Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница52 из 58
1   ...   48   49   50   51   52   53   54   55   ...   58

Мактаби «Киото»

Мактаби «Киото» (Киото нами кухани Токио) дар асри XX дар Япония ташаккулу инкишоф ёфта. омезиши фалсафаи Шарк ва
Fарб- ро хадафи асосии хеш карор медихад. Насида Китаро, Танабэ Хад- зимэ, Уэхара Сэнроку намояндагони ин мактаб буданд.

Зикр бояд кард, ки дар Япония мактаби дигари фалсафй аз таълимоти Конфутсий ва буддой пуштибонй намуда, кушиши ба шароити нав мутобик намудани онхоро ба харч медихад. Ин мактаб асрхои миёна васеъ инкишоф меёбад.

Аммо минбаъд. аз чумла асри XIX дар Япония тачрибаи хорич. алалхусус дар сохаи конунгузорй истифода мешавад. Конунгузории конститутсионй, чиной, гражданин аврупой истифода мешавад. Дар ин шароит файласуфони мактаби «Киото» аз фалсафаи Кант ва пай- равонаш. хамчунин аз анъанахои фалсафаи масехй истифода мекунанд.

Насида Китаро (1870 - 1945) поягузори мактаби «Киото» махсуб мешавад. У зимни истифода аз фалсафаи Fap6 масоили ахлокиро чун чузъи масоили шахей тахлил намуда, тачрибаи софи хастии инсониро мекушад муайян созад, аз чумла дар робита бо фардияти инсонй. Дар натичаи эътирофи «тачрибаи фардй» мавсуф андешаи «озодии мутлаки иродаро» химоя мекунад. Озодии мутлаки ирода «асоси олам» эълон мешавад.

  1. Макс Вебер

Макс Вебер (1864 - 1920) муаллифи асархои «Сотсиологияи хукук», «Сиёсат чун насиба ва касб», «Парламент ва хукумат дар Олмон» буда, тавсифи сотсиологии \ук,ук, ва хокимияти давлати- ро пешкаш мекунад, аз чумла мекушад асосрои н;онунии истифодаи Кувваро дар давлат муайян кунад.

У давлати муосирро чун иттщоди одамон тавсиф карда, таъкид мекунад, ки истифодаи кувва аз чониби давлат асоси конунй дорад.


424





Давлат кувваро дар дохили худуди хеш истифода мебарад ва ба он хакки мутлак дорад. Сохтори дигари чомеа танхо бо ичозаи давлат хакки истифодаи кувва доранд.


Вебер андешаи «рохбарии щонуниро» пешкаш мекунад. Зимни ин андеша як гурухи муттафикии одамон ба гурухи дигар рохбарй мекунад. Ин рохбарй ба ду асоси конунй такя дорад: 1) ну фуг, 2) хокимият. Нуфузи рохбарй бояд конунй бошад. Хокимият бошад, мачбурсозиро талаб мекунад.

Мавсуф се намуди хокимияти намунавиро чудо мекунад: 1) хокимияти анъанавй, ки ба нуфуз такя дорад; 2) хокимияти истеъдодй: 3) хокимияти окилонаи конунй.

Хокимияти бонуфуз ба эътирофи мукаддасоти анъанахо ва конунй будани вазъи хокимятдорон асос меёбад. Таъкид мешавад, ки ин хокимият дар мамолики Шарк ва Fap6 дар даврахои гуногуни таърихй васеъ истифода мешавад. Хокимияти истеъдодй ба поксириштй, кахрамонй ё хислатхои беназири шахеи хокимиятдор, хамчунин нуфузи фармонхояш такя дорад. Хокимияти окилонаи конунй такя ба асосхои аклона дорад, аз чумла ба эътирофи конунй будани мукаррароти меъёрй ва хукуки ирсоли онхо. Ин хокимят, ба андешаи Вебер, дар мамолики Гарб бештар пахн шудааст.

Вебер аз истифодаи усули сотсиологй дар тахлили ХУКУК пуштибонй мекунад, аз чумла таъкид мекунад, ки омузиши хукук ба инобат гирифтани намунаи амали иштирочиёни муносибати хукукй ва баходихии дарки субективии ин иштирочиёнро талаб мекунад. Мавсуф ба камбудии дарки яктарафаи касбии хукук ишора мекунад. У ахамияти дарки фитрии .хукукро дар пешкаши махаки конунй будани падидахои мухталиф эътироф мекунад.

Вебер хамчунин дарки хукукро зимни андешаи позитивй анчом медихад. Ба андешаи у, хукуки муосир аз нигохи позитивй бо истифода аз техникаи махсус хукмронй намуда, хамзамон такя ба омилхои аклона дорад. Мавсуф сатхи баланди техникаи конунгузориро. ки хоси хукуки муосир аст, эътироф мекунад. Айни замон таъкид мешавад, ки хукуки муосир новобаста аз рушди техникаи конунгузорй майл ба тагйиру инкишоф дорад.

  1. Герберт Харт

Герберт Харт, мутафаккири Англия, намояндаи хукукшиносии тахлилй, яъне назарияи позитивии шаклй-меъёрй мебошад. У дар асараш «Назарияи хукук» (с. 1961) кушиши ба замони нав мутобик намудани назарияи позитивиро ба харч дода, мафхуми «меъёрро» ба мафхуми щоида» иваз мекунад. Мавсуф ду намуди коидахоро чудо мекунад: 1) коидахои нахустин; 2) коидахои дуввумин.


425



К,оидах,ои нахустин дар конунхои парлумон пешбинй мешаванд. Онхо вазифахо, ухдудорихо ва салохияти муайянро пешбинй мекунанд. Коидахои нахустин аслан коидахои, яъне меъёрхои конун мебошанд.

Кридарои дуввумин ба се намуд чудо карда мешаванд: 1) коидахои эътироф; 2) коидахои тагйирдиханда; 3) коидахои кабули карорхои судй.

К,оидах,ои эътироф заминавй мебошанд, чунки конун танхо дар холати эътирофаш эътибор пайдо мекунад. Эътирофи конун аз манбаи пайдоиши он вобаста аст, яъне манбаи конун бояд расман эътироф гардад. Ба хайси чунин манбаъ парлумон баромад карда метавонад.

Харт барои мисол ба ду конститутсия ишора мекунад: яке Конститутсияи хаттии ИМА ва дигаре - Конститутсияи нонавиштаи Бри- танияи Кабир. У менависад, ки хар ду конститутсия эътироф мешаванд, яъне чавобгуи коидаи эътироф мебошанд. Агар Конститутсияи ИМА аз тарафи макомоти таъсисй кабул шуда бошад, пас Конститутсияи Англия зимни коидаи эътироф амал мекунад, яъне парлумон ва судхои Англия онро эътироф мекунанд.

К,оидах,ои тагйирдих,анда коидахои мутобиксозанда мебошанд ва дар холати тагйири конунхои амалкунанда истифода мешаванд. Макомоти босалохият зимни ин коидахо ба коидахои нахустин тагйироти зарур ворид мекунанд.

Коидарои к;абули кароррои судй маънии васеъ дошта, танхо бо фаъолияти судй махдуд намешаванд. Онхо «коидахо дар хусусй коидахои дигар» номида мешаванд. Аз ин коидахо судяхо, корман- дони сохтори хукумат, муассисахои шахрвандй зимни татбик ва тафсири хукук истифода мебаранд.

Харт бо назардошти инкишофи васеи назарияхои фитрй-хукукй аз андешахои назарияхои мазкур истифода мебарад, аз чумла кушиш мекунад таъсири хамдигарй ва омезиши арзишрои рукукй ва ахлокиро эътироф кунад. Таъкид мешавад, ки рафтори одамон зимни танхо конун танзим намешавад. Ба амали инсонй хамчунин одатхо, меъёрхои динй, коидахои одоби рафтор, аз кабили одоби хизматй, одоби пизишкй ва диг. таъсир мерасонанд. Харт таъкид ба он мекунад, ки дар чомеа ухдадорихои хукукй ва ахлокй бо хам омехта мешаванд. Айни замон устувории коидахои хукукй таъкид мешавад.

Ба андешаи Харт, хукуки фитрй хамеша дар инкишоф аст ва аз ин нуктаи назар, хукуки позитивй «радди акали х,укуки фитриро» инъ- икос мекунад. Чунончи, одамон дар хама холатхо бо хам баробаранд. Хамзамон нуфузи бештари баробарии чисмонии одамон дар таносуб бо баробарии аклона эътироф мешавад. Худи хамин эътирофи баробарии одамон, ба акидаи мавсуф. ифодаи хукуки фитрй мебошад.


426



14.14. Ганс Келзен


Ганс Келзен (1881 - 1973) - файласуфи Австрия буда, охири хаёташро дар ИМА гузаронидааст. Муаллифи асари машхури «Назарян софи хукук» мебошад.

Назарияи софи руцук, мохиятан назарияи позитивй мебошад ва хадафи асосияш омузиши мохияти хукуки холис аст, яъне бидуни тавсифи чй гуна будани хукук. Тавре мавсуф менависад, назарияи мазкур «мекушад ба савол дар хусусй чй будани хукук» посух дихад, вале саволи ин ки хукук «чй гуна бояд бошад ё чй тавр ба вучуд меояд», дар ин назария посухталаб нест. Ба кавли у, назарияи софи хукук аслан илми «хукукшиносист, вале на сиёсати хукук».

Хамин тарик, Келзен хадафи рушан намудани мохияти хукукро чун обекти илми хукукшиносй пеш гузошта, назарияи хукукро аз илми сиёсй чудо мекунад.

Келзен сабаби соф номгузор шудани назарияашро чунин шарх медихад: назарияи мазкур танхо хукукро мавриди тахлил карор медихад ва хамаи он чиро. ки хукук нест. сарфи назар мекунад. Хамаи он чизи иловагй, ки бо хукук робита надорад, масъалахои марбут ба психология, сотсиология, ахлок. сиёсат мебошанд. Назарияи софи хукук омузиши пахлухои зикршудаи хукукро сарфи назар мекунад. Дар натича назарияхои фитрй-хукукй ва фалсафаи хукук сарфи назар мешаванд.

Келзен бо истифода аз усули меъёри хукукро чун низоми меъёрро муайян мекунад. Айни замон ин меъёрхо чун меъёррои ногузир тавсиф мешаванд. Тавре мавсуф менависад: «усули махсус хамзамон мавзуи махсуси омузишро муайян мекунад».

Меъёрхои хукук чун танзимсози амали инсон баррасй мешаванд. Тибки ин меъёрхо, «инсон бояд ба таври муайян амал намояд». Аз ин ру, меъёрхо хислати ногузир пайдо мекунанд, яъне инсон бояд тибки ин меъёрхо амал намояд.

Келзен бо истифода аз андешаи Кант дар хусусй тафовути хастй ва ногузирй, таъкид мекунад, ки хукук ба сохаи хастй мутааллик набу- да, падидаи ногузир аст, яъне вокеияти хукук, дарки хукук, сабабхои пайдоиши хукук ба инобат гирифта намешаванд. Ба назари Келзен, тавассути меъёри хукук хастии вокеии хукук шарх дода мешавад ва маънии хукукй касб мекунад. Тавре мавсуф менависад, амали муайян «дар робита бо меъёри хукук маънии хукукй пайдо мекунад».

Келзен низоми меъёрхои рукуциро дар робита бо манбаи пайдоиши онхо муайян мекунад, яъне як меъёр зимни меъёри дигар эчод мешавад. Заминаи хамаи меъёрхои хукукро меъёри асосй ташкил медихад. Меъёри асосй ба маънои асоси ягон тартиботи хукукй


427





фахмида мешавад. Чунончи, «меъёри асосии тартиботи хукукии давлатй» чой дорад, ки зимни он конститутсия кабул мешавад.


Меъёри асосй заминаи хукукэчодкунй мебошад, коидахои эчоди меъёрхои хукукро пешбинй мекунад. Тавре Келзен менависад: «Меъёри асосй омили асосии хукукэчодкуниро муайян мекунад, аз ин ру, онро аз нигохи мантикй хукукй метавон конститутсия номид, дар тафовут аз конститутсия чун хукуки позитивй». Мебояд зикр намуд, ки меъёри асосй на меъёри хукуки позитивй, балки «.меъёри фарзй» мебошад.

Мачбурсозй хислати фарккунандаи хукук эътироф мешавад. Ба андешаи Келзен, хукук амали тарафайни одамонро мачбуран танзим мекунад. Меъёри хукукро, ки хислати ногузир дорад, макомоти хукукии давлат, ё хокимияти хукукй мукаррар мекунанд. Дар натича тартиботи хукукй таъмин мешавад. Ин тартиботи хукукй нишонаи иттиходи хукукии одамон мебошад.

Воцей будани меъёрхои ХУКУК нишонаи мухими онхо пазируфта мешавад. Вокеияти меъёрхои хукук дар он ифода меёбад, ки одамон мутобики нишондоди ин меъёр амал мекунанд. Хислати дигари меъёри хукук ин аст, ки он бояд амалан риоя ё ичро гардад.

ХУКУК чун низоми меъёрхои хУКУКй тавсиф мешавад. Ба акидаи Келзен, хукук аз як меъёри алохида иборат буда наметавонад. Махз низоми меъёрхо тартиботи хукукиро таъмин мекунанд ва заминаи ин тартиботро меъёри асосй ташкил медихад.

Келзен таъкид мекунад, ки адолат унсури мафхуми хукук нест ва зимни нишонаи адолат тафовути давлатро аз гурухи муташакки- ли чинояткорон, фарки хукукро аз падидаи гайрихукукй наметавон муайян кард. Тавре мавсуф менависад, адолат «нишонаи тафовути хукук аз тартиботи дигари ичборй шуда наметавонад».

Ба акидаи Келзен, адолат хислати на ХУКУК- балки ахлок, мебошад ва зимни ин падидаи ахлокй муайян намудани тафовути намудхои гуногуни хукук имконнопазир аст. Ба андешаи мавсуф, хукуки римй дар холати истифода аз гояи ахлоки масехй инкор карда мешавад ва хамин зайл хукуки капиталистй зимни истифода аз гояи ахлоки коммуниста, хукуки сотсиалистй зимни гояи ахлоки капиталистй бояд рад карда шаванд.

Дар нихояти кор, Келзен тахлили танхо софи хукукро ба харч дода, ба хулоса меояд, ки хукук дар хама холатхо вучуд дорад, агар меъёри асосии тартиботи хукукй вучуд дошта бошад. Тавре мавсуф менависад, «хукуке, ки зимни хукмронии фашистхо чой дошт, вакеан хукук мебошад... Хукуки Иттиходи Шуравй хукук мебошад!».

Келзен зимни тахлили таносуби ХУКУК ва хокимият таъкид мекунад, ки «хукук бе хокимият арзи вучуд надорад». Таъкид мешавад, ки хукук «тартиботи (ё ташкилоти) хокимият мебошад». Дар натича


428





мафхумхои давлат ва хукук чудо карда намешаванд. Ба акидаи Келзен,
давлат «тартиботи хукукй» мебошад. Ба кавли мавсуф, «давлат хамон хукуки позитивист». Келзен менависад, ки давлат «заминаи хукук буда», хамзамон «ба хукук тобеъ аст».

Келзен давлатро «тартиботи ХУкуции муттамарказ» меномад. Хамзамон нишонах,ои дигари давлат рушан мешаванд, аз кабили таъсиси макомоти давлат, эчоди хукук, ахолй, худуд, хокимияти давлатй, сохибихтиёрй, риояи хукуки байналмилалй. Дар ин хусус у менависад: «Хамин тарик, давлат, ки унсурхои асосияш ахолй, худуд ва хокимияти давлатй мебошанд, чун тартиботи нисбатан мут- тамарказ, вале вокеии хукукй тавсиф мегардад, ки сохаи махдуди фаъолияти фазоиву маконй дошта, сохибихтиёр ё тобеъ ба хукуки байналмилалй мебошад».

. Келзен муътакид аст, ки «давлат, агар ба хукук тобеъ набошад, гайриимкон аст». Ба акидаи Келзен, давлат хамеша тобеъ_ба хукук мебошад ва аз ин ру, «хама гуна давлат хукукбунёд аст». У менависад, ки давлат «ба хукуки мукаррар кардан худ тобеъ буда наметавонад», баръакс «хукук фаъолияти одамонро танзим мекунад, алалхусус дар холати эчоди хукук ва бо ин рох одамонро тобеи худ ме- гардонад».

Мутафаккир ба таносуби сохибихтиёрии давлат ва хУКУКи байналмилалй таваччух мекунад. У менависад, ки хукуки байналмилалй дар холати нуфузи сохибихтиёрии давлат унсури тартиботи хукукии дохилидавлатй мегардад. Дар холати нуфузи хукуки байналмилалй бошад, тартиботи хукукй, ки дар хамаи давлатхои алохида чой дорад, унсури тартиботи хукукии байналмилалй мегардад.

Дар холати нуфузи хукуки байналмилалй меъёри асосии на дохилидавлатй, балки меъёри асосии байналмилалй амал мекунад. Тибки ин меъёри асосй, давлатхо дар муносибатхои хеш «бояд мутобики одатхои кабулшуда амал намоянд».

Келзен камбудии назарияхои фитрй-хуцук,иро дар он мебинад, ки хислати иродавии хукук ба инобат гирифта намешавад. Тавре у таъкид мекунад, хукуки фитрй низ бояд меъёри асосй дошта бошад, чунончи дар шакли «ногузирии риояи табиат». Вале табиат ирода надорад ва аз ин ру, меъёрхоро мукаррар карда наметавонад.

Мавсуф меъёрхои хукукро як намуди меъёрхои ицтимой мешуморад. Тавре мавсуф менависад: «Хукукшиносй ягона фан нест, ки меъёрхои ичтимоиро меомузад ва шарх медихад. Ин меъёрхои дигари ичтимоиро бо мафхуми «ахлок» метавон ифода намуд; илме, ки онхоро меомузад ва тавсиф мекунад, мумкин аст этика номгузорй гардад». Хамин тарик, хамаи меъёрхои ичтимоии гайрихукукй бо мафхуми «ахлок» (меъёрхои ахлокй) ифода мешаванд.


429


1   ...   48   49   50   51   52   53   54   55   ...   58


написать администратору сайта