Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница14 из 58
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   58

ИЗ





хосил шудааст. Пекин барои мухолифат агар шароити конеъкунанда мавчуд нагардад, истеъдод вучуд дорад.

Дарачаи дуввуми ичтиход аз ахкоми шогирдони имомони фикх иборат аст. Мучтахидони дарачаи дуввум дар раванди ба низом даро- вардани фикх хак надоштанд ба ахкоми фикх дахолат кунанд. Онхо ихтнлофхоро оид ба фахмиши ин ё он масъала зимни риояи ахкоми фикх хат мекарданд. Танхо шакли конун, яъне «фуруъ» мавриди да- холати ин мучтахидон карор гирифта метавонист.

Шогирдони Абуханифа - Имом Абуюсуф. Имом Мухаммад, Имом Зуфар аз чумлаи чунин мучтахидон буданд ва дар сохаи фикх асархои намоён эчод намуданд. Ахкоми онхо зимни тафсири конун ба ахкоми Абуханифа баробар буд.

Ибни Обиддин Абуюсуф, Мухаммад, Зуфарро тобеи мазхаби ханафй шуморида, онхоро ба табакаи дуввум - табакаи мучтахиддини дар мазхаб махсуб донистааст, на ба табакаи мучтахиддини мустакил. Ба гуфтаи у, табакаи мучтахиди дар мазхаб кодир ба истихрочи ахком аз далелхои мазкур, мутобики кавоиде, ки устодашон вазъ кардааст, мебошанд. Табакаи мазкур дар баъзе ахкоми фуруъ ба Абуханифа мухолифат кардаанд, вале дар кавоиди усул онхо мукаллиди Абуханифа буданд.

Абузахра ба гуфтахои Ибни Обиддин эроди назар намуда, чунин мешуморад, ки асхоби Абуханифа дар тафаккури фикхиашон комилан мустакил буданд, мукаллиди шайху устодашон набуданд, тарикаи ичтиходи устодашонро гирифта, дар баъзе масоил бо у мувофикат ва дар баъзе мухолифат карданд.

Дарачаи сеюми ичтиходро факехоне ташкил медоданд, ки аз фикхи исломй пурра бархурдор буда, хак доштанд зимни риояи тагйирнопазирии ахкоми фикх ва истифода аз ахкоми мучтахидони дарачахои якуму дуввум акоиди хешро оид ба масоили хукукй мустакилона баён намоянд. Абукосими Балхй, Абуллайси Самаркандй, Имом Козихон ва дигарон аз чумлаи ин мучтахидон буданд. Ахкоми мучтахидони ин гурухро хангоми халли масъалахои чузъии дорой ахамияти хусусй - «ал-ичтиход-ал-чузъ» ба инобат ме- гирифганд.

Пайравони мучтахидон, ки аз анъанахои далеловарии мучтахидон хуб бархурдор буда, вале фатвои мустакил ирсол намекунанд. мукал- лидон ном доранд. Пайравиро аз фатвохои мучтахидон ё муфтихои ягон мазхаб дар масъалахои динии амалй таклид меноманд.

Амалияи таклид такрибан миёнахои асри дуввуми хичрй пайдо шудааст. Мукобилони таклид чунин мешумориданд, ки мусулмонон бояд аз бурхони котеъ истифода намуда, нофахмида аз фу- тавои муфтихо пайравй накунанд. Чонибдорони таклид бошанд, чунин мешумсранд, ки кисми бештари ахолй зимни оятхои Куръон,





хадисхо, ичма ва киёс хулосахои дуруст бароварда наметавонад, аз ин ру танхо донишмандон имкони халлу баррасии масоили марбут ба фатворо касб мекунанд. Дар хамаи мазхабхои (мактабхои) суннй таклид боэътимод ва хатто вочиб (хатмй) эътироф мешавад. Як катор уламо мавкеи мобайнй доштанд, аз чумла эътимод ба он доштанд, ки мучтахидон зимни Китобу Суннат фатво судур мекунанд, дигарон бошанд, фатвохоро ва мувофикати онхоро ба Китобу Суннат меомузанд ва метавонанд дар холати сахви мучтахидон аз суханони онхо пайравй накунанд.

Такдид (муцаллид) низ се дарача дорад. Мукаллидони дарачаи аввал ахкоми шариатро омухта, онро дар амалияи фикхй татбик намуда, аз имомони худ пайравй мекунанд. Мукаллидони дарачаи аввал ба хос ва ом чудо мешаванд. Мукаллидони хос зимни бархурдорй аз асархои мучтахидон ба мукаллидони ом таълим дода, дар до- ираи акидахову асархои мучтахидон дойр ба масоили алохидаи илми фикх асар навишта, конунро тафсир медиханд. Кисми ди- гарашон зимни осори фикхй барои козй дастурамал тартиб дода, акидахои мувофикро барои халли ин ё он масъала муайян менамуданд. Гарчанде мукаллид ба мисли мучтахид хак надошт масъала- ро мустакилона хал намояд, вале асархои дастурии мукаллидон барои козихо ахамияти амалй доштанд.

Мукаллидон, ки шахсони бонуфуз буданд, муайян мекарданд, ки кадом акида дар халли масъалаи фикхй дурустару одилонатар мебошад. Муаллифи матни «Хддоя» Абулхасан ал-Кудурй (сол. ваф. 1047), Абулфазл ал-Бухорй (соли ваф. 1106), муаллифи «Акида» (да- стур рочеъ ба илохиёт) Имом Умар ибни Ахмад ан-Насафй (соли ваф. 1142), муаллифи «Хддоя» Шайхулислом Бурхониддин Алй ибни Абубакр ал-Фаргонй (соли ваф. 1197) аз чумлаи мукаллидони бонуфуз буданд.

Мукаллидони гурухи сеюм далелхои кавитарро чудо мекарданд, бо максади баёни мазмуни мухтасари осори мукаллидони гурухи якум асари талфифй иншо менамуданд. Муаллифи «Викоят» Бурхон уш-Шариат Махмуд ибни Садр-уш-Шариат, муаллифи «Мухтасар- ул-викоя» Садр уш-Шариат (соли ваф. 1249) ва дигарон аз чумлаи ин мукаллидон мебошанд.

    1. Киёс

Киёс - ахкоми динист, ки аз чониби факех зимни киёс бо ахокими шабехи Куръону Суннат истихроч мегардад. Киёс дар мактабхои фикхи исломй чун усули халли масъалахое пазируфта мешавад, ки ба онхо дар Китобу Суннат ишора нашудааст.


115





Киёс дар мактабхои фикх.и ахли Суннат хамчун сарчашмаи ча- хоруми ичтиход, пас аз Куръон, суннат ва ичма, кабул шудааст. Гу- заронидани киёс дар мавридх.ое равост, ки холатхои мушаххас дар Куръону Суннат баррасй нашудаанд ва факехони муътабар оид ба масъалаи баррасишаванда акидаи умум надоранд. Дойр ба кобили кабул (хуччат) будани аххоме, ки зимни киёс истихроч гаштаанд, байни факехон мубодилаи назар ба чашм мерасад. Абуханифа, Шофей ва Молик ибни Анас онхоро пурра чун далел мепазируфтанд. Ахмад ибни Хднбал ба киёс шак дошта. ахкоми зимни киёс истихрочгаштаро дар холатхои истисной эътироф мекард.

Ичмаи сахобагони Паёмбар (с) кнёсро хамчун далели динй эътироф мекунад. Чунончи, хангоми эътирофи хилофатии Абубакри Сиддик яке аз далелхо он буд, ки Паёмбари акрам (с) хангоми бе- мориашон Абубакрро барои ба чо овардани имоматй дар намоз та- ъин мекунанд, яъне модоме ки Паёмбари ислом (с) Абубакрро ба ичрои кори Худованд пешбрй намудаанд, пас табиист, ки дар корхои дунявй низ Абубакр бояд халифа бошад.

Хамзамон шиъахо ва захирихо киёсро рад мекунанд.

Мисолхои истифодаи киёс дар тачрнбаи давлатдории исломй зиёданд. Чунончи, киёс дар хадисхои Паёмбари ислом (с) истифода шудааст. Тибки хадиси паёмбар (с), козй хангоми газаб набояд хукм содир намояд. Зимни ин хадис дар конунгузории империяи Усмонй чунин меъёр ворид мегардад, ки хангоми афсурдахолй, гам ва холатхои дигари монеъшаванда ба кабули карорхои айнй козй бояд аз ин фаъолнят бозистад. Дар мисоли зикршуда киёс байни холати газаб, ки дар хадис пешбинй мешавад, ва холатхои дигар, ки боиси ирсоли карорхои беадолат мешаванд. гузаронида мешавад.

    1. Шариат ва манобеи он

Тавре зикр гардид, Шариаг маъалахои зиёди диниву дунявиро халлу фасл мекунад, аз чумла дар бахши ахлок, одоб, иду маросимхо. танзими хаёти хочагй, андозу молия, истифодаи замин ва диг. Истилохи «шариат» ба маънохои гуногун истифода мешавад, аз кдбили Конуни Худой, ки ба оятхои Куръон ва Суннат такя мекунад; мачмааи амру супоришоти Худой; мукаррароти динии марбут ба хаёти мусулмонон; дини Ислом. Хукукй исломй (фикх) чузъи шариат мебошад.

Мукаррароти Шариатро ба се гурух чудо мекунанд: 1) Ибо- дат - мукаррароти Ислом дар бахши имондорй ба Худой якто, намоз, руза, захот, хач ва диг., 2) Муомала - мукаррароти Ислом дар сохаи муносибатхои иктисодй, ичтимой, савдо, фархангии байни


1X6





одамон, марбут ба идора, ахлок, бехдошт, оила, хукук,; 3) У куба - мукаррароти Ислом, ки чазохоро пешбинй мекунанд.

Ибодат ба маънии махдуд имону такводориро, аз чумла дар бахшхои намоз, руза, закот, хач ва диг. дар назар дорад. Ба маънии васеъ ибодат хаёту зиндагии мусулмононро зимни Шариат ме- пазирояд. Ибодат тарики тан (намозу руза), амвол (закот) ва тану амвол (хач) сурат мегирад.

Муомала бештар сохаи хукукро фаро мегирад, аз чумла дар бахши танзими никох, талок, таъмини оила, мерос (муносибатхои оилавй), савдо, муомилаи савдо, гарав, ичора, фаъолияти муштарак (муносибатхои савдо), мубориза алайхи чиноят, хукукй чиной (хифзи инсон), мурофиаи казой, халли бахсхо, ичрои хукмхо (муносибатхои хукукии мурофиавй), адолати ичтимой, кумаки ичтимой, хифзи ичтимой (робитаи байни хокимон ва халк), равобити давлатхои исломй байни худ ва бо кишвархои гайримусулмон, халли масоили иктисодй, сиёсй, харбй (муносибатхои байнидавлатй), таъмини ахолии камбизоат, химояи амвол ва диг'. (муносибатхои иктисодй ва молиявй).

Уцуба тибки фикхи исломй чазохоро барои халалдор намудани Шариати исломй пешбинй мекунад. Онхо ба се гурух чудо мешаванд: 1) «хадц», ки барои чиноятхои мукобили асосхои ахлокии чомеа пешбинй мешавад, ба мисли «хадд аз-зино» (барои зинокорй), «хадд ал-казф» (аракнушй ва диг.), «хадд ас-сиркат» (азхуд намудани амволй бегона); 2) касос, дийя, каффора, махрум сохтан аз мерос - барои чиноятхои мукобили хаёт ва саломатии одамон; 3) «та- зир» - барои кирдорхое, ки ба одамон зарар мерасонанд, хаёи одамонро халалдор месозанд, аз кабили халалдор намудани тартиботи чамъиятй, каллобй, фиребгарй ва диг.

Замони хаёту фаъолияти Паймбар Мухаммад (с) дар ислом их- тилофот чой надошт. Хамаи масъалахои мубохисавиро Паёмбар (с) халлу фасл менамуданд. Вале пас аз вафоти халифа Усмонй зинну- райн гурухои мухолифи диниву сиёсй пайдо мешаванд. Дар давраи халифагии Алии муртазо чонибдорони у (шиъа^о) ва мукобилонаш

  • хаворич руи сахна меооянд. Гурухи сеюм бо номи насибих,о касди куштори Усмон ва хакки Муовияро ба хилофат талаб менамуд. Беш- тари мусулмонон рохи миёнаро бидуни ин мунокишахо интихоб намуда, сщли Суннатро ташкил медиханд. Пас аз марги Алй цабарих,о (чонибдорони толеъи мутлаки Худой) ва к,адарих,о (тарафдорони озодии мутлаки иродаи инсонй) аз хам чудо мешаванд. Назарияи сав- вумро мурциён пешкаш мекунанд, ки тибки он гунох бо имон робита надошта, ба дин безарар аст. Хамзамон шиъахо ва хоричихо низ назарияхои хешро инкишоф медоданд.


117





Аз асрхои аввали ташаккули ислом фиркагарой дар масъалахои асосии назариявии дини Ислом (акоид) мамнуъ буд, зеро уламои дин хатари пайдоиши фиркахои мухталифро дар имкони пайдоиши бидъат ва халалдор гаштани ягонагии уммати мусулмонон эхсос мекарданд. Аз ин хотир, зери шубха гирифтани маънии аники Вахйи Илохй (пасс) асоси берун аз ислом карор доштани ин ё он фирка мегардад. Ба ин нигох накарда фиркахо арзи вучуд мекунанд.

Дар масъалахои хукукй (фикх) андешахо, усулхо ва хулосахои мухталиф, вале боэътимод раво дониста мешаванд. Зимни хадиси Паёмбар Мухаммад (с) ичтиход раво дониста мешавад. Аммо ичтиход дар масъалахое, ки оид ба онхо дар Куръон ва Суннат мукаррароти аник (насс) чой дорад, мамнуъ дониста мешавад. Дар натича ду мактаби хукукй ташаккул меёбанд: яке дар Ирок бо номи Асхоби раъй ва дигаре дар Мадина бо номи Асхоби хадис.

Асхоби раъй оид ба масъалахои дар Куръон ва Суннат халнашуда фикри хешро байн менамуданд. Раъй мутобики Ислом, зимни усули аклона (к,иёс) муайян мешуд. Дар огози Ислом масъалахо зимни Вахйи Илохй хал мешуданд. Масъалахои чудогонаро Паёмбар Мухаммад (с) зимни ичтиход бо истифода аз раъй хал менамуданд. Пас аз вафоти Паёмбари ислом (с) бештари факехон, асосан дар Ирок аз усули раъй истифода бурда, ба мактаби Асхоби раъй (мактаби ичтиход) асос мегузоранд. Умари Хаттоб, Алй ибни Абутолиб, Абдуллох ибни Масъуд аз чумлаи асосгузорони мактаби зикршуда эътироф мешаванд.

Аслан хамаи мучтахидон Асхоби раъй мебошанд. Вале номи Асхоби раъй бештар ба мактаби ирокй мансуб дониста мешавад. Мактабхои Хичоз ва Ирок аз усулхои хамдигар истифода мебурданд. масалан, Ахмад ибни Ханбал аз усулхои мактаби Хичоз, Молик ибни Анас аз усулхои мактаби ирокй истифода намудаанд. Шофей мавкеи миёнаро ишгол намуда буд. Аз мактаби ирокии Асхобул раъй мактаби фикхии Абуханифа низ сарчашма мегирад, аз чумла аз циёс ва истехсон васеъ истифода мекунад.

Хамзамон мазхабхое, ки аз усули раъй истифода намудаанд, дар масъалаи таърифи он аз хамдигар фарк мекунанд. Чунончи, шофеихо ба сифати раъй танхо к;иёсро мепазироянд, х
анаФщ° ба он истехсонро низ илова мекунанд, моликщо ва х^нбалихо бошанд, масолихи мурсалро зам мекунанд.

Асхоби хадис истихрочи ахоккмро танхо дар заминаи насс (маь- нии рушани) Куръон ва Суннат анчом дода, истифодаи усулхои ило- вагиро зимни хукми мучтахидон рад менамуданд. Маркази ин мак- таб Мадина буда, худи мактаб хичозй ном дорад. Дертар намоянда- гони мактаби Хицоз зери таъсири мактаби ирокй карор гирифта, аз к,иёс ва истехсон истифода мебаранд.


118





Асхоби раъй ва Асхоби хадис аз усулхои мухталиф хангоми баррасии масоили назариявй ва хукукй истифода менамуданд. Дар нагича мактабхои гуногуни фикхи исломй ташаккул меёбанд.

Хамаи мазхабхои исломро ба се гурух чудо мекунанд.

  1. Мазхабхои сиёсй: насибщо, шиъауо ва хорицщо.

  2. Мазхабхои назариявй, ки ба сунниву шиъавй чудо мешаванд. Мактабхои мотуридщо, ашарщо аз чумлаи мактабхои назариявии суннй мебошанд. Ба мактабхои назариявии шиъавй дохил мешаванд: исноашарщо ва зайдщо. Хамзамон мактабхои мутазилщо, хавориц, к;адарщо, цабари^о арзи вучуд доштанд. Ба андешаи мухаккикон, мактабхои назарих,о, друзх,о, бобидщо, бахощо, цадиони^о аз ислом баромадаанд.

  3. Мактабхои хукукй: х,анафй, моликй, шофей, %анбалй, цафари, зайдих,о, захарщо. Чахор мактаби аввала - ханафй, моликй, шофей, ханбалй - мактабхои ахли Суннат мебошанд.

Чахор мазхаби (мактаби) ахли Суннат дар карнхои VII - IX таъ- сис мешаванд. Онхоро мазх,аб-ас-сунна, пайравони онхоро - ах,ли суннат ва цамоат (ах,л ас-сунна валцамаъа) меноманд.
    1. 1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   58


написать администратору сайта