Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница47 из 58
1   ...   43   44   45   46   47   48   49   50   ...   58
гояхои сотсиа- литиву коммуниста, аз чумла чомеа ва давлати сотсиалистй, чомеаи коммуниста, фахмиши материалисгии таърих, равобити моддиёт ва падидахои сиёсй, форматсияхои чамъиятиву иктисодй, инкишофи форматсионии чомеа, таносуби зербино ва рубинои чомеа, дикта- тураи синфи коргар ва чанде дигарро пешбарй ва тахкик мекунанд.

Назарияи марксистй, ки айни замон масоили гуногуни сиёсй, иктисодй, ичтимой, фархангиро фаро мегирад, дар тули нимаи дуввуми асри XIX ва асри XX дар кишвархои дорой тамоили сотсиалистй васеъ истифода мешавад, аз он чумла дар собик давлати шуравй. Агарчанде бештари давлатхои собик сотсиалитсй самти дигари инкишоф ва гуногунандеширо интихоб намуда бошанд хам, унсурхои чудогонаи таълимоти марксистй то хол дар шуури кисми ахолй


380





арзи вучуд доранд ва хатто дар доирахои илмй истифода мешавад,
аз чумла зимни таваччух ба мафхуми сиёсии давлат, мафхуми меъё- рии хукук, таносуби шароитхои моддй хаёт ва падидахои давлати- ву хукукй, нуктаи назари инкишофи форматсионй ва г.

Илова ба гуфтахои боло, гоя, мафкура ва самти инкишофи сотсиалистй дар як катор кишвархо (Чин. Ветнам. Кореяи Шимолй, Куба) расман истифода мешавад. Дар кишвархои самти инкишофашон дигар бошад, гояи сотсиалистй то хол истифода мешавад, аз чумла дар мамолики Аврупо, Осиё, Африко ва диг.

Аз ин хотир, омузиши таълимоти марксистй, аз он чумла рочеъ ба давлат ва хукук имруз аз ахамият холй нест. Сарфи назар намудани таълимоте, ки дар тули бештар аз якуним аср дар кишвархои чахон мавриди тахлили мухаккикон карор гирифтааст, дар кишвархои алохида расман истифода шудааст, ё хеч набошад таваччухи ахли чомеаро чалб намудааст, аз он чумла дар мамолики араб, мувофики максад нест.

Вале омузиши таълимоти марксистй бояд зимни эътирофи мухи- мияти назарияхои дигар, дар иртибот бо гуногунии мафкуравй, бо назардошти шароитхои нави хаёти чомеа сурат гирад. Назарияи ягона бархак эълон намудани таълимоти максистй, ки замони шуравй мушохида мешуд, ба инобат нагирифтани пахлухои мусбии назарияхои дигар, ба таълимоти расмии мафкуравй табдил додани он чавобгуи хадафхои омузиши вокеъбинонаи назарияи мазкур нест.

Аз ин ру, хангоми таваччухи назар ба таълимоти марксистй шароитхои нави хаёти чомеа, равандхои нави пешрафти чомеаи чахон, самтхои чадиди инкишофи давлатдориро хам дар кишвархои алохида ва хам дар кулли чахон мебояд ба инобат гирифт. Танхо дар хамин холат тахлили назарияи марксистй вокеъбинона мегардад.

Ин нукта ахамитяи мухими назариявй ва сиёсй дорад, зеро таълимоти марксистй якуним аср пештар, дар робита бо шароитхои хаёти хамон давра пешбарй гаштааст. Аммо хаёти имруза комилан дигаргун гаштааст, шароитхо ва талаботи вокеии чомеа нав шудаанд. Табиист, ки назарияи марксистй дар шароити нав ба як идда саволхои дар пеш истода посухи сахех ва вокей дода наметавонад.

Аз ин ру, таълимоти марксистиро дар робита бо шароитхои таъ- рихиву ичтимой ва сиёсии ташаккулу инкишофаш бояд омухт. Ба ибораи дигар, таълимоти марксистй, ба мисли хама гуна назарияи дигар, таърихист, дар як давраи таърихй пешбарй гашта, дар шароити муайяни замона, бинобар чой доштани талаботи вокей истифода шудааст. Хдр як давай таърихй назарияхои навро талаб мекунад. Маънии инкишофи таърихии акидаву назарияхо дар хамин аст.

Аммо дигар гаштани шароити таърихй маънои онро надорад, ки бо баробари аз байн рафтани як катор назарияхо ва ташаккулу


381





эътирофи назарияхои дигар, акддаву гояхои пештара аз байн ме- рафта бошанд. Конуни инкишофи афкори инсонй дар он зохир меёбад, ки акидаву мафхумхо, гояхову назарияхои пештара дар шароити нави зиндагй ба максадхои маърифатй истифода мешаванд, заминаи пайдоиши назарияхои нав мегарданд, метавонанд дубора эхё гашта, хислати амалиро касб намоянд.


Таълимоти марксистй дар иртибот бо заминахои таърихй, сиёсй, аклонаи чомеа, аз чумла окибатхои рушди сармоядории Аврупо, вусъати тазоди ичтимоии байни коргарону сармоядорон, пахн гаштани гояхои сотсиалистиву коммунистии каблй ташаккул ёфтааст.

Заминаи ицтимоиву сиёсии назарияи марксистиро сохти сар- моядорй, окибатхои моликиятдории хусусй, ташаккули иктидори ичтимоии синфи коргар, афзоиши нобаробарии ичтимой, тазоди ичтимоии чомеа ташкил доданд. Поягузорони назарияи марксистй зимни тахлили чомеаи муосири хеш ба хулоса меоянд, ки инкишофи капиталистй боиси тазоди ичтимой ва нооромии чомеа, истис- мор ва норозигии синфи коргар гашта, ба сатхи нихой расидааст. Сохти сармоядорй ва моликияти хусусй сабабгори асосии вазъи но- солими чомеа махсуб мешаванд. Инкилоби синфи коргар, аз байн бурдани хокимияти синфи сармоядорон ва бархам додани моликияти хусусй рохи асосии ислохи вазъи носолими чомеа эътироф мешаванд. Марксистон боварии комил доштанд, ки Аврупо дар ара- фаи ислохи коммуниста карор дорад.

Заминаи гоявии таълимоти марксистиро акидахо, андешахо ва назарияхои гуногуни каблй ташкил доданд, аз кабили фалсафаи Гегел, назарияи иктисоди буржуазй (А. Смит, Д. Риккардо ва диг.), гояи сохибихтиёрй ва демократии Руссо, гояи сотсиалистй (Т. Мор, Т. Кампанелла ва диг.), андешахои търихнигорони Фаронсаи давраи Эхё (О. Терри, О. Минйе, Ф. Гизо ва диг.), акидахои озодихохии Ч,- Локк, Ш. Монтескйё ва диг.

Чунончи, акидаи намояндагони назарияи иктисодии буржуазй дар хусусй тафовути давлат ва чомеаи шахрвандй, баррасии давлат чун сохаи хокимиятдорй ва чомеаи шахрвандй чун сохаи муносибатхои истехсол, мубодила, таксим ва истеъмоли махсулот, пайдоиши давлат зимни талаботи чомеа, накши давлат дар бахши хидмат ба иктисод барои марксистон бетаъсир набуданд, алалхусус андешахо оид ба пайдоиши табиии давлат зимни талаботи чомеа, инкори акидахои шартномавй ва дигари пайдоиши давлат.

Акидахои Руссо дар хусусй сохибихтиёрии халк, хокимиятдории халк, хакки халк ба назорати фаъолияти хокимияти ичроия, равобити демократия ва сохибихтиёрии халк, озодй ва баробарии одамон дар марказй таваччухи марксистон буданд. Андешахои таърих- нигорони фаронсавии замони Эхё рочеъ ба вобасатагии сохти дав-


382





лат ва меъёрхои хукук аз шароитхои моддии хаёти чомеа. пайдоиши давлат ва хукук бинобар шароити чомеа, аз чумла муборизаи синфй ва таъсири минбаъади сохторхои сиёсиву хукукй ба чомеа. муборизаи синфй чун раванди асосии инкишофи таърихй низ ба марксистон таъсир расониданд. Марксистон аз андешахои сотсиалистон дар хусусй давлат хамчун химоягари манфиатхои табакаи сарват- манд васеъ истифода мебаранд. Акидахои Кант, Фихте, Гегел рочеъ ба хукук чун муносибати байни одамони озод, баробар ва мухтор низ бетаъсир набуданд.


Марксистон дар таркиби чомеа зербино (хаёти моддй, муносн- батхои иктисодй) ва рубиноро (падидахои сиёсиву хукукй, аз кабили давлат, хукук, ахлок, дин) аз хам чудо мекунанд. Зербино (хаёти моддй), ки бидуни иродаи одамон арзи хастй дорад, замина ва тахкурсии рубинои чомеаро, аз он чумла давлат ва хукукро ташкил медихад. Дар ин замина марксистон ба хулоса меоянд, ки рубинои чомеа, яъне хамаи сохтори сиёсиву хукукй дар иртибот бо зербинои чомеа, бо таъсири омили иктисодй пайдо мешаванд ва ташаккулу инкишоф меёбанд. Тавре марксистон мензвисанд: «Бо тагйири асоси иктисодй зуд табаддулот дар рубинои бузург ба вукуъ мепайвандад».

Асосгузорони назарияи марксистй гояи муайянсозанда будани моддиёт, хастии инсониро пешбарй мекунанд. Ба акидаи онхо, хастй аввалин буда, шуур дуввумин аст, «хастй шуурро муайян мекунад».

Дар назарияи марксистй давлат ва хукук, чун унсури рубинои чомеа тахлил мешаванд. Онхо дар иртибот бо омилхои моддй, яъне зербинои (тахкурсии моддии) чомеа пайдо мешаванд. Марксистон хамеша таъкид мекунанд, ки давлат ва хукук бинобар шароитхои моддии хаёт арзи вучуд доранд. Ба кавли онхо: «Тарзи истехсоли хаёти моддй ба таври умум ба равандхои ичтимой, сиёсй ва маънавии хаёти чомеа суръат мебахшад».

Таъкид мешавад, ки байни давлату хукук ва омилхои моддй алок,аи сабаби вучуд дорад. Дар ин хусус Ф. Энгеле ишора ба он мекунад, ки «сабаби хамаи тагйироти чомеа ва табаддулоти сиёсиро ... дар тагйири тарзи истехсолот мебояд чует».

Ба аднешаи марксистон, цомеаи шахрвандй, ки аз «оилахо, табакахо ва синфхо» иборат аст, аз «сатхи муайяни инкишофи истехсолот, мубодила ва истеъмол» вобастагй дорад. «Сохти сиёсй» аз чомеаи шахрвандй фарк карда мешавад, чун шакли сиёсии чомеаи шахрвандй эътироф мешавад. Таъкид ба он мешавад, ки сохти сиёсй аз чомеаи шахрвандй вобаста аст.

Акидаи мухими марксистй ин аст, ки таъсири омилхои иктисодй ба сохторхои сиёсиву хУКУ*>й бо баробари пешрафти хаёти моддй хар хел сурат мегирад. Тибки назарияи марксистй, иктисод тахкурсии вокеии рубинои сиёсиву хукукиро ташкил медихад, вале ин равобит


ж





дар даврах,ои гуногуни инкишофи таърихй хар хел ифода мегардад, чунончи, давлати буржуазй ифодаи иктисоди капиталистй буда, аз давлати атикй чун ифодаи муносибатхои иктисодии чомеаи атика фарк дорад. Таъкид мешавад, ки хатто дар дохили як форматсияи чамъиятиву иктисодй таъсири омилхои моддй дар ибтидо аз таъсири омилхои моддй дар даврахои минбаъда хар хел сурат мегиранд. Сабаби ин таъсири гуногуни омилхои моддиро марксистон дар он мебинанд, ки муносибатхои иктисодй хамеша дар инкишофанд, доимо тагйир меёбанд.


Айни замон марксистон дойр ба таъсири зербино ба рубинои чомеа ду акидаи дигар пешбарй мекунанд. Якум, онхо таъсири омилхои иктисодиро ба давлату хукук мутлак намешуморанд. Ба андешаи марксистон, омилрои дигар, аз кабили равандхои ичимой, муносибатхои синфхо, тачрибаи таърихй, анъанахои фархангй, сиёсати хоричй низ ба сохторхои сиёсиву хукукй таъсир мерасонанд. Тибки акидаи дуввум, сохторхои сиёсиву хукукй, агарчанде зери таъсири омилхои иктисодй карор гиранд хам, ба хар хол мустакил мебошанд.

Дар заминаи ин ду акида К. Маркс хулосаи умумй мешбарй мекунад, ки байни зербино ва рубинои чомеа «вобастагии дохилй» ва «мустакилияти беруна» мушохида мешавад. Заминаи ин хулоса- ро к,онуни инкишофи мустакилонаи унсуррои рубинои цомеа ташкил медихад. Ба андешаи К. Маркс, рубинои чомеа тибки конунхои ху- даш мустакилона инкишофи меёбад ва ба зербинои чомеа таъсири мутакобила мерасонад.

Хамин тарик, назарияи марксистй гояхои вобастагии рубинои чомеаро аз зербинои чомеа, равобити сабабии байни онхо (сабабу натича), мустакилияти унсурхои рубинои чомеа, таъсири мутакобилаи рубиноро ба зербинои чомеа пешбарй ва химоя мекунад. Дар ин замина конуни инкишофи чомеа ошкор мешавад. Тибки ин конун, рубинои сиёсиву хукукй бо таъсири омилхои моддй, пеш аз хама муносиабтхои иктисодй ба миён омада, инкишоф меёбад ва минбаъд ба зербинои чомеа таъсири мутакобила мерасонад.

#ояи дигари марксистй эътирофи сохти синфии цомеа мебошад. Синфхо ва муборизаи синфй аз чумлаи омилхое мебошанд, ки мохияти аслии назарияи марксистиро ташкил медиханд. Тибки андешаи марксистй, якчоя бо омилхои иктисодй хамзамон омили синфй арзи вучуд дорад, ки ба давлат ва хукук, аз чумла пайдоиш, шаклхо, вазифахои онхо таъсири бевосита ва халкунанда мерасонад. Хулосаи умумии назарияи марксистй ин аст, ки рубинои чомеа хислати синфй дорад.

Зимни фах;миши синфии инкишофи таърихй марксистон ба хулоса меоянд, ки синфхо омили халкунандаи инкишофи давлат ва


384





хукук мебошанд. Таъкид ба он мешавад, ки синфхо, аз як тараф, омили пайдоиши давлат ва хукук буда, аз тарафи дигар, дар раван
ди инкишофи минбаъдаи давлату хукук мохияти онхоро ифода мекунанд. Тибки назарияи марксистй, давлат ва ХУКУК хамеша ифодагари манфиатхои синф ё синфхои муайяни чомеа мебошанд.

Ба андешаи марксистон, вазифахои давлат аз табитаи синфхо, манфиатхои онхо, сатхи тазоди синфй вобастаанд. Таъкид мешавад. ки давлат дар холати тазоди синфй байни синфи хоким ва синфи мазлум ду функсияи асосиро амалй мекунад: 1) пахши мукобилияти синфи мазлум; 2) «ичрои корхои умумй, ки аз табиати хама гуна чомеа бармеояд». Зимни функсияи якум давлат бахри хифзи манфиатхои синфи хоким хамаи чорахои зарурро, аз чумла мачбуриро истифода мебарад. Функсияи дуввуми давлат бошад, бахри халли масоили хаётан мухими ичтимй, иктисодй, фархангй амалй мешавад. Таъкид мешавад, ки функсияи «ичрои корхои чамъиятй» хоси хама гуна давлат мебошад.

Дар назарияи марксистй муборизаи синфй аз чумлаи хам конунияти инкишофи таърихй ва хам омили муайянсози мохияти давлат мебошад. Ба андешаи марксистон, махз муборизаи синфй боиси он мегардад, ки дар холати тазоди синфй давлат ба дастгохи сиёсии мачбурсозй, «машинаи» зуроварй, аслихаи пахши синфи мутеъ табдил меёбад. Дар натича мафхуми синфии давлат пешбарй мешавад. Давлат чун дастгохи хокимиятдории синфи хоким тавсиф мегардад.

Зуроварй, истифодаи кувва аломати асосии давлат эътироф мегардад. Ба андешаи марксистон, давлат аслихаи мачбурсозй, мутеъ гардонидани синфи мазлум, дар тобият нигох доштани онхо мебошад. Таърифи зерини марксистии давлат пешбарй мешавад: «давлат - ташкилоти зуроварии мунтазами як синф бар синфи дигар (як к;исми ахолй бар кисми дигар) мебошад».

Мафхуми зуроваронаи хокимияти сиёсй низ эътироф мешавад. Тавре марксистон менависанд: «Хокимияти сиёсй ба маънои аслии калима зуроварии муташаккилонаи як синф барои пахши синфи дигар мебошад». Хамин тарик, мохият ва хадафи хокимияти сиёсй дар истифодаи зуроварй, пахши мутакобилияти синфи мутеъ эхсос мешавад.

Мохияти синфии далат ва хокимияти сиёсиро марксистон бо давлати истисморгар алокаманд мекунанд, яъне давлате, ки хукмронии синфи доро, моликиятдорро таъмин мекунад. Тибки назарияи марксистй, синфи коргар тавассути инкилоб моликияти хусусии капита- листиро бархам дода, ба муносибатхои иктисодии капиталистй му- дохила мекунад, воситахои истехсолотро пурра ба дасти худ мегирад, ба моликияти давлатй табдил медихад ва дар нихояти кор, ба «синфи хоким» мубаддал гашта, «муносибатхои кухнаи истехсолиро зимни истифодаи кувва бархам медихад».


385





Айни змон таъкид ба он мешавад, ки дар як давраи муайян «хокимияти омма хислати сиёсии хешро нигох медорад» ва аз ин хотир, чун истифодаи зуроварй истифода мешавад. Акнун синфи коргар хокимияти сиёсиро, яъне «зуроварии муташаккилонаро» бар зидди синфи буржуазия истифода мебарад. Ба акидаи Ф. Энгеле, «давлат муассисаи гузаранда буда, дар рафти мубориза, инкилоб бахри пахши мукобилияти душманон истифода мешавад».


Хуллас. назарияи марксистй мохияти давлатро зимни диктатураи (зуроварии сиёсии) синфи роким рушан мекунад. Ин хислати давлат ба давлати сотсиалистй низ мансуб дониста мешавад. Марксистон, ки муборизаи синфиро конуни инкишофи таърихй мешуморанд, исбот кардани мешаванд, ки хукмронии сиёсии коргарон (пролетариат) низ натичаи хамин мубориза мегардад. Тавре К. Маркс менависад: «Муборизаи синфй хатман ба диктатураи пролетариат меорад».

Дар натича, гояи «диктатураи пролетариат» пешбарй мешавад. Мохияти онро зуроварии сиёсии синфи корг ар ташкил медихад. Сабаби истифодаи хокимияти диктатории синфи коргарро К. Маркс чунин шарх медихад: «азбаски синфхои дигар, алалхусус синфи ка- питалистон вучуд доранд, ... пролетариат бо онхо мубориза мебарад, нисбат ба онхо чорахои зуроварй истифода мебарад», чунки «бо баробари ба сари хокимият омадани пролетариат, душманонаш сахнаро тарк намекунанд, сохти кухнаи чомеа аз байн намеравад».

Айни замон таъкид мешавад, ки дар шароити диктатураи пролетариат муборизаи синфй бо истифода аз шаклхои гуногун, аз чумла «окилона ва боэъгидол сурат мегирад».

Коммунаи Париж, ки соли 1871 ба вукуъ пайваста буд, барои марксистон намунаи диктатураи пролетариат буд. Онхо Коммунаи Парижро чун шакли «идораи халк аз чониби худи халк» тасиф мекунанд. Таваччухи марксистонро чунин хислати Коммунаи Париж чалб менамуд, ки он дар як вакт «хам конунгузор ва хам ичрокунандаи конунхо буд». Бо ин андешаашон марксистон тачзияи хокимиятро дар шароити диктатураи пролетариат инкор мекунанд. Ба андешаи марксистон, дар давлати диктатураи пролетариат рокимияти конунгузор ва ичроия ба як макоми давлатй бояд мансуб бошад.

Хамин тарик, марксистон ба хулоса меоянд, ки давлат ифодагари манфиатхои синфи доро буда, барои пахши мукобилияти синфи мутеъ истифода мешавад, синфи коргар низ аз давлат, аз хокимитяи сиёсй, яъне зуроварии сиёсй барои пахши мукобилияти синфи буржуазия истифода мебарад. Хамзамон ин истифодаи зуроварй муваккатист, барои аз байн бурдани синфи буржуазия истифода мешавад.

Ф. Энгеле давлатро бо зуроварии сиёсй вобаста намуда, хамзамон робитаи байни давлат ва озодиро сарфи назар мекунад. Ба кавли у, пролетариат (синфи коргар) ба давлат ниёз дорад, вале «на ба манфи-


386





ати озодй, балки ба максади пахш намудани мукобилияти ракибони худ». Мавсуф давлат ва озодиро ба хам мукобил мегузорад, чунин мешуморад, ки давлат воситаи зуроварй сиёсй буда, озодиро таъмин намекунад. Ба кавли у, «вакто ки имкони харф задан дар хусу- си озодй фарохам мегардад, вучуди давлат хотима меёбад».


Марксистон ба маъалаи тсщдири минбаъдаи давлат ва рук,ук низ таваччух мекунанд, зеро дар хамаи назарияхои каблии сотсиалистй накшаи бунёдй чомеа бидуни давлату хукук пешбинй шуда буд. Онхо дар ин хусус менависанд: «Вакто ки дар рафти инкишоф тафовути синфй аз байн мераванд ва кулли истехсолот ба дасти иттиходи аф- род мегузарад, хокимияти омма хислати сиёсиашро гум мекунад».

Ин тахаввулот, ба кавли марксисгон, дар форматами коммуниста руй медихад. Бархам хурдани хокимияти синфи буржуазия огози ин формагсия мегардад. Сипас, давраи гузариш аз цомеаи капиталиста ба цомеаи сотсиалистй огоз мегардад. Тавре марксистон менависанд: «Байни чомеаи капиталистй ва коммуниста давраи табдили инкилобии яке ба дигаре вучуд дорад. Ба ин давра хамчунин давраи гузариши сиёсй мувофик аст ва давлати ба он мувофик танхо диктатураи инкилобии пролетариат шуда метавонад».

Чомеаи сотсиалиста мархилаи аввали форматсияи коммуниста мегардад. Дар ин мархила хокимият ба дасти синфи коргар мегузарад, мукобилияти синфхои сарнагуншуда пахш мешавад, моликияти хусусй бархам дода мешавад ва нихоят, чомеаи сотсиалистй барпо мегардад. Дар чомеаи сотсиалистй моликияти хусусй аз байн раф- та, моликият чамиъиятй мегардад, синфхои истисморгар аз байн мераванд, зарурат ба зуроварии сиёсии пролетариат эхсос намешавад, вале «давлати чомеаи коммуниста» бокй мемонад. Ин давлат «мазмуни сиёсиашро» гум мекунад.

Дар ин давра идораи давлатй вокеан шакли «худидораи халкро» касб мекунад, акнун идора «бидуни синфхои истисморгар, дастгохи зулмовари харбй-бюрократй ва бе тоифаи масабдорони давлатй» сурат мегирад. Сипас, дар чомеаи коммуниста давлат пурра аз байн меравад.

Хамин тарик, марксистон хислати гузаранда доштани давлатро эътироф мекунанд. Ба андешаи онхо, давлат «дар мархилаи муайяни инкишофи чомеа пайдо шуда, сипас, вакте ки чомеа ба сатхи то ин дам номаълуми инкишофаш мерасад, аз байн меравад».

Ф. Энгеле дар ин хусус менависад; «Хамин тарик, давлат абадй вучуд надорад. Чомеахое буданд, ки бе он арзи вучуд доштант, дар хусусй давлат ва хокимияти давлатй тасаввурот надоштанд. Дар мархилаи муайяни инкишофи иктисодй, ки бо таксими чомеа ба синфхо равобит дорад, давлат бинобар ин таксимот зарур мегардад. Мо акнун бо кадамхои устувор ба хамон сатхи инкишофи иктисодй


387





наздик шуда истодаем, ки дар он вучуди ин синфхо на танхо зарур нест, балки барои истехсолот мамониат пеш меорад. Синфхо ногу- зир бархам мехуранд, хамон тавре ки ногузир каблан пайдо шуда буданд. Бо баробари бархам хурдани синфхо давлат низ ногузир аз байн меравад».


Ба андешаи марксистон, давлат дар цомеаи коммунисты аз байн меравад, зеро дар ин мархила, якум, «иттиходи одамони озод» ташаккул меёбад, дуввум, зимни сатхи баланди истехсолот талаботи хар аъзои чомеа пурра конеъ мегардад, сеюм, хокимияти омма хислати сиёсияшро гум намуда, чун василаи идораи чомеа истифода мешавад ва ниёз ба табакаи махсуси хокимон аз байн меравад.

Поягузорони таълимоти марксистй хукук ва конунро ифода ва химоягари манфиатхои синфи хоким мешуморанд. Айни замон робитаи рукук ва озодй таъкид мешавад. Чунончи, К. Маркс дар асархои каблии хеш китоби конунхои амалкунандаро «Инчили озодй барои халк» меномад. Ба андешаи у, хукук баробарии шаклиро ифода мекунад, чун меъёри баробар дар муносибатхои нобаробар истифода мешавад. Таъкид мешавад, ки хукук чун меъёри баробаркунй дар замони сотсиализм низ бокй мемонад, алалхусус барои танзими принсипи «ба хар кас мувофики мехнаташ». Танхо дар замони коммунизм, вакто ки принсипи «ба хар кас мувофики талаботаш» амалй мешавад, хукук ин хислаташро аз даст медихад.

Бояд зикр намуд, ки таълимоти марксистй дар даврахои минбаъ- даи инкишофи таърихй васеъ истифода шуда, дар холатхои зарурй ба хадафхои мафкуравию сиёсй тобеъ карда мешавад. Аз ин ру, як катор андешахои марксистй минбаъд ба шароити нави таърихй мутобик карда мешаванд. Хамаи ин боиси он гардид. ки дар шароити кунунй тахлили дубораи назарияи марксистй зарур гардид. Хамзамон маълум гардид, ки як катор акидахои марксистй зимни мутобик шуданашон ба хадафхои мафкуравй холо мавриди бахси мухаккикон карор мегиранд.

Чунончи, солхои тулонй хулосаи умумии мухаккикони меро- си марксистй дойр ба инкишофи форматсионии чомеа вучуд дошт. Тибки ин хулосаи умумй, марксистон панц форматсияи цамъиятиву щтисодиро дар инкишофи таърихй чудо мекунанд: чамоаи ибтидой, гуломдорй, феодалй, буржуазй ва коммуниста. Аммо мухаккикони имруза зимни тахлили дубораи осори К. Маркс ва Ф. Энгеле муайян намуданд, ки марксистон дар асл атрофи се форматам харф за- даанд: ибтидой, ё кадима, иктисодй ва коммуниста.

Илова ба ин, асосгузороии назарияи марксистй тарзи истехсоли осиёиро чун мархилаи алохидаи инкишофи таърихй чудо намуда буданд, ки дар вокеъ дар т аърихи инкишофи кишвархои Шарк, Аврупой Шаркй ва манотики дигари олам накши мухим дошт. Аммо дертар


388





ворисони таълимоти марксистй дар робита бо хадафхои мафкуравй ин давраи мухими инкишофи таърихиро сарфи назар мекунанд. Дар нихояти кор, солхои тулонй ин давраи инкишофи таърихй дар китобхои илмиву дарсй сарфи назар мешавад.


Ба хадафхои мафкуравию сиёсй тобеъ намудани акидахои марксистй барои тахлили вокеъбинонаи инкишофи таърихй таъсири манфй расонид. Чунончи, хулосаи умумии ворисони таълимоти марксистй ин буд, ки хамаи халкхои чахон хамон панч форматсияхои чамъиятиву иктисодиро бояд хатман аз cap гузаронанд. Аммо маълум аст, ки инкишофи форматсионии таърихиро ворисони назарияи марксистй асосан зимни истифода аз тачрибаи таърихии Аврупо пешбарй намуда буданд. Дар натичаи истифодаи ин андеша раванди вокеии инкишофи таърихии хамаи халкхои чахон, аз он чумла мамолики Шарк бояду шояд ба инобат гирифта нашуд.

Як катор акидахои марксистй замони имруза мавриди шубхаи мухаккикон карор доранд. Чунончи, андешахои Ф.Энгелс дар хусу- си ташаккули оила, гузариши одамон аз давраи модаршохй ба давраи падаршохй, чудо намудани мархилахои вахшигарй, чохилият ва тамаддун дар инкишофи таърихй, ба замони вахшигиву чохилй нисбат додани даврахои тотамаддунй ва диг. мубохисаи илмиро ба миён овараанд.

Хамчунин андешаи Ф. Энгеллс дар хусусй шаклрои классикии пайдоиши давлат (Афина, Рим ва Олмон), якум, зимни танхо тачрибаи таърихии Аврупо пешкаш мешавад, дуввум, таърихи инкишофи давлатдории Аврупоро яктарафа ва зимни фахмиши синфии давлат, дар робита бо муборизаи синфй баррасй мекунад, сеюм, тачрибаи таърихии манотики дигари оламро сарфи назар мекунад, аз он чумла таърихи халкхои Шаркро, ки вокеан таърихи тулонй дошта, наму- наи пайдоиши, ба кавли Ф. энгелс, «классикии» давлатхои кадим, ташаккули тамаддунй пешрафтаи кадима буданд.

Ба хамаи ин нигох накарда, таълимоти марксистй чонибдорони зиёд пайдо мекунад ва дар хар манотику кишвари чахон дар шаклхои мухталиф инкишоф меёбад, аз чумла дар шаклхои марксизми шуравй, ё таълимоти ленинй (В.И. Ленин, Н.И. Бухарин ва диг.), марксизми гарбй (А. Грамши, Д. Лукач ва диг.), марксизми хитой, ё маосизм (Маосзедун) ва диг.

Назарияи В.И. Ленин. Нимаи дуввуми асри XIX таълимоти марксистй дар Россия пахн мешавад ва аз ибтидои асри XX аз чониби болшевикон (кисми бештари сотсиал-демократхои рус), аз чумла В.И. Ленин, Н.И. Бухарин ва диг. бахри омода намудани инкилоби сотсиалистй истифода мешавад.

Байни марксистони Россия накши асосиро дар инкишофи назарияи марксистй Владимир Илич Ленин (1870 - 1924) мебозад. У му-


389





аллифи як катор асархо мебошад, аз кабили «Чй бояд кард?», «Империализм чун мархилаи олии капитализм», «Давлат ва инкилоб. Таълимоти марксистй оид ба давлат ва вазифахои пролетариат дар инкилоб», «Инкилоби пролетарй ва ренегат Каутский» ва диг.


В.И. Ленин мафхуми давлатро зимни гояхои марксистй, аз чумла мохияти синфии давлат ва диктатураи синфй рушан мекунад. Ба андешаи у, давлат «натича ва ифодаи тазоди синфхост» ва аз ин хотир, манфиатхои синфи хокимро химоя мекунад. Давлат, ба андешаи мавсуф, зимни тазоди синфй пайдо шуда, минбаъд чун ташкилоти хокимияти синфй, ифодагри манфиатхои синфи хоким инкишоф меёбад. У таърифи зайли давлатро пешбарй мекунад: «давлат ма- шинаест, ки хукмронии як синфро бар синфи дигар таъмин мекунад». Ин таърифи (ба кавли пуштибонони таълимоти ленннй «классикй») солхои тулонй дар адабиёти илмиву таълимй истифода мешавад.

Айни замон робитаи байни давлат ва диктатураи синфй таъкид мегардад ва дар ин замина гояи «диктатураи синф» пешбарй мешавад, ки дар таълимоти ленннй асосист. Тавре В.И. Ленин кайд мекунад, «диктатураи як синф» барои хама гуна чомеаи синфй зарур аст, аз он чумла барои давлатхои демократй.

Диктатураи синфй, аз як тараф, бо хокимияти сиёсй, аз тарафи дигар, бо зуроварии сиёсй алокаманд карда мешавад. Ба кавли В.И. Ленин, диктатура «хокимиятест, ки ба зуроварй такя мекунад». Бар замми ин, зуроварй чун хукмронии сиёсии (зуроварии) беандо- за тавсиф мегардад, зеро ба гуфти мавсуф, диктатура чун зуроварй «бо ягон конун вобаста нест».

В.И. Ленин аз гояи «инкилоби сотсиалистй» хамачониба пуштибонй мекунад. Назарияи у пурра ба хамин хадафи инкилобй равона мешавад. Нишонаи асосии хама гуна инкилобро мавсуф дар он мебинад, ки «хокимияти давлатй аз дасти як синф ба дасти синфи дигар мегузарад». Ивазшавии хукмронии синфй аломат ва натичаи асосии инкилоб эълон мешавад. Дар ин замина гузариши хокимият аз синфи буржуазия ба синфи пролетариат низ конуни асосии ин- килби сотсиалистй эътироф мешавад.

Конунияти дигари инкилоби сотсиалистй бархам додани дастгохи давлати к,аблй, яъне давлати буржуазй эътироф мешавад. Конунияти умумии хамаи инкилобхо гузариши хокимият аз як синф ба синфи дигар эътироф гашта, хамзамон ишора ба он мешавад, ки бархам додани дастгохи, ё ба кавли В.И. Ленин, «машинаи» давлатй натичаи инкилоби сотсиалистй мебошад. Ба кавли мавсуф, фарки инкилоби сотсиалистй аз инкилобхои дигари каблй ин аст, ки «хамаи инкилобхои каблй машинаи давлатиро такмил медоданд». вале инкилоби сотсиалистй онро бархам медихад.


390



В.И. Ленин вазифахои давлати нави диктатурии синфи коргар- ро муайян мекунад. Якум, диктатураи пролетариат барои пахш намудани мукобилияти синфи сарнагунгаштаи буржуазия (корхонадо- рон, фабрикантхо, точирон, дастгохи бюрократии давлат) истифода мешавад. Дар ин чода диктатураи пролетариат бо ягон коидахо, ягон конун махдуд намешавад ва аз хар гуна чорахои фишороварй истифода мекунад.

Дуввум, пролетариат пас аз бархам додани дастгохи давлати буржуазй диктатураи синфии хешро бо истифода аз дехконон, ки иттифокчии коргарон эълон мешаванд, мукаррар мекунад. Таъкид мешавад, ки давлати диктатураи пролетариат бахри «рохбарй ба оммаи васеи ахолй, дехконон, буржуазияи хурд, нимпролетархо», барои ба рох мондани «хочагии сотсиалистй» истифода мешавад.

Сеюм, диктатураи пролетариат демократияи буржуазиро бархам дода, ба чои он демократияи «коргарон ва дещононро» таъмин мекунад. Демократияи буржуазй, ба кавли В.И. Ленин, гарчанде «пеш- равии таърихй дар таносуб бо асри миёна бошад хам», вале дар шароити капитализм «махдуд, калбакй, дуруя» мебошад. Таъкид мешавад, ки демократияи буржуазй аслан демократияи сарватмандон мебошад, барои хамин тоифа хидмат мекунад, синфи мазлумро аз озодихои мухим, аз чумла озодии сухан, озодии мачлисхо, аз хакки ширкат дар идораи давлат махрум мекунад.

Дар ин замина гояи «демократияи синфй» пешбарй мешавад. яъне демократия ба синфи муайян хизмат мекунад. Аз ин нуктаи назар, зарурати бархам додани демократияи буржуазй ва ба чои он таъмини намудани демократияи «коргарону дехконон» химоя мешавад.

В.И. Ленин ба шакли давлати диктатураи пролетариат таваччух намуда, шаклхои давлатдории буржуазиро, аз чумла идораи пар- лумонй, тачзияи хокимиятро рад мекунад. Чумхурии шурохо шакли ягона мувофики диктатураи пролетариат эълон мешавад. Чумхурии шуравй зимни демократияи марказонидашуда ташкил мешавад, ки хамзамон тачзияи хокимиятро сарфи назар мекунад. Дар ин шакли идора хамаи шурохо, якум, макомоти дар як вакт хам конунгузор (намояндагй) ва хам ичрокунандаи конунхо мебошанд, дуюм, аз поён то боло интихоб мешаванд, сеюм, байни хамдигар масъул ва хисоботдиханда мебошанд.

Ро%барии хизбй коммунист нишонаи дигари мухими чумхурии шурохо эълон мешавад. Ба кавли В.И. Ленин, пролетариат дикта- тураро «тахти рохбарии хизбй болшевикон» амалй мекунад. Куми- таи марказй макоми марказии рохбарикунандаи хам хизбй коммунист ва хам давлат эълон мешавад. Тавре мавсуф менависад: «Ягон масъалаи мухими сиёсй ё ташкилиро ягон муассисаи давлатй дар


391





чумхурии мо бе нишондоди рохбарикунандаи Кумитаи марказии хизб хал намекунад».


В.И. Ленин диктатураи пролетариатро бо диктатураи ризби коммунист мепайвандад. У зимни ишора ба «диктатураи як хизб» таъкид мекунад, ки «мо ба он такя дорем ва аз ин асоси бунёдй рун намегардонем». Хамин тарик, низоми бисёрхизбй катъиян рад гашта, рохбарии сиёсии (диктатураи) танхо як хизбй коммунист пазируфта мешавад.

Айни замон В.И._Ленин давлати диктатураи пролетариатро абадй намешуморад. У зимни пайравй аз таълимоти марксистй, аз чумла гояи аз байн рафтани давлат, таъкид мекунад, ки пролетариат диктатураи хешро муваккаган, барои пахш намудани мукобилияти синфхои сарнагуншуда истифода мебарад. Ба андешаи у, дархол пас аз инкилоби сотсиалистй раванди аз байн рафтани давлат огоз мегардад. Барои хамин. давлати сотсиалистй «нимдавлат» номида мешавад.

Николай Иванович Бухарин (1888 - 1938) - намояндаи дигари назарияи болшевикй, муаллифи асархои «Хочагии чахонй ва им- перализм», «Иктисоди давраи гузариш», «Назарияи материализми таърихй», «Таълимоти Маркс ва ахамияти таърихии он» мебошад. У ба мисли В.И. Ленин давлатро натичаи тазоди синфй мешуморад, мохияти синфии давлатро эътироф мекунад, давлатро чун «ташкилоти синфй» тавсиф мекунад. Хукук чун мачмуи «меъёррои рафтор» бо щоидарои ташкили давлатй» шабохат дода мешаванд ва дар ин замина таъкид мешавад, ки хукук ба «дастгохи мачбурсозй» хидмат мекунад. Ба андешаи мавсуф, давлат дар шакли «меъёрхои хукукй» фаъолият дорад, ки барои хамин давлат, пеш аз хама зулму истис- мор хидмат мекунанд. Дар натича мохияти синфии хам давлат ва хам хукук эътироф мешаванд.

Н.И. Бухарин гояи «зуровариро дар таърихи башар» хамачониба химоя мекунад. У аз чумла таъкид мекунад, ки «дар кулли раванди таърихй зуроварй ва мачбурсозй накши халкунанда доранд». Раванди таърихй чун «таърихи зуроварй ва горатгарй» тавсиф мегардад.

Гояи «давлати зуровар», давлати диктаторй химоя мешавад. Давлат чун ташкилоти зуроварй эълон мешавад. Мохияти зуроварй дар он эхсос мешавад, ки давлат аслан «диктатураи синфи хукмрон» мебошад. Равобити ногусастании байни давлат ва диктатура эътироф мешавад. Ба андешаи мавсуф, давлат дар хама холат бо диктатура (зуроварии сиёсй) алокаманд аст, бидуни ин диктатура гайриимкон аст.

Н.И. Бухарин ба мисли В.И. Ленин демократияи буржуазиро барои бардуруг, калбакй буданаш зери танкид карор медихад, Хамзамон таъкид мешавад, ки гояхои демократияи буржуазй дар хусусй ифодаи иродаи умумии миллй ба вокеият рост намеоянд.


392





Калбакй будани демократияи буржуазй дар он эхсос мешавад, ки танхо баробарии шаклй эълон гашта, вале баробарии вокей дар чомеаи капиталистй хеч гох таъмин намешавад. Ба ин нигох накар- да, ахамияти демократияи буржуазй дар «баланд шудани сатхи шуури коргарон» эътироф мешавад.


Мавсуф аз гояи «демократияи пролетарй» пуштибонй мекунад. Таъкид мешавад, ки ин демократия танхо барои пролетариат пешбинй шуда, барои дигарон «бегона» аст.

Гояи «инк,илби пролетариат» химоя мешавад, таъкид мешавад. ки пролетариат пас аз галаба хама зухуроти демократияи буржуазиро бархам медихад, аз кабили парлумони буржуазй, «конститутсияхои умумимиллй», баробарии шаклии хама дар назди конун ва диг. Дар натичаи инкилоб диктатураи пролетариат баркарор мегардад. Диктатураи пролетариат чун шакли зуроварии муташаккилона пазируфта мешавад, аз чумл таъкид мешавад, ки синфи коргар тахти рохбарии ризби коммунист ба мукобили синфхои сарнагуншуда чангй шахрвандй мебарад. Дар натича диктатураи пролетариат хислати «чангй» пайдо мекунад.

Дар натича Н.И. Бухарин акидаи «диктатураи цангй-прлетариро» пешбарй ва химоя мекунад. Чанг бар зидди душманони пролетариат вазифаи аввалиндарачаи давлати диктатории пролетариат эълон мешавад.

Мавсуф «мачбурсозии чисмонй» ва ислори маънавиёти одамонро аз чумлаи вазифахои мухими диктатураи пролетариат мешуморад. Ду сохаи истифодаи мачбурсозии давлатй муайян мешаванд: якум, дар бахши бархам додани давлати буржуазй, пахш намудани мукобилияти синфхои сарнагуншуа, аз байн бурдани моликияти хусусй: дуввум, дар хакки мехнаткашон, чунки мачбурсозии давлатй «усули сохтмони коммунизм» эълон мешавад.

Зимни таваччухи аз хад зиёд ба мачбурсозй чун усули давлатдорй Н.И. Бухарин дар нихояти кор ба хулоса меояд, ки мачбурсозии даватй усули сохтмони чомеаи нави коммуниста мебошад. У ошкоро менависад, ки «тирборонкунй ва мехнати мачбурй» усулхои за- рури сохтмони коммуниста мебошанд. У муътакид аст, ки тавассути хамин гуна усулхо «инсони коммунистиро» метавон тарбия кард.

Н.И. Бухарин ба мисли В.И. Ленин ризои коммунистро кувваи рохбарикунандаи чомеа мешуморад. Ба акидаи у, хизбй коммунист «аз дастгохи давлатй» истифода мебарад ва хадафхояшро амалй мекунад. Накши бузург ва халкунандаи хизбй коммунист дар он эхсос мешавад, ки он ба пролетариат рохбарй мекунад, дар ихтиёраш дастгохи давлатиро (давлатро) пурра нигох медорад, сиёсати хешро тавассути хамин давлат амалй мекунад.


393



Мавсуф ба масъалаи робитаи давлат ва раёти хочагй таваччух намуда, кайд мекунад, ки дар давраи гузариш аз чомеаи капиталистй ба чомеаи сотсиалистй давлати диктатураи пролетариат чун «хочагидори асосй» амал мекунад, тамомй фишангхои хочагиро ба даст мегирад ва бо ин усулхо моликияти хусусиро аз байн бурда, моликиятро чамъиятй мегардонад. Дар натича давлат «хар чи бештар хочагидор мешавад». Накши баланди давлати хочагидор, нуфузи омили хочагй дар давлат эътироф мешавад, аз чумла ишора ба он мешавад, ки ин- тихоботи шурохо аз чониби «вохидхои истехсолй» бояд гузарони- да шавад.
  1. 1   ...   43   44   45   46   47   48   49   50   ...   58


написать администратору сайта