Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон Донишгохи миллии Точикистон Ф А Л С А Ф А таърихи фалсафа Китоби дарси барои донишчўёни тахсилоти муассисахои олии касби Зери тахрири умумии доктори илмхои фалсафа, профессор, академик М.Д.Диноршоев, доктори илмхои фалсафа, профессор Р.С.Комилов Душанбе Собириён 2011 Хайати муаллифон: Н. С. Саидов – доктори илмхои фалсафа, профессор (рохбари хайати муаллифон) (Ба чои пешгуфтор); Комилов Р. С. – доктори илмхои фалсафа, профессор (бобхои 1; 2, дар ин ќисмат фалсафаи Фороби ва Ибни Сино бо шарикмуаллифии дотсент А.У.Содиќов навишта шудааст); Ќурбонов А. Ш. – доктори илмхои фалсафа (боби 3); Ахмадов С. А. – доктори илмхои фалсафа, профессор (бобхои 4; 5) Махмадали Музаффар-доктори илмхои фалсафа, профессор (боби 6); Аминов Ф. – муаллими калони ДМТ (бобхои 7; 8); Идиев Х. У. – доктори илмхои фалсафа, прфессор (бобхои 9; 10; 11; 12; 13; 14); Комилов Р. С. – доктори илмхои фалсафа, профессор (боби 15) Фалсафа: (таърихи фалсафа) (китоби дарси барои мактабхои олии чумхури). (Хайати муаллифон).-Душанбе «Собириён», 2011. – 605 с. Китоби таълимии мазкур аз чониби муаллифоне навишта шудааст, ки хамчун олимони варзида ва устодони барчастаи сохаи фалсафа дар дохили кишвар ва берун аз ќаламрави он маъруфият доранд. Ин китоб аз ду ќисм иборат буда, ќисми якуми он ба шарху тавзехи даврахо ва мархилахои таърихии фалсафа, мактабу равияхо ва намояндагони гуногуни фалсафаи олам бахшида шудааст. Қисми дуюми китоб бошад, ба тафсиру маънидоди назарияи умумии фалсафа ва масъалахои бунёдии он нигаронида шудааст. Китоби номбурда дар асоси мўътабартарин сарчашмахои илмиву таърихи ва маъруфтарин китобхои чадиди таълими рўйи кор омада, хамчун китоби мукаммали дарси нашр шудани он яке аз нахустин иќдомхост. Китоб барои донишчўёни риштахои гуногуни мактабхои олии кишвар ва аспирантону дўстдорони илму фарханг пешниход мешавад. БА ЧОИ ПЕШГУФТОР Дар омўзиши фалсафа лаззат ва малохате нихон аст, ки тўли хазорсолахо пайваста таваччўхи инсониятро ба худ чалб месозад ва барои маъни бахшидани зиндагии он сахм мегирад. Дар ин чода фалсафа бочуръатона одамонро ба печухамхои маърифати зиндагияшон мекашад, маслихат медихад, шубхаи онхоро ба худкифоягии дониши доштаашон ба хаќиќати хаводиси олам, мохияти арзишхои хаётияшон меафзояд ва хамин тавр онхоро ба дарки зарурияти пайваста такмил додани ин донишхо рў ба рў месозад. Махз аз хамин чихат дар хамаи давру замонхо новобаста аз хаводиси номусоид фалсафа аслихаи тавонои зехни (интеллектуали)-и башарият боќи мемонад ва барои шикастани ташнагии таскиннопазирии маърифати ў хизмат намуда, онро ба сўи уфуќхои навин рахнамун мекунад. Зеро инсон тўли умраш хамеша дар чустучўи дарку фахми асрори нухуфтаи хастии хеш, ашё ва олам аст, то ба ин васила худро аз тўфони номусоиди хаводиси рўзгор эмин дорад ва ба зиндагии осудахолонаю рафохиятомез ва пешрафта ноил гардад. Аз ин рў, метавон гуфт, ки агар завќу талоши инсоният ба фалсафа заррае хам коста гардад, ў чи ќадар ќашшоќтар мегардад ва дар ў шучоати хароснопазири андешаманди, ки хоси он аст, аз байн меравад. Бидуни чунин андешаманди дарки мохияти хасти ба ў даст намедихад. Дар тўли таърих фаќат дониши амиќи фалсафи тавонистааст таваччўхро ба махсусияти сиришти инсон чалб кунад ва ба умќи умумии таъриху равони инсони рох ёбад. Вобаста ба баррасии масоили зикршуда дар захираи донишхои фалсафи то имрўз маводи бузурги зехнию интеллектуали гирд омадааст, ки андўхтаи хазорсолахои мавчудияти инсону башарият аст. Малакахои гуногуни тафаккур коркард шудаанд ва анъанахои гуногуни андешарони ташаккул ёфтаанд. Барои таъмини инкишофи худ инсоният хамеша ба азхуд кардани ин осори гаронбахои фикри ниёзманд аст ва махз бо азхуд кардани он ў ба такмилу инкишофи минбаъдаи ин андешахо мушарраф мегардад. Андешаро наметавон боздошт ва махсули онро низ дар канор нигох дошту нодида гирифт. Дар акси хол умуман андеша кардан ба чи кор ояд? Зеро яке аз мутафаккирон мефармояд, ки: «Барои файласуф шудан доштани афкори борик ва хатто мактаби хос кофи нест, танхо кофи аст, ки хикматро дўст бидорем ва бар тибќи ахкоми он зиндагии сода ва мустаќилу шарафмандонаю итминонбахше дошта бошем». Агар мо хикматро пайдо кунем, баќия ба дунболи он хохад омад. Дар ин маврид Френсис Бэкон чунин андарзе медихад: «нахуст умуреро, ки барои рўх хуб ва солех аст, чустучў кун, то чизхои дигар барои он бияфзояд ва ё лоаќал норасоии он хис нашавад». Яъне хаќиќат моро харчанд тавонгар намесозад, вале аз бандубасти кундзехни ва чахолату ќафомондаги рахои мебахшад. Хонандагони мўхтарам, китоби дарсие, ки хам акнун дар даст доред, махз бо назардошти чунин маќому манзалати донишхои фалсафи дар тарбияи фикрии донишандўзон ва умуман хаводорони афкори фалсафи мураттаб гаштааст. Зарурати тахияи чунин китоби дарси тўли солхои истиќлолияти кишварамон пайваста аз чониби олимони соха эхсос мешуд ва ибтикору иќдомхои чудогонае хам дар ин муддат амали гаштанд. Вале новобаста аз икдомхои суратгирифта хамоно аз чониби устодону донишчўён костагии баррасии мавзўъхои матрахгашта таъкид мегашт ва ниёз ба тахияи китоби дарсии мукаммалтар меафзуд. Бо дарки ин масъала Донишгохи миллии Точикистон тасмим гирифт, ки бо чалби олимони сохибсалиќаи соха, ки хам дар бахши таълим ва хам пажўхиши фалсафа малакаи эътирофшуда доранд, як чунин китоби дарсие тахти унвони «Фалсафа»-ро барои доираи васеи донишчўёну устодон омода созад. Ин китоби дарси дар ду ќисм омода шудааст, ки дар ќисми аввал таърихи афкори фалсафии мутафаккирони чахон: аз ахди бостон то имрўз, дар ќисми дуюм масоили бунёдию назариявии фалсафа ва асосхои донишхои фалсафи чой дода шудааст. Дар баробари китоби дарси инчунин барномаи намунавии таълимии фанни мазкур низ тахия гаштааст. Саидов Нуриддин Саидович профессор |