Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница28 из 58
1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   58

Никколо Макиавелли

Никколо Макиавелли (1469 - 1517) - мутафаккир ва сиёстмадо- ри Итолиё, муаллифи асархои «Малик», «Мулехизахо оид ба дахаи аввали Тит Ливий», «Таърихи Флоренсия» ва диг. мебошад.


Мутафаккир масоили сиёсату давлатро бидуни чахонбинии динй ва усули динй, дар робита бо инкишофи чомеа тахлил намуда, ба хулоса меояд, ки пешрафти давлат, тагйири шаклхои давлат бидуни хам конунхои динй ва хам хохиши инсон ба вукуъ пайвасга, раванди айниву мукаррарист. Ба андешаи у, дин нуфузи воло дошта наметавонад, калисои католикй наметавонад мамлакатро муттахид намояд. Мавсуф муътакид аст, ки дин метавонад одамонро мутеъ гардонад ва ё сифатхои хуби шахрвандонро тарбия кунад.

Мутафаккир хам илми давлатшиносй ва хам ахлокро бидуни ахлок, омухта, акида пешкаш мекунад, ки сиёсат ва хокимияти сиёсй падидахои гайриахлокй мебошанд. Ба андешаи мавсуф, идораи давлат х°кимияти тавоной сиёсиро металабад. Асоси хокимиятро, якум, цонунхои хуб, ва дуввум, лашкар ташкил медиханд. Аз ин ру, кудрат ва тавоноии хокимияти давлатй, талоши сарвари давлаг бахри таъмини кудрати давлат, истифода аз хама усулхои имконпазири кудратй дар ин самт химоя мешаванд.

Макиавелли ба илми сиёсй истилохи « lo stato» - давлатро ворид мекунад. Давлат чун дастгохи идоракунии одамон ва чомеа, ягона сохибикунандаи салохияти хокимиятй тавсиф мешавад. Дастгохи давлатй аз сарвари давлат, мансабдорон, мушовирон ва мансабдо- рони дигари давлатй иборат дониста мешавад.

Ба андешаи мавсуф, хокимитяи сиёсй танхо ба дастгохи давлат мутааллик аст. Хамаи мансабдорони давлатй чун хидматгузорони сарвари давлат арзёбй мешаванд, зеро кудрат ва тавоной мансуб ба сарвари давлат аст. Сарвари давлат бо иродаи хеч кас вобаста буда наметавонад, худаш мустакилона хокимиятдорй мекунад.

Мутафаккир чун пуштибони кудрати волои сарвари давлат хама гуна шакл ё имконияти ширкати халкро дар идораи давлат рад мекунад. Дар ин замина гояи «халк - сарчашмаи хокимияти давлатй» сарфи назар мешавад. Ба андешаи мавсуф, халк танхо объекта хокимият ва идоракунии давлатй буда, мавриди хар гуна дахолат ба рафтору иродааш карор мегирад. Халк «оммаи худсар», «авом» номида мешавад. Таъкид мешавад, ки сарвари давлат «парастори халк» буда,


240





вазифадор аст дар давлат суботу амониро таъмин намояд. Ин субо- ту амонй пеш аз хама химояи халкро аз хар гуна «горати мансабдорон» дар назар дорад. Мутафаккир муътакид аст, ки тартибу амнияти одамон ва чомеа хар кадар хубтар таъмин бошад, пас нуфузи сарвари давлат ва хокимияташ хамон кадар афзоиш меёбад.


Гамхории сарвари давлат дар х,акк,и одамон, ба андешаи Макиавелли, то андозаест, ки халк хамеша, дар хамаи лахзахои зиндагй зарурати хокимияти сарварро эхсос намояд. Аз ин ру, накуии сарвари давлат бояд хисса ба хисса, вале бардавом сурат гирад. Бо ин рох боварии мардумро нигох доштан мумкин аст.

Мутафаккир муътакид аст, ки «нафрат ва адовати раият» барои сарвари давлат хатари калон доранд. Таъкид мешавад, ки кина- ву нафрати халк хам барои сарвари давлат ва хам барои худи халк хатаровар аст, зеро дар ин холат раият аз боварии сарвари давлат баромада, худро гирифтори бесарусомонй ва бенизомй мегардонад.

Ба андешаи Макиавелли, сарвари давлат бояд хамеша халкро зери итоаташ нигох дорад Барои ин аз ду васила мебояд истифода бурд: 1) «мухаббат» ба малик; 2) «тарсу д;арос» аз малик.

Таъкид мешавад, ки агарчанде истифодаи якчояи хар ду васила хубтар аст, вале ба хар хол дар холати tnapcy вахм нигох доштани раият хубтар аст. Аз ин ру, истифодаи васеи «тахдиди чазо» чун усули маъкули сиёсатварзй химоя мешавад. Мавсуф муътакид аст, ки дар тарсу харос нигох, доштани халк кафолати он аст, ки одамон хамеша зери итоат ва фармони сарвари сиёсй карор мегиранд. Аз ин хотир, истифодаи чазохои вазнин раво дониста мешавад. Таъкид мешавад, ки душманони хокимияти давлатиро несту нобуд бояд кард.

Ишора ба он мешавад, ки дар холати татбики чазо сарвари давлат салохияти беинтихо дорад. Хатто андеша пешкаш мешавад, ки сарвар «берун аз таъкиботи судй карор дорад». Бо ин андешааш Макиавелли сарвари давлатро ба он даъват мекунад, ки аз хакки чазо бехарос истифода барад. Тибки андешаи дигари мавсуф, иродаи сарвари сиёсй воло буда, аз хеч кас вобаста нест, махдуд намешавад ва бар кулли авом хукмфармост.

Чунин муносибати Макиавелли ба халк аз он сарчашма мегирад, ки мутафаккир ба халк бо хисси нобоварй, чун «тудаи авом» муноси- бат мекунад. Одамон, ба кавли мавсуф, табиатан «мавчудоти худбин ва кинадор», «ношукр ва сустирода» мебошанд, «майл ба дуруягиву фиреб», «хирси мол» доранд, аз хар гуна хатар «мехаросанд».

Чунинанд андешаву гояхои Макиавелли. Ба андешаи мухаккикон, мутафаккири итолиёй аз гояхои замони Эхё, махсусан аз акидахои инсоншиносии ин мафкураи нав истифода намебарад, аз чумла аз ху- суси хукуку озодихои фардии шахе, имконот ва кудрати шахе харф намезанад. Ба мутафаккир чунин андеша тааллук дорад: «Халки


241





фосик сохиби озодй гашта, онро бо як мушкилии зиёд метавонад нигох дорад».


Дар вокеъ, Макиавелли танхо аз хокимияти тавоной давлатй, аз салохияту нуфузи воло ва номахдуди сарвари давлат пуштибонй мекунад. Хатто короли Пруссия Фридрихи Бузург бахри фош намудани сирру асрори андешахои, ба кавлаш «чинояткоронаи», Макиавелли асари хешро бо номи «Анти-Макиавелли» зери тахрири Волтер интишор мекунад.

  1. Ислохотхохии Аврупой

Чон Уиклиф (1328 -1384) - намояндаи мафкураи Ислохотхохй, олими диншинос, устоди донишгохи Оксфорд, мунакдиди папахой католик, муаллифи асархои «Рочеъ ба хокимияти дунявй», «Рочеъ ба хокимияти королй», «Рочеъ ба хокимияти папагй» мебошад. У калисоро чамоати толеъон эълон мекунад. Такводороне, ки пайравони мутафаккир буданд, лоллардхо буданд. Инчил, ки бо кушиши у ба забони англисй тарчума мешавад, китоби начотбахши халк, идо- расози халк тавассути халк эълон мешавад. Мавсуф сарватмандй, беникохй ва каффораи гунохи рухониёнро танкид мекунад. Мавсуф хакки давлатро аз хокимияти папагй химоя намуда, таъкид мекунад, ки хокимияти папа аз чониби на Худо, балки инсон мукаррар шудааст.

Мавсуф пас аз вафоташ махкум карда мешавад. Мартин Лютер, Жан Калвин, Ян Гус худро пайравони Ч- Уиклиф эълон мекунанд.

Мартин Лютер (1483 - 1546) - яке аз ташаббускорон ва тар- гибгарони Ислохот, мутарчими Инчил ба забони олмонй, доктори диншинос буда, ба хайси рухонии калисои дониншгохии Виттенберг рочеъ ба тафсири Инчил даре гуфтааст. У муаллифи асархои «Рочеъ ба озодии масехй», «Ба дворянхои масехии миллати оламон» ва диг. мебошад.

Мавсуф меъёрхои хукукй католикиро, ки иддаои папахо ва калисоро маъкул мешумориданд, инкор мекунад, мансубияти хакки тафсири Инчилро на танхо ба рухониён, балки хар шахе химоя мекунад. У баробарии кадри инсонй ва озодии эътикодро чун истеъдоди инсонй мепазирад, вазъи имтиёзноки рухониён, сохти марта- ботии дохили калисо ва волоияти папахоро зери танкид мегирад.

Мавсуф таъкид мекунад, ки дин мачбурй нест. У ихтиёрй ва озо- диро дар динпазирй химоя мекунад, андешаи «рухонияти хамагониро» пешкаш мекунад, ки тибки он хар шахе бидуни калисои католикй рухонист. У гояхои калисоро дар хусусй он ки конунхои дунявй ба рухониён пахн намешаванд, хакки мутлаки тафсири Инчлил мансу- би папа аст, хукукй даъвати анчумани рухониён (Собор) танхо ба


242





папа тааллук дорад, зери танкид карор дода, таъкид мекунад, ки махз хамин имтиёзхои калисо ва папа боиси камбудихои чиддй дар чамоаи рухониён гаштааст.


Мавсуф зимни пуштибонй аз Августин таъкид мекунад, ки инсон табиатан оси буда, на ин ки салиб, омурзиш, кори нек, балки махз имон, дарки табиати пургунохи хеш ва ишк ба Худо мета- вонанд гунохи инсонро бахшанд. Айни замон таъкид мешавад, ки дар бахшиши гунох эхтиёч ба ягон миёнарв байни диндор ва Худо чой надорад.

Таъкид мешавад, ки калисо иттиходи ноаёни диндорон буда, сарвари он на папай римй, балки бевосита Исои Масех мебошад. Хамаи диндорон дар калисо озод ва баробар эълон мешаванд, хатто хакки хар диндор ба мустакилона амалй намудани рисолати рухонй пазирой мегардад.

Давлат иттифокчй ва ёрдамчии калисо шинохта мешавад. Айни замон накш ва вазифахои алохида ва мустакили калисо ва давлат эътироф мешаванд, зеро, ба андешаи М. Лютер, инсон, ки аз огози офариниш гунохро ба душ гирифтааст, кобилияти худидора ва худ- такмилёбй надорад. Аз ин ру, зарурат ба кувваи беруна эхсос мешавад. Ин кувваро давлат ифода мекунад.

Дар ин замина зарурати давлат исбот мешавад. Аз чумла, таъкид мешавад, ки давлат агарчанде начотбахши инсон набошад хам, вале кодир аст одамонро аз гуноххои нав боздорад. Дар хар сурат давлат, ба андешаи М. Лютер, танхо чисми одамиро зери назора- таш гирифта метавонад, вале на эътикод ва рухи инсониро. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки эътикод, фитрат, имони инсон бояд берун аз назорати давлат карор гиранд.

Хамчунин сох,ибихтиёрии шох,и (князи) дунявй пазируфта мешавад, ба шарти риояи асосхои дини масехй. Княз «хокимиятдори масехй» ва «хидматгори халк» эълон мешавад. Хуцуци фитрй ва х,уцуку. динй чудо карда шуда, таъкид мешавад, ки хокимияти давлатй зимни хукукй фитрй амалй мешавад.

Томас Мюнсер (1490 - 1525) - мукобили зулм, нобаробарии ичтимой, хокимияти князхо, имтиёзхои калисо баромад мекунад. У дар Инкилоби кишоварзони Олмон (1524 - 1526) бо гояхояш оид ба раво набудани зулми дехконон, муттахид гаштани дехконон дар «иттиход ва бародарии масехй», мубориза бо саварони дунявию динй ширкат меварзад. У талаб мекунад, ки хокимият ба халк дода шавад. Рохи ягонаи халли ин вазифа истифодаи силох эътироф мешавад. Аз давлати демократии дорои шакли чумхурй пуштибонй мешавад, ки онро халк идора мекунад. У чонибдори чомеае буд, ки дар он тафовути синфй, моликияти хусусй арзи вучуд надоранд.


243



Жан Калвин (1509 - 1564) - олим ва ислохотхохй калисо аз Женева, намояндаи мазхаби протестанй, муаллифи асари «Пандно- ма ба дини масехй», муборизи зидди калисои католикй мебошад. У королро хидматгори Худо меномад, аз корол талаб мекунад тибки фармудахои ХудоБанд амал кунад. Зарурати давлат дар таъмини наз- ми ахлокии чомеа, риояи дини масехй эхсос мешавад. Таъкид мешавад, ки калисо озод буда, берун аз сохаи назорати давлат амал мекунад. Мавсуф давлати мустабидро чун поймолкунандаи конунхои динй, тахкиркунандаи калисо рад мекунад. Демократия шакли бад- тарини давлат эълон мешавад. Ба чои он аристократия якчоя бо унсурхои демократияи баэътидол пазируфта мешавад, ки ба идораи муштараки шохи дунявй, магистратхо ва калисо такя мекунад. Ба андешаи мавсуф, инсон бояд аз сарват даст кашида, рохи начотро интихоб намояд. Гурухи анабаптистхо, ки таълимоти калвиниро асоси фаъолияти хеш карор дода, хамзамон талаботи катъиро пеш мегу- зоранд, талаб мекунанд, ки умумияти амвол мукаррар гардад, рибо ва судхурй дастгирй ёбанд, гуломй нигох дошта шавад.

Монарх омах х» (муборизони зидди истибдод) - нависандагоне буданд, ки бо асархои хеш дар асрхои XVI - XVII ба мукобили хокимияти монарххо баромад намуда, аз манфиатхои доирахои дворянин оштинопазир бо хокимияти мавчуда пуштибонй намуданд, аз кабили Ф. Готман (асараш «Франко-Галлия»), Юний Брут («Химоя аз мустабидон»), Т. Беза («Рочеъ ба хукукй магистратхо нисбат ба раият»), Ч- Бюкенен («Рочеъ ба хукукй шохии шотландихо»). Онхо дар хусусй халк харф зада, аслан ашрофонро дар назар доштанд, аз чумла сохибихтиёрии волои халкро дар таносуб бо монарх эътироф мекарданд. Ин сохибихтиёрй зимни шартномаи байни монарх ва халк мебояд таъмин гардад, ки аз як тараф, конунй будани хокимияти монархро, аз тарафи дигар, хакки раиятро ба вожгун сох- тани хокимияти монарх (дар холати суикасд ба шартхои шартнома) мепазирад. Зимни асари Этен Ла Боэси (1530 - 1563) «Мулохизахо оид ба гуломии ихтиёрй» сохти феодалии монархи катъиян махкум карда мешавад. Ин асар таъкид ба он мекунад, ки озодии фитрии раият дар раванди ташаккули идораи монархи, вазъи гуломиро касб намудани одамон, тарсу буми онхо пеши хокимияти волои монарх аз байн рафтааст.

  1. Жан Боден

Жан Боден (1510 - 1569) - мутафаккири намоёни Фаронса, муаллифи асархои «Усули омузиши соддатари таърих», «Рочеъ ба чумхурй» («Шаш китоб рочеъ ба давлат»), хомии гояи сохибихтиёрии


244





давлатй буда, ба хайси профессори донишгохи Тулуз, адвоката ш. Париж, прокурори корлии ш. Лион кору фаъолият намудааст.


У зарурати омузиши таърихро бидуни усулхои динй таргиб намуда, андеша пешкаш мекунад, ки мухити табий (иклим, хок ва м.и.) ба хаёти одамон таъсир мерасонад. Мавсуф зимни тахлили масоили давлат гояи сохибихтиёрии волои монархро химоя мекунад.

Ба акидаи Боден, давлат «идораи мутобики хукукй ва аз чониби хокимияти сохибихтиёр амалй шавандаи оилахо ва он чизесг, ки барои хамаи онхо умумист». Оила асоси давлат эълон мешавад. Сар- варони оилахо шахрвандони давлат эътироф мешаванд. Таъкид мешавад, ки заволи оила боиси таназзули давлат мегардад.

Ба назари мутафаккир, давлат натичаи шартнома буда, хадаф аз таъсиси давлат - таъмини сулхи дохили чомеа ва химояи давлат аз хатархои хорич мебошад. Ин хадафи давлат бахри таъмини сао- дати инсон равона аст. Имон ба Худо рохи асосии расидан ба сао- дати инсонй пазируфта мешавад.

Сохибихтиёрй, ба гуфтаи Боден, «хокимияти мутлак ва доимист, ки онро римихо чун неъмат унвонй кардаанд ва он маънои амалй намудани хокимияти волои фармонравоиро дорад». Тибки ин таъриф, ду сифати хоси сохибихтиёрй муайян мешаванд: якум, мутлак, будани хокимияти сохибихтиёр, ба маънои ин ки хокимият бо ягон фи- шанг махдуд намешавад. Дуввум, хокимияти сохибихтиёр доимист, яъне бо мухлат ё давраи муайян махдуд намешавад, зеро, ба андешаи Боден, хокимияти муваккатй дере нагузашта аз байн меравад.

Бояд гуфт, ки Боден сохибихтиёриро чун нишонаи мухим ва чудонопазири хокимияти давлатй мешуморад ва хокимияти сохиб- ихтиёрро мутлак эълон мекунад. Ба ибораи дигар, хокимияти сохибихтиёр номахдуд аст.

Чунин андеша аз он хотир пешкаш мешавад, ки Боден пуштибо- ни шакли хокимиятдории мутлак, аст. Акидахои у дар давраи тазоди оштинопазири байни католикхо ва протестантхо, авчи харакатхои исёнпазир, муборизаи табакахои мухталифи чомеа, аз чумла хам дехконону ахолии шахрхо ва хам ашрофон бар зидди хокимияти королхо ташаккул ёфтаанд. Аз ин хотир, мутафаккир рохи таъмини сулхи чомеаро махз дар мутлакияти хокимият мебинад. Тавре болотар зикр гардад, Боден хадафи таъсиси давлатро дар саодати инсон дар холати орому амонй эхсос мекунад.

Хамин тарик, Боден чонибдори гояи сохибихтиёрй, аниктараш сохибихтиёрии давлатист, ки хокимиятидории мутлаки номахдудро дар назар дорад. Дертар ин андеша бо гояи дигари сохибихтиёрии халк дар назарияи Руссо илова мешавад.

Дар баробари ду сифати зикршудаи сохибихтиёрй хамзамон сифати саввуми он пешкаш мешавад, ки мантикан аз ду сифати пеши-


245





на хосил мешавад. Ба андешаи Боден, хокимияти сохибихтиёр
ягона мебошад. Ягонагии хокимяти сохибихтиёрро мутафаккир дар он мебинад, ки хокимият хамеша ягона буда, ба пуррагй мутааллик ба монарх аст ва байни дигар макомоти давлат таксим намешавад.

Салохияти хокимияти сохибихтиёр чунин муайян мешаванд: 1) хакки кабули конунхо; 2) халли масоили чанг ва сулх; 3) таъини ашхоси мансабдор; 4) баррасии парвандахо ба сифати зинаи олии судй; 5) салохияти авф намудан; 6) сикказании танга; 7) ситонида- ни бочу хироч.

Ин салохияти зикршуда бахри таъмини волоияти хокимияти мутлаки сохибихтиёр пешбарй мешаванд. Тавре мушохида мешавад, хокимияти сохибихтиёр масъалахои мухимгарини давлатиро дар бахши конунгузорй, идоракунй ва адолати судй ба душ дошта, хама гуна имкони тачзияи хокимият аз байн бурда мешавад.

Хамзамон худуди хокимияти сохибихтиёр муайян мегардад. Ба назари Боден, мутлакияти хокимият нисбй буда, ба як катор сохахо дахолат карда наметавонад. аз кабили корхои дохили оилавй, озодии эътикод, иродаи сохибмулкон. Чунин андешахо табиист, ки бо таъсири афкори замони Эхё ва Ислохот пешбарй шудаанд.

Боден агарчанде аз гояи сохибихтиёрии хокими волову мутлак харф занад хам, таъсиси хокимияти мутлаки сохибихтиёрро бо халк вобаста мекунад. У таъкид ба он мекунад, ки халк «мачмуи мавчудоти озод ва боакл» буда, «хокимияти воло ва доимиро дар хакки шахрвандон» ба души «яке аз шахрвандон бидуни ягон махдудият вогузоштааст». Вогузории хокимияти воло ба мисли тухфаи ягон сохибмулк ба шахе тасвир мешавад.

Тавре мушохида мешавад, Боден таъсиси хокимияти сохибихтиёрро бо халк вобаста мекунад. Халк хакки хокимиятдории воло- ро ихтиёран ба зиммаи яке аз шахрвандон вомегузорад. Хамзамон ин вогузорй бе ягон шарту махдудият сурат мегирад. Боден бо чунин мулохизааш бори дигар таъкид карданй мешавад, ки хокимияти сохибихтиёр мутлак ва номахдуд аст, зеро худи халк ба ин хислати хокимият розигии хешро додааст. Мутлакияти хокимияти сохибихтиёр дар назарияи Боден то хаддест. ки хокими сохибихтиёр бо истифода аз фишанги хокимият ба «хукук ба хаёту мамоти» шахрвандон мушарраф мегардад.

Бахри пуштибонй as монархи (шохи) сохибихтиёр Боден ишора ба он мекунад, ки монарх аз чумлаи хамон шахрвандонест, ки бо ри- зоияти халк сохиби хокимияти сохибихтиёр гаштааст. У хамачониба ва бо истифода аз бурхони мухталиф зарурат ва ахамияти монар- хияро (шохигариро) исбот мекунад. Ба кавли мавсуф, хамон тавре ки оламро Худой ягона идора мекунад, ё дар осмон як Офтоб арзи вучуд дорад, чомеаи одамонро низ як хоким бояд идора намояд.


246



Хамин тарик, Боден чонибдори хокимияти монархист (шохист). Хамзамон имкони истифодаи унсурхои идораи аристократа ва демократа дар назар дошта мешаванд, аз чумла хангоми ба вазифахои давлатй таъин намудани ашрофон ва таъмини ширкати одамони озо- ду боакл дар идораи давлат.

Дар хар сурат хокимияти номахдуд, доимй ва ягонаи монарх нигох дошта мешавад. Бар замми ин, Боден истифодаи унсурхои аристокративу демократиро на дар бахши хокимиятдорй, балки дар сохаи идоракунй раво медонад. Чунин шакли давлатдориро у монархияи короли меномад. Ба андешаи мутафаккир, монархияи королй ба шарте истифода мешавад, ки агар корол шахеи имондор, гамхор, мушфик, хирадманд, шучоатманд, адолатпеша бошад.

Аз руи нишонаи риояи конуният Боден се намуди давла/щоро фарк мекунад: 1) давлати к,онунй, ки зимни риояи конунхои давлатй ва фитрй фаъолият дорад; 2) давлати вотчинага ё сенёрй, ки дар он хокими воло бо истифода аз силох ба одамон ва амволй эшон сохибй мекунад; 3) давлати мустабид, ки хокимаш конунхои табииро сар- фи назар намуда, одамонро чун гулом иодра мекунад.

Бояд кайд намуд, ки «давлати конунии» Боден низ бахри химояи сохибихтиёрии мутлак пешбарй мешавад. У аз чумла таъкид мекунад, ки дар давлати конунй кулли раият конунхои хокими сохибихтиёрро риоя мекунад.

Боден к,онущои инсонй ва диниро чудо мекунад. Хукукй кабули конунхои инсонй, тавре зикр гашт, ба хокими волои сохибихтиёр тааллук дорад. Ба назари мавсуф, хокимияти волои сохибихтиёр аз конунхои инсонй болотар меистад.

Хамзамон мафхумхои «хук,ук,» ва щонун» фарк карда мешаванд. Аз чумла таъкид мешавад, ки хукук бо «адолат», конун бошад, бо «фармон» алокаманданд, яъне хукук таъминкунандаи адолат буда, конун фармонравоиро дар назар дорад. Тавре мушохида мешавад, ба хокими сохибихтиёр хукукй кабули махз конунхои инсонй дода мешавад.

Хук,ух, ЧУН шакли ифодаи хирад тавсиф мегардад. Ба назари Боден, хукук дар шакли меъёрхое амал мекунад, ки амалхои боадолатро аз амалхои дигар фарк мекунанд. Айни замон хУКУКи динй, ХУКУКЙ фитрй ва хуцуки байналмилалй чудо карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки конунхои давлат бояд мутобики хукукй динй, хукукй фитрй ва хукукй байналмилалй бошанд. Хамчунин ба зарурати мувофикати конунхои давлат ба к;онунхои таърихй ишора мешавад.

  1. Афкори сотсиалистии Аврупой асрхои XVI - XVII

Дар мухити пахн гаштани гояхои Эхё ва Ислохот дар Аврупо хамчунин гояи нахустини сотсиалистй рочеъ ба зарурати барпо на-


247





мудани чомеаи боадолат, бархам додани моликияти хусусй, зулм ва давлатдории мустабид пешбарй мешавад. Мутафаккирони афкори сотсиалистии ин давра Томас Мор (1477 - 1535) ва Томмазо Кампа- нелла (1568 - 1639) махсуб мешаванд.


Томас Мор - муаллифи истилохи «утопия» ва асари «Утопия» («Чазираи ормонй») мебошад. У ба хайси лорд-канслери короли Англия Генрихи VIII адои вазифа намуда, вокеан дар таъсиси суди кан- слерии адолат сахм мегузорад.

Мавсуф асараш «Утопия»-ро чун «китоби тиллой дар хусусй сохти бехтарини давлат ва чазираи нави ормонй» муаррифй мекунад. Мутафаккир дар ин асар чомеа ва давлати замонашро мавриди танкиди шадид карор медихад, аз чумла давлатро химоягари манфиатхои сарватмандон, воситаи истисмори одамон, моликияти хусусиро иллати асосии хамаи камбудихои чомеа, аз кабили зулму истисмор, нобаробарй, кашшокии мардум мешуморад. Ба кавли у, «он чое, ки моликияти хусусй чой дорад, корхои давлатй дуруст ва бомуваффакият хал намешаванд». Аз ин хотир, талаби катыш бархам додани моликияти хусусй пешкаш мешавад. Бахри решакан намудани майли одамон ба моликиятдории хусусй у талаб мекунад, ки хар дах сол оилахо манзилхои хешро иваз намоянд.

Ба чои чунин чомеа у чомеаи рухонии ормонии хешро пешкаш мекунад. Дар чазираи ормонии мутафаккир моликияти хусусй вучуд надорад. замин моликияти чамъиятй буда, хамаи шахрвандон ухдадоранд бо фаъолияти кишоварзй машгул шаванд. Тарзи истехсолот шакли хунармандии оилавиро дорад, яъне хар як оила бо хунари муайян машгул аст. Рузи корй 6 соатро ташкил медихад. Ахолии кишвари ормонй хушхолона зиндагй мекунанд. Х,амаи талаботи онхо пурра конеъ мешавад. Ин шакли зиндагй ба туфайли хаёти оддии одамон, чой надоштани сарватмандон имконпазир мегардад.

Кишвари ормонии 'Г. Мор аз хама нокисихо озод аст. Аз чумла таъкид мешавад, ки бинобар набудани моликияти хусусй чинояткорй вучуд надорад, зеро бештари чиноятхо махз дар иртибот бо моликияти хусусй содир мешаванд ва махз моликияти хусусй боиси ташаккули сифатхои номаглуби инсон мегардад, аз кабили хирси мол, баднафсй, хасисй, худпарастй ва диг.

Дар кишвари ормонии мавсуф давлат арзи вучуд дорад. Х,ар 30 оила филархро интихоб мекунанд, сипас 10 нафар филарххо прото- филархро интихоб мекунанд. Филарххо дар мачлиси махсус тарики овоздихии пинхонй аз хиеоби чор номзади пешбаринамудаи халк сарвари хешро бо номи приисепс интихоб мекунанд. Принсепс агар- чанде якумра интихоб шавад хам, вале дар холати майл ба зулм аз мансаб барканор мешавад. Хдмасола аз чумлаи одамони кухансол


248



ва тачрибадор сенат интихоб мешавад. Масъалахои мухимтарин (тархрезии накдпахои хочагй, таксими махсулот ва диг.) бо ширка- ти якчояи принсепс, сенат ва мачлиси халкй хал мешаванд.

Дар кишвари ормонии Т. Мор мехнати кишоварзй ухдудории мехнатии хамаи одамони дорой кобилияти мехнат аст, табакаи махсуси одамон аз болои мехнати одамон назорат мебаранд. Бар зам- ми ин, дар кишвари ормонй мехнати гуломон истифода мешавад, аз чумла барои ичрои корхои нофорам (забхи чорво, тоза намудани ахлот ва диг ). Асирон, чинояткорон ва одамоне. ки дар кишвархои дигар ба чазои катл махкум шуда, харидорй шудаанд, гирифтори вазъи гуломй мегарданд. Вале гуломй меросй набуда, имкони озод гаштани гулом пешбинй мешавад.

Томмазо Кампанелла - файласуф, шоир ва ходими давлатй буда, 27 соли умрашро барои ишгирок дар табаддулоти давлатй дар махбас сипарй намудааст . У дар асараш «Ша^ри офтобй», ки аз сухани як бахрнавард накл мекунад, накшаи ормонии им^р-давлати со.пярийхоро пешкаш мекунад. Сарвари волои ин шахр-давлат шахеи арзандаи рухонй бо номи Офтоб ё Файласуф (Метафизик) мебошад, ки дар таносуб бо хамаи шахрвандони дигар илм, истеъдод, тачрибаи бештар дорад Хокими рухонй сохиби хокимияти дунявию динй буда, якумра, вале то пайдо шудани инсони илму малакааш баландтар, хокимиятдорй мекунад. Дар робита бо се сохаи фаъолияти инсонй

  • кори %арбй, илм ва таъминоти ахолй, се бахши хокимият тахти сар- парастии хокимон амал мекунад, ки Кудрат (Пону), Хирад (Сину) ва Мухаббат (Мору) номгузорй мешванд. Кудрат давлатро, хирад калисоро ва мухаббат накуии масехиро дар назар доранд. Ба ин се хоким се мансабдор тобеъ мебошанд. Хар як аз ин масабдорон дар навбати худ ба се нафар мансабдорони дигар рохбарй мекунанд.

Дар «Шахри офтобй» моликияти хусусй арзи вучуд надорад, кишоварзй ва хунармандй кори хама буда, махсулот зери назорати мансабдорон баробар байни ахолй таксим мешавад. Рузи корй 4 соат давом мекунад. Сокиноки ин шахри хаёлй либос, манзил, гизо, манпулият, афкор, одатхои якхела доранд. Хатто занон умумй мебошанд. Онхо ба пуррагй тахти рохбариву сарпарастии хокими воло зиндагй мекунанд, хатто номхояшонро бо ризогии хоким мегузоранд.

Ба тахмини В.Г. Графский, сохти шахри офтобй мутобики сохти чомеаи инкхо (сокинони Боливияи муосир) интихоб мешавад, зеро инкхо низ наели хешро бо Офтоб мепайванданд. Хамчунин таъкид мешавад, ки тарзи идораи шахри офтобии Кампанелла байни кабилаи иезушхои Амрикои Чанубй дар тули сад сол истифода гашта, соли 1768 баъди ба ихтиёри Португалия гузаштани заминхои иезуитхо аз байн рафтааст.


249




  1. 1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   58


написать администратору сайта