Главная страница
Навигация по странице:

  • Се давраи

  • Пайдоиши давлат ва ивазшавии шаклхои давлатдорй

  • Инкишофи табий ва даврагии давлатдорй

  • Иллати асосии ивазшавй ва табдили давлапцоро

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница10 из 58
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   58

    ЗЛО. Эпикур

    Эпикур (341 - 270 то с.м.) - зодаи чазираи Сомос, поягузори мактаби «Боги Эпикур» дар Афина, муаллифи асари машхури «Дар ху- суси табиат» (иборат аз 27 китоб) мебошад.

    Зимни пуштибонй аз мухтории ахлокии инсон Эпикур инкишофи мустакили хам табиат ва хам хаёти инсониро бидуни дахо- лати худохо мавриди тахлил карор медихад. Ба андешаи у, табиат тахаввули мукаррарии ходисахои табий буда, хаёти инсонй бе да- холати худохо чараён дорад. Мутафаккир боварй дорад, ки инсон зимни дарки табиат метавонад аз таре ва хурофот озод шуда, ба хушбахтй ноил гардад. Хамин тарик, мухтории инсон дар назарияи мавсуф дар заминаи дарки аклонаи табиат ва озод гаштан аз хурофот таъмин мешавад.

    Эпикур чонибдори халовати шахей аст. Зери мафхуми «халовати шахей» на «халовати фосикона», на «завки шахвонй», балки «озод гаштан аз кулфати тан ва аз хаячони рухй» дар назар дошта мешавад.

    Дар назарияи Эпикур акли солим заминаи хамаи накуихоро, аз он чумла халовати шахсиро ташкил медихад. Ба андешаи у, халовати шахей танхо дар холати акли солим, хаёти боадабона ва боадолатона имконпазир аст. Хамзамон таъкид мешавад, ки мачрои зиндагй зимни акли солим, одоби наку ва адолат халовати шахсиро талаб мекунад.

    Эпикур чонибдори х;олати муътадили рухй («атараксия») мебошад. Завку халоват, озодй, фарзонагй, рухияи муътадил аз чумлаи


    76





    арзишхои асосии одоб пазирой мешаванд. Хамзамон таъкид ба он мешавад, ки одобу ахлок ва хамаи арзишхои ахлокй хислати фардй доранд.

    Зимни эътирофи хислати фардии одобу ахлоки инсони Эпикур мохияти озодии инсониро тахлил мекунад. Тибки андешаи у, озодии инсон хиспати фардй дошта, интихоби актонаи тарзи хаёти шахсиро талаб мекунад, яъне хар шахе озодона тарзи хаёташро худаш муайян мекунад. Вале инихоби озодонаи тарзи зиндагй хамзамон масъ- улияти шахсиро талаб мекунад. Дар натича робитаи байни озодии шахей ва масуъулияти шахей таъкид мешавад. Ин робита пеш аз хама дар он зохир мешавад, ки сохаи озодии фардй вокаен сохаи масъулиятшиносист.

    Аммо озодй ва масъулият, ба андешаи мавсуф, бо зарурат робита надоранд, яъне зарурати хатмй ба интихоби ин ё он тарзи зиндагй чой надорад, зеро ин амал озодона сурат мегирад. Ба кавли мутафаккир, «зарурат ба зиндагй тибки зарурат чой надорад». Зимни чунин андешаронй Эпикур ба хулоса меояд, ки «аз корхои хамаруза ва фаъолияти чамъиятй мебояд дурй чует».

    Хамин тарик. зимни пуштибонй аз интихоби озодй тарзи зиндагии шахей ва инкори мутобик намудани хаёти шахей ба зарурати чамъиятй Эпикур мукобили хама гуна ширкат дар хаёти чамъиятй баромад мекунад.

    Азбаски озодй ва халовати шахей хадафхои асосии назарияи Эпикур мебошанд, мацеади асосии давлат дар таъмини амнияти одамон эхсос мешавад. Зери мафхуми амнияти одамон пеш аз хама амнияти одамон дар равобити хамдигарии онхо фахмида мешавад. Ба андешаи мавсуф, дар рафти таъмини ин хадафи давлат одамон аз тарсу хароси хамдигар озод мешаванд, аз зарароварй ба хамдигар эмин мегарданд. Дар натича амнияти хамдигарии одамон гаъмин мешавад

    Дар масъалаи таъмини амнияти хамдигарии одамон низ таъси- ри андешахои ахлокии Эпикур эхсос мешавад. Чунончи, у ба хулоса меояд, ки х,аёти оромона ва дур шудан аз издщом заминаи таъмини амнияти вокей мебошанд. Хамзамон таъкид мешавад, ки дар холати робитаи васеи сиёсии одамон амнияти онхо бо истифода аз кувва таъмин мешавад.

    Эпикур, хамин тарик, ба хулоса мояд. ки амнияти байни одамонро давлат таъмин карда метавонад. Аз ин ру, давлат чун натичаи созиши байни одамон оид ба таъмини амнияти хамдигарй дарк мешавад. Хамзамон зимни андешахо оид ба табиат, ки заминаи назарияи сиёсиву хукукии Эпикуро ташкил медиханд, акидаи равобити байни табиат ва давлат пешкаш мешавад. Чунончи, таъкид мешавад, ки созиш дар хусусй фоидаи умум, яъне эминй аз зарароварии хамдигар тибки «адолати табий» имконпазир мегардад.


    77





    Чунин адолат, ба назари мутафаккир, аз табиат бармеояд. Хамзамон ба адолат низ маънии созиш дода мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки адолат дар асл «созиш аст дар хусусй нарасонидани за- рар ба хамдигар ва зарарбинй». Конун низ натичаи чунин созиши одамон эътироф мешавад.

    Тавре зикр гардид, Эпикур аз озодй ва масъулияти шахей, интихоби шахсии тарзи зиндагй пуштибонй мекунад. Зимни чунин андешаронй у ба хулоса меояд, ки тасаввуроти одамон оид ба адолат дар робита бо замон ва макони зисти одамон аз хам фарк мекунанд. Ин тасаввурот, ба андешаи мавсуф, хислати мукаррарй (фитрй) дорад. Тасаввуроти мукаррарии (фитрии) одамон оид ба адолат аз макон ва замони зисти одамон вобаста аст, яъне тасаввуроти муккаррарии одамон дар хусусй адолат аслан тасаввуротест зимни макон ва замони зисти одамон.

    Зимни ин хулоса Эпикур андеша пешкаш мекунад, ки фаъолияти одамон, амали хокимияти давлатй ва конунхо бояд мутобик ба тасаввуроти мукаррарии одамон оид ба адолат бошанд. Маънии адолат дар созиши одамон зохир мегардад, яъне одамон хангоми баста- ни созиш дар хусусй нарасонидани зарари хамдигарй маънии адола- тро низ дар робита бо макону замон муайян мекунанд.

    Дар натичаи тахлили адолат чун тасаввуроти мукаррарй Эпикур ба хулоса меояд, ки чунин адолати мукаррарй вокеан ХУКУКЙ фитрист. Хамзамон мазмуни хукукй фитрй тагйирёбанда аст, чунки аз макон, замон ва шароитхои зисти одамон вобаста аст. Мазмуни адолати фитриро талаботи робитаи хамдигарии одамон ташкил медихад, чунки дар назарияи Эпикур адолат чун созиши одамон бахри фоидаи умум, яъне худдорй аз зарароварй эхсос мешавад. Вале талаботи вокеии робитаи одамон бо пешрафти чомеа иваз мешаванд.

    Дар радифи пуштибонй аз алоку одобу баланди инсонй Эпикур чунин мешуморад, ки конунхо бахри химояи одамони хирадманд аз издихом кабул мешаванд. Зери мафхуми «одамони хирадманд» пеш аз хама одамони дорой сатхи баланди такомули ахлокй, одоби баланди инсонй дар назар дошта мешаванд.

    Хдмзамон одобу ахлоки баланд зимни озодй ва мухторияи ахлокии хар инсон имконпазир мегардад. Аз ин хотир, конун чун кафолати озодй ва мухторияти ахлокии хар шахе арзёбй мешавад.

    Хамин тарик, Эпикур зимни пуштибонй аз озодй ва мухторияти фардй нисбат ба издихом нобоварй зохир мекунад, иштироки инсонро дар хаёти чомеа маъкул намешуморад, шахеи хирадмандро (до- рои мухторияти ахлокии фардиро) ба издихом мукобил мегузорад. Ба ин нигох накарда, андешахои Эпикур дар хусусй озодиву мухторияти фардй ба инкишофи минбаъдаи афкори сиёсиву хукукй, пеш аз хама назарияхои фардпарастй такон мебахшанд.


    78



    3.11. Стоячиёни юнонй


    Поягузори равняй стоячиён Зенон (336 - 264 то с.м.) шинохта мешавад. У дар Афина, дар толори сутундори дорой деворхои накшин (Stoa poikile) мактаби хешро таъсис медихад. Ин мактаб аз номи ин толор номи стояро мегирад.

    Се давраи инкишофи стояро чудо мекунанд: кадим, миёна ва нав (римй). Намояндагони стояи щадима Зенон, Клеанф (331 - 232 то с.м.) ва Хрисипп (277 - 208 то с.м.), стоячиёни давраи миёна Па- нетий (185 - 110 то с.м.) ва Поседоний (135 - 51 то с.м.), ахли стояи нави римй Сенека (с. 3 - 65), Эпиктет (с. 50 - 130) ва Марк Аврелий (121 - 180) мебошанд.

    Масоили давлат, сиёсат, хукукро стоячиён дар робита бо ахлок;, ки яке аз бахшхои фалсафа буд, тахлил мекунанд. Мантщ ва физика аз чумлаи бахшхои дигари фалсафа эътироф мешаванд. Заминаи афкори сиёсиву хукукии стоячиёнро тасаввуроти онхо дар ху- суси олам ташкил медиханд. Чунончи, таъкид мешавад, ки олам, падидахои осмониву заминй зимни так,дир идора мешаванд. Хама чиз аз такдир вобаста карда мешавад (Хрисипп).

    Ин такдир чун муттахидии к,азовати илох;й ва идроки фитрй эхсос мешавад. Дар натичаи чунин дарки гакдири оламшумул хулоса пешкаш мешавад. ки такдир вокеан «конуни фитрй», ё «конуни умумй» мебошад, кк айни замон хислату мазмуни илохй дорад. Ба андешаи Зенон, ин конуни фитрии илохй ба корхои дуруст хидоят намуда, аз корхои нодуруст манъ мекунад.

    Алока ва робитаи байни табиати кайхонй ва табити инсонй таъкид мешавад. Табиати инсон чун чузъи табити кайхонй эътироф мешавад. Дар натича стоячиён ба хулоса меоянд, ки инсон бояд мутобики табиат зиндагй намояд. Зиндагии инсонй мутобики табиат аз инсон талаб мекунад, ки акли солимро пеша гирад, хаёти бовичдонаашро ба табиати кайхонй мувофик намояд.

    Ба назари стоячиён, зимни мутобикати табиати инсон ба табиати кайхонй байни одамон робитаи табий чой дорад, яъне одамон таби- тан ба хам майл доранд. Чунин робитаи табий байни одамон заминаи хамзистии онхо дар чомеа эътироф мешавад. Дар натича стоячиён ба хулос меоянд, ки давлат вокеан иттиходи табиист. Хамзамон табиати сунъй, созишй доштани давлат рад мешавад.

    Зимни дарки тартиботи заминй чун чузъи кайхон стоячиён ба хулосаи дигар меоянд. Ба назари онхо, аз чумла Зенон ва Хрисипп, хамаи одамон тибки конуни кайхонй ва табиати хеш шахрвандони давлати ягонаи 40
    x,0т мебошанд. Билохира инсон ба хайси шахрвандй олам эълон мешавад. Ин андешахои космополитии (кайхоншиносии)


    79





    стоячиёни юнонй минбаъд аз чониби стоячиёни римй истифода мешаванд.

    Стоячиён аз Афлотун пайравй намуда, мукобили оила ва никох баромад намуда, аз умумияти занон пуштибонй мекунанд. Хамчунин сохтори дигари фарханги инсонй, аз кабили суд, ибодатгох, мак- таб, савдо, пул ва диг. мавриди танкиди стоячиён карор мегиранд. Хамзамон гуломй чун падидаи чомеа рад мешавад.

    Стоячиён, тавре зикр гардид, чонибдори иттиходи умумии одамон мебошанд, ки аз конуни кайхонй бармеояд. Аз ин хотир, гуломй, ки берун аз иттиходи шахрвандии хамаи одамон, шахрвандони олам карор дорад, инкор карда мешавад. Хамчунин андешаи дигар пешкаш мешавад, ки шахеи окилу накуахлок озод буда. инсони бехирад дар вазъи гуломй карор дорад.

    Стоячиён чонибдори риояи мукаррарот ва конунхои давлат буданд, чунки сохтори давлат ва конунро, ба назари онхо, мутобик ба Конуни табиии олам мебошанд.

    Стоячиён чунин мепиндоранд, ки хар инсон карзи хешро адо мекунад ва он дар ичрои х,атмии вазифах,о эхсос мешавад. Яъне инсон дар рафти зиндагй хамеша вазифахояшро ичро мекунад. Аз ин ру, хама гуна кирдори зиддиконунии инсон махкум мегардад. Як гурух стоячиён тарафдори баробарии чунин кирдорхо, стоячиёни дигар бошанд, пуштибони муносибати фардй ба хар як кирдор буданд.

    Андешахои кайхонгарои (космополитии) стоячиёни юнонй минбаъд, аз чумла хангоми исботи боэътимодии назарияхои муосири давлати чахонй васеъ истифода мешаванд.

    3.12. Полибий

    Полибий (210 - 128 то с.м.) - чонибдори мустакилияти полисхои афинй, муаллифи асари машхури «Таърих дар чип китоб» мебошад. У кушиши тахлили таърихи умумичауониро ба харч дода, ба чои фахмиши даврагии таърих андешаи инкишоф, пешрафти таърихи- ро пешкаш мекунад. Вале мавсуф пурра аз фахмиши даврагии таърих озод шуда наметвонад, чунки ивазшавии шаклхои давлатро дар робита бо ин тасаввурот тахлил мекунад. Хамзамон зери таъсири мафкураи стоячиён карор гирифта, инкишофи таърихиро бо такдир чун конуни олам алокаманд мекунад.

    Пайдоиши давлат ва ивазшавии шаклхои давлатдорй чун раванди таърихй дар иртибот бо «конуни табиат» тахлил мешаванд. Дар мачмуъ шаш шакли давлат тибки раванди пайдоишу инкишофашон чудо карда мешаванд: шохигарй, истибдод (тирания), аристократия, олигархия, демократия, охлократия.



    Тибки андешаи Полибий, хокимияти шохй дар рафти инкишофи габий чои хокимияти пешвои мутлакро мегирад ва дар натича «хукмравоии хирад бо шучоату кувва иваз мешавад». Аммо одамон ба шох зимни на танхо таре, балки аклу ризоят мутеъ мешаванд.

    Бо мурури замон шохон ба фасод майл намуда, фориг аз гами одамон мешаванд. Фасод бошад, ба хасад, бадбинй, норозигй ва да- лерии тобеин оварда мерасонад. Дар нагича шохигарй бо давлати мустабид (тирания) иваз мешавад ва он огози заволи давлатдорй мегардад.

    Зимни афзоиши норозигй аз худсарии шохи мустабид одамони олихиммату далер бо истифода аз мадади халк хокимияти шохи зо- лимро сарнагун намуда, ба аристократия замина мегузоранд Дар он акалият, вале одамони боадолату хирадманд зимни мадади халк хукмронй мекунанд. Хокимон аввал манфиати умумро ба инобат мегиранд, вале дар натичаи мероей гаштани хокимият ба сари давлат одамоне меоянд, ки «аз талаботи баробарии чамъиятй ва озодй» бархурдор нестанд.

    Дар натичаи поймол гаштани баробариву озодии умум аристократия бо олигархия (хокимияти сарватмандон) иваз мешавад ва дар он суиистифода аз хокимият, тамаъкорй, беконунй, молпарастй, майнушй, баднафей хукмрон мешаванд. Хамаи ин боиси норозигй ва исёни халк мегардад.

    Халк ба муборизаи зидди сарватмандон (олигарххо) бархоста як кисми онхоро нобуд, кисми дигарро аз давлат меронад ва демо- кратияро таъсис медихад. Гамхорй дар хакки давлат ба ихтиёри халк мегузарад. Дар демократия хамаи корхо тибки карорхои акса- ри ахолй хал мешаванд, конунхо риоя мешаванд, эхтироми худохо, волидайн ва калонсолон ба чо гузошта мешавад.

    Вале бо мурури замон халк аз ин арзишхо дуртар шуда, шахеи шухратпарастро (авомфиребро) ба сари хокимият меорад ва худаш- ро аз идораи давлат канор мегирад. Дар натича демократия бо охлократия иваз мешавад. Охлократия ба зуроварй ва беконунй такя намуда, чун шакли бадтарин ва охирини раванди даврагии давлатдорй эътироф мешавад.

    Инкишофи табий ва даврагии давлатдорй чунин тасавир мешавад, ки давраи охири давлатдорй давраи авваларо такрор мекунад. Ба андешаи Полибий, инкишофи даврагии давлатдорй тибки конуни табий сурат мегирад, «шаклхои давлат бо хам иваз мешаванд ва ба хам бармегарданд». Ба чунин раванди силсилавии давлатдорй хислати табий дода мешавад, яъне он табитан чой дошта, ногузир аст.

    Иллати асосии ивазшавй ва табдили давлапцоро Полибий дар он мебинад, ки хар як шакли давлат ба мабдаи хеш асос ёфта, ин маб- даъ бо мурури замон бо мабдаи мукобил иваз мешавад. Азбаски хар


    81





    як шакли давлат мабдаи ивазшаванда ва аз ин хотир, камбудй дорад, бахри чустучуи шакли бехтарини давлат андешаи давлати омех- та пешкаш мешавад. Шакли омехтаи давлат дар натичаи истифодаи якчояи пахлухои мусбии хокимияти шохй, аристократия ва демократия таъмин мешавад. Мавсуф боварй дорад, ки чунин тарзи интихоби шакли давлатдорй заминаи устувории давлат буда, пеши рохи заволи давлатро мегирад.

    Бино ба маълумоти Полибий, аввалин шуда акидаи шакли омехтаи давлатро конунгузор Лакедемон Ликург дарк ва амалй намудааст. Номбурда пахлухои мусбии хокимияти шохй, хокимияти халк ва хокимияти кухансолонро муттахид намуда, мувозинати онхоро таъмин мекунад.

    Андешаи шакли омехтаи давлатро Полибий дар робита бо давлати римй, ки ба таксими се хокимият - хокимияти консуях,о, сенат ва халк, асос ёфта буд, баррасй мекунад,. Ин се хокимият ифодаи се мабдаъ мебошанд: шохй, аристократа ва демократй. Х,амзамон таъкид мешавад, ки байни ин се хокимият мувозинати муайян чой дорад, ки имкони бартарии яке аз онхоро сарфи назар мекунад. Дар натича устуворй ва пойдории давлат таъмин мешаванд.

    Полибий хамзамон кайд мекунад. ки устувории давлати римй танхо бо мувозинати се хокимият таъмин намешавад. У «худотар- сии римихоро» аз чумлаи омили мухими устувории давлат мешу- морад. Ба кавли у, «худотарсии римихо заминаи давлатро ташкил медихад». Иллати чунин холатро мавсуф дар он эхсос мекунад, ки издихом ба худотарсй эхтиёч дорад. Ба андешаи мутафаккир, агар давлат пурра аз хирадмандон иборат мебуд, пас зарурат ба омили динй дарк намешуд, аммо модоме, ки давлатдорй бо издихом сару кор дорад, пас худотарсй василаи асосии идораи издихом мегардад. Таъкид мешавад, ки «хукмравонони кадим байни издихом тасаввуроти худоиро пахн менамуданд, вале наели имруза зимни сарфи назар намудани ин тасаввурот бидуни мулохиза ва хирад амал мекунад».

    Дар назарияи Поибий к,онущо ва одат.\о пояи мухими давлат эълон мешаванд. Аммо мавсуф чонибдори одатхо ва конунхои хуб аст, ки «ба хаёти хусусии одамон накуахлок# ва муътадилиро ворид мекунанд», адолатро дар давлат таъмин мекунанд. Дар натича таносуби байни одатхо ва к,онунхои хуб, ахлоци хуби одамон ва сохти дурусти давлатдорй эътироф мешавад.

    Андешахои Полибий дар хусусй раванди табий доштани таърихи умумичахонй, ивазшавии шаклхои давлат, шакли омехтаи давлат ба инкишофи пасинаи афкори сиёсиву хукукй таъсири хешро мерасо- нанд. Аз чумла, мухаккикон хулоса пешкаш мекунанд, ки андешахои Полибий дар хусусй мувозинати хокимиятхо дар шакли омехтаи давлат заминаи назарияи тачзияи хокимиятхо мебошанд.


    82


    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   58


    написать администратору сайта