Главная страница
Навигация по странице:

  • Давлат

  • Шакл%ои дигари ифодаи адолатпешагии шохон

  • Машварат

  • «цонун»

  • «шариат», «цонунхои дин», «ахкоми дин».

  • «аклу дониш, шариату тарщат»

  • «одатхо»

  • «ицроиш», «итоаткорй», «фармонбардорй».

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница23 из 58
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   58

    Захирии Самарканд»

    -''Мухаммад
    ибни Алй ибни Мухаммад ибни Хасани Захирии Самарканде, ки бо тахаллуси Захирй шухрат пайдо намудааст, яке аз му- аллифони пандномаи «Синдбоднома» мебошад. Анъанаи эчоди назму насрии «Синдбоднома» то замони Захирй маълум буд, аз чумла ба забонхои пахлавй, форсин дарй ва дар шакли назму наср аз чониби Рудакй. Абулфавоиси Фанорузй, Азракии Хиравй таълиф гашта. дар карни XIII ба забони арабй, сипас забонхои юнонй, испонй, арманй, гурчй, туркй, лотинй, фаронсавй, итолиёвй, англисй, олмонй, русй, булгорй ва г. тарчума шуда буд. Соли 1160 Захирй матни навбатии «Синдбоднома»-ро таълиф мекунаду

    «Синдбоднома»-и Захирй дар замони пойдорй ва ташаккули чахонй ислом, дар робита бо афкори сиёсиву хукукии замони ислом, ахкоми дин, шариат ва фикхи исломй таълиф гаштааст. Дар он офариниши олам, хилкати инсон, вазифаи паёмбарон ва масоили дигар дар робита бо ахкоми дини ислом тахлил мешаванд. Хамчунин масъалахои марбут ба хокимият, таносуби дин ва давлат, санъати подшохй, шаклхои давлатдорй, шохигарии окил, волоияти шариат, риояи конунхои давлат ва диг. мавриди тахлилу тавсиф карор доранд.

    Давлат на чун сохтори ичтимой, балки дар робита бо шахсияти шох тахлил мешавад. Зарурати хокимият низ дар хамин чода тахлил мегардад, аз чумла таъкид мешавад. ки инсон бехтарин хилкати Худованд буда, ниёз ба идора, назму субот дорад ва махз бахри таъмини тартибу устуворй Худованд паёмбаронро аз байни одамон интихоб намуда, ба онхо дасгури дахлдор медихад. Таъкид ба он мешавад, ки тавассути аклу хирад, шариат у тарикат Худованд одамонро ба амали неку солех хидоят мекунад. Подшох «сояи Худо дар замин» эълон мешавад. Захирй муътакид аст. ки подшох дорой сифатхои волои аклонаву ахлокй буда, аз одамони каторй тафовут дорад. Хамзамон таъкид ба он мешавад, ки одамон зимни табиагу сиришташон 1 уногунавд.

    Захирй рохбарии динй ва дунявиро чудо мекунад. Рохбарии диниро паёмбарон ва рохбари дунявиро шохон ба чо меоранд. Дар ин замина мувофикатии байни паембари ва подшохй таъкид гашта, ишора


    200





    ба он мешавад, ки пайдоишу вучуди онхо манбаи илохиро дороет. Ба гуфти мутафаккир, «Парвардигор динро тавассути хокимияти дунявй кавй мегардонад» ва «динро чун асоси хокимияти дунявй мепазирад».


    Хамчунин таъкид мешавад, ки аз як гараф, «дин бе хокимият пойдор намегардад», аз тарафи дигар, «хокимият бидуни дин арзи хастй надорад». Барои исботи ин андеша иктибос аз сухани Паёмбари акрам (с) оварда мешавад, ки фармудааст: «дин ва хокимият дугониканд». Хамин тарик, робитаи ногусастании байни дин ва хокимият химоя мешавад.

    Ба акидаи Захирй, подшох вазифахои мухимро ба ухда дорад, аз кабили риояи ахкоми дин ва шариати исломй; бархурдорй аз «санъати идора ва сиёсат»; азбаркунии «конунхои идораи кишвар»; «донишмандй ва адолатпешагй»; «истеъдоди рафъи мушкилихо»; таъмини амният, нукуахволй ва хаёти осудахолонаи одамон; мавриди чазо карор додани чинояткорон; мудофиаи мулк аз хамлаи дутманоя. Таъкид мешавад, ки танхо зимни акл, идораи аклона ва анчом додани кори хайр фишангхои идораи мулкро нигох доштан мумкин аст.

    Хокимияти шохй ягона шакли имконпазири давлатдорй эътироф мешавад. Дар он хокимият мутааллик ба подшох буда, худи подшох дорой сифатхои макбули хеш аст, аз кабили итоат ба Худованд, сифатхои баланди аклонаву ахлокй (адолатпешагй, олихимматй, донишмандй ва г.).

    Айни замон волоияти шариат, зарурати риояи дакики амру фар- мудахои Худованд ва Паёмбари ислом (с) махсус таъкид мешавад. Аз ин ру, шохигарии исломй химоя мешавад.

    Илова ба ин, мероей будани хокимияти шох хамачониба дастгирй меёбад. Бо ин максад мутафаккир далелхои зиёдро бахри таъмини ворисии хокимияти шохй меорад, аз чумла аз хатари калони катъи ворией дар хонаводаи шох таъкид мекунад.

    Захирй мукобили хама гуна зуроварй ва зулм дар давлат аст. У таъкид ба он мекунад, ки «Парвардигор зулмро намепазирад». Мутафаккир хокими золимро катъиян махкум мекунад. Иллат ва имкони табдили хокимияти аклона ба хокимияти золимонаро у дар поймол гаштани ахкоми дин ва амри хокимият мебинад. Мутафаккир муътакид аст, ки махз дар холати руй гардонидани одамон аз дин ва хокимият, халалдор гаштани фармудахои Аллох ва нишондоди хокимият чои хирадро зулм мегирад, назму суботи чомеа аз байк мераванд, одамон аз амнияту осудахолии хеш дар канор мемонанд.

    Бо далелхои котеона Захирй подшохи хирадмандро огох аз он мекунад, ки дар холати ба сари хокимият омадани подшохи золим ба одамон «боди зулм» мевазад. мардум дар шароити токатфарсои зулму ситам хаёт ба cap мебаранд. Мутафаккир ба подшох хитоб намуда, бори дигар таъкид ба он мекунад, ки мулкдорй махз бахри


    201





    таъмини адолат арзи вучуд дорад. Ба акидаи мавсуф, дар холати хукмдории шохи беимон мулк мумкин аст бокй монад, аммо дар холи зулм барбод меравад.


    Дар баробари шаклхои зикршудаи шохигарй хамчунин шаклхои дигари имконпазири мулкдорй баррасй мешаванд, аз кабили шохигарии фосид, ки дар он подшох ба айшу ишрат дода мешавад; шохигарии бехирад, ки аз чониби подшохи бефаросат идора мешавад. Хамчунин шохигарии ормонй низ чонибдорй мешавад, ки ма- скани одамони солим буда, дар он ба ахолии мухточ садакаи кофй дода шуда, аз сарват ягон андоз гирифта намешавад.

    Захирй аз гояи «шохи одил» пуштибонй мекунад, аз чумла сифатхои шахсии «шохи адолатпешаро» муайян мекунад, ба мисли аклу дониш, адолатварзй, олихимматй, саховатмандй, шучоату далерй, мехрубонй ва м.и. Айни замон «шохи одил»-и Захирй шахеи такводор аст, ахкоми динро дакик риоя мекунад. «Таквияти асосхои давлат» аз чумлаи вазифаи мухими «шохи одил» эълон мешавад. Барои ичрои ин вазифа истифодаи кувва зарур дониста мешавад.

    Мутафаккир таъкид ба он мекунад, ки Аллох паёмбаронро амр намудааст вазифаи паёмбариро ба чо оварда, рохбарии диниро ба ухда гиранд. Шохон низ вазифадоранд адолатро пеша гиранд. Бехтарин шох хамон аст, ки адолапешагиву олихимматиро хадафи хеш карор медихад. Зарурати хокимиятдорй ва нуфузи волои шохонро мавсуф дар он мебинад. ки онхо адолат, осудахолй ва амниятро дар чомеа таъмин мекунанд. Таъкид ба он мешавад, ки шохи одил ху- дотарс буда, пайравй аз дин мекунад.

    Шакл%ои дигари ифодаи адолатпешагии шохон низ зикр мешаванд, аз кабили халли одилонаи бахсхои хукукй; аклу хиради воло чун конуни хокимиятдорй; гамхорй дар хакки раият; лутфу каромат ва мехрубонй ба мардум; олихимматй ва саховатмандй дар муноси- бат бо одамон; мехмоннавозй нисбат ба мехмонони хорич. Айни замон андешахои муфид дар хусусй ахлоки хамидаи шохон, истифодаи окилонаи байтулмол, сиёсати окилонаи андоз, ба чо овардани ваъдахо иброз мешаванд.

    Машварат нишонаи мухими шохигарии одил эътироф мешавад, аз чумла зарурати истифодаи вазирони ок,ил дар давлат пазируфта мешавад. Дар «Синдбоднома»-и Захирй шохи одил давлатро бо маслихати хафт вазирон идора мекунад. Хар яке аз вазирон ис- теъдоду малаки ба худ хосро доро буда, дар таъмини адолат ширкат меварзад. Хамчунин ба санъати вазирй, омода намудани вази- ронг ворией дар хонаводаи вазирон таваччух карда мешавад.

    ^Захирй гояи «мадинаи фозиларо» химоя мекунад. «Мадинаи фо- зила»-и масуф панч нишона дорад: 1) подшохи одил; 2) захираи ко- фии об ва заминхои корам; 3) теъдоди кофии олимон; 4) пизишко-


    202





    ни мехрубон; 5) олихимматии саховатмандон. Сарвари «мадинаи фозила» шохи имондор мебошад. ки масъалахои диниву дунявиро ба ичро мерасонадГ^


    Мавсуф ба санъати шохй таваччухи хос дорад. У таъкид мекунад, ки «бархурдорй аз санъати идора ва сиёсат», азхуд намудани «конунхои идораи кишвар» вазифаи шохон аст. Бо ин максад ба тарбия ва таълими шохзода эътибори чиддй дода мешавад.

    ^Захирй дар «Синдбоднома»-и хеш накл аз он меоварад, ки шохи одил фарзанди 12-солаашро ба ихтиёри хирадмадон месупорад. Вале бинобар таълими кофй нагирифтани шохзода, хирадмандонро ба машварат даъват мекунад^ Аз хазор нафар хирадмадон танхо хафт нафар даъват карда мешаванд. Аз байни ин хафт хирадмандон танхо як нафар бо номи Синдбод, ки дониши воло дошг, ваъда медихад дар тули шаш мох шохзодаро ба кори идора омода намояд. Дар ин муддат шохзода дар бахши санъати идора, конунхои идора, нучум, риёзй, ахлок ва илмхои дигар дониши кофиро касб мекунад. Бо гу- зашти шаш мох шохзода дар назди Шурои хирадмандон аз имтихони сиёсй мегузарад. Бо ин хикоя Захирй зарурати таълиму тарбияи шохон, ахамияти аклу дониш ва санъаи шохиро дар идораи давлат исбот мекунад.

    Захирй мутмаин аст, ки «к;онун%ои хирад» заминаи «амалу раф- тори одамон» мебошанд. Зери мафхуми «конунхои хирад» коидахои идораи окилона дар назар дошта мешаванд.

    Хамчунин мафхумхои «цонун» ва «одатхо» васеъ истифода мешаванд. Зери мафхуми «конунхо» пеш аз хама цонущои илохй дар назар дошта мешаванд. Барои ифодаи «цонущои илохй» истилохоти дигар низ истифода мешаванд, ба мисли «шариат», «цонунхои дин», «ахкоми дин».

    Мавсуф муътакид аст, ки конунхову одатхоро Аллох ба василаи паёмбарон барои одамон мукаррар намудааст. Таъкид мешавад, ки барои риояи конунхову одатхо «аклу дониш, шариату тарщат» ло- зиманд Дар ин замина ба омузиши шариати исломй, азбар намудани фикхи исломй таваччух зохир мешавад.

    Бо истилохи «одатхо» аксар маврид «одатхои шохон». яъне коидахои шохигарй ифода мешаванд. Хирадмандй, адолатпешагй, мехрубонй, саховатмандй, олихимматй, суханварзй ва м.и. аз чумлаи «одатхои шохон» эътироф мешаванд. Бахри исботи мухимият ва риояи ин кабил одатхои шохй Захирй ба хислати динии онхо ишора мекунад.

    /Бояд зикр намуд, ки ин кабил одатхои шохй, агарчанде дар конунхои махсус ифода нашудз бошанд хам, вале дар шакли назму наср, аз чумла дар асархои машхур ва безавол, аз кабили «Калила ва димна», «Сиёсатнома», «Синдбоднома», «Кобуснома», Шохнома»,


    203





    «Гулистон» ва г., сабт гашта, аз наел ба наел гузаштаанд. Махз хамин холат яке аз хусусиятхои хоси афкор ва фалсафаи чахонй ислом, ба- хусус афкори форсу точик мебошадгу


    Дар баробари конунхо ва оДатхои динй Захирй хамчунин щонунхои идора», «амри хокимият», «щонунхои инсонй»-ро низ тахлилу тавсиф мекунад. Ба «конунхои идора», ки коидахои санъати шохй ва сиёсатро муайян мекунанд, таваччухи бештар дода мешавад. Зери мафхуми «конунхои инсонй» аслан донишхои инсонй, аз чумла дар сохаи нучум, тиб, дорусозй ва г. дар назар дошта мешаванд, ки назму соботро дар чомеа ва хаёти одамон таъмин мекунанд. Бо ибораи «амри хокимият» фармону нишондоди хокимият ифода мешаванд.

    Ду намуди меъёрхо дар таркиби конунхои динй ва давлатй чудо карда мешаванд: амркунанда ва манъкунанда. Дар робита бо онхо ду шакли нишондоди хокимиятй фарк карда мешванд: фармон ва амри манъкунанда. Шаклхои имконпазири ичрои онхо низ тавсиф мешаванд, аз кабили «ицроиш», «итоаткорй», «фармонбардорй».

    Таъиноти асосии конунхову одатхои динй дар таъмини тар- тибу низоми динй эхсос мегардад. Тартибу интизом, итоат ба конун аз чумлаи арзишхои зарури чомеа ва давлат пазируфта мешаванд. Аз ин хотир, хама гуна навоварй дар конуну одатхо рад карда мешавад. Чунин хулоса табиист, зеро конунхои илохй мукаддас ва тагйирнаёбанда мебошанд.

    Х,амзамон зарурати риояи хам щонунхои динй ва хам к,онунхои давлат низ таъкид мешавад. Ба кавли Захирй, «агар конунхои динй ва амри хокимият сарфи назар шаванд, пас имондорй ва тартиботи чомеа аз байн мераванд, ... осудахолии бандагони Худо ва некуахво- лии кишвархо аз шохрохи тартибу муташаккилй берун мемонанд».

    Ба андешаи мавсуф, итоат ба паёмбарон зимни «конуни хирад» ва фармонбардорй назди хокимиятдорон тибки «конун динй» сурат мегирад. Ба гуфти мутафаккир, «хушбахттарин инсон хамон аст, ки ба шохон итоат мекунад». Айни замон таъкид ба он мешавад, ки фармонбардорй танхо дар холати адолатпешагии хокимон имконпазир буда, бо шохигарии золимона робита надорад.

    Хамзамон аз шохони адолатпеша даъват карда мешавад, ки тартибу интизомро дар давлат таъмин ва назорат намоянд, вагарна ошубу исён ба давлатдорй хатари чиддй меорад. Ба кавли Захирй, «сад соли зулми шохон баробар ба ду рузи исён мебошанд».

    Захири ба масъалахои марбут ба чиноят ва чазо низ таваччух мекунад, аз кабили тафовути чиноят ва кирдор, мохият ва хадафи чазо, тартиб ва коидахои таъини чазо, намудхои чазо, ичрои чазо ва м.и. Хамчунин андешахо дар бахши чанг ва сулх, таъмини амнияти байналхалкй, мудофиаи давлат, эхтироми мехмонони хорич ифода мегарданд.


    204


    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   58


    написать администратору сайта