Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43229
страница11 из 58
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   58

БОБИ 4. АФКОРИ СИЁСИ ВА хукукии РИМИ кадим


  1. Сисерон

Марк Туллий Сисерон (106-43 то с.м.) - мутафаккир ва ходи- ми давлатии Рим, муаллифи асархои «Дар бораи давлат», «Дар бо- раи конунхо», «Дар бораи ухдадорихо» мебошад.

Ба андешаи Сисерон, эхтиёчоти табиии х;аёти якцояи одамон сабаби пайдоиши давлат мебошад. Хамчунин накши оила ва моликият (хифзи моликият) дар пайдоиши давлат эътироф мешавад. Тибки назарияи мутафаккир, давлат ва хукук на зимни кушиши худсаронаи одамон, балки дар робита бо талаби табий, аз он чумла дар робита бо табиати инсонй пайдо шуда, мазмуни илохй дорад, ба идроки умум ва адолати умумй такя мекунад.

Давлат (respublika) чун кор, дороии халк (res populi) таъриф мегардад. Ба андешаи мутафаккир, халк на хар гуна мачмуи одамон, балки иттиходест, ки такя «бар поя хукук ва манфиати умум» дорад. Давлат чун иттиходи хук,ук,й, «тартиботи у,УКУ><,ии хамагонй» арзёбй мегардад.

Шаклхои давлат дар робита бо шумораи хокимон чудо карда мешаванд. Дар ин замина хокимияти шохй, хокимияти аристократхо (отпиматхо) ва хокимияти халк; (демократия) тасниф мешаванд. Онхо шаклхои оддии давлат номида шуда, иборат аз пахлухои мус- бию манфй дониста мешаванд. Хайрхохй дар хокимияти шохй, хирадмандй дар аристократия ва озодй дар демократия ба сифа- ти пахлухои мусбии ин давлатхо эътироф мешаванд. Хамзамон хокимияти шохй афзалтар шуморида шуда, демократия ба чои охир гузошта мешавад.

Ба назари Сисерон, пахлухои мусбии давлатхои мухталиф чудо аз хам чой доранд ва ин боиси ивазшавии шаклхои давлат дар раф- ти муборизаи гуруххои ахолй барои хокимият мегардад. Чунончи, дар шохигарй бештари одамон дар кабули карору конунхо ширкат надоранд, дар аристократия халк махрум аз озодй ва хокимият аст, дар шароити демократия бошад, «баробарй худ беадолатист, зеро вазъи мухталифи чамъиятй чудо карда намешаванд». Дар натичаи чунин нуксонхо шохигарй бо истибдод, аристократия бо хокимияти


83



сарватмандон, демократия бо «бемулохизагй ва худсарии издихом» иваз мешаванд.

Чунин шаклхои бадалгаштаи давлат, аз кабили хокимияти золимон, сарватмандон ва бехирадонро Сисерон шаклхои зшити далатдорй меномад, чунки вокеан «кору дороии халк» нестанд, ман- фиат ва хукукй умумро сарфи назар мекунанд.

Бахри пешгирии чунин холат акидаи шакли омехтаи давлат пешкаш мешавад. Давлати омехта зимни муттахид намудани пахлухои мусбии шохигарй, аристократия ва демократия ташкил мешавад. Чунин давлат дар мисоли сохги давлати Рим шарх дода мешавад, аз чумла хокимияти магистрхо (пеш аз хама консулхо) ба хокимияти шохй, хокимияти сенат ба хокимияти оптиматхо ва хокимияти мачлисхои халкй ва трибунхо ба хокимияти халк шабохат дода мешаванд.

Сисероя зимни пуштибонй аз устуворй, пойдорй ва тартиботи хукукй дар давлат як катор андешахояшро бахри пешгирии ивазшавии шаклхои давлат иброз мекунад, аз чумла дар бахши сифатхои нет Хокими хирадманд. Чунончи, хирадмандй, адолатварзй, пархезгорй, саханварзй, бархурдорй аз илму амалияи давлатшиносй ва хукук аз чумлаи сифатхои зарури хокими некхох эътироф мешаванд. Махсус таъкид мешавад. ки «бидуни бархурдорй аз асосхои хукук хеч кас боадолат буда наметавонад». Аз ин ру, ахамияти нигохдошт ва химояи конунхо кайд мехпавад. Хамзамон зимни пуштибонй аз пойдории давлат таъкид мешавад, ки хангоми зери хагар мондани бехбудии давлат хокими хирадманд бо ризоияти халк метавонад чун «шахеи мустабид дар давлат тартиботро чорй намояд».

Неккирдорй, дарки хакикат, адолат, ахлоки шоиста, худдорй аз зиёноварй, эхтироми хакки моликияти дигарон, кумак ба пойдории адолат, мехнати софдилона ба нафъи чомеа, химояи ватан аз чумлаи сифатхо ва вазифа.уои шахрвандй намуна эълон мешаванд. Сисерон озодии шахрвапдро аз манфиатхои «шахсони хусусй» боло мегузорад, аз фаъолнокии сиёсии шахрвандон пуштибонй мекунад.

Хамзамон гуломй дар давлат химоя мешавад, аз чумла таъкид мегардад, ки «гуломй аз руи адолат аст, зеро чунин вазъ барои ин тоифа одамон муфид аст, агар тибки хирад сурат гирад». Хислати табиии гуломй химоя мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки табиат ба одамони бехтарин имкони сарвариро аз болои гуломон мухайё намудааст. Бахри химояи гуломй муносибати сохиб ва гулом ба таносуби байни унсурхои хуб ва бадй фитрати инсонй шабохат дода мешавад. Унсурхои хуби фитрати инсониро ак/iy хирад ифода мекунанд. Вахшату газаб зухуроти унсурхои бадй фитрати инсонй мебошанд. Хамин тарик, сохибон тибки аклу хирад гуломашонро идора мекунанд.


84



Адолат ба маънои адолати табий ва адолати инсонй манбаи хукук эълон мешавад. Кайхон, олами моддй ва маънавй, шаклхои хастии инсонй чун адолат тавсиф мешаванд. Ин адолати умум сарчашмаи хукук эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки хукук вокеан мутобик ба табиат мебошад. Чунин хукук чун хуцуци фитрй тавсиф мегардад. Хамзамон хислати илощву маънавии (ащяонаи) адолат чун манбаи хукук кайд мешавад.

Ба гуфти Сисерон, щонуни бардак, аслан мукаррароти аклона мебошад, ки мутобик ба табиат буда, ба хамаи одамон пахн мешавад, хислати абадй дорад, бахри ичрои вазифа фармоиш медихад, аз чиноят манъ мекунад». Ба андешаи Сисерон, манъ ё бекор кар- дани чунин конуни бархак имконнопазир аст.

Сисерон муътакид аст, ки цонуни бархак, «барои хамаи одамон дар хама давру замон пахн мешавад» ва муаллифи он худо мебошад. Шахсе ки худро аз амали ин конун канор мегирад, мавриди хашми худо карор мегирад.

Худдорй аз зиёноварй ва эхтироми моликияти бегона маънии адо- латро ташкил медиханд. Ду талаби адолат пешкаш мешаванд: як ум, худдорй аз зиёноварй ба дигарон ва дуввум, истифодаи моликияти умумй чун умумй ва моликияти хусусй чун хусусй.

Хамин тарик, конуни бархак ва воло дар назарияи Сисерон вокеан хук,ук,и фитрй мебошад, ки «пеш аз конуни навишта ва умуман давлат пайдо шудааст». «Агар, - менависад мутафаккир, - хукукхо тибки амри халкхо, карори сарварон, хукмхои суда мукаррар мешуданд, пас хукукй горат кардан, хукукй зинокорй, хукукй пешкаши васиятномахои бардуруг арзи вучуд менамуданд, ба шарте ки онхо зимни овозхо ё карори издихом чонибдорй мешуданд».

Давлат чун тартиботи хукукии хамагонй бо конунхояш ифодагари он чизест, ки тибки табиат адолат ва хукук мебошад. Аз ин лихоз, зарурати мувофикати сохтори давлат, конунхо, одатхо ба адолат ва хукук таъкид мешавад.

Ба акидаи Сисерон, цонуни давлат набояд тартиботи зимни табиат мукарраршударо халадор намояд ва махз мувофикати конунхо ба талаботи табиат махаки адолатнокии онхост. Конунхои 30 зо- лими римй (с. 404 - 403 то с.м.) аз чумлаи конунхои беадолат эълон мешаванд. Чунин конунхои беадолат «карорхои кабулнамудаи горатгарон» эълон мешаванд.

Хамин тарик, зарурати мувофикати конунхои давлат ба табиат, яъне адолат ва хукукй фитрй пазируфта мешавад. Хамчунин мувофикати конунхо ба сохти давлатдорй, анъанахо, одатхои аждодй таъкид мешавад.

Риоя гаштани к,онун на танхо аз мувофикаташ ба табиат, сохти давлат, анъанаву одатхо, балки аз иродаи илох;й низ вобаста карда


85



мешавад. Хислати илохии конунро, ба андешаи Сисерон, муцаддимаи (дебочаи) конун ифода мекунад. Дар мукаддимаи конун нуфузи илохии конун, сазохои худой барои поймол гаштани конун, хамчунин ахамияти риояи конун дарч мешаванд.

Сисерон чунин мешуморад, ки конунхои давлати Рим барои халкхои дигар низ мухиманд. Аз ин хотир, у чун ходими давлатй лоихахои конунхоро дар сохаи дин ва магистратхо барои хама тахия мекунад. Дар ин замина акидаи зайл пешкаш мешавад: «Конун мутааллик ба хама аст».

Сисерон хУКУКи фитрй, хукуки инсонй ва ХУКУКи халкхоро чудо мекунад. Хукукй халкхо кисман хУКУКи сунъии халкхо ва кисман ХУКУК11 фитрии байнидавлатй мебошад. У зарурати риояи ухдадорихои аз созишномахои байнидавлатй ба миён омадаро таъкид мекунад, чангхои боадолат ва беадолатро чудо мекунад, зарурати муносибати инсониро ба асирони чанг й талкин мекунад. Чднгхое, Ки дар натичаи анчом наёфтани гуфтушунидхо cap зада, бахри химояи давлат ва таъмини сулх бурда мешаванд, чангхои боадолат ва чангхо бидуни эълони пешакй - беадолат номида мешаванд. Хамзамон у аз амалиётхои харбии Рим дар кишвархои дигар пуштибонй мекунад.

  1. Стоячиёни римй

Стоячиёни римй, аз кабили Сенека, Эпиктет, Марк Аврелий Антонин пайравони стоячиёни юнонй буданд. Сенатори Рим Лутсий Аней Сенека (с. 3 - 65) андешаи озодии маънавии одамонро бидуни вазъи чамъиятии онхо таргиб мекунад, танхо тани гуломро объекта гуломй мепиндорад, на рух ва идроки гуломро. Гулом ба хайси инсон эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки гулом ба мисли дига- рон сифатхои рухй дорад ва аз ин ру, тани гулом мавриди хариду фуруш карор мегирад, вале на рухи озодаш. Дар ин замина зарурати эхтироми кадри гулом, муносибати эхтиромона ба гуломон, баробарии маънавии хамаи одамон, аз он чумла гуломон таъкид мешавад. Хамзмон таъкид мешавад, ки хама одамон то андоза гуломанд, чунончи, гуломй харисй, гуломй шухратпарастй ва м.и. мебошанд.

Ба андешаи Сенека, олами худой ва олами инсонй чудо нестанд ва аз ин ру, одамон «бо хам хешу акрабоянд», зеро табиат «одамонро аз хамон як моддиёт ва барои хамон як максад тавлид намудааст». Ба акидаи мавсуф, рухи худой, ки дар тани инсон тачассум мегардад, хиради олист ва махз ба туфайли хирад инсонро худоматлаб мегардоиад. Робитаи инсонй низ дар баробари хирад пояи дигари Xамзистии одамон эътироф мешавад, ки ягонагии наели инсониро таъмин мекунад. Таъкид мешавад, ки махз дар заминаи хирад ва ро-


86



бита одамон аз олами хайвонот чудо шуда, зимни дарки ходисахои табий ва хамзистй хаёт ба cap мебаранд.

Сенека ба мисли хамаи дигар стоячиён тацдири илохиро на- хустсабаб ё сабаби хама чиз пиндошта, таъкид мекунад, ки муносибатхои оламшумул тибки «конуни такдир» инкишоф меёбанд ва муносибатхои инсонй чузъи ин муносибатхоянд. Барои хамин одамон ин муносибатхоро тагйир дода наметавонанд ва мутей такдир гашта, тибки конуни такдир зиндагй мекунанд.

Конуни тавдир чун ХУ^УЩ табиат эхсос мешавад. Хукукй табиат хамаи мукаррароти инсонй, аз он чумла давлат ва конунхоро ба худ тобеъ мекунад. %ук,уци фитрй ба маънои хам хукукй табиат, ё вокеияти табий ва хам такозои акл баррасй мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки хиради инсонй мутобеъ ба рухи худой буда, мувофикати муносибатхои инсонй ба мабдаи илохй зимни хамин идрок сурат мегирад.

Дар баробари хукукй фитрй хамчунин
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   58


написать администратору сайта