тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Тобеияти аксари одамон ба конунхо нишонаи асосии хукук эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки дар холати набудани чунин тобеият хукук арзи вучуд надорад. 360 Дар натича мутафаккир ба хулоса меояд, ки хукук аз чониби хокимияти сохибихтиёр (воло) мукаррар гашта, тобеияти одамонро талаб мекунад. меъёрхои хукук бошанд, дар асл меъёрхои мачбурсозй мебошанд. Хокимият омили созгордихандаи меъёри хукук шинохта мешавад. Андешаи Ч- Остин дар хусусй вобастагии байни хокимият ва хуцхк, бо андешаи Иеринг наздикй дорад. Илова ба ин, Ч- Остин кушод менависад, ки меъёри ХУ«,УК дар вокеъ «коидаест, ки онро як мавчудоти аклонаи дорой хокимият бар болои мавчудоти дигари аклона бахри идорааш мукаррар мекунад». Хамин тарик. мафхуми хукук дар робита бо меъёрхои, ё коидахои хокимият дарк шуда, чун мачмуи коидахои рафтор тавсиф мешавад. Ин таъриф, тавре мушохида мешавад, хислати позитивй дорад, зеро мафхуми хукукро дар нртибот бо хокимияти давлатй, имкони кудрату тавоной хокимият (мачбурсозй), коидахои (меъёрхои) рафтор рушан мекунад. Бар замми ин, хаёти мавчудоти аклона, яъне чомеаи инсонй сохаи амали хукук эътироф мешавад. Мутафаккир ба аклу хиради инсонй чун барандаи хукук ишора мекунад. Дар натича мафхуми хукук то- биши аклона касб мекунад. Хислати дигари хукук бо имкони идораи одамон вобаста карда мешавад. Мутафаккир таъкид мекунад, ки хукукро хокимият бахри идораи одамон мукаррар мекунад. Дар натича имкони идоравии хукук эътироф мешавад. Ба назари мавсуф, хукукро як тараф (хокмиятдор) барои идораи зердастон мукаррар мекунад. Чунин тавсифи маънии хукук маънои онро дорад, ки хукук воситаи хокимиятдории хокимон, василаи зери хокимият карор додани одамон мебошад. Бар заммин хамаи ин, Ч- Остин махсус таъкид мекунад, ки хукук аслан фармони хокимиятдори воло мебошад. Хамчунин ишора ба он мешавад, ки меъёри конун санксия дорад. Аз ин хотир, кайд мешавад, ки меъёри к;онун фармонест. ки дорой санксия мебошад. Аз ин чо мутафаккир кушиши муайян намудани мафхуми конунро ба харч медихад. Ба акидаи у, конуни позитивй (конуни давлат) аз меъёрхо-фармонхо иборат аст, ки ба зиммаи шахе ухдадорихо воме- гузоранд ва дар холати ичро нагаштани ин ухдадорихо окибатхои номусоид барои шахе пеш меоянд. Тавре мушохида мешавад, дар назарияи Ч- Остин конуни давлат (позитивй) маънии хукукро дорад. Мутафаккир мафхумхои ХУКУК ва конунро чудо намекунад, ки умуман хоси назарияхои позитивист. Зери мафхуми хукук меъёрхои конун фахмида мешаванд. Ба ибораи дигар, хукук мачмуи меъёрхоест, ки аз чониби хокимияти воло (сохибихтиёр) дар шакли конун мукаррар мешаванд. 361 Хислати дигари х,укукро дар назарияи мутафаккир махз мачбурсозии давлатй ташкил медихад. Ба акидаи Ч Остин, хукук бидуни тобеияти одамон ба хокимияти воло вучуд надорад. Танхо тобияг ба меъёрхои конун нишонаи хастии хукукро (конунро) дорад. Барои таъмини тобеияти одамон бошад, хокимияти воло аз санксияро ва урдадориро истифода мебарад. Дар холати ичро нагаш- тани меъёрхои ухдадоркунанда санксияхои конун истифода гашта, шахе мавриди истифодаи мучозот карор мегирад. Ба ибораи дигар, хокимияти воло бо баробари мукаррар намудани конун кафолати амалй шудани онро зимни санксияхо, мучозот ва ухдадорихо фарохам меорад. Ин кафолати конун ба манфиати худи хокимият пешбинй мешавад, чунки меъёри конун, ба назари мутафаккир, фармон аст. Табиист, ки хеч кас хакки саркашй намуданро аз чунин фармон надорад. Дар акси хол шахе мавриди татбики мучозоти хокимият карор мегирад. Бар замми ин, чунин мучозотро худи хокимияти воло мукаррар мекунад. Хамин тарик, назарияи Ч- Остин позитивй буда, мафхуми хукукро дар робита бо конун рушан мекунад. Хукук чун мачмуи меъёрхои конун тавсиф мешавад. Мохияти хукукро меъёрхои фармонии хокими воло муайян мекунанд. Мачбурсозй, санксияхои конун, усули фармоишй, мучозот нишонахои асосии хукук махсуб мешаванд. Тибки ин назария, хокимияти воло сарчашмаи асосии хукуки позитивй мебошад. ки якчоя бо хукуки динй амал мекунад. Хукук бо ахлок дар холати тазодй карор дорад ва бо меъёрхо, арзишхо ва талаботи ахлокй ягон робита дошта наметавонад. Бо ин андешахояш Ч- Остин мекушад хукукро чун падидаи соф фармоишии хокимияти воло тавсиф намояд.
Людвиг Гумплович (1838 - 1909) - мутафаккири Австрия, чомеа- шинос ва давлатшинос, яке аз таргибгарони гояи «мубориза чун конуни инкишофи чомеа» буда, муаллифи асархои «Нажод ва давлат. Тахкики конуни ташаккули давлат», «Хукуки давлатии умумй» мебошад. Мавсуф пайдоиш, инкишоф ва мохияти давлатро бо истифода аз усули сотсилогй, аз чумла дар иртибот бо к,онунрои инкишофи чомеа муайян мекунад. Мубориза барои расти яке аз конунхои хастии ин- соният, омили инкишофи чомеаи инсонй арзёбй мешавад. Айни замон мубориза барои хастй байни гуруххои гуногуни одамон барои рукмронии як гурур ва тобеъ намудани гурури дигар сурат мегирад. Мутафаккир конуни (ба кавлаш) олии инкишофи чомеаи инсониро мекушояд, ки чунин маънй дорад: гуруххои тавоной ода- 362 мон гуруххои заифтарн одамонро ба худ тобеъ намуда, сипас бахри мубориза бо куввахон тавоной саввум бо хам муттахид мешаванд. Хамин тарик, мубориза хамеша давом мекунад. Ба назари Гумплович, муборизаи байни гуруххои тавоно ва за- ифтари одамон, кушиши хамешагии одамон ба хукмронй, хукмронй ва тобеият чун маънии аслии зиндагии инсонй мохияти асосии вучуди хаёти инсонй, конуни инкишофи хаёти сиёсиро ташкил медиханд. Сиёсат бо муборизаи беамон бахри хукмронй, хукмрониву тобеият алокаманд карда мешавад. Хамин мубориза, ки маънии хастии инсониро ташкил медихад. мохияти сиёсатро рушан мекунад. Гумплович ду сабаби асосии муборизаи байни одамонро муайян карданй мешавад: 1) тафовути нажодии одамон', 2) омищои иктисодй. Ба андешаи мутафаккир, тафовути нажодро яке аз сабабхои мубориза бахри хастии инсонй мебошанд. Таъкид мешавад, ки нажодхо гуногун мешаванд, як нажод бинобар доштани аклу заковати баланд- тар ва майл ба интизоми кавитар, нажоди аз нигохн хираду интизом заифтарро ба худ тобеъ мекунад. Ин мутеъгардонии нажодй зимни чангу муборизаи бардавом чомаи амал мепушад. Айни замон ишора ба он мешавад, ки муборизаи нажодй даврахои алохидаи таърихиро паси cap намудааст. Дар давраи якум, авлодхои кавитари одамон авлодхои заифтарро нобуд мекунанд. Дар давраи дуввум, одамони заиф ба гулом табдил дода мешаванд. Дар давраи саввум, гуруххои кавитари одамон бахри нигахдории хукмронии хеш давлатро таъсис медиханд. Хамин тарик, ба назари Гумплович. давлат дар натичаи мубо- ризаву чангхои байни одамон, нажодхо пайдо мешавад. Давлатро на кулли башар, балки нажодхои кавиирода, одамони дорой хираду интизоми волотару кавй таъсис медиханд. Одамони мутеъ бошанд, дар ташкили давлат сахмгузор набуда, хамеша зери тобеияти давлат зиндагй мекунанд. Ба ибораи дигар, нажоди кавитар хакки ташкили давлат, хукуки хукмравоиро дорад. Айни замон нажод чун падидаи на биологй, балки ичтимой баррасй мешавад. Ин бесабаб нест, чунки мавсуф инкишофи чомеаро зимни усули сотсиологй тахкик мекунад. Сабаби дигари мубориза ва тазоди ичтимой омили щтисодй махсуб мешавад. Гумплович дар ин хусус менависад: «Хамеша ва дар хама чой омилхои иктисодй сабаби хама гуна чунбиши ичтимой мебошанд». Таъкид мешавад, ки «инкишофи давлатй ва ичтимой» махз бо омили иктисодй алокаманд аст. Хамин тарик, иктисод заминаи инкишофи хам чомеа ва хам давлат эътироф мешавад. Гумплович муътакид аст, ки мубориза, чанг, тазоди ичтимоиву сиёсй конуни хамешагии инкишофи чомеаи инсонист. У таъкид мекунад, ки чангу муборизаи авлоду кавмхои кадима, ки ба пайдоиши 363 давлат меоранд, дар замони нави тамаддун шакли дигарро касб мекунанд. Акнун чангу мубориза дар дохили давлатхо низ сурат мегирад, аз чумла байни синфхо, гуруххои ичтимой, табакахо, хизбхои сиёсй. Дар натича Гумплович ба хулоса меояд, ки мафрум ва морияти давлат махз бо мубориза, чанг, тазоди байни одамон муайян мешавад. Давлат чун натичаи чангу мубориза, василаи хукмронии гурухи одамон, воситаи мутеъ гардонидани одамони дигар, истисмори одамони тобеъ тавсиф мешавад. Мачбурсозй, тобеъгардонй, мутеъ намудани одамон нишонахои асосии давлат махсуб мешаванд. Окибат давлат чун василаи мачбурсозй, хукмронй, тобеъгардонии одамон тавсиф мегардад. Чунин тавсифи давлатро мутафаккир чун конуни хаёти инсонй шарх медихад. Ба назари у, одамон бидуни хукмрониву тобеият арзи вучуд надоранд. Тибки хулосаи мутафаккир, одамон хамеша ба хукмрониву тобеият, ба чангу мубориза, мунокишаву тазод ниёз доранд. Аз ин хотир, давлат чун василаи хамешагии таъмини хокимияту тобеият тавсиф мегардад. Хангоми пешкаши таърифи давлат Гумплович ба як катор аломатрои мафрумии давлат ишора мекунад. Чунончи, давлат чун коида ба хайси ташкилоти хукмронй пайдо мешавад. Чунин пайдоиши давлат тибки конуни мукаррарй сурат мегирад. Рохи дигари пайдоиши давлат вучуд надорад. Давлат бахри таъмини тартиботи рук,ук,й мекушад. Мафхуми «тартиботи хукукй» дар робита бо мафхуми хукук истифода мешавад. Тартиботи хукукй, ки ба назари мутафаккир, хадафи давлат аст, аслан мукаррароти хукукии давлатро дар назар дорад. Дар ин замина давлат чун «ташкилоти ба таври мукаррарй пайдошуда» таъриф дода мешавад, ки «бахри таъмини тартиботи хукукй талош меварзад». Гумплович нак;ш ва нуфузи баланди давлатро дар хаёти одамон эътироф мекунад. У кайд мекунад, ки озодй, моликият, оила, хукукхои шасхии инсонро махз давлат таъмин мекунанд. Ба назари мавсуф, инсон бидуни давлат моликиятдорй ва оиладорй карда наметавонад, аз хукуку озодихояш истифода бурда наметавонад. Хулосаи нихоии мутафаккир ин аст, ки ахли башар бидуни давлат «хастии арзанда» надоранд. Дар назарияи Гумплович таърихи ташаккули руку к, чунин тас- вир мешавад: дар мархилаи аввал, бинобар чой надоштани давлат, меъёрхои ахлок, амал мекунанд. Дар мархилаи пайдоиши давлат бо баробари кабули к,онунрои давлат меъёрхои ахлокй хислати хукукй пайдо мекунанд. Хамин тарик, хукук махсули давлат эътироф мешавад. Пайдоиши хукук ба маънои кабули конунхо баррасй мешавад, яъне 364 хукук бо баробари эчоди конунхо, дар шакли конун пайдо мешавад. Конунгузорй яке аз роххои пайдоиши хукук эътироф мешавад. рохи дигари ташаккули таърихии хукук ифодаи ахлок дар меъёрхои конун махсуб мешавад. Мафруми хукук, низ дар иртибот бо давлат муайян мешавад. Хукук чун «ифодаи мукаррароти давлат» тавсиф мегардад. Ба назари мавсуф, хукук чун мукаррароти давлат бидуни давлат арзи вучуд надорад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки хукуку озодихои инсон низ аз давлат вобастагй доранд, аз чониби давлат пешбинй мешаванд. Ба андешаи мутафаккир, хукуку озодихо мустакилона вучуд надоранд ва аз ин хотир, бо фитрати инсонй алокаманд нестанд. Хулосаи нихоии Гумплович ин аст, ки хук,ущои фитрии инсон арзи вучуд надоранд. У кушод менависад, ки «хукукхои чудонопазири инсон» аслан чой надоранд, онхо хаёли хом, андешаи баргалат мебошанд. Гумплович ба хулоса меояд, ки хукукхои чудонопазири инсон бо давлат, хукук, конунхо, тартиботи хукукй алока надошта, ба бесарусомонй меоранд. Ба андешаи у, чомеа ва хаёти инсонй ба хукмрониву тобеият, хокимият, хокимиятдорй, давлат, мукаррароти хукукии давлат ниёз доранд ва дар холати эътирофи хукукхои фитрии инсон ин арзишхои барои инсон хаётан мухим халалдор гашта, дар чомеа бесарусомонй cap мезанад. Давлат ва хукукхои фитрии инсон, ба назари Гумплович, хамдигарро истисно мекунанд. Хамин тарик, Гумплович дар натичаи эътирофи накш ва нуфузи беандозаи давлат дар хаёти башар ба хулоса меояд, ки хастии инсон, зиндагии арзандаи одамон (моликиятдорй, оиладорй, озодй, хукукхои шахей) аз давлат вобастаанд, аз чониби хокимияти давлатй мукаррару таъмин мешаванд. Маънии ин андешаи мутафаккир ин аст, ки инсон ба андозаи пешбинй намудаи давлат озод аст, аз хукукхое истифода карда метавонад, ки давлат мукаррар мекунад. Чунин андеша барои он пешбарй мешавад, ки Гумплович маънии хастии инсониро дар хокимияту тобеият мебинад. Ба назари у, одамон бидуни хукмронии як гурухи одамон ва тобеияти гурухи дигари одамон арзи хастй надоранд. Табиист, ки дар холати эътирофи хукукхои фитрии инсон ин низоми хокимияту тобеият халалдор мешавад. Ба хотири нигох доштани ин низоми давлатй_мутафакки- ри австриягй аз хукукхои фитрии инсон хазар мекунад. У хатто таъкид ба он мекунад, ки дар холати эътирофи хукукхои фитрй инсон худро чун Худо тасаввур мекунад.
Герберт Спенсер (1820 - 1903) - мутафаккири Англия, яке аз асос- гузорони назарияи органикии давлат. чонибдори тахлили сотсиоло- 365 гии чомеа, давлат ва хукук, мунаккиди гояи сотсиалистй, муаллифи асари «Принсипхои сотсиология» махсуб мешавад. Мавсуф цомеашиносиро ягона илми бархак дар1 омузиши чомеа, давлат ва хукук мешуморад. Айни замон у зимни омузиши чомеа, сохт ва инкишофи он аз мафхумхо, истилох ва конунхои инкишофи мавчудоти биологи васеъ истифода мекунад, тафовут ва якран- гии чомеа ва мавчудоти биологиро рушан мекунад. Мутафаккир зимни чунин тарзи тахлил ба хулоса меояд, ки мавчудоти биологй дар рафти пайдоишу инкишофашон аз намудхои оддй ба намудхои мараккаб, аз намуди холис ба бисёрнамудй майл доранд. Ин раванди конунии пайдоишу инкишофи мавчудоти биологй ба падидахои чомеа, давлат ва хукук низ пахн карда мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки падидахои чомеа низ ба мисли мавчудоти биологй дар рафти ташаккулу инкишоф мавриди мураккабгардй ва муттаридшавй, тасниф ба намудхои чудогона карор доранд. Ба назари мутафаккир, падидахои чомеа дар рафти ташаккулу инкишофашон аз нигохи сохт ва функсияхо ба кисмхои алохида таксим мешаванд, дар гуруххои алохида муттахид мешаванд. Ин гуруххои муттахидиро у зимни истифода аз истилохи биологй «агрегатхо» меномад. Дар натича шаклхои гуногуни иттиходи одамон, аз кабили цабила, иттиходи к,абиларо, шахр-давлатхо, империярои бузург агрегат номгузорй мешаванд. Айни замон таъкид мешавад, ки кушиши аз хад бештари монанд кардани иттиходхои инсонй ба мавчудоти биологй мувофики максад нест. Ба андешаи Спенсер, иттиходхои инсонй, аз он чумла сохторхои сиёсиву ичтимой бо «олами растанихо ё хайвонот» шабохати мустаким надоранд. Шабохати сохторхои чомеа ва мавчудоти биологиро мавсуф танхо дар заминахои умумии ташаккули онхо мебинад. Яке аз шаклхои ифодаи шабохати сохторхои чомеа ва мавчудоти биологиро мутафаккир дар он эхсос мекунад, ки хар дуй онхо аз кисмхои чузъй ташкил гашта, байни ин унсурхои таркибй равобити зарур чой дорад. Таъкид мешавад, ки шаклхои иттиходи одамон бо таъсири омилхои хаёти чомеа инкишоф меёбанд, аз кабили таксимоти синфй, ташкили макомоти давлат ва диг. Бо назардошти ин омил, хамаи шаклхои иттиходи инсонй ба гуруххои зерин чудо карда мешаванд:
Низоми танзими синфу табакахои чомеа, таксимоти мехнат, хокимияти сиёсй ва макомоти давлатро фаро мегирад. Кишоварзй ва хунархои гуногун низоми таъминоти гизоро ташкил медиханд. Савдо, наклиёт, воситахои гуногуни муошират унсурхои низоми махсусгаштаи тацсимот мебошанд. 366 Хамзамон накши мухими ташкилопцои сиёсй (давлат, макомоти давлат. сохторхои дигари сиёсй) эътироф мешавад. Манфиати цомеа ва унсуррои чудогонаи он хадафи асосии ташкилотхои сиёсй эълон мешавад. Ба акидаи Спенсер, пайдоиши давлат зимни таксимоти гуногуни дохили чомеа сурат мегирад. Ба андешаи у, аввал таксимоти оилавй cap зада, мардон бинобар нуфузи волои хеш дар оила синфи алохидаи хукмронро нисбат ба занхо ташкил медиханд. Сипас, так,симот дар дохили синфи мардро мушохида мешавад. Ин таксимот бинобар пайдо шудани гуломон, зиёдшавии шумораи гуломон дар натичаи чангхо ва асорати одамон ба миён меояд. Нихоят, зимни ташаккули синфи гуломдорону хокимиятдорон ва синфи гуломону асирон таксимоти сиёсй ба вукуъ мепайвандад. Дар натичаи ин таксимот синфи хоким ва синфи мутеъ ташаккул меёбанд. Таъкид мешавад, ки минбаъд ин таксимоти синфии ахолй гу- стариш меёбад, ки боиси пайдоиши табакахои нави одамон, тавоно гаштани хокимиятдорон мегардад. Бар заммин ин, хадафхои чангй, истилои халкхои бегона низ омили мухими мураккаб гаштани сохти чомеа мегарданд. Дар натича цомеаи харбй ташаккул меёбад, як гурухи одамон хукмрон гашта, одамони дигар тобеи давлат мегарданд, ба моликияти давлат табдил ёфта, хислатхои фардии хешро аз даст медиханд, ба хадафхои чангии давлат хизмат мекунанд, хаёту озодии хешро тобеи давлат мегардонанд, манфиатхои нигахдории сохти мавчудаи чомеа ба мадди аввал баромада, манфиатхои фард поймол мегарданд. Окибат, низоми хокимиятдории мутамарказ, тобеияти беандозаи одамон ба хокимият, муносибатхои тобеиятии мар- таботии байни одамон нишонахои асосии чомеа ва давлати чангй мегарданд. Навъи дигари чомеа ва давлатро Спенсер саноатй. ё индустриалй меномад. Дар ин чомеа ва давлат акнун иттиходи одамон хислати ихтиёрй касб мекунад, дахлнопазирии моликияти хусусй, озодии шахей, озодии савдо ва хунархо, фаъолияти макомоти намояндагй таъмин мешавад, имтиёзхои табакавй аз байн мераванд, хокимияти сиёсй гайримарказ мегардад. меросбарии мансабхои давлатй манъ мешавад, шуури одамон комилан тагйир меёбад, аз чумла хисси гуломй аз байн меравад, кадри озодии шахей густариш меёбад. Хамин тарик, Спенсер ду навъи чомеа ва давлатро чудо мекунад: харбй (цангиро) ва саноатй (индустриалй). Онхо дар рафти инкишофи таърихй хамдигарро иваз мекунанд, ки конуни инкшо- фи таърихист. Мутафаккир таърихи башарро бо ин ду навъи чомеа махдуд намуда, таъкид мекунад, ки цомеаи сотсиалистй камбудихои чомеаи капиталистиро пурра аз байн намебарад. Ба акидаи у, дар чомеаи 367 сотсиалистй манфиатхои шахей ба манфиатхои умумии чомеа тобеъ мешаванд, фаъолияти давлат бештар гашта, боиси ташаккули тоифаи бюрократхо ва сипас, ашрофон мегардад, мехнаткашон бахри таъминот ва зиндагии хамин тоифаи хукмрон истисмор мешаванд, синфхо аз байн нарафта, баръакс, шаклхои нав пайдо мекунанд ва дар нихояти кор, сотсиализми бюрократы ташаккулу инкишоф меёбад.
Георг Еллинек (1851 - 1911) - мутафаккир ва давлатшиноси Олмон, муаллифи асархои «Таълимоти умумй рочеъ ба давлат», «Ахамияти ичтимоиву ахлокии хукук, нохакй, чазо», «Хукукхои акалиятхо» мебошад. У зимни тахлили давлат аз усули сотсиологй истифода намуда, давлатро чун ташкилоти хокимияти давлатй тавсиф мекунад. Мафхуми давлат дар робита бо истифода аз усули шакчии меъёри низ муайян мегардад. Зимни истифода аз ин усул мутафаккир ба тано- субу алокаи байни давлат ва хукук; мутаваччех шуда, накши давлатро дар эчоди меъёрхои ХУКУКй мебинад. Тавре мавсуф менависад, «дарки хукукии давлат» омузиши «меъёрхои хукукиро талаб мекунад», ки «аз чониби давлат мукаррар гаштаанд». Еллинек равобити давлат ва хукукро дар он мебинад, ки ХУКУК сохти хУКУКй заминаи давлат аст, давлат махз зимни хукук арзи вучуд дорад. У таъкид мекунад, ки ин ё он давлат метавонад шакли идораи чумхурй ё шохй надошта бошад, метавонад федеративй набошад, вале дар хар сурат бояд сохти хукукй дошта бошад. Хамин тарик, хукук аломати давлат эътироф мешавад. Бо ин ан- дешааш мутафаккир майлашро ба давлати хукукбунёд зохир мекуад. Мебояд зикр намуд, ки гояи давлати хукукбунёд дар хукукшиносии позитивй васеъ истифода мешавад. Зимни таъкиди ахамияти сохти хукукй барои давлат Еллинек акида пешкаш мекунад, ки бехокимиятй (анархия) мухолифи сохти хукукист. У менависад, ки бехокимиятй «метавонад вокеан чой дошта бошад», вале «аз нуктаи назари хукукй чоиз нест». Бо ин ан- дешааш мавсуф таъкид карданй аст, ки бехокимиятнро хукук манъ мекунад, бехокимиятй ва хукук хамдигарро истисно мекунанд, сохти хукукй бехокимиятнро намепазирад. Зимни рушан намудани мафхуми меъёрии ХУКУК Еллинек гояи давлати хукукбунёдро таквият медихад. У кайд мекунад, ки хукук дар шакли меъёрхои хукукии давлат арзи вучуд дорад ва ин меъёрхо фаъолияти давлатро махдуд мекунанд. Ба ибораи дигар, давлат бо меъёрхои хукукии мукарраркардааш худро махдуд мекунад. 368 Таъкид мешавад, ки хукук меъёрхои байналмилалиро низ дар бар мегирад. Дар ин замина акида пешкаш мешавад, ки хукук аз меъёрхои хукукии хам дохилидавлатй ва хам байналмилалй вобастагй дорад. Еллинек робитаи байни ХУКУК ва ахлокро эътироф мекунад. Ба андешаи у, хукук, якум, хадди акал фаъолияти ахлокиро тачассум мекунад, дуввум, сохаи хаёти ахлокиро танзим мекунад. Робитаи хукук ва ахлок аз нигохи обективй ва субективй баррасй мешавад. Аз нигохи обйективй, хукук хадди акали меъёрхои ахлокиро фаро мегирад. чунки ин меъёрхои ахлокй «заминахои вучуди чомеа» мебошанд. Аз хамин хотир, яъне бинобар зарурати мувофикат ба шароитхои хастии чомеа, хукук хадди акали меъёрхои ахлокиро ифода мекунад. Аз нигохи субйективй, хукук «хадди акали амали ахлокй ва кайфияти ахлокист, ки аз аъзоёни чомеа талаб карда мешавад». Аз ин ру, дар назарияи Еллинек мувофщати ХУКУК ба талаботи ахлокй чун масъалаи мухим пазируфта мешавад. Аз чумла, таъкид мешавад, ки хукук бояд мутобики адолат бошад. Ба акидаи мутафаккир, хукук дар холати беадолатй аслан на хукук, балки нохаккист. Мавсуф ба мафхуми «хукуки субективй» мутаваччех шуда, онро зимни таносуби давлат ва хукук рушан мекунад. Айни замон ду мафхум фарк карда мешаванд: 1) ХУКУКи субективии фардй, 2) ХУКУКи субективии омма. Хукуки субективии фардй, ба акидаи у, ифодаи иродаи инсон мебошад, ки зимни хукук эътирофу химоя гашта, барои сохиб гаштан ба ягон неъматхо, ё бахри манфиати муайян равона мешавад. ХУКУК м субективи омма бошад, талаби шахе ба давлат дар бобати мухайё намудани ягон неъматхо мебошад. Хукуки субъективиро шахе худаш амалй мекунад. Дар холати надоштани чунин имконият шахе бо талаби таъмини хукуки субек- тивияш ба давлат мурочиат мекунад. Хамин тарик, хукуки субективии фардй ва хукуки субективии омма фарк карда мешаванд. Яке аз чониби худи шахе ва дигаре бо сахми давлат таъмину амалй мешаванд. Хукукхои субективй ба ду намуд чудо карда мешаванд: 1) фардй (шахей); 2) коллективй. Се намуди хукукхои фардй чудо карда мешаванд: 1) хукук ба озодихои сиёсй, ки шахсро аз худсарии давлат эмин нигох медоранд;
Ба намуди якуми хукукхои шахе дохил мешаванд: дахнопази- рии шахей, манзил, мукотиба, ба истиснои холатхои мудохила тибки карори судй; озодии мусофират; озодии вичдон; озодии сухан ва матбуот; озодии мачлисхо ва диг. Намуди дуввуми хукукхои шахсро хукук ба химояи манфиатхои конунй аз чониби давлат ташкил 369 медихад, ки дар конунгузории мурофиавй мустахкам мешавад. Намуди ееюмро хукуки интихобот ва дигар хукукхои шахе ташкил медиханд, ки имкони ширкатро дар хаёти сиёсй таъмин мекунанд. Хук,укрои ацалиятро аз чумлаи хукукхои коллектисй эътироф мешаванд. Ба андешаи Еллинек, хукуки акалияг мумкин аст дар рафти ташкили хокимияти конунгузор поймол гардад. У аз чумла таъкид мекунад, ки нуфузи бештари аксари ахолй, аз чумла дар бахши хокимиятдорй нишонаи зулм дар хакки акалиятхост. Барои пешгирии ин истибдоди бештари ахолй мутафаккир таъмини хукукхои акалиятро зарур мешуморад, Айни замон шаклхои мухталифи мук;обилияти ацалият дар чахорчубаи истифода аз хукукхои хеш пешбинй мешаванд, аз кабили: 1) мукобилиятн гайрифаъол тавассути ширкат накардан дар кори парлумон; 2) дидаву дониста ба таъхир андохтани мухлати баррасии масъала дар парлумон; 3) истифода аз хукуки вето. Мутафаккир муътакид аст, ки дар холати истифодаи ин хукукхо кисми бештари бонуфузи ахолй мачбур мешавад ба манфиати акалияти чомеа гузашт кунад. |