Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница21 из 58
1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   58

Ал-Мовардй

Ал-Мовардй намояндаи мазхаби шофей буда, асархои зиёд дар сохаи фикх, калом ва ахлок эчод намуда, ба хайси козй дар музо- фоги мухталифи хилофат адои вазифа намудааст, Сипас ба вазифаи козии воло (кози-ал-кудрат) таъин шуда, то охири умраш (соли 1058) адои ин вазифа намудааст. «Ал-ахкоми султония» ва «Адоб-уд-дунё вад-дин» асархои машхури мавсуф мебошанд, ки мутобикан ба идораи давлати исломй ва асосхои ичтимой, ахлокй, хукукии давлати исломй бахшида шудаанд.


Дар мукаддимаи «Ал-ахкоми султония» Мовардй кайд мекунад, ки у ин асарро бо максади рушан намудани мохияти назарияхои мактабхои фикхй дар бахши имомат эчод намудааст. Дар ин асар асосхои фаъолияти вазирони таъиннамудаи имом, робитаи вазирон бо рохбарони музофотхо, вазифахои иктисодиву молиявии имомат, вазифахои динии макомоти махсуси давлатй, низоми мурофи- аи додгохй ва диг. муфассал тахлил шудаанд.

Ин асарро ба сифати яке аз аввалин асархои сиёсии сохаи фикх эътироф мекунанд. Дар ин асар назарияи сиёсии муаллиф ифода шуда, дар ин бобат сохахои фаъолияти имом (халифа) ва султон аз хам чудо карда шуда, тарзи интихоб, суфот ва вазифахои халифа муайян мешаванд.

Мовардй бо максади инкишофи назарияи сиёсии ахли суннат, мутобик намудани давлати намунавии исломй ба шароити нави сиёсй ва баланд намудани нуфузи халифа дар асари хеш пахлухои гуногуни назарияи хилофатро мавриди тахкик карор медихад. Ин назария дар асри XI, дар шароити паст шудани нуфузи хилофати Аббосиён ва болоравии кудрати сиёсии султон Махмуди Газнавй пешбарй мешавад.

Ба акидаи Мовардй, имомат ягона шакли давлат мебошад, ки такя ба шариат дорад, на ба акл. Хифзи имон ва идораи чахонй ис-


176





лом - хддафи асосии давлат эълон мешаванд. Интихоби имом зимни ичма аз чумлаи талаботи хатмии шариат эътироф мешавад. Ичма заминаи хукукии робитаи байни уммат ва имом эълон мешавад.


Ба андешаи мухаккикон, назарияи имомати Мовардй бар хилофи назарияи мутазилиён пешбарй шудааст, ки аклро пояи давлат ме- шумориданд. Хамчунин тафовути назарияи сиёсии Мавордй аз «мадинаи фозилаи» файласуфон таъкид мешавад.

Мохияти имомат дар иртибот бо интихоби имом ва робитаи дар ин зимн ба миён омадаи байни имом ва уммат рушан мешавад. Аз ин ру, имомат чун созиши байни имом ва чамоати мусулмонон маъ- нидод мешавад.

Хафт сифати зарури имом муайян мешаванд: 1) адолатхохй;

  1. бархурдорй аз анъанахои чомеаи исломй, чун заминаи тавсифи масоили фикхи исломй; 3) ва 4) саломатии хуб (набудани нокисии чисмонй ва рухй); 5) хирадмандй, аз чумла босалохиятй дар масоили идораи давлат зимни ичтиход; 6) шучоат, ки махсусан барои пеш бурдани чиход зарур аст; 7) мансубият ба авлоди Курайш. Сифати охирин шарти асосии имомат пазируфта мешавад.

Ба акидаи Мовардй, халифаро мебояд гурухи махсуси интихоб- кунандагон аз чумлаи уламо интихоб намоянд. Айни замон ин ин- тихобкунандагон бояд чавобгуи се талабот бошанд. Якум, онхо бояд дар интихоби хамаи номзадон адолатпеша бошанд. Дуввум, онхо бояд аз таълимоти динй бархурдор буда, аз манфиатхои давлати исломй пуштибонй намоянд. Саввум, интихобкунандагон бояд окил бошанд, дар интихоби халифаи арзанда фикри (раъйи) озод ва мустакил дошта бошанд.

Хамин тарик, ба назари Мовардй давлати исломй дар шакли хилофат зимни созиш (байъат) байни халифа ва интихобкунандагон таъсис мешавад. Асоси ин созишномаро ичмаи чамоати мусулмонон ташкил медихад. Дар интихоби халифа гурухи интихобкунандагон щиркат варзида, хатто як интихобкунанда низ метавонад раъйи худро бидихад. Агар, ба андешаи Мовардй, як номзад пешбарй гардад, пас у бидуни интихобот халифа эълон мешавад. Ин акидахои мавсуф мукобил ба андешахои мухочирихо буданд, зеро тибки назарияи мухочирй, хамаи мусулмонон бояд раъй диханд.

Назарияи Мовардй мухолиф ба назарияи ахли шиъа буд. Ба акидаи Мовардй, дар холати пешбарии ду номзад раъй ба он номзад дода мешавад, ки зимни сифатхои шахсиаш кодир ба таъмини тартибот дар давлат аст, агарчанде дар мукоиса бо номзади дигар сазовортар набошад хам. Ахли шиа бошанд, баръакс, бар ин акидаанд, ки танхо номзади созовор хакки хилофатиро дороет. Тибки назари шиавиён, танхо ахли хонаводаи хазрати Алй ба хилофатй сазоворанд.


177





Мовардй мутмаин буд, ки ду халифа ва ду хилофат якбора арзи вучуд карда наметавонанд. Аз ин ру. таъкид мешавад. ки танхо хилофати Аббосиён конунй мебошад. Хамзамон хилофати Уммавиён дар Испониёи мусулмонй ва давлати Фотимихо дар Миср гайриконунй эълон мешаванд. Бояд зикр намуд, ки шофеимазхаби дигар ал-Багдодй вучуди ду хилофатро имконпазир мешуморид, ба шарте. ки агар онхо худудан дур аз хамдигар бошанд.


Мовардй аз холатхои вожгун гаштани хулафо огох буда, таъкид ба он мекунад, ки иваз гаштани як халифа бо халифаи дигар танхо дар холатхои муайян чоиз аст. Ба назари у, халифае, ки бо рохи конунй интихоб шудааст. хак ба хилофат дорад ва аз ин хотир, уро наметавон бо халифаи дигар иваз кард. Айни замон холатхое пешбинй мешаванд, ки бинобар чой доштани онхо имкони иваз намудани халифа ба миён меояд. Ба сифати чунин холатхо пешбинй мешаванд: 1) аз озодй махрум гаштани халифа; 2) аз даст додани имкони идораи давлат.

Холатхои махрум гаштан аз озодй инхо эътироф мешаванд: а) хабе шудани халифа ва б) асир афтидани халифа. Ба акидаи Мовардй, шахрвандон бояд тамомй кушишро бахри озод намудани халифа дар холати махбас, ё асир афтоданаш ба харч диханд. Халифа дар ин холат хакки хилофатиашро нигох медорад. Вале дар холати чой надоштани ягон умед халифаи нав интихоб мешавад.

Халифа дар холати гум кардани кобилияти аклонй ва ё чисмонй имкони идораи давлатро аз даст медихад. Аз даст додани кобилияти биной, ё шунавой асос ба манъи адои взифахои хам хилофати ва хам козигй эътироф мешаванд. Ба акидаи Мовардй, нокисии чисмонй, аз кабили надоштани пой, даст ва м.и., низ хакки хилофатиро аз байн мебарад.

Мовардй мутмаин буд, ки халифа дар холати ба зиммаи султон, вазир, ё мансабдорони дигар пурра вогузоштани ваколатхояш кобилияти идораи давлатро аз даст медихад. Ба акидаи у, дар ин холат мансабдор имкони барканор намудани халифаро пайдо мекунад.

Беадолатй, риоя накардани шариат, заифии имон дар назарияи сиёсии Мовардй асосхои аз мансаб барканор намудани халифа эътироф мешаванд.

Ба назари мавсуф, имом дар холати вожгун шуданаш бояд бо ошубгарон равобити муфид баркарор намуда, кушиши пас гардонидани мансабашро анчом дихад, ё вориси худро таъин кунад. Агар ошубгарон хохиши интихоби имомро аз намояндагони ахли хеш изхор намоянд, пас имоми навро уламо бояд интихоб намояд.

Холатхои зикршуда дар робита бо вокеияти давлатдории исломй, аз чумла бинобар чой доштани муковимат байни хулафо (имомон)


178





ва султонхо (ё амирон) пешбинй мешаванд. Аз ин ру, масъалаи чудо намудани
вазифахои халифа ва султон (ё амир) чузъи назарияи сиёсии Мовардй мегардад.

Ба акидаи мавсуф, бо максади пешгирии муковимати сиёсй халифа бояд як кисми ваколатхояшро, аз чумла дар бахши химояи давлат ва таъмини тартиботи давлатй ба зиммаи султон вогузорад. Хамзамон таъкид мешавад, ки чунин таксими салохият танхо дар холати интихобти конунии халифа имконпазир мегардад.

Мовардй хилофатро на чун як сохтори динй, балки хамчун давлати исломй эътироф мекунад. Аз ин хотир, таъкид мешавад, ки рохбарии умумй ба давлати ягонаи исломй бар души халифа вогузош- та мешавад, халифа барои вазъ ва пешрафти давлати исломй масъул аст. Айни замон халифа ба кумаку дастгирии дигарон эхтиёч дорад.

Зимни баррасии таносуби халифа ва султон таъкид мешавад, ки халифа нуфузи воло дошта, вазифахои султонхо дуюмдарача ва тобеи вазифахои умумии халифа мебошанд. Аз ин ру, Мовардй ба тахлили вазифахои халифа мегузарад.

Ба назари у, ба зиммаи халифа вазифахои зайл вогузошта мешаванд: 1) хифзи асосхои ислом, ки зимни ичмаи чамоати наху- стини мусулмонй (ас-салох-ул-уммат) мукаррар гаштаанд; 2) таъмини адолат ва амалй намудани адолати судй мутобики шариати исломй; 3) таъмини риояи шариат бахри пешрафти иктисодии кишвар, ривочи тичорат; 4) хифзи хукукхои мардум ва мавриди чазохои шадид карор додани чинояткорон; 5) мудофиаи давлат аз хамлаи хоричй, химояи сокинони кишвар, хам мусулмонон ва хам ахолии гайримусулмон; 6) эълони чиход бо куффор; 7) чамъоварии андоз, хироч, закот мутобики шариат; 8) сарфи байтулмол ба манфиати ни- ёзмандон; 9) ба мансабхои идораи давлатй таъин намудани шахсони болаёкат; 10) шахсан зери назорат гирифтани рафти ичрои умури давлат.

Мовардй ду намуди х;окимиятро аз хам чудо мекунад: якум, хокимияте, ки ба ацл асос меёбад, дуввум, хокимияте, ки такя ба шариат дорад. Хокимияти аклй бахри бартарафсозии тазоду ихтилоф истифода мешавад. Хокимияти шаръй воло буда, барои амалй гаштани конуни Худованд ва таъмини адолат хизмат мекунад. Таъкид мешавад, ки умури динй махз зимни конуни Худованд ба сомон мерасанд.

  1. Абдулмалики Чувайнй

Абдулмалики Чувайнй с. 1028 дар Нишопур таваллуд шудааст. Соли 1046 пас аз вафоти падараш дар мадрасаи Шофей муддарисй


179





намуда. дар як вакт дар мадрасаи Байхонй аз Абулкосими Исфахони таълим мегирад.


У аз чумлаи ашъарихо буда, назарияи сиёсии хешро дар заминаи хамин назария пешкаш мекунад, ки яке аз бехтарин назарияхо эътироф мешавад. Дар давраи хукмронии султони салчукй Тогрулбек, махсусан вазираш Кундурй, ки ба ашъарихову муътазилихо фишор меорад, Чувайнй Нишопурро тарк намуда, ба Багдод, сипас Мак- каву Мадина сафар мекунад ва дар Хичоз ба унвонй фахрии «имом ал-Харамайн» мушарраф мегардад. Дар давраи хукмронии султони салчукй Алп-Арслон ба Нишопур даъваг мегардад ва аз дасти Ни- зомулмулк вазифаи сарвари мадрасаи Шофеиро кабул мекунад. Ин Мадраса чун мадрасаи Низомия шухрат дошт. Чувайнй дар ин Мадраса то охири умраш (с. 1085) адои вазифа мекунад.

Чувайни муаллифи асархо бо номи «ал-Иршод», «Лумо», «Гиёс ал-умум фииётис аз-зулум» буда, ба андешаи мухаккикон, агарчан- де намояндаи ахли суннат бошад хам, вале барои устувории давлати Аббосиён кушиш накардааст. Назарияи сиёсии Чувайнй аз хамаи дигар назарияхои хамон замона фарки куллй дошт, аз чумла барои' он, ки мавсуф аз чумлаи ашъарй буд, сониян у кушиши султонону амиронро барои наздикй ба халифахои Аббосй дастгирй намекард. Дар натича байни назарияхои сиёсии Мовардй ва Чувайнй назари ихтилоф дар масъалаи таъмини якпорчагии давлати ягонаи исломй зохир мешавад. Мовардй чонибдори устувории хокимияти Аббосиён, вале Чувайнй чонибдори устувории хокимияти султонон буд.

Чувайнй таксими вазифахоро байни имом ва султон зарур мешуморад. Ба андешаи у, имом барои вазъи корхои динй, султон бошад, барои корхои давлатй масъуланд. Айни замон тачрибаи давлатдории замонашро танкид намуда, назарияи имомати намунавиро пешкаш мекунад.

Дар назарияи сиёсии Чувайнй усули идораи сиёсй ба доимй ва тагйирёбанда чудо карда мешавад. Усули сиёсии доимй тагйир наме- ёбад, вале усули сиёсии тагйирёбанда аз чониби факехон мумкин ба шароити нави сиёсй мутобик карда шавад.

Дар ин замина акида пешкаш мешавад, ки бештари усулхои сиёсии имомат тагйирёбанда буда, имкони тафсири озодй онхо чой дорад. Кисми аввали асари мавсуф «Еиёс» дар хачми кариб 200 сахифа ба усулхои сиёсии имомат бахшида мешавад. Усулхои мазкур назарияи имомати намунавиро ташкил медиханд. Тибки ин назария, имом зимни ичмаи уламо интихоб мешавад. Имом дорой сифатхои лози- ма аст ва байки онхо махз кудрат ва нуфуз халкунандааид.

Ба назари Чувайнй, имом бояд чавогуи талаботи зайл бошад: сихатии чисмонй; намояндаи авлоди Курайш будан; такводор, озод ва мард будани имом; доштани донишхои кофй барои ичтиход. Ба


180





андешаи мавсуф, имом дар холати надоштани донишхои кофй тобеи факехон мегардад.


Чувайнй аз имоми мустацил (истикпол) ва кофй пуштибони мекунад, яъне имоми дорой кудрату нуфуз, ки кодир аст давлати исломиро, якпорчагии кишварро, шариат ва динро аз хатархои дохи- ливу хоричй мухофизат намояд.

Чувайнй бар ин акида буд, ки имоми хуб наметавонад пурра аз гунох дур бошад. Аз ин ру, акида пешкаш мешавад, ки имом дар холати гунох (фиск) ва халалдор намудани меъёри чудогонаи шариат набояд вожгуч гардад, ба шарте, ки агар имом гунохашро дарк карда, ба хаёти динй баргардад. Айни замон таъкид мешавад, ки хангоми интихоби имоми хуб манифиатхои пеш аз хама уммат бояд ба инобат гирифта шаванд.

Чувайнй аз давлате пуштибонй мекунад, ки дар он назму су- бот хукмфармост. Таъмини устуворй ва тартиботи давлатиро у аз чумлаи вазифаи мухими имом мешуморад.

Хамзамон вазифахои динй ва дунявии имом чудо карда мешаванд. Мусоидат ба пахншави дини ислом, мубориза бо шахсони беимон аз чумлаи вазифахои мухими динй эътироф мешаванд. Таъкид меш- вад, ки барои муттахид ва омехта намудани мазхабхои ахли суннат, ё додани афзалият ба мазхаби алохида набояд кушид. Чувайнй ба имоми намунавй маслихат намедихад, ки хадоме аз мазхабхоро ме- тавон пайравй намуд. Ба имом маслихат деда мешавад. к и ба асараш «Акида-ук-низомия» мурочиат намояд. Ин асар дар бахши каломи ашъарй эчод шудааст.

Дар байни вазифахои дунявй чои асосй ба чиход дода мешавад. Химояи дин ва мубориза бар зидди душманони ислом вазифаи мухими давлатй эълон мешаванд. Таъкид мешавад, ки барои ичрои ин вазифа ташкили кушун, таъминоти он аз хисоби андозхо, аз чумла мусодираи амволй табакахои сарватманди чомеа зарур аст. Мусоди- раи амволй сарватмандон чун ширкат дар чиход эътироф мешавад.

Бесалохияти имомон, аз даст додани сифатхои шахей аз чумлаи сабабхои таназзули имомат эътироф мешаванд. Бо максади таъмини устувории давлати исломй Чувайнй интихоби и ломро аз чумлаи авло- ди гайрикурайшй имконпазир мешуморад. Барои у хифзи манфиатхои хилофати исломй вазифаи аввалиндарача буд. Аз ин ру, кудрати харбй ва сиёсии халифа заминаи сохибихтиёрй эълон мешаванд. Таъкид мешавад, ки чунин кудратро Салчукиён доранд. Идораи сиёсиро зимни шариат ва бо ширкати уламову факехон у сифати хуби давлатдории Салчукиён мешуморад.

Дар натичаи мутобик намудани назарияи сиёсй ба шароити замонаш Чувайнй ба хулоса меояд, ки имом наметавнад пурра хокимияти


181





диниву дунявиро дар дасташ нигох дорад. Аз ин ру, султон ва ула- мо унсури мухими дасггохи давлатй пазируфта мешаванд.


Чувайнй, ба мисли Мовардй, намояндаи ахли суннат буда, аз назарияи сиёсии суннатй пуштибонй намудааст. Вале дар тафовут аз Мовардй хокимияти султонро дар баробари хокимияти халифа эътироф мекунад. Бояд гуфт, ки андешахо ва умуман назарияи сиёсии Чувайнй дар шароити кушишхои султонхову амирон ба мустакили аз халифаи Багдод, афзоиши нуфузи султонони Салчукй ташаккул ёфтааст. Чувайнй кушиши ба шароити нави сиёсй мутобик намудани шариатро, пеш аз хама усули сиёсиро ба харч медихад.

Дар ташуккул ва таргиби андешахои сиёсии Чувайнй сахми Ни- зомулмулк, ки яке аз вазирони намоёни Салчукихо буд, калон аст. Низомулмулк бахри таъмини нуфузи сиёсии султонон аз нуфузи факехони намоёни шсфей, пеш аз хама Чувайнй, Газолй васеъ истифода мекунад. Низомулмулк ба усули тахлилхои сиёсй зимни истифода аз анъанахои давлатдории ачам, алалхусус, анъанахои сиёсии Сосониён асос мегузорад. Хдминро низ мебояд зикр намуд, ки Низомулмулк, Чувайнй, Газолй ва мутафаккирони дигари ахли суннат пуштибонй аз назарияи сиёсии суннатй менамуданд. Назарияи сиёсии онхо зимни нуктахои аввалиндарачаи мазхабхои фикхи суннатй пешбарй шудаанд.

Махз дар хамин чахорчуба Чувайнй акидаи шиавихоро дар хусу- си ба хайси чонишини Расли Акрам (с) махфй таъин шудани хазрати Алиро инкор намуда, таъкид ба он мекунад, ки халиф бояд на таъин, балки интихоб гардад. Барои исботи акидааш у ру ба тачрибаи сиёсии хилофат меорад, ба истиснои холатхои таъини халифа дар замони Уммавиён. Чу вайнй ба мисли Мовардй, бо назардошти махз хамин тачрибаи Уммавиён, имкони интихоби халифаро аз чумлаи хатто як интихобкунанда низ имконпазир мешуморад.

Чувайнй дар тафовут аз Мовардй бар он акида буд, ки имкони дар як вакт арзи вучуд доштани ду хилофат имконпазир аст, вале башарти худудан дур аз хам,дигар вучуд доштани онхо.

  1. Газолй

Абухамид Мухаммад ибни Мухаммад ибни Мухаммад ибни Ах- мад-ал-Газолй (450 / 1058 - 505 / _1111) дар дехаи Эронии Газолй наз- дики ш. Туе ба дунё омадааст. У унвонй баланди хуццатулисломро дошт. Таълими Газолй аввал дар ш. Туе, сипас дар Нишопур сурат гирифтааст. У назди олимони намоён дар башхи хадис, тафсири Куръон, калом, мантик, фикхи исломй таълим гирифтааст.

Сипас, бо таклифи Низомулмулк ба Багдод сафар мекунад. Бо супориши Низомулмулк дар синни 34 солагй сарварии мадрасаи


182





Низомияро ба ухда мегирад. Соли 489 / 1095 ба Багдод сафар мекунад, ду сол дар Димишк зиндагй мекунад, сипас ба Кудс рахсипор мешавад. Аз Кудс сафари хач намуда, с. 1106 ба Багдод ва аз он чо ба Туе бармерагдад.


Баъдан, бо таклифи вазири Салчукй Фахрулмулк ба Багдод бар- мегардад, дар сохаи тасаввуф асар эчод намуда, яке донишмано- ни намоёни ин соха эътироф мешавад. Солхои охири хаёташро дар Туе мегузаронад, аз чумла Мадраса ташкил мекунад, асари фикхии «Ал-Мустафо» ва асархои дигарро руи калам меорад. Дар онхо зарурати пайравй аз исломи суннатй ва ас-салаф-ас-солехин (гузашта- гони бархак) таъкид мешавад.

Дар мачмуъ кариб 1000 асархои гуногун эчод нмудааст. Еазолй муцаддиди ислом эътироф шудааст. Дар асараш «Эхёи улумуддин» кушиши мувофикати тасаввуф ва исломи суннатиро ба харч додааст. Еазолй хамчунин мутафаккири намоёни афкори чахон буда, асархои у мавриди тахлили мухакккони Аврупо ва манотики дигари олам карор гирифтаанд.

Бо калами у як силсила асархои машхур эчод мешаванд, аз кабили «Китоб-ул-Босит фиълфуро», «Китоб-ал-восит», «Маохиз- ал-хилоф», «Макосид-ал-фалсафа», «Муфассил-ал-хилоф», «Чдвоб- ал-масоил». Як катор асархояш бар зидди шиахои исмоилй, ботинихо равона шудаанд. Еазолй аз зумраи файласуфони машхури чахонй ислом буда, хамзамон зимни истифода аз донишхои фалсафй, мантик ва дин андешахои як катор файласуфонро дар масъалаи тафсири ахкоми ислом мавриди танкид карор медихад.

Еазолй факехи шофей буда, дар мадрасаи Низомия аз Чувайнй таълим гирифта буд. Пас аз вафоти Чувайнй у ба хидмати Низомулмулк мегузарад ва рохбарии мадрасаи Багдодро ба зимма мегирад. Андешахои сиёсии Еазолй дар давраи мушкилоти сиёсй, аз чумла тахдидхои эхтимолии фотимихо, се суискасди ташкилшуда мукобили Низомудмулк, нихоят шаходаги вазири Салчукиён, марги худи султон Маликшох ташаккул ёфтаанд.

Еазолй дар катори асархои зиёдаш хамчунин рочеъ ба назарияи сиёсй низ асархои алохида эчод мекунад, аз кабили «Ал-иктисод фил-этикод», «Фадоих ал-ботиния ва-фадоил ал-Мустазхирия». Еазолй пас аз марги Маликшох Багдодро тарк намуда, таи 10 сол хаёти дарвешона мебарад. Дар ин давра у асари машхураш «Эхё улум-ад- дин»-ро дар хачми 1,5 хаз. чузъи чопй руи калам меорад.

Еазолй соли 1105 бо таклифи писари Низомулмулк - Фахрал- мулук, ки вазири султон Санчар буд, рохбарии мадрасаи Низомияро дар Нишопур ба зимма мегирад. Аммо у с. 1106, пас аз куштори Фахралмулук бо дасти исмоилихои Аламут ба Туе бармегардад ва то охири умраш он чо зиндагй мекунад. Дар катори асархои зиёд


183





у дар ин муддат асари машхураш «Насихат ал-мулук»-ро мениви- сад, ки маслихатхои лозимаро дар бахши идоракунй фаро мегирад.


Еазолй гарчанде хаёти вазнинро паси cap намуда бошад хам, дар бахшхои гуногун асархои зиёд эчод намудааст. Ба кавли Ибни Рушд, мавсуф «дар асархояш худро бо ягон таълимот вобаста на- мекард, бо ашъарихо ашъарй буд, бо суфихо суфй буд, бо файласуфон файласуф буд».

Ба андешаи аксари мухаккикон, у дар хама холат факехи ахли суннат буд, анъанахои исломи суннатиро химоя мекард. Хидмат дар назди Ниомулмулк ба чахонбинии Еазолй таъсири калон мерасонад, аз чумла дар таргиби зарурати нигох доштани ягонагии давлати мутамаркази исломй тавассути хокимияти Салчукиён. Хамчун пушти- бони исломи суннатй у бар зидди мазхабхои дигари гайрисуннатй баромад мекунад. Табиист, ки куштори Низомулмулк аз чониби ботинихои Аламут, куштори Фахралмулук бо дасти исмоилихо ба ташаккули чунин акидахои Еазолй таьсир расонидаанд, аз чумла зарурати хифзи анъанахои исломи суннатиро кавитар намуданд.

Чахонбинии Еазолй дар робитаи зич бо хаёти сиёсии замонаа1 ташаккулу инкишоф ёфтаанд. Аз ин чост, ки у камбудихои замонашро эхсос намуда буд, аз кабили чудо шудани марказхои динй (Багдод) ва марказхои сиёсии хилофат, ривочи ришвахурй байни хокимон, зиёд шудани шумораи уламои фахрфуруш ва м.и.

Мавсуф дар робита бо мушохидахояш сарвати хокимонро гайриконунй эълон мекунад, хама гуна созишномахои тичоратиро бо пешхизматони низомии хокимон зиддиконунй меномад ва дигар андешахояшро пиромуни камбудихои замонаш иброз мекунад, аз чумла таъкид мекунад, ки «фосидии уламо боиси фосидии хокимон, фосидии хокимон боиси фосидии раият мегардад». Аз ин чо маълум мешавад, ки дар замони Еазолй фиску фасод дар авч будааст.

Еазолй тахти рохбарии Низомулмулк дар корхои давлатй ишти- рок намуда, ба афзун гаштани нуфузу иктидори хилофат боварии комил дошт. Айни замон тахмин мекард, ки ояндаи давлати мусулмонй аз кушиши султонхо вобастааст. Зимни тахлили ин равандхои сиёсй у ба масъалаи таносуби дин ва хокимият ру меоварад.

Тавре маълум аст, то давраи муайян уламо дар хаёти маънивию сиёсй накши халкунанда доштанд, вазифахои умумии диниву дунявиро адо мекарданд. Дар ин давра зарурат ба чудо намудани вазифахои динй ва дунявй эхсос намешуд. Дар назарияхои сиёсии ислом, ки ба гояи «имом чун хскими динй ва дунявй» асос меёбанд, масъалаи табиати хокимият баррасй намешавад.

Аммо дере нагузашта ин ягонагии диниву сиёсии давлати исломй •зери хатар карор мегирад, чунки вазифахои динй ва сиёсй аз хам чудо мешаванд. Багдод ба марказй динии хилофат табдил ёфта, нуфузи


184





сиёсй ва хатто харбии сулюнхову амирон баланд мешавад. Дар ин шароит назарияхои нави сиёсии ислом пешкаш мешаванд, ки хамин чудоии байни хокимияти динй ва дунявиро ба асос мегиранд. Дар ин назарияхо табиист, ки тахлили
табиати хокимият зарур мегардад.

Газолй низ аз зумраи он мутафаккирон буд, ки ба таносуби хокимияти динй ва дунявй таваччух зохир мекунад. Мавсуф акнун на дар хусусй ягонагии хокимияти диниву дунявй, балки оид ба иттифоки дин ва хокимият харф мезанад. Мафхуми «давлати яго- наи исломй» низ акнун васеъ тавсиф мешавад.

Газолй ба масъалаи табиати давлат низ таваччух зохир мекунад, чунки халли ин масъала зимни тахлили таносуби дин ва хокимият, хилофат ва шариат сурат гирифта метавонист. Дар давраи хукмроннии Уммавиён ва даврахои аввали хукумати Аббосиён халифа намояндаи волои хокимият буд. Бо гузашти замон хокимияти султонхову амирон бонуфузтар мегардад. Дар ин шароит факехон диккати асо- сиро ба масъалахои суфоту вазоифи халифа медиханд, вале табиати хилофат аксар маврид мавриди тахдил карор намегирад. Мовардй, Бакиллонй, Багдодй, Ч,увайнй хилофатро чун сохторе мепазируф- танд, ки конуни Худовандро амалй мекунад. Аммо дар асл халифа нуфузи динй дошта, вале хокимияти сиёсй дар дасти султонхо карор дошт. Илочи вокеаро Газолй дар он мебинад, ки табиати хилофат бояд аз нав тахлил гардад,

Газолй зарурати хокимияти бонуфузи мутамарказро аз нигохи сиёсй асоснок мекунад. Ин акидаашро у дар хамаи асархои бахшида ба фикх, дин, ахлок таргибу химоя мекунад. Дар ин асархо аз чумла талошхои сиёсии Фотимихо зери танкид гирифта мешаванд. Газолй кушиши ба хам пайвастани ду назарияи сиёсиро ба харч медихад. Яке аз онхо назарияи сиёсии Мовардй буд, ки хилофатро шакли яго- наи давлати исломй эълон мекунад. Назарияи дигар - назарияи сиёсии Ибни Тоймй буд, ки гуногунии сиёсиро дар худуди хилофат имконпазир мешуморид.

Дар назарияи сиёсии Газолй масъалахои сиёсат, дин ва ахлок; якчоя ва дар робитаи хамдигарй омухта мешаванд. Сиёсат унсури чудонашавандаи дин ва ахлок пазируфта мешавад. Сиёсат хамчун санъати амал бо назардошти холатхои мушаххаси хаёти инсон дар мувофика бо низоми давлат тавсиф мешавад.

Дар назарияи Газолй сиёсат хамчун илм ба усули динй, усули фгщх ва назарияи инсон чун вучуди ичтимой такя мекунад. Мабдаи хар се илми зикршударо гояи так,дири инсон ташкил медихад. Тибки он, хаёти инчахонй мояи омурзиш ва омодагй ба хаёти ончахонй буда, мавзуи сиёсатро омода намудани инсон ба саодати ончахонй ташкил медихад.


185





Газолй аз анъанахои давлатдории Сосониён, аз чумла аз акидаи дугоник будани
дин ва хокимият истифода намуда, таъкид ба он мекунад, ки хокимият барои хифзи дин хизмат мекунад. Айни замон зарурати амалй намудани хокимият зимни риояи конунхо таъкид шуда, накши факехон дар омузиши ин конунхо кайд мешавад. Ин конунхои хокимиятдорй мавзуи фикхи исломиро ташкил медиханд. Хамчунин ишора ба ахкоми динй мешавад, ки асоси имон мебошанд. Накши баланди илми калом дар байни илмхо эътироф мешавад.

Газолй назарияи сиёсии хешро бо максади пешгирии фитна ва фасод пешкаш мекунад, зеро мукобили бенизомй ва бетартибй дар давлат буд. Хдмдигарфахмй байни халифа ва султон шарти мухими халли ин вазифа эътироф мешавад. Айни замон талошхои сиёсии Фотимихо барои хокимият зери танкид гирифта мешаванд. Дар асараш «Ал- иктисод фил-эътикод» у накши мухими халифаро дар мустахкам намудани давлати ягонаи исломй таъкид намуда, аз иттифоци байни халифа ва султон харф мезанад.

Назарияи имомати Газолй ба се гояи асосй такя мекунад: а) зарурати хокимият барои таъмини тартибот дар давлат; б) хилофат зухуроти ягонагии уммати мусулмонон аст; в) нуфузи халифа такя ба шариат дорад.

Газолй бо назардошти хислати шаклй доштани интихоби халифа муътакид буд, ки имом аз чониби Паёмбари акрам (с), ё халифа, ё шахеи сохиби вокеии хокимият таъин мешавад. Уламо ва факехон байни халифа ва султон накши ваелкунандаро бозида, як катор вазифахои мухими сиёсиро ба зимма доранд, аз кабили шархи шариат мутобики вокеият, муайян намудани асоси конунии таъини халифа ва фатвохои содиршуда. Тибки назарияи Газолй, вазифахои дунявии халифаро султон ва вазифахи диниву мафкуравиро уламо ва факехон ичро мекунанд.

Газолй таъмини низому суботи чомеаро аз ду омили мухим вобаста мекунад: аз як тараф, зарурати риояи дакики ахкоми дин ва шариатро чун заминаи пешрафти давлати исломй таъкид мекунад, аз тарафи дигар, нуфузи султонро баланд мебардорад. У хатари хама гуна фитнаву балво ва исёнро дар давлат эхсос намуда, накши султонро дар пешгирии ин падидахои номакбул таъкид мекунад.

Бахри пешбарии назарияи идоракунии давлат, бавижа хоки- миятдории султон Газолй дар «Насихат ал-мулук» роххо ва усулхои идораи самараноки давлати исломиро муайян мекунад. Мавсуф масъ- улияти баланди султонро дар идораи давлат таъкид намуда, кайд мекунад, ки хокимияти султон аз Аллох маншаъ гирифта, султон назди Худованд ва раият чавобгар аст.

Аз ин ру, ду вазифаи аввалиндарачаи султон муайян мешаванд: якум, тахкими дин, дуввум, адолатварзй нисбат ба раият. Аз ин чо


186





боадолат будани хокимият, амалй намудани хокимият зимни адолат, риояи
хдмачонибаи адолат дар рафти хокимиятдорй таъкид мешавад. Махсус кайд мешавад, ки хама гуна бехокимиятй ба зулм ва беадолатй меорад. Барои исботи ин андешахо анъанахои динй, тачрибаи хам давлатдории Сосониён ва хам хилофат чун бурхон хизмат мекунанд.

Машварат чун пояи давлатдорй эълон шуда, зарурати хокимият- дории султон дар робита бо маслихати хам уламову факехон ва хам вазирон таъкид мешавад. Байни вазирон нуфузи бештар ба вазири аввал дода мешавад.

Дар асари дигари Газолй «Ал-мустафо мин илм ал-усул» масоили давлат ва чомеа бо назардошти усули фик,х (хукукй исломй) баррасй мешаванд. Таъкид мешвад, ки хокими воло Худованд буда, Куръон сарчашмаи мутлаки фикхи исломй мебошад. Суннат ва ичма низ чун сарчашмахои фикх тахлил мешаванд, аз чумла таъкид мешавад, ки ичма фикри ягонаи факехон ва уламо мебошад, ки хакки истихрочи фатворо доранд. Ба акидаи Газолй. махз ичма нуфузи хилофатро чун давлати исломй таъмин мекунад.

Хамчунин зарурати риояи ислом ва тарзи зисти исломй дар давлат химоя мешавад. Мавсуф, чун пуштибони низому суботи чомеа, таъкид ба он мекунад, ки омма бояд пайравй тацлид бошад, зеро кушишхои чудогонаи чустучуи хакикат, адолат ва саодат ба ноусту- вории чомеа меоранд.

Газолй алокаи чудонашаванда ва робитаи байни дин па давлат, хокимияти динй ва дунявиро эътироф мекунад, зеро таваччух ба ин масъала дар шароити пастшавии нуфузи халифа ва афзоиши кудрати султонхо мухим буд. Робитаи дин ва давлат зимни таваччух ба хадаф ва мохияти уммати мусулмонон баррасй мешавад. Таъкид мешавад, ки хадафи асосии уммати мусулмонон - таъмини саодати ончахонист. Уммати исломй зимни дини мубини ислом, эътирофи Худованди мутаол ва риояи дакики шариат мусулмононро муттахид мекунад. Айни замон зарурат ба омузиши дин, сиёсат, фикх ва ахлок низ таъкид мешавад, зеро ин илмхо роххои ноил гаштан ба саода- тро муайян мекунанд.

Дар робита бо масъалаи таносуби дин ва давлат хамчунин алока- мандии байни се унсури давлати исломй (хилофат) таъкид мешавад: халифа, султон ва уламо. Мувозинати байни ин унсурхо кафолати нуфузи сиёсии хилофат эълон мешавад. Айни замон мустакилияти ин унсурхои сиёсии хилофат, пеш аз хама мустакилияти дин эътироф мешавад.


187


1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   58


написать администратору сайта