Главная страница
Навигация по странице:

  • Фридрих фон Хайек Фридрих фон Хайек

  • «назарияхои хукмравоии ХУКУК»

  • Мао Сзедун Мао Сзедун

  • «конуни мураббат

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница51 из 58
    1   ...   47   48   49   50   51   52   53   54   ...   58

    14.7. Карл Шмитт


    Карл Шмит (1888 - 1985) сиёсатшинос ва хукукшиноси Олмон буда^аз андешахои консерваторй чонибдорй мекунад.

    У давлатро кафили моликият ва тартибот мешуморад. Аз ин хотир, зарурати дахолати давлати ба хаёти сиёсй химоя мешавад.

    Мавсуф зимни тахлили назария ва амалияи парлумони ба хулоса меояд, ки гояи либералй дар хусусй ифодагари манфиати умум будани парлумон дар замони муосир гайриимкон аст. Ба андешаи у, холо омили дигари сиёсй арзи вучуд дорад, ки гояи либералиро им- коннопазир мегардонад. Ин омил бо фаъолияти ризбро алокаманд карда мешавад. Ба назари мавсуф, акнун хизбхо дар парлумон накши халкунанда дошта. имкони кабули карорхои умум чой надорад, чунки карорхои мухим бо таъсири сарварони хизбхо ва дар кумитахо кабул мешаванд.

    Мавсуф дар асараш «Х,имоягари конститутсия» (1931) таъкид мекунад, ки ризброи муосир ташкилотхои бонуфузи сиёсй буда, хадафхо ва вазифахои махсуси хешро пеш мегузоранд. Аз чумла ишора ба он мешавад, ки хизбхои Олмон, аз кабили католикй, сотсиал- демократй ва диг. рузномахо, иттифокхои касаба, иттиходияхои чавонон. сохторхои фархангии хешро доранд. Бар замми ин. хизбхоро гуруххои манфиатдор дастгирй мекунанд, аз кабили иттиходияхои кишоварзон, коргарон ва диг.

    Мавсуф зимни тахлили давлати Веймар ба хулоса меояд, ки давлат бо таъсири сохторхои сиёсй мачбур мешавад ба масоили гуногуни иктисодй, динй, сиёсй таваччух намояд, ки ин боиси ташаккули «давлати хамагонй» ва баланд шудани нуфузи давлат дар хаёти иктисодй мегардад.

    Дар шароити ташаккули «давлати хамагонй» зарурати як катор чорахо мувофики максад махсуб мешавад, аз кабили интихоби парлумони нав, интихоби президент, ташкили куввахои мусаллахи бонуфуз. Зарурати таъсиси хокимияти тавоной бонуфуз яке аз кафолатхои «давлати хамагонй», аз чумла чораи аз мафкураи сиёсй озод намудани хаёти инсонй эътироф мешавад.

    1. Фридрих фон Хайек

    Фридрих фон Хайек (1899 - 1992) зодаи Австрия, устоди донишгоххои Англия, Олмон ва ИМА, барандаи чоизаи Нобел дар бахши иктисод, муаллифи асари машхури «Конститутсияи озодй» мебошад.

    Мавсуф аз гояхои озодии шахей, волоияти хукук, давлати хукукбунёд, иктисоди бозоргонй пуштибонй намуда, ба масъалаи дахо-


    418





    лати давлат ба иктисод, таносуби хукук ва иктисод таваччух зохир менамояд. Дар иртибот бо ин масъалахо иллатхои чиддии низоми сотсиалистй ва капиталистй, холатхои махдудияти арзишхои демократй, истифодаи «хукуки фармоишй», ифодаи зохирй ва бар- галати хадафхо дар бахши бехдошти зиндагй ошкор мешаванд. Назарияи Хайек ба усули тахлили танкидии равандхои вокени чомеаи сотсиалистй ва капиталистй такя мекунад.


    У масоили давлат ва ХУКУКР0 бо назардошти вусъати иктисоди бозоргонй тахлил мекунад. Хамаи мукаррароти хукукй ва сиёсй чун щоидарои адолат» тавсиф мегарданд. Ин коидахо зарурати зери назорати чиддй карор додани фаъолияти хокимиятро талаб мекунанд.

    Таъкид мешавад, ки фаъолияти хокимият дар баробари амалияи конститутсионй ва риояи волоияти хукук хамчунин зимни дигар махдудиятхо сурат мегирад. Дар натича ниёз ба волоияти навъи махсуси ХУКУК исбот мешавад. Ин хукук иборат аз «коидахои адолат» буда, бо конунгузорй махдуд намешавад ва коидахои иловаги- ро фаро мегирад, ки фаъолияти хокимиятро махдуд мекунанд.

    Мавсуф андешахои хукукии Остин, Бентам, Келзенро бинобар истифодаи усули аклона мавриди танкид карор дода, онхоро чузъи «назарияхои хукмравоии ХУКУК» меномад. Тибки ин назарияхо, низому тартиботи чомеа зимни фармонхои хоким (шох, ё макоми конунгузор) таъмин мешавад. Ба акидаи у, дар ин назарияхо конунгузорй низ хислати фармоишй дорад.

    Хайек муътакид аст, ки намудхои чудогонаи низому тартибот «конунгузории фармоиширо» талаб мекунанд, аммо танхо «озодии фардй» имкон дорад самаранокй, муфид ва ё аз нигохи ахлокй кобили кабул будани тартиботро муайян кунад. Таъкид мешавад, ки кушишхои таъмини тартибот зимни истифода аз усули фармоишй боиси ташаккули «режимхои истисморгар» мегарданд, ба мисли «давлатхои коммунистии Россия ва Аврупой Шаркй».

    Ишора ба он мешавад, ки дар давлатхои Fap6 низ холатхои истисмори одамон мушохида мешаванд. Ба акидаи мавсуф, давлатхои Fap6 хадафхои чудогонаро дар бахши некуахволй эълон намуда, дар асл аз имконияти истисмор саркашй намекунанд. Дар ин замина таклиф мешавад, ки давлати ицтимой бо ибораи «истибдоди эхсонгаро» иваз гардад.

    Хайек ба демократияи гарбй таваччух намуда, пахлухои мусбии онро эътироф мекунад, аз кабили халли осоиштаи низоъхои мухталиф, кафолатхои озодии шахей, тарбияи сиёсии ахолй ва диг. У муътакид аст, ки дар холати кам гаштани нуфузи хокимият ин афзалиятхои демократй то хадди имкон махдуд мегарданд.

    Хайек ба хулоса меояд, ки назарияи «хук,УКи фармоишй» боиси шархи нодурусти гояи волоияти хукук гардид. Камбудии ин назария


    419





    дар он дида мешавад, ки манфиатхои кулли аъзоёни чомеа ба инобат гирифта намешаванд. Ба назари мавсуф, назарияи мазкур пеш- тар дар шароити давлати шохй ё ашрофй, холо бошад, дар давлатхои демократй истифода мешавад. Рохи халосй дар истифодаи
    щоидарои адолат» эхсос мешавад. Ба акидаи Хайек, конунхо танхо дар холати ифодаи «коидахои адолат» эътибор дошта метавонанд. Дар ин замина андешаи «тартиботи цонунии боадолат» пешкаш мешавад, ки зимни амалй гаштани «коидахои адолат» таъмин мешавад.

    Ба акидаи мавсуф, назарияхои фармоишии хукук ба ташаккули «низоми тоталитарй» дар кишвархои сотсиалистй ва тасаввури зохирии хадафхои некуахволй дар мамолики Гарб оварда расониданд.

    Хайек шшати ракобат ва адолати судиро дар он мебинад, ки шах- сият ба инобат гирифта намешавад. Ба назари у, пешбинии голибият ё маглубияти шахе дар чодаи ракобат ва адолати судй имконнопа- зир аст. Таъкид мешавад, ки на сифатхои инсонй, балки холатхои гайричашмдошт ё барори кор «дар такдири инсон накши халкунанда доранд».

    1. Мао Сзедун

    Мао Сзедун (1893 - 1976) файласуф, ходими давлативу чамъиятй буда, тули дахсолахо сарварии давлати Хитойро ба ухда дошт. У дар ташкили Чумхурии Халкии Хитой сахми мухим мегузорад, аз чумла дар солхои чангй шарвандй (1925 - 1949) ба Хизбй коммуни- стии Хитой сарварй мекунад. Пас аз галабаи ин хизб Хитой дар са- наи 1 октябри соли 1949 Чумхурии Халкй эълон мешавад.

    Бо номи Мао Сзедун ислохоти кулли чомеа, ташаккули давлатдории сотсиалистии Хитой, инкилоби фархангй дар кишвар робита доранд. Зимни андешаву гояхои мавсуф дар Хитой ислохоти сохахои мухталифи хаёти давлат ва чомеа амалй гаштанд, ки минбаъд рушди босуръати кишвар, нуфузи онро дар чомеаи чахон таъмин намуданд.

    Мавсуф, ки пуштибони гояи сотсиалистй буд, аз назарияи марк- систиву ленинй истифода мебарад. Мафкураи марксистиву ленинй заминаи мухими назарияи уро ташкил медихад. Табиист, ки дарку истифодаи гояи сотсиалистй хаминро талаб мекард. Хамзамон тачрибаи сотсиалистй, ки дар давлати шуравй чой дошт, ба инобат гирифта мешавад. Вале дар давраи муайяни сардии муносибатхои байни Иттиходи Шуравй ва Хитой, ки аз с. 1960 огоз мегардад, Мао Сзедун аз марксизми шуравй дур мешавад. Дар Хитой минбаъд сотсиализми навъи хитой барпо мешавад.

    Мао Сзедун дар баробари назарияи марксистй-ленинй майл ба фалсафаи даосизм дошт. Тавре маълум аст, даосизм («дао езя»), ки дар нимаи дуввуми хазорсолаи якуми то с.м. ташаккул ёфта буд,


    420





    якчоя бо таълимоти Конфутсий ду тамоили фалсафаи хитоиро ташкил медиханд. Лао-сзи асосгузори даосизм ва Чжуан-сзи яке аз намояндагони барчастаи ин мактаби фалсафй махсуб мешаванд.
    Fohh асосии таълимоти даосистй мутобикати амали инсон ба даои (табиати) инсон ва даои Олам мебошад. Хокими хирадманд низ бояд мутобики «дао» давлатро идора кунад. Тибки таълимоти мазкур, хама чиз баробар аст.

    Мао Сзедун чун пайравй назарияи марксистй-ленинй аз гояи муборизаи синфй пуштибонй мекунад. Ба андешаи у, муборизаи синфй, чун хама гуна мубориза, ки конуни халли тазодхост, дар чомеа байни куввахои гуногуни сиёсй, аз чумла байни синфхои буржуазия ва пролетариат сурат мегирад. Муборизаи синфй ва халли тазоди ичтимой манбаи рушди чомеа эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки тазоди байни буржуазия ва пролетариат махз зимни муборизаи синфй хал мешавад.

    Назарияи марксистй, тавре маълум аст, имкони галабаи инкилоби сотсиалистиро бо кишвари капиталистй вобаста мекунад, яъне кишваре, ки он чо буржуазия ва пролетариат ташаккул меёбанд. Мао Сзедун назарияи марксистиро бо андешаи имкони сохтмони сотсиа- лизм дар кишвари мустамликавй ва феодалй илова мекунад. Хамзамон, накши рохбарикунандаи хизбй комунистй эътироф мешавад.

    Акидаи дигари мавсуф, ки ба назарияи марксистй зам мешавад, бо ду давраи инкилоб робита дорад. Ба андешаи Мао Сзедун, дар давраи аввал инкилоби демократй ва дар давраи дуввум инкилоби сотсиалистй ба вукуъ мепайванданд.

    Андешаи раракати инкилобии даврагй бо назардошти шароити таърихии Хитой пешбарй мешавад. Ба андешаи мавсуф, Хитой, ки дар холати мустамликавии нисбй карор дошта, кишвари акибмонда буд, барои инкилоби сотсиалистй омода нест. Барои омода гаштани куввахо ва заминахои инкилоби сотсиалистй аввал инкилоби демократй бояд галаба кунад.

    Хадафи асосии инкилоби демократй мубориза ба мукобили хомиёни сохти кухнаи феодалй ва империалиста эълон мешавад. Дар натичаи ин инкилоб сохти феодалй ва хокимияти империали- стон решакан гашта, демократияи нав галаба мекунад. Хокимият ба дасти куввахои демократй мегузарад. Хокимияти кухнаи феодалй ва империалиста бархам дода мешавад.

    Сипас, инкилоби сотсиалистй галаба мекунад. Дар натичаи инкилоби сотсиалистй хокимият ба дасти пролетариат мегузарад. Пролетариат тамомй воситарои истерсолотро сохиби мекунад. Дар натича иктисод давлатй мегардад.

    Хадафи дигари инкилоби сотсиалистй бунёдй фарранги нави сотсиалистй эълон мешавад. Мао Сзедун ба бунёдй фарханги нав


    421





    таваччух мекунад, зеро омилхои фархангиву тамаддунй дар инкишофи якчандхазораи Хитой накши халкунанда доштанд. Ба хамин хотир, тахти рохбарии Мао Сзедун дар Хитой
    инкилоби фаррангй гу- заронида мешавад.

    Инкилоби фархангй, ки солхои 1964 - 1973 дар Хитой гузаро- нида мешавад, зимни амалиётхои харбй, таъкиби оммавй ту заронила шуда, боиси халалдор гаштани конуният ва тартиботи хукукй мегардад. Андешаи Мао Сзедун дар хусусй «инкилоби давомдор». ки ба бефосила будани инкилоби сотсиалистй такя дорад, хамзамон бо андешаи «чариши бузург» зам мешавад. Ин «чаиши бузург», ки дигар- гунни чиддии ичтимоиву иктисодиро дар муддати кутохтарин дар назар дорад, дар рафти инкилоби фархангй татбик мешавад.

    Пас аз вафоти Мао Сзедун рохбарияти сиёсии Чумхурии Халкии Хитой рохи тахаввулии пешрафти чомеаро пеш мегирад, дар кишвар ислохоти демократй гузаронида мешавад, конуният баркарор мегардад, сектори хусусй ва ташкили корхонахои муштарак бо иш- тироки сахмияи хоричй ичозат дода мешаванд.

    Ба ин нигох накарда, Чумхурии Халкии Хитой давлати сотсиалистй буда, ба идеологияи сотсиалистй такя дорад. Чумхурии Халкии Хитой тибки Конститутсияи с. 1982 давлати сотсиалистии диктатураи демократии халк мебошад, ки ба рохбарии синфи коргар ва иттиходи коргарону дехконон такя дорад, Хизбй коммуниста бошад, кувваи пешбарандаи низоми сиёсй мебошад.

    1. Мохандас Ганди

    Мохандас Ганди (1869 - 1947) яке аз сарварони барчастаи харакати истиклолхохии Хиндустон буда, дар ташкили хизбй Конгресси миллии_Хиндусгон. касбй истиклолияти кишвар сахми арзанда гузош- тааст. У як катор гояхои сиёсиро пешкаш мекунад, ки дар харакати сиёсй бевосита истифода мешаванд. Фаъолияти мавсуф манотики Осиё. Аврупо, Африкоро фаро гирифта, минбаъд ба мутафаккирону мухаккикони кишвархои гуногун таъсир мерасонад. Бо номи у ташаккули назарияи нави сиёсиву ичтимой ва дипиву фалсафй бо номи «гандизм» алокаманд аст.

    Назарияи диниву ахлокии Ганди ба камолоти ахлокии шахе, худдорй аз зарари чисмониву маънавй, пешбурди хаёти зохидона гакя дорад. Заминаи фалсафии назарияи Ганднро гояи «камолоти ахлокй» ташкил медихад.

    Камолоти ахлокй дар гояи «ахинса» ифода меёбад. «Ахинса» худдориро аз зарари чисмонй ба мавчудоти зинда талаб мекунад. Хамчунин худдорй аз зиёни маънавй низ дар назар дошта мешавад.


    422



    Заминаи камолоти шахсиро «конуни мураббат» ва «конуни цафо» ташкил медиханд. Пайравй «ахинса» бояд худро мавриди кулфату чафо карор дода, ба худфидокунй омода бошад, аз чумла талаботи хешро махдуд кунад, аз шароитхои муносиби хаёт даст кашад, тар- ки дунё намуда, хаёти зохидона барад.

    Гояи «камолоти ахлокй» заминаи назарияи сиёсии Гандиро ташкил медихад. Таъкид мешавад, ки шароитхои хаёти чомеа аз сатхи камолоти ахлокии одамон вобастаанд. Ахлок омили муайянкунан- даи сиёсат эълон мешавад.

    Ганди аз баробарии решай одамон пуштибонй мекунад, ахли башарро оилаи ягона мешуморад. У муътакид аст, ки одамон гарчанде ба давлатхо ва минтакахои чугрофй чудо шуда бошанд хам, вале замоне фаро мерасад, ки хамаи онхо муттахид гашта, як оилаи уму- миро ташкил медиханд.

    Назарияи диниву ахлокй ва сиёсиву ичтимои Ганди дар давраи раракати истиклолхорй васеъ истифода гашта, хамзамон гояхоеро фаро мегирад, ки истифодаи усулрои осоиштаи муборизаи сиёсй ва анъанарои куранро талаб мекунанд. Касбй истиклолияти сиёсии Х,индустон бо истифода аз воситахои осоишта, ба харати истиклолхохй чалб намудани табакахои васеи ахолй, даст кашидан аз чорахову усулхои зуроварй, муттахид намудани ахолии кишвар новобаста аз мансубияти динй, каставй, миллй, сарварии сиёсии Кон- гресси миллии Хиндустон, халли осоиштаи тазоди синфй, таъмини муттафикии ичтимой, сарпарастии заминдорон дар хакки дехконон, сарпарастии капиталистхо дар хакки коргарон, химояи муносибатхои патриархалй, эхёи чамоати дехот, ривочи истехсолоти дастй, алалхусус бофандагии дастй, эхтироми хисси динии одамон аз чумлаи гоярои асосии назарияи сиёсии Ганди буданд.

    Заминаи назарияи сиёсии Г анди ва усули асосии муборизаи сиёсиро «сатяграхи» (суботкорй дар хакпазирй) ташкил медихад. Усули мазкур муборизаи осоиштаро дар назар дорад. «Сатяграхи» ду шакли муборизаро пешбинй мекунад: 1) «катъй хамкорй»; 2) «беито- атии шахрвандй».

    «Цатъи рамкорй» усулхои зерини муборизаро дар назар дорад: даст кашидан аз унвонхои англией; катъй робита бо муассисахои хукуматй; намоишхои осоишта. «Беитоатии шаррвандй» бошад, халалдор намудуни конунхои мустамликавй, корпартоии сиёсй, катъй хама гуна фаъолияти касбй («хартал») ва дар холатхои истисной дасткашй аз пардохти андозро талаб мекунад. Гуфтушунид ва созиш бо сохторхои хокимияти англис талкин мешавад.

    На хамаи пайравони Ганди аз усули муборизаи осоишта пуштибонй менамуданд. Аз чумла Ч Неру истифодаи усулхои осоиштаро дар мубориза барои истиклолият кобили кабул намешуморид,





    ривочи саноати калонро дастгирй мекард. Худи Ганди низ дар давраи Чанги дуюми чахон, алалхусус зимни хатари хучуми Япония ба Хиндустон истифодаи куввахои мусаллахи давлатро зарур мешумо- рид. Пас аз касбй истиклолияти давлатии Хиндустон усулхои муборизаи сиёсй ва пешрафги Хиндустон, ки Г анди пешкаш намуда буд, мавриди тахлили муаккикони кишвар карор мегиранд.


    Назарияи сиёсии Ганди гояхои дигарро низ фаро мегирад, аз кабили «сварач» (идораи хеш), «сарводайя» (нукуахволии умум), «свадеши» (истехсолоти хеш).
    1. 1   ...   47   48   49   50   51   52   53   54   ...   58


    написать администратору сайта