Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница36 из 58
1   ...   32   33   34   35   36   37   38   39   ...   58

Мактаби таърихии хукук

Густав Гуго (1764 - 1844) - поягузори мактаби таърихии хукук, профессори донишгохи Геттинген, муаллифи асари «Китоби дарсии хукукй фитрй, ё фалсафаи хукукй позитивй» мебошад. У пайдоиш ва мафхуми хукукро бидуни гояи фитрй- хукукй тахлил намуда, таъкид мекунад, ки хукукй позитивии давлат мутлако аз нишондоди хокимият иборат набуда, пайдоишаш бо ирдаи конунгузор вобаста нест. Андеша пешкаш мешавад, ки хукук ба мисли
забон худ ба худ пайдо мешавад. Пайдоиши хукук ба пайдиши забон шабохат дода мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки забон зимни ягон шартнома, ё бо иродаи Худо пайдо намешавад ва айнан хамин тавр хукук низ бидуни иродаи конунгузор, дар раванди инкишофи мустакилона, дар робита бо ташаккули меъёрхои равобити хамдигар пайдо мешавад. Таъкид мешавад, ки ин меъёрхои равобити тарафайни одамон бидуни кувваи беруна, дар робита бо шароити зиндагй ташаккул меёбанд. Меъёрхои равобити инсониро одамон бинобар мутобикаташон ба шароити зиндагии хеш ихтиёран кабул мекунанд. Дар раванди ташаккулу истифодаи хамин кабил меъёрхо ХУКУК пайдо мешавад.

Айни замон Гуго накши конунгузорро сарфи назар карда наметавонад. Аз ин ру, сахми конунгузор дар пайдоишу инкишофи хукук эътироф мешавад. Вале ба фаъолияти конунгузорй накши дуюмдарача ва иловагй дода мешавад. Ба андешаи мутафаккир, санадхои хокимияти конунгузор ба хукукй мавчуда танхо илова во- рид мекунанд.

Хамин тарик, Гуго ба хулоса меояд, ки хокимияти конунгузор ба пуррагй эчодкунандаи хукукй позитивй нест, конунгузор хукукй


305





позитивиро пурра мукаррар намекунад. Хокимияти конунгузор танхо иловахоро ба хукукй амалкунанда ворид мекунад.


Илова ба ин, хущуци хосса ва х,ук,ук,и конунгузор чудо карда мешаванд. Хукукй хосса бидуни хокимияти конунгузор, мустакилона, зимни хусусиятхои хоси хеш инкишоф меёбад. Хукукй одатй, хукукй преторхои Рими кадим, хукукй шахрии асрхои миёна аз чумлаи хукукй хосса эътироф мешаванд. Хукукй конунгузорро санадхои хокимияти конунгузор ташкил медиханд.

Таъкид мешавад, ки хукукй позитивй аз хукукй одатй сарчашма мегирад. Хукукй одатй бошад, аз «рухи халк,», «шури халк,» сарчашма мегирад. Дар натича раванди пайдоишу инкишофи худ ба худи хукук аз «шуури халк» ба хукукй одатй ва аз он ба хукукй позитивй ба вукуъ мепайвандад. Раванди мазкур хислати обективй дорад, бидуни дахолати беруна рух медихад.

Гуго муътакид аст, ки хеч гуна хукукй фитрй дар чомеа чой надорад. Хамчунин имкони пайдоиши шартномавии давлат низ рад мешавад. Аз чумла таъкид мешавад, ки шартнома асоси пайдоиши давлат шуда наметавонад, зеро мумкин нест, ки миллионхо одамон дар хусусй тобеияти хеш ба хокимияти давлатй ба як карордоди умумй омада бошанд ва бар замми ин, онхо оид ба муассисахои хокимияти тасаввурот надоштанд.

Гуго таъиноти хукукро дар химояи сохти мавцудаи цомеа мебинад, новобаста аз он ки ин сохт чй гуна аст. Ин зайл андешаи мутафаккир аз он cap мезанад, ки у ба мисли намояндагони дигари мактаби таърихии хукук аз сохти анъанавй, одатхои тагйирнопазир пуштибонй мекунад, хар гуна кушиши тагйири хукукро намепази- рад, зеро хукук ифодаи рухи халк аст.

Фридрих Карл фон Савини (1779 - 1861) - намояндаи дигари мактаби таърихии хукук, муаллифи асархои «Хакки сохибй намудан», «Дар хусусй рагбати замони мо ба конунгузорй ва хукукшиносй», «Низоми хукукй римии муосир» (иборат аз 6 чилд) мебошад. У низ пайдоиши хукукро бар хилофи гояи фитрй-хукукй тахлил мекунад. Ба андешаи мавсуф, тахаввули хукук дар робита бо рухи миллй сурат мегирад. Таъкид мешавад, ки чавхари хукукро рухи халк ташкил дода, хукук аз он батадрич инкишоф меёбад.

Ду давраи инкишофи ХУКУЦ чудо карда мешаванд. Дар давраии якум, хукук дар шакли одатхо инкишоф меёбад. Дар давраи дуввум, хукук мавриди коркарди олимони хук,)’*, карор мегирад. Айни замон ин коркарди олимон маънои тагйири рухи миллиро надорад.

Мутафаккир ба накши хукук боварй надорад. У аз чумла таъкид мекунад. ки конунхои давлат кодир нестанд «бадии чомеаро» аз байн баранд. Ба андешаи у, конунхо танхо кодиранд хукукй одатй ва сох-


ЗОЪ





ти сиёсиро ба тартиб оваранд. Савини кодификатсияи конунгузориро маъкул намешуморад.


Георг Фридрих Пухта (1798 - 1846) - намояндаи мактаби таърихии хукук, муаллифи асархои «Хукукй одатй», «Институтсияхо» мебошад. Мавсуф менависад, ки хукук «ба инсон аз ибтидои олам дода шудааст» ва «муносибатхои заминии одамонро» ифода мекунад. Давраи мухимтарин дар инкишофи хукук бо «пайдоиши халкхо» алокаманд карда мешавад. Ду вазифаи мухими инкишофи хукук муайян мешаванд: якум, хукук «бояд бар нобаробарй ва фардияти шахе голиб ояд, на ин ки тобеи онхо гардад» ва дар сурати хали ин вазифа «мафхуми хукук ба сатхи волои хеш мерасад». Дуюм, ба хар фард «мебояд хукукашро таъмин кард», муассисахои хукукй бояд «мутобики талботи фардй бошанд». Дар натича, ба кавли мутафаккир, дар холати якум «хукукй чиддй» ва дар холати дувввум «хукукй боадолат» ташаккул меёбанд.

У муътакид аст, ки одамони алохида дар даврахои гуногуни таърихй низоми х,ук,ук,ии сунъиро «ихгироъ» намуда, онро пешкаши халк намуданд, холо он ки хар гуна хукукй сунъй шакли сохтакорй буда, бо рухи халк ягон робита надорад. Ба назари мавсуф, пайдо- ишу инкишофи хукук чузъи щёти халк, аст. Мукаррароти хукукй «шохахои фарханги халк,» номида мешаванд. ЧуД°нопазир будани хукук ва хаёти халк таъкид мешавад. Аз ин ру, имкони амалй гаштани хама гуна хукукй сунъй дар чомеа рад мешавад.

Мутафаккир вазифаи конунгузорро дар инъикоси «эътикоди умумии миплат» мебинад. Ба андешаи у, танхо дар хамин холат меъёрхои хукук арзиш пайдо мекунанд.

Хамаи намояндагони мактаби таърихии хукук дар Олмон андешахои умумй доштанд. Онхо аз чумла мукобили назарияи фитрй- хукукй буданд, пайдоиши хукукро бо рухи халк (рухи миллат, шуури халк, эътикоди халк) алокаманд мекарданд, одатхоро чузъи раванди инкишофи хукук мешумориданд, накш ва нуфузи конунгузориро паст мекарданд, кодификатсияи конунгузориро кори нолозим мешумориданд, аз шакли идораи монархй (шохигарй) пуштибонй менамуданд, тачзияи хокимиятро рад мекарданд, пайдоиши шартнома- вии давлат ва хакки халкро ба катъй шартнома тавассути инкилоб намепазируфтанд. Мутафаккирони мазкур ду шакли вучуди хукукро эътироф мекарданд: якум, чун чузъи хаёти халк, дуюм, чун илми хукукшиносй дар ихтиёри олимон.

  1. Георг Вилгелм Фридрих Гегел

Г.В.Ф. Гегел (1770 - 1831) - файласуфи барчастаи Олмон, муаллифи асархои «Конститутсияи Олмон», «Фалсафаи рух», «Фалсафаи хукук», «Фалсафаи таърих», «Мачмуи илмхо» ва диг. мебошад.


307



Гегел назарияи сиёсиву хукукии хешро дар шакли фалсафаи ХУКУК, пешкаш мекунад. Масъалаи давлат низ чун чузъи фалсафаи хукук омухта мешавад. Тавре худи файласуф менависад, фалсафаи хукук «илми рочеъ ба давлат ва хукукро дар бар мегирад». У хукукй фитриро низ хУКУЦи фалсафй меномад.

Гегел ишора ба он мекунад, ки дар фалсафаи хукук назарияи давлат ва назарияи хукук дарк мешаванд. Аз чумла фалсафаи хукук, ба гуфти Гегел, «кушиш мекунад давлатро чун падидаи акдона дарк ва тавсиф намояд». Зимни шархи ин андеша мавсуф таъкид мекунад, ки «чй гуна будани давлат» вазифаи фалсафаи хукук нест.

Назарияи хукук низ чузъи фалсафаи хукук эътироф мешавад. Дар ин бора у менависад: «Илм рочеъ ба ХУКУК кисми фалсафа мебошад».

Бар замми ин, фалсафаи ХУКУК ва илми хукукшиносй фарк карда мешаванд. Ба кавли Гегел, фалсафаи давлат ва хукук бо андешахо сару кор дорад, зеро пояи хукукро махз андешахо ташкил медиханд. Илми хукукшиносй бошад, конунхоро, яъне конунгузориро, ё хукукй позитивиро меомузад.

Тибки назари Гегел, мавзуи тахкики фалсафаи хукукро гояи ХУКУК ташкил медихад. Гояи хукукро озодй ташкил медихад, ё тавре файласуф менависад: «хукук умуман озодист хамчун гоя». Барои хамин, хукУК чун шакли амалй гаштани озодй, инкишофи хукук бошад, чун инкишофи озодй дар дунёи кадим, асрхои миёна ва замони муосир тавсиф мегарданд.

Тавре зикр гашт, дар фалсафаи хукукй Гегел пояи хукукро андешахо ташкил медиханд. Барои хамин, андешахое, ки тавассути онхо хукук дарк мешавад, мафхуми хукукро ташкил медиханд. Мафхуми (фахмиши) хукукро гояи озодй ташкил медихад. Хукук бидуни гояи озодй дарк намешавад.

Таъкид мешавад, ки гояи озодй, ё гояи хукук чун озодй хам дар шакли андешахо ва хам дар конунхо арзи вучуд дорад. Гегел муътакид аст, ки хукук дар шакли конун ифодаи хешро ёфта, аз як тараф, хислати умумихатмиро сохиб гашта, аз тарафи дигар, аник мегардад. Конун сарчашмаи ХУКУК эътироф мешавад. Азбаски гояи хукукро озодй ташкил медихад, конун танхо дар холати ифодаи иродаи озод метавонад сарчашмаи хукук бошад.

Хамин тарик, андешаи «продай озод» пешкаш мешавад. Гегел ишора ба он мекунад, ки аз як тараф, «иродаи бидуни озодй» гайриимкон аст, аз тарафи дигар, «озодй чун ирода вучуд дорад». Яъне озодй танхо дар шакли иродаи масалан шахе арзи вучуд дошта метавонад, иродаи шахе бошад, бояд озод бошад.

Хуллас, Гегел мафхуми хукукро, якум, чун гоя, дуюм, дар робита бо озодй, сеюм, дар вобастагй бо конун тахлил намуда, се сатхи


308



ифодаи хукукро муайян мекунад: 1) хуцуц чун гоя (гояи ХУКУК)', 2) jfукуц чун сатхи озодй, 3) ХУКУК чун к,онун.

ХУКУК чун гоя (гояи хукук) озодиро дар назар дорад. ки дар шакли ахлок, конунгузорй, одоб дар мухити оила, чомеаи шахрвандй ва давлат амал мекунад. Дар ин соха танхо гояи озодй амал мекунад.

Хукук чун сатх ва шакли озодй сатхи амалй гаштани хукукро баён мекунад. Амалй гаштани озодй зимни гузариш аз ХУКУКЙ абстракты ба ХУКУ ка мушаххас ба вукуъ мепайвандад. Хукукй абстракта ва хукукй мушаххас «хукук%°и хос» номида мешаванд. Ба назари файласуф, хукукхои мушаххас мутааллик ба оила, чомеа, давлат мебошанд, аз он чумла дар сохаи ахлок низ амал мекунанд. Хамаи ин хукукхои хосса якчоя бо хукукй абстракта дар амалй гаштани озодй сахм ме- гузоранд. Хукукй аз хама баланд «хукуки давлат» эълон мешавад.

Таъкид мешавад, ки хукукхои мушаххас, аз кабили хукукхои давлат, хукукхои чинояткор ва F. дар холати тазод карор доранд. Ба андешаи Гегел, хукуке, ки дар низоми мартаботй мавкеи баландтарро сохиб аст, афзалияти бештар дошта, чун хукуки бархак пазируфта мешавад. Аз ин хотир, хукуки давлат, ки куллаи баланди хукукхои му- шаххасро касб намудааст, дар хама холатхои тазодй воло ва хак аст.

Вакте ХУКУК чун к,онун тавсиф мегардад, конунугзорй, ё хукуки позитивии давлат дар назар дошта мешавад. Ба гуфти Гегел, «ХУКУК умуман ... хУКУКи позитивист». Таъкид мешавад, ки ин шакли хукуки хосса бинобар фаъолияти конунгузорй ташаккул меёбад, конунгузорй бошад, танхо амали берунаи инсонро танзим мекунад.

Мавсуф муътакид аст, ки к;онун манфиатхои миллй, сатхи пешрафти таърихй, шароитхои табиии хаётро инъикос мекунад. Вале Гегел тахлили таърихии ХУКУКРО аз тахлили фалсафии хукук чудо намуда, омузиши таърихиро сатхи кофй (фалсафй) намешуморад ва аз ин лихоз, мактаби таърихии хукукро зери танкид карор медихад.

Айни замон ба пахлухои мусбй ва манфии фаъолияти конугузорй ишора мешавад. Таъкид мешавад, ки зимни конунгузорй хукук хислати умумихатмй пайдо мекунад, аник мешавад, вале дар рафти конунгузорй мазмуни аслии хукук мумкин аст халалдор гардад.

Гегел мафхумхои ХУКУК ва к,онунро чудо карда, тазоди онхоро эътироф намекунад. У менависад, ки «табдили тафовути хукуки фитрй, ё фалсафй аз хукуки позитивй ба ихтилофи онхо» кобили кабул нест. Аз ин ру, мавсуф конунро дар хама холат хукук мешуморад, агар- чанде имкони халалдор гаштани маънии аслии хукук дар конун чой дошта бошад хам.

Гегел муътакид аст, ки мафхуми хукук дар се сатх инкишоф меёбад: ХУКУК и абстрактй, ахлок; ва одоб. Хукуки абстракта бо масоили моликият, шартнома, фиреб, истифодаи кувва, чиноят сару кор дорад. Назарияи ахлок масоили касду гунох, хадафу манфиат, хуби-


309





ву вичдонро дарк мекунад. Оила, чомеаи шахрвандй ва давлат дар сатхи назарияи одоб тахлил мешаванд.


Хукуки абстракта зинаи аввал дар инкишофи мафхуми хукук аз абстракта ба мушаххас, ХУХ,УКМ шахеи озодй абстракты номида мешавад. Таъкид мешавад, ки ин шахеи озод аллакай кобилияти хукукдорй дорад ва зимни коидаи зайл амал мекунад: «Мебояд шахе бошй ва дигаронро хамчун ашхос эхтиром намой».

Азбаски хар шахе кобилияти хукукдориро касб мекунад, хук,ук,и баробари хама ба моликияти хусусй эълон мешавад. Моликияти хусусй чун шакли амалй гаштани озодии шахе эътироф мешавад. Хамзамон баробарии одамон зимни хакки баробарашон ба моликият эътироф гашта, хама гуна назарияхои чонибдори баробарии амволй рад мешаванд. Ба назари Гегел, одамон бидуни андозаи мухталифи амво- лашон хукуки баробар ба моликият хусусй доранд. Ба ибораи дигар, баробарии хукукии (шаклии) сохибмулкони хусусй эълон гашта, хамзамон баробарии амволии онхо ва умуман баробарии вокеии одамон рад мешавад.

Азбаски хукуки абстрактй чун хукуки шахеи озодй абстракта (на шахеи мушаххас) пазируфта мешавад, хакки хар шахе ба озодй эътироф гашта, дар нихояти кор гуломй махкум карда мешавад. Тавре Гегел менависад: «Табиатан гулом хащи мутлак; ба озодй дорад».

Гегел ишора ба он мекунад, ки шартнома зимни амволй муайян байни сохибмулкони хусусй баста мешавад ва аз ин ру, акди никох шартнома нест. Ба акидаи у, шартнома асоси пайдоиши давлат низ шуда наметавонад. Назарияхои шартномавии давлат сабаб- гори нофахмй дар давлатшиноей ва исён дар хаёт эътироф мешаванд.

Гегел чомеаи шахрвандй ва давлатро чудо мекунад.

Ба акидаи у, чомеаи шахрвандй «дар замони муосир» ташаккул ёфта, сохаи амалй гаштани манфиатхои хусусист. Яъне чомеаи нав ташаккулёфтаи буржуазй дар назар дошта мешавад. Таъкид мешавад, ки дар чомеаи шахрвандй озодии вокей холо таъмин нест, зеро ин чомеа сохаи тазоди манфиатхои хусусй, чомеаи манфиатхои ошти- нопазир, холати чангй хама бо хама мебошад. Гегел муътакид аст, ки чомеаи шахрвандй, хатто дар холати ноил гаштан ба сатхи баланди сарвату шукух кодир нест бенавоиро аз байн барад.

Тибки назарияи Гегел, чомеаи шахрвандй унсурхои зерин дорад: низоми талабот, адолати судй, политсия, корпоратсия. Суду полит- сия хомиёни чомеаи шахрвандй, аз чумла сохибмулкони хусусй эълон мешаванд. Айни замон таъкид мешавад, ки адолати судй бояд ошкоро бошад, аз суди хакамй васеъ истифода барад.

Хамчунин се табакаи чомеаи шахрвандй чудо карда мешаванд: 1) табацаи чавхари - дворянхо ва дехконон (заминдорон); 2) табакаи


310



саноати - фабрикантхо, савдогарон, хунармандон; 3) табацаи у му Mi - мансабдорон.

Гегел якчанд таърифи давлатро пешкашу истифода мебарад аз кабили давлат чун гояи озодй; давлат чун >;уцуци мушаххас ei воло; давлат чун ташкилоти хук;уцй; давлат чун монархияи коне титутсионй; давлат чун падидаи сиёсй (давлати сиёсй). Мафхуми давлати сиёсй дар робита бо чомеаи шахрвандй истифода мешавад

Тибки назарияи Гегел, давлат пояи чомеаи шахрвандй мебошад зеро махз дар мухити давлат «оила ба сатхи чомеаи шахрвандй ин кишоф меёбад». Ба назари у, давлат гояи хирад, озодй ва хукукр» ифода мекунад.

Ба кавли мавсуф, давлат ин «вучуди Худо дар замин аст». Аз га хотир, файласуфи олмонй аз гояи «давлати аклона» пуштибонй ме кунад. У хама гуна давлати бехирадонаро хилофи фалсафаи хукук' хеш мешуморад.

Ба назари Гегел, гояи давлатро махз давлати оцилона ташки, медихад, ки чун давлати хукукбунёди конститутсионй, зимни озо диву баробарии хама дар назди конун амал мекунад. Дар давлат) окилонаи Гегел аз як тараф, хар шахе, аз тарафи дигар, халк (мил лат) дорой озодист.

Гегел аз гояи давлати х,укук,бунёд пуштибонй мекунад. Тибк назарияи у, давлат пеш аз хама хукуки мушаххас, падидаи ташкил шудаи хукукист. У муътакид аст, ки махз дар давлати хукукбунё, хукуку озодихои шахе таъмин мешаванд.

Гегел се сохаи амалй гаштани гояи давлатро чудо мекунад: 1 дар давлати чудогона зимни хукуки давлатии дохилй; 2) дар мунс сибати байни давлатхо зимни хукуки давлатии хорич; 3) дар таърг хи умумичахонй.

Ба назари Гегел, давлати мушаххас чун шакли амалй гаштан озодии мушаххас дар шакли монархияи конститутсионй арзи вучу дорад. У гояи сохибихтиёрии халкро рад намуда, аз сохибихтиёри монархи (шохи) меросии конститутсионй пуштибонй мекунад. Tai кид мешавад, ки монархияи конститусионй зимни конунхо ама мекунад, вале монарх зимни хохишаш. Бахри ичрои амрхои мс нарх х;оки.иияти хукуматй таъсис мешавад. Аъзои хукумат табака миёнаро ташкил медиханд, аклу заковати баланд дошта, «ифода шуури хукукии халк» мебошанд. Хокимияти к,онугузор ба мачлис конунгузор тааллук дорад, ки аз палатаи болоии меросй (сохибон майоратхо) ва палатаи поёнии вакилон (намояндагони кисми диг< ри чомеаи шахрвандй) иборат аст. Хокимияти судй чузъи хокимият ичроия мебошад.





Гегел андешаи мувозикатии шохахои хокимиятро рад мекунад ва чунин мешуморад. ки мувозинат боиси душманихохии хокимиятхо мегардад.


Сохаи дигари амалй гаштани гояи давлат муносибатхои байки давлагхост. Ба назари Гегел, дар ин соха хук,ук,и байна.гмилалй амал мекунад. У таъкид мекунад. ки дар муносибатхои байналмилалй давлатхо зимни созишнома амал мекунанд, тибки созишнома ба худ ухдудорй мегиранд ва ин созишномахо «бояд ичро шаванд».

Ба назари Гегел, дар холати ба мувофика наомадани давлатхо бахси байни онхо зимни чанг хал мешавад. У чангро рохи нихоии халли бахсхои байни давлатхо шуморида, гояи сулхи абадии К. Кан- тро рад мекунад. Айни замон таъкид мешавад. ки «чанг мукобили сохторхои дохилй, хаёти оилавй ва хаёги хусусй раво нест».

Нихоят, сохаи алохидаи амалй гаштани гояи давлат таърихи умумичахонй мебошад. Таърихи умумичахонй ба чахор «олами» таърихии чахонй ва чор шакли давлати ба онхо мувофик чудо кар да мешавад: 1) олами шаркй ва шохигарии илохии шаркй; 2) олами юнонй ва демократияи юнонй; 3) олами римй ва аристкратияи римй; 4) олами олмонй ва монархияи конститутсионй.

Ин мархилахои таърихи чахонй дар робита бо пешрафти озодй чудо карда мешаванд. Гегел таърихи умумичахониро чун пешрафт дар дарки озодй мефахмад. Аз ин ру, мавсуф менависад: «Шарк, вокуф буд ва вокцф аст, ки як кас озод аст, олами юнонй ба римй медонад, ки гурухи ашхос озод аст, чахонй олмонй медонад, ки хама озоданд».

Ба назари Гегел, таърихи умумичахонй зимни рухи чахонй идо- ра мешавад. У муътакид аст, ки рухи чахонй дар мархилаи муайяни таърихй насиби халки муайян буда, хак бар иродаи давлатхои дигар дорад. Халки олмон ба хайси чунин халк эътироф мешавад. Ба гуфти Гегел, замони нав, ки аз Ислохоти аврупой ofo3 мегардад, аслан замони миллати олмонист. Аммо миллати олмон гуфта мавсуф на танхо олмонихоро, балки халкхои Аврупой Гарбиро дар назар дорад. Таъкид мешавад, ки Амрикои Шимолй ва Россия холо мавкеи хешро дар таърихи умумичахонй касб накардаанд ва шояд минбаъд ин рисолат ба онхо муяссар гардад.

Хамин тарик, Гегел таърихи умумичахониро яктарафа тавсиф мекунад. У таърихи вокеии халкхои Шаркро танхо бо замони кадим махдуд мекунад, таърихи навини онхоро ба инобат намегирад. Таърихи чахонй, ё ба кавли Гегел, «чахонй муосир» танхо олами миллати олмонй (халкхои Аврупой Гарбй) мебошад. Дар таърихи муосири чахон барои миллагхои дигар чои муносиб чудо карда намешавад.

Бар замми ин, Гегел чун хомии гояи давлатпарастй шинохта мешавад. У арзиши давлатро аз инсон, хукуку озодихояш ва сохторхои дигари чомеа баланд мегузорад.


312





БОБИ 11. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ АМРИКОИ ШИМОЛИ ДАР АСРХОИ ХУ1П-Х1Х

  1. 1   ...   32   33   34   35   36   37   38   39   ...   58


написать администратору сайта