Главная страница
Навигация по странице:

  • Афкори сиёсиву хукукии рус дар асрхои XV

  • Назарияи «Маскав -Рими саввум».

  • БОБИ 8. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ ГОЛЛАНДИЯ ВА АНГЛИЯ ДАР АСРИ XVII 8Л. Гуго Гротсий

  • %ук,ук,и фитрии табиатан вуцуддошта

  • %ук,ук,и

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница29 из 58
    1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   58

    Афкори сиёсиву хукукии рус дар асрхои миёна

    Афкори сиёсиву хУЮ’><ии рус дар асрх;ои XI - XIV. Яке аз намояндагони афкори ин давра Владимир Мономах (1053 - 1125) мебошад. У муаллифи асархои «Насихат ба фарзандон», «Нома ба Олег Черниговский», «Шархи хол» буда, ба масоили салохияти княз, равобити калисо ва давлат, асосхои адолати судй таваччух мекунад. У чонибдори халли масоили давлатй бо ширкати княз ва Шурои дружина, амалй намудани адолати судй аз чониби танхо княз, бекор кардани хукми катл буда, масъалаи масъулияти князро назди раият мегузорад. Дар масъалаи таносуби хокимияти динй ва дунявй вазъи тобеи калисоро ба хокимияти давлатй пуштибонй мекунад. Мавсуф чонибдори сулх, даст кашидан аз чангхо буд.

    Даниил Заточний дар давраи парокандагии кишвар хаёт ба cap бурда, дар хусусй мустахкам намудани хокимияти княз, мутлакияти хокимияти княз, сифатхои ахлокии княз, накши княз дар идораи кишвар андешахои хешро пешкаш мекунад. У аз таъсиси Думай (Шурои) назди княз пуштибонй мекунад, ки аъзоёнаш ашхоси адолапеша буда, аз чониби княз интихоб мешаванд. Махаки асосии пешбарй ба Дума на синни номзадон, балки хиради онхо эътироф мешавад. Мавсуф хамчунин оид ба ташкили лашкари тавоно тахти сарварии сарлаш- кари окил харф мезанад. Инчунин андешаи хокимияти тавоной княз бахри таъмини конунияту адолат дар дохили кишвар ва мудофиаи давлат талкин мешавад. Аз ин ру, нуфузи боярхо ва таваччухи онхо ба салохияти хокимиятй рад карда мешавад.

    Афкори сиёсиву хукукии рус дар асрхои XV - XVII. Яке аз намояндагони афкори ин давра Нил Сорский (1433 - 1508) намояндаи он гуруххои ахолй буд, ки чонибдори аз калисо баргирифтани замин ва манъи дахолат ба сиёсат буданд. У чонибдори ташкил намудани чамоатхо тахти сарварии монаххо, даст кашидан аз сарват, аз моликияти хусусй буд. Дар масъалаи таносуби хокимияти дунявй ва хокимияти динй акида пешкаш мешавад, ки давлат ва калисо бояд бо корхои худ машгул бошанд. Таъкид мешавад, ки калисо танхо дар сохаи маънавй фаъолият дошта, хакки дахолатро ба корхои сиёсй надорад. Зимни андешаи озодии иродаи хар шахе истифодаи чазо дар хакки ахли бидъат махкум карда мешавад.

    Максим Грек (соли ваф. 1556) ду рохи конунии таъсиси хоки- миятро эътироф мекунад: 1) ба мерос гузаштани хокимият; 2) интихоби монарх. Хакки ширкати одамон каторй дар интихоби монарх химоя мешавад. Таъкид мешавад. ки шох бояд дорой сифатхои хуби ахлокй бошад. Аз истифодаи Шурои назди шох пуштибонй мешавад. Андеша дар хусусй махдуд будани хокимияти шох бо конун пешбарй шуда, конунхои динй ва конунхои инсонй дар назар дошта меша-


    250





    ванд. Фаъолияти суда зимни танхо конунхои давлат сурат мегирад. Ришвахурй ва беадолатии судяхо зери танкид гирифта мешаванд. Ба кавли мавсуф, суда ришваситон «обруи шохиро хам дар дохили кишвар ва дар хорич пасг мекунад».


    Иосиф Волотский (1439 - 1515) ба химояи манфиатхои калисо баромад мекунад. Мохияти хокимиятро дар робита бо ду омил муайян ва аз хам чудо мекунад: якум, таъсиси хокимият аз чониби Худо ва дуввум, истифодаи хокимият аз чониби хокимони алохида. Афза- лияти хокимияти динй нисбат ба хокимияи дунявй химоя мешавад. Таъкид мешавад, ки хокими давлат амри Худовандро амалй намуда, айни замон инсон аст ва аз ин ру, дар фаъолияташ ба камбудахо рох медихад, аз чумла метавонад халкро ба холати ногувор оварад. Аз ин хотир, таъкид мешавад, ки дар хамаи холатхо ба шох итоат намудан лозим нест. Итоат ба хокимяти шохй дар холате равост, ки шох манфиатхои шахсияшро як су гузошта, аз манфиатхои умумй пуштибонй мекунад. Ба андешаи мавсуф, шохи золим, фахрфуруш, поймолкунандаи хакикат дар асл на «хидматгори Офаридагор, балки иблис мебошад». Шохи золим сазовори итоати мардум набуда, бояд вожгун гардад.

    Назарияи «Маскав -Рими саввум». Муаллифи ин назария монах Филофей мебошад. У таъкид мекунад, ки наели шохони рус аз хокимони Византия (императори Рим Константин, инчунин Владимир ва Ярослав) ибтидо мегирад. Пайдоиши илохии хокимият хамачониба химоя ва тавсиф мешавад. Шох намояндаи Худо, хидматгори Худо, шохи масехй эълон мешавад. Ба накши бузурги давлати Рус чун марказй дини православй ишора мешавад. Таъкид мешавад, ки пас аз бархам хурдани ду Рим накши Рими саввумро махз Россия мебозад, Рими чорум бошад, гайриимкон аст. Шохони рус ворисони хокимияти аввал императорони Рим, сипас Византия эълон мешаванд. Аз ин ру, ин назария «Маскав - Рими саввум» номгузорй мешавад. Россия меросбари империяи масехй-православии аввал Рим, сипас, Византия пазируфта мешавад.

    Бояд гуфт, ки дар Аврупой Fарбй махз Империяи мукаддаси миллати олмон ва дар Шарки юнонй Византия хамчун империяи кабир пазируфта мешуданд. Дар натича олами масехии Fap6 ва олами православии Шарк чудо шуданд. Калисои православии рус то бархам хурдани Византия тобеи патриархи Константинопол буда, Константинопол барои русхо Рими дуввум эътироф мешуд. Пас аз маглубияти Константинопол бо дасти туркони Усмонй (с. 1453) Империяи дуввуми Рим аз байн меравад. Калисо ва давлати рус марка- зи нави дини масехии православй мегардад. Бар замми ин, никохи шохи рус Ивани III бо чиян ва вориси охирини императори Византия София Палеолог боиси он мегардад, ки нишони империяи Ви





    зантия укоби дусара ба Россия оварда мешавад. Бояд гуфт, ки худи гояи Рими саввум чузъи назарияи масехии таърих мебошад.


    Дар назарияи Филофей накши Россия дар инкишофи минбаъ- даи дини масехй, хосса православй кайд мешавад. Еалабаи Русия бар тоторхо, ба марказй дини православй табдил ёфтани кишварро Филофей чун пирузии Рими кабир, алалхусус Византия тавсиф мекунад. Ба гуфти Филофей, ин пирузй акнун ба давлати Рус гузаштааст. Бо назарияи хеш у кушиш мекунад таваччухи масехиёни чахонро ба он чалб намояд, ки махз давлати Рус марказй нави дини православй гаштааст. У такдири минбаъдаи Русияро бо дини православй ме- пайвандад. Назарияи «Маскав - Рими саввум» эътибори расмиро касб мекунад ва дар муборизаи Русия бар зидди Туркия васеъ истифода мешавад.

    Федор Карпов - охири асри XV ва ибтидои асри XVI хаёт ба cap бурда, аз зарурати тагйир додани сохти давлатдорй, аз чумла ислохи монархия пуштибонй мекунад. Зарурати арзи вучуд доштани шохону мансабдорон барои идораи одамон талкин мешавад. Ду шакли давлат чудо карда мешаванд: 1) «умури халк», ё чумхурй; 2) шохигарй, ё монархия. Мавсуф дар пешкаши ин андешахо аз асархои Арасту ва Сисерон васеъ истифода мебарад. Конунхои давлат ва ахлоки динй чудо карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки истифодаи меъёрхои ахлокии дин барои танзими хаёти одамон нокифоя мебошанд. Истифодаи конунхо дар танзими хаёти инсонй, аз чумла дар фаъолияти давлатй, ба хусус судй химоя мешавад. Хукук чун тачассуми адолат тавсиф мегардад, риояи адолат хангоми пардохти хакки мехнат ва хизмати харбй зарур шуморида мешавад. Риояи конунхо заминаи ахлоки кофии чомеа эътироф мешавад. Риояи конунхо, аз чумла адолати судй зимни конунхо кафолати таъмини хакикат эълон мешавад. Айни замон зарурат ба кудрати конун эхсос мешавад.

    Зиновий Отенский асри XVI хаёт ба cap бурда, фаъолияти хокимиятро дар бахши сиёсй, махсусан адолати судй ва дар сохаи иктисод мавриди танкиди шадид карор медихад. У ба хулоса меояд, ки тазоди чомеа байни сарватмандон ва халк оштинопазир аст. Мавсуф аз монархияи табакавй-намояндагй пуштибонй намуда, зарурати хокимиятро дар чомеаи инсонй исбот мекунад. Таъкид мекунад, ки одамон табиатан бидуни хокимият арзи хастй надоранд, зеро бехокимиятй иллати исёни халк буда, махз хокимият амну су- ботро таъмин мекунад. Саодати хамагон хадафи хокимият эълон мешавад. Хокимиятдорй бар зарари манфиатхои халк шакли идораи мустабид эълон мешавад. Риояи хатмии конун, аз чумла дар фаъолияти шох хатмй шуморида мешавад. Се намуди конунхо фарк карда мешаванд: I) конунхои динй, ки зимни иродаи Худо арзи вучуд доранд; 2) меъёрхои одатй, ки дар хар кишвар бино ба шароити


    252





    чугрофиашон вучуд доранд; 3) конунхои давлат, ки аз тачрибаи таърихй сарчашма гирифта, дар навбати худ ду намуд доранд: а) конунхои шохй ва б) конунхои шахрй, ё махаллй. Ришваситонй ва кашолакорй дар судхо мавриди танкид карор гирифта, баробарии хама назди суд пуштибонй мешавад.


    И.С. Пересветов асри XVI хаёт ба cap бурда, с. 1549 ба шох Ива- ни IV бо лоихахои ислохоти давлативу ичтимой мурочиат намудааст. У чудоихохии боярхоро хатари чиддй ба ягонагии давлат шуморида, зимни пуштибонй аз хокимияти марказонишуда, зарурати таъсиси Шурои назди шохро химоя мекунад. Бахри ташкили лаш- кари тавоно таъсиси хазинаи ягонаи давлатро аз хисоби андозхои умумидавлатй мухим мешуморад. Зарурати ислохоти низоми молия ва савдоро химоя мекунад. Худсарии боярхои махаллй ва камбудихои чиддии низоми судиро танкид намуда, аз мухимияти риояи конун харф мезанад. Ислохоти низоми судиро пешкаш мекунад, аз чумла таъини судяхои махаллиро аз чониби хокимияти марказй зарур мешуморад. Хамчунин таъкид мекунад, ки маоши судяхо бояд аз хазинаи давлатй пардохта шуда, бочи судй низ ба хазинаи давлат ворид гардад. У чудо намудани судхоро аз хокимияти маъмурй ва ташкили низоми мустакили судиро мухим мешуморад, аз истифодаи чазохои вазнинтарин дар хакки судяхои нохак пуштибонй мекунад. Дойр ба масъалаи таносуби имон ва хакикат сухан ронда, таъкид мекунад, ки «хакикати аслй Исои Масех мебошад» ва аз ин ру, имон ба Исо маънои имон ба хакро дорад.

    А.М. Курбский (1528 - 1583) чонибдори манфиатхои боярхо ва монархияи табакавй-намояндагй буд, ки унсурхои чудогонаи он дар ин давра дар давлати Россия истифода мешуданд. У манбаи илохии хокимияти давлатиро эътироф намуда, аз идораи боадолат ва бархак пуштибонй мекунад. Хукукро зухуроти адолат мешуморад, аз чумла таъкид мекунад, ки зулм сарчашмаи на хукук, балки беконунист. Ба андешаи мавсуф, хадафи конунгузорй кабули конунхои ичрошаванда мебошад, конунхои золимона, ки ичрошаванда нестанд, натичаи конунгузории «чинояткорона» мебошанд. Андешахои хукук, адолат, хакикат, некй чузъи конунхои фитрй эълон мешаванд, ки ба туфайли онхо иродаи илохй мавчудоти олияш - инсонро нигахбон аст. Камбудихои низоми судй фош мегарданд, аз чумла беадолатй ва зулм дар судхо, холатхои зиёди махкум гаштани хешовандони дар асл бегунохи шахсони махкумшуда. Ба кавли мутафаккир, «тибки конуни динй писар барои гунохи падар чавобгуй нест, хар кас бо гунохи хеш мемирад ва тибки гунохаш ба чазо гирифтор мешавад». Мавсуф ишора ба он мекунад, ки дар давраи шохигарии Ивани Бадхашм (Грозный) озодиву амонй намондаанд, одамон аз кишвар мухочир гаштаанд, ки боиси паст шудани нуфузи хоричии давлат


    253





    ва норозигии одамон гаштааст. Хамчунин шикоят аз он карда мешавад, ки Мачмааи земовй аз макоми аслан намояндагй ба хидмат- гори шохи золим табдил ёфтааст. Аз ин ру, сохти мавчудаи давлат мустабид эълон мешавад. Дар ин замина хакки халк ба вожгун сох- тани хокимияти мустабид пазируфта мешавад. Рохи начоти халкро мутафаккир дар монархияи табакавй-намояндагй мебинад, ки зимни таъсиси «Шурои нафарони мардумй» амал мекунад.


    Иван Тимофеев дар давраи пурошуби охири асри XVI ва ибтидои асри XVII хаёт ба cap бурда, дар вазифахои давлатй кор кардааст. У аз хокимияти шохии меросй пуштибонй намуда, хамзамон зарурати пазируфта шудани шохи ворисро аз чониби шурои халкии намояндагони хамаи шахрхо таъкид мекунад. Дар акси хол шохон «гасбгаро» унвонй мешаванд. Аз ин ру, хокимияти конунй ва хокимияти зид- диконунй чудо карда мешаванд. Хокимони ворис ва интихобгашта конунй арзёбй мегарданд. Хокимони гасбгаро гайриконунй эълон мешаванд. Хамзамон таъкид мешавад, ки гасби зиддиконунии хокимият хам конунхои инсонй ва хам иродаи илохиро поймол мекунад. Мутафаккир монархияи табакавй-намояндагиро шакли бехтарини давлат мешуморад. Даст кашидан аз макомоти намояндагй нишонаи кафомонии сиёсии кишвар эътироф мешавад. Давраи хукмронии Ивани Бадхашм мавриди танкид карор гирифта, хакки халк ба вожгун сохтани хокимияти мустабид хамачониба пуштибонй мешавад. Мутафаккир конунхои фитрй ва конунхои давлатиро фарк мекунад, конунхои фитриро абадй ва дахлнопазир эълон мекунад, аз зарурати мутобикати конунхои давлат ба конунхои фитрй харф мезанад. У таъкид мекунад, ки хокимияти шох бо конунхои динй, конунхои фитрй ва конунхои давлат махдуд карда мешаванд.


    254





    БОБИ 8. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ ГОЛЛАНДИЯ ВА АНГЛИЯ ДАР АСРИ XVII


    8Л. Гуго Гротсий

    Гуго Гротсий (1583 - 1645) - хукукшинос, чомеашинос, ходими давлатии Голландия, яке аз поягузорони назарияи хукукй фитрй, мураттабсози хукукй байналмилалй мебошад. Асари у «Рочеъ ба хукукй чанг ва сулх. Се китоб, ки дар онхо хукукй фитрй ва хукукй халкхо, инчунин асосхои хукукй умумй тавсиф мегарданд» шухрати хамагонй касб намудааст. Мавсуф хамчунин муаллифи беш аз 90 асари дигар дойр ба масоили давлат, сиёсат, хукук, таърих мебошад.

    Мутафаккир ба тахлили масоили давлат ва хукук таваччухи бештар намуда, мавзуи илми хукукшиносиро дар робита бо масоили хукук ва адолат муайян мекунад.

    Мавсуф хуку«,и фитрй ва хуцуки мук,арраргаштаро аз хам фарк мекунад.

    Хуцущ фитрй чун хукукй табиатан ва абадан вучуддошта, тагйирнаёбанда тавсиф мешавад. Ин хукукро, ба андешаи у, хеч кас мукаррар намекунад. Хатто таъкид мешавад, ки хукукй фитри- ро Худо мукаррар намекунад. Аз ин ру, %ук,ук,и фитрии табиатан вуцуддошта ва хук;ук;и муцарраргашта фарк карда мешаванд.

    Гротсий муътакид аст, ки хукукй аслй махз %ук,ук,и фитрй мебошад. Аслй будани хукукй фитриро у дар он мебинад, ки ин хукук тибки ирода, хохиш ё фармони ягон кас мукаррар намешавад. Фитрати инсонй сарчашмаи хукукй фитрй эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки махз табиати ок,илонаи инсон сарчашмаи хукукй фитрй мебошад. Дар ин замина хукукй фитрй «нишондоди ацли солим» но- мида мешавад.

    Аз ин хотир, хукукй фитрй чун макаки муайян ва чудо намудани амалхои сазовор ва носазои инсон мебошад. Таъкид мешавад, ки чунин махаки дарку тавсифи амали инсонй табиатан вучуд дорад. Яъне на давлат, ё ягон шахе, балки махз хукукй фитрии табиатан вучуддошта махаки баходихй ба фаъолияти инсон шуда метавонад, зеро хукукй фитрй аз табиати окилонаи инсон сарчашма гирифта, бо акли солим пешбинй мешавад.

    Вакте, ки мутафаккир дар хусусй табиати инсон чун сарчашмаи хукукй фитрй харф мезанад, махз майли табии инсон ба иттщод


    255



    во одамон дар назар дошта мешавад. Яъне инсон табиатан майл ба зиндагй дар иттиходи инсонй дорад. Хдмин гуна табиати инсон сарчашмаи хукукй фитрй эътироф мешавад. Зиндагии якчояи одамон бошад, дарк ва риояи коидахои (меъёрхои) умумии муайянро талаб мекунад. Аз ин чо хулосаи дигар пешкаш мешавад: инсон табиатан майл ба зиндагй зимни коидахои муайян дорад ва хамин табиати инсонй сарчашмаи хукукй фитрй мебошад.

    Бахри аниктар намудани андешааш Гротсий коидахои умуми- ро шарх медихад, ки дар якчоягй хукукй фитиро ташкил медиханд, аниктараш сарчашмаи он мебошанд, зеро чузъи табиати солими инсонй мебошанд. Ин коидахои умумй инхоянд: худдорй аз амво- ли бегона; баргардонидани моли бегона ва пардохти фондаи аз он сохибшуда; ба ваъда вафо намудан; пардохти товони зараре, ки бо гунохи шахеи зараровар расонида шудааст; татбики чазои сазовор.

    Хукуци мукарраргашта, ба андешаи мутафаккир, тибки иродаи муайян, масалан иродаи Худо, ё иродаи давлат мукаррар мешавад. Хукукй мукарраргашта бинобар намудхои мухталифи ирода ба се намуд чудо карда мешавад: 1) хукук,и динй' 2) хук,ук,и (к,онущои) давлат', 3) у;УКУКи халщо.

    Аз ин хотир, хукукй мукарраргашта шаклхои мухталиф дошта метавонад, аз кабили хукукй динй, хукукй давлат, хукукй халкхо. Таъкид мешавад, ки хукукй мукарраргашта новобаста аз шаклхои мухталифи зухуроташ бояд хамеша мутобик ба табиати солими инсонй ва хукукй фитрй бошад.

    Зимни пазироии хукукй фитрй Гротсий то хадде мерасад, ки хатто хукукй (конунхои) Худоиро мутобик ба хукукй фитрй мешуморад. У таъкид мекунад, ки хукукй фитрй абадй ва тагйирнаёбанда буда, хатто Худо хам кодир нест онро тагйир дихад. Ин андешаи мутафаккир чунин маъно дорад, ки хукукй фитрй ва табиати инсон аз ирода ва кудрати Худо афзалтар шуморида мешаванд. Хамин кабил андешахои Гротсий боиси он гаштанд, ки асари у «Рочеъ ба хукукй чанг ва сулх» аз чониби курияи калисои Рим манъ карда мешавад.

    Гротсий пайдоиши давлат ва %уцуци давлатро низ бо хукукй фитрй алокаманд мекунад. Ба андешаи у, махз хукукй фитрй, ки табиатан зарурати риояи ухдадорихои тарафайни байни одамонро, яъне шартномахоро талаб мекунад, ба таъсиси давлат зимни шартнома меорад.

    Хамин тарик, мутафаккир акида пешкаш мекунад, ки хукукй фитрй ва табиати солими инсон, майли табиии одамон ба риояи коидахои умумй, аз чумла риояи карордодхо ба таъсиси давлат ва сипас эчоди конунхои (хукукй) давлат меорад.

    Гротсий ба хулоса меояд, ки майли табиии одамон ба равобити хамдигарй аз доираи як давлат берун мебарояд ва ба %ук,ук,и


    256



    байналмилалй меорад. Мавсуф кайд мекунад, ки хукукй байналмилалй зимни карордоди хама ё бештари давлатхо мукаррар мешавад ва манфиатхои хамаи ё аксари давлатхоро ифода мекунад. Хукукй байналмилалй низ ба мисли шаклхои дигари хукукй мукарраргашта мазмуни иродавй дорад, ё тавре худи мутафаккир менависад, хукукй байналмилалй «тибки иродаи хамаи халкхо ё бештари онхо эътибори хатмиро сохиб мешавад».

    Гротсий муътакид аст, ки хукук бидуни кувва амалй намешавад. Чунин кувваро у дар симои давлат мебинад. Ин андешаи мутафаккир дар таърифи зерини давлат мушохида мешавад: «Давлат бошад, ин иттиходи ба вукуъ пайвастаи одамони озод аст бахри риояи хукук ва фоидаи умум». Ин чо зери мафхуми «хукук» адолат дар назар дошта мешавад, ки шакли зухуроти хукукй фитрист. Фоида бошад, аслан ба чои истилохи «кувва» истифода мешавад.

    Пайдоиши давлат мутобики назарияи шартномавй тахлил мешавад. Таърихи башар ба ду давра чудо карда мешавад: то давлатй ва давлатй. Замони тодавлатй чун «холати табий» тавсиф мегардад, ки бидуни моликияти хусусй ва зимни умумияти амвол вучуд дошт. Пайдоиши моликияти хусусй, аз байн рафтани умумияти амволй, поймол гаштани адолат одамонро водор мекунад зимни шартнома давлатро таъсис диханд. Дар натича одамон аз «холати табий» ба «чомеаи шахрвандй» мегузаранд.

    Мебояд таъкид намуд, ки дар назарияи Гротсий гояи «шар- гнома» бахри исботи зарурати иттиходи ихтиёрии одамон тавас- сути карордод бахри химоя аз зулм истифода мешавад. Тибки андешаи мутафаккир, одамон дар шароити поймол гаштани адолат, бахри химояи хеш аз зулму ситам ба чунин карордод мерасанд, зеро оилахо дар алохидагй дар пеши зулм истодагарй карда наметаво- нистанд. Аз ин хотир, дар назарияи Гротсий шартнома дар хусусй таъсиси давлат аслан карордодеро дар назар дорад, ки байни махз одамони мазлум (бештари ахолй) ба вукуъ мепайвандад ва бар зидди золимон (акалият) равона мешавад. Яъне шартномаро одамони мазлум бахри химоя аз золимон мебанданд.

    Давлат чун «иттиходи ба вукуъ пайваста» тавсиф мешавад. Давлат ба хамин маъно сохибихтиёр ва сохиби хокимияти волои сохибихтиёр эълон мешавад. Айни замон зери мафхуми давлат иттиходи одамон дар назар дошта мешавад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки халк дар холати истилои хоричй аз сохибихтиёрй махрум мешавад. Чунин халкхо, ба кавли мутафаккир, «давлат нестанд».

    Ин акидаи мутафаккир бинобар тавсифи давлат чун иттиходи «одамони озод» пешкаш мешавад. Озодии одамон дар холати тобеи халки дигар шудан ва аз даст додани сохибихтиёрй аз байн ме- равад. Иттиходи одамони ноозод ба тасаввури Гротсий давлат нест.


    257



    Дар назарияи Гротсий шаклхои зерини давлат тахлил мешаванд: истибдод; уокшштяи ию>;й; хокимияти ашрофон (аристократхо); Чумхурии демократй. Давлати мустабид бинобар надоштани тартиботи хукукй рад мешавад. Хокимияти арстократй маъкултар шуморида мешавад. Дар хар холат хукукй халк ба вожгун сохтани хокимияти беадолат химоя мешавад, ба шарте агар ин мукобилият боиси халокати одамони бегунох нагардад.

    Г ротсий дар сохаи %уцуци байналмилалй низ як катор акидахои чолиби таваччух пешкаш мекунад. У аз чумла ду намуди чангхоро фарк мекунад: 1) цангхои боадолат, ки бахри мудофиаи кишвар, химояи истиклолияти давлат, хифзи амвол бурда мешаванд: 2) цангхои беадолат, ки хислати истилогарона доранд. Таъкид мешавад, ки чаши боадолатро хукукй фитрй, конунхои динй ва хукукй халкхо манъ на- мекунанд, зеро «инсон табиатан хомии хакки хеш аст». Аммо чангхои беадолат катъиян махкум ва манъ карда мешаванд. Сулх «хадафи нихоии чанг» эълон мешавад. Ин ва акидахои дигари Гротсий дар сохаи чангу сулх ва масоили дигари байналмилалй боис гаштанд, ки минбаъд мутафаккир яке аз поягузорони хукукй байналмилалй эътироф гардад.
    1. 1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   58


    написать администратору сайта