Главная страница
Навигация по странице:

  • 3.3. Пифагор ва пайравонаш

  • Демокрит Демокрит

  • Хамдияии андешигй, ахлокй ва ицтимоии аъзоёни озодй полис

  • «инсон - макаки хама чиз аст»

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница7 из 58
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   58

    Хафт хирадмандон

    Хаёту фаъолияти хафт хирадмандон ба охири асри VII ва ибтидои асри VI то с.м. рост меояд. Фалес, Питтак, Периандр, Биант, Солон, Клеобул ва Хилон аз чумлаи хафт хирадмандони юнонй эъти-


    55





    роф мешаванд. Афлотун ба ной Периандр хирадманди дигарро бо номи Мисон Хенейский номбар мекунад.

    Хафт хирадмандон масоили бештар акдона ва дунявй, тартиботи сиёсй ва конунхои давлатро баррасй мекунанд, бахри таъмини созиши байни гуруххои мухталифи полис андешаи «меъёри ми- ёнаро» истифода мебаранд. Як катор аз хирадмандон дар хаёти сиёсии полисхо (шахр-давлатхо) фаъолона ширкат меварзиданд. Чунончи, Фалес дар шароити тахдиди хучуми форсхо барои муттахид гаштани полисхои юнонй, аз чумла ташкили шурои умумй кушиш ба харч медихад.

    Андарзхои хирадмандон ба масъалахои мухталиф, аз чумла э^тироми конун бахшида шудаанд. Чунончи, ба андешаи Биант бехтарин давлат он аст, ки ахолии он аз конун ба мисли таре аз золим мехаросанд. Андарзи «тобеи конун бош» ба Хилон мансуб аст. Тибки хикмати Питтак, ки солхои муайян сохиби ваколатхои хокимиятй гашта буд, «мебояд тобеи конуне бошй, ки шахеан барои худат кабул намудай», ё ин ки «пеш аз амр мебояд тобиятро пазируфт». Тибки хикмати Периандр, «на бо чазои чиноягкор, балки пешгирии чиноят мебояд каноатманд шуд». Хамзамон панди дигар пешкаш мешавад: «Аз конунхои кухна мебояд истифода намуд».

    Солон (такр. 638 - 559 то с.м.) ходими давлатй ва конунгузорй намоён буда, дар шароити муборизаи байни дороёну бенавоён архонт интихоб гашта, барои таъмини тартиботи полней ва конунгузорй ва- зифадор мешавад. У соли 594 то с.м. к,онун%ои нав бахри ислохи сохти сиёсиву ичтимой каул мекунад, аз чумла карзхои хусусй ва давла- тиро бархам медихад (сисахфия). Тибки андешаи мухаккикон, дар ин кор у аз тачрибаи давлатхои Шрки кадим, аз чумла Миср дар масъ- алаи бархам додани гуломии карзй истифода намудааст.

    Солон ахолии Афинаро ба чор табаца чудо мекунад: пентако- сиомедимнхо, саворагон, зевпггхо ва фетхо. Се табакаи аввал имко- ни ворид шудан ба мансабхои давлатй, фетхо бошанд, хакки ширкат дар мачлиси хапкй ва судхоро доштанд. Шурои ча^орсад таъсис мегардад, ки ба мавкеи хукмронй Ареопаг (макоми ашрофон) зар- ба мерасонад. Тибки конуни алохида имкони аз хукукй шахрвандй махрум намудани шахсоне, ки дар шароити исён бетарафй зохир мекунанд, пешбинй мешавад. Тартибот ва конуният неъмати мухими давлат, беконунй бошад, бадбахтй барои давлат эълон мешаванд. Зимни кушиши оштй додани демос ва ашрофони юнонй у демокра- тияи меъёриро чорй мекунад. Ба кавли Арасту, демократия аз Солон огоз мегардад.


    56



    3.3. Пифагор ва пайравонаш


    Пифагор (такр. 580 - 500 то с.м.) зодаи чазираи Самос, хирадман- ди иамоёни юнонй мебошад, ки шогирдони зиёд дошт (Архип, Лизис, Филолай ва диг.). Онхо дар сохторхои махфии сиёсй-динй (гетерияхо) дар Юнонй Бузург (чануби Италия) ва кисми бокимондаи Юнон амал мекарданд. У аввалин шуда мафхуми фалсафаро (мухаббат ба хирад) истифода мебарад, худро на хирадманд (софия - хирад), балки файласуф меномад, зеро ба андешаи у, танхо Худо хирадманд буда метавонад, на инсон.

    Рак,ам дар таълимоти Пифагор ва шогирдонаш чавхар ва мохияти оламро ташкил медихад. Мавзунии сохти олам ва кайхон табиати ракамй дошта, хксоб карда мешавад. Адолат дар раками чор ифода мешавад, зеро чор аввалин квадрат буда, подоши баробар мохияти адолатро ташкил медихад. Зимни кушиши муайян намудани хислати ракамии (математикии) падидахои сиёсиву ичтимой мактаби Пифагор ба коркарди назариявии мохияти баробарй огоз мекунад, ки барои дарки мохияти х,укук, чун меъёри баробар мухим буд.

    Хдмзамон ба андешаи мактаби Пифагор, баробарй меъёрест, ки дар хар холат тагйир меёбад, яъне меъёр ва андозаи барои хамаи холатхо ягона ва умумй нест. Баробарй чун «меъёри лоик» ва арзиши муайян арзёбй мешавад.

    Зимни ин андеша вучуди арзишхои дигар эътироф мешавад. Аз чумла таъкид мешавад, ки хокимияти худохо бештар ба вучуди адолат кумак мекунад. сипас арзишхои дигар, ба мисли сохти давлатй, конунхо, адолат ва адолати суда амал мекунанд.

    Дар натича низоми арзиш^о таълиф мегардад. Чунончи, таъкид мешавад, ки пас аз худохо мебояд волидайн ва конунхоро эхтиром на- муд. Хдмзамон риояи на мачбурй, балки эхтироми ихтиёрии конунхо таъкид мешавад. К,онущои хуб арзиши воло ва эхтироми конунхо неъмати аз хама баланд эълон мешаванд. Ба ин нигох накарда, хама гуна кушиши такмили конунгузорй рад карда мешавад, риояи «одатхо ва конунхои падарй» авлотар шуморида мешавад, агарчанде чунин одату конунхо хубтар набошанд хам.

    Аз нигохи мактаби Пифагор, анархия (бехокимиятй) бадбах- тист, зеро инсон табиатан бидуни рохбарй, сардорй ва тарбия на- метавонд зиндагй намояд. Аз ин хотир, зарурати чой доштани идо- ракунандагон ва идорашавандагон дар чомеа химоя мешавад. Таъкид мешавад, ки идоракунандагон бояд одамони доно ва инсондуст бо- шанд. Хдмзамон идорашавандагон бояд халиму итоаткор бошанд. Танзими корхои умумй ва хусусй, мавзунии муносибатхои инсонй хадафи асосии идоракуниву тарбия эълон мешаванд, ахамияти тар- тибот ва зарари бетартибй дарк мешаванд.


    57



    Пифагор ва шогирдонаш пуштибони шакли идораи аристократа буданд, вале зери мафх,уми «аристократия» на ашрофон, балки окилон, бехтаринхоро дар назар доштанд. Онхо зимни инкори мафхумхои «хар кас» ва ё «фикри издихом» муътакид ба ин буданд, ки хамаи одамон тафаккури дуруст кадоранд. Ба назари онхо, ис- теъдоди баланди аклона хоси донишмандон аст, вале онхо каманд.

    Андешахои Пифагор ва шогирдонаш минбаъд васеъ истифода мешаванд, аз чумла дар афкори Сукрот, Афлотун, дар пешбарии гояхои ормонии чомеа ва давлати бехтарини Фалей ва Гипподам. Чунончи, Фалеи Халкедонй моликиятро иллати хамаи бетартибихои дохилй шуморида, андешаи баробар намудани моликияти хамаро ба замин пешкаш мекунад Тибки гояи давлати ормонии Гипподам, шу- мораи ахолии кишвар бояд 10 ООО нафарро ташкил дихад Онхо ба хунармандон, заминдорон ва аскарон чудо мешаванд. Магистрхоро халк интихоб мекунад. Гуломон, ашхоси хоричй берун аз ин ахолй карор мегиранд. Худуди давлат ба навохии мукаддас, чамъиятй ва хусусй таксим мешавад.

    1. Гераклит

    Гераклит (такр. 530 - такр. 470 то с.м.) зодаи ш. Эфес, файла- суф ва диалектики машхури атака мебошад. У худро мисли Пифагор на хирадманд, балки файласуф мехисобид. Асараш «Оид ба та- биат» аз се кием иборат аст: олам, полис ва худо. Андешахои сиёсиву хукукии мавсуф чузъи фалсафаи диалектикии у мебошанд. Аз нигохи файласуф, хама чиз дар олам дар инкишофу тагйироти абадй, муборизаву дигаргунй карор дорад. Тибки акидаи ба хама маълуми у, «ба хамон як дарё наметавон ду маротиба ворид гашт, зеро хама чиз дар харакат буда, тагйир меёбад». Дар раванди ин тагйирот ягонагй аз зидциятхо иборат аст. Асоси робитаи зиддиятхо ва му- наззамии оламро (кайхонро) оташ ташкил медихад. Вобаста буда- ни такдири кайхон аз меъёри ивазшавандаи оташ к,онуниятро (ло- госи абадиро) ташкил медихад. Адолат ва хщщат (дике) мутобик ба логоси илохй мебошанд.

    Демократияро Гераклит чун идораи одамони «бефаросат» ва «бад» тавсиф мекунад. У идораи окилонро аз идораи бехирадон афзалтар шуморида, аз аристократия чун идораи бехтаринхо пуш- тибонй мекунад.

    Гераклит чонибдори кабули к,онунх,ои нави полис (номос) буда, истифодаи одатхо ва конунхои кухнаро рад мекунад. Хамзамон ахамияти риояи к;онун барои давлат таъкид мешавад. У аз чумла ме- нависад, ки «халк бояд барои конун чун манзили хеш мубориза ба- рад». Хамин тарик, конуният ва ахамияги он таргиб мешавад.


    58





    Аз нигохи Гераклит хислати умумии хам полис (давлат) ва хам конун ин аст, ки онхо мабдаъ ва мохияти илохй ва аклона доранд. Ба акидаи у, «хамаи конунхои инсонй аз конуни илохй гизо мегиранд» ва ин цонуни илохй хокимияти хешро ба хама пахн намуда, волои хама чиз аст. Мавсуф таъкид ба ин дорад, ки к,онуни инсонй аз лого- си умумй, яъне адолати умумй ва хакикат (дике) сарчашма гирифта, онро ифода мекунад. Кайд мешавад, ки бидуни ин мабдаи илохй одамон дар хусусй адолат тасаввурот пайдо карда наметавонанд.

    Ба назари Гераклит, Зевс, логос, оташ хаммаънй мебошанд. Ба андешаи мухаккикон, конуни инсонии Гераклит аз нуктаи назари динй аз адолати илохй ва хакикат (дике), аз нигохи маърифат аз логоси умумй ва мохиятан аз оташи абадй сарчашма мегирад. Дар натича манбаи сегонаи к;онуни инсонй дар таълимоти Гераклит эътироф мешавад ва хамзамон хулоса пешкаш мегардад, ки махз оташ (мабдаи мафхуми) меъёр ва ченаки хама чизро ташкил медихад, зеро худи кайхон бино ба меъёри муайяни оташ танзим гаштааст.

    Дарки конун дар афкори Гераклит чунин аст, ки он ба логоси умумй (конуниятхои чахонй) мувофик аст. Дар ин замина файласуф фахмиши хукукии як шахсро аз шуури хукукии одамон афзалтар ме- шуморад. У аз чумла таъкид мекунад, ки «тобеият ба иродаи як кас конун аст». Мухаккикон умуман муносибати манфии Гераклитро ба истеъдоди акдонаи бисёрихо, издихом, ба зухуроти демократй кайд мекунанд. Худи файласуф низ чунин ибрози акида мекунад: «Барои ман як нафар аз дах хазор афзалтар аст, агар у бехтарин бошад».

    Аз андешахои Гераклит мутафаккирони минбаъда васеъ истифода мебаранд, чунончи Гегел ба диалектикаи файласуфи юнонй, намояндагони назарияхои фитрй-хукукй ба андешаи Гераклит дар хусусй логос чун манбаи илохй-фитрии мукаррароти хукукиву сиёсии инсонй таваччух зохир мекунанд.

    1. Демокрит

    Демокрит (такр. 460 - 370 то с.м.) - зодаи Абдер буда, дар давраи болоравии полисхои юнонй хаёт ба cap бурдааст, аз Бобулистон, Форс, Миср, Эфиопия, Афина дидан намуда, дар Абдер вазифаи архонтро ба чо овардаст. Асархои у ба масоили фитрй-хукукй, фалсафй, ахлокй, сиёсй бахшида шудаанд. Мавсуф дорой чахонбинии атомистй буда, нуктаи назари таносуби )пабий ва сунъиро пеш ме- гузорад. У яке аз аввалинхо шуда кушиши тахлили пайдоиши пшби- ии инсон, авлоди инсонй ва чомеаро ба харч додааст.

    Ба назари Демокрит, чомеа, полис ва цонунхои он хам натичаи инкишофи табий ва хам сохтори сунъй мебошанд. Онхо на аз таби- ат хосил шудаанд, балки аз чониби одамон дар радифи гузариш аз


    59





    холати галагй ба тамаддун ташкил гаштаанд. Х,амзамон окхо бо та- биат робита дошта, хислатхои хоси худро кигох медоранд. Махаки боадолат будани ахлок, сиёсат, конунгузорй - мувофикати онхо ба табиат эътироф мешавад. Дар ин замина аки да пешкаш мешавад, ки фикри умум дар хусусй сохти давлат ва конунгузорй метавонад хи- лофи табиат ва аз ин ру, нохак бошад.

    Дар радифн мукобил гузоштани падидахои сунъй ва табиат мохияти цонун%о тахлил мешавад. Чунончи, таъкид мешавад, ки конунхо чун падидаи сунъии одамон метавонанд хилофи табиат ва хакикат бошанд, аз ин ру, «шахеи хирадманд тобеи конунхо набуда, бояд озод зиндагй намояд», яъне дар пояи «хакикат», бидуни «афкори умум» ва «тасаввуроти сунъй» хаёт ба cap барад.

    Хотирцамъй - хадафи воло эълон мешавад. Эътидол, пархезгорй, каноатпешагй, меъёри муносиб дар амвол, талабот, хохиш ва амал шартхои хаёти некуахволона, ноил гаштан ба хушбахтии шахей ва хотирчамъй арзёбй мешаванд.

    Хамдияии андешигй, ахлокй ва ицтимоии аъзоёни озодй полис хислати мухими ободии давлат пазируфта мешаванд. Чанги шахрвандй чун бадбахтй барои тарафхои даргир эълон мешавад.

    Полис (давлат) чун кори умумии хамаи аъзои озодй он арзёбй мешавад. Кори умумии аъзои озодй полис хадди хукуку вазифахои шахрвандони давлатро ифода мекунад. Ба кавли Демокрит, «корхои давлатй аз хама мухиманд» ва «хар кас бояд барои ободонии давлат кушад», аз чумла набояд ба нуфузи аз хад зиёд, хокимияти бештар сохиб гардад. Ба акидаи файласуф, «агар давлат обод бошад, хама чиз обод аст, дар холати махви давлат хама чиз нобуд мешавад».

    Зимни эътирофи нобаробарии ахлокй ва акдонаи одамон Демокрит имкони иштироки доирахои васеи демосро дар идоракунии давлат инкор мекунад. У чонибдори идораи аристократа, хокимияти бехтаринхо мебошад. Хамзамон таъкид мешавад, ки «факирй дар шароити демократия аз бехбудии шахрвандон дар шохигарй авло- тар аст, ба мисли ин ки озодй бех аз гуломист».

    Санъати идораи давлат чун «санъати воло» пазируфта мешавад. Аз ин хотир, зарурати омузиши санъати сиёсй ва ба кори идораи давлат чалб намудани ашхоси дорой дониши идора ва лоик таъкид мешавад. У менависад, ки «табиатан идоракунй лоик ба бехтарин аст».

    Таъмини хаёти хуби одамон х;адафи цонунх;о эълон мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки барои ноил гаштан ба ин хадаф кушиши худи одамон, аз чумла тобеияти онхо ба конун зарур аст. Тавре у кайд мекунад, «конун бахри кумак ба хаёти одамон мекушад», вале ин хадаф дар сурате амалй мегардад, ки «агар одамон хохиши хаёти хушбахтона дошта бошанд».


    60



    Тобеият ба щонун чун нишонаи максаду мароми хайрхохонаи одамон арзёбй мешавад. Аммо бинобар нобоварй ба «афкори умум» Демокрит ашхоси хирадмандро аз тобеият ба конун озод мекунад, зеро шахеи о кил дар хар гуна давлат боадолат зиндагй мекунад, барои у кулли олам ватан аст. Ба назари файласуф. конунхо барои одамони оддй. пеш аз хама барои аз байн бурдани харией, фитнаангезй, зиёноварй мухимтаранд.

    Хдмзамон хислати мачбурии цонун таъкид мешавад. Вале хислати мачбурии конун нисбат ба ашхосе равост, ки камбудии ахлокиву аклонй дошта, ихтиёран аз тобеият ба конун сарпечй мекунанд.

    Андешахои Демокрит ба афкори пасина таъсир расониданд, аз чумла Эпикур аз андешахои атомистии файласуф истифода мебарад. Андешахои Демокрит дар хусусй таносуби «табий» ва «сунъй», «хакикат» ва «афкори умум», адолати табий ва конун бстаъсир на- буданд.

    1. Софистони юнонй

    Софистони юнонй нимаи дуввуми асри V то с.м. дар давраи болоравии демократия хаёт ба cap бурдаанд. Калимаи «софист» аз ка- лимаи кадими юнонии «софос» (мухаббат) гирифта шуда, аввал ба маънои ифодаи шахеи окил дар бахши истеъдод, хунар, санъат, дониш истифода мешавад. Сипас софистон гуфта шахсонеро дар назар доштанд, ки касби махсуси донишомузии пулакии одамонро дар сохаи идораи корхои хусусиву чамъиятй аз бар намуда буданд.

    Софистон дар бахшхои фалсафа, мантик, маърифат, ахлок, сиёсат, суханпардозй дониши мукаммал доштанд. Онхо ба харакати маорифпарварй поя гузоштанд, андешаи «макаки хама чиз будани ин- сонро» ба асос гирифтанд, кушиши дарки ак,лонаи масоили табиат, чомеа, давлат, сиёсат, хукук, ахлок, хастии инсониро ба харч доданд. Хамзамон онхо мактаби ягонаро ташкил надода, андешахои мухталифи фалсафй, сиёсй ва хукукии хешро иброз намуданд. Ду наели софистонро чудо мекунанд: софистони калонсол (Протагор, Г оргий, Продик, Гиппий, Антифонт ва диг.) ва софистони хурдсол (Фраси- мах, Калликл, Ликофрон ва диг.). Софистони калонсол чонибдори шакли идораи демократа, софистони хурдсол бошанд, тарафдори демократия, аристократия, тирания (идораи мустабид) буданд.

    Тибки андешаи Протагор (481 - 411 то с.м.), «инсон - макаки хама чиз аст», яъне хама чиз тарики инсон андоза карда мешавад. Хислати мухими демократияро майли хамаи одамон ба адолат, мулохизакорй ва порсой ташкил медиханд. Ба назари файласуф. накри сифати тавлидй набуда, тарики омузиши софистон парвари- да мешавад. Накуй заминаи вучуди давлат эълон мешавад. Вазифаи

    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   58


    написать администратору сайта