Главная страница
Навигация по странице:

  • Мухаммад ибни Алии Шавкат

  • Исх;ок, ибни Юсуфи Ямании Санонй

  • Фалсафаи калом Калом

  • «Каломи Худованд»

  • Ал-Мотуридй

  • Ашъарихо

  • «Ат-тащид фиррад-дилму:1Х,ида ал-муъаттала вар-рафида вал-хавариц вал-муътазила»

  • Мотуридихо

  • Масоили сиёсиву хукукй дар фалсафаи Форобй, Сино, Ибни Рушд

  • Абуюсуф Яъкуб ибии Исхок ал- Киндй

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43229
    страница17 из 58
    1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   58

    Шиъа ва мазхабхои фикхии он

    Шиъавихо пайравони тамоилхои мухталифи Ислом мебошанд, ки Алй Абутолиб ва ворисонашро (алавиёнро) хулафои бархак ва пешвоёни дин мешуморанд. Дар аввал шиъахо бо талабхои сиёсй баромад менамуданд. Хамзамон пахлухои назариявии акоиди шиъавй муайян мешуданд. Гуруххои шиъавй гуногунад, дар байни онхо гуруххои оштинопазир ва гуруххои муътадил маълуманд. Чунончи, гурухи шиъавии гулатро ахди Суннат мусулмон намешуморад, чунки худопиндории Алй ва имомони дигарро анчом медиханд. Гуруххои муътадили шиъавй низ маълуманд.

    Холо бештари шиъахо дар Эрон сукунат доранд. Дар Эрон ши- ъаи исноашария дини давлатй мебошад. Шиъахои дигари мазхабй дар Ирок, Лубнон, Покистон, Хиндустон ва кишвархои дигар зиндагй мекунанд. Ба хар хол шиъахо кисми ками мусулмонони чахонро ташкил медиханд.

    Исноашарихо, зайдихо ва исмоилихо тамоилхои муосири шиъа мебошанд. Гуруххои оштинопазири шиъа дар Туркия, Сурия ва кишвархои дигар сукунат доранд.





    Таърихи пайдоши шиъа ба даврахои аввали Ислом рост меояд. Пас аз вафоти Паёмбар (с) кисми мусулмонон аз таъини Алй ибни Абутолиб ба халифагй пуштибонй намуданд. Вале Алй ва ёро- наш бархак будани хилофати Абубакрро мепазироянд. Алй хали- фаи чахорум мегардад (34 / 656 - 39 / 661). Пас аз куштори Алй та- рафдонаш аз Хасан ибни Алй даъват ба но меоранд, ки хилофатиро ба душ гирад ва мукобили Муовия ибни Суфён, ки номзад ба кур- сии халифа буд, мубориза барад. Аммо Хасан ибни Алй аз мансаб ба фоидаи Муовия даст мекашад ва дере нагузашта вафот мекунад. Чонибдорони хилофати Алавиён муборизаро мукобили Уммавихо идома медиханд. Ин мубориза баъди катли Хусайн ибни Алй авч мегирад. Уммавихо алавиёнро мавриди мучозот карор медиханд. Аббосихо низ дар алавихо ва шиъахо мукобилони худро медиданд. Шиъахо якчанд исён мебардоранд, вале онхо бе натича анчом меёбанд.

    Байни шиъахо азиятмандй, таълимоти имоми гоиб (коим) ташаккул меёбанд. Аз асри дуввуми хичрй cap карда байни шиъахо як катор тамоилу фиркахо пайдо мешаванд ва хар кадоми онхо бо усулхои худ бо хукумати расмй муборизаро идома медиханд. Иллати асосии мухолифати онхоро акидахо оид ба пешвои (имоми) нав ташкил медоданд. Пас аз вафоти имоми шашум Чаъфари Содик бештари шиъахо писари хурдии у Мусо ал-Козимро чун имом па- зируфтанд. Вале кисми дигари шиъахо писари махруми у Исмоил ва пас аз у писараш Мухаммад ибни Исмоилро чун имом пазируф- танд. Пас аз вафоти Мухаммад исмоилихо хамаи ворисони уро имомони гоиб (ал-Коим) эълон мекунанд.

    Исмоилихо дар Миср ва Африкои Шимолй давлати Фотимихоро таъсис медиханд. Зайдихо дар Табористон (Эрон) дар асри сеюми хичрй ва дар Яман ба сари хокимият омада буданд. Пайравони шо- хаи хасанавии Алавиён давлати Идрисихоро дар Африкои Шимолй таъсис дода буданд. Сулолаи исноашарии Бувайхидхо фаъолияти Аббосихоро дар солхои 334/946 - 467/1075 зери назорат мегиранд. Дар асри дахуми хичрй дар Эрон ба сари хокимият сулолаи шиъа- вии Сафовихо меояд ва пас аз ду аср шикает мехурад. Пас аз галабаи инкилоби исломй дар Эрон (солхои 1978 - 1979) шиъахои исноашарй фаъол гашта, назораташонро дар кишвар мукаррар мекунанд.

    Исноашари.\о пайравони 12 имомон, намояндагони шиъаи имо- матй мебошанд. Тибки андешаи онхо, пас аз вафоти Паёмбари Ислом (с) нузули Вахйи Илохй катъ гашта, вазифаи ичрои Конунхои Илохй пеш меояд ва онро имомон - ворисони Алй ибни Абутолиб, аъзоёни оилаи (ахли байта) Паёмбар Мухаммад (с) ба душ мегиранд. Имом чун пешво пазируфта мешавад, ки аз номи Худованд амал мекунад. Имом, ба кавли ин мазхаб, ба сахву иштибох рох намедихад.


    139





    Дувоздах имомон ва инчунин духтари Паёмбар (с) Фотима аз кабили чунин ашхос эътироф мешаванд. Х,ар як амал ва гуфтаи имомон да- лели хак (хуччат) пазируфта мешавад. Риояи онхо маънои имон ба Худоро дошта, хама гуна амали мукобил чун исён мукобили Худованд эълон мешаванд.

    Дувоздах имомон инхоянд: 1) Алй ибни Абутолиб; 2) Хасан ибни Алй аз-Закй; 3) Хусайн ибни Алй аш-Шахид; 4) Алй ибни Хусайн ас- Сачад; 5) Мухаммад ибни Алй ал-Бокир; 6) ^аъфар ибни Мухаммад ас-Содик; 7) Мусо ибни Чдъфар ал-Козим; 8) Алй ибни Мусо ар-Ризо; 9) Мухаммад ибни Алй ал-Цавад; 10) Алй ибни Мухаммад ал-Ходй; 11) Хасан ибни Алй ал-Аскарй; 12) Мухаммад ибни Хасан.

    Мазхаби номбурда мисли шиъахои дигар ба имоми дувоздахуми гоиб (коим) - Махдии Мунтазир эътикод дорад. Тибки ривояти шиъавй Имом Махдй дар хурдсолй гайб шуда, дар охири замон пайдо мешавад.

    Ин мазхаби шиъавй ба мисли аксари шиъахо хилофати се Хулафои аввали Рошидинро, хамчунин захматхои бештари сахобагонро намепазирад. Онхо танхо ахди байти Паёмбарро (с) хулафои бархак мешуморанд. Дар ин мазхаб тафсирхои Куръонии имомон нуфузи бештар доранд, маънихои зохир ва ботини оятхо ва хадисхо чудо карда мешаванд, хамчун хадисхо асосан гуфтахо ва амалхои Паёмбар (с), имомни бархак, инчунин амалхои як катор сахобагон зимни истинод ба Куръон пазируфта мешаванд. Исноашарихо дар масоили фикхй пайравони мазхаби чафарй мебошанд.

    Ташаккули мазхаби чафарй бо номи Чаъфар ас-Содик робита дорад. Дар ин мазхаб анъанахои усулихо, яке аз тамоилхои шиъавй, истифода мешаванд. Усулихо дар истихрочи ахком хам ба гуфтахои аслии имомон (ахбор) ва хам ба далелхои акдонй такя мекунанд. Онхо Куръон, Суннати Паёмбар (с) ва имомон, ичма ва аклро (акидаи факехон зимни далелхои аклона) сарчашмахои хукук мешуморанд. Чдфарихо мукобили пушида эълон гаштани ичтиход буда, хама гуна кушиши катъи ичтиходро намепазиранд. Ба андешаи чафарихо, ичрои фатвохои динй бидуни таклид ба мучтахид гайриимкон аст. Дар масъалаи коркарди усули фикхй ба чафарихо шофеихо ва муътазилихо таъсири бештар расонидаанд. Мазхаби чафарй киёсро рад мекунад ва танхо аз хадисхое истифода мебарад, ки аз ахли байти Паёмбар (с) ривоят шудаанд.

    Гуруххои гуногуни шиъавй, ки ба акидаи онхо пешвой ва хокимият дар хилофат аз як имом ба имоми дигар мегузарад, равняй имо- миро (имомонро), ё пайравони имоматро ташкил медиханд. Пайравони имомат чунин мешуморанд, ки имомон бояд аз авлоди Ачй ва Фотима (духтари Паёмбар) бошанд. Онхо хилофати се Хулафои аввали Рошидин ва хулафои дигарро, ба гайр аз Алй, намепазиранд. Хамаи


    140





    пайравони имомг т ба сифати имомон Алй ибни Абутолиб. Хасан ва Хусайн (писарони Алй аз Фотима), Зайн ал-Обиддин, Мухаммад Бокир ва Чаъфари Содикро мепазиранд. Сипас байни пайравони имо- мат оид ба масъалаи вориси Наъфари Содик мухолифат cap мезанад, ки боиси аз хам чудо шудани фиркахо мегардад, аз кабили бокирихо, навоситхо, афтохитхо. исмоилихои вокиф, мусовихо, исноашарихо ва диг. Холо пайравони имомат бештар дар Эрон ва Ирок., кисман дар Покистон ва як катор кишвархои дигари ислом зиндагй мекунанд.

    Зайди^о яке аз мазхабхои хукукии шиъавиро ташкил медихднд. Мазхаби зайдй, агарчанде шиъавй бошад хам, вале дар бисёр масоили назариявй аз мазхабхои дигари шиъавй (масалан, иайраво- ни имомат) фарк дошта, ба исломи суннатй наздикй дорад. Номи ин мазхаб бо Зайд ибни Алй (80 / 700 - 122 / 742), яке аз намоянда- гони ахли байти Паёмбар (с.) робита дорад. Падари у Атй Зайнуло- биддин, писари Хусайн ибни Алй ибни Абутолиб аз чумлаи доннш- мандони замонаш, алалхусус дар бахши фикх ва аходис буд. Зайд ибни Алй дар Басра аз пешвои муътазилон Восил ибни Ато таълим мегирад, ки минбаъд боиси наздик шудани таълимоти зайдихо ва муътазилихо мегардад.

    Зайд ибни Алй хилофати пешвоёни ахди байтро, аз чумла хам? ворисони Алй ва Фотимаро мепазирад ва адади хулафоро бо фар- зандони Хасан ва Хусайн махдуд намекунад. Пазироии халифа аз тарафи халк ва адолат чун шартхои мухими хилофат эълон мешаванд. Рочеъ ба чабхахои мухталифи таълимоти Зайд ибни Алй ду китоб таълиф шудаанд - «Мачмуи хадис» ва «Мачмуи фикх». Хар дуро «Мачмуи кабир» меноманд, ки мутааллик ба калами шогирди Зайд - ал-Восит мебошад.

    Усули фикхии Зайд ва кулли фикхи у ба усули суннатй наздик аст, аз чумла ба Куръону Сушит, усулхои ичтиход - киёс ва истехсон, инчунин далелхои аклонй такя мекунанд. Дар фикхи зайдй ичтиход кушод эълон шудааст . Дар пешбурди асосхои назариявии зайдй ал- Косим ибни Иброхим ар-Расси ал-Хасанй (170 / 787 - 242 / 856) сахми мухим гузоштааст. Усулхои фикхии у ба ханафй наздик буданд. Ба кушиши мавсуф фикхи зайдй дар Яман пахн мешавад. Хокимони давлати Рассихо дар Яман имомопи зайдй буданд. Холо мазхаби фикхии зайдй дар Яман истифода мешавад.

    Исмоилихо яке фиркахои шиъа буда, мисли исноашарихо хамаи имомонро то Чаъфари Содик мепазиранд, вале пас аз у ба хайси имом на Мусой Козим, балки писари дигари Чаъфар - Исмсилро мепазиранд. Ба кавли исмоилихо, пас аз вафоти Исмоил имомат ба писараш Мухаммада Мак1ум (аввалин имоми гсиби исмоилихо), аз он пас ба писараш Чдъфар ал-Мусаддак; аз у ба писараш ^аъфар Мухаммад ал-Хабиб, баъд ба писараш Убайдуллох ал-Махдй, ки


    141





    хукумагашро дар Африкои Шимолй таъсис медихад, мегузард. Пас аз ин хамаи хулафои давлати Фотимихо, ки аз тарафи исмоилихо дар Миср ташкил гашта буд, ба хайси имомон пазируфта мешаванд. Дар охири асри шашуми хичрй давлати Фотимихо суст мегардад. Соли 487 / 1094 пас аз вафоти халифа ал-Мустансир вориси тахт писараш Низар эълон мешавад, вале хокимиятро бародари хурдии у ал-Мустали ба даст мегирад. Низар ба Искандария гурехта, кушиши бе натичаи исёнро ба харч дода, дар махбас халок мешавад. Тараф- дорони Низар эълон мекунанд, ки ворисонаш имомон мебошанд ва Хукумати ал-Мусталиро намепазиранд.

    Дар натича низарихо ё исмоилихои шаркй ва мусталихо аз хам чудо мешаванд. Низарихо давлати хешро бо марказаш дар калъаи Аламут (Эрон) таъсис медиханд. Асосгузори давлат ва таълимоти исмоилихои нав - «даъватул чадид» Хасан ибни Саббох мебошад. Давлати низарихо соли 653 / 1256 аз тарафи истилогари мугул Хула- гухон шикает дода мешавад. Низарихо аз таъкиби мугулхо ба Хиндустан рох мегиранд. Холо пешвои низарихо унвонй Ofoxoh дорад.

    Дар таргиби таълимоти исмоилия - даъват накши мухимро доихо ва ёрдамчиёни онхо - накибхо бозиданд. Байни доихо шурои волои даъваг - доидаъват ташкил мешавад

    Таълимоти исмоилихо дар Ирок ташаккул ёфта, дар Эрону Ху- росон пахн мешавад. Тибки таълимоти исмоилихо, шариат чузъиёти зохир ва ботин дорад, ботин танхо ба имомон шинос аст. Аз ин ру, имоилихоро ботинихо низ меноманд. Хукукй исмоилия ба фикхи мазхаби чафарй наздик аст.

    Холо исмоилихо дар Хиндустон, Покистон, Сурия, Лубнон, Точикистон, Африкои Марказй ва Чднубй, як катор кишвархои дигар зиндагй доранд.

      1. Афкор ва фикхи исломии асрхои XVII - XVIII

    Дар асрхои XVII - XVIII назарияи исломй науфузи бештар дошта, хамзамон фаъолият дар бахши эчоди хукук дар шакли фармонхои султонхои Усмонй ва фатвохои шайхон бахри конеъ гардонида- ни эхтиёчи замона ривоч меёбад. Дар шароити катъи ичтиход ва огози таклид назарияи исломй (ичма) дар хамон шакле, ки мазхабхои исломй пешбарй намуда буданд, истифода мешавад. Аз ин ру, имкони тахлили масоили фалсафй ва умуминазариявии марбут ба афкор ва фикхи исломй (сарчашмахои хукукй исломй, мафхумхои умумии фикхй ва м.и.) махдуд мешавад. Хамзамон бахри конеъ гардонидани талаботи амалияи хукукй мацмуи фатво^о, тафсирхои чудогона, ва- соити мухталиф барои цозщо тахия мешаванд. Дар натича нуктахои умумии фикхи исломй, ки зимни ичма муайян шуда буданд, ба ша-


    142





    роити нави хаёт мутобик карда шуда, мушаххас мегарданд. Фикхи исломй хислати бештар амалиро касб мекунад.

    Асархои сохаи фикх ба карорхои мушаххаси хукукй бахши- да шуда, бештар дар шакли тафсир^о ё ифодаи мухтасари асархои цаблии мазх,а6й (мучтахидони намоён) интишор мешаванд. Тафсирхои Рачаб ибни Ахмад (с. 1653) ва Абусаид Мухаммади Хадимй (с. 1755) ба асари машхури Зайниддин Мухаммади Баркилй (1523 - 1573) бо номи «Рисолаи ал-Мухаммадийя», тафсири Мухаммад Аловаддини Хаскафй (соли ваф. 1678) ба асари Хасан ибни Аммори Шурунбулалй (1585 - 1658) аз чумлаи асархои зикршуда мебошанд. Дар онхо масоили амалй зимни риояи нуктахои назариявии фикхи исломии ханафй тафсир мешаванд.

    Як катор асархои ин давра дар шакли мацмуи х,адисх,о таълиф мешаванд, аз кабили асархои Мухаммад ибни Исмоили Санонй (соли ваф. 1768 ё 1769) ва Мухаммад ибни Алии Шавканй (1758 - 1834).

    Як катор асархои факехони ин давра, ки тафсири назарияи маз- х;аби jfанафй буданд, дар Хилофати Усмонихо шухрат дошта, дар фаъолияти козихои шариатй васеъ истифода мешуданд. Асархои тафсирии Шайхзода (соли ваф. 1667) ва Мухаммад Аловаддини Хаскафй ба асари машхури Иброхими Халабй (соли ваф. 1549) бо номи «Мултака-ал-абхур» аз кабили онхо буданд.

    Асархои факехони ин давра бо к,арорх,ои муфтщо (мацмуи фа- тово), ки оид ба масоили мушаххас ирсол мешуданд, илова гашта, аз як тараф, аз чониби козихо васеъ истифода мешуданд, аз тарафи дигар, шакли мураттабсозии хукукй амалкунандаи исломй буданд. Бар замми ин, хукуматдорони Усмонй ба козихо тавсия медоданд, ки аз мачмуаи муайян истифода баранд. Онхо дар идораи шайхурислом нигох дошта мешуданд. Тибки як катор маълумоти чойдошта, дар ин давра панч мачмуи фатвохо тартиб дода мешаванд, ки хамдиг арро иваз намудаанд.

    Якчоя бо ин мачмуи фатвохо, ки эътибори расмй доштанд. хамчунин мачмуахои хусусй дар худуди минтака ё шахрхои чудогона низ амал мекарданд, аз кабили фатвохои шофимазхаби Мадина Мухаммад ибни Сулаймони Курдй (1715 - 1780). Дар бештари мавридхо мачмуи фатвохо бо калами шахсони расмй (шайхурислом, муфтихои шахрхои чудогона, муфтихои машваратчии назди козихои шариатй) таълиф мешуданд, аз кабили «Футавои Анкарй»-и шай- хулислом Мухаммад Афандии Анкаравй (соли ваф. 1687), мачмуи фатвохои муфтии Димишк Абдурахмони Имодй (1570 - 1641), мачмуи хукамои муфтй Хайриддин Форуки Рамлй (1585 - 1670).

    Бо супориши Айрангзеб тахминан соли 1669 аз чониби уламо зимни истифодаи асархои машхури мазхаби ханафй мачмуи карорхои мушаххас бо номи «Фатвохои хиндй» тахия мешавад. Сохти он, ки


    143





    иборат аз шаш кием буд, мутобики таснифи пешкашнамудаи Алии Маргинонй (соли ваф. 1196) дар асараш «Алхидоя» интихоб мешавад.

    Дар як катор асархои ин давра гарчанде масоили умуминазари- явии марбут ба асосхо ва ахкоми ислом ва шариат тахлил нашуда бошанд хам, вале мафхумхои чудогонаи хукукй рушан мешаванд, аз кабили меъёри хукук, иштирокчии хукук, танзими рафтор ва г. Асари Мухиб Абдушшакур (соли ваф. 1707) бо номи «Муслим-ас-субут» ва тафсири он аз чониби Абдулалй Мухаммади Ансорй (соли ваф. 1810) аз чумлаи онхянд. Мафхумхои хукукй, ки дар ин асархо пешкаш шудаанд, имруз низ истифода мешаванд.

    Дар баробари мафхумхои хукукй хамчунин меъёрхои умумй, аниктараш асосхои (принсипхои) умумии хукукй исломй низ муайян мешаванд, аз чумла дар асархои Абусаид Мухаммади Хадимй. Асархои мавсуф минбаъд, дар рафти мураттабсозии меъёрхои хукукй исломй васеъ истифода мешаванд, аз чумла хангоми тархрезии «Ал- Мачалла» (солхои 1869 - 1876), ки чун кодекси гражданй ва кодек- си мурофиаи гражданин Хилофати Усмонихо истифода мешавад.

    Як катор факехон дар музофотхои дурдасти Хилофати Усмонихо мекушиданд бархилофи таклид нуктахои асосии назарияи исломиро, аз чумла дар масъалаи тавсифи ичтиход ва такдид мавриди тахлили хеш карор диханд.СДунин кушишро аз чумла факехи Яман Мухаммад ибни Алии Шавкат (1758 - 1834) ба харч медихад. У дар тули кариб 40 сол вазифаи козии ш. Санро ба чо оварда, беш аз 100 асар дар сохаи фикхи исломй ва назарияи умумии хукукй исломй эчод намудааст, аз кабили «Иршод ал-фухулила тахкики алхак минал-усул» («Дастур барои донишмандон дар омузиши илми асосхои фикх»), «Ал-кавл ал-муфид фи- адиллат ал-ичтиход ват-таклид» («Баёни мулохизахои муфид дар хусусй боэътимодии ичтиход ва таклид»), «Абад-ат-талаб» («Одоби донишомузй»),

    Ба андешаи мавсуф, хар мусулмон метавонад ба мучтахидон барои рушан намудани масоили дахлдор мурочиат намояд, мучтахидон бошанд, зимни посух ба саволхо на ба акидаи хеш, балки ба Куръон ва Суннат бояд такя намоянд. Дар натича мусулмонон ба василаи мучтахидон бо сарчашмахои аввалиндарачаи фикхй шинос шуда, мучтахидон бошанд, дар навбати худ накши миёнаравро байни Аллох ва мусулмонон ичро мекунанд. Ба акидаи мавсуф, чунин шакли ичтиход, ки истифодаи мустакими Куръон ва Суннатро дар назар дорад, бо таклид наздикй надорад. Хулосаи дигар низ пешкаш мешавад, ки карори мучтахид дар холати такя накарданаш ба Куръон ва Суннат барои дигарон хатмй нест. Дар натича акида пешкаш мешавад, ки ичтиход озод буда, ба хар савол дар Куръон ва Суннат посух пайдо намудан мумкин аст. Дар натича у Куръон ва Суннатро сарчашмахои асосии фикхи исломй шуморида, сарчашмахои ди-


    144



    rap, аз кабили ичма, киёс ва истехсонро рад мекунад. Дар нихояти кор номбурда такдидро, аз чумла истифодаи асархои машхури по- ягузорону пайравони мазхабхои фикхи исломиро (мучтахлдонро) инкор намуда, озодии ичтиходро химоя мекунад. Бар замми ин, ба чои ичма, ки нуктаи назари эътирофгаштаи мучтахидон аст, акидаи мучтахиди алохида бархак эълон мешавад.

    Айни замон факехи дигари Яман Исх;ок, ибни Юсуфи Ямании Санонй (соли ваф. тахминан 1760) аз ичма ва таклид химоя намуда, огози ичтиходро гайриимкон мешуморид. Ба андешаи у, асархои машхури мучтахидон тафсири айнй ва возехи Куръон ва Суннат буда, бояд чун намуна истифода шаванд. Аз ин ва дигар акидахои мавсуф факехони минбаъда ва муосир барои исботи нодурустии андешахои чонибдорони ичтиход истифода мебаранд.

      1. Фалсафаи калом

    Калом одатан чун фалсафаи исломии ацлона арзёбй мешавад. Та- фовути фалсафаи калом (фалсафаи исломй) аз фалсафа дар он аст, ки Вахйи Илохиро хамчун манбаъ мепазирад. Дар фалсафаи калом бурхони акдона дар мутобика бо назари вахйй истифода мешаванд.

    Бо номи «калом» арзёбй гаштани фалсафаи аклонаи исломй аз истилохи «Каломи Худованд» сарчашма мегирад. Мухаккикони ка- ломро мутакиллим меноманд.

    Калом илм рочеъ ба сифатхои Худованд, мохияти паёмбарй, огоз ва интихои хастй тибки мукаррароти Ислом мебошад. Калом ба маънии васеъ ибрози акидахоро оид ба масоили диниву фалсафй дар назар дорад. Хадаф аз тахлили ин масъалахо шарху возехи нуктахои Ислом зимни бурхони аклй, аз байн бурдани шубха дар хусусй хак будани онхо, баёнияи посухи боэътимод ба саволхои мухталифи диниву фалсафй мебошад.

    Калом дар давраи пахншавии ислом ва тазоди давраи охири Хулафои Рошидин пайдо мешавад. Дар холати пахн шудани ислом дар кишвархои дигар ва байни халкхои дорой фархангу тамаддунй дигар зарурат ба шарху химояи нуктахои дини Ислом, истодагарй пеши намояндагони тамаддунхои гайриисломй ба миён меояд. Барои шархи масъалахои дар Китобу Суннат пурра тавзехнашуда истифодаи усулхои нави аклона зарур буд, ки мутобик ба ахкоми мукаддаси Ислом бошанд.

    Калом аз тахлили масоили марбут ба мохият ва суфоти Худованд ба омузиши хастии олам дар робита бо Ислом мегузарад. Калом дар огоз зимни омузиши асархои файласуфони юнонй бо тахлили масъалаи мохияту сифатхои Аллох машгул буд. Дертар масъалахои хастй аз назари офарида шудани олам аз чониби Аллох ва интихои


    145





    он дар Рузи Киёмат баррасй мешаванд, аз чумла таъкид мешавад, ки хастии олам огоз ва интихо дошта, вале хастии Аллох мутлак аст. Пас аз Газолй дар калом масъалаи исботи аклонаи ахкоми динй ба мадди аввал мебарояд.

    Калом дар пахншавии Ислом, исботи хакконияти ахкоми динй ва фикхии Ислом накши мухим мебозад. Бо ин максад, дар Калом усулхои мантик васеъ истифода мешаванд. Хифзи Ислом зимни истифода аз бурхони аклона яке аз вазифахои мухими калом мебошад.

    Калом ба чахонбинии аклона асос мегузорад. Калом аз ибти- до мекушид мусулмононро аз карахтй, акибмонй, таклиди холис аз ахкоми динй берун барорад. Мутакаллимон ба хулоса меоянд, ки шархи Вахйи Илохй бояд мутобики тафаккури инсонй анчом ёбад, ба ибораи дигар, рохи аклонаи дарки мохияти Вахйи Илохй химоя мешавад. Калом дар мураттабсозии масоили диниву фалсафй, равобити байни илмхои гуногуни исломй шакши мухим мебозад.

    Масъалаи хокимият дар Ислом боиси ба миён омадани акоиду гуруххои мухталиф мегардад. Сипас акоиду тавзехоти мухталиф рочеъ ба мохияту сифатхои Худованд, халки Куръон, казову кадар, озодии иродаи инсонй, холати гунахкорон ва г. пайдо мешаванд. Дар робита бо нуктахои назари мухталиф гуруххои хорицщо, цабири^о, к,адарщо ва дигар фаъолият мекунанд.

    Дар раванди тахлили масоили зикршуда мактабхои актона пайдо мешаванд. Яке аз аввалин мактабхои пешрави аклона муътазила буд, ки аз чониби Восил ибни Ато, шогирди факехи намоён Хасан ал-Басрй ва Амр ибни Убайд таъсис мешавад. Тибки як ривоят, муътазила зимни ихтилофи Восил ибни Ато б о акоиди устодаш Хасанни Басрй оид ба гунохи кабира ташаккул ёфтааст. Тибки ривояти дигар, муътазила байни тарафдорони Алй Абутолиб пайдо шуда, сипас зимни муътакиди динй чудо мешавад.

    Муътазилиёи ба ташаккулу инкишофи калом сахми арзанда ме- гузоранд, аз чумла бо максади химояи ахкоми динй аз даъвохои зид- диисломии масехиён, яхудихо, зардуштхо ба эчоди назарияи фалса- фии Ислом пардохтанд ва нуктахои мафкуравии Исломро муайян намуданд. Муътазила чун тамоили намоёни илохй (калом) дар давраи хулафои Уммавиён ташаккул сфта, дар замони Аббосиён инкишоф меёбад. Дар давраи хилофатии Мамун назарияи муътазила назарияи расмии Хилофат мегардад. Дар давраи хилофатии Мутаваккил ин холат ба итмом мерасад. Байни худи муътазилиёи гуруххои мухталиф фаъолият доштанд, аз чумла воситихо, хузайлихо, хишомихо ва диг.

    Ахли Суннати муътакид, ки дар шархи аклонаи ахкоми динй манфиатдор буд, аз акоиди муътазила истифода мебарад. Чунончи, Ал-Ашъарй зимни риояи дакики дини муътакид нуктахои зиёди таълимоти диниро таснифбапдй мекунад, аз назари калом ба масо-


    146



    или зиёди мубохисавй посух медихад. Чунин корро Ал-Мотуридй низ анчом медихад. Ашъарй ва Мотуридй асосхои бунёдии каломи суннатиро эчод мекунанд.

    Ашъарихо пайравони мактаби каломи суннатй мебошанд. Поя- гузори он Абулхасан ал-Аигьарй мебошад, ки аз муътазила дур шуда, асосхои бунёдии каломи суннатиро муайян мекунад. Ашъариро пешвои суннатихо - имоми ахли суннат меноманд. Ашъарй, гарчанде мавриди танкиди мактабхои фалсафй (масалан, Ибни Рушд) карор гирифта бошад хам, вале дар таърихи афкори чахон шухрат дорад.

    Ашъарй дар ш. Басра с. 873-874 таваллуд шуда, с. 935 вафот кардааст. Дар аввали фаъолияташ аз равняй муътазилияи ал-Чубой пайравй намуда, сипас дар сини 40- солагй аз муъгазилия дур мешавад, аз чумла кариб сад асар дар бахши калом ва фикх эчод мекунад.

    Ашъарихо аз акоиди суннатй дакик пайравй мекарданд ва таълимоти хешро зимни риояи Куръон, Суннат, ривоятхои сахобагон ва тобеин эчод намуданд. Ашъарихо хамаи сахобагони Паёмбарро (с) эътироф мекунанд. Замони Хулафои Рошидин давраи бехтарини хилофат пазируфта мешавад.

    Зимни акидаи Ашъарй, Вахйи Илохй ва дарки аклонаи он бо хам мухолифат надоранд. Бурхони аклона дар дарки олам ва Вахйи Илохй эътироф шуда, хамзамон нуфузи волои ахкоми имон ва сипас бурхони аклона эътироф мешаванд. Бурхони аклона ба ахкоми имон тобеъ карда мешаванд. Ашъарй дар масъалаи озодии ирода ва казову кадар байни кадарихо (чонибдорони озодии мутлаки ирода) ва чабарихо (чонибдорони казову кадари мутлак) мавкеи мобайнй дошт. Ба акидаи Ашъарй, амали инсон, ки пешбинй ва анчом меёбад, бо иродаи Худованд робита (касб) дошта, онро Худованд мукаррар мекунад ва инсон ба касб таъсир намекунад. Дар ин масъала байни ашъарихо ва мотуридихо хилофи назар пайдо мешавад.

    Ал-Бакиллонй аз чумлаи ашъарихо буд, ки ба тахлили назарияи имомат пардохтааст. У дар ш. Басра ба дунё омада, кисми бештари хаёташро дар ш. Багдод мегузаронад ва с. 1013 вафот мекунад. У муддати муайян вазифаи козигиро низ адо намудааст. Мавсуф намоян- даи мазхаби моликй буда, мукобили шиахо, хоричихо, муътазилихо асари хешро бо номи «Ат-тащид фиррад-дилму:1Х,ида ал-муъаттала вар-рафида вал-хавариц вал-муътазила» руи калам меорад. Ин асар дар давраи хуручи шиахо, хоричихо ва муътазилихо, аз чумла таъсиси давлати шиавии фотимихо дар Миср с. 910, кушиши таъсиси давлати мустакили хоричихо дар Африкои Шимолй эчод мешавад.

    Ба назари Бакиллонй, имомат такя ба акл дошта, вазифауои за- йлро ба ухда дорад: химояи уммати мусулмонон аз душманон, аз зул- му асорат; таксими даромадхои чангй байни мусулмонон; таъмини амнияти сафари хач; татбики чазо мутобики конун. Таъкид мешавад,


    147





    ки дар холати ичро нашудани ин вазифахо, уммат хак дорад ичрои бемайлони онхоро аз имом талаб намояд. Назарияи шиавй дар ху- суси таъини имом зери танкид гирифта шуда, ду рохи ба сари ман- саб омадани имом пешкаш мешаванд: 1) тибки васияти имоми каблй (ахд) ва 2) зимни интихобот (ихтиёр). Хангоми интихоби имом ном- зади аз хама арзанда муайян мешавад. Бакиллонй акидаи шиавиро дар хусусй имкони хокимиятдории якчанд имомон зери танкид мегирад ва аз як имом чонибдорй мекунад. Хамзамон назари хоричихо низ мавриди танкид карор гирифта, интихоби халйфа аз чумлаи аво- ди Курайш пуштибонй мешавад. Вале имкони вожгун гаштани халифа эътироф намешавад.

    Мотуридихо намояндагони мактаби каломи суннатй буданд. По- ягузори ин мактаб Абумансури Мотуридй (соли ваф. 333 / 994) буд. У назарияи хешро дар чавоб ба фалсафаи муътазила эчод мекунад. Акоиди макгаби мотуридихо хамчун асосхои назариявии имон дар мазхаби фикхии ханафй истифода мешаванд.

    Ба акидаи Мотуридй. бурхони актона бояд мутобик ба Куръону Суннат бошад ва дар холи мухолифати онхо Китобу Суннат бояд истифода шаванд. Ин акида ба сохаи тафсири оятхои Куръон низ пахн карда мешавад, яъне оятхои Куръон, ки зимни акл тавзехашон но- мумкин аст (оятхои муташобех), бояд дар робита бо оятхои мухкам тавзех гарданд.

    Мотуридихо мафхуми ашъарии касбро (мутобик намудани амали инсонро бо иродаи Худованд) эътироф намуда, хамзамон муътакид ба ин буданд, ки интихоби амал зимни иродаи Худованд анчом меёбад, вале инсон тибки амалхои анчомдодааш ё сазовори рахмати Худованд мегардад, ва ё гунох содир мекунад. Мотуридихо сифатхои Худовандро ба зотй ва суботй чудо мекунанд. Дар масъалаи гунох мотуридихо чунин акида доранд, ки амалхои инсонй чузъи имон нестанд ва муъмики гунахкор абадан дар чаханнам намемонад.

    Дар инкишофи калом чор давраро чудо мекунанд:

    1. Мутакаддимин - давраи мутакаллимони кухан аз Ашъарй то Чувайнй (соли ваф. 478 / 1085), ки устоди Еазолй буд.

    2. Мутаххирин - даврае. ки аз Еазолй огоз гашта то асрхои VIII / XIV илома мекунад ва чун давраи болоравии калом эътироф мешавад.

    3. Давраи пастшавии нуфузи калом (асрхои VIII / XIV - XIV / XX), ки асосан бо тафсири асархои мугакаллимон маълум аст.

    4. Каломи муосир, ки бино ба масъалахои нави хаёти муосир инкишоф меёбад.


    148





      1. Масоили сиёсиву хукукй дар фалсафаи Форобй, Сино, Ибни Рушд

    Худуди Шарки Наздик ва Чднуби бахри Миёназамин гахвораи афкори илмй ва фалсафй буданд. Дар ин минтака то пахншавии Ислом акоиди Арасту, Афлотун, Пифагор, афлотуниёни нав пахн шуда буданд. Дар давраи хукмронии Византия бештари мактабхои фалсафй, ки таълимоташон зидди масехияти муътакид буданд, ба сарзами- ни Эрон мухочир шуда, академияхоро зимни эътикод ба анъанахои юнонй таъсис мекунанд. Тавассути ин академияхову мактабхо мероси фалсафй пахн мешавад ва аз он фалсафаи динии калом ва мактабхои дигари тамоили дунявй истифода мекунанд. Калом ва илмхои дигари динй улуми накдй ва илмхои дигар улуми акдй номида мешуданд. Улуми накдй ба Куръону Суннат такя менамуд. Улуми акдй бурхони аклонаро ба асос мегирифт.

    Дар шахрхои хилофати Ислом асархои мутафаккирини юнонй ба арабй тарчума мешуданд. Дар хилофатии Мамун (198/814-218 / 834) дар Багдод «Хонаи хирад» (Байтул хикмат) таъсис меёбад ва дар он файласуфон, тарчумонхо, тавзехгарон фаъолият доштанд. Мактабхо, донишгоххо, махфилхои олимон таъсис мешуданд.

    Инкишофу пешрафти илм мукобили дини Ислом набуда, баръакс, Ислом хамачониба пешрафти илмиро дастгирй менамуд. Хамин боис гардид, ки илму фарханг дар чахонй Ислом ру ба пешрафт меорад. Олимони чахонй Ислом аз афкору илми атика на танхо истифода намуданд, балки онро ганй гардониданд. Китобхои олимони чахонй Ислом дертар ба забонхои зиёди аврупой тарчума гашта, ба инкишофи афкор ва илми Аврупо замина мегузоранд. Аврупо ва чахон бо кашфиётхои нодири олимони чахонй Илом шинос мешаванд, аз ин кашфиётхо истифода мекунанд.

    Махз дар чахонй Ислом ал-Хоразмй (дар Аврупо - Алгориз- мус), Ибни Хайсам (Алгазен) ва ан-Найризй дар риёзй ва физика, ал-Баттонй дар нучум, Ибни Сино, Абубакри Розй, Халии Аббос дар тиб кашфиётхову дастовардхои оламшумул эчод мекунанд. Хамчунин дар сохахои биология, кимиё, маъданшиносй ва дигар асархои бунёдй эчод мешаванд.

    Дар инкишофи илми фалсафа Абуюсуф Яъкуб ибии Исхок ал- Киндй (800 - 879) сахми арзанда ва бунёдй мегузорад. У фалсафа- ро бо илмхои табиатшиносй мепайвандад. Мавсуф зимни истифода аз акоиди Арасту ва Плотин дар хусусй олам, вучуди Худованд мулохиза мекунад, аз чумла Худоро сабаби хамаи хастй мепазирад.


    149


    1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   58


    написать администратору сайта