Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница18 из 58
1   ...   14   15   16   17   18   19   20   21   ...   58

5.14. Абунасри Форобй


Абунаср ибни Мухаммад ал-Форобй (870 - 950) файласуфи машхур, муфассири Арасту, мухаккики масоили Худованд ва олам, мухаккики масоили динии хастй дар робита бо акоиди Арасту ва афлоту- ниёни нав, бунёдгузори фалсафаи сиёсии чахонй Ислом, яке аз асос- гузорони назарияи идораи давлатй дар робита бо «мадинаи фози- ла» мебошад.

Теъдоди асархои Форобй аз 80 то 130 номгуйро, тибки маълумоти дигар, 160 номгуйро ташкил медихад. Асархои у ба масоили мухталиф бахшида шудаанд, аз чумла ба фалсафа, маърифат, таснифи илмхо, риёзй, нучум, мусикй, физика, кимиё, гиб, оптика, биология, назм, хаёти чамъиятиву сиёсй, сохти ичтимой, сиёсат, давлатдорй, хукук. ахлок, тарбия ва г.

Дар асараш «Китоб дар баёнияи тасниф ва муайянияти илмхо» («Китоб фи эхсо-ул-улум ва ат-таъриф», ё «Эхсо-ул-улум») Форобй таснифи зайли илм^оро мегузаронад: 1. Илмхои забон (иборат аз хафт фасл); 2. Мантик, (илм рочеъ ба конунхо ва коидахои тафак- кур); 3. Риёзй (арифметика, геометрия, оптика, илми ситорахо, илми мусикй, илми вазнхо, механика): 4. Илмхои ило^й ва табий. 5. Илщои марбут ба мадоин («ипм ал-мадания»), х,уцук,шииосй ва калом. «Илм ал-мадания» илмест рочеъ ба идораи шахр-давлат, ё илми сиёсй (шахрвандй). Ин илмхо масоили ахлок, тарбия ва идораи давлатро меомузанд.

Форобй якчоя бо масъалахои гуногунсоха хамчунин масоили чомеа, давлат ва хукукро, пайдоишу сохти иттиходхои чамъиятй, хусусиятхои шахр-давлат ва идораи он, мавкеи инсон дар чомеа, ахлоку тарбияи инсон, хадафи нихоии иттиходи сиёсии одамон ва роххои муваффак гаштан ба хушбахтиро тахкик мекунад. Ин масъалахо дар асархои олим «Ас-сиёсат ал-мадания», «Орои ахл кл-мадинат ил-фозила» «Фусул-ал-маданй», «Тахсис-ус-саодата» ва диг. тахлил мешаванд.

Вазифа^ои илм ал-мадапияро (илми ё фалсафаи шахрвандиро) Форобй ба таври зайл муайян мекунад: омузиши навъхои амали бо- шуурона ва тарзхои хаёт, инчунин заминахои онхо - одатхо, ахлок, майли табий; дарки хадафхое, ки бинобар онхо амали аклона анчом меёбад; шаклхои анчомёбии амалхои инсонй; усулхои идораи амалхои инсонй.

Фазилат, хайр> некй, покдоманй аз чумлаи амалхое пазирой мешаванд, ки тавассути онхо ба саодат муваффак шудан мумкин аст. Бадй ва номукаммалй хамчун акси ин амалхои муфид тавсиф мешаванд. Амалхои нек. ба андешаи мутафаккир, дар шахр-давлатхои муайян зимни амалхои хамагонй имконпазиранд. Дар таъмини амалхои


150





хайр давлат низ сахми мухим дошта метавонад. Барои муваффак гуштан ба ин хадаф, пеш аз хама барои ташкилу назорати амалхои хайр сарвари давлат бояд истеъдоди идораи сиёсиро дошта бошад, аз санъати идораи давлат бархурдор бошад.

Дар ин замина ду навъи идора чудо карда мешаванд: 1) идораи фозила, ки хадафаш муваффак гаштан ба саодат зимни таъмини тарзи хаёт, амал, меъёрхои ахлокй мебошад; давлатхое, ки чунин низоми идора доранд, некхох буда, шахрхо ва халкхое, ки зимни ин тарз идора мешаванд, хайрхоханд; 2) идораи цох,ила, ки дар давлати чохила истифода шуда, дар он тарзи хаёт, амал, ахлок ба саодат намеорад; шахру халкхое, ки дар ин тарзи идора сукунат доранд, чохиланд.

Форобй муътакид аст, ки идораи фозила ба санъати идораи давлат асос меёбад. Санъати идора аз ду кием иборат аст: донишхои назариявй рочеъ ба конунхои идора ва амали идораи давлат. Аз ин ру, ба санъати идора зимни тачриба, малака, мушохида муваффак шудан мумкин аст. Дониши идора ва тачрибаи идора имкон медиханд усулхои алохидаи идора дар холатхои мушаххас истифода шаванд.

Форобй мутмаин аст, ки саодат хадафи нихоии oauiap
аст. Саодат зимни амалхои хайр ва сифатхои хуби инсонй ба даст меояд. Барои расидан ба ин хадаф омузиши усулхо ва тарзхои таъмини саодат, аз байн бурдани амалхо ва сифатхои шахсии номатлуб ва мамониатхои дигар зарур аст. Тахлили ин кабил масъалахо вазифаи мухими «илм ал-мадания» эълон мешавад.

Бо ин максад Форобй хусусиятхои фарккунандаи мадинаи фозила ва мадинаи чохиларо, инчунин тафовути низоми идораро дар онхо муайян мекунад.

Дар назарияи Форобй давлатшиноей, ахлок, ва тарбия санъати идораро ташкил медиханд. Хддафи умумии ин унсурхои чузъии санъати идора як аст - муваффак гаштан ба саодат. Вале хар яке аз онхо тарзхои гуногуни таъмини саодатро баррасй мекунанд.

Хамзамон гами «ал-маданияро» Форобй ба ду бахш чудо мекунад. Дар бахши якум мохияти саодат, тафовути саодати вокей ва са- одати зохирй, тарзхои амалу рафтор ва ахлоки шахру халкхои гуногун, мадинаи фозила ва мадинаи чохила омухта мешаванд. Дар бахши дуввум амалхову сифатхои нек ва роххои пойдории онхо мавриди омузиш карор мегиранд. Бахши аввалро Форобй санъати ахлок;й ва бахши дуввумро фалсафаи сиёсй меномад.

Тибки назарияи Форобй, ахлок, масоили марбут ба ахлоки инсонй, меъёрхои ахлокиро дар равобити инсонй тахлил мекунад, фалсафаи сиёсй бошад, ба асосхои бунёдй ва меъёрхои ташкилу фаъолияти давлатхо, тарзхои идораи одамон, расидан ба саодат бахшида мешавад. Давлат коидахои муайяни рафтор ва меъёрхои ахлокиро


151





мукаррар намуда, воситаи мухимест, ки одамонро муташаккилона ба муваффак гаштан ба саодат сафарбар мекунад.

Зимни тахлили пайдоиш ва ташкили чомеаи инсонй Форобй як катор назарияхоро мавриди танкид мегирад. Дар яке аз чунин назарияхо чомеаи инсонй ба олами хайвонот шабохат дода мешавад, ки дар он хисси бадбинй, муборизаи доимй хукмфармо буда, ягон низому тартиб чой надорад. Ба кавли Форобй, чонибдорони ин назария меъёрхои олами хайвонотро ба чомеаи инсонй пахн намуда, ба хулоса меоянд, ки «шахрхо бояд бо хам муковимат намоянд», хамеша бо хам «душманй кунавд», хар инсон бояд «аз неъматхои мутааллик ба худаш истифода барад, бо одамони дигар тибки хадафхои муфид мубориза барад, инсони хушбахт бошад, хамон касест, ки бар болои душманонаш зафар ёфтааст».

Форобй, ки чонибдори майли табиии одамон ба иттиходи якчояи инсонй аст, он назарияхоеро рад мекунад, ки хама гуна равобити табий ва дигарро байни одамон инкор намуда, ахамияти иттиходи одамонро эхсос намекунанд. Ин зайл нуктаи назаррро у хайвонй мешуморад.

Форобй назарияхои чонибдори иттиходи инсониро маъкул шуморида, хамзамон бо ин назарияхо дар атрофи мабдаи иттиходи одамон бахс мекунад. У аз чумла мукобили андешахост, ки заминахои ирсиву авлодии иттиходи одамонро мепазиранд.

Мавсуф хамчунин назарияи зуровариро рад мекунад, аз чумла мукобили он андешахост, ки иттиходи ичбории одамонро зимни хокимияту тобеият химоя мекунанд.

Форобй муътакид аст, ки хар инсон аз руи табиаташ эхтиёч ба «иттиходи одамон» дорад. Хадаф аз ин иттиходи инсонй таъмини хастии инсонй ва расидан ба камолоти олист. Ин иттиходи инсонй зимни равобити одамон ташаккул меёбад. Ин равобити инсонй ба он асос меёбад, ки хар як инсон ба и пиход хиссаи хешро меоварад. Дар натича «иттиходи одамон хамёр» ташаккул меёбад, ки дар он хар кас хиссаи каси дигарро таъмин мекунад. Иттиходи инсонй, ки ба равобити хамдигарии одамон асос меёбад, хислати хамагониро зимни кумаки хамдигарй касб мекунад. Фаъолияти «хамаи аъзоё- ии чунин иттиход дар мачмуъ ба хар яке аз онхо хамаи он чизе- ро фарохам меорад, ки ба он бахри зист ва камолот эхтиёч дорад».

Хамин тарик, Форобй иттиходи инсониро шакли асосй ва яго- наи фшзистии одамон мешуморад. Ин иттиходи инсонй зимни майли табиии одамон ташаккул меёбад. Асоси бунёдии иттиходи инсо- яиро равобити хамдигарии аъзоёнаш ташкил медихад. Ин равобити инсонй таъмини талаботи хар аъзои иттиходро аз хисоби хиссаи аъзои дигар талиб мекунад. Дар рафти чунин равобит байни одамон эхсоси кумак ва ерии хамдигарй, ахамият ва зарурати иттиходи


152





равобитии одамон ривоч меёбад. Хадафи хамзистии одамон дар иттиходи инсонй пеш аз хама таъмини зисти одамон ва сипас ка- молоти инсонист.

Иттиходи инсонй ба назари Форобй мумкин аст дар худуди сайёра, халк,х,о ва шахри илохида ташаккул ёбад. Аз ин ру, чомеаро Форобй ба кабир, миёнй ва сагир чудо мекунад. Чомеаи кабир иттиходи хамаи одамон, хамаи халкдост, ки дар Замин сукунат доранд. Чомеаи миёнй иттиходи одамонест, ки халк ё халкияти алохидаро ташкил медиханд. Чомеаи сагир дар худуди шахр (мадина) карор дорад.

Хамин тарик, мафхумхои чомеаи умумиинсонй, халк, шахр (мадина) чудо карда мешаванд. Чомеаи инсонй ба маънои умумй кулли инсониятро фаро мегирад. Аммо, бинобар чой доштани хусусиятхои гафовутии халкхои чудогона, иттиходи одамони мансуб ба халкияти муайян иттиходи алохидаи одамонро ташкил медихад. Иттиходи хурдтар дар худуди шахр ташкил мешавад. Хамзамон дехот, махалла, куча шаклхои нопурраи иттиходи одамон шуморида мешаванд.

Форобй зимни чунин тафовути шаклхои иттиходи инсонй хусусиятхои фарк,кунандаи халкро муайян мекунад. Ба назари у, як халк аз халки дигар «бо се хислати табий фарк мекунад: урфу одатй табий, феъли табий ва ... забон». Ин хислатхои габий, ки хоси хар халк мебошанд, зимни зисти халк дар мухити муайяни чугрофй, истифода аз об, хаво, растанихо ва чизхои дигари табий ташаккул меёбанд.

Таснифи анчомдодаи Форобй ва аз хам фарк намудани чомеаи умумиинсонй, халк ва шахр (мадина) барои дарки давлат ахамияти мухим дорад. Минчумла, мадина (шахр-давлат) хамчун навъи иттиходи сиёсй (давлатй) тавсиф мегардад.

Форобй ду намуди мадинаро чудо мекунад: 1) мадинаи фозила («ал-мадина ал-фазила»); 2) мадинаи цох,ила («ал-мадина ал-чохилия»).

Хамзамон хислати фозиларо дар назарияи Форобй мадина (шах,р), чомеа, халк;, мадоин, хамаи ха,щ%о (кулли замин) дошта метавонад. Ба акидаи у, дар мадинаи фозила «иттиходи одамон хадафи кумаки хамдигарро дар корхое дорад, ки зимни онхо саодати вокей муваффак мегардад». Чрмеае, ки «дар он одамон бахри ноил гаштан ба саодат ба хамдигар кумак мекунанд, чомеаи фозила мебошад». Халк, хамаи мадоин. «ки бахри саодат ба хамдигар кумак мекунанд, фозила аст». Хамин тавр, «кулли замин фозила мегардад, агар халкхо бахри саодат ба хамдигар кумак намоянд».

Мадинаи фозиларо Форобй ба бадани солими инсонй шабохат дода, алокаву равобити байни узвхои бадани инсониро мисли воба- стагии байни хамаи аъзоёни мадина тавсиф мекунад. Ба назари у, хамаи аъзоёни мадина, агарчанде вазъи мухталиф доранд, бо хам во- бастаанд. Хамзамон таъкид мешавад, ки аъзоёни мадина зимни ир- даашон амал намуда, мисли узвхои бадан табий нестанд.


153



Сарвари (раиси) мадинаи фозила шахеи накукору сохибэхтиром буда, хадафи асосиаш ноил гаштан ба саодати хамаи аъзоёни мадина аст. Сарвари мадинаи фозила бояд Имом бошад. Имоми мадинаи фозила хам рахбари чамоати мусулмонон ва хам хоким аст.

Дар мадинаи фозила танхо некй ва адолат хукмфармо буда, беадолатй ва бадй чой надоранд. Форобй сифатхои зарури сарвари мадинаи фозиларо муайян мекунад; 1) доштани узвхои мукаммали фаъолият; 2) кобилияти дарки амнки иттилоот; 3) фаромушхотир набу- дан; 4) кобилияти баланди зехнй; 5) нутки возеху оммафахм; 6) завк ба маърифат; 7) каноатпешагй дар истеъмоли хурок ва амалхои дигар; 8) майл ба роста ва пархез аз дуруг; 9) покии вичдон; 10) хазар намудан аз симу зар; 11) адолатпешагй нисбат ба хама; 12) часорату далерй, худдорй аз тарсу харос.

Дар робита бо мадинаи фозила Форобй ба табак,абандии цомеа таваччух зохир намуда, гуруххои зерини ахолиро чудо мекунад: а) хокимон, олимон, обрумандон, ки корхои мухимро анчом медиханд;

б) нотикони сухан (шоирон, котибон, ромишгарон ва диг.); в) муктадирон (мухандисон, пизишкон, муначчимон, мухосибон); г) мучохндон (ахли сипох ва мухофиз); д) сарватмандон (заминдорон, точирон ва диг.).

Бояд гуфт, ки таваччухи Форобй ба ин масъалаи зикршуда беса- баб набуд. Дар назарияи у сохти ицтимоии цомеа яке аз масъалахои мухими тахлилй мебошад. Дар раванди тахлили таркиби ичтимоии ахолй мутафаккир кушиши муайян намудани сохти ичтимоии мадинаи фозиларо низ ба харч медихад.

Бояд гуфт, ки тахлили таркиби ичтимоии ахолй дар робита бо хадафхои асосии фалсафаи сиёсии мавсуф сурат мегирад. У, маса- лан, муътакид ба он аст, ки инсон ба туфайли акду фитраташ аз олами хайвонот фарк мекунад, вале ин сифатхои инсонй бинобар табий буданашон кодир нетанд ба пуррагй камолоти инсонро таъмин намоянд. Аз ин ру, инсон ниёз ба ну/щ ва касбу х,анарх,о дорад. Х,амзамон файласуф муътакид аст, ки нутк ва касбу хунархо (санъат) танхо зимни равобити байни одамон дар иттиходи инсонй имкон- пазиранд. Хдмчунин накши баланди омилхои маънавии муваффак гаштан ба саодат, пеш аз хама ахлок таъкид мешавад.

Форобй зимни тахлили намудхои гуногуни касбу х,унар ба кишо- варзй, чорводорй, мохидорй, бофандагй, санъати мусикй, санъати хукукшиносй, тиб, суханварй, хаттотй ва г. таваччух зохир мекунад.

Сохти ицтимоии мадинаи фозиларо низ Форобй дар робита бо таркиби ахолии замонаш муайян мекунад. У аз чумла табакахои ахолиро аз руи вазъу кобилият чудо намуда, ба гуруххои зайл ишора мекунад: сарвари мадина ва наздиконаш (зинаи аввал); одамони дигар, ки дар робита бо хадафхои гурухи аввал фаъолият доранд


154





(зинаи дуввум); сипас одамони дигар, ки дар робита бо хадафхои гуруххои зикршуда амал мекунанд; одамоне, ки хизмат мекунанд (зинаи поёнй). Форобй хамчунин дар хусусй кишоварзон, чорводо- рон, хунармандон, рухониён, одамони машгул ба мехнатн чисмонй ва маънавй сухан меронад.

Форобй дар робита бо тахлили таркиби ичтимоии ахолй гуломиро инкор мекунад, пеш аз хама ба хотири ин ки гуломй кадру кимати инсонро аз байн мебарад. У чомеаеро, ки бо максади забти худуди бегона ва гулом гардонидани ахолии бегона чангу горатро пеш мебарад, беадолат ва чохила меномад.

Мадинаи чохила ба пешбурди зулм дар идора асос меёбад. Дар мадинаи чохила саодати хакикй дарк намешавад, барои он ягон кушиш ба харч дода намешавад, танхо парастиши бадан, боигарй, нафсоният мароми одамонро ташкил медиханд.

Форобй намудхои гуногуни мадинаи чо^ичаро чудо мекунад; ма- динае, ки дар он танхо бо конеъ гардонидани талаботи моддиву табий (гизо, либос, манзил ва м.и.) конеъ мешаванду халос; мадинаи фиреб, ки хадафи асосиаш серию пурй ва сарват аст; мадинаи «раз- иливу бадбахтй», ки дар он танхо халовати шахвонй карор дорад; мадинаи шухратпараст, ки танхо майл ба шухрат, такаббур дорад; мадинаи хукмпараст, ки майл ба тобеъгардонии дигарон дорад; мадинаи uuvfeanmapacin
(шахвонй), ки сокинонаш ягон хокимиятро ба худ раво намебинанд ва бесурусомонй хукмфармост; мадинаи но- пойдор (тагйирёбанда), ки дар он акоиду амалхои мадинаи фозила зохир шуда, вале бинобар ноустувориашон ба пахншавии тасавву- роту акоиди чохила шароит фарохам овардаанд; мадинаи берохшуда, ки сокинонаш тасаввуроти галат оид ба камолоту саодат доранд.

Форобй ба вазифахои давлат низ таваччух зохир намуда, хамзамон ин масъаларо дар робита бо таснифи мадинаи фозила ва мадинаи чохила тахкик мекунад. Тибки назарияи у, мадинаи фозила вазифахои зайлро ба ухда дорад: таъмини адолат; баланд намудани сатхи маърифатнокии ахолй; таълими илмхо, тарбияи ахлокиву зехнии ахолй; таргиби одобу андарзи наку: майл ба саодат ва кумак ба мадоини хорич дар ин бахш; химояи сокинони мадинаи фозила аз хамлаи душманони хорич; равобити судманд бо кишвархои хорич зимни эхтироми одэмон; хамзистии одамон дар холати сулху хаёти осоишта; татбики адолати судй ва чазо нисбат ба онхое, ки ба мукобили мадинаи фозила чанг эълон намуда, амволй сокино- нашро горат намудаанд.

Ба назари файласуф, вазифаи асосии давлат камолоти маънавии шахе бахри саодат буда, хамаи вазифахои дигари иктисодиву сиёсй бояд тобеи ин вазифаи асосй бошанд. Ба акидаи у, давлате, ки бо





вазифахои танхо иктисодй махдуд гашта, сиёсатро хадафи асосии худ карор медихад, давлати чохила аст.

Форобй вазифахои мадинси цощчаро низ муайян мекунад. Пеш бардани чангхо бо мадоини дигар, хамла ба кишвархо, горат намудани амволй онхо, асир намудани ахолй аз зумраи вазифахои мадинаи чохила тавсиф мешаванд.

Зимни шархи вазифахои мадинаи фозила ва мадинаи чохила Форобй ба масъалаи чанг таваччух, зохир намуда, цангу,ои боадолат ва чанг^ои беадолатро чудо мекунад. Чангхои боадолат бахри хадафхои нек, пеш аз хама мудофиаи мадина, химояи ахолии он аз хамлаву горати тачовузкорон, истифодаи адолати суда ва чазо нисбат ба тачовузкорону горатгарони беруна мебошанд. Ч,ангхое, ки хадафхои гараз дошта, хаёти осоиштаи мадинаи фозиларо зери ха- тар мегузоранд, цангхои беадолат эътироф мешаванд.

Хамзамон намудхои алохидаи цангхои беадолат тавзех мешаванд: якум, чангхое, ки бо максади мутеъ намудани халкхои дигар, водор намудани онхо ба тобеияти ичборй, ба сари мардуми бегона бор кардани амру фармонхо бурда мешаванд; дуввум, чангхое, ки танхо бо максади таъмини нуфузи хеш бар дигарон бурда мешаванд; саввум, чангхо ва куштори одамон, ки танхо барои фуру ни- шонидани газаб ва ё халовати галаба сурат мегиранд. _

Форобй мукобили хама гуна чанги беадолат аст. У таъкид мекунад, ки куштор хислати «олами хайвонот аст ва хар касе, ки онро пеш мебарад, башариятро тахкир мекунад». Тавре файласуф кайд мекунад, дар муносибатхои байни одамон «мабдаи робита одами- ят аст ва одамонро, азбаски банибашаранд, зарур аст, ки байни худ сулхро таквият даханд».

Дар таълимоти Форобй ба шакли давлат низ таваччух зохир мешавад. Шакли давлат дар робита бо хадафи волои мадинаи фозила

  • саодати инсонй тахлил мешавад. У ба хокими мадинаи фозила, тавре зикр гарид, талаботи муайяни сифатиро пешкаш намуда, хамзамон таъкид мекунад, ки агар як шахе дорой хамаи ин фазилатхои инсонй бошад, пас у сарварии мадинаи фозиларо ба чо меорад.

Вале Форобй муътакид аст, ки чунин шахеи фозил дар байни одамон кам вомехурад. Аз ин ру, хокимиятдории гурухи шахсони фозилро низ чонибдорй мекунад. Дар ин холат хар яке аз хокимон бояд дорой сифатхои чудогонаи фозила бошанд. Дар ин замина у Хукмравоии як шахе, ё хукмронии ду ва зиёда ашхосро раво мешуморад.

Новобаста аз таснифи шаклхои мухталифи имконпазири идораи мадинаи фозила, Форобй муътакид аст, ки дар хама холатхо (идораи як шахе ё гурухи шахсон) агар хоким, дар холи доштани сифатхои дигари фозила, хирадманд набошад, пас «мадинаи фози-


156





ла бе давлат мемонад ва раис, ки мадинаро идора мекунад, хоким намешавад, худи мадина бошад, ру ба нести меорад».

Форобй дар байни хама намудхои имконпазири мадинаи чохила махз мадинаи ша.ушпишрастро, ки дар он баробариву озодй хукмраво буда, хокимияту тобеият чой надорад, наздик ба мадинаи фозила мешуморад. Мадинаи мазкур дар таносуб бо мадоини дигар серахолй буда, ба он одамони гуногун аз гушаву канорхои мухталиф ташриф меоранд ва сукунат мекунанд, ки боиси байни ахолй пахн гаштани сифатхои хам фозила ва хам гайрифозила мегардад. Дар ин замина Форобй тахмин мекунад, ки «бо гузашта айём дар он мумхин аст одамони сазовор ба воя расанд» ва «унсурхои мадинаи фозила ташаккул ёбанд».

Дар назарияи Форобй хамчунин ду шакли давлат дар робита бо сапи;и пешрафти фархангй чудо карда мешаванд: 1) мадинае, ки дар он ахлок коста гардида, байни одамон нобовариву душманй хукмравост, якцилй ва хамраъйй чой надорад; 2) мадинаи фархангй (ё мадинае, ки фарханги воло дорад).

Дар мадина ва чомеаи фархангй, ки сатхи баланди инкишоф доранд. имкони интихоби озодй касб чой дорад, озодиву баробарии со- кинон таъминанд, ахлоки воло ва одатхои наку хукмронанд, хоким интихоб шуда, хокимияти мутлак надорад. Хокими мадинаи фархангй сифатхои волои ахлокй дорад, кодир аст ахолиро аз хамлаи хорич химоя намояд, озодии одамонро таъмин кунад.

Хамин тарик. Форобй шаклхои гуногуни мадинаро дар робита бо махакхои мухталиф, аз кабили сатхи пешрафти фархангй, сатхи хираднокй, хадафхои асосй. майл ба саодат, шумораи хокимони фо- зил чудо мекунад. Дар ин замина шаклхои зерини мадина таснифу тахлил мешаванд:

а) мадинаи фозила ва мадинаи чохила;

б) намудхои гуногуни мадинаи чохила (разил, шухратпараст, берохшуда ва диг.);

в) мадинаи фархангй;

г) мадинаи хирадманд;

д) хукуматдории як хокими фозил ва хукуматдории гурухи хокимони фозил.

Бояд зикр намуд, ки акидахои Форобй дар хусусй хокими фозил, ранси олихиммату хирадманди дорой хама сифатхои во'лои шахей, баробариву озодии комили одамон, мадинаи фархангй дар робита бо вокияти давлативу сиёсии замони зиндагии файласуф хислати ормонй доранд. Айни замон чунин андешахо шакли пешгуии равандхои пешрафти хаёти сиёсиву давлатй мебошанд, дар робита бо муайян намудани роххои инкишофи давлатдорй иброз гаштаанд. Дар робита бо чунин тарзи тахлили илмй имкони таъмини бароба-


157





риву озодии мардум, интихоби хокими давлат, тарбияи маънавии ахолй ва г. пешбинй мешавад, ки аз ахамият холй нест.

Набояд форомуш кард, ки пешгуии инкишофи тамоилу равандхои инкишофи чомеа ва давлат яке аз вазифахои мухими илми муосир, аз чумла назарияи далват ва хукук мебошад. Ин вазифаашро илми чахонй (фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносй, назарияи давлат ва хукук ва диг.) дар хама давру замон ичро карда омадааст. Дар хаёти имрузаи мо низ назарияи давлат ва хукук, ба мисли илмхои дигар, роххои бунёдй давлатдории хукукиро дар Точикистон, самтхои инкишофи давлатдории чахониро дар робита бо дигаргунихои куллии хаёти муосир, алалхусус вусъати чахонишавй, бархурди тамаддунхо ва г. пешгуй мекунад. Ё, масалан, илми иктисодй бинобар cap задании бухрони чахонии молиявию икгисодй давомияти ин бухронро, окибатхои имконпазири онро пепиуй мекунад. Чунин мисолхо дар хусусй пешгуии илмй бисёранд.

Мухимаш ин аст, ки хама гуна пешгуй бояд илмй бошад, ба асосхои боэътимод, далелхои вокей, асосонок, оморй, сотсиологй такя намояд, вагарна пешгуй ба натичаи манфй месрад, чунки дар хама холатхои пешгуй хулосахои пешкашшуда дар хусусй ин ё он самтхои инкишофи минбаъда дар сиёсат ва давлатдорй метавонанд бевосита татбик шаванд. Агар пешгуии илмй вокей набошад, пас инкишофи чомеа низ аз руи самтхои галат сурат мегирад. Инро мо аллакай дар мисоли пешгуии идеологияи марксиста-ленинй дар хусусй сохтмони коммунизм, сабзида расидани давлатхои сотсиалистй ба ху- дидораи коммуниста, табдили давлатхои капиталиста ба сотсиалитсй ва г. дар хаёти худ мушохида намудем.

Пас маълум мешавад, на танхо Форобй, балки бештари мутафаккирон пешрафти чомеа ва давлатро пешгуй кардаанд. Вале дар хар давру замон пешгуйии инкишофи чомеа ва давлат дар робита бо вокеияти алохидаи сиёсиву давлатй, бо истифода аз далелхо ва маълумоти муайян, зимни усулхои чудогонаи тахлилй анчом ёфтааст. Форобй пешрафти минбаъдаи чомеа ва давлатро дар робита бо вокеияти замонаш, дар доираи чахонбинии худ, сатхи пешрафти илму фарханги замонаш муайян кардааст. Ба хар хол андешахои у, гарчанде ормонй бошанд хам, аз як тараф, дар робита бо замони зиндагиаш (асрхои миёна) бештар ормонй буданд, дуввум, иконпа- зир будани тарзхои демократии хокимиятдорй, шаклхои имконпазири хаёти демократиро, ки имруз, баъди якчанд асрхо ба вукуъ пай- вастанд, пешгуй намуданд.


15*


1   ...   14   15   16   17   18   19   20   21   ...   58


написать администратору сайта