Главная страница
Навигация по странице:

  • Хусусиятхои тамаддунй исломй

  • Абдулмалик пешрафти тамаддунии цомеаро

  • «Нсщшаи инкишофи ицтимоиву фаррангии царони пшгйирёбанда»

  • Гурури сеюми омил^оро

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница57 из 58
    1   ...   50   51   52   53   54   55   56   57   58
    Тацрибаи шуравии сохтмони сотсиализм барои он танкид мешавад, ки мохияти авторитарй дорад, ба низоми авторитарии идораи чомеа, шаклхои нави истисмори одам такя дорад, дастгохи хизбии бюрократиро ба синфи хукмрон ва дар нихояти кор, ба «истисморгари асосй» табдил медихад. Ин раванд сабаби асосии табдили «фардияти шахей» оа «фардияти табакавй» эътироф мешавад.

    Зимни танкиди назария ва амалияи сармоядориву сотсиалистй рори пешрафти исломй («ал-манхач ал-исломи») пуштибонй мешавад.

    Ac-Садр рохи пешрафти исломиро зимни иктисоди исломй имконпазир мешуморад. Ба ин масъала у асари алохидаи хешро бо номи «Иктисодуна» (Бейрут, 1982) мебахшад. Мавсуф иктисоди исломиро дар робита бо дини ислом тахлил намуда, мафхуми «мазраби ицтисодиро» пешкаш мекунад. «Мазхаби иктисодй», ба андешаи мавсуф, «тарзи таъмини шароити муфидро дар хаёти иктисодии чомеа» муайян мекунад. Таъкид мешавад, ки «мазхаби иктисодии исломй» пеш аз хама «бо худуди динияш фарк мекунад», ба таъмини «манфиатхои ичтимоии инсон» хизмат мекунад. Заминаи иктисоди исломиро моликияти омехта, озодии щтисодй зимни махдудиятхои муайян, адолати ицтимой ташкил медиханд. Ба кавли мавсуф, ислом «моликияти хам хусусй, хам чамъиятй, хам давлатиро кафолат медихад». Озодии иктисодй зимни шариат махдуд мешавад. Давлат вазифаи махдудсозии озодии иктисодиро ба ичро мерасонад, аз чумла зимни дахолат ба фаъолияти хочагй. Таъкид мешавад, ки Паёмбари ислом (с) ба фаъолияти хочагй дахолат менамуд, пеш аз хама ба хайси таксимкунанда («вали ал-амр»),

    Мебояд зикр намуд, ки чонибдорони гояи рохи пешрафти исломй («ал-манхач ал-исломи») ду андеша доранд. Ба акидаи як гурухи мухаккикон, ин рохи пешрафт хоси танхо тамадуни исломй аст. Гурухи дигари мухаккикон онро хоси пешрафти хама кишвархо мешуморанд.

    Ба ин нигох накарда, рохи пешрафти исломй хамачониба ва бо истифода аз далелхои гуногун химоя мешавад. Чунончи, дохии инкилоби исломии Эрон Л'умайнй дар мактубаш ба М.С. Горбачев ишора ба он намуда буд, ки ба туфайли кушишхои рахбари охири- ни давлати шуравй «гояи коммуниста» мавриди зарбаи нихой карор гирифта, акнун ба ислом мебояд «таваччухи чиддй» намуд, пеш аз


    450





    хама ба хотири «арзишхои волои чахонй ислом», ки кодиранд дар халли «масоили мухими башар» сахми халкунанда гузоранд.


    Яке аз пайравони гояхои мактаби назарии «Бародарони мусулмон» С. ал-Кутб дар сарахояш «Ислом ва адолати ичтимой», «Ислом дини дурнамо», ки нимаи дуввуми солхои 1970-ум нашр шудаанд, аз рохи пешрафти исломй чун начоти башар пуштибонй намуда, таъкид мекунад, ки таърих амалй гаштани амри Худованд аст.

    Солхои 1980-ум афкори сиёсии исломй дар баробари химояи арзишхои тамаддунй исломии арабй хамчунин мазмуни миллиро низ касб мекунад. Аз чумла, чонибдорони гояи эрё'и ислом дар Эрон аз накши мухими мазхаби шиавии Эронй харф мезананд, эхёи арзишхои тамаддунй чомеаи замони Паёмбари ислом (с) ва хазрати Алиро химоя мекунанд.

    Як катор мухаккикони чахонй ислом равобити тамаддущои гу- ногунро ба инобат мегиранд. Чунончи, мухаккики Кувайт Абдула- зизи Комил таърихи башарро чун равобити тамаддунхо тавсиф намуда, таъкид мекунад, ки дар давраи аввал (то кушодашавии китъаи Амрико) тамаддунхои инсонй (хитой, хиндй, аврупой, исломй) аз хам чудо буданд, мустакилона инкишоф меёфтанд, дар давраи дуввум нуфузи тамаддунй аврупой меафзояд, дар асри XX бошад, нуфузи Аврупо паст гашта, давраи гуногунии тамаддунхо огоз мешавад.

    Мавсуф омилрои зерини вазъи цсщони муосирро муайян мекунад: густариши ровобити байни тамаддунхо; пешрафти илмиву техникй; таносуби пешрафти илмиву техникй бо маосили ахлокй, манфиатхои чомеаи алохида ва кулли башар; тафовути тамаддунй зимни хусусиятхои хоси тамаддунхои чудогона; иваз шудани раванди гуманитарй бо раванди технократй.

    Хусусиятхои тамаддунй исломй низ муайян мешаванд, аз кабили: а) мазмуни илохии он («раббония»); б) бародарй («ал-иха ал-инсони»); ягонагй («аш-шумул»); в) барномарезии илмии пешрафти исломй («ал-манхачия ал-илмия») зимни омезиши шуур ва акл. Хамчунин заминахои бунёдии тамаддунй исломй рушан мешаванд: ягонагии хаёти маънавй ва дунявй; бартарии асосхои иттиходии (коллективии) зиндагиву фаъолияти одамон; муносибати аклона ба хаёти дунявй.

    Зимни ин хусусиятхо заминахои рори пешрафти исломй муайян мешаванд, аз кабили пайравй аз Куръон чун Вахйи Илохй; тавхид (якхудой); баробарии байни одамон; ба хам мувофик будани гуфтор ва амал зимни Куръон; даъват ба хушдорй; даъват ба муколама ва илмият; тахкик чун кувваи пешбаранда; эчодкорй.

    Таъкид мешавад, ки накшаи зикршудаи пешрафти исломй дар шароити равобити тамаддунй, бо истифода аз дастовардхои тамаддунхои дигар, аз чумла низоми идораи парлумонй амалй мешавад.


    451



    Рохи пешрафти исломй хамчунин дар асари Зиёвуддин Сардор «Дурнамои тамаддунй исломй», ки охири с. 1970-ум ва аввали с. 1980-ум интишор гаштааст, муфассал тахлил мешавад. У накшаи эхёи чомеаи исломиро бо номи «умран» пешкаш мекунад. Ба андешаи мавсуф, истилохи «умран» аз асархои Ибни Халдун сарчашма гирифта, маънои «тамаддунй мунтазам инкишофёбандаро» дорад.

    Мавсуф ду самти эртимолии инкишофи царони исломро пешгуй мекунад: якум, вусъати ихтилофи байни Шарк ва Гарб дар холати кам шудани захирахои энергетики, мушкил гаштани вазъи мамолики Гарб. кушиш онхо барои тобеъ намудани мамолики Шарк; дуюм, истифодаи технологияи пешкадам дар мамолики ислом, ташаккули «фарханги бехирад», давлати мутамаркази технократй ва хукмронии он дар чомеаи исломй.

    Мавсуф ин ду самти эхтимолии инкишофро намепазирад. У рохи аслии пешрафти цомеаи исломиро рушан мекунад. Ин самти инкишофи вокей ба «инкишофи давлати Мадина, ки зимни хичрати Паёмбар (с) аз Макка таъсис гаштааст», такя дорад. Ч,омеаи Мадина орзуи хар фардй мусулмон эълон мешавад. Афзалиятхои давлати Мадинаро мавсуф чунин муайян мекунад: якум, ин давлат «ба арзишхои муайяни маънавй, ахлокй ва фархангй такя дошт», ки минбаъд «низоми арзишхои исломиро ташкил доданд», дуввум, давлати Мадина такя ба заминахое дорад, ки рушди минбаъдаи онро таъмин мекунанд.

    Зиёвуддини Сардор мукобили мутобик гаштани давлати исломй ба шароити нав, тагйири он, аз чумла омехташавии идеологияи технократии гарбй ва идеологияи миллй мебошад. Айни замон у аз ичтиход (хакки ирсоли ахком) пуштибонй мекунад, таклидро зери танкид мегирад.

    Мавсуф чонибдори бунёдй цомеа ва давлати исломй ба мисли чомеаи замони Паёмбари ислом Мухаммад (с) мебошад. У муътакид аст, ки ин самти пешрафти исломиро метавон тархрезй кард, аз чумла дар бахшхои ичтимой, сиёсй, маориф, коммуникативй, технологй, иттилоотй, хифзи хукукй Куръон, Суннат, ичма, киёс, ичтиход заминахои ин тархрезии дарозмуддат эътироф мешаванд.

    Мухаккики араб Абдулмалик пешрафти тамаддунии цомеаро пуштибонй намуда, исломро чун унсури мухими чомеа, идеологияи чомеа, кувваи асосии рушди чомеа мешуморад. Тавре мавсуф менависад, «ислом на танхо яке аз се динхои чахон», балки «тамаддунй чахонй мебошад, ки аз Андалус то сохили шаркии Осиё пахн гашта, фархангхои мухталифи халкхоро фаро мегирад». Ислом «назарияи пондории миллй, тахаввули чомеа, рушди чомеа» номида мешавад. Ба акидаи мавсуф, исломи сиёсй «воситаи истиклолияти миллй» буда, якчоя бо «фарханги сиёсй ва афкори ичтимой Шарк ва Еарбро бо хам муттахид месозад».


    452





    Номбурда даврахои каблии инкишофи таърихиро тахаввули ё гузаранда шуморида. аз
    гояи «таносух» («трансформация»), яъне тагйири куллии чомеа истифода мекунад. У таъкид мекунад, ки олам аз тамаддунхои минтакавй иборат буда, хар як тамаддун бо рохи хеш мустакилона тахаввул меёбад. Таъкид мешавад, ки тахаввули тамаддунй дар шакли таносухи чомеа сурат гирифта, «тафовути тамаддунй, фархангй ва миллиро» муайян мекунад.

    Дар ин замина ду сотри тараввули тамаддунй чудо карда мешаванд. Дар сатхи аввал «тафовути асосй зимни сифат, микдор ва суръати раванди таносух дар сохахои гуногуни хаёту фаъолияти чомеа муайян мешаванд», аз чумла дар бахши «истехеолот, навъхои хокимият, робитахои дохили чомеа, хусусияти фархангй, тархрезии тамаддунй, идеологияи сиёсй. дин. фалсафа, асотир ва г.». Дар сатхи дуввум тафовути «байни навъхои гуногуни чомеа, чунончи бай- нн навъхои форматсияхои ичтимой-иктисодй ва навъхои идеологияи сиёсй» мушохида мешаванд. Гояи ду сатхи ганосухро мавсуф дар «Нсщшаи инкишофи ицтимоиву фаррангии царони пшгйирёбанда» ифода мекунад.

    Ба андешаи Абдулмалик, таносухи царон зимни «се гурухи омилхо» сурат мегирад. Омилрои гурури якупро рушди се минтакаи олам Осиё, Африко ва Амрикои Лотинй ташкил медихад, аллалху- сус «дар сохахои ичтимоиву сиёсй ва тамаддуниву фархангй». Тавре мавсуф менависад: «Дар Шарк. Осиё, Африко ва дар чахонй исло- мии араб рушду нумуъ дар мисоли эхёи фарханг ё тамаддунй арабй ё исломии нахди, инкилоби Мэйдзи дар Япония, инкилоби фархангии хитой, болоравии африкой мушохида мешавад».

    Абдулмалик зимни тахлили омилхои гурухи аввал махсусан ишора ба камбудии нуктаи назари яктарафаи аврупой мекунад, ки мекушад исбот кунад, ки халкхои Шарк ба тахаввули мустакил кодир нестанд. Мавсуф исбот мекунад, ки болоравии минтакаи Шарк зимни омилхо ва талаботи дохилии хамин тамаддунхо сурат гирифтааст. У аз як тараф таъкид ба он мекунад, ки эхёи фархангй ва тамадду- нии халкхои минтакаи Шарк аз хам фарк доранд, аз чумла инкилоби Мейдзи дар Япния аз инкилоби фархангии Хитой фарк мекунад. Аз тарафи дигар таъкид мешавад, ки байни равандхои эхёи фархангиву тамаддунии халкхои Шарк умумият чой дорад. Ин нишонаи умумй хислати таммаддунй дошта, дар «сафарбарии захирахои дохилии хеш» ифода меёбад. Ба андешаи мавсуф, халкхои Шарк мекушанд эхёи фархангиву тамаддунии хешро зимни омили тамаддунй, бо иси- фода аз кувваи дохилии хеш, мустакилона таъмин намоянд.

    Гурури дуввуми омилро дар рафти инкишофи таърихии солхои 1848 - 1973, алалхусус пас аз октябри с. 1917 ташаккул меёбад. Дар ин давраи таърихй «буржуазия мукобилияти шадиди халки мехнаткашро


    453





    дучор мешавад». Дар натича «омилхои инкилоби ичтимой» ташаккул меёбанд. Хамзамон «низомхои хукмронй чахонй» ташакул меёбад.


    Омилои гурухи дуввум хислати ичтимоиву иктисодй ва сиёсй дошта, дар манотики Авупо ва Амрикои Шимолй ташаккул меёбанд. Зимни ин омилхо тамаддунй аврупой мавриди таносух карор мегирад. Хамзамон таъкид мешавад, ки таносухи тамаддунй аврупой чудо аз тамаддунхои дигар сурат мегирад.

    Хусусияти мухими таносухи таммадуни аврупой бо он муайян мешавад, ки боиси ташаккули гояи «афзалияти тамаддунй аврупой» мегардад. Ин гоя дар сохахои ташаккули «давлат, сохти миллй, ичтимоиву иктисодй», инчунин дар бахши «куввахои мусаллах, дин ва фалсафа», «муносибатхои инсонй ва чамъиятй» ифода мегардад. Хамин тарик, таносухи тамаддунй аврупой хамаи сохахои хаёти чомеаи Рарбро фаро мегирад. Дар низоми омилхои инкишофи тамаддунй, алалхусус дар шароити инкишофи капиталистй накши асосиро омили иктисодй сохиб мегардад. Дар натичаи бартарии иктисодиву харбии Аврупо ва Амрикои Шимолй дар чахон гояи «афзалияти тамаддунй аврупой» бештар такивият пайдо мекунад.

    Гурури сеюми омил^оро Абдулмалик бо «рушди илм ва технология» вобаста намуда, таъкид мекунад, ки омили мазкур «дар таносухи чахонй имруза» накши халкунанда дорад. Ахамияти мухими «илм ва технология барои хамаи халкхо ва тамаддунхо» эътироф мешавад, алалхусус барои рахой аз бухрони чахонй, густариши равобити байни тамадунхо ва нигох доштани хусусиятхои хоси халкиятхои гуногун.

    Таъкид мешавад, ки тамаддунй муосири гарбй, гарчанде аз нигохи илмиву технологй пеш рафта бошад хам, дар холати бухрон карор дорад. Яке аз шаклхои ифодаи ин бухрон ин аст, ки гояи «маркиз - музофот» истифода мешавад, мамолики гарбй худро хукмронй чахон шуморида, ба халкхои дигари олам иродаи хешро бор мекунанд, халкиятхои дигарро кафомонда мепиндоранд. Абдулмалик муътакид аст, ки махз хамин бухрони тамаддунй гарбй боис гашт, ки халкхои дигар рохи мустакили пешрафтро интихоб намуданд, вале ба хамаи ин нигох накарда, «аксари кишвархои сатхи тараккиёташон паст холо хам ба кишвархои тараккикардаи саноа- гии Еарб таклидкорй мекунанд».

    Мухаккики дигари араб Ал-Холи аз муколамаи тамаддунхо, истифодаи технологияи пеищадами Гарб чонибдорй намуда, хамзамон таъкид мекунад, ки технологияи пешкадам бояд ба шароити хаёти чомеаи исломй, алалхусус ба низоми ичтимоиву сиёсии исломй мутобик бошад. _Дар ин замина гояи
    1   ...   50   51   52   53   54   55   56   57   58


    написать администратору сайта