва таърихй масоилу проблемахои умуминазариявй (назариявй-хукукй) ва ё таърихиро (тарихй-хукукиро) меомузанд. Чунончи, назарияи давлат ва хукук чун фанни илмиву таълимии умуминазариявй бо омузиши масоилу проблемахои умуминазариявй (мафхумхои назариявй оид ба давлат, хукук, муно- сибатхои хукукй ва м.и.) сару кор дорад. Фанхои илмиву таълимии таърихй-хукукй (таърихи давлат ва хукукй кишвархои хоричй, таърихи давлат ва хукукй вагаий) бо тахлили таърихи ташаккулу инкишофи сохтори мухталифи давлативу хукукй машгуланд.

    Фанни илмии таърихи афкори сиёсй ва хук,ук,й аз фанхои зик- ргаштаи назариявию таърихй бо он фарк, мекунад, ки хислати хам назариявй ва хам таърихй дорад. Таърихи афкори сиёсй ва хукукй, аз як тараф, фанни илмии таърихист, чунки таърихи ташаккулу инкишофи тулонии афкори сиёсиву хукукии башарро меомузад. Аз та- рафи дигар, ин фан хислати назариявй низ дорад, зеро таърихи та- шаккул ва инкишофи донишхои назариявиро рочеъ ба падидахои сиёсиву хукукй меомузад.

    Таърихи афкори сиёсй ва хукуцй чун фанни илмии таърихй раванди чандинхазорсолаи пешбарй, ташаккул ва инкишофи тулонии таълимоти сиёсиву хукукиро, донишхои инсониро оид ба давлат, давлатдорй, вазифахо, навъхо, шаклхои давлат, мохияти хукук, конунгузорй, адолат, хукукхои инсон, таносуби давлат ва сиёсат, давлат ва иктисод ва дигарро меомузад. Барои хамин, ин фан таърихи афкори сиёсй ва хукукй номида мешавад.

    Таърихи афкори сиёсй ва хУКУКй чун фанни назариявй таърихи ташаккулу инкишофи таърихии донишхои назариявиро рочеъ ба давлат, сиёсат, хукук, конунгузорй меомузад. Ба ибораи дигар, дар он таърихи таълимоти мухталифи сиёсиву хукукй мавриди дарку тахлили назариявй карор мегиранд.


    13





    Хдма гуна таълимоти сиёсиву хукукй дар як вакт хусусият ва мазмуни назариявй дорад. Муаллифи хама гуна таълимоти сиёсиву хукукй акидахои хешро рочеъ ба мафхум ва мохияти давлат, сиёсат, хукук изхор мекунад. Хдр як таълимоти сиёсиву хукукй дар як вакт назария мебошад, чахонбинии муаллифро оид ба падидахои сиёсиву хукукй ифода мекунад.

    Аз ин ру, тахлили масоили давлат, сиёсат, хукук хамзамон тахлил ва тахкики назариявй мебошад. Барои омузиши таърихи афкори сиёсиву хукукй мазмуни назариявии хар як акида, андеша, назарияи сиёсиву хукукиро мебояд рушан намуд. Омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй тахлили назариявиро талаб мекунад. Аз ин хотир, фанни илмии
    1паърихи афкори сиёсй ва %уцукр хислати назариявй дорад.

    Илова ба ин, бидуни донишхои назариявй-хукукй таърихи афкори сиёсй ва хукукиро наметавон омухт. Барои омузиши таълимоти сиёсиву хукукии ин ё он мутафаккир дарку тахлили назариявии акидахояш зарур аст. Аз ин чост, ки фанни таълимии мазкур дар соли чоруми тахсилоти хукукшиносй омухта мешавад. Дар тули тахсили чахорсола донишчуёни хукукшинос аллакай бо назарияи умумй ва ху- сусии хукукшиносй шинос мешаванд, хам назарияи умумй (назарияи умумии давлат ва хукук) ва хам назарияхои сохавии хукукшиносро (назария ё илми хукукй гражданй ва м.и.) аз худ мекунанд.

    Азбар намудани донишхои хукукии умумй ва сохавии назариявй барои омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй мухим аст, чунки хар як таълимоти сиёсиву хукукй дар баробари масоили умуминазариявй (оид ба мафхуми давлат, сиёсат, хукук) хамчунин пахлухои мухталифи онхоро низ тахлил мекунад (рочеъ ба чиноят, чазо, гунох, хукукхои инсон ва м.и.). Иллати чунин тахлилхои назариявии гузашта ин аст, ки пештар сохахои илмхои хукукшиносй (низоми имрузаи онхо) пурра ташаккул наёфта буд, масоили умуминазариявй ва сохавии хукукй якчоя омухта мешуданд.

    Аммо фанни илмии таърихи афкори сиёсй ва х;ук,уцй андеша^ои цудогонаи сиёсиву х,ук,ук,иро намеомузад. Тавре маълум аст, рочеъ ба пахлухои чудогонаи давлат, сиёсат, хукук бештари мухаккикон, шо- ирон, нависандагон, ходимони давлативу чамъиятй ва дигарон ибро- зи андеша намудаанд. Хамаи ин нуктахои назар мавзуи омузиши фанни таълимии таърихи афкори сиёсй ва хукукиро ташкил дода наметавонад. Аз як тараф, омузиши хамаи андешахои чудогонаи марбут ба падидахои чудогонаи сиёсиву хукукй дар доираи як фан гайриимкон аст. Аз тарафи дигар, масоили давлат, сиёсат, хукук, адолат, озодй ва м.и. дар илмхои дигари гайрихукукй (фалсафа, сот- сиология, сиёсатшиносй ва диг.) низ омухта мешаванд.

    Тафовути илмхои мухталиф махз дар ин аст, ки онхо мавзуи алохидаи омузиши хешро доранд. Ба туфайли мавзуи омузиш сохахои


    14





    алохлдаи донишхои илмй аз хам фарк мекунанд. Фанни илмии таърихи афкори сиёсй ва хукукй низ мавзуи омузиши худро дорад ва бо он аз фанхои дигари илмй (назарияи давлат ва хукук, таърихи давлат ва хукукй кишвархои хоричй, фалсафа, сиёсатшиносй, таъ- рих ва диг.) фарк мекунад.

    Дар фанни таълимии таърихи афкори сиёсй ва хукукй на анде- шахои чудогона, балки таълимоти том ва пурра анцомёфтаи сиёсиву х;уцук,й
    омухта мешаванд. Таърихи афкори сиёсй ва хукукй ин таърихи таълимоти мухталифи сиёсй ва хукукй мебошад.

    Таълимоти сиёсй ва хукукй - ин мачмуи донишхои назариявии мукаммал аст, ки низоми ягонаро ташкил дода, дар шакли як назарияи том пешбарй мешаванд.

    Андешахои чудогона оид ба пахлухои алохидаи давлат, хукук, сиёсат, адолат ва м.и., ки якчоя бо андешахои дигар пешбарй мешаванд ва назарияи томро ташкил намедиханд. берун аз мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй карор доранд. Танхо донишхои назариявии мукаммал, ки дар алокамандии мантикй (низоми ягона) назарияи алохидаро рочеъ ба давлат ва хукук ташкил медиханд, чун таълимоти сиёсиву хукукй дар фанни мазкур мавриди омузиш карор мегиранд.

    Хусусияти мухими таъломи сиёсиву хук,ук,й ин аст ки масоили назариявии хам давлат ва хам хуцукро фаро мегиранд. Ин хислати зикршуда аз он бармеояд, ки давлат ва хукук объекта ягона ва чудонопазири илмхои хукукшиносиро ташкил медиханд, алалхусус назарияи давлат ва хукукро. Дар назарияи давлат ва хукук ва умуман тахлилхои умуминазариявй давлат ва хукук якчоя омухта мешаванд. Таърихи афкори сиёсй ва хукукй ин таърихи ташаккулу инкишофи назарияхои мухталифи давлат ва хукук мебошад. Дар таърихи афкори сиёсй ва хукукй масоили давлат ва хукук якчоя омухта мешаванд.

    Барои хамин, фанни таълимии мазкур таърихи афкори сиёсй ва Хук,ук,й ном дорад. Дар он хам таълимоти сиёсй ва хам таълимоти хукукй якчоя омухта мешаванд. Аз ин чо, мавзуи омузиши ин фан- ро андешахои назариявй рочеъ ба хам давлат ва хам хукук ташкил медиханд. Дар рафти тахлили андешахои ин ё он мутафаккир масоили хам давлатй ва хам хукукй якчоя омухта мешаванд. Аз ин хотир, мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукиро таълимоти сиёсй ва хукукй ташкил медихад.

    Хусусияти дигари фанни илми мазкур ин аст ки дар он таълимоти сиёсй мавриди тахлил карор мегиранд. Ибораи «таълимоти сиёсй» (на «таълимоти давлатй») барои он интихоб ва истифода мешавад, ки сиёсат ва давлат бо хам алокаи зич доранд. Давлат худ пади- даи сиёсист, чузъи сиёсат, воситаи амалй намудани сиёсат мебошад.


    15





    Омили дигари пешбарии ибораи «таълимоти сиёсй» хислати беш- тар таърихй дорад. Дар таърихи афкори сиёсии башар мафхумхои «сиёсат» ва «давлат» якбора аз хам чудо нашудаанд. Дар мархилахои алохидаи таърихй таносуби онхо хар хел шар* дода мешуд. Чунончи, дар Юнони кадим давлат бо истилох ва мафхуми «полис» ифода гашта, хаёти сиёсй (шакли хаёти одамони озод) чун сатхи балан- ди инкишофи давлатдорй дарк мешуд. Танхо дар давраи нав, асо- сан пас аз Макиавелли сиёсат чун сохаи мубориза барои хокимия- ти давлатй, давлат бошад, чун ташкилоти хокимият баррасй мешавад. Дар натича мафхумхои «сиёсат» ва «давлат» аз хам чудо карда шуда, мафхуми «давлат» чун чузъи мафхуми «сиёсат» эътироф мешавад, сиёсат на бо ахлок, балки бо мубориза, чун сохаи мубори- заи куввахои гуногун дарк мешавад. Дар Шарк, аз чумла дар афкори сиёсии форсу точик сиёсат дар робита бо ахлок тахлил шуда, чун санъати давлатдорй тахлил мешавад ва дар ин замина андешахои «шохи одил», «шохи адолатпеша» ва м.и. пешкаш мешаванд. Мута- факкири хитой Конфутсий низ ба ахлок дар идоракунии давлат аф- залияти бештар медихад.

    Аз ин ру, таълимоти сиёсй масоили давлатро (мафхуми давлат, шаклхои давлат, вазифахои давлат ва м.и.) дар бар мегарад. Азбаски мафхумхои «сиёсат» ва «давлат» дар таърихи афкори башар якчоя тахлил шуда, таносуби онхо хар хел шарх дода мешуд (маънии васеи давлат нисбат ба сиёсат ва ё, баръакс, маънии махдуди давлат нис- бат ба сиёсат), дар фанни таълимии таърихи афкори сиёсй ва хукукй имруз ибора ва мафхуми «таълимоти сиёсй» истифода мешавад.

    Таъпмоти хукукц
    низ мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукиро ташкил дода, масоили мухталифи назарияи умумии хукукро фаро мегирад, аз кабили мафхуми хукук, шаклхои ифодаи хукук, конун, конунгузорй, конуният ва м.и. Дар баробари ин, масоили умуминазариявй хамчунин масоили сохавй низ омухта мешаванд, масалан, чиноят, чазо, гунох, чанг ва сулх, дипломатияи хоричй ва м.и. Азбаски дар мархилахои пештара назарияи умумии хукук сохаи мустакили донишхои илмиро ташкил намедод, мутафаккирони гузашта дар баробари масоили умуминазариявй хамчунин масоили сохавиро низ баррасй намудаанд.

    Аммо ин маънии онро надорад, ки таърихи афкори сиёсй ва хукукй кулли таърихи хукукро, таърихи ташаккулу инкишофи сохахои Хукукро меомузад. Омузиши таърихи сарчашмахои хукук, сохахо ва институтхои хукукй мавзуи омузиши таърихи давлат ва хукукй кишвархои хоричй, таърихи давлат ва хукукй ватаниро ташкил медихад. Дар таърихи афкори сиёсй ва %ук,ук,й танх,о таърихи ташаккулу инкишофи донишхои назариявй оид ба мох;ияти назариявии


    16



    падидахои л;ам умуминазариявй ва хам сохавии хукукй омухта ме-
    шаванд.


    Хусусияти дигари таърихи афкори сиёсй ва хУЧУЦй
    ип аст, ки дар
    он таърихи афкори сиёсй ва хук;ук;ии башар мавриди омузиш к,арор ме-
    гирад.
    Дар ин фан на афкори сиёсиву хукукии ин ё он минтака, ин ё
    он халк, балки кулли афкори сиёсиву хукукии башар омухта меша-
    вад. Таърихи афкори сиёсй ва хукукй хусусияти чахонй, умумибашарй
    дорад. Дар он таърихи ташаккулу инкишофи донишхои сиёсиву
    хукукии хамаи минтакахо, кишвархо, халкхои чахон мавриди тахлилу
    омузиш карор мегиранд.

    Аз ин хотир, мавзуи омузиши ин фан мураккаб буда, тахлили фи-
    шу рда ва айни замон хаматарафаро талаб мекунад.
    Дар фанни ил-
    мии таърихи афкори сиёсй ва хукукй афкори сиёсиву хукукии башар
    ба пуррагй, бо назардошти хамаи пахлухои андешахо омухта наме-
    шавад. Ин кор гайриимкон аст. Масалан, омузиши танхо як наза-
    рияи Арасту ва ё Гегел тахлили хамаи асархои муаллифонро талаб
    мекунад. Аз ин ру, мавзуи тахлили илмй ва мавзуи омузиши таълимй
    фарк; доранд.


    Мавзуи омузиши фанни таълимии таърихи афкори сиёсй ва ху-
    кукй бо назардошти мундаричаи барномаи таълимй, соатхои чудо-
    намудаи накшаи таълимй интихоб мешавад. Доираи мавзуи омузиши
    фанни таълимй хангоми омода намудани китоби дарсии мазкур ба
    назар гирифта мешавад. Омузиши пурра ва хаматарафаи таърихи аф-
    кори сиёсй ва хукукй тахлили иловагии адабиёти илмй, пеш аз хама
    асархои мутафаккирону файласуфонро талаб мекунад.

    Хусусияти башарй доштани таърихи афкори сиёсй ва хукукй маъ-
    нои онро надорад, ки дар он
    манфиатхои миллй, сатхи минтакавй ва
    миллии донишхои сиёсиву хукукй сарфи назар мешаванд.
    Донишхои
    сиёсиву хукукй, ки мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукиро
    ташкил медиханд, се сатхи назариявй доранд: а) сатхи чахонй ё
    умумибашарй, б) сатхи минтакавй, в) сатхи миллй.


    Сатхи чахонй ё умумибашарй дар шакли конуниятхо ва самтхои
    умумии (барои хамаи халкхо хоси) ташаккулу инкишофи донишхои
    сиёсиву хукукй ифода меёбанд. Хангоми омузиши таърихи афко-
    ри сиёсй ва хукукии башар тасаввурот ва маълумотиумумй оид ба
    маънй, мазмун, мохият, конуниятхо, самтхои ташаккул ва инкйшо-
    фи таърихии донишхои сиёсй ва хукукй хосил мешаванд. Чунончи,
    омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукии байиар далЕЛ бДун'Зкп, ки
    донишхои сиёсиву хукукй дар даврахои аввали сод*

    да ва чузъи тасаввуроти асотирй буданд, сииас бо пёшрафти чомеа,

    такмили давлатдорй ва низоми хукукй бештар мукаммалтар

    ванд, дар хаёти имруза сифати илмй касб мей



    Сатх,и минтак,авии донишхои сиёсиву хуцуцй хусусиятхои афкори сиёсиву хукукии ин ё он минтакаи чахонро муайян мекунад. Донишхои сиёсиву хукукй дар минтакахои чудогонаи чахон воба- ста ба шароитхои хамин минтака, умумиятхои фархангиву тамадду- нии минтакахои чудогона ташаккулу инкишоф меёбанд. Чунончи, афкори сиёсиву хукукии минтакаи Шарк ва Fap6, минтакаи Осиё, минтакаи Африко, минтакаи Аврупо, минтакаи Осиёи Миёна ва м.и. хусусиятхои хос дорад. Кавмхо, халкиятхо, миллатхо, ки дар як минтака дар тули хазорсолахо якчоя зиндагй намудаанд, бо хам ра- вобити фархангй доранд. Ин омил ба ташаккули сатхи минтакавии донишхои сиёсиву хукукй мусоидат мекунад.

    Сатхи миллии донишхои сиёсиву хуцуцй хусусиятхои афкори сиёсиву хукукии кишвархои чудогонаро муайян мекунад. Таълимоти сиёсиву хукукй дар худуди кишвархои чудогона ташаккул меёбанд. Халку миллатхои алохида дар ташаккулу пешрафти афкори сиёсиву хукукии башар сахми хешро мегузоранд. Таълимоти сиёсиву хукукии ин ё он мутафаккир вобаста ба шароитхои махаллй, дар робита бо фарханги миллй, анъанахои миллй, психология ва чахонбинии ахолии мукими кишвараш ташаккул меёбанд, хадафхо ва манфиатхои мил- лиро ба инобат мегиранд, аз чумла дар бештар мавридхо дар робита бо идеологияи давлати миллй, хадафхо ва вазифахои давлати миллй пешбарй мешаванд. Дар натича сатхи миллии донишхои сиёсиву хукукй ташаккул меёбад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58


    написать администратору сайта