Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница26 из 58
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   58

БОБИ 6. АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИИ АВРУПОЙ FAPBHH АСРХОИ МИЁНА


  1. Августин

Аврелий Августин (354 - 430) - намояндаи калиео ва фалсафаи масехй, муаллифи асархои «Дар бораи олами худой», «Дар бораи иродаи озод» ва диг. мебошад.

Ба андешаи Августин, озодии иродаи инсон ва х,аёти озодй инсон бидуни амри худой боиси табиати осии (гунохи) у мегардад. Инсони дорой иродаи озод, ки берун аз амри худой зиндагй мекунад, иблис номида мешавад. Иродаи озод иллати асосии бадбахтии инсон дониста мешавад. Айни замон имкони ислохи иродаи озод зимни такво пазируфта мешавад. Таъкид мешавад, ки танхо одамони алохида тибки равиши худой зиндагй мекунанд.

Башар ба ду гурух чудо карда мешавад: 1) онхое, ки зимни тобеият ба Худо зиндагй мекунанд, ё хаёти маънавй мебаранд; 2) ода- моне, ки хаёташон бидуни Худо мегузарад, ё хаети шахвонй мегу- заронанд. Одамони гурухи аввал майл ба хайру баракат дошта, ба лутфи Худованд сазовор мешаванд, вале одамони гурухи оси буда, мавриди хашми Худо карор мегиранд.

Зимни ин андешахо Августин масоили сиёсиву хукукиро баррасй мекунад. Чунончи, давлат ва хуцук, чун натичаи осии (гунохи) инсон эътироф мешаванд. Ба назари мавсуф, модоме ки инсон осй аст, пас давлату хукук низ, ки махсули эчоди инсонанд, падидаи бад (шарр) мебошанд. Назари манфии мавсуф ба давлат ва хукук ба хотири ин химоя мешавад, ки хаёти давлативу хукукии одамон ба тобеияти одамон, хокимону тобеин, сохибону гуломон такя дорад. Ба андешаи мутафаккир, чунин холат дар муносибати байни одамон бино ба осии инсон арзи хастй дошта, хислати мукаррарй дорад. Айни замон хукмравоии ахли такво бар одамони бетакво химоя мешавад.

Таъкид мешавад, ки чунин вазъ за умуман хаёти заминии одамон то вуруди хазрати Исо ва рузи киёмат бокй монда, сипас такводорон сазовори хаёти хуб ва одамони бетакво мавриди чазои илохй карор мегиранд. Модоме ки рузи киёмат холо cap назадааст, хаёти заминии инсон, ба андешаи Августин, бояд зимни риояи дини масехй, пеш аз


229





хама эътирофи Худой ягонаи холик сурат гирад. Таъкид мешавад.. ки давлат бояд ба амали дин мамониат накунад, дар акси хол давлат ба падидаи зулмовар ва хокимиятдории рохзанон бадал мегардад.


Августин назарияи масехии инкишофи башарро пешкаш мекунад, аз чумла онро дар робита бо инкишофи хаёти инсонй тахлил мекунад. У мархилахои зерини инкишофи башарро чудо мекунад: айёми кудакй, хурдсолй (давраи ташаккули хотираи инсонй); давраи цавонй (ташаккули идроки сараввал ва ахлок); давраи камолот (ташаккули шуури динй); огози пирй (эхсоси Худо). Давраи охирин аз таалиди Исои Масех то вуруди дубораи у идома меёбад.

Шакл%ои зерини иттщоди инсонй чудо карда мешаванд: оила, давлат, умумияти забонй, чомеаи инсонй ва иттиходи одампгумул, ки иборат аз Худо ва одамон аст. Таъкид мешавад, ки иттиходи одамон дар давлат бояд ба адолат, яъне эътирофу парастиши Худой ягона такя намояд. Аз ин ру, акида пешкаш мешавад, ки римихо зимни инкори Худой ягона, яъне адолат аслан халк ва иттиходи давлатй набуданд.

Августин аз хукмравоии адолат (яъне Худой ягона) дар хама гуна давлат, новобаста аз шаклаш талош мекунад. Хукук низ бояд тачассумгари хамин адолат бошад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки дар холати инкори хукук ва адолат давлат нобуд мешавад. У чамоаи масехиён за давлатро аз хам чудо намуда, аз волоияти калисои масехй дар давлат пуштибонй мекунад. Муборизаро зидди ахли бидъат вазифаи мухими калисои насронй мешуморад.

Тибки андешаи Августин; дар чомеа к,онуни абидии худой амал мекунад. Хамзамон к,онунхои фитрй ва инсонй чудо карда шуда, волоияти конуни абадй ва тагйирнопазирии конуни худой таъкид мешавад. Хукукй фитрй чун махсули табиат ва олам, тачассуми тартиботи табиии оламшумул эътироф мешавад. Конуни абадии худой мабдаи хукукй фитрй эълок мешавад. Айни замон хислати илохй доштани хукукй фитрй эътироф мешавад.

Бархилофи мутафаккирони юнониву римй, ки хукукй фитриро чун подоши хукукй хар кас тафсир менамуданд, Августин таъкид мекунад, ки махз Худо подоши хакки хар касро медихад. Аз ин ру, хулоса пешкаш мешавад, ки халкхои бутпараст (юнонихову римихо) аслан хукук ва конун надоштанд.

Августин мафхумхои кирдор ва циноятро чудо мекунад. Ба андешаи у, кирдор амалесг, ки рух ва тани инсонро зишт мегардонад, чиноят бошад, амалесг зараровар. Чазо чун махрумиятхои муайяни чинояткор тахлил мешавад.


230



6.2. Фомаи Аквини


Фомаи Аквинй (1226 - 1274) - зодаи Аквино (наздикии Неапол), файласуф ва мутафаккири намоён, поягузори назарияи масехии давлат, муаллифи асархои «Оид ба хукмравии хокимон», «Мачмааи теология» ва диг. мебошад. У соли 1567 панчумин устоди бузурги кали- со пазирой гашта, соли 1879 таълимоташ ягонаи фалсафаи бархакки дини католикй эълон мешавад.


Мавсуф андешахои хешро, аз як тараф, зимни истифодаи таълимоти Арасту пешкаш мекунад. Чунончи, давлат чун иттиходи сиёсии одамон тахлил мешавад. Сабабаи пайдоиши даватро у бо табиати инсон муайян мекунад, аз чумла зимни майли табиии одамон ба зиндагии якчоя.

Аз тарафи дигар, мавсуф, чун намояндаи фалсафаи динй, пайдоиши давлатро ба пайдоиши олам шабохат медихад, аз чумла кайд мекунад, ки ба мисли он ки оламро Худой ягона идора мекунад, идораи давлат низ аз чониби як хоким - монарх (шох) сурат мег ирад. Ба андешаи мавсуф, ба мисли он ки Худо муназзамии оламро таъмин мекунад, монарх низ давлатро зимни ворид намудани тартибо- ту устуворй идора мекунад.

Айни замон дар робита бо ин ки олами Офаридагор, ба андешаи мавсуф, такя ба нобаробарй дорад, хокимияту тобеият дар давлат, нобаробарии табакавй, макоми волои хокимиятдорон ва макоми пасти тобеин (кишоварзон, хунармандон, савдогарон) химоя мешаванд. Бар замми ин, таъкид мешавад, ки бинобар манбаи илохй доштани вазъи нобаробари одамон, тобеин бояд ба хокимон итоат на- моёнд. Ба ин нигох накарда, хадафи давлат дар таъмини манфиати умум. хаёти арзанда ва окилона эхсос мешавад. Вале чунин хаёти инсонй ба нобаробарй такя мекунад.

Таъинот, зухур ва мохияти давлат зимни гояи асосии масехй: «хама гуна хокимият аз Худост» муайян мешаванд, аз чумла хакки калисо ба волоият дар давлат, ба ширкат дар идораи давлат исбот мешавад. Азбаски хокимият, ба андешаи мутафаккир, офари- даи Худо буда, вале дар амал хокимиятдорон ба зишткориву зулм рох медиханд, се унсури хокимияти давлатй чудо карда мешаванд: мохияти хокимият; шаклхои сохиб гаштан ба хокимият; истифодаи аз хокимият.

Мохияти хокимият чун унсури асосй ва муайянсозанда баррасй мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки хокимият офаридаи Худо буда, мохиятан дар хукмрониву тобеият ифода мегардад. Аммо хокимияти мохиятан худой, ба андешаи мавсуф, метавонад беадолатона ба даст ояд, ё беадолатона амалй шавад. Зери мафхумхои «сохибии беадолатона» ва «истифодаи беадолатона» холатхои хокимиятдорй бидуни риояи ахкоми динй дар назар дошта мешаванд.


231



Ба андешаи Фомаи Аквинй, хадафи хокимияти худой таъмини камоли хушбахтй буда, ин хокимият на ба инсон, балки ба Худо мансуб аст. Аммо зикр бояд намуд, ки Исои Масех чун Худо пазирой мешавад. Чунин андеша, албатта, хилофи ислом аст.

Давлати мустабид ва монархия чун шаклхои мустакил ва ба хам мукобили давлат тахлил мешаванд. Давлати мустабид, тибки назарияи мутафаккир, ба хокимияти хокими золим асос меёбад, ки зимни инкори ахкоми динй, халалдор гаштани хаёти маънавии одамон, поймол шудани манфиати умум, адолат, конунхо ташаккул меёбад. Монархия шакли бехтарини давлат эълон мешавад, чунки шабохат ба олам дорад, ки аз чониби холики мутлак идора мешавад. Монар- хияро низ як сарвар идора мекунад. Афзалияти монархия дар мисо- ли идораи хамаи узвхои бадани инсон зимни тафаккури инсонй исбот мешавад. Инчунин тачрибаи хуби давлатхои монархй ба инобат гирифта мешавад. Айни замон монархияи мутлак, ва монархияи сиёсй чудо карда шуда, монархияи сиёсй дар заминаи хукуматдории рухониёну феодалхо ва риояи конун химоя мешавад.

Дар баробари монархия хамчунин хокимияти аксари ахолй низ баррасй мешавда. Таъкид мешавад, ки дар холати идораи одамони озод бахри таъмини манфиати умум адолат таъмин мешавад, вале агар бештари одамон бидуни адолат давлатро идора намоянд, пас демократия хукмфармост.

Дар назарияи мутафаккир хукук, чун ифодаи хщщату адолат баррасй мешавад. Ба назари мавсуф, адолат дар чомеаи инсоние амал дорад, ки тартибу муназзамии онро Худованд таъмин мекунад. Аз ин ру, хукук ба маънои амали адолат дар чомеаи муназзам- гаштаи илохй тавсиф мешавад.

Хук,ук,и фитрй ва хук,ук,и позтивй (расмй) фарк карда мешаванд. Тафовути онхо зимни таъмини маънии аслии адолат эхсос мешавд. Маънии вокеии адолатро подоши хакки хар кас ташкил медихад, яъне адолат байни одамон амал мекунад, хар шахе хакки шахеи дигарро конеъ мегардонад, ки боиси баробар гаштани онхо мегардад. Ба ибора дигар, хукук накши махаки баробаркуниро ичро мекунад. Ин амали адолат (баробарй дар бахши подоши хакки шахсони мутакобил) дар хукукй фитрй табиатан ва дар хукукй позитивй тарики мукаррароти инсонй сурат мегирад.

Хамин тарик, хукукй фитрй ва хукукй позитивй (расмй) дар ир- тибот бо махаки адолат фарк карда мешаванд. Агар махаки адолатро (подоши талабу хакки касони дигарро) табиати чиз ташкил дихад, пас хукукй амалкунанда фитрй мебошад. Дар холате, ки махаки адолатро мукаррароти инсонй ташкил медиханд, хукукй амалкунанда хисалти позитивй (расмй) касб мекунад.


232



Ба назари мутафаккир, %ук,уци фитрй байни хамаи мавчудоти зинда амал мекунад. Аз хукукй фитрй мавсуф цуцуци инсониро чудо мекунад. Хукукй инсонй гуфта у хукукеро меномад, ки манбаи онро иродаи инсонй, ё конуни инсонй ташкил медихад. Таъкид мешавад, ки хукукй инсонй бояд мутобик ба хукукй фитрй бошад.

Ба акидаи мутафаккир, хукукй илохй низ дар шакли фитрй ва позитивй амал мекунад. Аз ин ру, ду намуди хукукй илохй чудо карда мешаванд: хукук;и илохии фитрй ва ХУКУК11 илохии позитивй (расмй). Зери мафхуми хукукй илохии позитивй мавсуф хукукеро дар назар дорад, ки онро Худованд ба кавми яхуд нозил намудааст.

Ба акддаи Фомаи Аквинй, цонун коида ва махаки арзёбии ама- лест, ки тавассути он ягон нафар ба амали муайян ё худдорй аз амали муайян водор мегардад.

Мавсуф намудхои зерини конунхоро чудо мекунад: цонуни абадй; к,онуни фитрй; цонуни инсонй; к^онуни ило%й.

К,онуни абадй, ба андешаи у, тачассуми Худо мебошад, кулли оламро идора мекунад, мабдаи конунхои дигар буда, аз хамаи онхо волост.

Конуни фитрй шакли инъикоси конуни абадй дар тафаккури инсонй буда, ба идомаи наели инсонй, чустучуи хакикат (Худо) ва эхтироми инсонхо хидоят мекунад.

К,онуни инсонй шакли мушаххаси конуни фитрй буда, одамонро зимни кувва ва таре ба худдорй аз бадй ва натичагирй аз некй водор намуда, дар шакли цонуни %амагонии одамон (%уцуци халкро) ва цонуни шахрвандони давлатхои цудогони (х;ук,ук,и шах;рвандон) амал мекунад. Ба андешаи Фомаи Аквинй, шахсони накуахлок, ки ба хадди камолоти инсонй расидаанд, метавонанд бидуни конуни инсонй зиндагй намоянд. Аз ин хотир, таъкид ба он мешавад, ки конуни инсонй аз тарафи давлат мукаррар гашта, бо чорахои мачбурсозии давлатй ва чазохо таъмин мешавад. Ин чорахои мачбурсозй нисбат ба шахсоне истифода мешаванд, ки бадахлоку фосик буда, аз риояи конун саркашй мекунанд. Хамзамон таъкид мешавад, ки чорахои мачбурсозии давлатй, аз он чумла чазохо кодиранд ашхоси бетар- бияву фосикро ислох намоянд.

Конуни илох,й дар Инчил пешбинй шуда, бинобар нокифоягии конуни инсонй дар пешгирии пурраи бадй, инчунин ба иллати но- мукаммалии идроки инсонй дар бахши эхсоси хакикат амал мекунад. Тибки акидаи Фомаи Аквинй, конуни илохй барои он зарур аст, ки хадафи нихоии хастии инсониро рушан мекунад, чун махаки аслии бахсхои одамон дар хусусй адолат истифода мешавад, маъна- виёти инсонро танзим намуда, бадиро мамнуъ эълон мекунад. Мутафаккир таъкид мекунад, ки ин зайл масоили мухими хаётиро ягон конуни инсонй халлу фасл карда наметавонад.


233


1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   58


написать администратору сайта