Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница34 из 58
1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   58

Афкори сиёсиву хукукии Россия

Симеон Полотский (1629 - 1680) аз
нобаробарии ичтимои чун ифодаи назми осмонй дар замин пуштибонй мекунад. озодиву гуломиро холати табий мешуморад. Тавре мавсуф таъкид мекунад. хамаи одамон бояд вазифаи хешро, ки зимни такдир насибашон гаштааст,


290





ичро намоянд. Танбалй, майл ба хашамат, мастигариро аз чумлаи иллатхои табиати русхо мешуморад. Мутафаккир аз
шоуи маориф- парвар пуштибонй мекунад. Шохи окилро ба офтоб шабохат медихад ва ба адабиёти сиёсии рус гояи «шох,-офтобро», чун нишони шохи мутлак, ворид мекунад. Аз шохигарии маорифпарвар давлати мустабид чудо ва рад карда мешавад. Донишмандй, машварат бо одамони окил, бархурдорй аз таърихи башар, афзун намудани сатхи маърифати ахолй, риояи конунхо аз чумлаи сифатхои хоси шохи маорифпарвар эълон мешаванд. Баробарии хама дар назди конун, аз чумла хатмй будани конун барои шох таъкид мешавад. Мафхуми конун бо истилохи щацицат» ифода мешавад. Баркарор намудани хакикат вазифаи суд эълон мешавад. Баробарии хама дар назди суд, барои хама дастрас будани суд, дар мухлат баррасй гаштани парвандахо, гирифтани пеши рохи кашолкорй дар судхо чун рохи таъмини хакикат тавсиф мешаванд.

Юрий Крижанич (1618 - 1683) дар асараш «Сиёсат» пайдоишу мохияти илохии давлатро таргиб мекунад, аз чумла таъкид мекунад, ки «королхои конунй» хокимияти хешро аз Худо мегиранд, вокеан «худой заминй» мебошанд. Тавре мутафаккир менависад, королро Худо барои ноил гаштан ба такводорй, адолат, оромй ва фаровонй даъват мекунад. Хамин «манфиати умум» хадафи хокимияти королй эълон мешавад. Ба се шакли дурусти давлат (монархияи мутлак, идораи боярй, чумхурй) се шакли нодурусти давлат (истибдод, олигархия, анархия) мукобил гузошта мешаванд. Монархияи мутлак,, бинобар таъмини адолат, ризояти мардум ва суботи чомеа, шакли бехтарини давлат пазируфта мешавад. Айни замон аз короли файласуф пуштибонй мешавад, ки бахри донишомузии хеш ва маърифати халк мекушад. Монархияи меросй, аз чумла байни писарон ба ме- рос гузаштани хокимияти корол, манъи ширкати духтарон дар вори- сии хокимият химоя мешавад. Монархияи интихобй рад мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки интихобот боиси исёну балво дар чомеа, макру фиреб мегирдад. Истибдод шакли бадтарини давлат, пушти- бони танхо манфиатхои хусусй, поймолкунандаи «конунхои табиат», хокими золим бошад, «рохзан» эълон мешаванд. Хокимиятдории шохи окил, кабули конунхои мутобик ба конунхои динй ва фитрй чун рохи асосии пешгирии давлати мустабид тавсиф мешаванд. Гуломии ичтимой ва сиёсй махкум мегарданд. Таъсиси макомоти худидораи шахрхо, озодии мехнати кишоварзон, ривочи савдо ва хунармандй чун роххои инкишофи минбаъдаи чомеаи Рус батафсил тахлил мешаванд. Як катор андешахо дар баши такмили низоми судй пешбарй мешаванд, аз кабили таъсиси Суди боярй чун макоми олии судй, аз чониби корол ё хукумат таъин гаштани судяхои фармонй, аз тарафи ахолии шахр интихоб шудани судяхои шахрй.


291



Феофан Прокопович (1681 - 1736), муаллифи асархои «Сухан аз хусусй хокимият ва шаъни шохй», «Дастури маънавй» ва диг. мебошад. У замони тодавлатиро холати табий, давраи чангу хунрезй мешуморад. Конунхои фитрй одамонро водор мекунанд зимни созиш давлатро таъсис диханд. Таъкид мешавад, ки хам рагбати табиии одамон ва хам иродаи Худо дар пайдоиши давлат накдп ме- бозанд. Шаклхои идораи монархия, аристократия, демократия ва омехта чудо карда шуда, аристократия бинобар горати кишвар ва демократия бинобар исёну балвохо рад мешаванд, чумуурй бошад, лоики халкхои камшумор шуморида мешавад. Зимни тафовути монархияи мутлак; ва монархияи махдуд аз монархияи мутлак чун рохи пешрафти халки рус пуштибонй мешавад. Байни монархияи меросй ва монархияи интихобй бартарй ба монархияи меросй дода мешавад, пеш аз хама ба хотири ин ки интихоби монарх ба пешбарии шахсони тасодуфй мусоидат мекунад. Шохи мутлак шахеи окил, ичрокунандаи амри Худо ва талаботи хукукй фитрй эълон мешавад.

В.Н-. Татищев (1686 - 1750) - чонибдори назарияхои хукукй фитрй ва шартномавй мебошад. Тавре у таъкид мекунад, то пайдоиши давлат одамон дар «холати табиии чангй хама мукобили хама» зиндагй мекарданд. Рагбати одамон ба хамзистй ва сипас шартнома заминахои пайдоиши давлат эътироф мешаванд. Шартномаи таъсиси давлат бахри таъмини амнияти халк ва манфиати умум баста мешавад. Ба андешаи мутафаккир. аввал шартномаи никох, сипас шартномаи байни волидайн ва фазандон, дертар шартномаи байни чанобон ва хидматгорон пайдо мешаванд. Дар нихояти кор оилахо муттахид гашта, шох зимни шартнома сарвари иттиходи оилахо мегардад. Таъкид мешавад, ки гуломй натичаи ягон шартнома набуда, мухолифи масехият аст ва аз ин ру, бояд бархам дода шавад. Шакли давлат дар робита бо шумораи ахолй тахлил мешавад, чунончи цумхурии демократй барои халкхои камшумор, цумхурии аристократы барои халкхои сершумор, монархияи мутлак, барои халкхои кабир муносиб дониста мешаванд. Монархияи мутлак барои шароити Россия муно- сибтар эътироф мешавад. Айни замон зарурати ташкили макоми на- мояндагии иборат аз Сенат (палатаи болой) ва Шуро (палатаи поёнй) пешкаш мешавад, Мутафаккир чун намояндаи табакаи дворянхо 21 чойро дар Сенат ба дворянхо чудо мекунад. Шуро бошад, бояд аз 100 нафар иборат бошад. Тархрезии лоихаи конун ва маъкул дони- станн он салохияти макоми намояндаг й, кабули конун бошад, вазифаи монарх эътироф мешавад. Ба акидаи мутафаккир, цонущо бояд мутобик ба хукукй фитрй, адолат ва манфиати умум бошанд, забони оммафахм дошта бошанд, аз чониби мутахассисон тархрезй гар- данд, дар холатхои зарурй ба мухокимаи халк ва раьйпурей гузош- та шаванд.


292



И. Т. Посошков (1652 - 1726) аз зарурати инкишофи саноат ва савдо дар Россия харф мезанад, аз чумла ба шохи Россия Пётри I бо «Китоби бенавой ва сарват» мурочиат мекунад. У аз шох талаб мекунад, ки вазъи тоцирон бехтар карда шавад, фаъолияти точирй танхо касби точирон эълон гардад, табакахои дигар, алалхусус дворянхо аз хакки тичорат махрум карда шаванд. Дар бахши кишеарзй талаб мекунад, кк сатхи маърифати одамон баланд бардошта шавад. Аммо нуфуз ва салохияти назоратии помешикхо химоя мешаванд. Андешаи таквият бахшидан ба салохияти назоратии рухониён пешкаш мешавад. Робитаи мафхумхои щонун» ва ацщат» эъгироф мешавад, аз чумла таъкид мегардад, ки конун «хакикат» аст, зеро Худо «дустори хакикат» ва зиёда аз ин, «худ хакикат аст». Дар робита бо хакикат талаб мекунад, ки адолати судй низ бояд бархак бошад. Таъкид мешавад, ки дворянхо бинобар ришваситониашон ба мансаби судягй набояд пешкаш шаванд, судяхои нохак бошанд, бояд ба чазои катл махкум гарданд. Бахри танзими фаъолияти судй зимни кодификат- сия тартиб додани Китоби судй зарур дониста мешавад.

М.М. Шербатов (1733 - 1790) - муаллифи асархои «Рочеъ ба зарурат ва фоидаи конунхои _шахрй», «Мулохизахои мухталиф оид ба идора» ва диг. мебошад. У пайдоиши давлатро зимни назарияи ХУЩУ'Ци фитрй ва шартномавй тахлил намуда, мархилаи тодавлатиро «холати табий» мешуморад, ки дар он хамаи одамон бинобар «тавлидашон аз Одам ва сипас аз Ыух табиатан баробар» буданд. Сипас, дар робита бо аклу истеъдоди гуногуни одамон нобаробарии табий сурат мегирад. Мутафаккир муътакид аст, ки махз ба гуфайли сифатхои шахей, аз кабили «акл. шучоат, накуй, кувва, мехнатдусгй» як катор одамон «сазовори эхтироми» дигарон гашта, ба хайси раи- сон интихоб мешаванд, фарзандони онхо бошанд, тарбия ва тахсили хуб гирифта, аз хурдсолй ба хукмравой ва идораи одамон омода мешаванд. Таъкид мешавад, ки одамон зимни бастани шартномаи )гтаъ- сиси давлат кисми ночизи озодии хешро ба зиммаи давлат вогузош- та, озодихои чудонопазири хешро нигох медоранд.

Шаклхои идораи монархия, аристократия, демократия ва истибдод фарк карда шуда, монархияи мутлаки Россия, хатто дар шакли маорифпарварй зери ганкид гирифта мешавад. Монархияи мутлак, ва монархияи махдуд чудо карда шуда, ишора ба он мешавад, ки мо- нархияи мутлак аслан давлати мустабид буда, дар монархияи махдуд конун эхтиром мешавад. Дар монархияи махдуд, ки шакли барои Россия макбули давлат эътироф мешавад, монарх сарвари хокимияти ичроия мебошад, макоми намояндагии конунгузор ва судй - Хукумати олии иборат аз шуъбахои корхои чиной, даромади давлат, савдо, лашкар ва равобити хоричй амал мекунад, суд хар сол дар хайати раис ва 6 судя интихоб мешавад. Вобастагии шаклхои дав-


293



лат аз омилхои цугрофй эътироф мешавад. Шакли идораи чумхурй бинобар рух додани исёну балвохо пазируфта намешавад. Бар зам- ми ин, таъкид мешавад, ки дар чумхурй хама ба «баробарии вазъ» мекушанд, холо он ки баробарй «давлатро нобуд месозад». Дертар хислатхои хуби чумхурй (хисси ватандустй, эхтироми конун, инкишофи савдо ва диг.) эътироф мешаванд.

Мутафаккири рус талаб мекунад, ки ахолй аз конунхо бархурдор бошад, аз чумла таклиф мекунад «Китоби цонунхо» зимни мухокимаи халк интишор гардад. Конунхои динй, фитрй ва давлатй чудо карда мешаванд. Бахри риояи аники конун дар фаъолияти судй тафсири худсаронаи конун аз чониби судяхо махкум карда мешавад.

С.Е. Деснитский (1740 - 1789) - доктори илмхои хукукшиносй дар сохаи хукукй римй, собик профессори факултаи хукукшиносии Донишгохи Маскав, яке аз пешвоёни чунбиши маорифпарварии Россия буд. Бар хилофи назарияи шартномавй ишора ба он мекунад, ки башар мархилахои таърихии зайлро паси cap намудааст: давраи тикер; давраи чорводорй ва подабонй; давраи парвариши гандум; давраи нихоии тицорат. Ба назари мутафаккир, дар ду давраи аввала моликияти коллективй вучуд дошта, дар давраи сеюм моликияти хусусй пайдо мешавад. Дар давраи тичорат давлат пайдо мешавад. Таъкид мешавад, ки хокимият аз огоз мансуб ба сарватмандон буд. Сабаби нобаробарй дар сифатхои гуногуни шахей эхсос мешавад, аз кабили кобштияти гуногуни чисмонй, мехнатдустй, истеъдоди чамъи амвол.

Накуии шумораи бештари одамон хадафи давлат эълон мешавад. Монархияи конститутсионй шакли макбули давлат эътироф мешавад. Тибки лоихаи пешкаш намудаи у, 5 намуди хокимият пешбинй мешаванд. Хокимитяи конунгузор бо ширкати муштараки монарх ва Сенат (макоми якпалатадор), ки иборат аз 600 - 800 ва- кил аст, амалй мешавад. Вакилон аз чумлаи помешикхо, точирон, хунармандон, рухониён, зиёихо ба мухлати 5 сол бо хукукй интихоби минбаъда, вале на беш аз 3 маротиба интихоб мешаванд. Сенаторхо аз худашон Президентро интихоб мекунанд, ки масъалахоро ба монарх пешниход мекунад. Сенат хокимияти олии судиро низ амалй мекунад. Хокимияти ичроия пурра ба монарх мутааллик аст. Монарх хакки вето дорад. Дар амалй гаштани хокимияти ичроия макомоти идора бо номи коллегияхо иштирок мекунанд, ки ба монарх ва Сенат тобеъ мебошанд. Хокимияти чазодщй ба воеводахо тааллук дорад, ки аз чониби монарх таъин гашта, дар губернияхо ва музофотхо фаъолият доранд. Хокимияти шахрвандй ба макомоти интихобша- вандаи худидораи махаллй тааллук дорад.

Мутафаккир таклиф мекунад, ки хук,ук, ба сохахои зайл чудо карда шавад: давлатй, гражданй, чиной ва судй. Принсипхои зерини адолати судй пешкаш мешаванд: баробарй назди конун, бароба


294





рии чазо, мутобикати чазо ба чиноят ва диг. Зимни ислохи таснифи чиноятхо ва гурухбандии онхо
циноятх;ои мукобили итхсият ва моликият ба чои аввал гузошта мешаванд. Чаюй к,атл барои чиноятхои куштори касдонаи одам ва хиёнат ба ватан раво дониста мешавад.

Я.П. Козелский (1729 - 1795) - муаллифи «Асархои фалсафй», тарчумони асархои маорифпарварони Фаронса мебошад. Аз назарияи хуцуки фитрй ва шартнома чонибдорй мекунад. Таъкид мекунад, ки давлат зимни шартнома бахри таъмини некуахволии умум таъсис мешавад. Аз ин ру, дар холати сарфи назар шудани ин хадаф одамон тибки хукукй фитрии хеш хак доранд хокимиятро вожгун со- занд. Чу-Щуриро шакли хуби давлат эътироф мекунад, пеш аз хама ба хотири таъмини накуй ва ривочи конунгузорй. Монархияи мутлак,и маорифпарвар низ маъкул дониста мешавад. Ишора ба он мешавад, ки дар хама холатхо идораи фашасуфх,о мувофики максад аст. Мавсуф \укук, ва конунро чудо мекунад. Хунуки динй, фитрй, байналхалкй ва давлатй чудо карда мешаванд. Мутобикати конунхои давлат ба ин намудхои хукук зарур шуморида мешавад, дар акси хол конуни зиддихукукй беадолат мегардад. Мутафаккир зимни андехиах,ои ормонии хеш чомеаеро орзу мекунад, ки дар он сарватмандону бенавоён арзи хастй надоранд, одамон бо кори хеш машгул буда, аз 8 соат зиёд кор намекунанд, моликияти хусусй бинобар махдуд гаш- танаш мутааллик ба хамаи аъзои чомеа аст. У хамчунин орзу мекунад, ки дар оянда хамаи халкхо тахти конуни умумй муттахид гашта, хукукхо ва имтиёзи хешро баробар мекунанд.

А.Н. Радишев (1749 - 1802) - муаллифи асари «Саёхат аз Петербург ба Маскав» мебошад, ки ба бекор кардани хукукй заминбаста («крепостной»), озод намудани дехконони заминбаста («крепостной») ва хотима бахшидан ба мутлакият бахшида шудааст. Инкори катъии хукукй заминбастай бо истифода аз гояхои хукукй фитрй сурат мегирад. Чунончи, таъкид мешавад, ки «асоси конунро хукукй фитрй ташкил медихад», зеро хукук бар адолат карор дорад, на ба зурй. Аз ин нигох, вазъи дехконони заминбаста ва умуман гуломй мухолифи табиати инсонй ва хукукй фитрй эълон мешаванд. Камбудии конунхои мавчуда дар он эхсос мешавад, ки дар онхо умуман вазъи хукукии дехконони заминбаста муайян нагашта, дехкон чун «шахеи мурда» арзи вучуд дорад. Таъкид мешавад, ки дехконони заминбаста тибки хукукй фитрй хакки озодй доранд ва бахри ноил гаштан ба ин хукукй фитрии хеш метавонанд ба шуриш бархосга, мутлакиятро сарнагун созанд.

Дар робита бо хамин хукуку озодии фитрии инсон пайдоиши давлат тахлил мешавад. Ин раванд чунин тасвир мешавад, ки дар раванди пайдоши давлат одамон, алалхусус бенавоён аз хукукхои фитрии хеш махрум шуда, вале сарватмандон сохиби хукмравой ме-


295





гарданд. Чунончи, таъкид мешавад, ки то пайдоиши давлат одамон дар холати табий бо хам баробар зиндагй мекарданд, вале пайдоиши моликияти хусусй ба нобаробарй ва пайдоиши давлат сабаб мешавад. Давлат дар натичаи созиши хомушонаи одамон бахри таъмини хаёти осудахолона, химояи одамони мазлум пайдо мешавад. Халк баъди таъсиси давлат сохибихтиёрии хешро пурра нигох медорад.


Аммо раванди инкишофи таърихй, алалхусус пойдоршавии мут- лакият хакки мардумро халалдор месозад. Мутлакият «холати на- фратовар» ва мухолиф ба «табиати инсонй» эълон мешавад. Шох «аввалин одамкуш», «аввалин рохзан», «аввалин хиёнаткор» унвонй мешавад. Хама гуна шаклхои монархия (маорифпарвар, махдуд ва диг.) манфй тавсиф мешаванд, аз чумла таъкид мегардад, ки «шохи маорифпарвар аслан вучуд надорад».

Мутфаккири рус пуштибони чомеаест, ки дар он сохибмулкон озод ва баробар мебошанд, замин байки кишоварзон бемузд таксим мешавад, шакли идораи чумхурй истифода мешавад, фаъолияти мансабдорон зери назорати макоми намояндагй сурат мегирад, халк чун давлат хокимиятро пурра сохибй мекунад. Мутафаккир тачзияи хокимиятро эътироф намекунад. Ба чои он пуррахокимиятии халк пазируфта мешавад. Ояндаи Россия ба мисли чумхурихои Новгород ва Псков тасаввур мешавад, аз чумла пешбинй мешавад, ки Россия чун федератсияи шахрхо барчой мемонад ва Нижний Новгород пойтахти он эълон мешавад. Дар ин давлат хукукхои фитрии инсон ба химояи шахей, ба моликият, ба хифзи баробари судй, ба озодихои андеша, сухан, амал таъмин мешаванд. Интихоби судхои земавй аз чониби шахрвандон, таъсиси судхои динй, шахрвандй, харбй ва вичдонй, бекор кардани чазои катл ва сабук намудани чазохо пешбинй мешаванд.


29Ь





БОБИ 10. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ ОЛМОН ДАР ОХИРИ АСРИ XVIII ВА ИБТИДОИ АСРИ XIX

1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   58


написать администратору сайта