Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница49 из 58
1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   58
оммаи бок,имонда. Мавсуф боварии комил дорад, ки чунин соти каставй тафовути одамони олй ва одамони пастро таъмин мекунад.

Нитсше нажоди тавоно ва нажоди заифро чудо мекунад. Ба акидаи у, нажоди тавоно ашрофони хоким мебошанд. Одамони су- стирода, мазлум бошанд, нажоди заифро ташкил медиханд.

Давлат чун воситаи аз хам чудо гаштани ашрофон ва мардуми авом, таконбахши раванди тавлиди одамони олй арзёбй мешавад. Арзиши давлат низ дар хидмат ба ашрофон эхсос мешавад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки камолоти давлат мувофики максад нест, зеро дар давлати баркамол тавлиди шахсони нобига, олинеъмат гайриимкон аст. Тавре мавсуф менависад, дар холати такмили давлат «шахсият заиф гашта, аз байн меравад ва дар нихояти кор, хадафи аслии давлат халалдор мегардад».

Хамзамон давлати ашрофй ва давлати демократй ба хам мукобил гузошта мешаванд. Нитсше аз давлати ашрофй пуштибонй мекунад, онро заминаи тавлиди одамони нобига мешуморад. Давлати


398





демократй бошад, чун давлати заволёфта тавсиф мешавад. Мавсуф Империяи Рим ва Россиян шохдро пуштибонй мекунад.


Пайдоиши х,ук,Ук, бо кувва, зурй, тавоной вобаста карда мешавад. Кувва заминаи пайдоиши хукук эътироф мешавад. Ба кавли мавсуф, «ба шахеи голиб шахеи маглуб бо занаш, фарзандонаш. ам- волаш мутааллик аст». Дар ин замина рукуци голиб эътироф мешавад. Ба кавли мавсуф, ба мисли хукук ба мудофиаи зарурй хамчунин хукук ба тачовузи зарурй вучуд дорад. Х,амзамон таъкид мешавад, ки хукуки ашрофй зимни созиш вучуд дорад, яъне созиш оиц ба эътирофи хукуки чанг.

Нитсше назарияи фитрй-хукукй, озодй ва баробариро катъиян рад намуда, аз нобаробариву имтиёзхо чонибдорй мекунад. Ба андешаи у, хукук чун имтиёз зимни нобаробарй вучуд дошта метавонад. Маънии адолат дар он эхсос мешавад, ки одамон нобаробар мебошанд. Имтиёзхо ва хукукхои бештари ашрофон нишонаи адолати хукукй эълон мешавад. Хукуке, ки зимни чанг, истифодаи кувва пайдо шуда, вокеан чун хукуки ашрофон амал мекунад, фитрй номида мешавад. Чунин хукук заминаи тартиботи хукукии ашрофй махсуб мешавад.

Дурнамои инкишофи чахонй асри бистумро Нитсше бо чангхо, талош ба хукмронии чахонй вобаста мекунад. У хама гуна муборизаро цанг меномад, чангро пазирой мекунад, нуфузи бештари чангро дар таносуб бо сулх эътироф мекунад. Ба кавли у: «Чанг барои давлат зарур аст, ба мисли гулом барои чомеа».

Ахамияти чанг дар он эхсос мешавад, ки одамонро бештар «кавитар» мекунад, алалхусус дар дарки «некиву бадй», камбудии чанг бошад, ин аст ки тарафи голиб «кундфахм» гашта, тарафи маглуб «магрур» мегардад.

Сулх лун василаи чангй нав талкин мешавад. Нуфузи бештари сулхи кутохмуддат дар таносуб бо сулхи дарозмуддат ташвик мешавад.

У зимни таваччух ба дурнамои инкишофи Аврупо ишора ба он мекунад, ки дар аввал инкишофи фарханги аврупой ба ташаккули шахсияти золим мусоидат намуда, сипас. Аврупо муттахид мешавад.

Нитсше миллатгарой, муносибати нобоваронаи аврупоихоро ба халкхои Осиё, фахрфурушии олмонихоро мавриди танкид карор медихад. Айни замон у муътакид аст, ки махз олмонихо ба мисли яхудихову римихо «тарзи нави хаётро» рохандозй мекунанд.


399





  1. Назаряхои элитахо, синфи сиёси, «конуни сарватмандй» ва гуруххои манфиатдор

Назарияи элитаро (тофаи баргузида) дар нимаи дуввуми асри XIX зимни тахлили танкидии назарияи макстистй ва гояхои демо- кративу сотсиалистй пешкаш мешавад. Поягузори ин назария мутафаккири Италия
Вилфредо Парето (1648 - 1923) махсуб мешавад. У дар асараш «Рисолаи чомеашиносии умумй» аз гояи хукмронии табакаи элита пуштибонй мекунад. Аммо мафхуми «элита» мутлако бо табакаи хокимиятдор вобаста карда намешавад. Зери мафхуми «элита» тоифаи одамони бехтарин, ашхоси бургузида дар назар дошта мешаванд. Мавсуф муътакид аст, ки ин нафарони баргузида дар хар чомеа арзи вучуд доранд ва худро зимни фаъолияти чамъиятй ва касбй ошкор мекунанд. Аз ин хотир, хокимиятдор, нависанда, шохмотбоз, ки зимни хокимият ва ё нуфузи аклонаву эчодй бар дигарон волотар буда, хукмронй мекунанд, габакаи элитаро ташкил медиханд. Ба ибораи дигар, элита хукмронии сиёсй ва аклонаро амалй мекунад.

Хамин тарик, чомеа ба табак,аи ашхоси баргузида ва аролии бок;имонда чудо карда мешавад. Элитаи чомеа акалияти ночизи ахолиро ташкил медихад. Табиист, ки одамони бехтарин байни ахолй кам ба назар мерасанд. Аз ин хотир, мутафаккир онхоро элита меномад. К^исми бештари ахолй бошад, аз элитаи чомеа чудо карда мешавад.

Ба хар хол, нобаробарии сиёсии элитаи чомеа ва ахолй эътироф мешавад. Порето элитаро табацаи (стратаи) идоракунапда, ахолиро бошад, идорашаванда меномад. Заминаи гоявии назарияи Пареторо андешаи таксими хама гуна чомеа ба идоракунандагон ва идираша- виндагон ташкил медихад.

Элитаи чомеа, ки ашхоси баргузида, окилу бомалака мебошад, табакаи олй номида мешавад. Ахолй бошад, тоифаи одамони паст- тарро ташкил медихад. Дар натича нобаробарии одамон дар назарияи Парето хислати ашрофй мегирад. Одамони баргузида, ки кобилияту истеъдоди баланди акливу касбй доранд, табакаи олии ахолиро ташкил медиханд. Онхо бо сабаби нуфузашон ахолии беш- тарро идора мекунанд. Ахолии бокимонда башад, хамеша идора мешавад.

Парето мекушад зимни махаки муайян мансубияти шахсро ба элитаи цомеа рушан кунад. Ба хайси чунин махак холхои тавсифии шахе баромад мекунанд. Ба гуфти у. ба шахеи кобилиятдор холи 10, ба шахеи танбал холи 1, ба одами ноухдабаро холи сифр мебояд гу-


400





зошт ва ин тарзи баходихй мувофики максад аст. Таклиф мешавад, ки чунин тарзи баходии шахе дар хамаи сохахо истифода мегардад, аз чумла дар бахши сиёсат, тичорат, маориф, фаъолияти бадей ва диг.


Таъкид мешавад, истифодаи ин усули бахогузории шахе аз касбу кор вобаста буда, дар як катор холатхо кори мушкил нест, вале дар холатхои дигар ба тавсифи ноадолатонаи шахе меорад. Мавсуф мисол меорад, ки шахеи шохмотбоз дар робита бо шумораи голибияту маглубияташ бахогузорй мешавад ва ин кор вокеъбинона аст. вале хар нафари каллоб, ки хамаро фиреб дода, айни замон мавриди татбики чазо карор нагирифтааст, мумкин аст бо холи 8, 9 ё 10 бахогузорй гардад.

Нафароне, ки ваколатхои хокимияти доранд, дар адои вазифахои хукумат бевосита ё бавосита ширкат меварзанд, аз руи мансубията- шон ба кори хукуматдорй элитаро ташкил медиханд. Барои муайян намудани ин тоифаи одамони хокимиятдор махаки мансубият ба кори хукумат истифода мешавад. Ин одамон элитаи рукмрон, ё хокимиятдорро ташкил медиханд.

Х,амин тарик, дар назарияи Парето ду гурухи элита чудо карда мешаванд: 1) элитаи хокимиятдор, идоракупапда; 2) элитае, ки бо кори Хокимиятдорй, идоракунй робита надорад. Ба элитаи хокимиятдор ашхосе мансубанд, ки дар ичрои вазифахои хукуматй бевосита ё бавосита ширкат меварзанд. Точирон, ахли калам ва одамони дигари баргузида элитаеро ташкил медиханд, ки хокимиятдорй намекунад.

Таснифи дигари элитахо низ истифода мешавад. Парето ба хулоса меояд, ки идоракунандагон бахри ноил гаштан ба нуфузу хокимият ва имтиёзхо аз кувва ва хилагарй истифода мебаранд. Дар натича ду наели элитахо ташаккул меёбанд: 1) элитаи шерхо, ки аз куввату тавонй истифода мекунанд; 2) элитаи рубоххо, ки хилагарй, макко- риро пеша мекунанд.

Ба назари Парето, чомеаи Аврупой Гарбй аз чониби элитаи сар- ватмандони хокимиятдор, ки аз наели рубоххо мебошанд, идора мешавад. Элитаи шерхо бошад, акалияти таквогаро мебошанд, ки дар холати аз хад бештар гаштани тамоили бюрократй идора мекунанд.

Мавсуф ишора ба тахаввули таърихй ва давомоти наслии элитаи хукмрон мекунад. Тавре у менависад: «Таърих ин кабристони ашрофон аст». Ба назари мутафаккир, таърихи башар хамеша зимни идораи ашрофон инкишоф ёфта, ба давомоти наслии ашрофон гакя дорад. Ба кавли мавсуф: «Таърихи чомеа дар бештари холатхо таърихи давомоти наслии ашрофон аст». Яъне идораи ашрофй аз мерос ба мерос мегузарад.


401





Парето ба тавсифи аклонаву эхсосии шахе таваччух намуда, имкони ошкор намудани
афроди кордон ва к,аллобонро эътироф мекунад. Ба андешаи у, ин хислати инсонй зимни амали мантикии шахе рушан мегардад. Аз ин ру, амали инсонй ба мантицй ва бемантщ чудо карда мешавад. Чунончи, мухандис, агар ба хатокорй рох надихад, мантикан амал мекунад, шахеи ханнот низ дар холати эхтиёткор буданаш амали мантикй анчом медихад. Чунин амали мантикй ва бемантики инсонро иктисодчй ва хукукшинос метавонанд муайян кунанд.

Вале инсон метавонад кордонй ва эхтиёгкории хешро ошкор накунад. Дар ин холатхо танхо чомеашинос (сотсиолог) метавонад ба амали инсон бахои дуруст дихад. Иллати чунин амалхои норушанро мавсуф дар он мебинад, ки фаъолияти аклонаи инсон тагйирёбанда буда, вале хиссиёту хаячони инсонй устуворанд. Ин унсурхои амали инсонй «резидуа» (бокимонда) номида мешаванд. Унсурхои амали инсонй, ки зимни онхо шахе вахшаташро руйпуш намуда, амали хешро чун амали аклона вонамуд мекунад, «дериватахо» (яъне махсулй) номида мешаванд.

Гаэтано Моска (1858 - 1941) мутафаккири Италия буда, назарияи «синфи сиёсиро» пешкаш мекунад. У дар асархояш «Назарияи идоракунй ва идораи парлумони», «Асосхои илми сиёсй» аз андешаи таксими чомеа ба идоракунандагоп ва идорашвандагон пуштибонй намуда, акида пешкаш мекунад, ки ахолиро синфи сиёсии сарватманд идора мекунад. Таъкид мешавад, ки синфи сиёсии идоракунанда кисми ночизи одамонро ташкил дода, ахолии идорашаванда бештари ахолй мебошанд.

Моска таъкид мекунад, ки рохбарии сиёсии синфи сарватманд дар «хама гуна чомеае» вучуд дорад. ки «ба сатхи муайяни инкишоф ва фарханг расидаанд». Сатри инкишоф ва фарханги цомеа нишонаи хокимиятдории синфи сиёсй эътироф мешавад.

Тавре Моска менависад, «идоракунии сиёсй» мафхуми васеъ буда, «идораи маъмурй, харбй, динй ва ахлокиро» фаро мегирад. Яъне, идоракунии синфи сиёсй хамаи сохахои хаёти чомеаро. аз чумла бахши дин ва ахлокро низ дар назар дорад. Ба ибораи дигар, идоракунии сиёсй фарогири чомеа мебошад.

Ба хар хол, мафхуми «идоракунии сиёсй» аз мафхумхои идоракунии маъмурй, харбй ва диг. чудо карда мешавад. Аз ин андешаи Моска хулоса хосил мешавад, ки идоракунии сохахои мухталифи хаёти чомеа хамеша хислати сиёсй дорад ва аз чониби синфи сиёсй анчом меёбад.


402



Ба акидаи Моска, идоракунии сиёсй «мунтазам» ва аз чониби «акалияти муташаккил» амалй мешавад. Яъне акалияти сиёсй дар хокимиятдориву давлат муташаккил мешавад.

Сипас, чомеашиноси Австрия Роберт Михеле (1876 - 1936) гояи элитаро дар шакли назарияи «^онуни котъии сарватмандй» пешкаш мекунад. У мекушад фахмиши материалистии таърихро бо «к,онуни сарватмандй» ва ивазшавии ногузири табакарои сарватман- ди уукмфармо илова кунад. Тавре мавсуф менависад, «ивазшавии ногузири як табакаи хукмрон ба табакаи дигар» арзи вучуд дорад ва аз он «конуни сарватмандй» маншаъ мегирад. «Конуни сатватмандй» бошад. «шакли ногузири вучуди хаёти коллективй» мебошад. Конуни мазкур «фахмиши материалистии таърихро инкор намекунад, иваз немекунад, балки илова мекунад». У назарияи «муборизаи синфии бардавомро» рад накарда, хамзамон таъкид ба он мекунад, ки назарияи мазкур бо назарияи дигар зам мешавад. Тибки ин назарияи нав, «муборизаи синфй хатман ба ташаккули табакаи нави сарватмандон меорад». Мутафаккир муътакид аст, ки байни ин ду назария ягон тазод чой надорад.

Дар асари Михеле «Сотсиологияи ташкилотхои хизбй дар демократияи муосир» (с. 1911) сабабро ва даврарои ташаккули рорбарони сарватманд дар ташкилотхои хизбй рушан мешаванд. Ба назари у, хусусиятхои психологии омма ва рохбарони ташкилотхои алохидаи чомеа сабаби асосии ташаккули тоифаи сарватмандон мебошад. Таъкид мешавад, ки фаъолияти хама гуна ташкилот, аз он чумла хизбхо ба идораи акалияти бонуфуз такя дорад. Ба гуфти мавсуф. хама гуна ташкилот «майл ба сарватмандй дорад» ва «зимни инкишофи ташкилот демократия завол меёбад». Дар ин замина акида пешкаш мешавад, ки ташкилотхои муосири бюрократа ва демократия хамдигарро истисно мекунанд.

Михеле иллати вусъати тамоили бюрократй ва сарватманди- ро дар дохили ташкилотхо махз дар омилхои психологии омма ва рохбарон мебинад. Ба акидаи у, ташаккули сарватмандй дар дохили ташкилотхо якчанд даврароро фаро мегирад: 1) ташаккули «рохбарии мукаррарй», ки худ аз худ руй медихад; 2) «рохбарии касбй»»; 3) «рохбарии сарватмандй».

Артур Бентли (1870 - 1957) назарияи «гуруххои манфиатдор», «гуруххои фишороварро» пешкаш мекунад. Тибки ин назария, дар чомеа дар иртибот бо манфиатхои умум гуруххои манфиатдор ташаккул меёбанд. Ин гуруххои манфиатдор зимни фаъолияти хеш ба сохторхои хокимияти бахри тобеъ намудани онхо ба иродаи хеш фишор меоранд. Дар раванди ин фишороварй гурух ё гуруххои


403





пуриктидор гурухдои дигарро зери тобеияти хеш карор медиханд. Зимни муборизаи гуруххои манфиатдор гуруххои нав, аз чумла дар сохторхои хокимият ташаккул меёбанд. Давлат бошад, вазифаи халли мусолихаомези низоъхои манфиатии байни ин гуруххо ва тавозуни назарро байни онхо ба душ мегирад.


Накши гуруххои манфиатдор дар он эхсос мешавад, ки бо фаъолияти онхо, аз чумла дар иртибот бо манфиатхои гуруххои голиб режими давлатй хусусиятхои хосро касб мекунад, аз чумла дар робита бо манфиатхои гурухй. Дар ин замина таъкид мешавад, ки режими истибдодй ва демократй ифодаи манфиатхои гурухй мебошанд. Андешаи марксистй дар хусусй синфхо низ ба хадафхои назарияи мазкур мутобик карда мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки синфхо мутааллик ба гуруххои дорой манфиатхои дахлдор мебошанд.


404





БОБИ 14. АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИИ АСРИ XX ВА ИБТИДОИ АСРИ XXI


  1. Назарияхои муггафики. JI. Буржуа ва JI. Дюги.

Леон Буржуа дар асархояш «Муттафикй» (1896), «Фалсафаи муттафикй» (1902) аз андешахои муттафщии х;ук,ук,й пуштибонй намуда, онро аз муттафщии табий чудо мекунад. Ба андешаи у, муттафикии табий беадолат аст, зеро ба нобаробарй, мувозинати нобаробар, равобити гайрихукукии одамон такя дорад. Муттафикии хукукй зимни ухдадорихои хамдигарй ва мувозинатии одамон, зимни таксими мехнат байни одамон арзи вучуд дорад. Пояи ин мут- тафикиро ухдадорихои тарафайни одамон ташкил медиханд. Ин му- возинат зимни созиши байни одамон таъмин мешавад. Аммо ин созиши муттафикй гарчанде расман баста нашуда бошад хам, ба хар хол вокеан чой дорад.

Таъкид мешавад. ки дар баробари ухдадорихои тарафайн ва таксими мехнат хамчунин омилхои меросй чой доранд, ки муттафикии байни одамонро таъмин мекунанд, чунончи, ворис ухдадор мешавад карзхои меросгузорро адо намояд. Дар натича созиши тарафайн. вале вокей байни ворис ва одамони карзхох пайдо мешавад. Ин созиши муттафикй расмй нест, баста намешавад, фарзй мебошад, вале вокеан риоя мешавад.

Ба акидаи мавсуф, муттафикии табий, ки ба нобаробарй такя дорад, зимни моликиятдории хусусй инкишоф меёбад. Як кисми ахолй (моликиятдорон, сарватмандон) зимни таксими мехнат аз хисоби мехнати кисми бештари ахолй сарватманд мегарданд. Вале муттафикии хукукй талаб мекунад, ки ин моликияту сарват ба манфиати одамон истифода шавад. Сарватманд дар назди одамон, чомеа ухдадориро ба зимма мегирад. Дар натича равобити тарафайни сарватмандон ва одамони дигар пайдо мешавад. Ин муттафикй зимни ухдадорихои тарафайн таъмин мегардад.

Таъкид мешавад, ки моликият танхо дар холати ба ичро расо- нидани ухдадорихои сохибмулк, яъне маблагчудокунй аз моликият вокаен озод мешавад. Андозхои давлатй, ки ба зиммаи сохибмулк


405





гузошт мешаванд, мисолн чунин хиссачудокунй тавсиф мешаванд. Аз хиеоби ин маблагхо тахсили беиул, хадди акали зиндагй, сугурта таъмин мешаванд.


Хулоса, зимни чунин муттафикй муборизаи синфй, тазоди синфй аз байн бурда мешавад ва дар чомеа хамдилй, хамраъйй, хамбастагии ичтимоии одамон таъмин мешавад. Аз ин ру, гояи муттафщии ицтимой заминаи пешрафти чомеа эълон мешавад.

Лион Дюги (1859 - 1928) - мутафаккири Фаронса, намояндаи назарияи муттафикй, чонибдори нуктаи назари позитивй ва сотсиологии хукук буда, ба хайси декани факултаи хукукшиносии Бордо фаъолият намудааст.

У зимни барасии ухдадрихои тарафани одамон талаб мекунад, ки мафхуми «рук,уки субективй» аз илми хукукшиносй бардошта шавад. Ба назари мавсуф, дар шароити ташаккули чомеаи муттафикй хочат ба хукуки субективй намемонад. Акнун хама масъулияти ичтимоии хешро назди хамдигар ба душ мегиранд.

Аз ин хотир, пешниход мешавад, ки мафхуми «хукуки субективй» бо мафхуми «хукуки обективй» иваз карда шавад. Мохияти хукуки обективй дар робита бо масъулияти ичтимой, ухдадории ичтимой, рисолати ичтимой рушан мешавад. Ба акидаи Дюги. дар чомеаи нав хар шахе рисолати ичтимоии хешро бахри таъмини хамбастагии ичтимой ичро мекунад.

Мавсуф бо истифода аз нуктаи назари сотсиологй хукукро натичаи амали «омилхои ичтимой» мешуморад ва мафхуми «хукуки ичтимоиро» пешбарй мекунад.

Масъалаи давлат низ дар робита бо омили ичтимой баррасй мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки хокимияти омма «вокеияти ичтимоист». Давлат чун шакли иттиходи коллекгивии одамон тавсиф мешавад. Шаклхои гуногуни иттиходи давлатй чудо карда мешаванд, аз кабили давлати римй, давлати королй, давлати якобинхои Фаронса ва диг.

Ба назари мутафаккир, давлат чун иттиход хамеша инкишоф меёбад. У ишора ба он мекунад, ки дар замони нав давлатхо мохиятан тагйир меёбанд, аз чумла бахри аз байн бурдани тазоди синфй мекушанд.

Ташкили синдикатхо рохи аз байн бурдани муборизаи синфй эътироф мешавад. Ин синдикатхо дар заминаи синфхо ташкил мешаванд. Барои паст намудани сатхи тазоди синфй федератси- яи синдикатхо ташкил мешавад. Хамин тарик, гояи «федератсияи синдикатхо» пешкаш мешавад.

Якчанд нишонахои давлати синдикатй пешбарй мешаванд, аз кабили химояи фард, ташкили хокимияти аксулмарказ, амалй намудани функсияхои тафтишу назорат дар давлат. Заминаи давлати


406



синдикатиро меъёри ицтимой ташкил медихад. Ин меъёри ичтимой на меъёри ахлокй, балки меъёри хукукй мебошад. Вазифаи он таъмини «вобастагии тарафайни ичтимой» махсуб мешавад. Функсияи ичтимоии меъёри мазкур дар он аст, ки тавассути он гуруххои ичтимой (идоракунандагон ва идорашавандагон ва м.и.) хамбастагии ичтимоиро сохиб мешаванд. Дар натича муттафикии ичтимоии чомеа таъмин мешавад.

Хуллас, назарияи Дюги барои таъмини муттафикии ичтимой хизмат мекунад. Ин муттафикии синфхо ва гуруххои гуногуни чомеа зимни давлати синдиката ва меъёри ичтимой таъмин мешавад.

Мохияти муттафакии ичтимоиро вобастагии тарафайни гурущои ицтимой ташкил медихад. Ин вобастагии тарафайн зимни ду омили асосй таъмин мешавад: 1) «талаботи умум»; 2) «таксими мехнат».

Цомеаи муттафикии Дюги ба интизом асос меёбад. У менависад, ки хама гуна «чомеа аслан интизом аст, азбаски инсон бидуни чомеа арзи хастй надорад, у танхо зимни тобеият ба ягон интизом метавонад зиндагй кунад».

Интизоми чомеаи муттафикй дар робита бо меъёри ичтимой, вобастагии тарафайни ичтимой, таксими мехнат таъмин мешавад.

  1. Морис Ориу

Морис Ориу (1859 - 1929) - хукукшиноси Фаронса буда, ба масъалаи хамгироии сохторхои гуногуни чомеа таваччух мекунад. Аз ин хотир, назария уро назарияи «институтсия», яъне сохтори меноманд.

Мавсуф ба масъалаи таносуби -ХУКУК ва тартибот, рукУК ва тартиботи рук,ук,й таваччух намуда, аз андешахои назарияи сохторй истифода мебарад, аз чумла аз акидаи мувозинати ичтимой. Ба ин масъалахо асари мавсуф бо номи «Принсипхои хукуки омма» бах- шида шудааст.

Тибки ин назарияи сохторй, дар чомеа одамон дар робита бо нишонахои гуногун, аз кабили мансубияти оилавй, касбу кор ва г. дар дохили вохидхои сохторй муттахид мешаванд. Дар натича сохторхои ичтимой ташаккул меёбанд. Ин сохторхо шакли иттиходи коллек- тивии одамон мебошанд.

Сохторхои мухталифи чомеа, аз кабили оила, гурухи одамони хамкасб ва гуруххои дигари ичтимой дар баробари вазифаи хамгирой хамчунин хадафхои дохилии хешро низ ба ичро мерасонанд. Хатто бюрократия чун сохтори ичтимой якчоя бо вазифахои хукмфармой дар ичрои вазифахои умумии давлат ширкат меварзад.

Гояи дигари назари сохторй мувозинати ицтимой мебошад. Ба андешаи чонибдорони ин акида, тартиботи хукукии чомеа ба мувозинати куввахои мухталиф асос меёбад. Мувозинат байни давлатхои


407





чахон низ вучуд дорад. Тачзияи хокимият яке аз шаклхои мувозинати байни шохахои хокимият эътироф мешавад. Ба назари мухаккикон, Монтескё зимни пешбарии тачзияи хокимият махз аз андешаи му- возинат истифода намудааст.


М. Ориу аз ин андешахо истифода мебарад, аз чумла зимни тахлили муносибатхои хУКУКй- У ба равобити мафхумхои «хукук,» ва «тартибот» ишора намуда, хислати илохии тартиботи хукукиро рад мекунад. Ба акидаи у, тартиботи хукукй зимни куввахои беруна мукаррар нагашта, балки мунтазам, дар раванди инкишофи муносибатхои чомеа «тавлид мешавад».

Ориу зимни тахлили мавзуи танзими хУКУКи омма ба масъалаи режими давлатй таваччух мекунад. У мафхуми «режими давлатии идораи давлатро» пешкаш мекунад. Ба назари у, режими идораи давлат мохияти давлатро ошкор мекунад. Таъкид мешавад, ки режими давлатии идора васеъ буда, дар як вакт режимхои сиёсй, иктисодй ва хукукиро фаро мегирад, аз он чумла «шакли зисти миллатро» мукаррар мекунад.

Ба акидаи мавсуф, хокимияти сиёсй ва моликияти хусусй то замони ташаккули режими давлатии идора бо хам омехта буданд. Сипас бо ташаккули режими давлатй вазифаи эчоди меъёрхо ба зиммаи хукумати марказй мегузарад. Ин салохиятро додгоххо ва макомоти маъмурй ба зимма мегиранд. Дар натича хУКУКи мутта- марказ пайдо мешавад, яъне хукуки мутааллик ба хокимияти марказй. Зери мафхуми хукуки муттамаказ ба маънои дигар хукуки миллй, ё умумидавлатй (омма) фахмида мешавад. Таъкид мешавад, ки бо баробари ташаккули хукуки муттамарказ моликияти хусусй аз хокимият чудо мешавад.

Тибки назарияи Ориу, меъёрхои ХУКУК дар раванди табдили одатхо ба конунхо пайдо мешаванд. Таъкид мешавад, ки давлат бо пайдоиши одатхо сару кор надошта, вале дар эчоди конунхо бевосита ширкат меварзад.

Нуфузи бештари конунхо нисбат ба одатхо бо он муайян мешавад, ки конунхо «озодии бештаррро» таъмин мекунанд. тагаирёбанда мебошанд ва ин хислати дигаргунии конун дар тафовут бо устувории одатхо барои таъмини озодй хело мухим аст. Тавре мутафаккир менависад, хукумат, агар лозим шуморад, конунро зуд тагйир медихад, вале «имкони тагйири одатро надорад».

Ориу муносибатхои хУКУКиР° зимни истифода аз андешахои сотсиологй, аз чумла гояи «робитаи ичтимой» тахлил мекунад. У таъкид мекунад, ки муносибатхои хукукй манфиатхои ба хам мухолифи одамон, гуруххои ичтимой ва синфхоро ба эътидол меоранд. Ба ибораи дигар, муносибатхои хукукй дар «олами ицтимой» мушохида


408





мешаванд. Ин «олами ичтимой» метавонад миллй, ё байналмилалй бошад. Вале хамеша ин «олами ичтимой» ба
хукук такя дорад.

Ба акидаи мавсуф, хукук ихтилофи байни чомеа ва шахсро ба эътидол меорад. Ин вазифаи ичтимоии х,ук,ук, зимни таксими хукукхо байни чомеа ва шахе ичро мешавад. Дар натича рук,ук,рои чомеа ва хукуцрои шахе аз хам чудо мешаванд.

Таъкид мешавад. ки байни хукукхои чомеа ва хукукхои шахе аз як тараф, ихтилоф. аз тарафи дигар, мувозинат чой дорад. Дар натичаи таъмини мувозинати байни хукукхои чомеа ва хукукхои шахе тартиботи х;укук,й пойдор мегардад.

Хислати х,амагонии мувозинати рук,ук;й таъкид мешавад. Ин мувозинат зимни тартиботи хукукй таъмин гашта, хамаи сохахои хаёти чомеаро фаро мегирад, аз чумла сохахои иктисодй, шахрвандй. харбй, тичоратй ва дигарро. Мувознати сохаи хаёти шахрвандй асосй эътироф мешавад.

Ориу мафхумхои тартиботи %ук;ук;й ва тартиботи сиёсиро чудо мекунад. Таъмини «озодй ва адолат» хадафи асосии тартиботи хукукй эълон мешавад. Ба акидаи мутафаккир, тартиботи хукукй хамеша ба хукук такя мекунад.

Тартиботи сиёсй бошад, танхо дар холати такя ба хукук метавонад адолатро таъмин кунад. У менависад, ки хукук «муносибатхои сиёсиро бахри таъмини озодиву адолат танзим мекунад». Аммо сохаи муносибатхои сиёсй аз таносуби куввахои мухолиф иборат аст. Аз ин хотир, таъкид мешавад, ки масъалаи ба муносибатхои хукукй табдил додани муносибатхои вокей мушкилй пеш меорад.

Рохи халли ин мушкилй дар он эхсос мешавад. ки муносибатхои вокей бояд «муддати муайян» инкишоф ёбанд, исбот кунанд, ки ба «некиву адолат» майл доранд. Танхо дар хамин холат ин муносибатхои вокей шакли «конунй» пайдо мекунанд. Рохи дигари халли мушкилоти мазкур таъсири боадолат ба шуури афроди чудогона махсуб мешавад.

  1. Мафкураи немисии миллатгаро ва нажодпарастй

Гояхои миллатгарой, миллатгароии сотсиалистй, нажодпарастй дар нимаи аввали асри XX, пас аз Чанги якуми чахон, дар арафаи Чанги дуввуми чахон дар Олмон васеъ пахн гашта, чузъи идеологияи давлати Олмон мегарданд ва солхои чанг бевосита амалй мешаванд. Гояхои мазкур заминаи идеологии давлати фашистии Олмон мегарданд. Аз ин хотир, аз чумла бахри рушан намудани сарчашмахои тавлиди гояхои зиддиинсонй, мохияти аслии онхо, гирифтани пеши рохи ин кабил андешахои зиддидемократй омузиши афкори миллатгаро ва нажодпарастии олмонии арафа ва давраи Чанги дувву-


409



I


ми чахон мувофики максад аст, алалхусус дар шароити мушохидаи зухури равандхои миллатгаро ва нажодпарастй дар манотики гуногуни чахонй имруза.


Мафкураи миллагарову нажодгароии немис зимни гояхои муайян ташаккул ёфтаас. Яке аз онхо гояи «нобаробарии нажодии» Хю- стон С. Чемберлен (1855 - 1927) мебошад. Зимни ин гоя, нажодхо ба «мукаммал» ва «номукаммал» чудо шуда, байни онхо муборизаи мунтазам сурат мегирад ва «нажоди олитабор» хамеша бахри воло- ияташ бо нажодхои «номукаммал» мубориза мебарад.

Гояи дигари «сотсиализми пруссагиро» Освалд Шпенглер (1880 — 1936) пешбарй намуда, ишора ба табиати сотсиалистии пруссагихо мекунад. Хидмат ба давлат, моликиятдории хусусй зимни назорати давлат, интизоми «аскарй» («казармавй»), муносибатхои мартаботй аз чумлаи андешахои асосии гояи «сотсиализми прусагй» эълон ме- шаванд.

Манбаи дигарро танкиди андешарои либералй ва марксистй ташкил медиханд. Озодии шахе рад мешавад, хатари озодии фардй барои таъмини нуфузи давлат, тобеияти шахе ба давлат, интизоми «аскарй» таъкид мешавад. Назарияи марксистй низ махкум мешавад, агарчанде кушиши таъмини муносибати дустонаи капиталисто- ну коргарон ба харч дода шавад хам.

Хомиёни мафкураи миллатгарои немис бахри таъмини ягонагии миллй, нуфузи хокимият аз андешаи рокимияти рамагонй, ки хамаи сохахои хаёти чомаро фаро мегирад, пуштибонй мекунанд. Дар низоми сиёсии Олмон се усури асосй чудо карда мешаванд: хизбй корга- рии миллатгарои сотсиалистии Олмон, давлат ва халки олмон. Хизбй мазкур элитаи чомеа эълон гашта, накши пешбарандаи он дар хаёти сиёсй, аз он чумла дар хаёти давлатй эълон мешавад. Давлат пурра тобеи ин хизб мегардад. Низоми бисёрхнзбй манъ мешавад. Хизбй миллатгаро вокеан ба макоми волои давлатй табдил дода мешавад, мансабхои давлатй аз чумлаи аъзоёни хамин хизб ишгол мешаванд. Дар нихояти кор, давлати хизбй ташаккул меёбад.

Мансубият ба нажоди немис, миллатгарой, чонфидой дар ичрои вазифахои давлатй нишонарои му рими давлати миллатгаро ва на- жодпарасти немис мегарданд. Гояхои давлати демократй, фаъолияти парлумонй, низоми идораи демократй рад мешаванд.

Андешаи «давлати рук,ук,ии моддй» таргиб мешавад, яъне давла- те, ки на ба волоияти хукук (дар давлати «хукукии шаклй»), балки ба кувва такя дорад. Пешво (фюрер) рахбари давлат эълон мешавад. Ин мансабро Адолф Гитлер сохибй мекунад. Гитлер дохй, пешво, сарвари воло, шахеи аз хама боистеъдод, шучоатманд, халкунандаи такдири миллат, сохиби хокимияти номахдуд, тачассумгари нажоди немис эълон мешавад.


410



Ситоиши халки немис низ ба харч дода мешавад. Таъкид мешавад. ки халки немис зимни иттиходи хунй ташаккул ёфтааст, «хуни тозаи биологй», ё «ориёй» дорад, ба ягонагии миллй, нажодй, сиёсй, хукукй, аклй такя мекунад.

Нуфузи бештари мафхуми «халк,» дар таносуб бо мафхуми «шахе» пазируфта мешавад, шахе узви беарзиши «халк» эътироф мешавад. Хидмат ба халк вазифаи шахе эълон мешавад. Андешахои либералй, аз чумла хукуку озодихои шахе сарфи назар мешаванд. Таъкид меш- вад, ки немиси хакикй «рисси рафокати халкй» дорад, назди халки немис масъул аст. Немисхо «дустони хамдигар» эълон мешаванд.

Дар натича мафхумхои «хукуки субйективй», «субйекти хукук», «шахсият», «кобилияти хукукдорй»-ва м.и. чун андешахои мухолифи назарияи хукуки миллатгарои немис рад мешаванд. Андешаи «рафокати немисхо зимни хукук,» эълон мешавад.

Рури нажодй ва миллй манбаи асосии хукуки немией эътироф мешавад. Таъкид мешвад. ки хеч гуна хукуки тавлиди, хукуки мутааллик ба инсон вучуд надорад. «Хукуки нажодй», ё «хукуки халкй-нажодй» пазируфта мешавад. Андешаи зайл васеъ истифода мешавад: «Хукук он чизест, ки ориёихо онро чун хукук мепазируфтанд». Ба ибораи дигар, хукук хамон мафхумест, ки аз он ориёихо истифода мекарданд.

Таъкид мешавад, ки мафхуми хукук биологй буда, аз «нажоди ориёй», аз «иродаи ориёихо» маншаъ мегирад. Дар заминаи ин анешахо акида пешкаш мешавад, ки хукук махсули нажод, падидаи нажодй буда, танхо миллати мутааллик ба «нажоди ориёй» хак дорад аз ин хукук истифода кунад.

Дар натича гояи «хукукихалкии нажодй» ташвик мешавад. Су- бекти «хукуки халкии нажодй» немисхо эътироф мешаванд. Азбаски немисхо «дустони хамдигар» мебошанд, такя ба «рафокати халкй» доранд, «баробарии нажодии немисхо» эълон мешавад.

Фюрер, ки ба хайси пешвои нажоди немис шинохта мешавад хамзамон манбаи ягонаи ХУКУКи миллати немис эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки танхо Фюрер хукукро муайян мекунад, зимни карорхояш хукукро эчод мекунад, аз чумла «конунхои халкии зиндагиро» кабул мекунад. Чунин андеша таргиб мешавад: «Хама чизи барои халк муфид хукук буда, хама чизи зараровар хукук нест».

Хомиёни фашиста мафхуми аслии «адолати судиро» комилан тагйир медиханд, мустакилияти хокимияти судиро махкум мекунанд. Фюрер судяи воло эълон мешавад. Фаъолияти судхо пурра зери назорати вазорати адлия мегузарад. На конуни чиной, балки чазо махаки асосии чиноят эътироф мешавад. Дар давлат худсарии судй cap мезанад. Зимни таъкиби чинояткорон конун сарфи назар гашта, андеша таргиб мешавад, ки «чинояткор бояд аз чомеа берун карда шавад».


411





Дар робита бо назарияхои немисии миллатгаро ва нажодгаро мебояд хотирнишон намуд, ки назарияи ба ном «нажодии ориёй» бо кадимтарин халкхои ориёй ва тамаддунй аслии ориёй ягон робита надорад. Дар асархои мухаккикони Аврупой асри XIX калимаи «арий» барои ифодаи номи халкхои кадими хиндуаврупой истифода мешавад. Яке аз поягузорони назарияи «нажодгарои ориёй» ада- биётшиноси Фаронса Артюр де Гобино махсуб мешавад. У аз чумла се навъи нажодхоро дар иртибот бо ранги пусташон чудо мекунад: нажоди сафедпуст, нажоди зардпуст ва нажоди сиёхпуст. Нажоди сафедпуст олй пазируфта шуда, дар дохили он нажоди ориёй макоми волоро сохиб мешавад. Калимаи «арий» дар Олмонй фашистй ба маънои нажодй, чун андешаи нажодгаро, барои таргиби макоми баланди нажоди немис васеъ истифода мешавад. Табиист, ки назарияи немисии нажодгарои ба ном «ориёй» дар асл асоси вокей надорад. Зикри ин нукта мухим аст, зеро хомиёни андешахои имрузаи неофашист ва пайравони мафкураи нажодгаро то хол мекушанд исбот намоянд, ки собик фашистони немис «оринажоди аслй» буданд. Чунин андешахои каблй ва муосири нажодпарастй дар асл ягон асоси вокей надоранд.

  1. 1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   58


написать администратору сайта