Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница35 из 58
1   ...   31   32   33   34   35   36   37   38   ...   58

ЮЛ. Иммануил Кант

Иммануил Какт (1724 - 1804) - профессори фалсафаи донишгохи Кенигсберг (Калининграда хозираи Россия), яке аз поягузорони гояи либералй дар Олмон, намояндаи фалсафаи классикии Олмон буда, муаллифи асархои «Гояхои таърихи умумй аз назари космополита», «Ба сулхи абадй», «Асосхои метафизикии таълимот оид ба хукук» мебошад.

Кант кушИши рушан намудани асосхои фапсафию ахлоции гояи либералиро ба харч медихад. Аз ин ру, таъкид мекунад, ки инсон до- рои арзиши мутлак ва кадри баркамол буда, тибки цонуни ахлокй зиндагй ва амал мекунад. Ин конуни ахлокй чун «амри щатъй» барои одамон хатмист. Ин «амри катъй» дар коидаи зерин ифода меёбад: «Тавре амал намо, ки одоби амалат хамзамон тавонад асоси к,онунгузории умум гардад». Ифодаи дигари «амри ахлокй» чунин аст: «Зимни амалат кушиш намо хам аз номи хеш ва хам аз номи хар каси дигар ба башар чун хадаф муносибат намой, вале на чун васила».

Хамин тарик, «амри катъй» дар назарияи Кант, якум, ифодаи конуни алокист, дуввум, амали инсонист, ки зимни гояи ахлокй, арзишхову талаботи ахлокй анчом меёбад, саввум, мутобик бо конунгузории умум аст.

Ба назари Кант, риояи ин «амри катъй» дар холати амали инсон мутобики «идроки амалй» анчом ёбад. «Идроки амалиро» сохаи ахлок, ва ХУЦУЧ ташкил медиханд.

Х,амин тарик, дарки аклонаи ахлок.ва хукук заминаи амалй гаштани «амри катъист». Аз ин хотир, Кант барои рушан намудани маънии хукук талош меварзад. У муътакид аст, ки махз акл дар дарки мохияти хукук накши халкунанда мебозад. Амалия бошад, аз чумла амалияи конунгузорй (талаботи конун, мукаррароти конун) барои рушан гаштани мохияти аслии хукук мусоидат намекунад. Махз барои хамин дар назарияи Кант «амри катъй» на бо амалияи вокей, балки бо «идроки амалй», яъне дарки аклонаи ахлок ва хукук робита дорад.


297





Кант бо истифода аз мафхуми «идроки амалй» исбот карданй мешавад, ки мафхуми хукукро дар робита бо амалия, масалан конунхо муайян намудан осон аст. Вале вакте сухан дар хусусй мохияти аслии хамин конунхо меравад, пас рушан намудани мохияти хукук на мукаррароти конунхоро, балки махз заковату идрок, хиради расо, акли солимро талаб мекунад.


Махз бо назардошти равобити «мохияти хукук ва акли солим» Кант муътакид аст, ки рушан намудани мафхуми хуцуц кори муш- кил аст. У дар ин хусус менависад: «Масъала дар хусусй он ки х;уцук, чист, барои х;уцук,шинос мушкил аст, ба мисли он ки чй будани х,ак,щат барои мантщ мушкилй дорад».

Дар давоми ин андешааш у менависад, ки хукукшинос метавонад мохияти хукукро дар робита бо «мукаррароти хамин макон ва хамин замони конун» рушан кунад, аммо «вакто савол дар хусусй боадолат будани мукаррароти конунхо пеш меояд», зарурат ба як «махаки умумии муайянсозандаи адолат ва беадолатй» эх,сос мешавад. Ва муайян намудани чунин «махаки умумй» мухаккики хукукро водор мекунад «омилхои амалиро як су гузорад» ва «манбаи хукмашро танхо дар акл дарёбад».

Тибки андешаи Кант, риояи «амри катъй» озодии фардро талаб мекунад, зеро инсон табиатан кодир аст хадафи хеш ва тарзхои ама- лашро тибки хамин хадафаш интихоб кунад. Инсон, ба кавли мутафаккир, мавчудотест, ки «хочаи хеш» буда, зимни интихоби амал эхтиёч ба дахолати беруна надорад. Аммо мавсуф муътакид аст, ки на хар кас озодии фардиро бахри амалй намудани «амри катъй» истифода мебарад. Дар натича озодии фардй ба худсарй табдил меёбад. Ба акидаи Кант, мачмуи х,олатх,ое, ки худсарии як нафарро нисбат ба дигарон тавассути цонуни айнии умумии озодй махдуд мекунад, х;укук, номида мешавад.

Хдмин тарик, тибки назарияи Кант хукук, якум, «мачмуи хо- латхост», ки амали худсаронаро махдуд мекунад, дуввум, дар ирти- бот бо «конуни айнии умумии озодй» амал мекунад, саввум, озодии фардро таъмин мекунад, аниктараш меъёри (махаки) умумии озодии фардро мукаррар мекунад, чорум, дар шали конунгузорй асосхоеро пешбинй мекунад, ки махаки сифатии «амри катъй» мебошанд, ша- шум, барои амалй гаштани «амри катъй» (конуни ахлокй) хизмат мекунад. Аз ин хотир, Кант вазифаи хукукро дар таъмини амали ахлок мебинад.

Хулосаи умумие, ки аз назарияи Кант хосил мешавад, ин аст ки ахлок заминаи хукукро ташкил медихад. Ба ибораи дигар, ХУКУК асоси ахлоцй дорад. Асоси ахлокии хукукро конуни ахлокй («амри катъй») ташкил медихад. Ин конуни ахлокй озодии фардро таъмин


298





мекунад. Тибки конуни ахлокй инсон озод аст, озодона зиндагй мекунад. Дар натича мухторияти ахлокии хар фард таъмин мешавад.


Кант чун хомии гояи либералй менависад: «Хар кас кадри бар- камол, арзиши мутлак дорад». Мавсуф арзиши фардро мутлак ва айни замон номахдуд эълон мекунад.

Айни замон озодии фард хадди конунй дорад. зеро «амри катъй» амали инсониро дар назар дорад, ки мутобик ба «асосхои умумии конунгузорист». Аз ин ру, хукук барои таъмини озодии фард мусои- дат мекунад. Барои ичрои ин вазифа «асосхои умумии конунгузорй» мукаррар мешаванд. Хуллас, хукук асоси ахлокй дошта, барои таъмини мухторияти ахлокии шахе дар чахорчубаи «конунгузории умумй» мекушад.

Хусусияти назарияи Кант ин аст, ки пайдоиши хукук бо омилхои хаёти моддй, равандхои таърихй, омилхои сиёсй, иктисодй, ичтимой, хаёти вокей ва диг. вобаста карда намешавад. Тибки андешаи Кант, хукук дар робита бо омили маънавй, аниктараш дар иртибот бо га- лаби «амри катъй» пайдо мешавад. Таъиноти хукук дар таъмини мухторияти ахлокии фард аст.

Сипас, Кант конуни ахлокиро («амри катъиро») ба сохаи дазлат низ пахн мекунад. У муътакид аст, ки хукук бидуни чораи мачбурй амалй намешавад. Ин чораи мачбуриро махз давлат таъмин мекунад. Аз ин нуктаи назар зарурати давлат эхсос мешавад.

Ба акидаи Кант, давлат - «иттиходи «одамони зиёдест, ки тобеи к,онущои хуцуцй мебошанд». Ин таърифи давлат ба волоияти к,онуни х,ук,укй дар давлат ишора мекунад.

Кант дар хусусй волоияти махз щонуни хук,ук,т харф мезанад, чунки у мохияти хукукро на зимни конун, балки дар робита бо махаки боадолатии конун рушан мекунад. У муътакид аст, ки мукаррроти конун мохияти хукукро рушан намекунанд, аниктараш хукук нестанд, чунки метавонанд беадолат бошанд. Танхо мукаррароти боадолати конун мохияти хукукро муайян мекунанд. Аз ин хотир, мафхуми «конуни хукукй» истифода мешавад. Кант зимни пешбарии гояи волоияти конуни хукукй яке аз поягузорони назарияи либералии давлати хукуцбунёд эътироф мешавад.

Аммо сабабу;ои пайдоиш ва таъиноти давлатро Кант зимни на омилхои вокей, балки аксона муайян мекунад. Ба назари у, махз талаботи «амри цатъй» (щонуни ахлок,й), яъне омили аксона сабабго- ри давлат мешавад.

Кант аз назарияи хук,ук,и фитрй ва шартномавй истифода карда, таъкид мекунад, ки то пайдоиши давлат одамон дар холати табий, вале бидуни конун ва конуният зиндагй мекарданд. Сипас, махз карзи маънавй. вазифаи ахлокии одамон. аз чумла зарурати эхтироми хукукй фитрй одамонро водор мекунад ба холати шахрвандй гуза-


299



ранд. Ин гузариш зимни шартнома ба сомон мерасад. Шартномаро одамоне мебанданд, ки ба сатхи камолоти ахлоцй расидаанд.

Кант .аз андешаи «мухторияти ахлокии шахе» хангоми тавсифи пайдоиши давлат, аз чумла табиати шартнома низ истифода мебарад. Барои у инсон дар хама холат шахеи ахлокист, яъне шахсест, ки ба камолоти ахлокй расидааст. Камолоти ахлокй маънои онро дорад, ки шахе конуни ахлокиро («амри катъиро») дарк мекунад, мутобики коидаи зайли ахлокй амал мекунад: «инсон наметавонад одамони дигарро василаи хадафхои хеш царор дщад». Кант муътакид аст, ки инсон табиати ахлокй дошта, дарк мекунад, ки одамони дигар на василаи амал, балки хадафи амал шуда метавонанд.

Тибки андешаи Кант, хамин табиати ахлокии одамон хангоми бастани шартнома ба инобат гирифта мешавад ва давлате, ки зимни шартнома таъсис мешавад, новобаста аз шаклаш вазифадор аст табиати ахлокии инсонро ба инобат гирад. Яъне давлати навташкил бояд дар назар дошта бошад, ки инсон шахсияти ахлокист, табиати ахлокй дорад, ба камолоти ахлокй расидааст, тарзе амал мекунад, ки одамони дигарро на васила, балки хадафи хеш карор медихад. Шартномаи таъсиси давлат махз ба хамин хотир, яъне эътирофи мухторияти ахлокии шахе, озодии фард баста мешавад.

Тибки назарияи Кант, одамон бинобар табиати озодонаи хеш хангоми таъсиси давлат хиссаи озодии хешро ба зиммаи хокимият ё хоким вонамегузоранд. Ба андешаи файласуф, одамон вазъи хешро дигар намуда, ба шахрвандони давлат табдил меёбанд ва чун шахрванд аз нав озодии хешро касб мекунанд. Озодии фард сифати хукукй пайдо мекунад, мавриди танзими хукукй карор мегирад, муназзам мегардад.

Дар натича Кант ба хулоса меояд, ки шартномаи таъсиси давлатро одамони дорой камолоти ахлокй мебанданд. Ин хулосаи файласуф беасос нест ва давоми хамон андешахои уст дар хусусй накши халкунандаи акли инсонй дар пайдоиши давлат ва хукук- Ба назари Кант, одамон давлатро дар махилае таъсис медиханд, ки ба сатхи ко- фии камолоти ахлокй расидаанд. Норасоии такомули ахлокии одамон дар холати табий имкон намедихад давлат таъсис гардад. Чунин сатхи холо нокифояи одамон имкон намедихад дарки аклонаи зарурати давлат ташаккул ёбад. Хуллас, камолоти ахлокии одамон, яъне омили аклона зарурати давлатро тавлид мекунад.

Ба акидаи Кант, давлат модоме ки аз чониби одамони ахлокан комил, мухтор ва озод таъсис мешавад, набояд фаъолияти хамарузаи одамонро пурра зери назорати хеш гирад. Кант чун пуштибони гояи либералй муътакид аст, ки инсон табиатан эхтиёч ба озодии амал дорад, бидуни фишори беруна зиндагй мекунад ва хама гуна назо- рату сарпарастии зиёдатй мухолиф ба табиати ахлокии инсон ва та-


300





ъиноти давлат аст. У давлатеро, ки бар шахрвандонаш аз хад беш сарпарастй мекунад. ба оила шабохат медихад. ки дар он падар сар- парасти кудакон аст. Кант менависад: «Идораи падарона, ки дар он раият чун ноболигон наметавонанд муайян кунанд, ки барои онхо чй муфид ё зараровар аст ... дар вокеъ истибдоди беш аст».


Дар назарияи Кант зарурати давлатро махз омилхои аклона муайян мекунанд. Аз ин чост, ки ба зиммаи давлат вазифахои иктисодй, сиёсй, ичтимой ва дигари вокей гузошта намешаванд. Тавре худи Кант менависад, давлат дар «некуахволии шахрвандон ва хушбахтии онхо» манфиатчуй нест, «зеро хушбахтй (тавре Руссо кайд мекунад) дар холати табий ё зимни фаъолияти хукумати истибдоди тезтару хубтар ба даст меояд. Зери мафхуми хайри давлат холати мутобикати бештари конститутсияро бо принсипхои хукук бояд фахмид, ки ба он моро акл тавассути амри катъй водор мекунад».

Тавре мушохида мешавад. Кант пайдоиш ва зарурати давлатро бо омили аклона, яъне конуни ахлокии «амри катъй» вобаста мекунад. Ба андешаи у, давлат дар иртибот бо хамин «амри катъй» пайдо мешавад ва барои он зарур аст, ки зимни талаботи «амри катъй» амал кунад. Аз чумла, «амри катъй» водор мекунад, ки конститут- сия бо присипхои хукук мутобик бошад. Чунин холат зимни дарки аклона имконпазир мегардад. Кант аз гояи «конститутсияи хуцукй» пуштибонй мекунад, ки чузъи назарияи давлати хукукбунёд аст.

Канг таъкид мекунад, ки у на давлати вокей, балки давлати намунавиро дар назар дорад. Мутафаккир муътакид аст, ки мутобикати сохти давлатдорй бо принсипхои хукук кори душвор аст. Аз ин ру, андешахояшро бар робита бо давлати намунавй (гоявй) иброз мекунад. У гояи давлати хукукбунёдро пешкаш мекунад, дар холе ки тачрибаи давлатдории хукукй холо ташаккул наёфта буд.

Кант хуцуци фитрй ва хУКУКи давлатро чудо мекунад. Сарчашмаи хукукй фитриро асосхои якин ташкил медиханд, ки ба бурхони хаётй эхтиёч надоранд. Хук,ук,и фитрии хусусй ва х;ук,ук,и фитрии умумй чудо карда мешаванд, ки мутобикан муносибатхои байни сохибмулкон ва шахрвандони давлатро танзим мекунанд. Сарчашмаи хукукй давлатро иродаи конунгузор ташкил медихад. Адолат чун шакли махсуси зухуроти хукук тавсиф мегардад, ки бо конун пешбинй намешавад.

Файласуф хукукй фитрии инсонро мукаддас эълон мекунад. У аз чумла менависад, ки хокими давлат «рисолати бузургеро ба душ мегирад» ва ин рисолат дар «риояи хукукй одамон» ифода мегардад.

Тибки назарияи Кант, х,ук,ук,х,ои шахей ва шахсии амволй ба намудхои зерин чудо мешаванд: хукукхои хонавода, хукукй никохй, хукукй волидайн, хукукй сарвари хонавода.


301



Хукукй давлатй сохаи хукукй умумй эътироф мешавад, ки муносибати шахрвандро ба давлати хеш ва давлатхои хорич танзим мекунад. Дар таркиби дчуцук,и равобити байналмилалй бахшхои зерин чудо карда мешаванд: ХУКУЦи байналмилалй ва хукук;и космополитй. ХУКУК1* шахрвандй олам чузъи хукукй космопо;п!тй эътироф мешавад.

Кант к;онунро шакли ифодаи ХУКУК мешуморад. Ба назари у, бар- тарии конун аз одатхо ва к,арори судй ин аст, ки хислати умумй ва аникият дорад.

Кант аз баробарии сохибмулкон дар муносибатхои хусусй чонибдорй мекунад, талаб мекунад, ки имтиёзхои сохибмулкон бархам дода шаванд. У моликиятро асоси имтиёз намешуморад. Табиист, ки Кант чун хомии гояи либералй аз баробарии сохибмулкон харф мезанад.

Вале у шахрвандонро ба фаъол ва гайрифаъол чудо карда, таъкид мекунад, ки шахрвандони гайрифаъол, ки хидмати дигаронро ба чо меоранд, хукукй интихоботй надоранд. Табиист, ки дар чомеа хидмати дигаронро махз бенавоён ба чо меоранд.

Кант хокимияти цонунгузор, ичроия ва судиро чудо мекунад. Тибки акидаи у, хокимияти конунгузор мутааллик ба «иродаи кол- лективии халк» аст. Хокимияти ичроияро хоким, ки тобеи хокимияти конунгузор аст, амалй мекунад. Хокимияти судиро хокимияти ичроия таъсис медихад.

Кант бо назардошти шумораи конунгузорон шаклхои идораи мутлакият (автократия), аристократия ва демократияро тасниф мекунад. Дар робита бо усулхои идораи халк чумхурй ва истибдод фарк карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки чумхурй хамеша демократй ва мутлакият доимо мустабид буда наметавонанд.

Файласуф хама гуна имкони баррасии иллатхои таъсис ё пайдоиши хокимияти давлатиро рад мекунад. Барои хамин, у таъкид мекунад: «Ба хокимияти мавчудаи конунгузор бидуни тарзи пайдои- шаш мебояд итоат намуд».

Мавсуф ба хатари инкилобхо ва сарнагун гаштани хокимияти давлатй ишора карда, аз тархрезии ислохоти осоиштаи чомеа чонибдорй мекунад. Бахри таквият бахшидан ба ин андешааш Кант менависад: «Хама гуна хокимият аз Худо маншаъ мегирад».

Кант муътакид аст, ки «бадбахтихои мудхиш, ки ба сари халкхои мутамаддин меоянд, натичаи чанг мебошанд». Хатари бештари «чангхои мунтазам» ва «омодагй ба чанг» таъкид мешавад. У аз сулхи абадй, риояи шартномахои байналмилалй, густариши равобити байни давлатхо, дахолат накардан ба корхои дохилии хамдигар пуштибонй мекунад. Дар асари мавсуф «Ба сулхи абадй» накшаи таъмини сулхи абадии чахонй зимни ташкили федератсияи чумхурихои озод ва мустакил пешбинй мешавад. Ин иттиходи давлатхо тавассу-


302



ти тарбия ва маърифати халкхо, акли солим ва иродаи хокимон, аён гаштани эхтиёчи иктисодиву тичоратии миллатхо бунёд мегардад.

Вале ин иттиходи сулховар космополита мебошад ва аз ин лихоз, хадаф, манфиатхо ва хувияти миллиро, ватани миллиро рад мекунад. Тавре маълум аст, махз андешахои космополитй (чахонпарастй) минбаъд заминаи гоявии раванди чахонишавиро ташкил доданд. Ин раванди айни хол пахнгашта низ хадафу гояхои миллиро як су гузошта, аз манфиатхои чахонихохии гурухи хурд, вале бонуфузи давлатхои абаркудрат пуштибонй мекунад.

  1. Иоганн Готлиб Фихте

И.Г. Фихте (1762 - 1814) - файласуфи Олмон, пуштибони гояи сохибихтиёрии халк, чонибдори назарияи идораи халк мебошад.

У андешхои хешро рочеъ ба давлат ва хукук дар заминаи назарияи фитрй- х;ук,уцй пешбарй мекунад. У мафхуми хукукро муайян намуда, сипас накши давлатро чун василаи таъмини хукук рушан мекунад.

Тавре файласуф менависад: «Мафхуми %ук,ук, дарки муносибати байни мавчудоти ок,ил аст». Ба андешаи мавсуф, хукук дар холати равобити тарафайни одамон вучуд дорад, муносибатхои инсониро танзим мекунад. Барои хамин, «муносибати тарафайн» шарти вучуд доштани мафхуми хукук дониста мешавад.

Бар замми ин, мафхуми хукук бо омилхои ацлона вобаста карда мешавад. Мафхуми хукук танхо дар робита бо акл рушан мешавад. Аз ин хотир, махсус таъкид мешавад, ки хукук муносибати байни «мавчудоти окилро» фаро мегирад.

Муносибати тарафайни одамонро Фихте ба хотири он заминаи мафхуми хукук мешуморад, ки иродаи шахеи алохида бо мафхуми хукук ягон робита надорад. Хукук танхо дар холати эътирофи озодии тарафайн арзи вучуд дорад. Эътирофи озодии тарафайн бошад, иттщоди х;ук,ук,ии одамонро талаб мекунад. Дар ин иттиходи хукукй озодии фард якчоя бо озодии хама дар холати мувозинат карор дорад.

Х,амин тарик. тибки назарияи Фихте, хукук муносибати байни одамони окил ва озодро танзим мекунад. Ба ибораи дигар, хукук танхо байни мавчудоти окилу озод имконпазир аст. Ин мавчудоти окилу озод иттиходи хукукиро ташкил медиханд. Иттиходи хукукии мавчудоти окилу озод зимни к,онун фаъолият дорад.

Фихте мафхуми хукук ва конунро аз ахлок, чудо мекунад. Ба андешаи у, хукук сохаи равобити инсониро бидуни ахлок танзим мекунад. Конун, ки асоси иттиходи хукукии одамонро ташкил медихад, бо ахлок робита надорад.


зоз





Фихте муътакид аст, ки иттиходи хукукй истифодаи чорахои мачбуриро талаб мекунад, чунки озодии инсон ва манфиатхои одамон дар раванди равобити тарафайн хамеша халалдор мешаванд. Дар натича зарурат ба химояи хукукхои одамон пайдо мешавад. Бахри таъмини хукукхо ва озодии шахе
давлат таъсис мешавад. Давлат дар натичаи шартномаи одамон таъсис мешавад.

Тибки акидаи Фихте, давлат зимни ирода ва хо^иши х,ама таъсис мешавад, чунки як хоким хак надорад кувваи мачбуриро истифода барад. Хакки истифодаи кувва ба иродаи муттахидй (иродаи якчояи иттиходи хукукй) тааллук дорад.

Иродаи муттахидй, ки заминаи давлат аст, зимни муттахид гаштани азму иродаи хама ташаккул меёбад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки давлат зимни хохишу иродаи ихтиёрона ва озодонаи одамон таъсис мегардад. Хамин иродаи иттиходии одамон хакки истифодаи кувваро касб мекунад. Ба ибораи дигар, халк;, ки ифодагари иродаи умум буда, давлатро таъсис мекунад, хакки истифодаи кувваро, яъне хакки хокимиятдориро дорад.

Хамин тарик, зимни шартномаи одамон давлат таъсис мешавад. Ин шартнома хислати шахрвандй ва давлатй дорад, чунки бо ширкати шахрвандон ва бахри таъсиси давлат баста мешавад. Асоси шартномаи таъсиси давлатро иродаи умумии халк, ташкил медихад. Иродаи халк аз иродаи хоким баланд буда, нуфузи бештар ва халкунанда дорад, аз чумла хадди фаъолияти хокимияти давлатиро муайян мекунад.

Фихте муътакид аст, ки хамаи шаклхои давлат макбуланд, агар чавобгуи якчанд шартхо бошанд: якум, мутобик ба хукук бошанд, яъне давлатхои хукукбунёд бошанд; дуюм, масъулияти хокимонро дар назди чомеа пешбинй намоянд. Дар хар сурат мавсуф аз шакли идораи чум%урй чонибдорй мекунад.

Файласуфи олмонй аз гояи сохибихтиёрии халк пуштибонй мекунад. У иродаи халкро воло ва халкунанда мешуморад. Иродаи халк давлатро таъсис медихад, хадди фаъолияти давлатро муайян мекунад. Ба гуфти Фихте, халк вокеан «хокимиятдори волост», бар болои халк «ягон дигар хокимият карор надорад», халк «сарчашмаи хама гуна хокимият аст» ва танхо «назди Худо масъул мебошад». Аз ин чо мавсуф ба хулоса меояд, ки халк хакки вожгун сох- тани хокимиятро дошта, метавонад шакли муносиби давлатро интихоб намояд.

Бахри таъмини сохибихтиёрии вокеии халк таклиф мешавад, ки хокимияти доимии назоратй бо номи эфорат ташкил гардад. Хокимияти эфорат иборат аз эфорхост, ки аз чониби халк интихоб гашта, фаъолияти назоратй мебаранд, аз чумла метавонанд фаъолияти хокимияти ичроияро боздоранд.


304



Фихте аз гояи давлати миллй, таъсиси давлати миллии Олмон пуштибонй намуда, накши халкунандаи ахли зиёи Олмонро дар халли ин вазифа таъкид мекунад. У чонибдори созмон додани ташкилоти бонуфузи байналмилалист, ки бахри сулхи чахонй талош меварзад.

Мавсуф бахри амалй гаштани орзухояш асари ормонии «Давлати савдои хилватгузин»-ро менависад ва дар он давлати ормонии хешро тасвир мекунад. Хадафи асосии ин давлат озодии хакикй ва некуахволии хар аъзои чомеа аст. Афзоиши истехсолот ва пешрафти иктисодии давлат зимни мехнати хар шахе сурат мегирад. Бо ин максад устохонахои хунармандон амал мекунанд. Кишоварзй сохаи асосй мебошад. Ахолй ба се табака чудо мешавад: кишоварзй, саноатй ва савдо. Айни замон моликияти хусусй истифода гашта, интихоби озодй касбу мехнат манъ аст. Давлат мутамарказ буда, истехсолу таксими натичаи мехнат ва хаёти маишии одамонро пурра зери назорат мегирад.
  1. 1   ...   31   32   33   34   35   36   37   38   ...   58


написать администратору сайта